8.Екшембиев Р.С. Персональные финансы в финансовой системе государства / под ред. В.А. Слепова. М.: Ма гистр, 2008. - 302 с.
9.Жеребин В. М. Экономика домашних хозяйств / В. М. Жеребин, А. Н. Романов. - М. : Финансы: ЮНИТИ, 1998. - 231 с.
10.Новый экономический словарь / Под ред. А.Н.Азрилияна.-3-е изд.-М.: Институт новой экономики, 2008.- С.202.
11 .Нурализода А.Н. Асосхои назариявии сифати зиндагии ахолии дехот ва танзими давлатии рушди сохаи кишоварзй дар шароити муосир / А.Н. Нурализода, М.С. Назаров // Паёми молия ва иктисод. 2022.-№ 1.- (30).-С. 127-133.
12.Омори солонаи Чумхурии Точикистон. Агентии омори назди Президента Чумхурии Точикистон, Душанбе.-2022.- 414 с.
13.Радаев В. В. Человек в домашнем хозяйстве / В. В. Радаев // Социологические исследования. - 1997. -№ 4. - С. 64-72.
14.Райзберг Б. А. Современный экономический словарь / Б. А. Райзберг, Л. Ш. Лозовский, Е. Б. Стародубцева. - М.: Инфра-М, 2023. - 512 с.
15.Саидов Р.Н. Заминахои назариявии танзими даромадхои ахолй / Р.Н. Саидов // Паёми "Молия ва иктисод".-Душанбе.-2022.- № 1.- (30).-С.161-169.
16.Фетисов В.Д., Фетисова Т.В. Финансы и кредит: учеб. пособие для студентов вузов, обучающихся по специальностям экономики и управления (060000). 2-е изд., перераб. и доп. М. : ЮНИТИ-Да на, 2006. - 399 с.
17.Хайрзода ШД. Арзёбии иктидори сармоягузории пасандозхои хонаводахо дар пасманзари кохиши эътимод ба низоми бонкй / ШД. Хайрзода, Б.Э. Бобомуродов // Иктисодиёти Точикистон.-Душанбе.-2021.-№ 52.-С.79-90.
18. Саидмуродов, Л. Х. Стратегические ориентиры реализации экономического потенциала Республики Таджикистан / Л. Х. Саидмуродов // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. - 2017. - № 3(4). - С. 64-71. - EDN CSQOVX.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Саидов Рачабали Назифович-номзади илмхои иктисодй, дотсенти кафедраи аудит ва ревизияи Донишгохи давлатии молия ва иктисоди Точикистон. Сурога: 734067, Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, кучаи Нахимов 64/14. Телефон: 787-03-87-87; E-mail: [email protected]
Информация об автора:
Саидов Раджабали Назифович-кандидат экономических наук, доцент кафедры аудита и ревизии Таджикского государственного финансово-экономического университета. Адрес: 734067, Республика Таджикистан, г.Душанбе, улица Нахимова 64/14. Телефон: 787-03-87-87; E-mail: [email protected]
Information about the author:
Saidov Rajabali Nazifovich-candidate of economic sciences, associate professor of the department of audit and revision, Tajik state finances-economy university. Address: 734067, Republic of Tajikistan, Dushanbe, str. Nakhimov 64/14. Tel: 787-03-87-87; E-mail: [email protected]_
УДК: 336.71
ХАВФХ.О ДАР НИЗОМИ КАРЗДИХИИ ИСТЕЪМОЛЙ ВА УСУЛ^ОИ БАТАНЗИМДАРОРИИ ОН
Чураев Бехзод Машрафович Файзалии Сафаралй
Аннотатсия. Маколаи мазкур ба масъалаи рушди бемайлони бозори карзй, алалхуссус карздихии истеъмолй бахшида шудааст. Дар макола вазъи кунунии бозори карзй мавриди тахлили хаматарафа карор гирифтааст. Диккати асосй ба зариби тачаммуъи сандуки карзй дар таркиби дороихои низоми бонкй зохир гардидааст. Мавчуд набудани санади меъёрии хукукии сохавии батанзимдарорандаи карздихии истеъмолй боиси ба миён омадани хавфхои ичтимой гардида метавонад. Афзоиши хиссаи карздихии истеъмолй дар таркиби сандуки карзии ташкилотхои карзии молиявй нигаронкунанда мебошад. Пахлухои мусбй ва манфии карздихии истеъмолй мавриди тадкик карор дода шудааст. Калидвожахо: низоми бонкй, сандуки карзй, карзи истеъмолй, зариби тачаммуъ, дороихои бонкй, хавфи ичтимой, хавфи карзй, ташкилотхои карзии молиявй.
Барои иктибос:Ч,Ураев Б.М. Хавфхо дар низоми карздихии истеъмоли ва усулхои батанзимдарории он / Б. М. Чураев, С. ФайзалИ // Паёми молия ва щтисод. -2024. - № 1 (40). - С. 88-96.
