Научная статья на тему 'МЕХАНИЗМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДОНИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ'

МЕХАНИЗМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДОНИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
бозори меҳнат / ҳавасмандгардонии моддии меҳнат / шуғли пурмаҳсул / сармоягузорӣ / бекорӣ / ҳосилнокии меҳнат / инноватсия / захираҳои меҳнатӣ / музди меҳнат / мукофотпулиҳо. / рынок труда / материальное стимулирование труда / продуктивная занятость / инвестиции / безработица / производительность труда / инновации / трудовые ресурсы / заработная плата / премии.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Мирзозода А. Д., Гадоев Х. С.

Дар мақола механизми ҳавасмандгардонии кормандони корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон дар шароити ташаккули шуғли пурмаҳсул мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Аввали матни таҳқиқот мазмуни механизми ҳавасмандгардонии моддии меҳнат ва шуғли пурмаҳсул, инчунин шароиту имкониятҳои ташаккули шуғли пурмаҳсулро дар бар мегирад. Дар такя ба индикаторҳои Стратегияи мииллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва саноатикунонии босуръати кишвар муҳимияти рушди корхонаҳои саноатӣ аз мавқеи такмили механизми ҳавасмандгардонии моддии захираҳои меҳнатии он оварда шудааст. Натиҷаи SWOT-таҳлили шуғли пурмаҳсул дар корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон муайян кардааст, ки тарафҳои заиф ва таҳдидҳо нисбат ба тарафҳои пурқувват ва имкониятҳо зиёд мебошанд. Ҷой доштани ин ҳолатро муҳаққиқ ба суръати нисбатан пасти рушди соҳаи саноати вилоят ва номутаносибии байни рушди заминаҳои институтсионалӣ ва пешрафти амалияи бозори меҳнат вобаста медонад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MECHANISM INCENTIVES OF WORKERS OF INDUSTRIAL ENTERPRISES OF KHATLON REGION IN CONDITIONS OF FORMATION OF PRODUCTIVE EMPLOYMENT

В статье рассматривается механизм стимулирования работников промышленных предприятий Хатлонской области в условиях формирования продуктивной занятости. В начало текста исследования включено содержание механизма материального стимулирования труда и производительной занятости, а также условий и возможностей формирования производительной занятости. Исходя из показателей Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года и ускоренной индустриализации страны, подчеркивается важность развития промышленных предприятий с позиции совершенствования механизма материального стимулирования его трудовых ресурсов. Результат SWOT-анализа продуктивной занятости на промышленных предприятиях Хатлонской области определил, что слабых сторон и угроз больше, чем сильных сторон и возможностей. Наличие данной ситуации исследователь считает связанным с относительно низкими темпами промышленного развития региона и дисбалансом между развитием институциональной базы и прогрессом практики рынка труда.

Текст научной работы на тему «МЕХАНИЗМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДОНИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ»

УДК: 331.22

МЕХАНИЗМИ ХДВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДОНИ КОРХОНА^ОИ САНОАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ ШУГЛИ ПУРМА^СУЛ

Мирзозода А.Д. Гадоев Х,.С.

Аннотатсия. Дар мацола механизми уавасмандгардонии кормандони корхонауои саноатии вилояти Хатлон дар шароити ташаккули шугли пурмаусул мавриди тауциц царор дода шудааст. Аввали матни тауцицот мазмуни механизми уавасмандгардонии моддии меунат ва шугли пурмаусул, инчунин шароиту имкониятуои ташаккули шугли пурмаусулро дар бар мегирад. Дар такя ба индикаторуои Стратегияи мииллии рушди Цумуурии Тоцикистон барои давраи то соли 2030 ва саноатикунонии босуръати кишвар мууимияти рушди корхонауои саноати аз мавцеи такмили механизми уавасмандгардонии моддии захирауои меунатии он оварда шудааст. Натицаи SWOT-таулили шугли пурмаусул дар корхонауои саноатии вилояти Хатлон муайян кардааст, ки тарафуои заиф ва таудидуо нисбат ба тарафуои пурцувват ва имкониятуо зиёд мебошанд. Цой доштани ин уолатро мууацциц ба суръати нисбатан пасти рушди соуаи саноати вилоят ва номутаносибии байни рушди заминауои институтсионали ва пешрафти амалияи бозори меунат вобаста медонад.

Калидвожахр: бозори меунат, уавасмандгардонии моддии меунат, шугли пурмаусул, сармоягузори, бекори, уосилнокии меунат, инноватсия, захирауои меунати, музди меунат, мукофотпулиуо.

Барои ицтибос: Мирзозода, А.Д. Механизми уавасмандгардонии кормандони корхонауои саноатии вилояти хатлон дар шароити ташаккули шугли пурмаусул /А. Д. Мирзозода, X.. С. Гадоев //Паёми молия ва ицтисод.- 2024 №4 (43) - С. 223-235.

МЕХАНИЗМ СТИМУЛИРОВАНИИ РАБОТНИКОВ ПРОМЫШЛЕННЫХ ПРЕДПРИЯТИЙ ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ В УСЛОВИЯХ ФОРМИРОВАНИЯ ПРОДУКТИВНОЙ ЗАНЯТОСТИ

Мирзозода А.Д. Гадоев Х.С.

Аннотация. В статье рассматривается механизм стимулирования работников промышленных предприятий Хатлонской области в условиях формирования продуктивной занятости. В начало текста исследования включено содержание механизма материального стимулирования труда и производительной занятости, а также условий и возможностей формирования производительной занятости. Исходя из показателей Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года и ускоренной индустриализации страны, подчеркивается важность развития промышленных предприятий с позиции совершенствования

механизма материального стимулирования его трудовых ресурсов. Результат SWOT-анализа продуктивной занятости на промышленных предприятиях Хатлонской области определил, что слабых сторон и угроз больше, чем сильных сторон и возможностей. Наличие данной ситуации исследователь считает связанным с относительно низкими темпами промышленного развития региона и дисбалансом между развитием институциональной базы и прогрессом практики рынка труда.

