УДК:325.1
ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯМИ РАКАМЙ ДАР РАВАНДИ АРЗЁБИИ ВОБАСТАГИИ ТАГЙИРЁБИИ ШУМОРАИ МУ^О^ИРОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НИСБАТ БА ШУМОРАИ УМУМИИ АХОЛИИ ОН
Зайнудинов С.
Зайниддинзода С.Ч,.
Нурдинов Б.
Салимов Н.С.
Аннотатсия. Мацола ба омузиши дарацаи таъсири истифодабарии технологияуои иттилооти ба уосилшавии натицаи таулили нишондиуандауои Стратегияи миллии рушди Цумуурии Тоцикистон барои давраи то соли 2030 (СМР-2030) бахшида шудааст, чунки нишондиуандауои мазкур дорои циматуои калонуацми иттилоот мебошанд ва гузаронидани таулили онуо бо ёрии цисмуои гуногуни технологищои иттилоотии муосир боиси сарфаи вацт ва баланд гардидани сифати натицаи таулил мегардад. Дар мацола нишон дода шудааст, ки уангоми истифодаи технологияуои иттилооти уадафуои цисмуои СМР-2030 институтсионализатсия гардида, имкон медиуад, ки таъсири паиуам ва пайдарпайи омилуои гуногун бо суръати баланд, уацми калон ва вобаста ба дастовардуои рушди устувор муайян карда шавад. Таъкид гардидааст, ки ба назар гирифтани омилуои демографи дар ин раванд ба мацсад мувофиц мебошад.
Калидвожахр: технологияуои иттилооти, диаграммаи пароканиш, абри нуцтауо, циматуои медианаги, коэффитсиент (зариб)-и коррелятсия, СМР-2030, минтаца, мууоцират, рушди устувор, афзоиши уицрат.
Барои ицтибос: Зайнудинов, С. Истифодаи технологияуои рацами дар раванди арзёбии вобастагии тагйирёбии шумораи мууоцирони вилояти Хатлон нисбат ба шумораи умумии ауолии он / С. Зайнудинов, С. Ц. Зайниддинзода, Б. Нурдинов, Н. С. Салимов //Паёми молия ва ицтисод. - 2024. - N0. 3(42). - С. 125-134.
ПРИМЕНЕНИЕ ЦИФРОВЫХ ТЕХНОЛОГИЙ В ПРОЦЕССЕ ОЦЕНКИ ЗАВИСИМОСТИ ИЗМЕНЕНИЯ КОЛИЧЕСТВА МИГРАНТОВ ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ ПО ОТНОШЕНИЮ К ОБЩЕМУ ЧИСЛУ НАСЕЛЕНИЯ РЕГИОНА
Зайнудинов С.
Зайниддинзода С.Дж.
Нурдинов Б.
Салимов Н.С.
Аннотация. Статья посвящена изучению степени воздействия применения информационных технологий на получение результатов анализа показателей Национальной стратегии развития до 2030 (НСР-2030), поскольку эти показатели имеют большой объем информации, и проведение подобных анализов с помощью компонентов современных информационных технологий становятся причиной
125
экономии времени и повышения качества результатов исследования. Показано, что использование информационных технологий позволяет относить показатели НСР-2030 к институциональным данным, что даёт возможность определить пошаговое и последовательное воздействие различных факторов с высокой скоростью с большим объемом данных и в зависимотси от достижений стабильного роста. Утверждается, что в этом процессе учёт демографических факторов соответствуют целям подобных исследований.
Ключевые слова: информационные технологии, диаграмма рассеяния, облако точек, медианные значения, коэффициент корреляции, НСР-2030, зона, миграция, стабильное развитие, изменение количества миграции.
THE USE OF DIGITAL TECHNOLOGIES IN THE PROCESS OF ASSESSING THE DEPENDENCE OF THE CHANGE IN THE NUMBER OF MIGRANTS IN THE KHATLON REGION IN RELATION TO THE TOTAL POPULATION OF THE REGION
Zainudinov S.