РИСКИ В СИСТЕМЕ ПОТРЕБИТЕЛЬСКОГО КРЕДИТОВАНИЯ И СПОСОБЫ ИХ РЕГУЛИРОВАНИЯ
Джураев Бехзод Машрафович Файзалии Сафарали
Аннотация. Данная статья посвящена вопросу устойчивого развития кредитного рынка, особенно потребительского кредитования. В статье анализировано современная ситуация на кредитном рынке. Основное внимание уделено соотношению совокупного кредитного портфеля в составе активов банковской системы. Отсутствие нормативного правового документа, регулирующего потребительское кредитование, может привести к возникновению социальных рисков. Вызывает беспокойство увеличение доли потребительского кредитования в составе кредитного портфеля финансово-кредитных организаций. Исследованы положительные и отрицательные стороны потребительского кредитования. Ключевые слова: банковская система, кредитный портфель, потребительский кредит, коэффициент концентрации, банковские активы, социальный риск, кредитный риск, кредитно-финансовые институты.
RISKS IN THE SYSTEM OF CONSUMER LOANS AND WAYS TO REGULATE THEM
Juraev Behzod Mashrafovich Fayzalii Safarali
Annotation. This article is devoted to the issue of sustainable development of the credit market, especially consumer lending. The article analyzes the current situation in the credit market. The main attention is to the ratio of the total loans portfolio to the assets of the banking system. The absence of a regulatory legal document on consumer lending may lead to social risks. The increase in the share of consumer lending in the loan portfolio of financial and credit organizations is a cause for concern. The positive and negative aspects of consumer lending have been explored, as well.
Key words: banking system, loan portfolio, consumer loans, concentration ratio, banking assets, social risk, credit risk, financial institutions.
Гузориши масъала. Ба хамагон маълум аст, ки низоми бонкй яке аз мухаррикхои асосии пешбарандаи иктисодиёт ба шумор меравад. Чузъи асосии низоми бонкй ин низоми карздихй ба хисоб меравад. Дар навбати худ карздихии окилона иктисодиётро бо пул таъмин намуда, боиси таъмини намудани рушди босуботи иктисодй мегардад. Аммо карздихии ба тахлилхои дакик ва муайян накардани пардохтпазирй метавонад ба бухрони иктисодй оварда расонад.
Аз ин ру, зарурати ба танзимдарории муносибатхои карзй, алалхуссус карздихии истеъмолй такозои замон аст. Солхои охир хиссаи карздихии истеъмолй дар таркиби сандуки карзии низоми бонкй босуръат афзуда истодааст. Мукаррар накардани меъёри муайяни хиссаи карзхои истеъмолй дар таркиби сандуки карзии ташкилотхои карзй метавонад ба окибатхои ногувор оварда расонад.
Тахлили тахкикотхои охир ва нашриёт. Рочеъ ба масъалаи карздихй ва накши он дар таъмини рушди устувори иктисодй, хамзамон идоракунии хавфи карзй маколахои зиёд навишта шудааст. Аз
чумла, маколахои илмй аз чониби як катор олимони шинохтаи ватанй: Саидмуродов Л.Д., Умаров Х.У., Султонов З., Шариф Рахимзода, Шарипов Б.М., Дикматов У.С. Рачабов Р.К., Ниёзов М. А. ва Сайфуров ба масъалахои низоми карздихй ва муаммохои дар ин самт чой дошта бахшида шудаанд.
Рачабов Р.К. кайд менамоянд, ки «..хавф - ин эхтимоли пайдо шудани зарар ва ё нагирифтани даромадхо дар мукоиса бо варианти пешгуишаванда мебошад» [2].
Дар мисоли низоми бонкии ватанй, бо назардошти он, ки хиссаи карздихй дар таркиби амалиёти бонкй назаррас мебошад, хавфи асосй барои низом пеш аз хама хавфи карзй ба хисоб меравад.
Хавфи карзй - ин эхтимоли зиён дидани ташкилоти карзй дар натичаи аз чониби карзгиранда дар мухлати тибки шартномаи карзй мукарраргардида, ичро нагардидани ухдадорихо оид ба карзи гирифтааш мебошад.
Максади макола муайян намудани накши карздихии истеъмолй дар низоми бонкй, алалхуссус дар таркиби сандуки карзии низом. Асоснок намудани
тадияи санади меъёрии жукукии соxaвии батанзимдарории кaрздиxии истеъмолИ. Дар xолaти мукаррар накардани меъёр нисбат ба xиссaи карзи истеъмолИ дар таркиби сандуки карзии тaшкилотxои карзИ метавонад ба аз xaд зиёд кaрздиxИ дар ин самт ва дар xолaти бyxронxои молиявИ ва якбора коста гардидани пардохтпазирии карзгирандагон ба бyxрони гайричашмдошти бонкИ оварда расонад.
Аз ин ру, муайян намоИ ва пешгирии хавфи кaрзxои истеъмолИ масъалаи мубрами руз боки мемонад.
