Научная статья на тему 'РУШДИ НИЗОМИ МУОСИРИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ТАҲЛИЛИ ИДОРАКУНИИ СТРАТЕГӢ ДАР КОРХОНАҲОИ КИШОВАРЗӢ'

РУШДИ НИЗОМИ МУОСИРИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ТАҲЛИЛИ ИДОРАКУНИИ СТРАТЕГӢ ДАР КОРХОНАҲОИ КИШОВАРЗӢ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Калидвожаҳо: баҳисобгирии идоракунӣ / таҳлили стратегӣ / стратегия / баҳисобгирии бухгалтерӣ / хароҷот / даромад / банақшагирӣ / идоракунӣ. / Ключевые слова: управленческий учет / стратегический анализ / стратегия / учет / затраты / выручка / планирование / управление.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Ҳасанова Н. Ҷ.

Дар мақолаи илмӣ таҳлили идоракунии стратегӣ ҳамчун унсури асосии низоми баҳисобгирии идоракунии стратегӣ бо истифода аз таҳқиқотҳои олимон таҳлилу баррасӣ карда шуда, дар ин асос аз ҷониби муаллиф хулосаҳои назариявию илмӣ таҳия карда шудааст. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти илмии муосир се равиши асосӣ оиди нақши баҳисобгирии идоракунӣ қайд карда шудааст. Доир ба моҳияти асосии бахисобгирии идоракунӣ нуқтаи назари муҳуққиқон пешниҳод шудааст. Дар мақола қайд карда шудааст, ки баҳисобгирии идоракунии стратегӣ ҳамчун технологияи муосири таъминоти иттилоотӣ ва тақвияти ҷараёни қабули қарорҳои стратегии идоракунӣ буда, барои идоракунии самаранокии коркард ва татбиқи стратегияи суъекти хоҷагидорӣ дар шароити рақобат ва номуайянӣ муаррифи карда шудааст. Дар мақола консепсияи муаллифӣ дар бораи робита ва пайдарҳамии унсурҳои низоми баҳисобгирии идоракунии стратегӣ оварда шуда ва қайд карда мешавад, ки мақсади таҳлили стратегӣ ин омода кардани заминаи иттилоотӣ барои татбиқи самарабахши марҳилаҳои минбаъдаи банақшагирии стратегӣ ва муайян кардани ҳадафҳои стратегии корхона ва тактикаи ҳисобдорӣ мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронидашуда тасдиқ мекунанд, ки дар айни замон методологияи ягонаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки баҳисобгирии идоракунии стратегӣ ҳамчун системаи таъминоти баҳисобгирию таҳлилии идоракунии стратегӣ вуҷуд надорад, ки ин яке аз сабабҳои дар сатҳи паст қарор доштани самаранокии механизми идоракунии натиҷаҳои молиявии субъектҳои хоҷагидори корхонаҳои мухталифи шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ мебошад. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои мазкур аз ҷониби муаллиф асосҳои консептуалии баҳисобгирии идоракунии стратегӣ пешниҳод карда шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DEVELOPMENT OF A MODERN SYSTEM OF STRATEGIC MANAGEMENT ACCOUNTING AND ANALYSIS IN AGRICULTURAL ORGANIZATIONS

В научной статье проанализирован и рассмотрен стратегический управленческий анализ как основной элемент системы стратегического управленческого учета с использованием исследований учёных. На этой основе автором разработаны теоретические и научные выводы. В статье отмечены три основных подхода и их роль в системе управленческого учета, основанные на результатах современных научных исследований. Представлена точка зрения исследователей на основную сущность управленческого учета. Также отмечается, что стратегический управленческий учет представляет собой современную технологию информационного обеспечения и усиления процесса принятия стратегических управленческих решении. Он предназначен для управления эффективностью обработки и реализации стратегии хозяйствующего субъекта в условиях конкуренции и неопределенности. В статье представлена авторская концепция взаимосвязи и последовательности элементов системы стратегического управленческого учета. Отмечено, что целью стратегического анализа является подготовка информационной базы для эффективной реализации следующих этапов стратегического планирования, определения стратегических целей предприятия и тактики учета. Результаты проведенного исследования подтверждают, что на данный момент не существует единой научно обоснованной методики учета стратегического управления как системы обеспечения учета и анализа стратегического управления, что является одной из причин низкого уровня эффективности механизма управления финансовыми результатами хозяйствующих субъектов предприятий различных организационных форм. Для решения этих проблем автором предложены концептуальные основы стратегического управленческого учета.

Текст научной работы на тему «РУШДИ НИЗОМИ МУОСИРИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ТАҲЛИЛИ ИДОРАКУНИИ СТРАТЕГӢ ДАР КОРХОНАҲОИ КИШОВАРЗӢ»

УДК: 338.43:657(575.3)

РУШДИ НИЗОМИ МУОСИРИ БАХДСОБГИРИ ВА ТА^ЛИЛИ ИДОРАКУНИИ СТРАТЕГИ ДАР КОРХОНА^ОИ КИШОВАРЗЙ

Х,асанова Н.Ч,.