Zainiddinzoda S.J.
Nurdinov B.
Salimov N.S.
Abstract. The article is devoted to the study of the degree of impact of the use of information technologies on obtaining the results of the analysis of the components of the National Development Strategy until 2030 (NSR-2030), since the components of the NSR-2030 have a large amount of information, and conducting such analyses with the help of components of modern information technologies become the reason for saving time and improving the quality of research results. It is shown that the use of information technologies makes it possible to attribute the components of the NSR-2030 to institutional data, which makes it possible to determine the step-by-step and consistent impact of various factors at high speed with a large amount of data and in connection with the achievements of stable growth. It is argued that in this process, taking into account demographic factors corresponds to the goals of such studies.
Keywords: information technology, scattering diagram, point cloud, median values, correlation coefficient, NSR-2030, zone, migration, stable development, change in the number of migrations.
Гузориши масъала. Рушди устувори ичтимою иктисодй дар кишвар пеш аз хдма, бо вазъи демографии он зич вобаста мебошад. Захирах,ои мех,натй аз 2,5 млн нафар дар соли 1991 то 5,6 млн нафар дар соли 2020 расида, 2 маротиба афзудааст. Ах,олии аз чихдти иктисодй фаъол бошад аз 1,9 млн нафар то 2,5 млн нафар ё 25,1 фоиз, ах,олии дар иктисодиёт машгул аз 1,9 млн нафар то 2,4 млн нафар ё 22,6 фоиз афзудааст. Афзоиш ёфтани шумораи ах,олй ва тагйир ёфтани сохтори хонаводах,о зарурияти кабули барномах,ои нави
давлатиро такозо менамоянд, ки истифодаи васеи технологиями ракамй дар ин самт метавонанд накши калидй дошта бошанд.
Бояд кайд намуд, ки дар Точикистон сол аз сол вазъи сарбории демографй мураккаб гардида истодааст. Х,олати мазкур такозо менамояд, ки ба омилх,ои демографй хдмчун сарчашмаи асосии рушди неруи инсонй диккати аввалиндарача зох,ир карда шавад. Дар ин раванд зарур аст, ки вазъи сарбории демографии минтаках,ои кишвар бо истифода аз технологиями фаъоли
иттилоотй дар алохидагй мавриди тахлил ва хyлосабарорй карор дода шавад.
Тачрибаи ватанй нишон дод, ки новобаста аз мухимияти ин масъала, айни замон тахлили омилхои демографии рушди ичтимою иктисодии кишвар бо истифода аз технологияхои ракамй кам ба назар мерасад, ки ин холат метавонад боиси пайдо гардидани мушкилот дар раванди кабули карорхои идоракунй дар ин самт гардад.
Аз ин лихоз, дар доираи маколаи мазкур кушиш карда шудааст, ки рох ва афзалиятхои истифодаи ташкилдихандахои технологияи иттилоотй дар раванди арзёбии вобастагии тагйирёбии шумораи мухочирони вилояти Хатлон нисбат ба шумораи умумии ахолии он истифода бурда шаванд.
Тахлили тахкикоти охир ва нашрияхо. Натичаи омузиш нишон дод, ки раванди арзёбии вобастагии тагйирёбии шумораи мухочирон дар минтакахои кишвар нисбат ба шумораи умумии ахолии онхо бо истифода аз технологиями иттилоотии муосир кам мавриди тахлил карор дода шудааст.
Бинобар ин сабаб, истифодаи усули мазкур дар шароити Точикистон барои муайян намудани сатхи вобастагии омилхои демографй ва таъсири онхо ба нишондихандахои макроиктисодй ва дурнамои рушди минтакахои он мухим ва саривактй мебошад.
Максади макола - муайян намудани вобастагии тагйирёбии шумораи мухочирони минтакаи алохида нисбат ба шумораи умумии ахолии он ба хисоб меравад. Дар кори мазкур ба сифати объект вилояти Хатлон интихоб гардидааст.