Мухтавои ;ic<)cini атогаи макола Mоxняти «хавф»-ро xaмчyн эxтимоли таздиди xодисaи номатлуб муайян кардан мумкин аст, ки метавонад боиси талафоти гуногуни дар фаъолияти субъекти хочагидорИ гардад. Хавф xaмчyн xодисa дар фаъолияти xaррyзaи мо чой дорад, онро пурра нест кардан гайриимкон аст, аммо пешгирИ ва ё то андозае паст кардани он имконпазир аст.
Хaвфxо дар фаъолияти xaр як субъекти хочагидорИ, новобаста аз намуди фаъолият, шакли ташкилию кукукИ ба вучуд омада, тaxлил, назорат ва чустучуи роxxои мувофики xaлли худро дар соxaн идоракунИ такозо менамояд.
Maфxyми «хавф» бо мaфxyми «^тимол» робитаи чудонашаванда дорад. Чунки хавф хосияти эxтимолИ дошта, онро пешакИ ба таври аник муайян кардани фарорасии ин ё он xодисa имконнопазир буда, вале эxтимол наметавонад муайянкунандаи хавф бошад.
Дамзамон мaфxyми «хавф» бо мaфxyми «фоида» низ аз xaм вобастагИ доранд. Аз чумла, ин алокамандиро асосгузори иктисодиёти класикИ Адам Смит дар китоби худ «Тадкикот дар бораи табиат ва сaбaбxои боигарии халвдо» кайд намудааст: «xarro ба даст овардани меъёрxои мукаррарии фоида xaмешa бо хафви калон ё хурд алокаманд аст» [1].
Дар Кодекси андози Чyмxyрии Точикистон доир ба хавфи андозИ ва низоми идоракунии xaвфxои андозИ чунин кайд карда шудааст: "Хавф -эxтимолияти пурра ё кисман ичро нагардидани yxдaдориxои андоз аз чониби андозсупоранда (агенти андоз), ки метавонад боиси ворид нашудани мaблaFxо ба бучети давлатИ гардад" [5].
Яъне хавф ин xодисaе мебошад, ки бевосита ба фаъолияти хочагидорИ таъсир мерасонад ва дарёфти ровдои бартараф ва паст намудани он яке аз вaзифaxои аввалиндарачаи хочагидор ба xисоб меравад.
Хавф вобаста ба шакли фаъолияти соxибкорИ ва ташкилию xyкyкии субъекти хочагидорИ гуногун буда метавонад. Аз чумла, дар фаъолияти тaшкилотxои карзИ як катор xaвфxое, мавчуд xaстaнд, ки пешгирИ ва идоракунии о^о бевосита ба худи ташкилоти карзИ, ба тамоми кишрxои чомеа ва дар мачмуъ ба иктисодиёти чyмxyрИ таъсир расонида метавонад.
Масъалае, ки дар маколаи мазкур мавриди тaxлил карор мегирад ин хавфи кaрзxои истеъмолИ мебошад.
Чи тавре ки кайд кардем, дар фаъолияти тaшкилотxои карзИ xaвфxои гуногун мавчуд xaCTa^ аз чумла:
✓ Хавфи пардохтпазирИ;
✓ Хавфи амалиётИ;
✓ Хавфи асъорИ;
✓ Хавфи карзИ;
✓ Хавфи идоракунии корпоративИ;
Дар мисоли низоми бонкии ватанИ, бо
назардошти он, ки xиссaи кaрздиxИ дар таркиби амалиёти бонкИ назаррас мебошад, хавфи асосИ барои о^о пеш аз xaHa хавфи карзИ ба xисоб меравад.
Хавфи карзИ - ин эxтимоли зиён дидани ташкилоти карзИ дар натичаи аз чониби карзгиранда дар му^ати тибки шартномаи карзИ мукарраргардида, ичро нагардидани yxдaдориxо оид ба карзи гирифтааш мебошад.
ЧИ кадаре ки дар таркиби сохтори доро^ои бонкИ xиссaи мaблaFгyзориxои хавфнок баланд бошад, xaмон кадар бозоргирии он пасттар мегардад.
Барои тадлили сохтори доро^ои бонкИ шaклxои гуногуни гyрyxбaндии бaндxои дороиxои бонкИ истифода мегарданд. Дар диди умум, аз руйи моxняти мантикИ ва вобаста ба дарачаи хавф дороиxои бонкиро чунин гyрyxбaндИ намудан мумкин аст:
1. Хазина, сyрaтxисоби муросилотИ дар Бонки миллии Точикистон - мaблaFxои дар хазина, дар сyрaтxисобxои муросилотИ буда;
2. MaблaFxо дар тaшкнлотxои карзИ -чо^^^н^ои мyxлaтнок, бакияи дар xисобxои Ностро дар бон^ои корреспондентИ;
3. Сандуки карзИ - кaрзxои додашуда, овердрафт;
4. КоFaзxои кимматноки маблаггузоришуда;
5. Воситaxои асосИ;
6. Дигар дороиxо.
Дар умум дороиxои дорои хавфи баланд дошта ин сандуки карзИ, коFaзxои кимматнок ва мaблaFxо дар тaшкнлотxои карзИ ба ^соб мераванд.