Ключевые слова: рынок труда, материальное стимулирование труда, продуктивная занятость, инвестиции, безработица, производительность труда, инновации, трудовые ресурсы, заработная плата, премии.

MECHANISM INCENTIVES OF WORKERS OF INDUSTRIAL ENTERPRISES OF KHATLON REGION IN CONDITIONS OF FORMATION OF PRODUCTIVE EMPLOYMENT

Mirzozoda A.D. Gadoev H.S.

Annotation. The article examines the mechanism of incentives for workers at industrial enterprises in the Khatlon region in the context of the formation of productive employment. The beginning of the research text includes the content of the mechanism of material incentives for labor and productive employment, as well as the conditions and opportunities for the formation of productive employment. Based on the indicators of the National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period until 2030 and the accelerated industrialization of the country, the importance of the development of industrial enterprises is emphasized from the position of improving the mechanism of material incentives for its labor resources. The result of a SWOT analysis ofproductive employment at industrial enterprises in the Khatlon region determined that there are more weaknesses and threats than strengths and opportunities. The researcher considers the presence of this situation to be associated with the relatively low pace of industrial development of the region and the imbalance between the development of the institutional framework and the progress of labor market practices.

Key words: labor market, material incentives for labor, productive employment, investment, unemployment, labor productivity, innovation, labor resources, wages, bonuses.

Гузориши масъала. Механизми хдвасмандгардонии мехнат мачмуи роху усулхои чорикунии хавасмандгардонихоеро дар бар мегирад, ки ба самти баходихии корхои ичрогардида ва пардохти одилонаи арзиши кувваи кории кормандон нигаронида шуда, дар шакли моддй, пулй ва дигар воситахои гайрипулй (бастаи ичтимой) ба онхо дода мешаванд. Дар шароити кунунй, ки намудхои мухталифи

хавасмандгардонихо чой доранд, механизми татбики онхо бояд комил ва ба талаботи имруза чавобгуй бошад.

Вокеан, хддафи нихоии тахсилоти касбй ва омодакунии кадрхо аз таъмини шугли пурмахсули ахолй, хамчун шарти мухими фаъолияти босамари иктисодиёти миллй, иборат мебошад. Шугли пурмахсул ба низоми иктисоди бозорй нигаронида шуда, сатх,и баланди мувофикати таклифоти

кувваи корй ва талаботи бозори мехнатро дар назар дорад.

Тax,лили Tax.KHKOTxoH охир Ba нaшриёт. Тахкики илмии мехнат ва хавасмандгардонии он дар интишороти илмии олимони сохаи иктисод ба таври васеъ дарч гардидааст. Дар таълифоти асосгузорони FOяхои иктисодии хоричй ба монанди: Ф. Кенэ, У. Петти, А. Смит, Д. Риккардо, К. Маркс мехнат ва арзиши он зери тахкик карор дода шyдааст. Иктисодчиёни ватанй ба монанди: Т.Ч,. Усмонова, Д.С. Амонова, Д.Б. ^одирзода, С.Ч,. Комилов, Т.Б. Fаниев, Р.К. Рачабов, Ш.Э. Дyстбоев, А.Ч,. Ч,абборов, М.М. Исмоилов, Р.Б. Хyчамкyлов, Р.У. Рyстамов, хавасмандгардонии мехнат ва каноатбахш бyдани хачми хавасмандгардонии моддии мехнатро мавриди тахкик карор додаанд.

Мaксaди мaколa аз мyайян ва дарёфти самтхои механизми

хавасмандгардонии кормандони

корхонахои саноатии вилояти Хатлон дар шароити ташаккyли шyFли пyрмахсyл иборат мебошад.

MyxraBOH aсосии мaвод. ШyFли пyрмахсyл хамчyн омили

хавасмандкyнандаи сохахои иктисодй ва ичтимой баромад намyда, барои кохишдихии сатхи бекорй, таъмини шyFли ахолй аз тарики ба тахсилоти касбй фарогирии чавонон ва касбомузии калонсолон мyсоидат менамояд.

Хукумати Чумхурии Точикистон хадафхои стратегии миллй, яъне таъмин намудани истиклолияти энергетикй, баромадан аз бунбасти коммуникатсионй ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитй, хифзи амнияти озукаворй ва дастрасии ахолй ба Fизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва

васеъ намудани шyFли пурмахсулро тадричан амалй карда истодааст [5]. Аз ин ру, ба пуррагй ноил гардидан ба ин хадафхо барои таъмини шароити мусоиди ичтимоию иктисодии чумхурй ва минтакахои он, аз чумла рушди инфрасохтори сохаи саноат, афзоиши хосилнокии мехнат ва таъмини хавасмандгардонии моддии захирахои мехнатй заминагузор мебошад.

Такмили механизми

хавасмандгардонии кормандони

корхонахои саноатй дар шароити ташаккули шyFли пурмахсул яке аз масъалахои мубрами рушди бозори мехнати минтакавй ва омили суръатбахши саноатикунонии босуръати кишвар махсуб меёбад. Ташаккулу рушди шyFли пурмахсул дар сохаи саноати минтакаи Хатлон зарурати такмили механизми хавасмандгардонии мехнатро аз хисоби унсурхои муосири низоми хавасмандгардонй дар назар дорад.

Дар Стратегияи мииллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 мазмуни шyFли пурмахсул оварда шудааст. Он фаъолиятеро дар назар дорад, ки ба даст овардани даромадро дар шакли музди мехнат ё ин, ки фоидаро аз сохибкорй дар раванди истехсоли молхо, пешниходи хизматрасонихо ва Fайра таъмин менамояд [10, с.68]. Муатаассифона, рушди ин намуди шyFл дар бозори мехнати чумхурй ва минтакахои он дар сатхи лозимй таъмин нагардидааст. Бо максади тахкики амики механизми хавасмандгардонии моддии мехнати кормандони корхонахои саноатй тахлил ва омузиши шароиту имкониятхои ташаккули шyFли пурмахсул мухим арзёбй мегардад. Вобаста ба ин, SWOT - тахлили шyFли пурмахсулро дар шароити корхонахои саноатии вилояти Хатлон мегузаронем (чадв. 1.).

