Научная статья на тему 'АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ХИЗМАТРАСАНИҲОИ РАҚАМИИ БОНКӢ'

АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ХИЗМАТРАСАНИҲОИ РАҚАМИИ БОНКӢ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
хизматрасониҳои рақамии бонкӣ / ташкилотҳои қарзӣ / аҳамияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ / рақамикунонӣ / иқтисоди рақамӣ / нақши давлат / низоми бонкӣ. / цифровые банковские услуги / кредитные организации / социально-экономическое значение / цифровизация / цифровая экономика / роль государства / банковская система.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич, Исхаков Дилшод Илҳомович

Дар мақола масъалаҳои марбут ба хизматрасониҳои рақамии бонкӣ аз нигоҳи назараи аҳамияти иқтисодию иҷтимоии онҳо дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ баррасӣ мешаванд. Таҳлили фарқияти асосӣ байни хизматрасониҳои анъанавӣ ва рақамии бонкӣ гузаронида шуда, омилҳои асосии таъсиррасон муаян карда шудаанд. Аҳамияти иқтисодию иҷтимоии хизматрасаниҳои рақамии бонкӣ ба мизоҷон ва давлат муаян карда шудаанд. Ҳамзамон, аҳамияти иқтисодии хизматрасаниҳои рақамии бонкӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун имконияти барпо намудани занҷираи ҳамкориҳо байни субъектони хоҷагидорӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, барассӣ шудаанд. Пешниҳодҳо оиди беҳтар намудани таъсири иқтисодӣ иҷтимоии хизматрасониҳои рақамии бонкӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт оварда шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE SOCIO-ECONOMIC IMPORTANCE OF DIGITAL BANKING SERVICES

В статье рассматриваются вопросы, связанные с цифровыми банковскими услугами, с точки зрения их социально-экономического значения в условиях перехода к цифровой экономике. Проведен анализ основных различий между традиционными и цифровыми банковскими услугами, определены основные влияющие факторы. Определено социально-экономическое значение цифровых банковских услуг как для клиентов, так и для государства. В то же время, экономическое значение цифровых банковских услуг для кредитных организаций рассматривается как возможность создания цепочки сотрудничества между хозяйствующими субъектами, кредитными организациями и государственными организациями. Представлены предложения по улучшению социально-экономического воздействия цифровых банковских услуг в условиях цифровизации экономики.

Текст научной работы на тему «АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ХИЗМАТРАСАНИҲОИ РАҚАМИИ БОНКӢ»

Аминов Иномчон - доктори илмдои щтисоди, профессори кaфедрaи менечменти Донишгоди дaвлaтии молия вa щтисоди Точикистон, НишонИ: 734067, Ч,умхурии Точикистон, ш. Дyшaнбе, кyчaи Нaxимовa 64/1. E -mail: i [email protected], Тел.: (+992) 92 7709825.

Аминов Фотехчон Иномчонович - номзэди илмдои щтисодИ, дотсенти кaфедрaи менечмент вa мaркетинги Донишгоди дaвлaтии тичорaти Точикистон, 734061, Ч,умхурии Точикистон, ш. Дyшaнбе, кyчaи Дедоти 1/2. E-mail: aminov [email protected], Тел.: (+992) 935763355.

Информация об авторах:

Аминов Иномджон - доктор экономических гаук, профессор гафедры менеджментa Тaджикского госyдaрственного финaнсово- экономического yниверситетa, Адрес: 734067, Республик Тaджикистaн, г. Дyшaнбе, yлицa Нaxимовa 64/1. E-mail: i [email protected], Тел.: (+992) 92 7709825.

Аминов Фотехджон Иномджонович - кaндидaт экономических гаук, доцент кaфедры менеджмента и мaркетингa Тэджикского госyдaрственного университета коммерции, Адрес: 734061, Республига Тaджикистaн, г. Дyшaнбе, yлицa Дехоти 1/2. E-mail: aminov [email protected], Тел.: (+992) 935763355.

Information about the authors:

Aminov Inomjon - Doctor of Economics, Professor of the Department of Management, Tajik State University of Finance and Economics, Address: 734067, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Nakhimov Street 64/1. E-mail: i [email protected], Ph.: (+992) 92 7709825.

Aminov Fotekhdzhon Inomdzhonovich - Candidate of Economic Sciences, Associate Professor of the Department of Management and Marketing, Tajik State University of Commerce, Address: 734061, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Dekhoti Street 1/2. E-mail: aminov [email protected], Ph.: (+992) 935763355

УДК: 336.71

АХАМИЯТИ ИКТИСОДИЮ ИЧ.ТИМОИИ ХИЗМАТРАСАНИХ.ОИ РАКАМИИ БОНКЙ

Хикматов Умедчон Сафаралиевич Исхаков Дилшод Илхомович

Аннотатсия. Дaр мaколa мaсъaлaхои мaрбyт 6a xизмaтрaсонихои рaкaмии бонкИ aз нигоди нaзaрaи aхaмияти щтисодию ичтимоии ондо дaр шaроити гyзaриш бa щтисоди радшИ бaррaсИ мешaвaнд. Тадлили фaркияти aсосИ бaйни xизмaтрaсонихои aнъaнaвИ вa радшии бонкИ гyзaронидa шyдa, омилдои aсосии тaъсиррaсон мyaян кaрдa шyдaaнд. Äхaмияти щтисодию ичтимоии xизмaтрaсaнихои рaкaмии бонкИ бa мизочон вa дaвлaт мyaян кaрдa шyдaaнд. X,aмзaмон, aхaмияти щтисодии xизмaтрaсaнихои рaкaмии бонкИ бaрои ташкилотдои вдрзИ хaмчyн имконияти бaрпо нaмyдaни зaнчирaи дшкоридо бaйни субъектони xочaгидорИ, ташкилотдои вдрзИ вa ташкилотдои дaвлaтИ, бaрaссИ шyдaaнд. Пешнидоддо оиди бедтар нaмyдaни тaъсири щтисодИ ичтимоии xизмaтрaсонидои рaкaмии бонкИ дaр шaроити рaкaмикyнонии щтисодиёт овaрдa шyдaaнд.

