УДК: 330.564.224
ЗАРУРИЯТИ ТАКМИЛИ РУШДИ СО^ИБКОРИИ ИСТЕ^СОЛЙ ДАР СТРАТЕГИЯИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ
Неъматуллозода Ф.Н.
Аннотатсия. Со%ибкории исте%соли цузъи асосии низоми щтисодии дилхо% давлат ба шумор меравад. Со%ибкории исте%соли дар ба вуцуд овардани цощои кори, зиёд кардани ицтидори исте%соли, бе%тар намудани сифати ма%сулот ва зиёд грдидани даромади милли кумак мерасонад. Дар шароити ца^онишави ва пешрафти босуръати технологи, зарурияти такмили со%ибкории исте%соли махсусан мубра мегардад. Дар ин мацола самт%о ва механизм%ои асосии такмили со%ибкории исте%соли, инчунин нацши давлат, маориф ва инноватсия дар ин раванд барраси мешавад.
Калидвожахр: со%ибкори, со%ибкории исте%соли, рушди со%ибкории исте%соли, саноатикунони, саноатикунони босуръат, дастгирии давлати, рацобатпазири. Барои ицтибос: Неъматуллозода, Ф.Н. Зарурияти такмили рушди со%ибкории исте%соли дар стратегияи саноатикунонии босуръат / Ф. Н. Неъматуллозода // Паёми молия ва ицтисод.- 2024 №4 (43) - С. 404-420.
НЕОБХОДИМОСТЬ СОВЕРШЕНСТВОВАНИЕ РАЗВИТИЕ ПРОИЗВОДСТВЕННОГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВО В СТРАТЕГИИ УСКОРЕННОЙ ИНДУСТРИАЛИЗАЦИИ
Неъматуллозода Ф.Н.
Аннотация. Производственное предпринимательство является ключевым элементом экономической системы любой страны. Производственное предпринимательство способствует созданию рабочих мест, повышению производственных мощностей, улучшению качества продукции и увеличению национального дохода. В условиях глобализации и быстрого технологического прогресса необходимость совершенствования производственного предпринимательства становится особенно актуальной. В данной статье рассматриваются основные направления и механизмы совершенствования производственного предпринимательства, а также роль государства, образования и инноваций в этом процессе.
Ключевые слова: предпринимательство, производственное предпринимательство, развитие производственного предпринимательство, индустриализация, ускоренная индустриализация, государственная поддержка, конкурентоспособность.
THE NEED TO IMPROVE DEVELOPMENT OF PRODUCTION ENTREPRENEURSHIP IN THE STRATEGY OF ACCELERATED INDUSTRIALIZATION
Nematullozoda F.N.
Annotation. Manufacturing entrepreneurship is a key element of the economic system of any country. Manufacturing entrepreneurship helps create jobs, increase production capacity, improve product quality and increase national income. In the context of globalization and rapid technological progress, the need to improve manufacturing entrepreneurship is becoming especially urgent. This article examines the main directions and mechanisms for improving manufacturing entrepreneurship, as well as the role of the state, education and innovation in this process.
Key words: entrepreneurship, manufacturing entrepreneurship, development of manufacturing entrepreneurship, industrialization, accelerated industrialization, government support, competitiveness.
ry3opnmn Macba.ia. 3apypaTH TaKMunu coxh6kophh HCTexconH gap HyMxypuu To^hkhctoh ^aH6au MyxHMH pymgu ycryBopu hkthcoah Ba pymgu h^thmohh KHmBap Me6omag. Eaxmu HCTexconH gap xaMa ryHa HKTHCogueT HaKmu KanugH gopag, 3epo oh 6eBocuTa 6a Tatcucu ^ohxoh KopH, 6exTap mygaHH caTxu 3HHgarH, 6exTap mygaHH CH^aTH MaxcynoT Ba paKo6aTna3upuH yMyMH gap apcau 6aHHanMHnanH Tatcup MepacoHag. ^ap ^yMxypuu To^hkhctoh hh 6axm 6a TaBpu aHtaHaBH khcmh MyxHMH ^atonuaTH HKTucogupo TamKH. Megog, Bane gap conxou oxup MatnyM rapgug, kh paBHmxo Ba Mogenxou MaB^ygau HCTexconH a3HaBC03H Ba MyTo6uKmaBH 6a mapouTH Myocupu HKTucogupo TaK030 MeKyHaHg. A3 ^yMna, coxh6kophh HCTexconH 60 aK KaTop MymKHnoT, a3 Ka6unu HCTH^ogau TexHonoruau KyxHa, hmkohoth Ma6narry3opuH Maxgyg, caTxu nacru TaxaccycHOKHH KoprapoH Ba gacirupHH hokh^oah xyKyMaT py6apy acT, kh cyptaTH pymgu hh 6axmpo cycT MerapgoHag.
Tax,.H.n Tax,KHKOTx,OH oxiip Ba Hampner. Mactanaxou 3apypuaTH TaKMHnu pymgu coxh6kophh HCTexconH gap CTpaTeruaH caH0aTHKyH0HHH 6ocyptaT HMpy3xo aKe a3 caMTxoH MyxHMH TaxKHKOTH H.MHH MyxaKKHKOHH BaTaHH Me6omag. Mactanaxou Ma3Kyp gap HHTHmopoTH nyHHH o.hmoh H.H. A6gynnoeBa [1], H.M. AxMag6eK0Ba [2], C/H,. Komh.ob [3], C/H,. MaxmynoB [5], T/H,. Hu30M0Ba [6], CO. HH30M0B [7], H.X,.
CaugMypogoB [8] Ba gurapoH MaBpugu 6appacH Kapop rupu^TaaHg.
MaKcagn MaKO.ia - Taxnunu 3apypaTH TaKMHnu coxh6kophh HCTexconH gap mapouTH gurapryHHxoH Myocupu hkthcoah Ba TexHonorH Me6omag. Mo OMunxoepo guga Me6apoeM, kh 6a pymgu oh Tatcup MepacoHaHg Ba HHHyHHH 6ap0H 6exTap KapgaHH ^atonuaTH coxh6koph gap coxau HCTexconH TaBCuaxo nemHHxog MeKyHeM.
MyxraBon acociiii MaBog. ^ap CTpaTeruau mh..hh pymgu HyMxypuu To^hkhctoh 6ap0H To^hkhctoh aKnaHg TaxgugxoH acocH OBapga mygaacT Ba gap caMTH pymgu coxh6kophh HCTexconH nyHHH KaHg rapgugaacT, kh «Hokh^oa 6ygaHH mapouT 6apoH ^a30H coxh6koph, kh gap TaH3HMH 6ap3ueg Ba raMpucaMapaHOK, Koppyncua, cap6opuH a3 xag 3Hegu aHg03H Ba gymBopuxou MatMypuKyHOHHH aHg03, caTxu 6anaHgu M0H0n0nH3aTcua, Myxo$H3aTH 3au^u xyKyKxou Mony MynKH Ba xyKyKxou coxh6kopoh u^oga Mee6ag. HMpy3 TatMHHH mapouTxou Mycoug 6ap0H nem6ypgu ^atonuaTH coxh6koph, ^apoxaM OBapgaHH mapouT ^uxaTH Ka^onaT gogaHH xh$3h xyKyKxou Mony MynKH, ^an6u capM0ary30pux0H MycTaKHM Ba ugopaKyHHH caMapaHOKH gopouxou xygH mapTxou 3apypH 6ap0H coxaxoH a$3anHaTH0KH HKTucogueT 6a xhco6 MepaBaHg» [9, c.27].
