Научная статья на тему 'ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ МУОСИРИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР БАҲИСОБГИРИИ ИДОРАКУНӢ'

ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ МУОСИРИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР БАҲИСОБГИРИИ ИДОРАКУНӢ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
низоми идоракунии субъектҳои иқтисодӣ / қарорҳои идоракунӣ / технологияҳои иттилоотӣ / технологияҳои рақамӣ / баҳисобгирии идоракунии автоматикунонидашуда / ҷадвалҳои электронӣ / низоми ERP / нармафзори баҳисобгирии муҳосибӣ. / система управления экономическими субъектами / управленческие решения / информационные технологии / цифровые технологии / автоматизированный управленческий учет / электронные таблицы / ERP-система / бухгалтерское программное обеспечение.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Хушвахтзода Қ. Х., Сайфиддинзода С. С.

Дар мақолаи мазкур вазъи имрӯзаи пешбурди баҳисобгирии идоракунӣ дар корхонаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда шуда, имконияти истифодаи воситаҳои рақамикунонӣ дар баҳисобгирии идоракунӣ таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад. Тасдиқ карда мешавад, ки дар шароити муосири рушди технологияҳои иттилоотӣ низоми муассири баҳисобгирии идоракунӣ бидуни корбурди воситаҳои муосири рақамикунонӣ, аз ҷумла маҳсулоти нармафзор (барномаҳои компютерӣ)-и муҳосибӣ фаъолият карда наметавонад. Рушди рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотии баҳисобгирии муҳосибӣ бояд ба такмили раванди идоракунии фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои иқтисодӣ мусоидат кунад. Дар асоси таҳлил ва арзёбии шароит ва имконияти истифодаи воситаҳои муосири рақамикунонӣ, аз ҷумла ҷадвалҳои электронӣ ва нармафзори муҳосибии дар асоси низоми ERP (enterprise resource planning банақшагирии захираҳои корхона) сохташуда тасдиқ карда мешавад, ки бо ёрии барномаи 1С: ERP метавон низоми иттилоотии ҳамаҷонибаи идоракунии корхона, аз ҷумла иҷрои вазифаҳои баҳисобгирии идоракуниро ташкил кард.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

USE OF MODERN DIGITALIZATION TOOLS IN MANAGEMENT ACCOUNTING

В данной статье исследуется современное состояние управленческого учета в коммерческих предприятиях Республики Таджикистан, а также анализируется и оценивается возможность использования инструментов цифровизации в управленческом учете. Подтверждается, что в современных условиях развития информационных технологий эффективная система управленческого учета не может функционировать без использования современных инструментов цифровизации, в том числе бухгалтерских программных продуктов (компьютерных программ). Развитие цифровизации и бухгалтерских информационных технологий должно способствовать совершенствованию процесса управления финансово-хозяйственной деятельностью экономических субъектов. На основе анализа и оценки условий и возможности использования современных инструментов цифровизации, в том числе электронных таблиц и бухгалтерских программ, созданных на базе системы ERP (enterprise resource planning планирование ресурсов предприятия), подтверждается, что с помощью программы 1С: ERP на предприятии может быть организована комплексная информационная система управления, включающая в том числе выполнение функций управленческого учета.

Текст научной работы на тему «ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ МУОСИРИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР БАҲИСОБГИРИИ ИДОРАКУНӢ»

УДК: 657.1

ИСТИФОДАИ ВОСИТА^ОИ МУОСИРИ РАКАМИКУНОНЙ ДАР БАХДСОБГИРИИ ИДОРАКУНЙ

Хушвахтзода К-Х.

Сайфиддинзода С.С.