Калидвожахо: xизмaтрaсонидои рaкaмии бонкИ, ташкилотдои вдрзИ, aдaмияти щтисодИ-ичтимоИ, рaкaмикyнонИ, щтисоди рaкaмИ, га^ши дaвлaт, низоми бонкИ.

Барои иктибос: X,икмaтов У.С. Адшияти щтисодию ичтимоии xизмaтрaсaнидои рaкaмии бонкИ / У. С. Х^ю^тов, Д. И. Исxaков // Пaёми молия вa щтисод. - 2024. - No. 1(40). - С. 11-19.

СОЦИАЛЬНО-ЭКОНОМИЧЕСКОЕ ЗНАЧЕНИЕ ЦИФРОВЫХ БАНКОВСКИХ УСЛУГ

Хикматов Умеджон Сафаралиевич Исхаков Дилшод Ильхомович

Аннотация. В статье рaссмaтривaются вопросы, связaнные с цифровыми бaнковскими услугами, с точки зрения их социaльно-экономического згачения в условиях переxодa к цифровой экономике. Проведен aнaлиз основных рaзличий между трaдиционными и цифровыми бaнковскими yслyгaми, определены основные влияющие фaкторы. Определено социaльно-экономическое знaчение цифровых бaнковскиx услуг кaк для клиентов, так и для госyдaрствa. В то же время, экономическое згачение цифровых бaнковскиx услуг для кредитных оргaнизaций рaссмaтривaется кaк возможность создaния цепочки

сотрудничества между хозяйствующими субъектами, кредитными организациями и государственными организациями. Представлены предложения по улучшению социально-экономического воздействия цифровых банковских услуг в условиях цифровизации экономики.

Ключевые слова: цифровые банковские услуги, кредитные организации, социально-экономическое значение, цифровизация, цифровая экономика, роль государства, банковская система.

THE SOCIO-ECONOMIC IMPORTANCE OF DIGITAL BANKING SERVICES

Hikmatov Umedjon Safaralievich Iskhakov Dilshod Ilhomovich

Annotation. The article discusses issues related to digital banking services from the point of view of their socioeconomic importance in the context of the transition to the digital economy. The analysis of the main differences between traditional and digital banking services has been carried out, and the main influencing factors have been identified. The socio-economic importance of digital banking services for both customers and the state has been determined. At the same time, the economic importance of digital banking services for credit institutions is considered as an opportunity to create a chain of cooperation between business entities, credit institutions and government organizations. Proposals are presented to improve the socio-economic impact of digital banking services in the context of digitalization of the economy.

Key words: digital banking services, credit organizations, socio-economic importance, digitalization, digital economy, the role of the state, the banking system.

Гузориши масъала. Равандхои ракамикунонии хамаи сохахои иктисодиёти миллй яке аз масъалахои аввалиндарача ба хисоб рафта, халли он ворид намудани техника ва технологияхои нав дар раванди фаъолият, даст кашидан аз усулхои дастй ташкил намудани кор ва татйир додани мафкураи кормандонро талаб менамояд.

Низоми бонкй дар ин раванд яке аз накшхои калидй бозида, сахми он дар ракамикунонии иктисодиёт нихоят мухим арзёбй мегардад. Бояд кайд намуд, ки Хукумати Чумхурии Точикистон ба ракамикунонии иктисодиёт таваччухи калон зохир менамояд. Тавре Асосгузори сулху вахдат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар паёми навбатй кайд намуданд: «Мо хамчунин, ташаккули «иктисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди ракамикунонии иктисодиёт, инкишофи неруи инсонй, баланд бардоштани ракобатнокии махсулоти ватанй, таквияти имкониятхои содиротии мамлакат ва бехтар гардонидани сифати хизматрасонихои ичтимоиро аз чумлаи масъалахои афзалиятнок эълон намудем. Бонки миллй ва ташкилотхои карзиро зарур аст, ки дар самти пурра чорй намудани низоми ракамии хизматрасонихои бонкй дар хамаи минтакахои кишвар ва истифодаи васеи технологияхои молиявй тадбирхои иловагй андешанд» [10].

Тахлили тахкикотхои охир ва нашриёт. Раванди татбики ракамикунонй дар фаъолияти бонкхои тичоратии Чумхурии Точикистон дар корхои илмй-тахкикотии иктисодчиёни ватанй: Хайрзода ШД., Саидов Р.Н. ва олимони хоричй, аз чумла дар таълифоти илмии Алленых М.А., Гулькова Е. Л., Карп М. В. мавриди тахкику баррасй карор гирифтаанд.

Максади макола ин тахлили масъалахои марбут ба хизматрасонихои ракамии бонкй аз нигохи иктисодию ичтимоии онхо дар шароити гузариш ба иктисоди ракамй баррасй мешаванд.

Мухтавои асосии мавод. Хизматрасонихои ракамии бонкй омили тасодуфй набуда натичаи рушди иктисодиёт, технологияхои нав ва иваз гардидани эхтиёчотхои мизочон мебошад. Дар асл, хизматрасонихои ракамии бонкй - ин хамон хизматрасонии бонкй буда, фаркият дар усули пешниходи он мебошад. Бояд кайд намоем, ки хизматрасонихои ракамии бонкй ин <нусхаи» хизматрасонихои бонкй мебошанд, ин маънои онро дорад, ки дар номгуйи хизматрасонихои ракамии бонкй ягон хизматрасонй мавчуд нест, ки он бо рохи (усули) муккарарй пешниход карда нашавад. Аммо байни хизматрасонихои муккарарии бонкй Чумхурии Точикистон хизматрасонихое, мавчуданд, ки дар номгуйи хизматрасонихои ракамии бонкй нестанд. Хамчун мисол метавон хизматрасонихоеро овард, ки бо амалиётхои ба гарав мондани амволи гайриманкул, тасдики намунаи имзохо барои шахсони хукукй ва гайра вобастаанд.