Аннотатсия. Дар маколаи илмй тахлили идоракунии стратегй хамчун унсури асосии низоми бахисобгирии идоракунии стратегй бо истифода аз тахкикотхои олимон тахлилу баррасй карда шуда, дар ин асос аз чониби муаллиф хулосахои назариявию илмй тахия карда шудааст. Дар асоси натичахои тахкикоти илмии муосир се равиши асосй оиди накши бахисобгирии идоракунй кайд карда шудааст. Доир ба мохияти асосии бахисобгирии идоракунй нуктаи назари мухуккикон пешниход шудааст. Дар макола кайд карда шудааст, ки бахисобгирии идоракунии стратегй хамчун технологияи муосири таъминоти иттилоотй ва таквияти чараёни кабули карорхои стратегии идоракунй буда, барои идоракунии самаранокии коркард ва татбики стратегияи суъекти хочагидорй дар шароити ракобат ва номуайянй муаррифи карда шудааст. Дар макола консепсияи муаллифй дар бораи робита ва пайдархамии унсурхои низоми бахисобгирии идоракунии стратегй оварда шуда ва кайд карда мешавад, ки максади тахлили стратегй ин омода кардани заминаи иттилоотй барои татбики самарабахши мархилахои минбаъдаи банакшагирии стратегй ва муайян кардани хадафхои стратегии корхона ва тактикаи хисобдорй мебошад. Натичахои тахкикоти гузаронидашуда тасдик мекунанд, ки дар айни замон методологияи ягонаи аз чихати илмй асосноки бахисобгирии идоракунии стратегй хамчун системаи таъминоти бахисобгирию тахлилии идоракунии стратегй вучуд надорад, ки ин яке аз сабабхои дар сатхи паст карор доштани самаранокии механизми идоракунии натичахои молиявии субъектхои хочагидори корхонахои мухталифи шаклхои ташкилию хукукй мебошад. Бо максади халли масъалахои мазкур аз чониби муаллиф асосхои консептуалии бахисобгирии идоракунии стратегй пешниход карда шудааст.

Калидвожахр: бахисобгирии идоракунй, тахлили стратегй, стратегия, бахисобгирии бухгалтерй, харочот, даромад, банакшагирй, идоракунй.

Барои ицтибос: Хасанова, Н.Ц. Рушди низоми муосири бащсобгирй ва тахлили идоракунии стратеги дар корхонахои кишоварзи / Н. Ц. Хасанова // Паёми молия ва ицтисод. - 2024. - № 4(43). - С. 72-83.

РАЗВИТИЕ СОВРЕМЕННОЙ СИСТЕМЫ СТРАТЕГИЧЕСКОГО УПРАВЛЕНЧЕСКОГО УЧЕТА И АНАЛИЗА В СЕЛЬСКОХОЗЯЙСТВЕННЫХ ОРГАНИЗАЦИЯХ Хасанова Н.Дж.

В научной статье проанализирован и рассмотрен стратегический управленческий анализ как основной элемент системы стратегического управленческого учета с использованием исследований учёных. На этой основе автором разработаны теоретические и научные выводы. В статье отмечены три основных подхода и их роль в системе управленческого учета, основанные на результатах современных научных

исследований. Представлена точка зрения исследователей на основную сущность управленческого учета. Также отмечается, что стратегический управленческий учет представляет собой современную технологию информационного обеспечения и усиления процесса принятия стратегических управленческих решении. Он предназначен для управления эффективностью обработки и реализации стратегии хозяйствующего субъекта в условиях конкуренции и неопределенности. В статье представлена авторская концепция взаимосвязи и последовательности элементов системы стратегического управленческого учета. Отмечено, что целью стратегического анализа является подготовка информационной базы для эффективной реализации следующих этапов стратегического планирования, определения стратегических целей предприятия и тактики учета. Результаты проведенного исследования подтверждают, что на данный момент не существует единой научно обоснованной методики учета стратегического управления как системы обеспечения учета и анализа стратегического управления, что является одной из причин низкого уровня эффективности механизма управления финансовыми результатами хозяйствующих субъектов предприятий различных организационных форм. Для решения этих проблем автором предложены концептуальные основы стратегического управленческого учета.

Ключевые слова: управленческий учет, стратегический анализ, стратегия, учет, затраты, выручка, планирование, управление.

DEVELOPMENT OF A MODERN SYSTEM OF STRATEGIC MANAGEMENT ACCOUNTING AND ANALYSIS IN AGRICULTURAL ORGANIZATIONS Hasanova N.J.

The scientific article analyzes and considers strategic management analysis as the main element of the strategic management accounting system using research by scientists, and on this basis the author developed theoretical and scientific conclusions. Based on the results of modern scientific research, three main approaches and their role in the management accounting system are noted. The researchers' point of view on the basic essence of management accounting is presented. The article notes that strategic management accounting is a modern technology for providing information and strengthening the process of making strategic management decisions and is intended to manage the efficiency of processing and implementing the strategy of an economic entity in conditions of competition and uncertainty. The article presents the author's concept of the relationship and sequence of elements of the strategic management accounting system, and also notes that the purpose of strategic analysis is to prepare an information base for the effective implementation of the next stages of strategic planning and to determine the strategic goals of the enterprise and accounting tactics. The results of the study confirm that at the moment there is no single scientifically based methodology for accounting for strategic management as a system for ensuring accounting and analysis of strategic management, which is one of the reasons for the low level of efficiency of the mechanism for managing the financial results of business entities of enterprises of various organizational forms. To solve these problems, the author proposed a conceptual framework for strategic management accounting

Key words: management accounting, strategic analysis, strategy, accounting, costs, revenue, planning, management.

Гузориши масъала. Дар шароити муосир дар бахши кишоварзии иктисодиёти Чумхурии Точикистон дигаргунихои чиддие ба амал омадаанд, ки ба такмили низоми идоракунии корхонахои ин бахш водор менамоянд. Сарборй ба зернизоми идоракунандаи корхонахои бахши кишоварзй зиёд шуда, вобаста ба ин зарурати вокеии истифодаи усулхо ва тарзхои муомила ба ташкили идоракунй ба миён омадааст. Бахши кишоварзии иктисодиёти миллй дар тахти таъсири на танхо омилхои иктисодй, инчунин дар тахти таъсири омилхои ичтимой, табиию иклимй ва дигар омилхои махсус фаъолият менамояд, ки ин хосагии низоми идоракунии корхонахои бахши мазкурро муайян менамояд.