Мухтавои асосии мавод. Технологиями ракамй воситаме мебошанд, ки бо ёрии онм манбаъми калонхачми иттилооти гуногун бо суръати хеле баланд дастрас мегарданд, ва аз ин ру, халли масъалахои ба сохахои гуногун тааллукдошта ба ду чабхаи асосй сохиб мешаванд: аввалан он ки масъала бо суръати хеле тез хдлли худро меёбад; дуюм он ки дар масъала натичахои таъсири иттилооти дигари аз масъала дур низ тачассум меёбанд ва доираи назари тахлилгарро васеъ
гардонида, имкон медиханд, ки y пахлухои гуногуни ба назар нонамоёни самаранокии масъаларо дарк намояд. Fайр аз ин, тазаккур бояд дод, ки технологияхои иттилоотй низ аз кисмхои гуногун ташкил ёфтааст, ки махз бо ёрии онхо чабхахои баёнёфта дастрас ва васеъ мегарданд.
Дар ин макола мо яке аз чунин ташкилдихандахои технологияи ракамй -диаграммаи пароканишро барои тахлили вобастагихои байнихам алокаманди сохаи ичтимой-иктисодй истифода намудем, ки барои сохахои дигари ба хама маълум усули умумии истифодабарй шуда метавонад.
Диаграммаи пароканиш (инчунин, диаграммаи нуктавй, аз англ. scatter plot) диаграммаи математикие мебошад, ки киматхои ду тагйирёбандаро дар намуди нуктахо дар хамвории декартй тасвир мекунад. Барои ин гуна тасвир координатахои кутбй, хусусан хангоме, ки яке аз тагйирёбандахо раванди физикиро нишон медихад, ё ин ки характери даврй дорад, низ истифода мешавад.
Дар ин гуна диаграмма ба хар як кимати тачрибавй ё ба хар як вохиди элементарии додахо нуктае мувофик аст, ки координатахои вай ба кимати ду параметри натичаи хамин тачриба баробар аст. Агар фарз карда шавад, ки яке аз параметрхо аз параметри дигар вобаста аст, он гох киматхои параметри новобаста дар тири амудй ва киматхои вобаста дар тири уфукии системаи координат чой дода мешаванд [1, с. 145-146; 2, с. 126]. Диаграммаи пароканиш барои намоиши чой доштан ва ё чой надоштани коррелятсия дар байни ду тагйирёбанда истифода бурда мешавад.
Масалан, дар физика дар зери мафхуми диаграммаи пароканиш одатан хамин гуна диаграммаро барои нишон додани холати пароканиши физикии заррахо истифода мебаранд, ки дар он тагйирёбандаи новобаста бузургии кунчи пароканиши физикии зарра ё энергияи заррахои афканда буда, тагйирёбандаи вобаста бошад, бурриши самаранокии пароканиши зарра, аз он чумла, киматхои тачрибавиро, нишон медихад [1].
Дар адабиёт кабул шудааст, ки тавсифи ин воситаро аввалин бор Дж.
Гершел (John Frederick William Herschel, 1792-1871) баён кардааст [7].
Азбаски диаграммаи пароканиш хамчун майдони коррелятсионй ва шакли намоиши графикии додало барои муайян кардани имконияти характерхои
алокамандии на он кадар катъй дар байни тагйирёбандахои ададй истифода мешавад, бинобар ин вобаста ба киматхои мавчуда ва табиати онхо алокамандихои гуногунро ошкор кардан мумкин аст.
Агар X ва Y - ду ададхои тагйирёбанда (x1, y1),...,(xn, yn) бошанд
ва микдори n чуфт кимати онхо мушохида шаванд, он гох вобастагии онхо дар системаи координати росткунча дар шакли мачмуи нуктахо дар ин ё он шакл хосил мешвад, ки ба «абри нуктахо» монанд аст (расми 1). Аз он шакл оид ба мавчудияти алокамандй ё набудани он дар байни ин ду ададхои тагйирёбанда ва инчунин, оид ба сурат ва куввати ин алока, хулоса баровардан мумкин аст.