ТАРАФ^ОИ ПУР^УВВАТ

ТАРАФ^ОИ ЗАИФ

Ч,aдвaли 1. - SWOT - тax,лили шуFли пурмax,сул дaр K0px0Hax,0H сaноaтии вилояти Хaтлон

1. Асосхои институтсионалии рушди бозори мехнат; 2. Таклифоти кувваи кории кифоянок; 3. Фаъолгардии чараёнхои сармоягузорй ба сохаи саноат. 1. Сатхи пасти музди мехнат; 2. Нокифоягии воситахои барои хавасмандгардонихои моддй сафарбаршаванда; 3. Ч,ой доштани мухочирати дохилй ва берунии кадрхои баландихтисос; 4. Сатхи баланди бекорй; 5. Номутавозинии талаботу таклифоти кувваи корй; 6. Мавкеи устувори ракобатпазирй надоштани аксарияти молхои истехсолоти саноатй дар бозор, бахусус бозорхои берунй.

ИМКОНИЯТ^О ТАХДИДХ,О

1. Х,амчун сохаи афзалиятноки иктисоди миллй баромад кардани саноат; 2. Нисбатан тамоюли мусбии рушд доштани гуногунсозии истехсолоти саноатй; 3. Ба тахсилоти касбй фаро гирифтани чавонон ва чалби калонсолон ба касбомузй. 1. Барзиёдии кувваи корй нисбат ба чойхои корй; 2. Рушди нокифояи инфрасохтори саноатй дар вилояти Хатлон; 3. Сатхи нисбатан пасти хосилнокии мехнат дар баъзе аз корхонахои саноатии вилоят; 4. Вобастагии бозорхои дохилй аз молу махсулоти саноатии воридотй. 5.Дар шароити рушди имкониятхои инноватсионии истехсолоти саноатй чой доштани номувофикии донишу малака ва тачрибаи кувваи корй (аз чумла мухочирони ба ватан баргашта) ба амалияи корхонахои саноатй.

Сарчашма: Тахияи мyаллиф дар асоси адабиёти 10.

Аз маълyмоти чадвали 1 бар меояд, ки бо сабаби ноустувории баъзе аз холатх,о, аз чумла гайриканоатбахш будани музди мехнат ва дигар намуди

хавасмандгардонихои моддй, инчунин шароити ташаккули воситахои

хавасмандгардонй ва таъсири манфии хатархои чойдошта шугли пурмахсул дар корхонахои саноатии вилоят дар сатхи лозимй рушд накардааст. Аз SWOT-тахлили гузаронидашуда хулосахои зерин бароварда шуд:

1. Бо сабаби суръати нисбатан пасти рушди сохаи саноати вилоят имконияти халли мушкилоти бекорй ва таъмини шугли назарраси кувваи корй имконнопазир гардидааст;

2. Байни рушди заминахои институтсионалй ва пешрафти амалияи

бозори мехнат (рушди шугли пурмахсул) номутаносибй дида мешавад. Вобаста ба ин, санадхои меъёрию хукукии танзими муносибатхои мехнатиро бо назардошти дигаргунихои амалияи бозори мехнат пайваста такмил додан лозим аст. Оид ба ин масъала иктисодчии ватанй Саидов Р.Н. дар яке аз маколахои илмии худ кайд менамояд, ки «....такмили конунгузории амалкунандаи танзими бозори мехнат самти афзалиятноки сиёсати давлатии мусоидат ба шугли ахолй мебошад» [8, с. 11б].

3. Зиёд гардидани корхонахои саноатй дар вилоят, ки имконияти ба шугл фарогирии доираи васеи захирахои мехнатй ва истехсоли махсулоти инноватсиониро доранд, барои халли мушкилоти бекорй, руи кор овардани низоми комили хавасмандгардонии моддй ва дар нихоят,

баландбардории хосилнокии мехнат мусоидат менамоянд.

Дар заминаи афзалиятхои вилояти Хатлон ва дигар манотики чумхурй оид ба рушди шугли пурмахсул механизми хавасмандгардонии моддии мехнати корхонахои саноатй бояд холатхои зеринро таъмин намояд: а) зиёд намудани шумораи кормандон аз тарики чорй намудани хачми каноатбахши хавасмандгардонии моддй; б) ба вучуд овардани мухити ракобатй дар байни кормандон; в) такмили маълумоти касбй ва малакахои касбии кормандон; г) хифзи манфиатхои моддй ва маънавии кормандон нисбат ба шугли гайрирасмй.

Самтхои афзалиятноки ташкили чойхои кории пурмахсул дар сохаи саноати вилояти Хатлон инхо махсуб меёбанд: а) ба хавасмандгардонии моддй бештар фаро гирифтани чавонон ва заноне, ки фаъолияти инноватсионии корхонаро пеш мебаранд; б) механизми хавасмандгардонии моддии мехнат дар корхонахои саноатии вилоят нисбат ба кормандоне, ки ба оилахои осебпазир мансубанд, бояд тартиби имтиёзноки хавасмандгардиниро амалй намояд.

Рушди муносибатхои ичтимоию мехнатй ва тагйироти тартиби ташкил ва танзими музди мехнат зарурати мукаммалгардонии низоми

хавасмандгардонии моддии мехнат ва унсурхои таркибии онро пеш овард. Дар шароити кунунии корхонахои саноатй яке аз кисматхои мухими хавасмандгардонии моддй, аз мавкеи самараи мехнати кормандони алохида, фонди

хавасмандгардонии тагйирёбанда дониста мешавад. Хавасмандгардонии моддии мехнат дар намуди хиссачудокунй аз фоида, мукофотонй дар охири соли хисоботй, хавасмандгардонй дар натичаи афзоиши хосилнокии мехнат, афзоиши хачм ва арзиши корхо, инчунин баландгардии сифати мехнат аз хисоби воситахои фонди

хавасмандгардонии тагйирёбанда амалй карда мешавад. Вобаста ба ин, такмили механизми хавасмандгардонихои мазкур мухим арзёбй мегардад.