Тахлили тахкикотхои охир ва нашриёт. Бояд зикр кард, ки дар амалияи идоракунии корхонахои кишоварзии иктисодиёти миллй тархи ягонаи ташкил ва гузаронидани тахлили стратегй дида намешавад, тавсияхо ё дастурхои ташкилй-методии бунёд намудани равандхои тахлили стратегй бо истифода аз тарзхои муомилаи бонизом, мачмуй ва баинобатгирии холатхои мушаххас тахия нашудаанд. Масъалахои тахия намудани воситахои тахлили стратегй бо истифода аз тарзхои муомила ва амалхои тахлилии муосир, тахлили самтхои асосии рушд, мухити дохилй ва берунии корхонахои бахши кишоварзй низ ба асосноккунии назариявй ва амалй эхтиёч доранд.

Бояд кайд кард, ки дар шароити муосири иктисодй бунёд намудани стратегияи идоракунии корхонахои бахши кишоварзй метавонад барои баромадан аз вазъи бухронии иктисодиёти миллй, баландшавии ракобатпазирии махсулоти корхонахои кишоварзй дар бозорхои дохилй ва берунй мусоидат намояд.

Максади макола. Ба хотири ноил шудан ба ракобатпазирии баланди махсулот ва рушди устувории корхонахои кишоварзй, дуруст ба рох мондани тахлили идоракунии стратегй, чун раванди ташаккули стратегияхо ва асосноккунии таъмин будан бо маълумоти зарурй хангоми кабули карорхои стратегй талаб карда мешавад. Зарур аст, ки мукаррароти назариявй ва амалй дар сохаи бо ахбор таъмин будани тахлили стратегй рушд дода шавад, алокамандихои усулхои истифодашавандаи тахлили стратегй ва воситахои тахлилии муосир гирифтан, инъикос кардан ва дарк кардани натичахои тахлил тахкик карда шаванд.

Мух,тавои асосии мавод.

Бахисобгирии идоракунии стратегй самти муосири нави илмии рушди хамгироии мактаби классикии бахисобгирии идоракунй ва менечменти стратегй мебошад. Бинобар ин, барои дарки дурусти мохияти бахисобгирии идоракунии стратегй, бояд асосхои консептуалии бахисобгирии идоракунй тахия карда шаванд.

Айни замон, дар бораи эътирофи бахисобгирии идоракунй хамчун як институти мустакили фаъолияти иктисодии субъектхои хочагидории шакли ташкилию-хукукиашон гуногун, харчи бештар ибрози акида карда мешавад. Х,амзамон мутахассисон дар бораи накш ва макеъи бахисобгирии идоракунй дар низоми иттилоотии корхонахо, асосхои

консептуалии сохтори он фаъолона бахс мекунанд.

Дар асоси натичахои тахкикоти илмии муосир оиди дарки накш ва мавкеъи бахисобгирии идоракунй, метавон се равиши асосиро кайд намуд:

1) Инкори пурраи мафхуми "бахисобгирии идоракунй". Баъзе аз муаллифон чунин мехисобанд, ки

бахисобгирии идоракунй як чизи бофта аст ва худ натичаи пешбурди бахисобгирии дугона мебошад, аз як тараф, дар байни бахисогирии идоракунй ва бахисобгирии амалиётй аломати баробар мегузоранд, аз тарафи дигар бошад дар байни бахисобгирии идоракунй ва бахисобгирии истехсолй.

2) Таърифи бахисобгирии идоракунй хамчун як кисми бахисобгирй, ба гайр аз ин чузъхои молиявй ва андозро дарбар мегирад. Чунин мавкеъгирй бештар ба тачрибаи

байналмиллалй мувофикат мекунад, ки дар он бахисобгирии молиявй ва идоракунй маъмулан дар доираи системаи ягонаи бахисобгирии бухгалтерй чудо карда мешавад. Муаллифоне, ки бахисобгирии идоракуниро хамчун чузъи системаи бахисобгирй баррасй мекунанд, гурухи бузургеро ташкил медиханд. Мухтавои консепсияхои асосии муаллифй дар чадвали 1 оварда шудааст.

Муаллиф Таъриф

А. Апчерч [1] "раванди ба менечерхо пешниход кардани ахбори молиявй бо максади ёрдам кардан ба онхо дар сохахои калидии банакшагирй, назорат, кабули карорхо"

АД. Шеремет [11] "... зерсистемаи бахисобгири бухгалтерие, ки дар доираи як корхона дастгохи идоракунии онро бо иттилооти истифодашаванда барои банакшагирй, худи идоракунй ва назорат аз болои фаъолияти корхона таъмин мекунад"

Ч.Т. Хорнгрен и Дж. Фостер [12] Системае, ки дар он шиносой, ченкунй, чамъоварй, ба низом даровардан, тахлил, тачзия, тафсир ва интиколи иттилооти зарурй барои идоракунии ягон объект сурат мегирад

К. Друрии [4] Усули ба шахсони худи корхона пешниход намудани иттилооте, ки дар асоси он онхо карорхои нисбатан асоснок кабул мекунанд, самаранокй ва махсулнокии амалиёти чориро баланд мебардоранд

Т.П. Карпова [5] Системаи якпорчаи бахисобгирии харочот ва даромадхо, меъёргузорй, банакшагирй, назорат ва тахлил, ки иттилоотро барои карорхои фаврии идоракунй ба низом медарорад.