Hkthcoah ^yMxypuH To^hkhctoh H0B06acTa a3 MaB^yguaTH 3Hegu 3axupaxou Ta6uH, to xon a3 coxaxou xo^aruu KHmnoK Ba caHoaTH HCTuxpo^ Bo6acTa Me6omag. ^ap
солхои охир хукумати кишвар барои диверсификатсияи иктисодиёт фаъолона кор бyрда, ба сохахои саноат, энергетика, сохтмон ва коркарди махсулоти хочагии кишлок таваччух зохир менамояд. Аммо бахши саноати истехсолй дар Чумхурии Точикистон то хол бо як катор тахдидхо рубару мегардад, ки ин раванд рушди онро маxдyд намyда, ракобатпазирии маxсyлотxои ватаниро дар арсаи байналмилалй имкон намедихад. Яке аз масъалаи мухим ин сатхи пасти рушди технологй мбошад. Дар бисёр корхонахои истехсолй, хусусан дар саноати сабук ва хурокворй усулхои кухнашудаи истехсолй ба кор бурда мешаванд, ки ба стандартхои хозиразамони самарабахш мувофик нестанд. Ба ин гуна корхонахо махсулнокии паст, арзиши баланди махсулот ва имкониятхои махдуд барои васеъ шудан ба бозорхои хоричй дучор мешаванд.
Fайр аз ин, нокифоя тараккй кардани инфрасохтори истехсолй проблемаи мухим мебошад. Дар Чумхурии Точикистон нарасидани тачхизоти замонавй, шабакахои наклиётию логистикй дида мешавад, ки ба рушди босуръат ва самараноки истехсолот халал мерасонад. Ин ба кобилияти умумии корхонахо низ таъсири манфй расонида, боиси кам шудани фоидаи онхо ва баланд шудани арзиши аслии махсулот мегардад. Ин мушкилот махсусан дар чунин сохахо, аз кабили хочагии кишлок ва саноати хурокворй, ки логистика дар таъмини самаранокии истехсолот накши мухим мебозад, зохир мешавад.
Махшулов С.Ч. дар тахкикотхои худ аз нуктаи назари танзими институтсионалии сохибкории истехсолй чунин кайд менамояд, ки: «Барои рушди сохибкории истехсолй ва фаъол гардонидани ин бахш дар баробари институтхои молиявй такмил ва тахияи як катор барномаву хуччатхо бояд рохандозй гардад. Зеро фаъолияти сохибкорй дар Чумхурии Точикистон дар асоси конунхо "Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии
сохибкорй дар Чумхурии Точикистон", "Дар бораи созишномахои сармоягузорй", "Дар бораи ичозатномадихй", "Дар бораи мораторияи санчиши фаъолияти субъектхои сохибкорй", Барномаи давлатии дастгирии фаъолияти сохибкорй барои солхои 20122020 ва барномаву стратегияхо ба рох монда шудааст» [5, с.154].
Чумхурии Точикистон, ки дар рохи тараккиёти иктисодй ба зарурияти бартараф намудани мушкилоти чиддие, ки бо азнавсозии иктисодиёт алокаманданд, карор дорад. Дар шароити тагйироти иктисодии чахонй ва тагйироти дохилии сохторй яке аз самтхои асосии стратегияи саноатикунонии босуръат рушди сохибкории истехсолй мебошад. Бахши истехсолии иктисоди Чумхурии Точикистон дар холи хозир бо сатхи пасти тачхизоти технологй, махдуд будан дар захирахои азнавсозй ва хамгироии нокифояи равандхои инноватсионй тавсиф мегардад. Х,амзамон, сноатикунонии босуръати кишвар бояд асоси рушди устувори иктисодй, диверсификатсияи иктисодиёт, таъсиси чойхои нави корй ва баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум гардад. Аз ин лихоз, зарурияти тахия ва татбики чорахои комплексй оид ба бехтар намудани шароит барои рушди сохибкории истехсолй мубрам мегардад.
Мафхум ва мохияти сохибкорй ба акидаи Ахмадбекова Н.М. ин: «...Сохибкорй ин фаъолияти алокаман на танхо бо истифодаи самараноки захирахои нодир буда метавонад, балки конеъ гардонидани талаботи ахолй тавассути истехсол, таксимот, мубодила ва истеъмоли молхои чамъиятй бо назардошти чамъ овардани сатхи муайяни тачриба ва махорат фахмида мешавад». [2, с.75].
Бо вучуди хамаи талошхои бештари худ, сохибкорон дар Чумхурии Точикистон бо арзиши баланди карзгирй, мушкили дар дастрасй ба маблаггузорй ва имконоти махдуди дарёфти кумакпулй ва имтиёзхои
андозй рубару мегарданд. Сохибкорони хурду миёна, ки асоси сохаи истехсолотро ташкил медиханд, аксаран бинобар набудани воситахои дастраси молиявй ва сатхи баланди хатархо имкони сармоягузорй барои азнавсозии тачхизот ва чорй намудани технологияхои навро надоранд. Дар шароити ноустувории иктисодй ва набудани кафолатхои давлат, аксари сохибкорон аз сармоягузории калон ба истехсолот даст кашиданро афзал медонанд, ки ин рушди тамоми бахши саноатро суст мегардонад. Илова бар ин, меъёрхои баланди андоз ва монеахои маъмурй барои рушд ва тавсеаи сохибкорй мушкилоти иловагй эчод мекунанд.
Проблемаи набудани диверсификатсия дар бахши истехсолй низ вучуд дорад. Дар Чумхурии Точикистон бештари иктидори истехсолй то хол дар бахшхои анъанавй, аз кабили хочагии кишлок ва саноати хурокворй мутамарказ шудааст, ки суръати баланди рушд ва иктидори инноватсиониро надоранд. Барои он ки иктисодиёти кишвар устувортар ва дар сатхи байналмилалй ракобатпазир гардад, рушди сохахои нави технологияи пешрафта, аз кабили мошинсозй, электроника, энергияи баркароршаванда ва коркарди партовхо зарур аст. Ин маблаггузории назаррасро ба тахкикот ва коркардхо, инчунин фарохам овардани мухити мусоид барои инноватсия талаб мекунад.
Дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 якчанд нуктахои асосии афзалиятхо ва бехсозии фазои сармоягузорй, махсусан дар самти сохибкории истехсолй ва саноат омадааст, аз чумла:
«- рушди сохибкории истехсолй ва саноат оид ба коркарди ашёи хоми ватанй, татбики лоихахои сармоягузорй бо чорй намудани технологияхои пешкадам ва баланд бардошани иктидори содиротии кишвар;
- кам кардани монеахои маъмурй ва ташаккули инфрасохтори рушд ва дастгирии сохибкории хурд ва миёна дар сатхи чумхуриявй ва махаллй;
- ташаккулдихии низоми иттилоотии сохибкорй дар саноат ва мусоидат ба ташкил намудани бизнес-инкубаторхо бо назардошти талаботи мардон ва занон, сохибкорони дехот;
- пурзур намудани хукукхои молу мулкй, рушди ракобат ва таъсисдихии ниход (институт)-и Омбудсмен оид ба хифзи хукукхои сохибкорон;
- истифодаи механизмхои хамкорихои давлат бо бахши хусусй дар сохаи энергетика, сохтмон ва баркарорсозии роххои автомобилгард ва инфрасохтори рохи охан ва баркарорсозии фурудгоххо, дар сохаи ХМК, маориф ва тандурустй;
- тахкими механизмхои хамкорй байни Хукумати Чумхурии Точикистон ва шарикони рушд тавассути истифодаи тачрибаи пешкадами раванди Х,амкорихои глобалй оид ба хамкории самарабахш барои рушд (ХГ^СБР);
- Дастгирй ва хавасмандгардонии истехсолкунандагон ва содироткунандагони молхои ватанй» [9, с.85].