Диссаи сандуки карзИ дар таркиби доро^ои низоми бонкИ дар солxои 2018-2023
Ч,адвали 1. Дигсаи caндуки карзии ташкилотхои карзии молияви дар таркиби дороихои низом
дар мачмуъ дар ^лхои 2018-2023
Нишондихандахо 2018 2019 2020 2021 2022 2023
Х,ачми дороихои бонкй (млн.сомонй) 21 201.0 21 975.8 26 307.4 22 414.7 30 030.7 37 679.5
Суръати афзоиши дороихои бонкй (бо %) 5.23% 3.7% 19.7% -14.8% 33.9% 25.5%
Бакияи сандуки карзй (млн.сомонй) 8 677.2 9 703.2 10 882.5 11 970.4 13 577.6 17 844.8
Суръати афзоиши бакияи сандуки карзй (бо %) 14,9% 11.8% 12.2% 10.00% 13.4% 31.4%
Х,иссаи сандуки карзй дар таркиби дороихои бонкй (бо %) 40.93% 44.15% 41.37% 53.40% 45.21% 47.36%
Сарчашма: хисобхои муаллифон дар асоси маълумотхои омории сомонаи расмии Бонки миллии Точикистон https://www.nbt.ti/ti/banking svstem/nadzor.php -
Маълумотхои чадвал шаходат аз он медиханд, ки хачми дороихои бонкй дар 6 соли охир пайваста тамоюли афзоишро доранд, ба истиснои соли 2021, ки дар натичаи таъсири бемории СОУГО -2019 ва аз хисоби гаравхои гирифташуда барои бозфуруш ва когазхои киматноки бонкхои мушкилидошта (Ч.СК "Агроинвестбонк ва Ч.СК "Точиксодиротбонк") кохиш ёфтаанд. Ба хисоби миёна суръати афзоиши дороихои низоми бонкй дар давраи тахлилшаванда 12% ташкил дода, дар соли 2023 ин нишондиханда нисбат ба соли 2018 кариб 78% зиёд шудааст, ки ин нишондихандаи хуб мебошад.
Бояд ба назар гирифт, ки байни шумораи иштирокчиёни бозори карзй ва рушди иктисодиёт вобастагй чой дорад. Аз ин лихоз, зиёдшавии шумораи иштирокчиёни бозори карзй бевосита ба таъсисдихии чойхои нави корй, паст шудани сатхи камбизоатй ва гайрахо таъсир расонида метавонад [4]. .
Бакияи сандуки карзии ташкилотхои карзй низ тамоюли афзоишро дошта, суръати миёнаи афзоиши ин нишондиханда дар давраи тахлилшаванда 15,6% ташкил дода, дар соли 2023 нисбат ба соли 2018 зиёда
аз 105% афзоиш ёфтааст. Бо боварй метавон гуфт, ки агар мушкилии пешомадаи бемории С0УГО-2019 ва бонкхои мушкилидошта (Ч.СК "Агроинвестбонк ва Ч.СК "Точиксодиротбонк") чой намедоштанд, ин нишондиханда боз афзоиш меёфт.
Х,иссаи бакияи сандуки карзии ташкилотхои карзии молиявии низоми бонкй дар таркиби дороихои низом дар давраи тахлилшаванда кариб, ки хамасола ба таври чиддй тагйир наёфта, дар доираи 45,4%-ро ташкил медихад, ки ин аз ба таври кофй бо карздихй машгул набудани ташкилотхои карзй шаходат медихад.
Бояд кайд кард, ки ин нишондиханда дар мачмуъ дар низом гирифта шудааст ва ба таври алохидагй ба фаъолияти хар як ташкилоти карзй рабт надорад. Чунки дар тахлилхои минбаъда мебинем, ки хастанд ташкилотхои карзие, ки бевосита фаъолона бо карздихй машгул хастанд ва хам хастанд ташкилотхои карзии молиявие, ки навташкилбуда, дар раванди ба рохмонии амалиёти карздихй хастанд ва ё ба дигар амалиёти бонкй, аз кабили амалиёти асъорй, хизматрасонихои фосилавй такя мекунанд.