Иттиходияи миллии мухосибон ИМА [9] Раванди шиносой, ченкунй, чамъоварй, тахлил, тахия, хамгирой ва интиколи иттилооти молиявие, ки кормандони мудирият барои банакшагирй, арзёбй ва назорат аз болои фаъолияти истехсолй ва самаранокии истифодаи захирахо истифода мебаранд "

М.А.Вахрушина [3] Системаи якпорчаи бахисобгирии харочот ва даромадхо, меъёргузорй, банакшагирй, назорат ва тахлил, ки иттилоот барои карорхои фаврии идоракуниро ба низом медарорад; унсури мухими системаи идоракунии корхона мебошад ва дар баробари системаи бахисобгирии молиявй фаъолият мекунад; як самти мустакили бахисобгирии бухгалтерии корхона мебошад, ки дастгохи идоракунии онро бо иттилооти истифодашаванда барои банакшагирй, идоракунй, назорат ва арзёбии корхона дар умум ва инчунин бахшхои сохтории он, таъмин менамояд.

Ч,адвали 1. Таърифхои асосии мохияти бахисобгирии идоракуни

С.А. Николаева [9] Системаи бахисобгирй, банакшагирй ва назорат, тахлили маълумотхо дар бораи харочот ва натичахои фаъолияти хочагидорй дар заминаи барои идоракунии объектхо зарурй, дар ин асос фавран кабул кардани карорхои мухталифи идоракунй бо максади бехтарсозии натичахои молиявии корхона"

М.У. Бобоев|2] "низоми ахбории дохилй, ки нишондихандахои молиявй ва гайримолиявиро бо максади ба менечерхо пешкаш намудани ахбори зарурй барои кабули карорхои идоракунии тактикй ва стратегии самаранок истифода мебарад"

С.Ф. Низомов[8] "низоми хамгирои унсурхо (зернизомхо)-и муташаккил ва бохамалокаманд, ки раванди табдили ахбори бахисобгирй-тахлилиро бо максади кабули карорхои идоракунии фаврй, тактикй, стратегй ва проблемавии барои ичрои вазифахои идоракунй заруриро таъмин менамояд"

Сарчашма: тах,ияи муаллиф дар асоси омузиши адабиёт

Барои чунин таърифхо мавкеъгирии бахисобгирии идоракунй хамчун як системаи якпорча ё хамгиро (интегратсионй), ки дар доираи он вазифахои банакшагирй, бахисобгирй, назорат, тахлил ва таъсири мутакобила амалй карда мешаванд, умумй мебошад. Масъалаи омузиши бахисобгирии идоракунй пеш аз хама бахисобгирии харочот ва даромадхои чории корхона дар умум ва вохидхои алохидаи сохтории он мебошад. Аз ин чо бар меояд, ки хадафи бахисобгирии идоракунй ин ба низом даровардани иттилоот барои кабули карорхои фаврии идоракунй буда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захирахои корхона ва фаъолияти асосии он равона карда шудааст. Чунин дидгох ба мохияти бахисобгирии идоракунй бо тамоюли системаи бахисобгирию тахлилй дар дурнамои кутохмуддат ва равандхои дохилии корхона фарк мекунад. Яъне сабаби асосй дар он аст, ки низоми анъанавии бахисобгирии идоракунй эхтиёчотхои муосири сохаи идоракуниро конеъ карда наметавонад.[15] Доир ба мохияти асосии бахисобгирии идоракунй нуктаи назари баъзе аз мухаккиконро пешниход менамоем:

Дар бораи камбудихои асосии системахои анъанавй бисёре аз муаллифон, аз чумла Р. Каплан ва Т. Ч,онс дар китоби

"Иртиботи аз дастрафта: тулуъ ва гуруби бахисобгирии идоракунй" чунин баён мекунанд[10]:

- бахисобгирии идоракунии анъанавй ба талаботи истехсолоти имруза ва мухити ракобат чавобгу нест;

- системахои анъанавии арзишмуайянкунй ба тахрифи иттилооте, ки барои кабули карорхои идоракунй заруранд, оварда мерасонанд;

- амалияи бахисобгирии идоракунй талаботхои бахисобгирии молиявиро пайгирй мекунад ва асосан аз чониби онхо муайян карда мешавад;

- дар бахисобгирии идоракунй умуман таваччухи асосй ба амалиётхои дохилй равона карда шудааст ва ба мухити берунае, ки корхона дар он фаъолият мекунад, нисбатан кам ахамият дода мешавад.

Сарфи назар аз камбудихои назаррасй системахои анъанавии бахисобгирии идоракунй, махз онхо дар тачрибаи корхонахои кишоварзии Чумхурии Точикистон вомехуранд. Назарсанчии мутахассисони корхонахои кишоварзии Чумхурии Точикистон, ки аз чониби муаллиф гузаронида шудааст, нишон дод, ки дар хамаи корхонахо бахисобгирии идоракунй як чузъи

бахисобгирии бухгалтерй буда, ба хамохангсозии мушкилот дар сохаи истехсолот нигаронида шудааст. Аксаран, ба сифати бахисобгирии идоракунй

бахисобгирии харочоти истехсолй амал мекунад, ки ин имкон медихад дар бораи мавчуд набудани хатто бахисобгирии анъанавии идоракунй дар бисёре аз корхонахои хочагии кишлок хулосабарорй кунем.

Дар раванди тахкикоти амикии мохияти бахисобгирии идоракунй, мафхуми сеюм ба вучуд омад.

3) Таърифи бахисобгирии идоракунй хамчун як самти комилан собитшудаи мустакили илмй ва амалй. Муаллифон дар ин акидаанд, ки сохаи идоракунй нисбат ба бахисобгирии бухгалтерии анъанавй хачми зиёди иттилоотро дарбар мегирад. Бахисобгирии идоракунй бояд, ки на танхо иттилооти муфассал, балки иттилооти аз лихози сифат дигаргунаро дар бораи фаъолияти субъекти хочагидорй пешниход кунад.