Аннотатсия. Дар мацолаи мазкур вазъи имрузаи пешбурди ба%исобгирии идоракуни дар корхона%ои тицоратии Цум^урии Тоцикистон та%циц карда шуда, имконияти истифодаи восита%ои рацамикунони дар ба%исобгирии идоракуни та%лил ва арзёби карда мешавад. Тасдиц карда мешавад, ки дар шароити муосири рушди технологищои иттилооти низоми муассири ба%исобгирии идоракуни бидуни корбурди восита%ои муосири рацамикунони, аз цумла ма%сулоти нармафзор (барнома%ои компютери)-и му%осиби фаъолият карда наметавонад. Рушди рацамикунони ва технологищои иттилоотии ба%исобгирии му%осиби бояд ба такмили раванди идоракунии фаъолияти молиявию хоцагидории субъект%ои ицтисоди мусоидат кунад. Дар асоси та%лил ва арзёбии шароит ва имконияти истифодаи восита%ои муосири рацамикунони, аз цумла цадвал%ои электрони ва нармафзори му%осибии дар асоси низоми ERP (enterprise resource planning -банацшагирии захира%ои корхона) сохташуда тасдиц карда мешавад, ки бо ёрии барномаи 1С: ERP метавон низоми иттилоотии %амацонибаи идоракунии корхона, аз цумла ицрои вазифа%ои ба%исобгирии идоракуниро ташкил кард. Калидвожахр: низоми идоракунии субъект%ои ицтисоди, царор%ои идоракуни, технологищои иттилооти, технологищои рацами, ба%исобгирии идоракунии автоматикунонидашуда, цадвал%ои электрони, низоми ERP, нармафзори ба%исобгирии му%осиби.

Барои ицтибос: Хушвахтзода, К,.Х. Истифодаи восита%ои муосири рацамикунони дар ба%исобгирии идоракуни / К.Х. Хушвахтзода, С.С. Сайфиддинзода // Паёми молия ва ицтисод. - 2024. - № 3 (42). - С. 84-92.

ИСПОЛЬЗОВАНИЕ СОВРЕМЕННЫХ ИНСТРУМЕНТОВ ЦИФРОВИЗАЦИИ В

УПРАВЛЕНЧЕСКОМ УЧЕТЕ

Хушвахтзода К.Х.

Сайфиддинзода С.С.

Аннотация. В данной статье исследуется современное состояние управленческого учета в коммерческих предприятиях Республики Таджикистан, а также анализируется и оценивается возможность использования инструментов цифровизации в управленческом учете. Подтверждается, что в современных условиях развития информационных технологий эффективная система управленческого учета не может функционировать без использования современных инструментов цифровизации, в том числе бухгалтерских программных продуктов (компьютерных программ). Развитие цифровизации и бухгалтерских информационных технологий должно способствовать совершенствованию процесса управления финансово-хозяйственной деятельностью экономических субъектов. На основе анализа и оценки условий и возможности использования современных инструментов цифровизации, в том числе электронных таблиц и

84

бухгалтерских программ, созданных на базе системы ERP (enterprise resource planning - планирование ресурсов предприятия), подтверждается, что с помощью программы 1С: ERP на предприятии может быть организована комплексная информационная система управления, включающая в том числе выполнение функций управленческого учета.

Ключевые слова: система управления экономическими субъектами, управленческие решения, информационные технологии, цифровые технологии, автоматизированный управленческий учет, электронные таблицы, ERP-система, бухгалтерское программное обеспечение.

USE OF MODERN DIGITALIZATION TOOLS IN MANAGEMENT ACCOUNTING

Khushvakhtzoda Q.Kh.

Sayfiddinzoda S.S.

Annotation. This article examines the current state of management accounting in commercial enterprises of the Republic of Tajikistan, and also analyzes and evaluates the possibility of using digitalization tools in management accounting. It is confirmed that in the modern conditions of information technology development, an effective management accounting system cannot function without the use of modern digitalization tools, including accounting software products (computer programs). The development of digitalization and accounting information technologies should contribute to the improvement of the process of managing the financial and economic activities of economic entities. Based on the analysis and assessment of the conditions and possibility of using modern digitalization tools, including spreadsheets and accounting programs created on the basis of the ERP (enterprise resource planning) system, it is confirmed that with the help of the 1C: ERP program, an enterprise can organize a comprehensive information management system, including the performance of management accounting functions.

Key words: economic entity management system, management decisions, information technology, digital technology, automated management accounting, spreadsheets, ERP system, accounting software.