Мизочони ташкилотхои карзй мехоханд, интихоб дошта бошанд ва онро хизматрасонихои ракамии бонкй таъмин менамоянд. Аз тарафи дигар, ахамияти иктисодии хизматрасонихои ракамии бонкй дар шароити муосир нихоят калон буда, он сохаи мухталифи иктисодиёти ватаниро дарбар мегирад. Ин хамкории судманд, дар навбати худ, сабаби пайдо шудани занчираи хамкорихо байни субъектони хочагидорй, ташкилотхои карзй ва ташкилотхои давлатй мегардад (ниг. расми 1.).

Расми 1. Хамкоридои ташкилотдои карзи бо шарикони рушд*

*Аз тарафи муаллифон, дар асоси омузиши долати муосири хамкоридои ташкилотдои карзй бо шарикони рушд гаргиб дода шудааст.

**Агенги бонкии пардохтй - шахси дукукй, ба истиснои ташкилоти карзии молиявй ё сохибкори инфиродй, ки аз чониби ташкилоти карзии молиявй барои анчом додани чадвали 1 оварда шудааст. Чддвали 1.-Фаркияти асоси байни хизматрасонидои анъанави ва ракамии бонки*

амалиёти алохидаи бонкй мутобики конунгузории амлкунанда чалб карда мешавад.

Аз тарафи дигар, то дол бадсдо оид ба бартарияти кадоме аз усулдои пешнидоди хизматрсонидои бонкй: анъанавй ё ракамй идома доранд? Чдвоб ба ин савол дар

Нишондидандадо Хизматрасонидои анъанавии бонкй Хизматрасонидои ракамии бонкй

Нархи амалиёт Гарон Арзон

Хавфи «омили инсонй» Баланд Паст

Вакт барои хизматрасонй Зиёд Кам

Бехатарии амалиётдо Паст Баланд

Шумораи амалиётдо Кам Зиёд

Шумораи нуктадои хизматрасонй Зиёд Лозим нест

Самаранокй Паст Баланд

*аз тарафи муаллифон дар асоси пурсиши мутахассисони 20 ташкилоти карзй тартиб дода шудааст.

Тавре аз хулосахои чадвали 1 бармеояд, аз руйи нишондихандахои тахлилшуда самаранокии

хизматрасонихои ракамии бонкй нисбати хизматрасонихои анъанавй баландатар буда, бартарихои зиёд дорад. Бояд кайд намуд, ки ба туфайли пайдо шудани хизматрасонихои ракамии бонкй ташкилотхои карзй, ахолй, субъектхои хочагидорй ва давлат дастрасй ба хизматрсонихоеро пайдо карданд, ки пештар махдуд будаанд. Ахамияти иктисодии хизматрасонихои ракамии бонкй барои ташкилотхои карзй чунинанд:

1. Нархи амалиётхои ракамй нисбат ба малиётхои анъанавй ба маротиб пасттар мебошад. Тибки тахлилхо фаркияти байни онхо 10-12 [4, С.224] маротибаро ташкил медихад.

2. Шумора ва намгуйи амалиётхо ба маротиб зиёд шудаанд. Бояд кайд намуд, ки чанде пеш, як катор амалиётхо танхо тавасути КВД БДА <Амонатбонк» амалй мегаштанд ва дигар ташкилотхо имконияти амалй намудани онхоро надоштанд (пардохти кисми зиёди андозу бочхои давлатй барои шахсони вокей, кисми пардохтхои комуналй ба монанди пардохти хизматрасонихои шабакахои гармидихй ва гайра). Хамзамон, амалиётхои наве дастрас гаштанд, ки ташкилотхои карзй бинобар ташкили амалии онхо тавасути онлайн (кабули пардохти хакки алокаи мобилй, интренет ва дигар намуд амалиётхо, ки ба фаолияти операторони мобилй вобастагй дорад) ба онхо дастрасй пайдо карданд.

3. Ташкили мунтазами хизматрасонихои беистирохат. Ба рох мондани хизматрасонихои ракамии бонкй ба ташкилотхои карзй имконият дод, ки ба гайр аз хизматрасонихои анъанавй дар филиалу марказхои хизматрасонихои бонкй / маблатгузории хурд, ки вакту соати фаолияти онхо махдуд аст, инчунин, кисми зиёди хизматрасонихоро тарики онлайн ташкил намоянд, ки он дар навбати худ тибки принсипи 24/7/365 кор мекунад.

4. Кам кардани амалиётхои вобаста ба когаз - яъне зарурияти кисми зиёди хуччатгузорй, ки одатан дар намуди когазй корбарй ва нигох дошта мешуд, аз байн меравад. Гардиши хуччатхо дар дохили ташкилоти карзй электронй амалй гашта нигохдорй, бурдани хисоби онхо, дар вакти зарурй зуд дарёфт намудан бо осонй амалй мешавад. Хамзамон, хавфи нест кардани хуччатхо (аз тарафи кормандон хангоми каллобй ва дигар намуди чинояткорй) ва дар холатхои ногувор ба осонй баркарор намудани онхо тавассути хуччатгузории электронй амалй намудан мумкин аст.

5. Болоравии самаранокии кормандон - сарфаи вакт, яке аз омилхои асосии ракамикунонй ба хисоб меравад. Махз аз хисоби сарфаи вакт ва бо истифодаи технологияхо замонавй самаранокии кормандон боло меравад. Имконияти зиёдтар коркард намудани хуччатхо, хизматрасонй ба

мизочон ва кам гаштани омили инсонй пайдо мешавад. Мисоли оддй, ворид намудани хизматрасонии ракамии бонкй - скорринг дар асоси зехни сунъй, ки ба ташкилоти карзй имконият дод, то самаранокии мутахассисони карзиро 32% зиёд намояд. Пешниходи карзхои хурд тавассути скорринг дар 20 дакика пешниход мешавад, холо он ки пештар чунин карз дар давоми 2 руз пешниход карда мешуд.