Самти нисбатан умедбахши рушди бахисобгирии идоракунй имруз ташаккули бахисобгирии идоракунии стратегй ва тахлили идоракунй мебошад[10].

Мутахассисон таксимшавии эхтимолии бахисобгирии идоракуниро ба ду унсури ба хам алокаманд пешбинй мекунанд:

- бахисобгирии идоракунии стратегй барои рохбарияти болоии корхона;

- бахисобгирии идоракунии фаврй бо максади идоракунии дохилй.

Бахисобгирии идоракунии стратегй ба оянда нигаронида шудааст ва хамчун як самти эхтимолии рушд баррасй карда мешавад, ки ахамияти бахисобгирии идоракуниро зиёд мекунад ва хамзамон аз худ як системаи бахисобгирй-тахлилиро нишон медихад, ки бояд эхтиёчотхои иттилоотии идоракунии стратегиро таъмин намояд [6]. Заминахои иттилоотии бахисобгирии

идоракунии стратегй мутобики стратегияи идоракунй сохта мешавад.

Бахисобгирии идоракунии стратегй ба назарияи илмии бахисобгирии идоракунй мафхумхоеро аз кабили биниш, рисолат, стратегия, хадафхои стратегй, накшаи стратегиро ворид мекунад.

Олимон дар муайян кардани мохият ва накши тахлили стратегй, банакшагирй ва бучетикунонии стратегй, назорат ва хавасмандгардонй дар системаи

бахисобгирии идоракунии стратегй тавассути мухтавои иктисодии асосхои консептуалии идоракунии стратегй, аз чумла стратегия бахо медиханд.

Калимаи "стратегия" аз калимаи юнонии strategos - "хунари генерал" сарчашма мегирад ва накшаи муфассали хамачонибаи мачмуиро фаро мегирад, ки барои расидан ба хадафхои гузошташуда дар чараёни фаъолият, пешбинй шудааст. Мавкеи чанде аз муаллифонро дар мавриди таърифи мафхуми "стратегия" дар чадвали 2. пешниход менамоем [10].

Сарфи назар аз баъзе ихтилофот дар акидахои олимон, якдилии онхо дар он, ки стратегияи рушди ширкат- ин интихоби аз чихати иктисодй асоснок, амик андешидашуда, окилонаи модели рушди иктисодй ва ичтимоии корхона дар дурнамои дарозмуддат (5-10 сол) мебошад ва ба шароити берунй ва дохилии фаъолият нигаронида шудааст, ки барои бехтар ноил шудан ба хадафхо ва вазифахои стратегй, аз чумла таквияти афзалиятхои ракобатии корхона мусоидат мекунад. Мазмуни иктисодии категорияи "стратегия" имкон медихад, ки мохият ва хусусиятхои бахши стратегии бахисобгирии идоракунй дакиктар муайян карда шавад.

Дар айни замон, дар тахияи постулатхои асосии бахисобгирии идоракунии стратегй баъзе дастовардхо мавчуданд, аммо бо вучуди ин самти

фаъолияти мазкур бештар ба корхои илмй- бахисобгирии идоракунии стратегй дар расми тахкикотй равона шудааст. 1 оварда шудааст.

Консепсияи муаллифй дар бораи робита ва пайдархамии унсурхои системаи

ТАХЛИЛИ СТРАТЕГИИ ШАРОИТХОИ ДОХИЛЙ ВА БЕРУНАИ ТИЧОРАТ Тахлили мухити умумии кори

Тахлили мухити тахассусии кори

Тахлили потенсиали захирахо

ч>

МАКСАДГУЗОРЙ Кабули пешбурди кор

Муайян намудани максад

Ташкил намудани масъалахои стратеги

Интихоби стратегияи базави

ТАШКИЛИ СТРАТЕГИЯ ДАР НАМУДИ СИСТЕМАИ НИШОНДЩАНДА^ОИ ТАВОЗУНШУДА Муайян намудани омилхои калидии пешрафт

Тартиб додани харитаи максадхои стратеги

Муайян намудани нишондихандахои калидии самараноки ва андозаи меъёрии онхо

ч>

ТАЧЗИЯИ МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ СТРАТЕГЙ Бехтар гардонидани сохтори ташки in

Коркарди гузоришхои стратегии максаднок

Коркарди стратегияхои инфиродии бизнес-чараёнхо

3-Е

БУЧЕТИКУНОНИИ СТРАТЕГЙ ВА ФАВРИ

Ташаккулдихии системаи бучетхо дар асоси бучетикунонии ба равандхои технологи нигаронидашуда

Ташаккулдихии системаи бучетхо дар асоси технологияи сохторкунонии молияви

Ташаккулдихии системаи стратегии хисоботдихии идоракунй Гузоштани равандхои назорат, баходихи ва хавасмандгардони

Расми 1. Низоми тахлили идоракунии стратеги

78

Бахисобгирии идоракуни стратегй хамчун технологияи муосири таъминоти иттилоотй ва таквияти чараёни кабули карорхои стратегии идоракунй баррасй мешавад. Дар натичаи чамъбасти тачрибаи андухта метавон хусусиятхои мухими бахисобгирии идоракунии стратегиро муайян намуд, ки имкон медиханд он хамчун технологияи нави илмй ва пешрафтаи таъминоти иттилоотй барои идоракунии самаранокии коркард ва татбики стратегияи субъекти хочагидорй дар шароити ракобати шадид ва номуайянй муаррифй карда шавад. Бахисобгирии идоракунии стратегй на танхо бахисобгириро чуноне ки хаст, балки боз се унсури ба хам алокамандро дарбар мегирад: тахлили стратегй, банакшагирии стратегй (бучетикунонй), назорати молиявии стратегй.