Аз тхлили нуктахои асосии афзалиятхо ва бехсозии фазои сармоягузорй, ки дар Стратегияи милллии рушд омадааст, чунин хулосагирй намудан мумкин аст, ки рушди сохибкории истехсолй ва саноат дар Чумхурии Точикистон, ки ба коркарди ашёи хоми ватанй, татбики лоихахои сармоягузорй бо истифодаи технологияхои пешкадам ва баланд бардоштани иктидори содиротй равона шудааст, як сохаи мухим дар рушди иктисоди кишвар мебошад. Чорй намудани ин навигарихо ва амалисозии лоихахои инноватсионй, ки бо рохи кохиш додани монеахои маъмурй ва бехсозии инфрасохтор ба рох монда мешаванд, имкон медиханд, ки иктисоди миллй ба як мархалаи нав, ки ба талаботи чахонй мутобик аст, расад. Ба
тахким ва рушд додани сохибкории хурд ва миёна дар сатхи чумхуриявй ва махаллй, ки дар шароити таъмини хукуки баробар барои мардон ва занон дар сохаи сохибкорй ба амал меояд, диккати махсус дода мешавад.
Дар хамин хол, ташаккули низоми иттилоотии сохибкорй дар саноат ва таъсис додани бизнес-инкубаторхо барои дастгирии сохибкорон, аз чумла сохибкорони дехот, бо максади омода кардани кадрхои нав ва рушди имкониятхои сохибкории махаллй, инчунин баланд бардоштани ракобатпазирй дар бозорхо, як кадами мухим мебошад. Инчунин, пурзур намудани хифзи хукуки молу мулк ва таъсис додани ниходхои Омбудсмен барои мухофизат кардани хукукхои сохибкорон дар равандхои иктисодй ва хукукй дар фазои корй сахм мегузорад.
Механизмхои хамкории давлат бо бахши хусусй, махсусан дар сохахои стратегие, чун энергетика, сохтмон ва баркарорсозии инфрасохтор, инчунин хамкорихои глобалй барои рушд ва дастгирии ташкилотхои байналмилалй дар сахми рушд ба таъмини пешрафт ва рушди устувори кишвар мусоидат мекунанд. Дастгирй ва хавасмандгардонии
истехсолкунандагон ва содироткунандагони молхои ватанй бо максади тавсеа додани иктидори содиротии кишвар ва пешбурди иктисодиёти миллй дар бозорхои байналмилалй ахамияти мухим дорад.
Ин равандхо ва тадбирхои кабулшуда аз чумлаи чанбахои нав ва таъсиргузори иктисодии кишвар буда, барои рушд ва тахкими истехсолот ва содирот дар сатхи миллй ва чахонй дар тамоми самтхои истехсолй ва инфрасохторй заминаи устуворро фарохам меоранд.
Дар хамин хол, дар солхои охир дар Чумхурии Точикистон самтхои нави технологй, аз кабили ракамикунонии истехсолот, автоматикунонй ва истифодаи зехни сунъй ба таври фаъол рушд карданд. Ин
технологияхо дар хамаи даврахои раванди истехсолот хосилнокии мехнатро хеле баланд бардошта, сифати махсулотро бехтар ва арзиши аслии онро арзон карда метавонанд. Чори намудани чунин технологияхо дар корхонахо, бахусус дар сохахои энергетика, маъдан, металлургия, инчунин дар сохаи кишоварзй самаранокй ва ракобатпазирии махсулотро хеле баланд мебардорад.
Аммо барои татбики бомуваффакияти стратегияи азнавсозии технологй дар сохаи истехсолии Чумхурии Точикистон чорисозии на танхо технологияхои нав, балки тагйироти чиддие дар сохаи маориф ва инфрасохтор низ зарур аст. Низоми таълим бояд ба тайёр кардани мутахассисоне нигаронида шавад, ки тавонанд бо тачхизоти баланди технологй ва низоми ракамй кор кунанд. Инкишоф додани низоми таълими касбй, ташкил намудани накшаи нави таълимй ва курсхои тайёр кардани мутахассисон дар сохаи техника, технологияи информатсионй ва идоракунй мухим аст. Еайр аз ин, инфрасохтори наклиёт ва энергетикиро нав кардан лозим аст, ки ин боиси кам шудани харочот ва баланд шудани самараи кори корхонахо мегардад.
Мушкилоти мухими рушди сохибкории истехсолй низ нарасидани кадрхои баландихтисос мебошад. Имруз дар Чумхурии Точикистон камбуди мутахассис дар бахшхои калидии мошинсозй, технологияхои иттилоотй, технологияхои пешкадам ва менечмент ба таври назаррас мушохида мешавад. Сабаби ин як катор омилхо, аз чумла, набудани тахассуси коргарони мавчудбуда, инчунин набудани барномахои зарурии таълимию касбие мебошад, ки ба талаботи истехсолоти муосир мувофик бошанд. Бозори мехнат талаботи корхонахоро ба кадрхои баландихтисос пурра конеъ намегардонад, ки ин дар навбати худ чорй намудани технология ва усулхои нави корро душвор мегардонад. Аз ин ру, азнавсозии сохаи истехсолот бе рушди бароарии низоми таълим ва такмили
ихтисоси мутахассисон, бахусус дар сохахои мухандисй, технологияхои иттилоотй, идоракунии равандхои истехсолот ва ракамикунонй гайриимкон аст.
Х,авасмандгардонии сохибкорй,
фарохам овардани шароити мусоид барои рушди сохибкории хурду миёна, рушди механизмхои молиявии дастгирии лоихахои инноватсионй ва стартапхо, инчунин бехбуди фазои сохибкорй дар кишвар - хамаи ин тадбирхо дар самти рушди сохибкории истехсолй кадамхои мухим дар Чумхурии Точикистон мебошанд. Инчунин идома додани талошхо барои бехтар кардани дастгирии давлатй, аз чумла имтиёзхои андоз, субсидияхо барои истехсоли махсулоти тозаи экологй ва дастгирии тахкикот ва коркард мухим аст. Дар нихояти кор, ин чорабинихо на танхо ба баланд бардоштани ракобатпазирии истехсолоти миллй мусоидат мекунанд, балки иктисоди Чумхурии Точикистонро ба таконхои иктисодии берунй ва тагйирот дар бозорхои чахонй устувортар мекунанд.
Дар шароити чахонишавй, пешрафти босуръати технологй ва тагйирёбии омилхои иктисодии хоричй самти мухими рушди устувори иктисодиёти Чумхурии Точикистон ин такмили сохибкории саноатй ба хисоб меравад. Сохибкории истехсолй чузъи чудонашавандаи низоми иктисодй буда, ба таъсиси чойхои корй, афзун намудани иктидори истехсолй, бехтар шудани сифати махсулот ва баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум фаъолона мусоидат мекунад. Сарфи назар аз муваффакиятхои муайян дар тараккиёти саноат, дар назди мамлакат як катор вазифахо истодаанд, ки барои нав кардан ва тараккй додани сохаи истехсолот андешидани тадбирхои самарабахшро такозо мекунанд. Ин ба зарурати мутобик шудан ба шароити муосири чахонй, чорй намудани технологияхои инноватсионй ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захирахо вобаста аст.