6. Ч,амъоварии микдори зиёди маълумотхо -пешниходи хизматрасонихои ракамии бонкй ба гайр аз он бартарихое, ки мо алакай гуфга гузаштем, боз имконияти чамъоварии микдори зиёди маълумотхо дар бораи мизочон, аз кабили сину соли мизоч чинс, намуди амалиётхои анчом додашуда, маблата амалиётхо, маблата миёнаи хар як амалиёт, ва номгуи калони дигар маълумотхоро медихад. Бешубха, тахлили ин маълумотхо имконияти пешниходи хизматраснихои иловагии гуногунро, ки гашкилоги карзй дар номгуйи хизматрасонихои худ дорад, фарохам меорад. Мисол, ба мизочоне, ки мунтазам пули интиколй мегиранд, барномаи ташкилоти карзй тавассути скорринг имконияти пешниходи маблата карзро дар асосои маълумотхое, ки дар барнома алакай хаст (маблата интиколи пулии хармоха, пардохтхое, ки мизоч тавассути барнома / хамёни электронй амалй менамояд), хисоб карда мебарояд ва он ба мизоч хамчун «фуруши параллелй»" пешниход карда мешавад.

6. Онлайн идентификатсия (мушаххассозй) -и мизочон - хизматрасонии ракамии бонкй ба шумор рафта, имкон медихад, то дар муддати кутох мукаррар намудани мушаххасоти мизоч фосилавй ба анчом расонда шавад, ки дар навбати худ, кушодани суратхисоби бонкй, пешниходи онлайн карзхо, пешниходи кортхои вертуалй (мачозй) ва дигар намуд хизматрсонихоро муяссар месозад. Яъне тавассути ин намуд хизматрсонй мизоч метавонад дастрасй ба кисми зиёди хизматрасонихои бонкиро бидуни ташриф ба бонк амалй намояд.

7. Имконияти ташкили бойгонии электронй - ни бартарй бо бартарии раками 4 зич алокаманд мебошад. Бояд кайд намуд, ки ташкил ва идораи бойгонихои анъанавй барои ташкилотхои карзй душворихои зиёдеро ба миён меорад. Якум, он чои махсусгардонидашударо талаб менамояд. Дуюм, бо зиёд шудани амалиётхо ва чун натича зиёд гаштани хуччатхо, хачми бойгонй сол аз сол васеътар мегардад, ки на хама вакт имконияти васеъ намудани он фарохам аст. Сеюм, бинобар зиёд шудани хучатхои когазй бояд шумораи кормандони бойгонй зиёд карда шавад. Чорум, хавфи пурраи аз даст додани хуччатхо баланд мебошад (сухтор,

нестунобуд кардани ондо аз тарафи кормандони ташкилоти карзй, зери об мондани дуччатдо ва гайра). Панчум, дар аксари долатдо бойгонидои ташкилотдои карзй дар Саридора мадфузанд, дар баъзе долатдо дар филиалдои минтакавй низ метавонанд мадфуз бошанд. Ин маънои онро дорад, ки дуччатдо бояд кисман аз филиалу МХБ-до (дар вакту соати мукараршуда) чамъоварй карда шуда, ба ин бойгонидо оварда супорида шаванд. Дар долате, ки ба филиал ё МХБ-и дурдаст ин ё он дуччат лозим мешавад, он аз бойгонй дархост карда мешавад ва то ба чои лозима расонида шудани он дуччат дар баъзе мавриддо (хусусан дар фасли зимистон) то як дафта вактт сарф мешавад. Дар сурати ташкили бойгонии электронй мушкилоти номбурда аз байн мераванд.

8. Чат-ботдо. Дар низоми бонкй самаранокии истифодабарии чат-ботдо пурра исботи худро пайдо кард. Тибки тадкикотдо, барномадои автоматикй дар хизматрасонии мизочон ёрй расонида 67% суръати онро метезонанд [14]. Тибки пурсише, ки аз тарафи BI Intelligence гузарода шуд, дангоми истифодабарии мушовирдои виртуалй харочотдои корхона барои дастгирии мизочон 29% кодиш меёбанд. Самаранокии баланд дангоми истифодабарй дар бахши фуруш ба назар мерасад. Сарфаи маблатдо дар ташкилотдои карзй - 36% ва дар ширкатдои сугуртавй - 60% ташкил медидад [14, С.46]. Ба номгуи хизматрасонидое, ки аз тарафи чат-ботдо пешкаш мешаванд, индо дохил мешаванд:

• кабул ва коркарди саволдо аз тарафи мизочон;

• кабули шикоятдои мизочон;

• пешнидоди маълумот оид ба мадсулотдои бонкй ва хизматрасонидо;

• пешнидоди маълумотдои мукаррарй ва гайра.

9. Пуш-паёмакдо. Паст кардани харочотдо дангоми равон намудани хабардо (оиди мадсулотдои нав, хизматрасонидо ва дигар маълумоти мудим) ба мизочон яке аз масъаладои мудим ба дисоб меравад. Баъд аз пайдо шудани алокаи мобилй яке аз роддои расонидани маълумот ба мизочон ин смс-паёмакдо ба дисоб мераванд. Ин намуди расонидани хабар кулай мебошад, аммо он як камбудии чиддй дорад -нархи гарон. Агар дар ташкилоти карзй шумораи зиёди мизочон бошад ва яку якбора ба дамаи ондо маълумоти (хабар) мудим равон кардан лозим шавад, маблата умумй харочоти калонро ташкил медидад. Дар ин маврид, пуш-паёмак, роди далли ин мушкилй мебошад, ки ба ташкилоти карзй бехарочот буда, роди расонидани маълумот (хабар) тез ва кулай мебошад. Агар смс-паёмак тавассути алокаи мобилй ва ба раками мизоч равона карда

шавад, пуш-паёмак тавасути барномаи мобилии ташкилоти карзй расонида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ин паёмак тандо ба дорандагони барномаи мобилии ташкилоти карзй, ки он аз тарафи мизоч ба телефон ё компютер насб карда шудааст, расонида мешавад. Адамияти иктисодии хизматрасонидои ракамии бонкй барои адолй индоянд:

1. Осон ва кулай гаштани хизматрасонидои бонкй. Сарфаи вакт ва маблаг дангоми истифодабарии хизматрасонидои ракамии бонкй яке аз бартаридои асосй ба дисоб меравад. Истифодабарии ин намуд хизматрасонидо зарурияти ташриф ба ташкилоти карзиро аз байн бурданд. Ин дар навбати худ, як катор бартаридоро барои мизочон эчод намуд. Масалан, мизоне, ки дар давоми руз банд аст ва имконияти дар давоми руз ба ташкилоти карзй омаданро надорад, акнун бе мамоният метавонанд тавассути хизматрсонидои ракамии бонкй аз чои кор, ё ин ки аз хона, дилход вакту соат, амалиётдои худро анчом диданд.