Максади тахлили стратегй омода кардани заминаи иттилоотй барои татбики самарабахши мархилахои минбаъдаи банакшагирии стратегй, дакиктар муайян кардани хадафхои стратегии корхона, интихоби бехтарини стратегия ва тактикаи хисобдорй мебошад.Чунин мехисобем, ки ба самтхои асосии тахлили стратегй метавон дохил намуд:

а) тахлили мухити сохибкорй (дур) бо максади ташаккули пешгуихои иктисодй, ичтимой, сиёсй ва технологии вазъият ва динамикаи мухити атроф барои дурнамои дарозмуддат (системаи PEST);

б) тахлил ва баходихии сохибкорй бо максади ташкили пешгуихои истехсолй, сохторй, ракобатй, аз чумла аз руи динамикаи намудхои алохидаи истехсолот, аз руи сохтор ва хусусияти истеъмолии намудхои алохидаи махсулот, аз руи вазъияти соха, аз руи тавсифи бозори истеъмолии махсулоти ракибони асосй;

в) тахлили иктидори захиравии корхона бо максади ташаккули акида дар бораи имкониятхои рушд ва ташаккули

арзишхои калидии он дар дурнамои дарозмуддат.

Максадгузорй - муайян кардани максади стратегии корхона ва тафсилоти он дар заминаи равандхои асосии тичорат, минтакахои стратегии хочагидорй, марказхои масъулият, гуруххои истеъмолкунандагон, намудхои махсулоти асосй ва гайра; ташкили рисолати корхона ва системаи арзишхои калидй, ки хам манфиатхои сохибони корхона ва хам манфиатхои кормандони корхонаро инъикос мекунанд. Рохбарони корхонахо фоида, бехатарй, масъулияти ичтимой дар назди кормандон, хисса дар бозор, мустакилият, сатхи хидматрасонии маишй, афзоиш, нуфуз ва гайраро арзишхои асосй мехисобанд. Х,адафхои сохторй то андозае сохтор ва мухтавои накшаи стратегиро муайян мекунад.

Дар системаи бахисобгирии идоракунии стратегй хамаи унсурхо бо хам алокаманданд ва хамдигарро такмил медиханд. Мавчуд набудани як унсур барои татбики самараноки унсурхои бокимонда монеа эчод мекунад. Бинобар ин, бахисобгирии идоракунии стратегй системаи якпорчаи банакшагирй, бахисобгирй, назорат ва тахлил мебошад. Ба чуз аз ин, тавсифоти зерин хоси бахисобгирии идоракунии стратегй мебошанд:

1) технологияи таъминоти иттилоотии идоракунии корпоративй ва менечменти стратегиро муаррифй мекунад;

2) ба дурнамо нигаронида шуда, хамчун асос барои ташаккулёбй, баходихй ва интихоби ташаббусхои глобалии стратегй баромад мекунад;

3) дар кабул ва татбики карорхои стратегй дар чунин самтхо, аз чумла лоихахои сармоягузорй, барои харидани бизнеси нав ва истехсоли махсулоти нав кумак мекунад. Инчунин дар таркиби он карорхои стратегй баррасй мешаванд:

> кохиши харочот зери таъсири

мухити атроф (ракибон, таъминкунандагон, харидорон, вазъи бозор);

> давраи хаётии махсулот;

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

> интихоби стратегияи корпоративй;

> ташкили мавкеи худ дар мухити ракобат;

^ баходихии шарикони стратегй;

^ тахлили чозибаи сармоягузории лоихахои алтернативй;

^ нархгузории стратегй

(дарозмуддат);

> баходихии сохтор, фоиданокй ва даромаднокй харидорон ва бозорхои фуруш;

> баходихии портфели фармоишхо ва афзалиятхои ракобатии худ;

^ тахлили стратегии барномаи ассортиментй, самаранокии

реклама, сифат, сатхи ташкилию технологии истехсолот ва технологияи он [7];

4) ба омилхои беруние, ки ба фаъолияти молиявию хочагии корхона таъсир мерасонанд, нигаронида шудааст; мониторинги вазъияти кунунй ва тамоюлхои рушди мухити беруна ва худи корхона, дарачаи амалисозии хадафхо ва вазифахои ба накша гирифташудаи стратегй бо максади мавкеъёбии корхона дар мухити беруна, баходихии (ва хангоми зарурат, аз нав баходихй) хадафхои мукаррашуда ва дар ин асос ташаккули алтернативахои стратегии рушди минбаъдаро пешбинй намудааст;

5) на танхо ба нишондихандахои фаъолияти молиявй, балки ба нишондихандахои гайримолиявй низ нигаронида шудааст, на факат маълумоти микдорй, балки маълумоти сифатиро низ ташаккул медихад;

6) на танхо ба сабти далелхои мушаххас, балки ба пайгирии равандхо, тамоюлхо ва тагйиротхои мухими микро ва макро нигаронида шудааст;

7) барои тахлили самаранокии навоварихои татбикшуда ва идоракунии хавфхо хамчун замина баромад мекунад;

8) то хамон андоза динамикй мебошад, ки бизнеси корхона низ ба хамин андоза динамикй аст;

9) ба талаботи вокеии корхона мутобик гардидааст, ки дар натича яке аз накшхои калидиро дар фаъолияти он ичро мекунад.

Хусусиятхои мазкури идоракунии стратегй онро аз дигар системахои бахисобгирй, аз чумла бахисобгирии идоракунии анъанавй ба таври назаррас фарк мекунонад, ки ин фарзияи аз чихати илмй нав будани ин сохаи фаъолиятро исбот мекунад. Сарфи назар аз афзоиши таваччухи илмй ба ин сохаи донишхои илмй, микдори зиёди масъалахои нокифоя омухташуда ва хатто бахсталаб, аз чумла мушкилоти тахияи асосхои методологии бахисобгирии идоракунии стратегй дар он бокй мондаанд.