Барои намуна яке аз ин гуна «абрхои гипотетикй» дар расми 1 нишон дода шудааст [6].
Расми 1. Абри нуктавии гипотетикй
Натичахои тахкикоти дар адабиёт мавчудбуда нишон доданд, ки аз руи сурати абри дар системаи координатй хосилшуда дар бораи алокамандй дар байни бузургихои Х ва У чунин фикрхоро баён кардан мумкин аст: 1) алокаи коррелятсионй дар байни
тагйирёбандахои Х ва У вучуд надорад; 2) ба хисоби миёна равиши зиёдшавии тагйирёбандаи У хангоми зиёдшавии тагйирёбандаи Х мушохида мешавад, ки ин ба алокаи коррелятсионии мусбй мувофик меояд ва алокаи аз хама пурзур ба хисоб меравад; 3) ба хисоби миёна равиши камшавии киматхои У хангоми зиёдшавии киматхои Х мушохида мешавад, ки ба алокаи коррелятсионии манфй мувофик меояд ва алокаи аз хама суст ба хисоб меравад; 4) зиёдшавии пахншавии киматхои У бо зиёдшавии киматхои Х мушохида мешавад; ин пахншавй хаттй ва гайрихаттй мешавад;
5) агар дар сурати абрй яке аз нуктахо аз абр дар масофаи хеле дур чойгир бошад, ин нишонаи он аст, ки додахо галатанд ва онхоро аз нав тафтиш кардан даркор аст. Инчунин лозим ба ёдоварист, ки коррелятсияи дуруг низ чой дорад, ки мо бо он сарукор намегирем.
^айд кардан бамаврид аст, ки муваффак шудан ба чунин натичахо оид ба алокамандии ду тагйирёбанда холо маънои онро надорад, ки алокаи сабабй -натичавии байни ин ду тагйирёбанда ошкор карда шудааст. Ин хулоса маънои онро дорад, ки ин тагйирёбандахо аз тагйирёбандахои дигар низ вобастагй доранд ва тахлилро такозо мекунанд, вале ошкор кардани алокаи корелятсионии ду тагйирёбанда кадами аввал мешавад, ки бе он сабабхои дигарро муайян кардан номумкин аст.
Барои тахлили микдори аз ду зиёди тагйирёбандахо диаграммахои
болоихамхобандаи диаграммами
пароканишро истифода мебаранд, ки дар он^о нуктахои ба чуфтхои гуногун мувофик бо сурат ва ё ранги худ аз хам фарк мекунанд [3].
Х,амин тавр, дар фаъолияти истехсолй, маркетинга ё ягон фаъолияти дигар зарурияти нишон додани бохампайвастагии ходисахои гуногун пеш меояд ва агар ин гуна алокамандй вучуд дошта бошад, чй кадар пурзур будани он бояд нишон дода шавад. Мисол, ба назар мерасад, ки ягон нишондихандаи сифати махсулот аз ягон раванди технологй вобастагй дорад, барои хамин мехоханд муайян намоянд, ки ин вобастагй чй кадар пурзур аст. Мисоли дигар: раёсати технологияхои иттилоотии корхона мехохад боварй хосил намояд, ки гузаштан ба технологияхои «абрй» бевосита ба кам шудани харочот дар сохаи ИТ сабаб гаштааст ва бинобар ин, мехохад алокамандй ва пурзурии ин гузариш ва харочот ва кувваи онро муайян намояд. Чуноне ки кайд карда шуд, ин гуна алокамандиро диаграммаи пароканиш нишон дода метавонад.
Вобаста ба вучуд доштан ё надоштани фарзияи алокахои сабабй-натичавй бо ёрии диаграммаи пароканиш вобастагихои зеринро тахлил кардан мумкин аст: 1) вобастагй дар байни омили (фактор) таъсирбахш (сабаб) ва характеристика (натича); 2) вобастагй дар байни ду характеристика; 3) вобастагй дар байни ду фактор.