Гузориши масъала. Мархилаи муосири рушди иктисодиёт бо татбики хамачонибаи технологияхои нави ракамй тавсиф мешавад. Ракамикунонии иктисодиёт дигаргунихои куллиро дар сохахои истехсол, таксимот, мубодила ва истеъмоли неъматхои моддй ва гайримоддй ба миён оварда, мувофикан талаботи навро ба ташкил ва мухтавои бахисобгирии мухосибй хамчун раванди ошкоркунй, ченкунй, бакайдгирй, чамъоварй, нигохдорй, коркард, чамъбасткунй ва додугирифти иттилоот дар бораи фаъолияти корхона барои кабули карорхои идоракунй аз чониби истифодабарандагони дохилй ва берунй пеш мегузорад. Аз ин чост, ки имруз масъалаи омузиши вазъи истифодаи воситахои ракамикунонй дар бахисобгирии

идоракунй хамчун унсури мухими низоми бахисобгирии мухосибии субъектхои иктисодй мубрам мебошад.

Тах,лили тах,кикотх,ои охир ва нашриёт. Дар адабиёти ватании сохаи бахисобгирии мухосибй таваччух ба масъалахои ракамикунонии бахисобгирии мухосибй зиёд шудааст. Вале интишороти бевосита ба тахкики вазъи татбики бахисобгирии идоракунй дар шароити ракамикунонй бахшидашуда кам мебошанд. Баъзе чанбахои истифодаи воситахои ракамикунонии бахисобгирии мухосибй дар маколахои БД. Каримов [1; 2; 3; 4; 5], С.Ф. Низомов [8], Ш.А. Хрчиева [10], З.Р. Шарифов [11] ва дигарон мавриди баррасй карор гирифтаанд.

Максади макола омузиши равандхои истифодаи воситахои муосири ракамикунонй дар низомхои бахисобгирии идоракунии субъектхои иктисодй мебошад.

Мух,тавои асосии мавод. Дар Чумхурии Точикистон бахисобгирии идоракунй хамчун воситаи рушди идоракунии босамар дар корхонахои тичоратии муосир дар дахсолаи охир ба таври васеъ татби; гардид, зеро бо рушди равандхои чахонишавй ва хамгироии иктисодии байналмилалй мубодилаи иттилоот дар байни субъектхои иктисодии миллй ва хоричй суръат гирифта, таркиби пойгохи иттилоотй барои кабули карорхои идоракунй хеле васеъ шудааст. Истифодаи воситахои ракамикунонй дар низомхои бахисобгирии идоракунй дар корхонахо ба он оварда расонид, ки акнун он аз доираи низоми умумии бахисобгирии мухосибй берун шуда, хамчун равиши алохидаи бонизом дар идоракунии субъектхои иктисодй макоми махсуси худро ишFOл кардааст. Албатта, чунин муносибат ба бахисобгирии идоракунй барои рушди он хамчун воситаи муассир дар низоми идоракунии субъектхои иктисодй шароити мусоид фарохам оварда, дар навбати худ рохбарияти субъектхои иктисодиро водор менамояд, ки назари худро ба низоми умумии бахисобгирии мухосибй, аз чумла ба худи бахисобгирии идоракунй дигар кунанд.

Бахисобгирии идоракунй ботадрич хамчун пойгохи иттилоотй барои кабули карорхои идоракунии босамара дар асоси методологияи бахисобгирй, банакшагирй, бучетикунонй, назорат, тахлили идоракунй ва ояндабинй ташаккул ёфт. Он хамчун воситаи мухими идоракунии истехсолот, бахисобгирй, тахлил ва назорати харочоти истехсолй ба тарзи асосии назорат ва ояндабинии вазъи фаъолияти истехсолию молиявии субъектхои иктисодй табдил ёфта, ба рохбарияти онхо имконият пешниход менамояд, ки дигаргунихои дар фаъолияти молиявию истехсолй

баамаломадаро мунтазам пайгирй ва идора карда, онхоро ба баланд бардоштани самаранокии фаъолият нигарон кунанд.

Тамоюли мусбати истифодаи махсулоти нармафзор (барномахои компютерй) дар низоми бахисобгирии идоракунй имруз зарурате мебошад, ки паёмади масъулияти баланд ва сахми муносиби бахисобгирии идоракуниро дар амалисозии хадафхои баландбардории самаранокии истехсолот, ракобатпазирии махсулот ва пайдо кардани макоми сазовори корхона дар бозор ифода мекунад. Фаъолияти босамараи корхонахои тичоратй дар шароити мураккаби хочагидорй, ки бо сабаби мушкилоти гуногуни идоракунй ва муносибатхои байнихамдигарии