Хавасмандгардонихое, ки бо истифода аз воситахои фонди болозикр амалй карда мешаванд, бояд фаъолнокии мехнатии кормандонро таъмин намуда, барои баланд бардоштани хосилнокии мехнат мусоидат намоянд.

Дар шароити муосир корхонахои саноатии ватанй, алалхусус корхонахои вилояти Хатлон, дар хамон сурат мавкеи устувори ракобатпазириро сохиб шуда метавонанд, ки агар дар онхо сатхи баланди хосилнокии мехнат дида шавад. Аз ин ру, ба манфиати корхонахои соха мебуд, агар механизми хавасмандгардонии моддии мехнати кормандон бо назардошти нишондихандаи хосилнокии мехнат амал мекард. Чунки унсурхои кисми тагйирёбандаи фонди хавасмандгардонии моддй воситахои хавасмандгардонии хосилнокии мехнат мебошанд. Тахлили ракамхои омории фаъолияти корхонахои саноатии ватанй нишон дод, ки хавасмандгардонихои моддй омили баландтаъсири афзоишдихандаи

хосилнокии мехнат ва рушди корхонахои саноатй баромад намуда, чихати расидан ба максадхои стратегии онхо накши мухим мебозад Аз ин ру, оид ба масълаи мазкур вазоратхои дахлдор ва корхонахо бояд фаъолиятро чоннок намоянд [4, с.124].

^исми тагйирёбандаи фонди хавасмандгардонии моддии мехнати кормандони корхонахои саноатй бояд иловапулй ва музди мехнати иловагй, низоми мукофотонй, кафолати ичтимой, пардохтхо ва имтиёзхоро дар бар гирад. Дар шароити муосир таркибдихандагони музди мехнати иловагй дар механизми хавасмандгардонии модди мехнат накши марказй дошта, вобаста ба хусусиятхои гуногуни онхо чой дода мешаванд. Аз

сабаби он ки захирахои мехнатии дилхох корхона ба категорияхои гуногун чудо мешаванд, бинобар ин, механизми хавасмандгардонии моддии онхо бояд холати мазкурро ба инобат гирад. Вобаста

ба ин, пардохтхои иловагие, ки чой додани онхо дар механизми хавасмандгардонии моддии кормандони корхонахои саноатии вилояти Хатлон мухим аст, дар расми 1. гурухбандй карда шудаанд.

ПАРДОХТХ,ОИ ИЛОВАГЙ

Пардохтхои иловагие, ки дар корхонахои саноатй махдудият надоранд

Пардохтхои иловагие, ки барои самараи мухими мехнатй истифода мешаванд

Барои ичрои корх,о дар рузх,ои истирох,ат ва ид

Барои мах,орати баланди касби

Барои корх,ои зиёда аз ва;ти му;аррарИ ичрошуда

Барои дастовардх,ои назарраси мех,натИ

Барои меъёри бисёрбастаи кори

Барои давомнокии мунтазами корх,о

Барои кори аз категорияи таъйиншуда баланд

Барои мех,нати интенсиви

Барои шароити номусоиди мех,натИ

Барои мех,нати хусусияти инноватсионидошта

Расми 1.- Гурухбандии чузъхои музди мехнати иловагии кормандони корхонахои саноатй.

Сарчашма: Тахияи муаллиф.

Дар шароити иктисоди бозорй мукофотонии кормандони корхонахои саноатй яке аз чузъхои чудонопазири низоми муосири хавасмандгардонии моддии мехнат махсуб меёбад. Хавасмандгардонии мазкур аз тарики бартарф намудани норасоихои шакл ва низоми музди мехнат, инчунин сафарбар намудани фаъолнокии мехнатии кормандон

барои ноилгардй ба хадафхои дар назди корхонаи саноатй гузошташуда дар холи кунунй мухим арзёбй мегардад.

Баъзе аз иктисодчиён бар он назаранд, ки низоми мукофотонй на хама вакт кормандонро ба самти баландбардории самаранокии мехнат сафарбар менамояд. Дар чунин шароит барои ба вучуд овардани алокаи босамари мукофотонй ва натичаи

мехнат интихоби нишондихандахо ва шарти мукофотонй накши калидй дорад. Иктисодчиён чунин акида доранд, ки худуди пасттарини мукофотонй, ки самараи хавасмандгардониро ба вучуд меорад, 710%-и меъёри тарифй мебошад [1, с.273].

Аз нигохи мо, дар шароите, ки 7-10%-и меъёри тарифй арзиши зиндагиро конеъ карда наметавонад, самараи мехнат хосил намегардад. Дар чунин холат зарурат ба миён меояд, ки худуди пасттарини хадди дукарата-14-20% -и меъёри тарифй бошад.

Дар корхонахои саноатии вилоят имрузхо метавон якчанд намуди хавасмандгардонии моддии мехнатро дар намуди мукофотонй чорй намуд, аз чумла: а) мукофотонии якдафъаина

(хавасмандгардонй барои ичрои корхои нисбатан мухим, ичрои корхои фаврй, пардохт дар рузхои ид ва гайра); б) чорй намудан низоми махсуси мукофотонй (мукофтонии кормандон барои сарфаи захирахо, пешниходи акидахои

бунёдкорона, навоварихо ва дигар корхо.); в) мукофотонй барои натичахои мусбии фаъолият (вобаста ба максад ва вазифахое, ки дар назди корхонахои саноатй гузошта мешаванд. Мукофотонй метавонад дар шакли инфиродй ва дастачамъона амалй карда шавад, яъне мукофотонии инфиродй-натичанокии мехнати корманди алохида ва мукофотонии дастачамъона бошад-афзоиши самараи мехнати дастачамъонаи кормандонро, дар мачмуъ, таъмин менамояд.