Дар ин бобат тахкикотчии ватанй Комилов С.Ч. дар тахкикотхои худ дуруст кайд мекунад, ки: «Мубрам будани масъалаи ташаккул ва рушди сохибкории инноватсионй низ ба кохиши пайвастаи истехсоли навъхои стратегии махсулоти илмй ва хизмат, сатхи пасти илмию техникии истехсолот, паст будани сатхи ракобатпазирии молхои ватанй, дарачаи баланди фарсудашавии фондхои асосй ва аз кор рафтани иктидорхои истехсолй оварда мерасонад. Х,амаи ин ба фарохам овардани иклими мусоиди инноватсионй барои ширкатхои миллй ва махсусан хоричй мусоидат намекунад, баръакс воридшавии сармоягузории хоричиро бозмедорад ва самаранокии рушди инноватсиониро паст мекунад» [4, с. 278].
Гузариш ба моделхои нисбатан устувор ва инноватсионии рушд, ки хусусиятхои иктисоди миллй, талаботи бозори дохилй ва имкониятхои чорй намудани технологияхои пешкадам ва усулхои тичоратро ба инобат мегиранд, яке аз вазифахои мухимтарин мебошад. Ба ин муносибат такмил додани сохибкории истехсолй на факат зарурияти иктисодй, балки ичтимой хам мегардад. Барои конеъ гардондани талаботи замон чй соххахои алохида ва чй тамоми низоми идоракуниро дар бахши истехсолии иктисодиёт ба таври комплекс нав кардан зарур аст.
Раванди такмил додани сохибкории истехсолй бояд дар як катор сохахои асосй пеш равад. Яке аз ин самтхо азнавсозии инфрасохтор ва чорй намудани технологияхои пешкдам мебошад, ки хосилнокии мехнатро зиёд ва харочотро кам мегардонад. Бояд кайд кард, ки корхонахои истехсолии Чумхурии Точикистон сарфи назар аз чудошавии нисбии худ аз бозори чахонй, ба чорисозии фаъолонаи технологияхои ракамй ва низоми автоматикунонидашуда шуруъ мекунанд, ки ба баланд шудани самаранокии тамоми
мархилахои раванди истехсолот мусоидат мекунад.
Зарурияти баланд бардоштани тахассуси кувваи корй, ки ба шароити тагйироти технологй ва ракамисозй мутобик карда шудааст, низ яке аз чанбахои мухими такмили сохибкории истехсолй мебошад. Дар шароити ба таври динамики тагйирёбии бозори дониш ва технологияи Чумхурии Точикистон бо мушкилоти нарасидани кадрхои баландихтисос дар сохаи мухандисй, технологияхои иттилоотй ва менечмент рубару шудааст. Яке аз мушкилоти мухим дар сохаи сохибкории истехсолй дар Чумхурии Точикистон ин дастгирии нокифояи давлат аз чихати субсидия ва карз ба сохибкории хурду миёна мебошад. Ин корхонахо, ки асоси иктисодиёти кишвар мебошанд, дар мархилаи ташаккул ва васеъ намудани иктидорхои истехсолй ба маблаггузории имтиёзнок, дастгирии давлатй эхтиёч доранд. Набудани механизмхои молиявии дастгирии лоихахои инноватсионй, инчунин фоизи баланди карз имкониятхои сохибкоронро барои тавсеа ва навсозии истехсолот махдуд мекунад.
Сиёсати давлатй дар сохаи рушди сохибкории истехсолй бояд ба фарохам овардани шароити дарозмуддат ва устувор барои пешбурди сохибкорй нигаронида шавад. Яке аз унсурхои мухими ин сиёсат рушди низоми хавасмандгардонии андоз барои сохибкорон, чорисозии субсидия барои истехсоли махсулоти аз чихати экологй тоза ва дастгирии сохибкории хурду миёна мебошад.
Х,амин тавр, зарурати такмили сохибкории истехсолй дар Чумхурии Точикистон бо мушкилоти дохилй ва берунй вобаста аст. Стратегияи рушди минбаъда бояд рушди технологияхои инноватсионй, баланд бардоштани малакаи кувваи корй, тачдиди инфрасохтор ва дастгирии муассири давлатро ба сохибкорй дар бар гирад. Мухим
он аст, ки ин тадбирхо хамоханг шуда, ба баланд бардоштани ракобатпазирии корхонахо ва рушди устувори иктисоди кишвар мусоидат кунанд.
Сохибкории истехсолй хамчун яке аз унсурхои мухими иктисодиёт дар раванди ба вучуд овардани неъматхои моддй ва хизматрасонй, инчунин дар таъмини пешрафти техникй ва иктисодй накши мухим мебозад. Дар чахони имруза ин бахш бо як катор мушкилот, аз кабили чахонишавии иктисодиёт, тагйироти босуръати технологй, зарурати баланд бардоштани устувории экологии истехсолот, инчунин рушди технологияхои ракамй рубару мегардад. Аз ин лихоз, зарурияти пайваста такмил ва азнавсозии сохибкории истехсолй ба миён меояд, то ки сохибкорй дар ракобат устувор бокй монад ва ба рушди устувори иктисодиёт мусоидат намояд.
Сохибкории истехсолй доираи васеи фаъолиятхоро дар бар мегирад, ки ба эчоди махсулот нигаронида шудаанд, аз ашёи хом ва чузъхо то махсулоти тайёр ва коркарди онхо. Вазифахои он такмил додани раванди истехсолот, чори намудани инноватсия, рушди технологияи пешкадам ва баланд бардоштани хосилнокии мехнат мебошанд, ки ин холат сохибкории истехсолиро ба омили мухимтарини рушди иктисодй табдил медихад.
Сохибкории истехсолй як сохаи фаъолиятест, ки ташкил, идоракунй ва рушди равандхои истехсолиро дар бар гирифта, барои эчоди махсулот ё хизмати нихой, ки дар бозор талабгор хохад буд, нигаронида шудааст. Дар чахони муосир, ки дар он тагйирот босуръат ба амал меояд, сохибкории истехсолй мутобикати доимиро ба шароити нав талаб мекунад.
Дар расми зерин таъсири мутакобилаи омилхое, ки ба рушди сохибкории истехсолй дар Чумхурии Точикистон таъсир мерасонанд, оварда шудааст:
Расми 1. Самтхои рушди сохибкории истехсоли Сарчашма: аз чониби муаллиф тартиб дода шудааст.
Солхои охир дар сохаи истехсолот хамгироии фаъоли технологияхои инноватсионй ба монанди зехни сунъй, техникаи роботсозй ва Интернети ашё фаъолона ворид карда мешавад, ки самаранокй ва чандирии равандхои истехсолиро ба таври назаррас афзоиш медихад. Ин технологияхо на танхо равандхои корро оптимизатсия мекунанд, инчунин имкониятхои навро барои баланд бардоштани ракобатпазирии корхонахо дар бозори чахонй фарохам меоранд. ^исмати мухими ин раванд омузиш аст, ки аз нав дида баромадани барномахои таълимиро талаб мекунад, то мутахассисонро бо малакахои кор бо воситахои нави ракамй ва низомхои автоматй мучаххаз созад.