субъектхои иктисодй дар Чумхурии Точикистон мушохида мешавад, танхо бо ташкили муносиби низоми бахисобгирии идоракунй имкон дорад. Дар низоми идоракунии корхонаи муосир бояд ба ракамикунонии бахисобгирии идоракунй диккати махсус дода шавад, «зеро махз хамин намуди бахисобгирии мухосибй барои таъмини менечерон бо иттилооти идоракунй, ки барои кабули карорхои идоракунй ва умуман идоракунии корхона хизмат мекунад, таъин гардидааст» [7, с. 160]. Дар ин маврид, чанбаи мухиме, ки бояд ба он диккати махсус дода шавад, ташкили дуруст ва рохандозй намудани методикаи пешбурди бахисобгирии идоракунй бо истифодаи бастаи муайяни нармафзори бахисобгирии мухосибй мебошад.

Дар натичаи ракамикунонии бахисобгирии идоракунй рохбарият ва сохибмулкони корхона метавонанд бештар ба хадафхои стратегии идоракунй таваччух зохир намуда, масъалахои мураккаби идоракунии тактикй ва стратегиро хал кунанд. Гузашта аз ин, «талаботи бонизом дар чамъбасткунй ва тахлили маълумоте, ки метавонанд дар натичаи тахкикоти тахлилию ракамии равандхои тичоратй дар корхона гирифта шаванд, ташаккул меёбад. Махз ба хамин хотир зарурати вокеъбинонаи бозбинии равишхои анъанавии то имруз дар бахисобгирии идоракунии стратегй истифодашаванда ба миён меояд» [6, с. 71]. Х,амзамон афзоиши бошиддати технологияхои ракамй, бастахои махсуси нармафзор ва татбики онхо дар

идоракунии тамоми равандхои тичоратии корхонахои муосир ба харчи бештар ва самараноктар пайваст кардани хамаи иштирокчиёни равандхои истехсол ва фуруши махсулот, ташаккули арзиши аслии махсулот ва хизматрасонихо мусоидат мекунад.

Мувофики баъзе тахкикот, холо ракамикунонии бахисобгирии идоракунй «тезонидани назарраси равандхои мубодилаи маълумот байни кормандонро таъмин мекунад, дар холе ки ба хисоби миёна хосилнокии корхона 10-25% меафзояд, арзиши аслии ашёи хом ва мавод то 10% кам мешавад, вакти раванди тичоратй 3-4 маротиба кам мешавад, харочоти мехнат то 20-30% кам мешавад» [9, с. 22]. Барои ракамикунонии бахисобгирии идоракунй бояд хам корхонахои сохибкории хурду миёна ва хам корхонахои бузург таваччух зохир кунанд. Вале тахкикоти мо нишон медихад, ки дар аксари корхонахои тичоратй на танхо воситахои ракамикунонии муосир истифода намешаванд, балки худи бахисобгирии идоракунй ба таври муносиб ташкил карда нашудааст.

Х,оло барои амалисозии

ракамикунонии бахисобгирии идоракунй бастахои нармафзори гуногуне истифода шуда метавонанд, ки мо онхоро ба панч гурух чудо мекунем: чадвалхои электронй; барномахои тахияи худии корхонахо дар асоси чадвалхои электронй; барномахои махсуси мухосибй бо имконияти пешбурди бахисобгирии идоракунй; барномахои махсус барои пешбурди бахисобгирии идоракунй, низомхои ERP ва BPM.

Х,амчунин кайд мекунем, ки дар Чумхурии Точикистон корхонахои хурд ва миёна бештар барои ичрои вазифахои бахисобгирии идоракунй ва тартиб додани хисоботи идоракунй чадвали электронии маъмули Excel-ро истифода мебаранд. Дар ин маврид онхо метавонанд дар асоси воситахо (макросхо)-и чадвали электронй низоми бахисобгирии идоракунии автоматикунонидашударо васеъ кунанд. Вале камбудихои истифодаи чадвали электронии Excel, чун кобилияти пасти хамгирой бо дигар низомхо (нармафзорхо),

талабот ба халли масъалахои бахисобгирии идоракyнй, ки тавсифи онхо танхо бо ёрии формyлахои сода гайриимкон аст ва дигархо, имкон намедиханд, ки ракамикунонии бахисобгирии идоракyнй ба таври муноси6 дар корхона рохандозй карда шавад. Х,ар кадаре, ки хацми фаъолияти корхона калон шавад, хамон кадар дар холати мyбрамй нигох доштани низоми бахисобгирии идоракyнии