Аз маълумоти болозикр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар шароити корхонахои саноатии вилояти Хатлон намуди сеюми мукофотонй нисбатан мувофик ва самарадех мебошад, чунки он хамаро фарогир буда, таъмини хавасмандгардонии инфиродию

дастачамъона ва афзоиши натичахои нихоии мусбии фаъолиятро аз хисоби кормандони алохида ва гурухи кормандон

дар назар дорад. Вобаста ба ин намуди хавасмандгардонии моддй, М.А.Пархомчук чунин мехисобад, ки хавасмандгардонй барои натичахои фаъолият дар доираи идоракунии зиддибухронии корхонахо мухим буда, барои рушди босуботи иктисодиёт мусоидат менамояд [6, с.45].

Барои чорй намудани ин ё он намуди хавасмандгардониии моддй ба инобат гирифтани имкониятхои молиявии корхонахои саноатии вилоят мухим мебошад. Дар шароити махдудияти захирахои молиявй, ки кисми зиёди корхонахои саноатии вилоят

нишондихандахои ноустувори молиявй доранд, имконияти чудо намудани воситахои иловагиро барои пардохти мехнат надоранд. Аммо, аз дигар тараф, ба пуррагй даст кашидан аз мукофотонии кормандон низ мантикан нодуруст аст, чунки набудани пардохтхои

хавасмандгардонй дар корхонахои саноатй окибатхои боз хам манфиро ба бор меорад.

Аз руйи арзёбии мо, афзоиши хосилнокии мехнати кормандони корхонахои саноатй то хадди 20% тагйирёбии назарраси натичахои молиявиро таъмин карда наметавонад. Хосилнокии мехнат дар корхонахои саноатии вилоят дар тули солхои 2014-2021 ба хисоби миёнасолона 20,4%-ро ташкил медихад, аз ин ру, чорй намудани мукофотонии дастачамъона мувофик мебошад. Аз дигар тараф, мукофотонии коллективй, ки ба самаранокии истехсолоти корхонахои саноатй алокаманд мебошад, метавонад афзоиши хосилнокии мехнатро таъмин намуда, майли кормандонро ба сарфаи захирахо ва истифодаи босамари карорхои нави технологии баландбардории сифати махсулот ба вучуд орад. Вобаста ба ин масъала, иктисодчии ватанй Исмоилов М.М. дар яке аз таълифоти илмии худ кайд менамояд, ки механизми пардохтхо ва хавасмандгардонии мехнат бояд аз

муносибатхои чараёни истехсолот вобаста бошад [3, с.259].

Дар шароити корхонахои саноатии Чумхурии Точикистон, алалхусус дар корхонахои вилояти Хатлон, ки сатхи нисбатан баланди суръати афзоиши хосилнокии мехнат нисбат ба суръати афзоиши пардохти мехнат дида мешавад, кабул ва истифодаи принсипхои низоми хавасмандгардонии мехнати Аткинсон бо назардошти тагйироти баъзе аз меъёрхо то андозае мувофик мебошад. Низоми хавасмандгардонии Аткинсон тагйирёбии бузургии хавасмандгардониро баробари афзоишёбии хосилнокии мехнат дар хачми 10, 15 ва 20% дар назар дорад [1, с.272].

Азбаски максади асосии корхонахои саноатии вилоят афзоиши хачми истехсоли махсулот, хусусан дар шароити пеш гирифтани сиёсати воридотивазкунанда, зиёд намудани афзалиятхои ракобатй дар бозорхои дохилию хоричй махсуб меёбад, нишондихандаи асосии хавасмандгардонии инфиродй бояд афзоиши хосилнокии мехнат дар хадди зиёда аз 20% бо назардошти сифати махсулот ва риояи технологияи истехсолот кабул карда шавад. Аммо бо максади хавасмандгардонии бештари самаранокии мехнати кормандон чорй намудани механизми прогрессивии

афзоиши хачми хавасмандгардонии инфиродй зарур мебошад.

Бо максади хавасмандгардонии коллективи кормандон дар чамъбасти фаъолияти корхона зиёд намудани хачми мукофотонии дастачамъона, вобаста ба нишондихандахои самаранокии фаъолияти корхона, мухим мебошад. Ба сифати чунин нишондиханда натичаи нихоии молиявй, яъне фоидаи софи корхонаи саноатй бояд баромад кунад. Бо назардошти ду холати зикршуда, яъне мукофотонии инфиродй ва дастачамъона механизми мукофотонии кормандони корхонахои саноатии вилояти Хатлонро дар чадвали 2. пешниход менамоем.

Аз чадвали 2. дида мешавад, ки меъёри унсурхои механизми мукофотонии инфиродй ва дастачамъона аз якдигар фарк менамоянд, аммо максади нихоии онхо ягона буда, аз афзоиши самараи мехнат дар корхонаи саноатй иборат мебошад. Байни механизмхои зикршуда алокамандии зич чой дошта, яке дигареро пурра менамояд. Масалан, мукофотонии инфиродии кормандон самаранокии мехнатро таъмин намуда, барои расидан ба натичахои молиявии мусбй дар корхона мусоидат менамояд.

Намудхои мукофотонй Механизмхои мукофотонй

Мукофотонии инфиродй Нишондихандахои мукофотонй Афзоиши хосилнокии мехнат дар мукоиса бо соли гузашта, %

Х,ачми мукофотонй то 20 мукофотонй пешбинй намешавад аз 20 то 25 аз 25 то 30 зиёда аз 30

В 12 16

аз фонди тарифии солона, %

Шарти мукофотонй Сифати махсулот ва риояи технологияи истехсолот

Давраи мукофотонй Дар охири хар як нимсола (охири мохи июн ва декабр)

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Ч,адвали 2. - Механизмхои тавсияшавандаи мукофотонии кормандони корхонахои саноатии вилояти Хатлон дар шароити шуFли пурмахсул.

Мукофотонии дастачамъона Нишондихандахои мукофотонй Хачми фоидаи соф

Хачми мукофотонй 5% аз фоидаи соф

Шарти мукофотонй Риояи интизоми мехнат, набудани танбех, ба пуррагй ичро намудани меъёрхои истехсолот

Давраи мукофотонй Солона

Сарчашма: Тахияи муаллиф дар асоси адабиёти 1.