Омили таъсирбахш (сабаб)-ро аломати факторй ва характеристика (натича)-ро аломати натичавй меноманд.
Агар сухан дар бораи сифат равад, он гох ин гуна чуфтхо ба иттилооти зерин дахл доранд: 1) ба характеристикаи сифат ва омили ба он таъсирбахш; 2) ба ду
сифати аз хам фарккунанда; 3) ба ду омиле, ки ба як характеристикаи сифат таъсир мекунад [4, с. 144; 5, с. 125]. Мухиммияти тахлили харсеи ин натичахо чунин баён шудааст [4]: 1) дар холати якум дар сурати мавчудияти вобастагии коррелятсионй омили сабаб ба характеристикаи сифат таъсири калон расонида метавонад, барои хамин, агар омили сабаб ба зери назорат гирифта шавад, он гох: а) ба устувории характеристикаи сифат; б) ба муайян кардани сатхи даркории назорат расида метавонем, ки он барои дастрас гардидани нишондихандаи зарурии сифат лозим аст. 2) дар холати дуюм хангоми мавчудияти вобастагии коррелятсионй дар байни ду характеристикаи сифат назорати танхо яке аз онхо кифоя аст; 3) дар холати сеюм, мавчудияти вобастагии коррелятсионй дар байни омилхои алохида назоратро аз болои раванд аз нуктаи назари технологй, вакт ва иктисодй осон мегардонад.
Маколаи мазкур ба сохтани диаграммаи пароканиши бузургихои шумораи ахолии вилояти Хатлони Чумхурии Точикистон ва мухочирати ахолй дар дохили чумхурй бахшида шудааст. Технологияи он чунин амалхоро дарбар гирифтааст: 1) иттилоот дар бораи чуфти додахои (х, у) чамъ карда шуд [8, с.19, с.39] ва чадвали додахо тартиб дода шуд (чадвали 1); 2) киматхои хади аксар ва хади камтар барои Х ва Y муайян карда шуданд; 3) вобаста ба фаркияти байни киматхои хади аксар ва хади камтар андоза ва шкалаи тирхои координат муайян карда шуданд; 4) график сохта шуд ва дар он киматхои мувофик нишон дода шуданд; 5) дар диаграмма номхо ва нишонахои мувофик навишта шуданд (чадвали 1).
Чадвали 1. - Шумораи ахолии вилояти Хатлони Ч,Т ва мухочирати дохилй
Нишондихандахо Солх,о
1991 2000 2005 2010 2015 2018 2019 2020 2021 2022
Ахолй, хаз. нафар (Х) 1879,4 2198,4 2413,2 2698,6 3047,8 3274,8 348,3 3459,7 ¡530,0 3611,2
Афзоиши
мухочират, 6910,0 - 6503,0 4499,0 5006,0 4570,0 386,0 6103,0 ¡973,0 4018,0
нафар (У)
Манбаъ: Минтакахои Чумхурии Точикистон: 32 соли истиклолияти давлати//Мачмаи оморй. - Душанбе. - Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон, 2023. -
С. 35
Баъди ичрои бандхои дар боло чунин намуд гирифт, ки он дар расми 2 овардашуда диаграммаи пароканиш пешниход карда шудааст.