автоматикyнонидашyда ва таъмини фаврияти он мyраккаб мегардад, зеро дар ин маврид хацми цадвалхои Excel, ки барои нигохдорй ва коркарди маълyмоти бахисобгирии идоракунй ва тартиб додани хисоботи молиявй истифода мешаванд, калон мешавад. Азбаски чунин цадвалхо бо дарназардошти истифодаи макросхои сохташуда хамбаста мебошанд, бо васеъ шудани доираи маълумоти зарурй эхтимолияти пайдо шудани хатохо дар хисобкунихо ва мухтавои хисоботи идоракунии пешниходшаванда меафзояд. Яъне бо васеъ шудани хацми фаъолияти корхона ва афзоиши амалиёти харруза, шумораи шарикон ва пардохтхо, истифодаи цадвалхои электронй барои ицрои вазифахои бахисобгирии идоракунй душвор ва хатто гайриимкон мегардад. Дар ин маврид яке аз роххои рахой ёфтан аз ин мушкилот истифодаи нармафзорхои махсуси мухосибй, аз цумла дастаи 1С: Бухгалтерия мебошад.

Пеш аз он ки бастаи нармафзори мушаххас барои амалисозии

ракамикунонии бахисобгирии идоракунй дар корхона интихоб карда шавад, бояд имконият ва доирахои корбурди ин ду самти ракамикунонии равандхои бахисобгирй -барномахои дар асоси ERP (enterprise resource planning - банакшагирии захирахои корхона) ва BPM (Business Process Management - идоракунии равандхои тицоратй) сохташуда муайян карда шаванд, зеро дар амалия бахсхо оид ба афзалият додан махз ба кадоме аз чунин бастахои нармафзор зиёд рух медиханд. Сарфи назар аз он, ки бастахои нармафзори дар асоси хар ду ин низомхо сохташуда ба баландшавии суръат ва самаранокии ицрои равандхои тицоратии корхона мусоидат мекунанд, дар

онхо тафовут низ ба назар мерасад, «интихоб дар байни воситахои ERP ва BPM барои корхонахо хеле душвор буда метавонад, зеро хардуи карор идоракунии равандхои тичоратиеро фаро мегиранд, ки барои бомуваффакият фаъолият кардани тичорат заруранд» [12, с. 512]. Вале тавре тачрибаи хоричии ракамикунонии бахисобгирии идоракунй нишон медихад, дар байни онхо бастахои барномахои дар асоси низоми ERP сохташуда хамчун бастаи нармафзори махсусгардонидашуда барои идоракунии захирахои корхонахо ва истифодабарии окилонаи онхо мебошанд. Омузиши сохт ва тартиби кори чунин бастахои нармафзор нишон дод, ки асоси корбурди хар яке аз онхо барои бахисобгирии идоракунй ин омезиши тамоми маълумот оид ба захирахои корхона дар пойгохи ягона бо доштани имконият барои ичрои вазифахои идоракунй, тахлил, тафсир ва ояндабинй мебошад.

Одатан нармафзори дар асоси ERP сохташуда ба модулхо таксим мешавад ва метавонад кушода (яъне онро тагйир додан мумкин аст) ё пушида (онро тагйир додан мумкин нест) бошад. Албатта, низомхои кушода аз чихати чурсозии барнома барои эхтиёчоти корхонаи мушаххас чандиртар мебошанд, вале ин маъно надорад, ки низоми пушидаи ERP наметавонад эхтиёчоти корхонаро ба автоматикунонии бахисобгирии идоракунй пурра конеъ кунад. Ин чо душворй дар он ифода меёбад, ки интихоб ва амалисозии барномаи шакли пушида раванди нисбатан тулонй ва мехнатталаб аст.