Меъёрхои хавасмандгардоние, ки дар чадвал оварда шудаанд, афзоиши прогрессивии хачми хавасмандгардониро дар назар дошта, мунтазам баландшавии сатхи хосилнокии мехнати корхонаи саноатиро дар шароити шугли пурмахсул таъмин менамояд. Оид ба масъалаи такмили низоми хавасмандгардонй иктисодчй Исмоилов М.М. чунин нуктаи назар дорад, ки механизми пардохти музди мехнат ва хавасмандгардонихои мехнатй бояд тавре амал намояд, ки мукаммалгардонии мунтазами низоми хавасмандгардонии мехнат ва рушди хар як унсури механизми мазкурро таъмин намояд.

Низоми Ракер ва Скэнлон низомхои хавасмандгардонии моддии кормандон мебошанд, ки хоси иктисоди бозорй буда, иштироки кормандонро дар фоидаи корхона дар назар доранд. Тибки низомхои мазкур пардохтхои хавасмандгардонй 7-10%-и фоидаи софи корхонаро ташкил менамоянд [1, с.283].

Аз ин чо, маълум мегардад, ки барои мукофотонии коллективи кормандони корхонаи саноатй ва ташаккули бастаи ичтимоии хавасмандгардонии инфиродй бо назардошти самаранокии истехсолот бояд 10%-и фоидаи соф сафарбар карда шавад.

Самаранокии хавасмандгардонии дастачамъона, ки аз бисёр чихат ба механизми таксимоти он вобаста мебошад, бинобар ин, арзёбии вокеии самараи иштироки хар як кормандро ба натичахои ноилгардидаи корхона талаб менамояд. Вобаста ба ин, муайян намудани сахми

мехнатии хар як корманд дар мувофика бо сатхи хавасмандгардонии моддии солона, бо назардошти тахассусмандии кормандон ва натичаи кори у дар давоми сол мухим дониста мешавад. Хамин тарик, хавасмандгардонии дастачамъона бояд мутаносибан ба хиссаи фонди солонаи пардохти мехнати кормандон дар фонди умумии пардохтхо таксим карда шавад. Бо максади баланд бардоштани масъулияти коллективи кормандони корхонаи саноатй нисбат ба натичахои нихоии фаъолият, хамчун шарти пардохти мукофоти дастачамъона муайян намудани ичроиши пурраи меъёри корхо дар коргоххои истехсолй мухим мебошад.

Тачриба нишон медихад, ки солхои охир кафолатхои ичтимой ва пардохту имтиёзхо нисбат ба мукофотхои пулй барои зиёд намудани хавасмандгардонии кормандон ба мехнати босамар таъсири назаррас доранд. Дар шароити иктисоди бозорй, ки имкониятхои зиёди азонихудкунии неъматхои моддй мавчуданд, бинобар ин, кормандон хангоми интихоби корхо ба онхо ахамият медиханд. Ба акидаи мумайизони мустакил, имрузхо корчуён на танхо ба хачми пардохти мехнат, инчунин ба неъматхои иловагй, ки аз чониби корфармо ба онхо пешниход карда мешаванд, ахамияти чиддй медиханд [2, с.32].

Амали механизми мукаммали хавасмандгардонии моддии мехнат дар корхонахои саноатии вилояти Хатлон имконият медихад, то хичрати кадрхо

кохиш дода шавад. Иктисодчии ватанй Рустамов Р.У. низ чунин нуктаи назар дорад, ки паст намудани шиддати хичрати кадрхо дар асоси истифодаи механизмхои хавасмандгардонии мехнат яке аз самтхои афзалиятноки самаранок истифодабарй ва идоракунии иктидори мехнатй мебошад [7, с.17].

Аз нигохи мо, дар самти ташаккул ва рушди бозори мехнати минтакавй аз хисоби корхонахои саноатй андешидани чорахои зерин мувофи; мебошад:

- чорй намудани воситахои шарикии давлат ва бахши хусусй дар самти такмили механизми хавасмандгардонии моддии кормандони корхонахои саноатй;

- бо максади саноатикунонии босуръати кишвар баланд бардоштани ракобатпазирии корхонахои саноатии вилоят аз тарики афзоиши самараи мехнати кормандон бо рохи хавасмандгардонии онхо;

- ташаккули низоми мусоидат ба афзоиши хосилнокии мехнати корхонахои саноатии вилоят дар заминаи амали каноатбахши механизми хавасмандгардонии моддии мехнат;

- механизми хавасмандгардонии моддии мехнат нисбат ба кормандони корхонахои саноатии вилоят аз хисоби занон ва кормандоне, ки баъди бозгашт аз мухочират ба кор кабул мешаванд, бояд тавре рохандозй карда шавад, ки хачми хавасмандгардонй барои конеъ намудани талаботи онхо, аз чумла баланд бардоштани сатхи тахассусмандиашон мусоидат намояд.

Ч,ихати баланд бардоштани боздехии маълумоти касбй аз хисоби захирахои мехнатии дар сохаи саноат фаъолияткунанда андешидани чорахои зерин мувофики максад аст:

- новобаста аз он, ки баланд бардоштани боздехии маълумоти касбй самти афзалиятноки фаъолияти низоми маорифи кишвар махсуб меёбад, аммо сохаи

маориф дар танхои наметавонад мушкилоти мазкурро халлу фасл кунад. Вобаста ба ин, дар ин самт иштироки фаъоли хама субъектхои бозорй мехнат мухим арзёбй мегардад;

- хавасмандгардонии моддии кормандони корхонахои саноатй аз тарики ба курсхои кутохмуддат ва ба марказхои бозомузй сафарбар намудани онхо аз хисоби фонди хавасмандгардонии моддй;

- вобаста ба сатхи мухимият рушд додани касбияти кормандони техникй ва мухандисии корхонахои саноатй аз хисоби воситахои фонди хавасмандгардонии моддй;

- чорй намудани низоми арзёбии таъсири хавасмандгардонихои моддй ба сатхи касбият ва самараи мехнати кормандон;

- низом ва механизми хавасмандгардонии моддии мехнат дар корхонахои саноатй бояд ба тахассусмандй, сатхи касбият, ва самараи мехнати кормандон вобаста бошад.