афзоиши х,ич,рат (У)
10000,0 9000,0 8000,0 7000,0 6000,0 5000,0 4000,0
3000,0
1800,0
2300,0
2800,0
3300,0
3800,0
Расми 2. Диаграммаи пароканиши вобастагии мухочирати дохили дар вилояти Хатлони Чумхурии Точикистон аз ахолии умумИ дар минтака
Бо усули медиана раванди мухочирати дохиличумхуриявиро дар вилояти Хатлон вобаста аз ахолии умумии минтака тахкик кардан осон аст. Барои расидан ба ин максад ду тири дар зери кунчи 90 градусро мегузаронем, ки нуктаи бурриши онхо кимати медианагии ахолии умумии минтака ва кимати медианагии афзоиши мухочиратро нишон медихад, ки онхо ба 3161,3 ва 4788,0 баробаранд. Дар расм онхо бо тирхои гафс ишора шудаанд. Нуктахои мединагии Х ва У бо фармони "медиана"-и барномаи Excel муайян карда шудаанд. Чуноне ки аз расми 2 дида мешавад, дар натичаи ба хамвории
диаграмма гузоштани ин ду хат дар системаи координат чор квадрат хосил шуд. Дар хар як квадрат шумораи нуктахои чойгиршударо хисоб мекунем (хисоб аз рост ба тарафи чап гузаронида мешавад): п1=2, п2=2, п3=-1, п4=-3. Суммаи ин нуктахоро барои квадратхои мусбй ва манфй алохида-алохида хисоб мекунем: п(+)=п1+п2=2+2=4, п(-)=п3+п4=-1-3=-4; суммаи хамаи нуктахоро хисоб мекунем (нуктахои дар хати медианй хобида ба хисоб гирифта намешаванд): п'=п(+)+п(-)=4-4=0. Чуноне ки мебинем, п'=0 аст ва ба п=8 баробар нест (расми 3).
Расми 3. Тасвири дарачахои гуногуни кувваи алокахо
Додахо алокахои гуногунро дошта метавонанд, ки онхо бо мафхуми "кувва" тавсиф карда мешаванд. Доир ба муайян кардани дарачаи алокамандии додахо таснифоти (гурухбандИ) - и зерин кабул шудааст [8, с. 105]:
• аз ±0,81 то ±1,0 -кувваи алокаи пурзур;
• аз ±0,61 то ±0,8 -кувваи алокаи миёна;
• от ±0,41 то ±0,6 -кувваи алокаи суст;
• от ±0,21 то ±0,4 -кувваи алокаи бенихоят суст;
• от 0 то ±0,2 - алока вучуд надорад.
Агар аз руи ин таснифот ба алокамандии шумораи ахолии вилояти Хатлон ва хичрати дохиличумхуриявИ дар минтака бахо дихем, мебинем, ки дар байни онхо кувваи алокаи чунон бенихоят суст вучуд дорад, ки набудани онро хам тасдик кардан мумкин аст, чунки n =0 шуд.
Х,ангоми вучуд надоштани алока ё коррелятсия дар байни параметрхо нуктахо дар диаграмма ба таври бесарусомонИ чойгир мешаванд, ки хаминро дар диаграммаи пароканиши хосилшуда мебинем (расми 2). Дар амал бошад, хамин гуна чойгиршавии нуктахо дар системаи координат хангоми мавчуд будани алокаи
(коррелятсия)-и бенихоят суст ба вучуд меояд.
Роххои гуногуни хисоб кардани коэффитсиенти коррелятсия вучуд дорад, масалан, онро бо рохи математикИ ва истифода аз технологияхои иттилоотИ хисоб кардан мумкин аст, вале рохи осонтарини хисоб кардани он бо ёрии барномаи MS Excel ё барномаи дигари чадвали электронИ мебошад. Мо бо ин ду рох коэффитсиенти коррелятсияи шумораи ахолии вилояти Хатлон ва тагйирёбии хичратро дар дохили минтака хисоб мекунем. Натичахои дар боло баён ёфта бо истифода аз чадвали электронии MS Excel ба даст оварда шудаанд.
Тахлили математикии коррелятсионИ чунин гузаронида шуд.
Коэффитсиенти коррелятсия бо формулам зерин х,исоб карда мешавад:
Мо 9 чуфти додахоро (нишондихандахоро) барои ахолии умумии вилояти Хатлони Точикистон ва тагйирёбии хичрат чамъ овардем, яъне n=9. Аз руи чадвали 1 киматхои ба формула мувофикояндаро бо ёрии чадвали электронии MS Excel хисоб кардем, ки дар чадвали 2 оварда шудааст.