Дар шароити тагйироти динамикй дар бозори чахони афзояндаи ракобат, инчунин афзоиши талабот ба сифати махсулот, сохибкории истехсолй дар рушди иктисоди миллй накши асосй дорад. Аммо дар Чумхурии Точикистон ин бахш бо мушкилоти зиёде, аз кабили технологияи кухна, нокифоягии тахассуснокии кадрй, мушкилот дар дастрасии молиявй барои сохибкории хурду миёна ва зерсохтхои заиф рубару мегардад. Дар чунин шароит такмили сохибкории истехсолй дар Чумхурии Точикистон на танхо барои нигох доштани суботи иктисодй, балки барои ноил шудан ба рушди дарозмуддат ва устувории иктисод зарурй мегардад.
Иктидори истехсолии кухнашуда
Дастрасии махдуд ба маблаFгyзорй
Меъёри фоизи баланди карз барои тичорати хурд
Мавчуд набудани
барномахои таълимии махсус
Расми 2. Проблемахо ва тахдидхои сохибкории истехсолй дар шароити стратегияи
саноатикунонии босуръат
Сарчашма: аз тарафи муаллиф тартиб дода шудааст.
Иктисодиёти Чумхурии Точикистон низ мисли бисёре аз кишвархои ру ба тараккй солхои тулонй ба содироти ашёи хом, пеш аз хама ба истехсол ва коркарди махсулоти хочагии кишлок ва истихрочи сарватхои табий мутамарказ гардидааст. Аммо, дар дахсолахои охир дар кишвар кушишхои диверсификатсияи иктисодиёт ва рушди бахшхои ниммахсулот, аз чумла саноат ва истехсолот OFOЗ шудааст. Бо вучуди ин, сохаи истехсолй дар Чумхурии Точикистон хамчунон бо як катор мушкилоти чиддй рубару гардидааст, аз чумла сатхи пасти инноватсионй, заминаи технологияи кухна ва дастгирии нокифояи давлатй, бахусус дар самти сохибкории хурду миёна. Дар ин росто, азнавсозии сохибкории истехсолй, мутоби; кардани он ба шароити муосири иктисодй ва чорй намудани технологияхои пешрафта
вазифаи мухимтарин мебошад, ки ракобатпазирй ва хосилнокии онро ба таври назаррас афзоиш медихад.
Дар расми 2 робитаи байни мушкилоти асосии сохибкории истехсолй, ки дар доираи стратегияи саноатикунонии босуръат рубару мегардад, тасвир крда шудааст.
Якум, кафомонии технологй яке аз проблемаи асосй мебошад. Бисёр корхонахо бо иктидорхои истехсолии кухна кор мекунанд, ки ин ракобатпазирии онхоро дар бозори хоричй кохиш дода, боиси фарсудашавии баланди тачхизот мегардад. Азнавсозии истехсолот маблаFгyзории зиёдро такозо мекунад, ки корхонахои хурду миёна аз сабаби махдудияти дастрасй ба захирахои молиявй аз ухдаи онхо баромада наметавонанд.
Дуввум, норасогии кадрхои ихтисоснок. Барои татбики стратегияи саноатикунонии босуръат мутахассисони сохаи мухандисй, технологияхои ракамй ва идоракунии равандхои истехсолот заруранд. Аммо низоми таълими кунунии чумхурй ба талаботи сохахои технологй кисман чавобгу нест, ки ин боиси норасоии кадрхои навсозй ва рушди инноватсионии истехсолот мегардад.
Мушкилоти сеюми мухим ин сатхи пасти рушди инфрасохтор мебошад. Сарфи назар аз кушишхои хукумат, шабакахои наклиёт, энергетика ва логистика суст инкишоф ёфта, харочоти истехсолиро зиёд мекунанд ва харакати молхоро тавассути занчирхои таъминот суст мегардонад. Ин имкон намедихад, ки корхонахои махаллй ба бозорхои хоричй ворид шаванд ва самаранокии умумии равандхои истехсолиро кохиш дихад.
Илова бар ин, дастрасии махдуд ба маблаггузорй як монеаи мухим дар рохи рушди сохибкории хурду миёна аст, ки бахши аслии истехсоли махсулоти Чумхурии Точикистонро ташкил медихад. Фоизи баланди карзхо ва набудани воситахои молиявии дарозмуддат ба сармоягузорй ба азнавсозии технологй ва тавсеаи иктидори истехсолй халал мерасонад.
Тахкикотчиёни ватанй С.Ф. Низомов ва Ф.А. Чдбборов масъалахои самти стратегии ракамикунонии саноат дар Чумхурии Точикистонро омухта, кайд намудаанд, ки «...Мехвари ин мафхумхо ва назарияхо ин асосноксозии илмии раванди саноатикунонии босуръати иктисодиёт дар партави ноил шудан ба хадафхои стратегии иктисодиёти мамлакат мебошад. Дар мархалаи хозира... масъала на дар бораи баркарорсозии чомеаи баъдисаноатй, балки дар бораи саноатикунони босуръати он меравад, ки он навсозии технологии бахши саноат ва тагйир додани роху самтхои танзими иктисодиёт миллиро дар назар дорад» [7, с. 168]. Оид ба
ин акида дар бисёр холат мо низ хамфикр мебошем.
Раванди саноатикунонии босуръат мухимтарин механизми баланд бардоштани ракобатпазирии иктисодиёти Чумхурии Точикистон, хавасмандгардонии рушди иктисодй ва диверсификатсияи иктисодиёти миллй мебошад. Дар доираи стратегияи саноатикунонии босуръат, рушди сохибкории истехсолй накши марказй мебозад, зеро махз хамин бахш на танхо арзиши иловагиро таъмин менамояд, балки заминаи навсозии иктисодй ва пешрафти технологй низ мебошад. Имруз бо вучуди талошхои давлат барои дастгирии сохибкорй, сохаи истехсолй бо як катор мушкилоте ру ба ру шудааст, ки иктидори онро хеле махдуд мекунад.
Зарураияти такмил додани сохибкории истехсолот дар шароити саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон равшан аст, зеро ин ба рушди тамоми иктисодиёт бевосита таъсир мерасонад. Гузаштани акибмонии технологй ва чорисозии равандхои инноватсионии истехсолот махсулнокй, сифат ва ракобатпазирии махсулоти ватаниро хам дар бозорхои дохилй ва хам дар бозорхои хоричй ба таври назаррас афзоиш медихад. Дар шароити ракобати чахонй истифодаи технологияхои кухна ва усулхои истехсолй метавонад монеаи чиддй барои рушди устувори иктисодй ва нигох доштани динамикаи мусбати рушди кишвар гардад. Х,амин тарик, бе азнавсозии сохаи истехсолот ва чорй намудани технологияхои инноватсионй суръати баланди
саноатикунонии босуръат ва рушди босуръати иктисодиро таъмин кардан гайриимкон аст.
Мухимтарин вазифаи рушди самаранокии сохибкории истехсолй дар Чумхурии Точикистон ин фарохам овардани шароити мусоид барои сохибкории хурду миёна мебошад, ки омилхои асосии рушди иктисод ва азнавсозй ба хисоб мераванд. Рушди инфрасохтор, аз чумла шабакахои
наклиёт ва энергетикй чузъи чудонашавандаи ин раванд мебошад. Таъсиси паркхои технологй, минтакахои саноатй ва кластерхо на танхо барои кам кардани харочоти истехсолот, балки инчунин барои эчоди экосистемаи устувори инноватсионй, ки ба хамгироии технологияхои нав ва коркардхои илмй ба равандхои истехсолот мусоидат мекунад, имкон медихад.