Натичаи татбики чорахои болозикр барои рушди шугли пурмахсул аз мавкеи хавасмандгардонии захирахои мехнатии корхонахои саноатй мусоидат менамояд, аз чумла:

- сатху сифати мехнат дар корхонахои саноатй баланд гардида, талабот ба кормандони тахассусманд ва касбй меафзояд;

- хиссаи шугли кормандони корхонахои саноатй аз хисоби мардон ва занон, ки имкониятхои зиёди рушдёбй ва афзоишдихии самараи мехнатро доранд, зиёд мешавад;

- механизми хавасмандгардонии моддии мехнат такмил ёфта, вобаста ба фаъолнокии мехнатии кормандон шаклу намудхои нисбатан нави хавасмандгардонии моддй чорй корда мешаванд;

- механизми устувори афзоишдихандаи хосилнокии мехнат ташаккул меёбад;

- афзоиши шумораи корхонахои саноатии вилоят, ки дорои низоми комили хавасмандгардонии моддй мебошанд, имконияти кохиш додани мухочирати мехнатиро дар вилоят пайдо менамоянд;

- барои кувваи корй аз хисоби чавонон, аз чумла барои чавонони аз мухочират бозгаштаи дорои тахассуси нокифоя шароити касбомузй ва баланд бардоштани сифати фаъолияти мехнатй пайдо мегардад;

- афзоиши талаботи кувваи корй ба корхонахои саноатй кохишёбии шугли гайрирасмиро дар вилоят ба миён меорад;

- хиссаи захирахои мехнатии дорои самараи баланди мехнатй дар корхонахои саноатй афзоиш меёбад;

- низоми хавасмандгардонии моддии бар мавкеи касбй ва самараи баланди мехнатй асосёфта чолибияти бозомузй ва касбомузии кормандони корхонахои саноатии вилоятро ба вучуд меорад.

Дар шароити кунунй

хавасмандгардонии хосилнокии мехнат хамчун кафолати баландгардии

самаранокии фаъолият ва рушди бомароми корхонахои саноатй бармад мекунад. Музди мехнати асосии ба таъмини бозтавлиди кувваи корй нигаронидашуда кобилияти хавасмандгардони харочоти иловагии мехнатиро барои барзиёд ичро намудани нишондихандахои меъёрии муайяншуда надорад ва сатхи баланди он дар сохтори хавасмандгардонии моддй мавкеи баръакс дошта, самараи мехнати кормандонро кам менамояд. Вобаста ба ин, истифодабарии механизмхои имконпазири

хавасмандгардонии хосилнокии мехнат, аз чумла: иловапулй, музди мехнати иловагй, мукофотхо, пардохтхои ичтимой ва иимтиёзхо, ки хамчун чузъхои кисми тагйирёбандаи фонди хавасмандгардонии

моддй дониста мешаванд, мухим арзёбй мегардад.

Дар раванди ташаккули шугли пурмахсул тачдиди механизми

хавасмандгардонии моддии мехнати кормандони саноатй самти бартаридоштаи баландбардории хосилнокии мехнат ба хисоб меравад. Чунки дар шароити ташаккул ва рушди шугли пурмахсул афзоиши хосилнокии мехнат истифодаи механизми муосири хавасмандгардониро талаб менамояд.

Х,амин тарик, аз тахкикоти анчомдодашуда натичахои зерини илмй ба даст оварда шуданд:

1. Самтхои имконпазири ташаккул ва рушди шугли пурмахсул аз мавкеи такмили механизми хавасмандгардонии моддии кормандони корхонахои саноатии вилояти Хатлон муайян ва ошкор гардиданд, аз чумла:

- таъсиси корхонахои саноатй бо назардошти рохандозй намудани низоми каноатбахши хавасмандгардонии моддии мехнат;

- баланд бардоштани сатхи музди мехнат ва дигар намуди хавасмандгардонихои моддии мехнат;

- сатхи каноатбахши хавасмандгардонии моддии доимй ва тагйирёбанда дар сохаи маориф бо максади таъмини бозоргирии кадрхо дар бозори мехнат;

- хамкории пайвастаи корхонахои саноатии вилоят бо Агентии мехнат ва шугли ахолии вилояти Хатлон аз мавкеи хавасмандгардонии кувваи корй аз хисоби занон ва ахолии дехот дар шакли чалби онхо ба курсхои бозомузй ва дигар хавасмандгардонихое, ки дар шароити кунунй имконияти бештари таъмини шугли ахолиро доранд;

- низом ва механизми хавасмандгардонии моддии мехнати корхонахои саноатии минтака хачми

подошхоро дар сатхе пешбинй намояд, ки зарурат ва эхтиёчоти кувваи корй нисбат ба мухочират аз байн бурда шаванд.

2. Муайян карда шуд, ки афзоиши хосилнокии мехнат то хадди 20% барои хавасмандгардонии моддии мехнати кормандон назаррас буда наметавонад, чунки солхои охир хосилнокии мехнат дар корхонахои саноатии вилоят ба хисоби миёнасолона 20,4%-ро ташкил кардааст, аммо бо чунин натича нишондихандаи хавасмандгардонй тагйироти мусбй надорад. Дар шароити пеш гирифтани сиёсати воридотивазкунанда зиёд намудани афзалиятхои ракобатии истехсолоти ватанй барои баланд бардоштани нишондихандаи хавасмандгардонии инфиродй ва коллективй шароити мусоид фарохам меорад. Дар чунин вазъият афзоиши хосилнокии мехнат бояд дар хадди зиёда аз 20% бо назардошти сифати махсулот ва риояи технологияи истехсолот таъмин карда шавад. Аммо бо максади хавасмандгардонии бештари самаранокии мехнати кормандон зарурати чорй намудани механизми прогрессивии афзоиши хачми хавасмандгардонии моддй пеш меояд.