Ч,адвали 2. Х,иссаи сандуки карзии ташкилотхои карзии молияви дар таркиби дороихои онхо дар
алохидагй дар соли 2023
Ташкилотхои карзии молиявй Дороихои ташкилотхои карзии молиявй (млн.сомонй) Сандуки карзии ташкилотхои карзии молиявй (млн.сомонй) Х,иссаи сандуки карзй дар таркиби дороихо (бо %)
1 ЧСП "Бонки Арванд" 1205.0 960.6 80%
2 ТАКХ "ФИНКА" 387.3 308.3 80%
3 ТАКХ "Имон интернешнл" 1894.0 1485.6 78%
4 ТАКХ "Фуруз" 145.5 103.6 71%
5 ТАКХ "Хумо" 1622.2 1153.7 71%
6 Ч.СП "Аввалин бонки молиявии хурд" 1175.1 684.2 58%
7 ТАКХ "Матин" 134.5 74.2 55%
8 ЧСК "Бонки Эсхата" 5678.3 3018.5 53%
9 Ч.СК "Тавхидбонк" 243.6 129.4 53%
10 КВД БССТ "Саноатсодиротбонк" 784.8 389.7 50%
11 Ч.СП "Спитаменбонк" 1782.1 877.5 49%
12 ЧСК "Алифбонк" 1339.8 532.2 40%
13 Ч.СП "Коммерсбонки Точикистон 1613.8 617.7 38%
14 Ч.СК "Ориёнбонк" 5287.3 2008.4 38%
15 КВД Б ДА Ч,Т "Амонатбонк" 7579.3 1756.4 23%
16 Ч.СП "Бонки Байналмилалии Точикистон" 2573.3 573.6 22%
17 Ч.СП "Душанбе сити Бонк" 1823.9 108.9 6%
Сарчашма: хисобхои муаллифон дар асоси маълумотхои омории сомонаи расмии Бонки миллии Точикистон - https ://www.nbt.tj/tj/banking system/nishondihandaho/
Сабаби дар фаъолияти ташкилоти карзИ хавфи асосИ хавфи карзИ ба хисоб рафтанаш дар он аст, ки кисми асосии дороихои ташкилотхои карзиро махз сандуки карзИ ташкил медиханд. Маълумотхои чадвали 2 ин гуфтахоро собит месозанд.
Дар таркиби дороихои ташкилотхои карзИ зиёд будани сандуки карзИ шаходат аз он медиханд, ки хиссаи асосии дороихоро дороихои даромадоварданда ташкил дода, ташкилоти карзИ асосан бо карздихИ машгул аст. Ба таркиби дороихои даромадоваранда дохил мешаванд: карзхои бонкИ, маблагхои дар суратхисоббуда, чойгиркунихои мухлатнок ва гайрахо.
Дар навбати худ зиёд будани сандуки карзИ дар таркиби дороихо бевосита хавфхои муайянеро доранд, ки аз ташкилотхои карзии молиявИ бомахорат идоракунии онхоро такозо менамояд. Агар сандуки карзИ колабИ бошад, хавфе чой надорад, аммо дар холати зиёд шудани хиссаи карзхои гайрифаъол дар таркиби сандуки карзИ бевосита хавфи барнагаштани карзхо зиёд мешаванд ва ташкилкунии ФПТИ боиси харочоти иловагИ ба ташкилоти карзИ мегардад.
Нишондихандаи хиссаи сандуки карзИ дар тавозуни бонк имкон медихад, ки муайян карда шавад, ки то кадом андоза фаъолияти бонк дар самти сафарбаркунии маблагхо дар шакли карз ба бозори сармояи карзИ равона карда шудааст.
Афзоиши ин хисса аз болоравии мухимияти фаъолияти бонк дар самти карздихИ ва хамзамон аз эхтимолияти афзоиши хавфи карзИ шаходат дода, ифодакунандаи то чИ андоза дороихои бонкИ ба бозори карзИ нигаронида ва ё муттамарказонида шудаанд, мебошад. Ин нишондихандаро зариби тачаммуъ (коэфициент концентрации) низ меноманд.
Чи тавре, ки аз тахлилхо мебинем зариби тачаммуъ дар ташкилотхои карзии ватанй то ба 80% расидааст, ки ин бо паст будани сатхи даромаднокй ва баланд будани сатхи хавфхои дигар амалиётхои фаъол вобаста мебошад. Аммо ин на ба хама ташкилотхои карзй таалук дорад, чунки дар як катор ташкилотхои карзй гарчанде зариби тачаммуъ камтар аз 50% бошанд, хам аммо, онхо чихати ба рох мондани хизматрасонихои фосилавй руй ба хизматрасонихои кортхои бонкй, хамёнхои электронй ва хисоббаробаркунихои гайринакдй овардаанд.
Хавфи барнагаштани карзхо аз намуд ва шартхои пешниход карз вобастагии калон дорад. Айни замон дар чумхурй ташкилотхои карзй бо максади чалби бештари муштариён шакл ва намудхои гуногуни карзхоро бо шартхои нисбатан осон ва дастрас пешниход намуда истодаанд. Аз чумла, шакли аз хама маъмули пешниходи карз ин карзхои истеъмолй мебошанд.
Бояд кайд намуд, ки карзхои истеъмолй аз як тараф мушкилоти шахсони вокеиро дар шакли сарфаи вакт, хуччатгузории кам, чадвали мусоиди баргардонидани карз ва гайрахо хал менамояд, аммо, аз тарафи дигар, ин гуна рафтор боиси форигболй ва бемасъулиятии карзгирандагон гашта, хавфи барнагаштани карзхоро зиёд намуда, боиси хавфи ичтимой гардида метавонад.