Сохибкории истехсолй дар заминаи стратегияи саноатикунонии босуръат
метавонад мушкилот эчод кунад. Мушкилоти сохибкории истехсолй дар Чумхурии Точикистон дар шароити стратегияи саноатикунонии босуръат бо якчанд чанбахои асосй алокаманд аст. Сарфи назар аз иктидори назарраси рушди саноат, дар мамлакат барои тагйир додани самаранокии сохаи истехсолот як катор мушкилотхо мавчуд мебошад, ки чадвали 1 тавсиф гардидааст.
Ч,адвали 1. - Мушкилоти сохибкории истехсоли ва таъсири он ба саноатикунонии иктисодиёт
Проблема Тавсиф Таъсир ба саноатикунонии иктисодиёт
Акибмонии технологи Истифодаи технологияхои кухнашуда, сатхи пасти истехсолй ва арзиши баланди махсулот. Суст гардидани пешрафти технологй, паст гардидани ракобатпазирй
Норасогии кадрхои баландихтисос Норасогии мутахассисон дар самти мухандисй ва идоракунии технологияхои баланд. Суст гардидани раванди азнавсозй ва чори намудаани технологияи нав
Сатхи пасти маълумотноки Чавобгуй набудани низоми таълим ба талаботи сохахои баланди технологй. Нарасидани мутахассисон, мушкили гузаштан ба технологияхои инноватсионй.
Инфрасохтори камрушд Проблема бо логистика, наклиёт ва шабакахои энергетикй, ки харочотро зиёд мегардонанд. Афзоиши харочот ва мушкилот бо дастрасй ба бозорхои хоричй
Дастрасии махдуд ба мблаFгузорИ Меъёрхои баланди карз ва мавчуд набудани воситахои маблаггузории дарозмуддат барои фаъолияти сохибкорй. Кашол ёфтани азнавсозии корхонахо, кам шудани фаъолсозии сармоягузорй.
Монеъахои баланди маъмурИ Мушкилот дар хуччаткунонй, тартиби андозбандй ва танзими он. Суст шудани суръати рушди сохибкории хурду миёна, паст шудани фаъолсозии сохибкорй.
Сарчашма: аз чониби муаллиф тартиб дода шудааст.
Саноатикунонии хозираи иктисодиёт ба як катор проблемахои чидди дучор меояд, ки хар кадоми онхо ба тараккиёти он таъсири калон мерасонад. ^афомонии технологй, ки дар натичаи истифодаи тачхизоти кухна ва паст будани хосилнокии мехнат ба амал меояд, раванди чори намудани таклифхои навоварона ва баланд бардоштани кобилияти ракобатро суст мегардонаад.
Самти афзалиятноки рушди
иктисодиёти Чумхурии Точикистон тибки Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 сенарияи индустриалй-инноватсионй
мебошад, ки чунин кайд шудааст: «Сенарияи индустриалию инноватсионй бунёди асосхои рушди инноватсионии иктисодиёти кишвар дар заминаи гузаронидани ислохот дар сохаи
маориф ва тайёр кардани мутахассисони замонавиро пешбинй мекунад. Сенарияи мазкур имконият медихад, ки хангоми ташаккулдихии равишхои инноватсионй дар халли масъалахои иктисодию ичтимой, таквият бахшидан ба заминаи институтсионалии рушд, такмилдихии низоми хукукй ва таквияти хифзи хукукхои молу мулкй, аз чумла моликияти зехнй, шароит барои афзоиши хам сармоягузорихои хусусию дохилй ва хам мустакими хоричй мухайё месозад. Ин ба истифодаи окилонаи имкониятхои нави хамгирой ва рушди». [9, с. 27].
Яке аз мушкилоти асосй нарасидани кадрхои сохибихтисос, бахусус дар сохахои мухандисй, технологияи пешкадам ва идоракунй мебошад. Бе мутахассисоне, ки метавонанд технологияи муосирро самаранок татбик ва дастгирй кунанд, равандхои азнавсозии корхонахо халалдор мешаванд, ки ин боиси суст шудани татбики карорхои инноватсионй ва азнавсозии иктидорхои истехсолй мегардад. Ин, дар навбати худ, кобилияти умумии иктисодиётро барои мутобик шудан ба тахдидхои технологии чахонй кохиш медихад. Ба рушди иктисод инфрасохтори бад низ халал мерасонад. Мушкилот бо шабакахои логистика, наклиёт ва энергетикй харочотро зиёд мекунанд, имкони микёси истехсолотро махдуд мекунанд ва дастрасй ба бозорхои берунаро кохиш медиханд. Ин холат имкони афзоиш ва имкониятхои содиротии
истехсолкунандагони ватаниро махдуд мекунад.
Вобаста ба ин самт, дар Барномаи саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон барои солхои 2020-2025 чунин кайд гардидааст, ки «Мусоидат ба рушди содирот ва низоми миллии воридотивазкунии интихобй тавассути:
- таквият бахшидани фаъолият дар самти муаррифй кардани махсулоти дар Точикистон истехсолшаванда, дарёфти
бозорхои содирот, шарикони истехсоливу тичоратй ва хифзи манфиатхои сохибкорони ватанй дар хоричи кишвар;
- гурухбандй ва муттахид намудани корхонахои хурди истехсолй дар фаъолияти иктисоди берунии кишвар тавассути рохандозии фармоиш барои истехсоли навъхои алохидаи махсулоти содиротй;
- андешидани чорахои дахлдор чихати таъсиси марказхои логистикй ва нуктахои анчом додани амалиётхои банду баст, боркунй ва тахвили махсулотхои содиротй дар наздикии роххои наклиётии автомобилию рохи охан ва фурудгоххо;
- бунёди иншооти нави саноатй дар доираи сиёсати воридотивазкунй ва афзоиши содирот;
- соддагардонии расмиёти содиротию воридотй;
- мусоидат ба таъсиси ниходхои гайридавлатй оид ба пешбурди фаъолияти содиротй;
- бунёди ниходхои ба содирот мусоидаткунанда, бо дар назар доштани ташаккул додани шабакахои боргузаронй дар хорича» [3, с. 6].
Дастрасии махдуд ба маблаггузорй ва фоизи баланди карз барои сохибкорон душворихои иловагй ба миён оварда, онхоро дар азнавсозии тачхизот ва чорй намудани технологияхои нав бозмедорад. Набудани воситахои дарозмуддати молиявй фаъолияти сармоягузориро бозмедорад ва раванди навсозиро ба таъхир меандозад, ки ин суръати рушди иктисодиро кохиш медихад.