Бо максади халли масъалахои мазкур муаллиф асосхои консептуалии

бахисобгирии идоракунии стратегиро пешниход менамояд (Чадвали 3.).

Унсур Мухтаво

Дидгох; Дурнамои рушди корхона дар давраи то 5 - 10 сол, ки мачмуи хусусиятхои мухими шароити берунй ва дохилии фаъолияти молиявию иктисодй ва арзишхои асосии онро дар бар мегирад.

Чадвали 3. Асосхои консепсияи муосири бахисобгирии идоракунии стратеги

Рисолат Таърифи возехи "таъиноти" корхона, натичахои оптималии фаъолияти молиявию иктисодй дар асоси хадафхо ва вазифахои фаъолияти сохибкорй ва лоихахои дорои ахамияти ичтимой.

Стратегия Дурнамои рушди оптималии корхона, ки аз модели (технологияи) иктисодии ноилшавй ба натичахои матлуби субъекти хочагидорй бо эхтимолияти муайяни мавчудияти шароити муносиби дохилй ва берунии фаъолияти сохибкорй иборат аст.

Тактика Системаи аз чихати илмй асосноки тахияи карорхои стратегии идоракунй чихати бехтарсозии рушди кунунй ва ояндаи корхона, ки вазифахои бахисобгирй, назорат, тахлил, хавасмандгардонй ва танзими карорхои каблан кабулшударо анчом медихад.

Мавзуъ Тамоюлхои асосии мухити бузург ва кучаки атроф, ки имкон медиханд имконот ва хатархои татбики стратегияи корхона ба таври вокей мавкеъгирй шаванд ва дар ин замина барои бехинасозии он карорхои идоракунии стратегй кабул карда шаванд.

Объект Фаъолиятхои хочагидорй ва молиявии корхона дар заминаи минтакахои стратегии хочагидорй ва марказхои масъулияти молиявй дар шароити динамикии мухити бузург ва кучаки атроф дар тамоми мархилахои тахия ва татбики рисолат ва стратегия, инчунин шароити иктисодии берунии корхона, аз чумла тамоюлхои асосй, имкониятхо ва хатархо, мавкеи стратегии корхона ва мухимтарин ракибони он.

Метод Мачмуи усулхо ва равишхои чустучу ва омода кардани заминаи иттилоотии баландсифат барои кабули карорхои идоракунии стратегй, аз чумла унсурхои усули бахисобгирии бухгалтерй, усулхои тахлили иктисодй, усулхои иктисодй-математикй, оморй ва дигар усулхои шиносой ва дигаргунсозии чараёнхои иттилоотй дар мувофикат бо дархостхои иттилоотии сохаи идоракунии стратегй.

Сарчашма: аз чониби муаллиф тахия шудааст

Натичахои тахкикоти гузаронидашуда тасдик мекунанд, ки дар айни замон методологияи ягонаи аз чихати илмй асосноки бахисобгирии идоракунии стратегй хамчун системаи таъминоти бахисобгирию тахлилии идоракунии стратегй вучуд надорад, ки ин яке аз сабабхои дар сатхи паст карор доштани самаранокии механизми идоракунии натичахои молиявии субъектхои хочагидори корхонахои мухталифи шаклхои ташкилию хукукй мебошад.

Асосхои дарчшудаи консепсияи бахисобгирии идоракунии стратегй ба мо имкон медиханд, ки таърифи асосии мохияти онро иброз намоем. Ба акидаи мо,

бахисобгирии идоракунии стратегй ин технологияи иттилоотии муайянсозй, чамъоварй ва шакл ивазкунии иттилоот оид ба тамоюлхои асосии мухити микро ва макро мебошад, ки имкон медихад имкониятхо ва хавфхои татбики стратегияи корхона ба таври вокей амалй шаванд ва дар ин асос карорхои идоракунй чихати бехинасозии он кабул карда шаванд.

Хулоса. Х,адафи бахисобгирии идоракунии стратегй ташаккули манбаъи иттилоотй барои кабули карорхои идоракунии стратегй мебошад.

Вазифахои мухимтарини

бахисобгирии идоракунии стратегй иборатанд аз:

^ баходихии дур ва наздики мухити беруна бо максади ошкор кардани тамоюлхои асосии макро-мухит ва таъсири эхтимолии онхо ба натичахои фаъолият ва мавкеъхои ракобатии корхона;

^ баходихии иктидори захиравии корхона, аз чумла зехнй;

^ асоснокунии иктисодии

самаранокии стратегияи корхона дар чараёни дигаркунсозии он бо ёрии системаи нишондихандахои мутавозиншуда;

> пешгуинамоии сатхи нишондихандахои самарабахшй ва самаранокии фаъолияти корхона дар умум, инчунин дар доираи бизнес-чараёнхои стратегй дар давраи то 5-10 сол;

> мониторинги чории вазъияти микро ва макро-мухит;

> мунтазам баходихии натичахои фаъолияти корхона ва дарачаи ноилшавй ба хадафхои стратегй;

> муайянкунии муаммохои рушди стратегии корхона ва кабули карорхои идоракунй оид ба бартараф намудани онхо;

> баходихии самаранокии карорхои идоракунии кабулшуда.

Номгуи вазифахои асосии

бахисобгирии идоракунии стратегй имкон медихад, ки то вазифахои мухимтарини он тахия карда шаванд:

1) Вазифаи пешгуикунй - ташаккули системаи пешгуикунии аз чихати илмй-иктисодй асосноки мавкеи ракобатии корхонаро ифода мекунад, натичахои фаъолияти молиявии он аз руи бизнес-

чараёнхо, бозорхои фуруши махсулот, гуруххои муштариён ва гайра, ки дар мачмуъ системаи тагйирдодашудаи

нишондихандахои мутавозиншударо ташкил медиханд, ки стратегияи рушди корхонаро инъикос мекунанд.