2. Дастрасй ба маълумотдои суръатдисоби бонкии худ. Санчидани тавозуни суратдисоб, гирифтани маълумот оид ба амалиётдо ва дигар амалиётдо бе мушкилй ба мизочон дастрасанд.

3. Идоракунии суратдисоби бонкии худ. Барномадои мобилии ташкилотдои карзй имконияти пурраи идоракунии суратдисоби худро ба мизоч дастрас менамоянд. Мизочон датто метавонанд дилход вакт дастрасй ба суратдисоби худро хомуш намоянд (дар долатдои будани шубдаи дуздида шудани корти бонкй ва ё дастрасй пайдо намудани нафарони бегона ба маълумотдои корт).

4. Кэш-бек ва дигар намуди давасмандгардонй барои мизочон. Ракобат байни ташкилотдои карзй ондоро водор менамояд, ки ба мизочон намуддои гуногуни давасмандкуниро дангоми истифодаи хизматрасонидои ракамии бонкй пешнидод намоянд. Дар баъзе мавриддо дачми кэш-бек барои пардохтдои давлатй то 1% ва дангоми пардохтдои гайринакдй дар нуктадои савдо аз 5 то 30% метавонад ташкил намояд.

5. Паст гардидани хавфи нодуруст бурдани дисобдо дангоми пардохтдои датмй. Бурдани дисобдо тавассути расиддо ва дафтардои махсус, ки пештар дамаи ташкилоту идорадои хизматрасонии коммуналй, фаолияти худро ба род монда буданд, душворидои зиёдеро ба адолй меовард. Долатдои зиёде ба чашм мерасиданд, ки ба бадсдо оварда мерасонид. Долат чунин буд, ки датто баъди амалй намудани пардохт ба кормандони ташкилотдои коммуналй, кафолати гузаронидани он дар барномаи он ташкилот набуд. Ба род мондани хизматрасонидои ракамии бонкй дар ин самт, душворидои номбурдаро аз байн бурд. Акнун

пардохтхо электронй амалй шуда, рост ба суратхисоби корхона ворид мешаванд. Хамаи амалиётхо дар барномаи бонкй сабт шуда, дилхох вакт дастрасй ба ин маълумотхо барои мизочон таъмин шудааст.

6. Баланд гардидани сатхи саводнокии молиявии ракамии ахолй. «Саводнокии молиявии ракамй аз донистани мафхумхои асосии молиявии ракамй иборат буда, кобилияти шахсро дар кабули карорхои мутавозин зимни коркарди махсулоти молиявй дар шабакаи Интернет ва инчунин огохии уро дар бораи хатархои молиявии ракамй инъикос мекунад» [13].

Бартарихо барои субъектхои сохибкорй.

1. Зиёд гардидани шумораи харидорон. Сол аз сол шумораи нуктахои савдо ва хизматрасонй, ки ба гайр аз пули накд, инчунин имконияти хисоббаробаркунии гайринакдиро, хангоми хисобхо, ба мизочон пешниход мекунанд, зиёд шуда истодааст ва ин тасодуфй нест, чунки гурухи назаррасй харидорон пайдо шудаанд, ки мехоханд гайринакдй, тавассути корт ва ё QR пардохтхоро амалй созанд. Чун натича, нуктахои савдо ва хизматрасонй, ки харду рохи хисоббаробаркуниро пешниходкунанда, шумораи мизочон, хачми фуруш зиёд мешавад.

2. Ташкили онлайн магозахо ва дигар намуд хизматрасонихои фосилавй. Хизматрсонихои ракамии бонкй ба рушди сохибкорй бевосита алокаманд мебошад, зеро имкониятхои васеъро барои сохибкорон таъмин менамояд. Айни замон шумораи зиёди сохибкорон ба гайр аз нуктахои фуруши анъанавй (магоза, нуктаи савдо дар бозор, ресторан ва гайра) боз иловатан нуктаи фуруши фосилавй (ракамй) ташкил намудаанд. Бо ёрии платформахои махсус ва шабакахои ичтимой сохибкорон фаъолияти худро ба таври онлайн низ ба рох мондаанд, ки ин рохи савдо хачми фуруш, шумораи мизочон ва ракобатпазириро баланд мебардорад.

3. Истифодаи эквайринги савдо, ки ташкилотхои карзй пешниход менамоянд, ба субъектхои сохибкорй як катор бартарихо медихад:

• имконияти кабули пардохтхои гайринакдй (тавассути корт ва QR рамз) аз мизочон;

• ниёз ба танга аз хисоби пардохтхои гайринакдй ба маротиб кам мешавад;

• имконияти дастрасй ба хисоботхо оид ба хачми фуруш, шумораи амалиётхо ва гайра;

• харочотхое, ки бо хамлу накли пул вобаста аст, кохиш меёбад;

• хавфи калобй (мисол пешниходи пулхои каллобй) аз байн меравад.

Барои ташкилотхои ёрирасон ва коммуналй бартарихо инхоянд:

1. Хачми чамъоварии маблагхо аз хисоби пурра ворид гаштани онхо ба суратхисоб таъмин мегардад. Холатхои зиёд ба чашм мерасиданд, ки маблагхои аз ахолй чаъмшуда ба хазинаи ташкилотхои ёрирасон ё коммуналй ворид намегаштанд ва ё ин ки вориди нопурра сурат мегирад. Сабаби асосй дар машгул будани кормандони ин ташкилотхо бо чамъоварии ин маблагхо аз ахолист. Онхо маблагхоро накдй чамъ мекарданд ва хавфи сарфшавии онхо баланд буд.

2. Кохишёфтани хачми кормандон ва харочотхои ба онхо вобаста. Бо таъмини пардохтхои гайринакдй зарурият ба кормандоне, ки бо чамъовари пардохтхо машгуланд, аз байн меравад.