Барои рафъи мушкилотхои мавчудбуда ва фарохам овардани шароит барои бомуваффакияти саноатикунонии босуръат як катор тадбирхо андешидан лозим аст, ки ба азнавсозии бахши истехсолот, баланд бардоштани дарачаи молиявй ва махорати кадрхо нигаронида шудаанд. Дар асоси омузиши маълумотхои болозикр, дар тахкикот тавсияхо оид ба бехтар намудани
фаъолияти сохибкории истехсолй пешниход менамоем:
Якум, барои азнавсозии технологй шароити мусоидтар мухайё кардан лозим аст. Дар шароите, ки шумораи зиёди корхонахо технологияи кухнаро истифода мебаранд, дастгирии барномахои азнавсозии истехсолот ахамияти калон дорад. Сиёсати хукумат бояд чорахои субсидия ё додани имтиёзхои андозро барои ширкатхое, ки ба тачхизоти инноватсионй ва чорй намудани технологияхои муосири истехсолй маблаггузорй мекунанд, дар бар гирад. Гайр аз ин, ракамикунонии раванди истехсолот, автоматикунонй ва истифодаи технологияи пешкадамро фаъолона инкишоф додан ва чорй кардан лозим аст, ки ин самараи онро хеле зиёд ва арзиши аслии махсулотро кам мегардонад.
Дуюм, барои хавасмандгардонии сохибкории истехсолй механизмхои дастраси маблаггузории иловагиро эчод кардан лозим аст. Дар ин самт рушди низоми карздихй ба корхонахои хурду миёна, бахусус дар сохаи истехсолот, як кадами мухим хохад буд. Барномаи дастгирии давлатй бояд на танхо карздихии имтиёзнок, балки шабакаи васеътари ташкилотхои маблаггузории хурдро, ки кобилияти додани карзхои бо фоизи пастар ва дастрас ба сохибкоронро доранд, таъмин намояд. Барои ноил шудан ба ин, саводнокии молиявии сохибкорон низ бояд баланд бардошта шавад, то онхо тавонанд аз васоити молиявии мавчудбуда барои тавсеа ва азнавсозии тичорати худ самаранок истифода баранд.
Сеюм, барои баланд бардоштани сифати сохаи истехсолот низомхои самарабахши таълим ва бозомузии кадрхо ба вучуд овардан зарур аст. Яке аз омилхои асосии бомуваффакияти саноатикунонии босуръат ин мавчуд будани кувваи кории сохибихтисос, ки кодир ба кор бо технологияхои муосир ва таъмини сатхи баланди хосилнокии мехнат мебошад. Самти
мухими рушди низоми таълими дуалй мебошад, ки дар он муассисахои таълимй бо корхонахо хамкории зич дошта, ба донишчуён малака ва донишхои амалй дар бозори мехнат фарохам оварда мешаванд. Инчунин, барои аз нав тайёр кардан ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон дар сохахои гуногуни саноат барномахои иловагй тартиб додан лозим аст, ки ин ба кувваи корй имкон медихад, ки ба дигаргунихои технологй зуд мутобик шаванд.
Илова бар ин, рушди инфрасохтор кадами мухим дар самти такмили сохибкории истехсолй мебошад. Азнавсозии
инфрасохтори наклиётй ва энергетикй, ташкили паркхои технологй ва кластерхои саноатй, инчунин такмил додани шабакахои логистикй ба кам кардани харочоти истехсолкунандагон ва бехтар кардани шароити сохибкорй мусоидат мекунад. Сармоягузорихо ба инфрасохтор бояд чузъи мухими барномаи давлатии рушди саноат бошад, зеро онхо барои чалби сармояи нав ва тавсеаи иктидори истехсолй шароит фарохам меоранд.
Чорум, дастгирии давлатй ва имтиёзхои андозй бояд ба фарохам овардани шароити мусоид барои рушд ва тараккиёти сохибкории истехсолй равона карда шавад. Барои корхонахое, ки махсулоти дорои технологй ва аз чихати экологй тоза истехсол мекунанд, инчунин барои азнавсозии экологии истехсолот маблаггузорй мекунанд, имтиёзхо ва субсидияхои андозй мухим аст. Фарохам овардани шароит барои сохибкории инноватсионй ва корхонахои ба содирот нигаронидашуда низ бояд самти афзалиятноки сиёсати давлат гардад.
Нихоят, бояд таваччухи худро ба рушди иктидори содиротй равона намоем, ки ин на танхо афзоиши даромади бучет, балки ба рушди истехсолоти ракобатпазир дар кишвар мусоидат мекунад. Ин хам бехбудии сифати махсулот ва хам пешбурди махсулоти
Чумхурии Точикистон дар бозорхои байналмилалиро дар бар мегирад.
Дар асоси тахлилхои болозикр дар шакли расми зерин самтхо ва тавсияхои
асосии такмили сохибкории истехсолй дар стратегияи саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон инъикос ёфтааст.
СТРАТЕГИЯИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ
V
\ / \ / v \ /
Азнавсозии технология ва истехсолот Дастгирии давлатй ва дастраси ба карз Кадрхо ва кувваи кории тахассуснок Рушди и^тидори содиротй
\ ' \ / \ / \ /
Ч,орисозии технологиям пешрафта барои баланд бардоштани х,осилнокии мсхнат Рушди воситахои молиявй барои дастгирии саноатикунонй Таълим ва омодасозии кадрхо дар раванди саноатикунонй Саноатикунонии босуръат хамчун рушди калидй
\ / v / \ /
Ракдмикунонии раванди истехсолот Дастраси ба карзгирии дарозмухлат барои корхонахои хурду миёна Тайёрии касбй ва бозомузии кувваи корй Накши дастгирии давлатй ва хавасмандгардонии сармояи хусусй
\ / \/ \1/
Технологияхои сарфаи энергия ва аз чихати экологй тоза Накши низоми бонкй дар хавасмандгардонии саноатикунонй Зиёдкунии мухандисони касбй ва мутахассисони техникй Рушди сохибкории хурду миёна хамчун омили ба содирот нигаронидашуда
Сармоягузори ба тахкдаот ва рушд Рушди сармояи венчурй барои лоихахои инноватсионй Накши агентихои кадрй ва бизнес-инкубаторхо дар омодасозии кувваи корй Таълим ва омодасозии кадрхо барои саноатикунонй ва содирот
\1/ v \/ /
Инкишофи инфрасохтор барои азнавсозии истехсолот Дастгирии давлатй тавассути имтиёзхои андозй ва субсидияхо Х,авасмандгардон й ва нигох доштани мутахассисони баландихтисос Рушди инфрасохтори содирот ва логистика
Расми 3. Самтхои калидии такмили сохибкории истехсолй дар стратегияи саноатикунонии босуръат.
Сарчашма: аз тарафи муаллиф тартиб дода шудааст.
Дар расми 3 самтхо ва тавсияхои асосй оид ба такмили сохибкории истехсолй дар стратегияи саноатикунонии босуръат инъикос ёфтааст, ки метавонанд ба рушди босуръат ва самараноки сохибкории истехсолй дар Чумхурии Точикистон мусоидат намоянд, ки ин дар навбати худ стратегияи саноатикунонии кишварро дастгирй мекунанд.
Самти азнавсозии технология ва истехсолот ин чорй намудани технологияхои нави ракамй ва автоматй дар корхонахо барои баланд бардоштани самаранокии онхо ва кам кардани харочот тавсиф мегардад.
Самти дастгирии молиявй ва дастрасй ба карз ин рушди низоми карздихии имтиёзнок ва маблаггузории хурд барои корхонахои хурду миёна, ки дастрасии маблаггузориро афзоиш медихад, тавсиф мегардад.
Самти кадрхо ва тахассусии кувваи корй ин ташкили барномахои бозомузй ва такмили ихтисоси кормандон, инчунин чорй намудани низоми тахсилоти дуалиро дар бар мегирад, ки хамкории байни муассисахои таълимй ва корхонахоро таъмин менамояд.