2) Вазифаи тахлилй - баходихии вазъият ва тамоюлхои асосии динамикаи мухити ихотанамудаи атроф, муайян кардани имкониятхо ва хавфхои татбики стратегияи корхона, баходихии самаранокии стратегияи интихобшуда ва равандхои татбики он.

3) Вазифаи назорат - мониторинги чории вазъияти микро ва макро-мухит бо максади саривакт муайян кардани тамоюлхои манфй ё имкониятхои бахисобнагирифтаи рушди ракобатпазирй.

4) Вазифаи иттилоотй - ташкили хисоботи идоракунии стратегй хамчун пояи иттилоотй барои кабули карорхои идоракунии стратегй.

5) Вазифаи хамохангсозй - тачзияи хадафхои стратегй дар заминаи марказхои масъулияти молиявй, бизнес-чараёнхо, шахсони мансабдор ва гайра бо максади фарохам овардани шароит барои хамохангсозии амалхо чихати татбики стратегияи корхона.

6) Вазифаи танзим - чараёни кабули карорхои идоракунии стратегй, ки ба оптимизатсиякунонии стратегияи корхона ва шароити татбики он нигаронида шудаанд.

Х,амаи вазифахои бахисобгирии идоракунии стратегй чараёнхои мухталифи бо хам алокаманд ва вобаста буда, ба фарохам овардани шароит барои интихоби стратегияи оптималии рушди корхона ва татбики самарабахши он равона карда шудаанд.

Адабиёт

1. Апчерч А. Управленческий учет: принципы и практика / пер. с англ. М.: Финансы и статистика, 2002. -952 с., С. 43

2. Бобоев М.У. Управленческий учет на предприятиях легкой промышленности Республики Таджикистан: автореф. дис. на соиск. уч. степ. кан. экон. наук. Моск. гос. ун-т им. М.В. Ломоносова. Москва, 2009. -21 с. - С. 10

3. Вахрушина М.А. Учетная политика в системе управленческого учета: Метод

формирования, практика применения / М.А. Вахрушина, Е.Е. Лялькова. - М. : Экономист, 2008.

- 208с. - С. 200

4. Друри К. Управленческий учет для бизнес-решений, 2е изд. / Пер. с англ. / К. Друри.

- М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2003. - 657с. - С. 90.

5. Карпова Т.П. Управленческий учет: Учебник для вузов / Т.П. Карпова. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2004. - 351 с.

6. Керимов В.Э. Институциональные аспекты формирования и развития управленческого учёта / В.Э. Керимов // Международный бухгалтерский учёт. - 2011. - № 32.

- С. 2-9.

7. Куницина Я.Н. Сущность стратегического учета как исследовательской категории / Я.Н. Куницина // Международный бухгалтерский учет. - 2011. - N 32. - С. 17-22.

8. Низомов С.Ф. Управленческий учет и контроль в строительстве: теория, методология и практика (монография).- Душанбе: «Сохибкор», 2013 - 272 с. -С.15

9. Николаева С.А. Учетная политика организации / С.А. Николаева. - М.: ИНФРА-М, 2004. - 258с. - С. 176.

10. Панчина В.А. Перспективы и тенденции развития управленческого учёта в России / В.А. Панчина // Всё для бухгалтера. - 2010. - № 3. - С. 26-31.

11. Управленческий учет: учебное пособие / Под ред. А.Д. Шеремета. М.: ФБК-Пресс, 2008. - 512с.- С. 15.

12. Хорнгрен Ч.Т. Бухгалтерский учет: управленческий аспект: учебное пособие / Ч.Т. Хорнгрен, Дж. Фостер. - М.: Финансы и статистика, 2000. - 416с. - С. 8

13. Хушвахтзода К.Х., Ойев Н.А. Анализ современного инструментария стратегического управленческого учета на сельскохозяйственных предприятиях // Научно-аналитический журнал. Финансовая экономика. №8. 2020. С. 350-354.

14. Х,асанова Н.Ч,. Рушди методикаи тах,лили идоракунии стратегй дар бахши аграрии Чумхурии Точикистон. Диссертатсия барои дарёфти дарачаи илмии номзади илмх,ои ик;тисодй. Душанбе 2021. С-212

15. Шалаева Л.В. Актуальные проблемы формирования современной концепции управленческого учёта / Л.В. Шалаева // Международный бухгалтерский учёт.- 2012 г. -№ 16(214).- С. 16-24

Маълумот дар бораи муаллиф:

^асанова Нигора Цамоловна — дотсенти кафедраи кори бонкии факултети щтисодии МДТ "Донишгоци давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Fафуров". Сурога: 735700, Чум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд, гузаргощ Мавлонбекова, 1. E-mail: sssr-8186@mail. ru Телефон: 92-769-61-61 Сведения об авторе:

Хасанова Нигора Джамоловна - доцент кафедры банковского дела экономического факультета Государственное образовательное учреждение "Худжандского государственного университета имени академика Бободжона Гафурова". Адрес: 735700, Республика Таджикистан, ш. г. Худжанд, проспект Мавлонбекова, д. 1. E-mail: [email protected] Телефон: 92-769-61-61 Information about the authors:

Hasanova Nigora Dzhamolovna — Associate Professor of the Department of Banking, Faculty of Economics, State Educational Institution "Khujand State University named after Academician Bobojon Gafurov". Address: 735700, Republic of Tajikistan, sh. Khujand, Mavlonbekov avenue, 1. E-mail: [email protected] Phone: 92-769-61-61_

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.