Ч,адвали 2. - Натичаи хисоби киматхо оид ба муайян намудани вобастагии тагйирёбии шумораи мухочирон дар вилояти Хатлон аз шумораи умумии ахолии вилояти
Хатлон
№ рт Ахолй, хаз. нафар (Х) Афзоиши мухочират, нафар (У) Х2 У2 ХУ
1 1879,4 6910,0 3532144,4 47748100 12986654
2 2413,2 6503,0 5823534,2 42289009 15693039,6
3 2698,6 4499,0 7282442 20241001 12141001,4
4 3047,8 5006,0 9289084,8 25060036 15257286,8
5 3274,8 4570,0 10724315 20884900 14965836
6 3348,3 9386,0 11211113 88096996 31427143,8
7 3459,7 6103,0 11969524 37246609 21114549,1
8 3530,0 3973,0 12460900 15784729 14024690
9 3611,2 4018,0 13040765 16144324 14509801,6
Х,амагй 9 27263,0 50968,0 85333823 313495704 152120002
^иматхои хосилшударо дар формула гузошта, чунин натичаро хосил кардем: r = -0,27
Чуноне ки дида мешавад, коэффитсиенти (зариби) коррелятсия баробари -0,27 аст, ки дар доираи таснифи коэффитсиентхои кабулшудаи умумй чой дорад ва мувофики он, маънои онро дорад, ки дар байни шумораи умумии ахолй ва шумораи тагйирёбандаи мухочирон дар дохили вилояти Хатлони Чумхурии Точикистон алокаи бенихоят суст вучуд дорад.
Тазаккур бояд дод, ки воситаи истифодашуда, яъне диаграммаи пароканиш ва хисоби математикиро танхо барои он бузургихое истифода бурдан мумкин аст, ки дар байни онхо вобастагии табий ва аз ин лихоз, алокамандии сабабй-натичавй дар хакикат вучуд доранд, вагарна тахлилгар ба доми фиреб афтиданаш мумкин мешавад. Аз хамин сабаб, ин воситахоро танхо шахсоне бахо дода метавонанд, ки бо раванди тахлилшаванда хеле хуб шиносанд ва медонанд, ки коэффитсиенти коррелятсия бузургии тасодуфй аст ва онро доимии физикй хисобидан номумкин аст. Ин гуна баходихй маънои онро дорад, ки шахси тахлилгар алокаи ин бузургихоро бо параметрхои дигари сохахои ичтимой-иктисодй дида метавонад.
Ба коэффитсиенти коррелятсия ба таври дигар низ бахо додан мумкин аст. Дар барномаи Excel хаттеро сохтан мумкин аст, ки он "тренд" ном дорад ва формулаи
математикиро сохиб аст. Дар расми 3 ин хат дар шакли хати аз нуктахо иборат тасвир ёфтааст ва муодилаи он низ дар он чо чойгир аст. Чуноне ки аз расми 3 маълум аст, хати "тренд" ба равиши манфй дар тахти кунчи хурд нисбат ба тири афзоиш сохиб аст, ки исботи натичахои хисобхои дар боло гузаронидашуда аст.
Х,амин тарик, натичаи тахкикот нишон дод, ки баъзе ташкилдихандахои технологияхои иттилоотиро барои халли масъалахои ичтимой-иктисодии
минтакахои кишвар ва рушди мутавозини онхо, ки дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, хамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатй эътироф гардидаанд [10], истифода бурдан боиси баланд гардидани сифати тахлил мегардад. Дар Точикистон, ки афзоиши солонаи ахолй 2,3 фоизро ташкил медихад, арзёбии тамоюли тагйирёбии сохтори хонаводахо ва вазъи сарбории демографй бо истифода аз технологияхои ракамй хеле ба максад мувофик буда, имкон медихад, ки дарачаи таъсиррасонии омилхои демографй ба рушди ичтимою иктисодй ва инноватсионии кишвар муайян карда шавад. Аз ин лихоз, боварй дорем, ки минбаъд корхои илмй-тахкикотй вобаста ба муайян намудани сатхи таъсиррасонии омилхои демографй ба рушди устувори сохахои дигари иктисодиёт, аз он чумла, саноат, савдо ва хизматрасонй боиси дарёфт намудани маълумоти муфассал оид ба
тамоюли тагйиёрбии таркиби сохтори демографй дар кишвар мегардад.