3. Таъмини дурусти хисоботхо. Истифодаи хизматрасонихои ракамии бонкй хангоми хисоббаробаркунихо барои бехатарй ва таъмини маълумотхои пурра имконият фарохам меоранд, ки дар мавриди пайдо шудани бахсхо ба осонй рохи халлй худро меёбанд.

Барои давлат чунин бартарихо ба даст оварда

мешаванд:

1. Низоми андоз ва андозбандй бехтар кор мекунад. Рушди институтсионалии раванди ракамикунонй хамчун омили муайянкунандаи гагйжрёбии механизми идоракунии андозбандй метавонад дар чор чанба ишора карда шавад:

• ба шакли ракамй табдилёбии пешниходи хизматрасонихои давлатй ба макомоти андоз;

• автоматикунонии назорати андоз;

• ташаккули мухити мусоиди андоз барои хавасмандгардонии сармоягузорй ба технологияхои ракамй;

• танзими андозбандии махсулоти ракамй.

2. Кам шудани сатхи коррупсия. Аз нуктаи назари И.Н. Клюковская ва И.Н. Тер-Аванесова, дар шароити муосир мачмуи чорахои муковимат ба чинояткории коррупсиониро бе истифодаи технологияхои нави иттилоотй тасаввур кардан гайриимкон аст. Махз технологияхои итгилоотй ва коммуникатсионй бояд барои пурра кардани мачмуи усулхои мавчуда оид ба муковимат ба коррупсия ва мусоидат ба бартарафсозии самараноки он пешбинй гарданд [6, С. 157].

3. Кохишёбии харочоти пули накд. Гузариш ба низоми пардохтхои гайринакдй талаботи ахолиро ба пули накд кохиш дода, заруратро барои гирифтани пули накд аз байн мебарад, ки ин дар навбати худ боиси сарфаи вакту харочоти иловагй

мегардад. Fайринакдй гардонидани раванди пардохтхо ахаммияти мухимми иктисодй дошта, истифодаи воситахои пардохти гайринакдй хангоми анчом додани пардохти хизматрасонихои давлатй ин равандро осон ва мувофик мегардонад [9]. Бояд кайд намуд, ки сол аз сол хачми пули накд дар иктисодиёти Чумхурии Точикистон зиёд шуда истодааст. Ба санаи 30 июни соли 2023 вобаста ба рушди иктисодиёт ва афзудани даромадхои ахолй хачми пулхои захиравй 35,1 млрд. сомонй ва хачми пули накд дар муомилот 29,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба хамин санаи соли гузашта Ахамияти ичтимой пеш аз хама аз он бар меояд, ки ин намуд хизматрасонихо ба шахсони дорои имкониятхои махдуд, пиронсолон, шахсоне, ки мувакатан ба ташкилотхои карзй ташриф оварда наметавонанд (аз сабаби беморй), дастрасй ба хизматрасонихои ракамии бонкй дар шароити муосир, таъмин менамояд. Акнун шахсони дорои имкониятхои махдуд метавонанд бе ёрии шахсони сеюм амалиётхоро анчом диханд. Ин дар навбати худ, баланд бардоштани бехатарии иттилоотии маълумотхои шахсй, кохиш ёфтани сатхи каллобй ва суръатхисоби худро пурра идора кардани табакаи ичтимоии осебразири ахолиро муяссар месозад. «Тибки иттилои Агенти сугургаи ичтимой ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон то 1 апрели соли 2022 дар Чумхурии Точикистон шумораи маъюбон 154 хазору 459 нафарро ташкил медихад, ки аз ин шумора 16 хазору 981 нафарашон ба гурухи-1, 76 хазору 160 нафарашон ба гурухи-П, 33 хазору 379 нафарашон ба гурухи Ш дохил мешаванд. Теъдоди маъюбони то 18-сола 31 хазору 939 нафарро ташкил медихад» [8]. Аз маълумотхои оварда шуда бар меояд, ки кисми назаррасй ахолй аз хизматрасонихои анъанавии бонкй барканоранд. Ки чунин холат набояд аз ин пас мукаррарй бошад. Албата, ин табакаи ахолй бояд аз тарафи давлат, ташкилотхои карзй ва хамаи тарафхое, ки бевосита манфиятдоранд, омузонида шаванд. Ин раванд, дар Консепсияи икттисоди ракамй дар Чумхурии Точикистон чун яке аз самтхои мухимтарин арзёбй шудааст: «Бо максади баланд бардоштани саводнокии ракамии ахолй, макомоти ичроияи махаллй дар асоси доимй таълим ва бозомузии ахолиро, аз чумла табакахои осебпазири ахолй: занон, нафакахурон, бекорон, мухочирон ва маъюбонро чихати фарогирии малакахои ракамй амалй менамоянд. Ин барои таъсис ва пур кардани чойхои нави корй дар сохаи иктисоди ракамй ва таксимоти одилонаи дивидендхои он мухим аст» [7, С.28].

Бояд кайд намуд, ки равандхои ракамикунонй дар Чумхурии Точикистон солхои охир вусъат ёфта истодааст. Кабули барномаю консепсияхои давлатй, ки ба онхо дохил мешаванд, инхоянд: Консепсияи иктисоди ракамй дар Чумхурии Точикистон; Барномаи миёнамухлати рушди иктисоди ракамй дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025; Стратегияи миллии фарогирии молиявии Чумхурии Тохикистон барои солхои 2022-2026 ва ташкили

мутаносибан 8,6 фоиз ва 6,8 фоиз зиёд мебошанд [3]. Зиёд шудани хачми пули накд харочотхои Бонки миллии Точикистонро меафзояд. Хамзамон, нодуруст нигохдорй ва истифодаи пули накд ин харочотхоро боз хам зиёд мегардонад. Аз ин лихоз Бонкии миллии Точикистон дар Стратегияи сиёсати пулию карзии Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025 чунин муайян кардааст: «рушди низоми пардохтй ва хисоббаробаркунихои гайринакдй бо рохи чорй намудани технологияхои муосири молиявии ракамй, чихати кам намудани хиссаи пули накд дар муомилот» [11, С.7]. сохтори алохида - Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президента Чумхурии Точикистон.