Самти рушди иктидори содиротй ин фарохам овардани шароит барои баланд бардоштани сифати махсулот, азхудкунии бозорхои нав ва иштирок дар созишномахои тичорати байналмилалй тавсиф мегардад.
Тахкикгар Л.И. Абдуллоева раванди саноатикунонии босуръатро дар
фаъолгардонии сармоягузорй бахо медихад. Чунон чй дар тахкикотхои худ кайд намудааст, ки «Сармоягузории сохибкорй яке аз намудхои мухими сармоягузорй ба иктисодиёт мебошад. Тачрибаи рушди бисёр мамлакатхо нишон медихад, ки раванди саноатикунонй танхо ба фаъолгардонии сохибкории истехсолй, хавасмандгардонии
онхо, баланд бардоштани огохй аз рушди оянда тавассути сармоягузорй ба истехсолоти саноатй вобаста аст» [1, с. 30].
Раванди саноатикунонии босуръат унсури асосии стратегияи рушди иктисодии Чумхурии Точикистон ба хисоб рафта, ба баланд бардоштани ракобатпазирии кишвар, диверсификатсияи иктисодиёт ва баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Дар ин шароит мухимтарин шарти бомуваффакияти саноатикунонии босуръат ин такмил додани сохибкории истехсолй мебошад, ки ин дар навбати худ чидду чахди комплексй ва хамохангиро дар зинахои гуногуни давлатй талаб мекунад.
Х,амин тарик, дар асоси тахлилхои болозикри тахкикот метавон хулоса ва пешниходхои зеринро намуд:
1. Такмили сохибкории истехсолй шарти зарурии таъмини рушди устувори иктисодй ва баланд бардоштани ракобатпазирии кишвар мебошад. Дар чахони зудтагйирёбанда, ки пешрафти технологй ва чахонишавй тахдидхои нав эчод мекунанд, корхонахо бояд мутобикат, чорисозии инноватсия ва ба рушди технологияхои пешкадам фаъолона сармоягузорй намоянд. Танхо муносибати мачмуй, аз чумла дастгирии давлатй, таълим ва инноватсия метавонад ба рушди бомуваффакияти сохибкории истехсолй оварда, рушди устувори иктисодиро таъмин намояд;
2. Зарурати такмил додани сохибкории истехсолии Чумхурии Точикистон бо зарурияти баланд бардоштани самаранокии истехсолот, азнавсозии технология, такмили ихтисоси коргарон ва фарохам овардани шароити мусоид барои пешбурди сохибкори алокаманд аст. Мухим он аст, ки дар доираи стратегияи азнавсозй ва рушди сохаи
истехсолот таваччух на танхо ба чорй намудани технологияхои пешкадам, балки ба ташкили инфрасохтори самаранок, дастгирии инноватсия ва рушди касбии кувваи корй равона карда мешавад;
3. Такмили сохибкории истехсолй дар стратегияи саноатикунонии босуръат шарти зарурии баланд бардоштани ракобатпазирии иктисодиёти Чумхурии Точикистон, таъсиси чойхои нави корй ва рушди устувори иктисодй мебошад. Ин раванд муносибати мачмуй ва чалби фаъолонаи тамоми чонибхои манфиатдор, аз чумла сохторхои давлатй, чомеаи сохибкорон ва муассисахои таълимиро талаб мекунад. Татбики тадбирхои пешниходшуда ба Чумхурии Точикистон имкон медихад, ки иктидори саноатй, имкониятхои содиротй ва иктисодиётро афзун гардонида, дар муддати дурудароз хеле мустахкам намояд;
4. Дар асоси тахлилхои зарурияти такмили рушди сохибкории истехсолй дар стратегияи саноатикунонии босуръат метавон якчанд сабабхои асосиро муайян намуд, ки чаро такмили сохибкории истехсолй бояд дар доираи стратегияи
саноатикунонии босуръат ба авлавият табдил ёбад;
- як бахши сусти истехсолй бо технологияхои кухна ва дарачаи пасти автоматикунонй кодир нест, ки дар бозорхои хоричй ва дохилй ракобати муассир дошта бошад. Ин имкониятхои баланд бардоштани хосилнокии мехнат ва кам кардани харочотро махдуд мекунад, ки ин ба афзоиши иктисодиёт бевосита таъсир мерасонад;
- барои ба вучуд овардани истехсолоти устувор ва хеле самаранок таъмин намудани дастрасии сохибкории хурду миёна ба захирахои молиявй нихоят мухим аст. Бе сармоягузорй ва маблагхои кофй барои азнавсозй ва навоварй ба сатхи баланди махсулнокй ва ракобатпазирй ноил шудан гайриимкон аст;
- захирахои кадрии босифат дар раванди саноатикунонии босуръат накши мухим мебозанд. Нарасидани мутахассисони сохибихтисос ва паст будани тайёрии кадрхо ба чорй намудани технологияхои пешкадам ва арзон шудани арзиши аслии махсулот халал мерасонад.
Адабиёт
1. Абдуллоева, Л.И. Инвестиционное обеспечение развития производственного предпринимательства [Текст]: Дисс. канд. экон. наук: 08.00.05 / Абдуллоева Лола Ибодуллоевна. - Душанбе, - 2021 г. - С. 30.
2. Ахмадбекова Н.М. Региональные особенности предпринимательства [Текст] / Н.М. Ахмадбеков // Вестник ТГУПБП, - Худжанд, - 2017. №2 - С. 75.
3. Барномаи саноатикунонии босуръати Чумхурии Точикистон барои солхои 2020-2025. [Текст] / ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон. Шахри Душанбе аз 27-уми майи соли 2020. - С. 6.
4. Комилов С.Дж. Теория инновационного развития. Монография [Текст] / С.Дж. Комилов / С.Д. Комилов. - Душанбе, - 2019. -278 с.
5. Махшулов С.Дж. Устойчивость национальной валюты, ее теория и методология [Текст] / С.Дж. Махшулов // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. Душанбе, - 2018. - №9. - С.174-175.
6. Низамова Т.Д., Бобосодикова Н.Р. К вопросу об оценке инновационного потенциала региона. [Текст] / Т.Д. Низамова // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. Душанбе, - 2022. - №1. - С. 64
7. Низомов С.Ф. Стратегические направления цифровизации промышленности в Республике Таджикистан / С.Ф. Низомов, Ф.А. Джабборов // В сборнике: Актуальные вопросы экономической теории: развитие и применение в практике российских преобразований. Материалы IX Международной научно-практической конференции. Под общей редакцией И.В. Дегтяревой. - Уфа, 2020. - С.166-172, 168.
8. Саидмуродов Л.Х. Стратегические ориентиры реализации экономического потенциала Республики Таджикистан / Л.Х. Саидмуродов // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. - Душанбе, - 2017. - №3(4). - С.64-71.
9. Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030. [Текст] / ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1-уми октябри соли 2016, - № 392. - С. 18, 85.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Неъматуллозода Фариддуни Неъматулло - докторанти Донишгохи байналмилалии сайёхй ва сохибкории Точикистон, тел. (+992) 905056345.
Информация об авторе:
Неъматуллозода Фариддуни Неъматулло - докторант экономической теории Международного университета туризма и предпринимательства Таджикистана, тел. (+992) 905056345.
Information about the author:
Nematullozoda Faridduni Nematullo - Doctoral student of the International University of Tourism and Entrepreneurship of Tajikistan, tel. (+992) 905056345.