Таркиби модулхое, ки ба дастаи нармафзор дохил карда мешаванд, метавонад на танхо вобаста аз намуди

барнома, балки инчунин вобаста аз сиёсати мукаррарии маркетингии корхонаи тахиякунанда низ фарк кунад. Баъзе тахиягарони барномахо ба мизоч бастаи собити барномаро бо модулхои пешакй мукарраршуда пешниход мекунанд, дигарон - имконияти аз чониби мизоч интихоб шудани баста ва омезиши модулхоро, сеюмихо - модули мухимро бидуни замимакунии ягон хел модули начандон мубрам ба мизочон намефурушанд. Масалан, тахиягарони барнома модули мухими идоракунии молияро бидуни модули идоракунии захирахои анбор пешниход намекунанд, гарчанде он барои корхонае, ки амалиёти хариду фуруши молхоро анчом намедихад ва танхо ба хизматрасонй машгул аст, мубрам ва зарур нест.

Бо назардошти хамаи гуфтахо амсилаи таркиби воситахои ракамикунонии бахисобгирии идоракуниро, ки кори муносиби низоми автоматикунонидашудаи бахисобгирии идоракунии дар асоси ERP сохташударо дар корхона таъмин мекунад, тартиб медихем (расми 1).

Модули идоракунии молия:

- воситахои бахисобгирии мухосибй - воситахои банакшагирй ва бехгардонии андоз - фишангхои идоракунии харакати воситахои пулй

Модули амалиётй:

воситахои ташкили фаъолияти

тицоратй ■ воситахои таъмини фаъолияти корхона бо захирахои лозимй

Низоми автоматикунонидашуда

и бахисобгирии идоракунии дар асоси ЕЯР сохташуда

Модули идоракунии кормандон:

воситахои банакшагирй ва ицрои

фонди пардохти мехнат - воситахои хисобкунии музди мехнат ва тарххо аз он - воситахои хисобкунии маблаги рухсатихо, пардохти харгуна кумакпулихо

Модули тахлилй:

- воситахои оморй

- воситахои риёзй

- воситахои ояндабинй - воситахои мукоисакунй ■ воситахои тахлили омилй усулхои иктисодию риёзй

Расми 1. Амсилаи таркиби воситах,ои ракамикунонии бахисобгирии идоракунй дар низоми ERP Сарчашма: тахияи муаллиф

Модули идоракунии молияи корхона ба кормандони бахши молиявии идоракунии корхона (менецменти молиявй) имкон медихад, ки сарборй ва хиссаи мехнати дастиро кам кунанд, фаъолияти худро дар асоси меъёрхо ва хадафхои назоратй ба рох монанд, захирахои пулии корхонаро самаранок идора кунанд ва фаъолияти корхонаро аз нигохи стратегй бо захирахои пулй таъмин намоянд. Модули амалиётй занцирахо ва равандхои амики робитахои байнихамдигарии хадамоти тицоратии корхона, аз кабили фуруш ва логистика, маркетинг, китъахои истехсолй,

хизматрасонй ба мизоцон, хадамоти

идоракунй ва таъмини сифатро мукаррар мекунад.

Модули идоракунии кормандон имкон медихад, ки равандхои расмиётй дар масъалахои бакайдгирии кабули кормандон ба кор, пешниходи рухсатихо ба кормандон ва хисобкунии маблаги пардохти онхо, мукаррар кардани варакахои беморй ва пардохти онхо, мукаррар кардани харгуна имтиёзхо ва кумакпулихо ва тартиби хисобкунй, бахисобгирй ва пардохти онхо ба таври автоматикунонидашуда анцом дода шаванд, ё хадди акал махсулнокии онхо баланд бардошта шавад. Ин модул дар хамбастагй бо модули идоракунии молия имкон медихад, ки самаранокии

хисобкунихои даврии такроршавандаи музди мехнати хармоха, хисобкунй ва пардохти варакахои корношоямй, рухсатихои мехнатй ва ичтимой, пардохти имтиёзхо, кумакпулихо, чубронпулихо ва дигар пардохтхое, ки аз тагйирёбии нишондихандахои шумораи рузхо дар мох, чадвали корй ва дигар холатхо вобаста мебошанд, баланд бардошта шавад.

Модули тахлилй унсури асосй ва пешбари низоми автоматикунонидашудаи бахисобгирии идоракунии дар асоси ERP сохташуда мебошад, ки барои баланд бардоштани самаранокии кори худ кушиш намуда, афзоиши имконият ва рушди худро таъмин мекунад. Модули мазкур воситахои зиёди оморй, риёзй, ояндабинй, мукоисакунй, тахлили омилй ва усулхои иктисодию риёзиро дар бар мегирад, ки барои мукаррар кардани киматхои назоратии нишондихандахои фаъолияти корхона ва вохидхои сохтории он, санчиши мувофикати онхо бо киматхои вокеии нишондихандахо, тагйирёбии пуёи онхо имкон медиханд. Хамчунин модули тахлилй барои тахияи ояндабинихо ва фарзияхои стратегй дар асоси маълумоти омилй заминахои заруриро фарохам меорад.