Карздихии истеъмолй барои кишвари мо як падидаи нисбатан нави бомаром рушдёбандаи сохаи хизматрасонии бонкй мебошад. Барои бомаром рушд ёфтани ин намуди карз дар чумхурии мо ва дар тамоми чахон ба хам пайвастани манфиатхои се тарафи дар он иштироккунанда сабаб гаштааст. (I) Аз як тараф, он
сабагор шуд, ки ташкилотхои карзии молиявй шакли нави махсулотро пешниход намоянд, то ин ки доираи муштариёни худро васеъ намоянд. (II) Аз тарафи дигар, ширкатхои савдо, сохтмон ва дигар ширкатхо имконият пайдо менамоянд, ки бо ёрии ин махсулоти бонкй доираи харидорони эхтимолии худро, ки маблаги кифоя барои пардохти зуд ва якдафъаинаи мол ва хизматрасонй надоранд, зиёд намоянд. (III) Ва нихоятан, карзи истеъмолй имкон фарохам меорад, ки талаботи ахолиро чихати бетаъхир ба даст овардани моли зарурй бе чамъ намудани маблаги зарурй, конеъ гардонад. Ба шарофати манфиати мутакобилаи карздиханда, фурушанда ва истеъмолкунанда, карздихии истеъмолй ба технологияи пешбари маблаггузории харид ва хизматрасонй табдил ёфта, иктидори бозорро ба таври назаррас фаррох менамояд.
Дар дахсолаи дуюми асри XXI мавчуд набудани заминаи кофии батанзимдарории хукукии меъёрй инчунин, тачрибаи ташкилотхои карзии ватанй дар бозори навташаккулёбандаи карзи истеъмолй ва чустучуи фаъолонаи роххои халли масъалаи мазкур ба натичахои мусбй оварда расониданд, аз чумла: доираи чугрофй ва шаклхои карзхои истеъмолй пай дар пай фаррох гардида, фоизи карзхо паст ва шартхои карздихй соддагардонида шуданд.
Ба таври назаррас афзудани ахамияти карздихии истеъмолй дар солхои охир, ки дар заминаи мавчуд набудани консепсияи ягонаи танзими хукукии ин соха, инчунин консепсияхои хамшафат ба вучуд омадаанд, нигарондкунанда мебошад, дар холе ки руйхати масъалахои халталаб дар ин чода афзуда истодаанд.
Карздихии истеъмолй аз чониби ташкилотхои карзии молиявй дар Чумхурии Точикистон дар ибтидои солхои 2010 огоз гардида, кушишхои ба танзимдарории конунгузорй дар ин соха дар солхои 2015 кабул шуда буданд ва то хол идома доранд.
Боиси кайд аст, ки мохи декабри соли 2022 бо Карори №157 Раёсати Бонки миллии Точикистон Дастурамали №«255 «Дар бораи тартиби додани карз ва хисоб кардани фоиз дар ташкилотхои карзй" тасдик
гардида, 9 феврали соли 2023 дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудааст, аммо санади мазкур умумимеъёрй буда, дар мачмуъ барои батанзимдарории карздихй равона гардидааст [6].
Дар баробари ин, танхо конунгузории муассир, ки дар асоси мушаххасоти дакики заминаи меъёрй асос ёфтааст, имкон медихад, ки манфиатхои молиявии тарафхоро аз холатхое, ки дар натичаи аз ичрои касдан ё мачбурй саркашй кардан аз ичрои ухдадорихояшон аз руйи шартномаи карзи истеъмолй ба вучуд омадаанд, зуд ва бо харочоти камтарин дар суд хифз намояд.
Аз ин ру, имруз зарурат ба миён омадаст, ки санади меъёрии хукукии алохидаи сохавй "Дар бораи карзи истеъмолй" тахия ва тасдик карда шавад, то ин ки тамоми пахлухои нозуки масъалаи мазкурро ба танзим дарорад. Хддафхои ин хуччат химояи хукук ва манфиатхои конунии карзгирандагон ва карздихандагон, тахкими эътимод ба низоми бонкии чумхурй, баланд бардоштани устувории низоми молиявй ва фарохам овардани шароит барои пешгирии ракобати носолим дар сохаи карз додан ба истеъмолкунандагон мебошад. Масъалаи
аввалиндарача дар ин руйхат аз лихози хукукй химоя намудани хукукхои истеъмолкунандагони
хизматрасонихои карзй, тасдики дучонибаи чавобгарии тарафхо хангоми риоя нагардидани шартхои шартнома, мукаммалгардонии амалиёти бюрои карзй оид ба чамъоварии маълумот оид ба карзгирандагон ба хисоб меравад. Дар баробари ин, дар доираи санади меъёрии хукукии мазкур бояд ба ташкилотхои карзии молиявй меъёри муайяни хиссаи карздихии истеъмолй дар сандуки карзй мукаррар карда шавад. Тачрибаи пешрафтаи чахонй нишон медихад, ки хиссаи карзхои истеъмолй дар сандуки карзии ташкилотхои карзии молиявй дар доираи 3050% нигох дошта мешавад.
Маълумотхои оморй шаходат аз он медиханд, ки хачми карздихии истеъмолй, алалхусус ба шахсони вокей дар чумхурй афзуда истодааст.