Кайд намудан ба маврид аст, ки дар байни хамаи сохахои иктисодиёт низоми бонкй пешсаф мебошад. «Ба низоми бонкй татйироти доимй хосанд: он барои таъсири беруна кушода аст, кодир аст маълумотро аз мухити беруна чамъ кунад, онро коркард кунад ва омузад. Сохтори институтсионалии низоми бонкй, ки дар шаклхои гуногун, ба монанди санадхои конунгузорй ва меъёрй, схемахои расмй ва гайрирасмии хамкорй амалй карда мешавад, таЕЙирёбанда буда, доимо шакливазкунанда мебошад. Аз ин ру, низоми бонкй яке аз сохахои иктисодиёт мебошад, ки дар он технологияхои нав фаъолона истифода мешаванд. Аз як тараф, низоми бонкй технологияхои нави ракамиро истифода мебарад ва аз тарафи дигар, ташаббускори чунин навоварихо мебошад^» [1. С. 4].

Зимни ноил шудани низоми бонкй ба натичахои назаррас дар масъалаи ракамикунонй мушкилихое зиёд вучуд доранд, ки бояд дастачамъона рохи халли худро ёбанд. Пеш аз хама чунин тадбирхо бояд амалй шаванд [2, С. 32-33]:

• мукаммалгардонии заминаи техникию технологии хизматрасонихои бонкй дар кишвар, бахусус дар нохияхои дурдаст;

• баланд бардоштани маърифати молиявии ахолй, аз чумла ахолии минтакахои дурдасти кишвар оид ба истифодаи хизматрасонихои электронии низоми бонкй, такмили стратегияи фарогирии молиявй;

• тахия ва татбики барномахои молиявии муосир оид ба содагардонии раванди ичрои амалиёт дар низоми бонкй;

• рушди хизматрасонихои молиявии ракамй;

• таъсиси маркази хамохангсозии савдои электронй бо низоми бонкй;

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

• ба таври назаррас зиёд намудани хиссаи пардохтхои гайринакдй бо истифода аз воситахои электронии пардохтй;

• таквият бахшидани корхои фахмондадихй ва омузишй дар самти ислохоти татбикшуда ва баланд бардоштани саводнокии ракамии истифодабарандагони хизматрасонихои бонкй. Ташкилотхои карзие, ки аз равандхои

ракамикунонй акиб мемонанд, ба душворихои зиёде ру ба ру

мешаванд. Пеш аз хама, ракобатпазирй коста гашта, нархи хизматрасонихо дар сатхи баланд бокй мемонанд. Дуюм, хавфи аз даст додани кисми мизочон, дар оянда пурра аз даст додани мизочон вучуд дорад, ки инро ташкилотхои карзй бояд ба назар гиранд. Сеюм, кадрхои рохбарикунандаи ташкилотхои карзй бояд ба равандхои ракамикунонй, дуруст бахо дода тавонистани ин равандхо мутобик бошанд. Чорум, сатхи имкониятхои молиявии ташкилотхои карзй ба гузариши ракамй бояд басанда бошад.

Хамин тарик, ахамияти иктисодии хизматрасонихои ракамии бонкй дар шароити муосир, аз хадафхои он аён гашта, пеш аз хама, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотхои карзй равона карда шудааст. Кохиш додани нархи амалиётхо аз хисоби гузариш ба хизматрасонихои ракамй, сарфаи вакт, баланд бардоштани самаранокии кормандони ташкилотхои карзй, хамзамон, баланд бардоштани сифати хизматрасонихо - ин аст руйхати ноппураи ахамияти иктисодии хизматрасонихои ракамии бонкй. Ба он метавон илова намуд, болоравии ракобатпазирй аз хисоби технологияхои муосир, чалби мизочони нав, ки намехоханд вакти худро барои ташриф ба ташкилоти карзй сарф кунанд.

Ахамияти ичтимой дар он ифода мегардад, ки хизматрасонихои ракамии бонкй масъалахои ичтимоии ахолиро дар доираи имкониятхои худ хал менамояд. Акнун шахсони дорои имкониятхои махдуд, пиронсолон, шахсоне, ки мувакатан ба ташкилотхои карзй ташриф оварда наметавонанд (бинобар беморй) дастрасй ба хизмарасонихои ракамии бонкиро пайдо карданд.

Бояд кайд намуд, ки новобаста ба бартарихои зиёде, ки хизматрасонихои ракамии бонкй доро мебошанд, ин маънои онро надорад, ки нуктахои (филиалу марказхои хизматрасонй) ташкилотхои карзй аз байн мераванд. Кисми зиёди ахолии Чумхурии Точикистон, то хол шахсан ба ташкилотхои карзй ташриф меоранд. Якинан, хиссаи онхо сол аз сол кам мешавад, вале ба фикри мо, пурра аз байн намеравад, зеро дар хар давру замон мизочоне ёфт мешаванд, ки ба гайр аз хизматрасонихои бонкй, барои онхо боз муоширати «зинда» ахамияти калон дорад.

Хамин тарик, бо назардошти ин омилхо, ташкилотхои карзй бояд фаъолияти худро дар харду самт (онлайн ва оффлайн) пурзур намоянд.

Адабиёт

1. Алленых М.А. Банковская система как институт рыночной экономики. Банковские услуги. - 2007. - № 8. -С. 2-8.

2. Барномаи миёнамухлати рушди иктисоди ракамй дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2021 -2025. №441, аз 16.06.2021. - 65 с.

3. Бонки миллии Точикистон. Шархи монетарй (январ-июни 2023). [Маводи электронй]. - Речаи дастрасй: https://nbt.tj/upload/iblock/031/c5bd1yswgjr6r397ecxkudmrsd251rvk/ Sharh monetari 2023 2kv.tj.pdf (Санаи дастрасй: 30.11.2023).

4. Ветрова Е.А., Сопова Е.В., Скирневская Л.Н. Цифровизация оказания финансовых услуг лицам с ограниченными возможностями и обеспечение финансовой надежности банка // Тенденции развития Интернет и цифровой экономики: труды III Всерос. с междунар. участием науч.-практ. конф. (РФ, Симферополь - Алушта, 4-6 июня 2020 г.). - С. 224-227.

5. Гулькова Е. Л., Карп М. В., Типалина М. В. Налоговые вызовы цифровой экономики // Вестник университета. - 2019. - № 4. - С. 89-95.