АДАБИЁТ
1. Диаграмма рассеяния. Электронный ресурс: [https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%94%D0%B8%D0%B0%D0%B3%D1%80%D0%B0%D0% BC%D0%BC%D0%B0 %D1%80%D0%B0%D1%81%D1%81%D0%B5%D1%8F%D0%BD% D0%B8%D1%8F} (на 14.05.2024)
2. Диаграмма рассеяния. Электронный ресурс: [httns://bigenc.ru/c/diagramma-rasseianiia-7a55c21 (на 14.05.2024)
3. Диаграмма рассеяния: [https://inbsn.ru/business-optimization/scatter-diagram.html] (на 14.05.2024)
4. Васин С.Г. Управление качеством. Всеобщий подход : учебник для бакалавриата и магистратуры / С.Г. Васин. - М. : Издательство Юрайт, 2016.
5. Гродзенский С.Я. Управление качеством : учебник. - Москва : Проспект, 2017.
6. Диаграмма разброса. / Сайт studfiles.net [Электронный ресурс]. Режим доступа: https://studfiles.net/preview/4499997 (дата обращения: 25.12.2018).
7. Гершель, Джон Электронный ресурс [https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%93%D0%B5%D1%80%D1%88%D0%B5%D0%BB%D1% 8C,_%D0%94%D0%B6%D0%BE%D0%BD] (на 21.05.2024)
8. Маркетинг: теория и практика : учеб. пособие для бакалавров / под общ. ред. С.В. Карповой. - М.: Издательство «Юрайт», 2016.
9. Минтакахои Чумхурии Точикистон// Мачмуаи оморй. - Душанбе, Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон, 2022. - 324 с..
10. Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, ^арори Мачлиси намояндагон Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон. - Душанбе, аз 1 декабри соли 2016, №636. - 88 с.
11. Дастовардхои иктисодии Точикистон дар 30 соли Истиклолияти давлатй.-Душанбе: "Эр-граф", 2021.-512с.
Маълумот дар бораи муаллифон:
Зайнудинов С. - н.и.т., дотсент, Пажухишгохи илмию тахкикотии иктисодии Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон;
Зайниддинзода С.Ч,. - н.и.и., дотсент, Пажухишгохи илмию тахкикотии иктисодии Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон;
Нурдинов Б. - н.и.и., дотсент, Пажухишгохи илмию тахкикотии иктисодии Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон;
Салимов Н.С. - н.и.-ф.м, дотсент, Донишгохи давлатии тичорати Точикистон. Информация об авторах:
Зайнудинов С. - к.т.н., доцент, научно-исследовательский экономический институт Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан; Зайниддинзода С.Дж. - к.э.н., доцент, научно-исследовательский экономический институт Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан; Нурдинов Б. - к.э.н., доцент, научно-исследовательский экономический институт Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан; Салимов Н.С. - к. ф.-м.н, доцент, Таджикский государстенный университет коммерции.
Information about the authors:
Zainudinov S. - Candidate of Technical Sciences., dotcent, Scientific Research Economic Institute of the Ministry of Economic Development and Trade of the Republic of Tajikistan;
133
Zainiddinzoda S.J. - Candidate of Economic Sciences, dotcent, Scientific Research Economic Institute of the Ministry of Economic Development and Trade of the Republic of Tajikistan; Nurdinov B. - Candidate of Economic Sciences, dotcent, Scientific Research Economic Institute of the Ministry of Economic Development and Trade of the Republic of Tajikistan; Salimov N.S. - Candidate of Physical and Mathematical Sciences, Tajik State University of Commerce.