Бояд кайд кард, ки дар аксари бастахои барномавии мухосибй, ки дар онхо имконияти ташкил ва пешбурди автоматикунонидашудаи бахисобгирии идоракунй мавчуд аст, ракамикунонии пешбурди бахисобгирии идоракунй метавонад дар асоси амсилаи тахияшуда ба рох монда шавад. Бинобар ин, мо имконияти корбурди воситахои ракамикунонии бахисобгирии идоракуниро дар бастаи барномавии 1С: Бухгалтерия (дар заминаи низоми ERP) тахкик карда, ба хулоса

омадем, ки барномаи 1С: ERP яке аз нармафзорхои пешрафтаи ширкати 1С буда, бо ёрии он метавон низоми иттилоотии хамачонибаи идоракунии корхонаро ташкил кард. Ин барнома автоматикунонии тамоми равандхои тичоратии асосии корхонаро таъмин мекунад, аз якчанд бахшхои вазифавй (модулхо)-е иборат мебошад, ки барои инъикос кардани хамаи амалиёти хочагидорй ва пешбурди бахисобгирии фаврй, молиявй, идоракунй ва бахисобгирии андоз, инчунин бахисобгирии кормандон ва пардохти мехнат, рохандозй намудани бучетикунонй дар корхона имкон медиханд.

Бояд гуфт, ки барномаи 1С: ERP холо барои истифодабарандагони ватанй танхо дар шакли тахияи аслй (интерфейс бо забони русй, накшаи хисобхо ва дигар унсурхои пешбурди ракамии бахисобгирии мухосибй мувофик ба шароити хочагидории Федератсияи Россия) дастрас буда метавонад. Дар аксари корхонахои тичоратии Чумхурии Точикистон тарикаи точикии барномаи 1С: Бухгалтерия - «1С: Бухгалтерия. Таджикистан» истифода мешавад, вале дар он 1С: ERP чорй карда нашудааст. Корхонахои ватанй метавонанд тарикаи аслии барномаи 1С: ERP-ро истифода баранд, агар барои мутобиксозии он мутахассисони дорои сатхи баланди донишхои сохаи технологияхои ракамй ва бахисобгирии мухосибй дошта бошанд. Дар акси хол онхо метавонанд мутахассисони худи ширкати 1С-ро барои насб кардан, танзим, чурсозй ва мутобикгардонии нармафзор, инчунин омузиши кормандон барои кор бо он чалб намоянд, ки ин амали хеле гаронарзиш мебошад.

АДАБИЕТ

1. Каримов Б.Х. Моделирование процессов обработки учетной информации в локальной сети / Б.Х. Каримов / Дисс. на соиск. учен. степ. кан. эк. наук: 08.00.13 / Каримов Баходур Хасанович. - Москва, 1994. - 163 с.

2. Каримов Б.Х,. Таъсири чахонишавй ба рушди низоми миллии бахисобгирии мухосибй / Б.Х. Каримов // Паёми Донишгохи миллии Точикистон. Бахши илмхои ичтимой-иктисодй ва чамъиятй. 2021. - № 4. - С. 169-179

3. Каримов Б.Х. Бахисобгирии мухосибй дар шароити чахонишавй ва ракамикунонии иктисодиёт / Б.Х. Каримов // Паёми Донишгохи давлатии тичорати Точикистон. - 2021. - № 3 (34). - С. 115-119

4. Каримов БД. Равишхои методологии бунёдшавии низомхои миллии бахисобгирии мухосибй / БД. Каримов // Паёми молия ва иктисод. - 2024. - № 2 (41). -С. 15-21

5. Каримов Б.Х. Влияние процессов глобализации и цифровизации на национальную систему бухгалтерского учета / Б.Х. Каримов // ЭКОНОМИКА, БИЗНЕС, ИННОВАЦИИ. Сборник статей XXII Международной научно-практической конференции. - Пенза, 2023. - С. 51-54