2019 2020 2021 2022 2023
Карзхои додашудаи ташкилотхои карзии молиявй дар давра 7 665 8 904 11 650 14 382 18 991
аз чумла:
Бакияи карзхои хурди додашуда 4 810 6 251 9 26 3 10 527 13 586
аз чумла:
Карзхои истеъмоли 1 983 2 829 4 492 5 985 8 232
Ч,адвали 3. Х,иссаи карзхои истеъмоли дар таркиби мачмуи карзхои додашудаи ташкилотхои карзии молиявй дар солхои 2019-2023 (млн. сомонй)
Х,иссаи карзхои истеъмолй дар таркиби мачмуи карзхои додашудаи ташкилотхои карзии молиявй (бо %) 25.9% 31.8% 38.6% 41.6% 43.3%
Х,иссаи карзхои истеъмолй дар таркиби карзхои хурди додашудаи низом (бо %) 41.2% 45.2% 48.5% 56.9% 60.6%
Сарчашма: хисобхои муаллифон дар асоси маълумотхои омории сомонаи расмии Бонки миллии Точикистон, Бюлетени омори бонкй барои солхои 2019-2023- https://www.nbt.tj/tj/statistics/statistical bulletin.php
Маълумотхои чадвали 3 шаходат аз он медиханд, ки бозори карздихй дар чумхурй нигох накарда ба чолишхои сиёсй дар сатхи чахонй, омилхои беруна, бемории COVID, муфлисшавии як катор бонкхои ватанй ва гайрахо дар солхои охир тамоюли бемайлони рушдро дорост. Танхо дар соли 2023 ташкилотхои карзии молиявй ба субъектхои хочагидорй зиёда аз 18,9 млрд. сомонй карз додаанд, ки ин нисбат ба соли 2019 кариб 2,5 маротиба зиёд буда, афзоиши миёнасолона дар давраи тахлилшаванда 23,3% ташкил медихад.
Ба хамагон маълум аст, ки афзоиши мунтазами карздихй боиси таъмин гардидани иктисодиёт бо пул гардида, хамчун мултипликатор барои рушди иктисодиёт мусоидат мекунад [3].
Аммо дар чадвали 3 нигаронкунанда он аст, ки дар давраи тахлилшаванда хиссаи карзхои хурд, аз чумла карзхои истеъмолй дар таркиби карзхои додашуда пайваста афзуда истодааст. Дар соли 2023 кариб 71,5% карзхои додашудаи низоми бонкиро карзхои хурд ташкил мекарданд. Танхо соли 2023 аз чониби ташкилотхои карзии молиявй ба субъектхои хочагидорй ба маблаги 13,5 млрд. сомонй карзхои хурд дода шудааст, ки ин нисбат ба соли 2019 кариб 2,83 маротиба зиёд буда, суръати миёнасолонаи афзоиши карзхои хурд дар давраи тахлилшаванда 29,3% ташкил мекунад, ки он нисбат ба суръати миёнасолонаи афзоиши карзхои додашуда дар мачмуъ 6,0 банди фоизй зиёдтар мебошад.
Дар навбати худ, хиссаи асосиро дар таркиби карзхои хурд карзхои истеъмолй ташкил медиханд, ки он низ сол то сол тамоюли афзоишро дорад. Агар дар соли 2019 хиссаи карзхои истеъмолй дар таркиби мачмуи карзхои додашудаи ташкилотхои карзии молиявй 25,9% ва дар таркиби карзхои хурди додашуда 41,2% ташкил карда бошад, пас дар соли 2023 хиссаи карзхои истеъмолй дар таркиби мачмуи карзхои додашудаи ташкилотхои карзии молиявй 43,3% ва дар таркиби карзхои хурди додашуда 60,6%-ро ташкил намудааст. Суръати миёнасолонаи афзоиши карзхои истеъмолй дар панч соли охир 43,9% ташкил медихад. Чунин бо суръат афзоиш ёфтани карздихии истеъмолй хам пахлуи мусбй ва хам пахлуи манфй дорад.
Пахлухои мусбй дар он аст, ки:
✓ Дастрасии истеъмолкунандагон ба захира ва ё манбаъхои молиявй, ки дар акси хол барои аксари онхо дастнорасанд, мухайё мегардад;
✓ Имконияти истеъмолии ахолиро зиёд намуда, боиси фаъол гардидани тичорат ва ганй гардидани бучет мегардад;
✓ Шартхои соддаву осон ва фоизхои нисбатан ракобатпазири карзи истеъмолй ба истеъмолкунандагон имконияти дар доираи зарфиятхои бучавии худ интихоб намудани накша ва даврахои пардохтии мухталифро фарохам меоранд;
✓ Барои ба рох мондани таърихи карзии мизочон низ карзхои истеъмолй хамчун яке аз махсулотхои маъмулй низоми бонкй мусоидат менамоянд.