6. Клюковская И.Н., Тер-Аванесова И.Н. Развитие современных информационно-коммуникационных технологий и их влияние на динамику коррупционных проявлений // Гуманитарные и юридические исследования - 2021. - № 1. - С. 152 - 160.

7. Консепсияи иктисоди ракамй дар Чумхурии Точикистон. № 642, аз 30.12.2019. - 33 с.

8. «Маъюбон кисми чудонашавандаи чомеа мебошанд». [Маводи электронй]. - Речаи дастрасй: https://tajsohtmon.tj/tj/navidho/12169-mavubon-ismi-udonashavandai-omea-meboshand-imrz-dar-toikiston-rzi-mavubon-va-pironsolon-ashn-girifta-meshavad.html (Санаи дастрасй: 30.06.2023).

9. Низоми пардохтхои гайринакдй. Чорй намудани он такозои замон буда, дар пешгирй намудани омилхои коррупсионй мусоидат менамояд. [Маводи электронй]. - Речаи дастрасй: https://www.tajmedun.tj/tj/akhbor/7ELEMENT Ю=24024 (Санаи дастрасй: 27.07.2023).

10. Паёми Президента Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй». [Маводи электронй]. - Речаи дастрасй: http://www.president.tj/node/32191 (Санаи дастрасй: 27.01.2024).

11. Стратегияи сиёсати пулию карзии Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025. Душанбе. 2020. - 9 с.

12. Саидов, Р.Н. Покупательная способность денежных доходов населения в Республике Таджикистан / Р.Н. Саидов // Вестник университета (Российско-Таджикский (Славянский) университет). 2020. № 2 (70). С. 125132.

13. Финансовая грамотность населения в условиях цифровизации экономики. [Маводи электронй]. - Речаи дастрасй: https://glavnayatema.com (Санаи дастрасй: 04.06.2023).

14. Фурсова В., Терновская Т.Н., Романов Е.В. Внедрение чат-ботов в технологии дистанционного банковского обслуживания // Вестник МФЮА. - № 4. - 2020 - C.45-52.

15. Хайрзода, Ш.К. Дигаргуншавии сохтори низоми бонкии Чумхурии Точикистон дар шароити ноустувории молиявй / Ш.К. Хайрзода // Паёми молия ва иктисод. № 3 (23). С. 7-18.

16. Чат-бот банка. Что это и как работает. [Маводи электронй]. - Речаи дастрасй: https://express.ms/blog/obzorv/chat-boty-bankov-kak-rabotavut-tsifrovYe-pomoshchniki/ (Санаи дастрасй: 04.06.2023).

Маълумот дар бораи муаллифон:

Х,икматов Умедчон Сафаралиевич - доктори илмхои иктисод. Профессори кафедраи кори бонкй. Донишгохи миллии Точикистон 734025, Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, кучаи Буни Дисорак, шахраки донишчуён. Тел: +992 93 931-70-70 e-mail: [email protected]

Исхаков Дилшод Илхомович - унвончуи кафедраи кори бонкй. Донишгохи миллии Точикистон. 734025, ш. Душанбе, кучаи Буни Дисорак, шахраки донишчуён. E-mail: [email protected] Тел.: (+992 88) 771-8888.

Информация об авторах:

Хикматов Умеджон Сафаралиевич - доктор экономических наук, профессор кафедры банковского дела Таджикского национального университета. Адрес: 734025, Таджикистан, г. Душанбе, ул. Айни 37.Тел: +99293-931-70-70. E-mail: [email protected]

Исхаков Дилшод Ильхомович - соискатель кафедры банковского дела Таджикского национального университета. Адрес: 734025, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Студенческий городок. Тел.:(+992 88) 771-88-88 Email: [email protected]

Information about authors:

Hikmatov Umedjon Safaralievich - Doctor of Economics, Professor of Banking department. Tajik National University. 734067, Republic of Tajikistan, Dushanbe, 37 Ayni str. Phone: +992 93 931-70-70. E-mail: [email protected]

Iskhakov Dilshod Ilhomovich - Applicant to the Department of Banking. Tajik National University. 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Buni Hisorak str. Phone(+992 88) 771-88-88 E-mail: [email protected]_

УДК: 336 (575.3)

СТРАТЕГИЯИ РУШД ВА ТАЪСИРИ ОН БА РАВАНДИ ТАШАККУЛИ НИШОНДИХДНДАДОИ МОЛИЯВИИ НИЗОМИ БОНКИИ чумхурии ТОЧИКИСТОН

Низомов Самариддин Фахриевич Кобилова Шафоатчон Толибчоновна

Аннотатсия. Дар макола пахлухои нахариявй-амалии стратегияи рушди бонкхои тичоратй ва таъсири он ба чараёни ташаккули нишондихандахои молиявии ташкилотхои карзй мавриди тахкик карор гирифтааст. Муаллифон ба он назаранд, ки стратегия рушди бонкхои тичоратй метавонад барои таквияти амалиёти бонкй, устувории молиявй ва суботи доимии ташкилотхои карзй заминаи мусоидро фарохам оварда, сатхи ракобатпазирии бонкхоро тахким бахшад. Илова ба ин, дар макола нишондихандахои молиявии низоми бонкии Чумхурии Точикистон тахлил гардида, таъсири стратегия рушд ба раванди ташаккули онхо баррасй гардидааст.

Чихати таквияти минбаъдаи низоми бонкй ва таъсири бештари стратегияи рушд ба афзоиши нишондихандахои молиявии низоми бонкй аз чониби муаллифон пешниходхои муфид тавсия гардидааст.

Калидвожа^о: бонкхои тичоратй, ташкилотхои карзй, стратегияи рушд, баходихй, банакшагирй, даромаднокии бонкхо, пардохтпазирй, низоми бонкй.

Барои иктибос: Низомов С.Ф. Стратегияи рушд ва таъсири он ба раванди ташаккули нишондихандахои молиявии низоми бонкии Чумхурии Точикистон / С. Ф. Низомов, Ш. Т. Кобилова // Паёми молия ва иктисод. - 2024. - No. 1(40). - С. 19-30.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.