6. Лабынцев Н.Т., Чухрова О.В. Развитие управленческого учета в условиях цифровой экономики / Н.Т. Лабынцев, О.В. Чухрова // Учет и статистика. - 2023. - № 3 (20). - С. 67-75

7. Маличенко Е.А. Анализ применения инструментов управленческого учета с целью повышения доходности предприятия в условиях цифровизации / Е.А. Маличенко // Транспорт. Экономика. Социальная сфера (актуальные проблемы и их решения). Сборник статей XI Международной научно-практической конференции. - Пенза: Пензенский государственный аграрный университет, 2024. - С. 159-165

8. Низомов С.Ф., Рахимов Г.М. Проблемы и пути совершенствования бухгалтерского учета и аудита в цифровой экономике / С.Ф. Низомов, Г.М. Рахимов // Вестник Таджикского государственного университета коммерции. - 2022. - № 2 (41). -С. 168-179

9. Погонышев В.А., Погонышева Д.А. Вопросы автоматизации управленческого учета на предприятии / В.А. Погонышев, Д.А. Погонышева, Т.М. Хвостенко, П.С. Ковалев, Я.С. Ковалев // Вестник образовательного консорциума Среднерусский университет. Информационные технологии. - 2020. - № 2 (16). - С. 20-24

10. Хрчиева Ш.А. Рушди методологияи бахисобгирии мухосибй дар шароити ракамикунонии иктисодиёт / Ш.А. Хрчиева // Иктисодиёт, молия, хисобгирй, тахлил ва аудит: афзалиятхои рушди стратегй дар шароити иктисодиёти ракамй. Маводи конфронси илмй-амалии байналмилалй. - Душанбе, 2022. - С. 279-284

11. Шарифов З.Р., Талбаков С.А. Такмили низоми бахисобгирии мухосибй дар шароити рушди иктисоди ракамй / З.Р. Шарифов, С.А. Талбаков // Паёми молия ва иктисод. - 2021. - № 2 (26). - С. 21-27

12. Шешукова Т.Г. Информационные технологии в управленческом учете: практика применения зарубежных и отечественных автоматизированных программ / Т.Г. Шешукова // Актуальные вопросы перехода на международные стандарты финансовой отчетсности и применения международного опыта в Узбекистане. Сборник трудов международной научно-практической конференции (Ташкент, 6 апреля 2022 года). -Ташкент: Ташкентский государственный экономический университет, 2022. - С. 508-521

Маълумот дар бораи муаллифон:

Хушвахтзода Кобилчон Хушвахт - Академияи миллии илмхои Точиистон, президент, доктори илмхои иктисодй, профессор. Сурога: Чумхурии Точикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакй 33. E-mail: [email protected]. Тел.: (+992) 919-16-98-64 Сайфиддинзода Самариддин Сайфиддин - Донишгохи миллии Точикистон, докторанти PhD кафедраи бахисобгирии бухгалтерй. Сурога: Чумхурии Точикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакй 17. E-mail: [email protected]. Тел.: (+992) 98100-00-50

Сведения об авторах:

Хушвахтзода Кобилчон Хушвахт - Национальная академия наук Таджикистана, президент, доктор экономичесих наук, профессор. Адрес: Республика Таджикистан, 734025, г. Душанбе, пр. Рудаки 33. E-mail: [email protected]. Тел.: (+992) 919-16-9864

Сайфиддинзода Самариддин Сайфиддин - Таджикский национальный университет, докторант PhD кафедры бухгалтерского учета. Адрес: Республика Таджикистан, 734025, г. Душанбе, пр. Рудаки 17. E-mail: [email protected]. Тел.: (+992) 981-00-00-50

Information about the authors:

Khushvakhtzoda Qobiljon Khushvakht - National Academy of Sciences of Tajikistan, President, Doctor of Economics, Professor. Address: Republic of Tajikistan, 734025, Dushanbe, Rudaki Ave. 33. E-mail: [email protected]. Tel.: (+992) 919-16-98-64 Saifiddinzoda Samariddin Saifiddin - Tajik National University, PhD student of the Department of Accounting. Address: Republic of Tajikistan, 734025, Dushanbe, Rudaki Avenue 17. E-mail: [email protected]. Тел.: (+992) 981-00-00-50_

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.