3. Тахкикот нишон дод, ки барои такмили мехнанизми хавасмандгардонии моддии кормандон таъсис додани хадамоти аудити дохилй ва ба рох мондани хамкории устувори ичтимой байни иттифоки касаба ва маъмурияти корхонахои саноатй таъсири назаррас доранд. Барои татбики механизми комили хавасмандгардонии моддии мехнат фаъолияти мунтазами комиссия оид ба бахои мумайизии шароити мехнатй,

хадамоти аудити дохилй ва иттифоки касабаи корхонахои саноатии минтакаро мухим мешуморем.

4. Муайян карда шуд, ки иктисодиёти муосир дорои шароити мусоиди ба таври динамикй пеш бурдани фаъолияти хочагидорй мебошад ва барои ташаккули самти нави рушди низоми хавасмандгардонии моддии мехнати кормандони саноатии вилояти Хатлон мусоидат менамояд. Тагйироти накши сармояи инсонй дар чараёни истехсолот, дигаргуншавии кобилияти эчодй ва зарурати такмили мунтазами омодагии касбии кормандон, инчунин интихоби самти инноватсионии рушди иктисодиёт мухимияти кабули консепсияи мехнати арзандаро хамчун асоси ташаккулёбии мехнати пурмахсул ба миён овард.

5. Дар натичаи гузаронидани SWOT-тахлил маълум карда шуд, ки рушди шугли пурмахсул дар вилоят, аз мавкеи хавасмандгардонии захирахои мехнатии корхонахои саноатй, бо рохи баланд бардоштани сатху сифати мехнат ва дар заминаи чалби кормандони тахассусманд ва касбй, чалби кувваи корй аз хисоби мардон ва занон, ки неруи афзоишдихии самараи мехнатро доранд, чорй намудани низом ва механизми мукаммали хавасмандгардонии моддии бар мавкеи касбй ва самараи баланди мехнатй асосёфта, ки шаклу намудхои каноатбахши хавасмандгардонии моддиро дар назар дошта, имконияти кохиш додани мухочирати мехнатиро дар вилоят доранд, имконпазир мебошад.

Адабиёт

1. Адамчук, В.В. Экономика труда: учебник [Текст] / В.В. Адамчук, Ю.П. Кокин, Р.А. Яковлев; под ред. В.В. Адамчука. - М.: ЗАО «Финстатинформ», 1999. - 431 с.

2. Андреева Э. Социальный пакет лучше денежного поощрения [Текст] / Э. Андреева // Нормирование и оплата труда в сельском хозяйстве. - 2008. - №1. - С. 31-32.

3. Исмоилов М.М. Инновационная экономика образования: генезис, природа, формы проявление и методология исследования/ Коллективная монография: Институты

и механизмы регулирования в условиях глобальной нестабильности. Ростов -на дону, 2014. - 320 с.

4. Мирзозода А.Д. Тахлили нишондихандахои хавасмандгардонии мехнати коргарон (дар мисоли вилояти Хатлон) / А.Д.Мирзозода // Паёми Донишгохи миллии Точикистон. Бахши илмхои ичтимой-ик;тисодй ва чамъиятй. 2023. № 3. С. 122-131.

5. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Асосгузори сулху Вахдати миллй, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон.-[Манбаи электронй].-21.12.2021.- Хрлати дастрасй: www.prezident.tj (санаи мурочиат: 18.05.2024 с.).

6. Пархомчук, М.А. Стимулирование персонала в зависимости от рентабельности продаж [Текст] / М.А. Пархомчук // Вестник Курской государственной сельскохозяйственной академии. -2010. -№2 .- С.42-45.

7. Рустамов Р.У. Механизми истифодаи ик;тидори мехнатии ахолй дар бозори мехнат. Автореф. дисс. номзади илмхои ик;тисодй. - Душанбе, 2020. - 24 с.

8. Саидов Р.Н. Пути уменьшения безработицы и снижения инфляции в Республике Таджикистан / Р.Н.Саидов // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2016. № 2/4 (204). С. 114-121.

9. Соколова А.А. SWOT-анализ как действенный инструмент процесса формирования продуктивной занятости сельского населения // А.А.Соколова, Т.Н. Ратошнюк / Международный научно-производственный журнал "Экономика АПК". 2014. № 1 (231). С.57-64.

10. Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030. - Душанбе, 2016. - 88 с.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Мирзозода Ахлиддин Довудхоча-доктор фалсафа (PhD), ассистенти кафедраи бахисобгирии мухосибии Донишгохи давлатии молия ва ик;тисоди Точикистон. Сурога: 734067, Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, кучаи Нахимов 64/14. E-mail: [email protected]

Гадоев Х,асан Солих,ович - номзади илмхои ик;тисодй, дотсенти кафедраи менечмент ва маркетинги Донишгохи байналмилалии сайёхй ва сохибкории Точикистон. Сурога: 734055 Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 48/5. E-mail: [email protected]

Информация об авторах:

Мирзозода Ахлиддин Давудходжа - доктор фалсафа (PhD), ассистент кафедры бухгалтерский учет Таджикского государственного финансово-экономического университета. Адрес: 734067, Республика Таджикистан, г.Душанбе, улица Нахимова 64/14. E-mail: [email protected]

Гадоев Хасан Солихович - кандидат экономицеских наук, доцент кафедры менеджмента и маркетинга Международного университета туризма и предпринимательства Таджикистана. Адрес: 734055 Республика Таджикистан г. Душанбе, проспект Борбад 48/5. Электронная почта: [email protected] Information about the authors:

Mirzozoda Akhliddin Dovudkhоja - Doctor of philosophy (PhD), assistant of the department of accounting, Tajik state finances-economy university. Address: 734067, Republic of Tajikistan, Dushanbe, str. Nakhimov 64/14. E-mail: [email protected] Gadoev Hasan Solikhovich - Candidate of Economic Sciences, Associate Professor of the Department of Management and Marketing of the International University of Tourism and Entrepreneurship of Tajikistan. Address: 734055 Republic of Tajikistan, Dushanbe, Borbad Avenue 48/5. E-mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.