Пахлухои манфй дар он аст, ки:
✓ Пеш аз хама карздихии истеъмолии аз хад зиёд метавонад ба хавфи ичтимой дар чомеа оварда расонад. Бо назардошти дар сатхи кофй набудани маърифати молиявии ахолй, онхо бе тахлили дакик ва бе назардошти даромадхои дар оянда ба дастмеовардаашон, карзхои истеъмолиро мегиранд ва хангоми сари вакт пардохт карда натавонистани он нисбат ба низоми бонкй норозигй ба миён меояд;
✓ Фоизхои гарони (баланди) карз, ки баъзан ба сатхи даромад ва ё бучаи истеъмолкунандагон рост намеояд;
✓ Хавфи дефолт ва ё муфлисшавй, ки ба бад шудани таърихи карзии истеъмолкунандагон ва ё андешидани чорахои таъсиррасон аз чониби ташкилотхои карзй нисбати истеъмолкунанда оварда мерасонад;
✓ Таваррум ва тачаммуи карзй, ки ба зиёд шудани хавфхои низоми молиявй дар натичаи таъсири назарраси омилхои макроиктисодй ба бухрон оварда мерасонад;
✓ Таъсири манфии пардохтхои фоизхои зиёд дар давраи кутохмуддат ва таъйини чаримахои зиёд аз чониби ташкилотхои карзй хангоми батаъхир афтодани партохти карзхои истеъмолй, ки ба окибатхои ногувори молиявй оварда мерасонад.
Табиист, ки сохтори сохавии таркиби сандуки карзии ташкилотхои карзии кишвар такрибан сохтори
сохавии иктисодиёти кишвархоро бозгу менамояд. Бинобар ин, бо дарназардошти сохтор ва холатхои фарккунандаи иктисодии кишвархои чахон, ягон меъёри ягонаи кабулшудаи чахонй вобаста ба карзхои истеъмолй айни хол вучуд надорад. Новобаста аз ин, бояд кайд намуд, ки дар бисёре аз давлатхои гуногуни чахон лимитхо ва ё худ меъёрхои хавфи тачаммуъ вобаста ба холати иктисодй, устувории молиявй-иктисодии кишвар ва дарачаи хавфпазирии танзимгари соха (маъмулан бонкхои марказй) худудхо ва ё худ лимитхои хавфи тачаммуъро дар сохахои иктисодиёт муайян карда, бо ин рох сиёсатхои макропруденсиалии худро чихати нигохдошти суботи молиявй пеш мебаранд.
Дар аксар давлатхои пешрафтаи Аврупо ва Америкам Шимолй меъёрхо ва ё худ хадди нихоии карзхо вобаста ба даромад ва ё нишондихандаи сарбории (гаронии) карз мукаррар шудаанд, ки шояд дар Чумхурии Точикистон низ имконияти чорй намудани чунин меъёрхо фаро расида бошад. Аз чумла, дар Федератсияи Русия аллакай чунин меъёрхои макропруденсиалй чорй буда, дар Чумхурии К^азокистон дар раванди амалишавй карор дорад.
Якчанд методхои муайян намудани сатх ва ё меъёри имконпазири карзхои истеъмолй вучуд дорад,
аз чумла мустаким ва гайримустаким тавассути фишангхои сиёсати макропруденсиалй:
✓ Тавассути гузаронидани стресс-тестхо;
✓ Дар асоси нишондихандахои таърихй ва дар мукоиса бо давлатхои минтака ва хаммонанд;
✓ Дар асоси нишондихандахо ва сиёсати макроиктисодй;
✓ Дар асоси гузаронидани тахлилхои эмпирикй-сенариявй;
✓ Инчунин, дар алохидагй дар худи ташкилотхои карзй ба рох мондани чунин меъёрхо мустакиман дар мувофика бо танзимгари соха.
Бо дарназардошти гуфтахои боло, танзимгари соха Бонки миллии Точикистон шояд, нисбат ба аз хад зиёд афзоиш ёфтани карздихии истеъмолй нигаронй намуда, меъёри муайяни хиссаи карздихии истеъмолй дар сандуки карзии ташкилотхои карзиро мукаррар намояд.
Х,амзамон, ташкилотхои карзй вобаста ба сиёсати идоракунии хавфхо ва афзалиятхои ба даст овардани фоидаи молиявй метавонанд, ки аз тачрибаи чахонй дар ин самт ва тавсияхои муаллифон ва коршиносони соха ба маврид истифода баранд.
АДАБИЁТ
1. А. Смит Исследование о природе и причинах богатства народов. - М.: Наука. 1993. - сах. 572
2. Раджабов Р.К. Финансовый менеджмент. - Душанбе: ТТУ. - 1998. - сах. 87
3. Чураев Б.М. Фаъолияти бонкй (китоби дарсй), Душанбе 2014.- 456 сах.
4. Чураев Б.М., Абдулкайси С. Ташаккулёбй ва рушди бозори карзхои бонкй дар Чумхурии Точикистон / Иктисодиёти Точикистон, 2018, №4 сах.104-112
5. Кодекси андози Чумхурии Точикистон соли 2021. -сах. 93
6. Дастурамали №255 «Дар бораи тартиби додани карз ва хисоб кардани фоиз дар ташкилотхои карзй" 30 декабри соли 2022
7. https://nbt.tj/tj/statistics/statistical_bulletin.php -сомонаи расмии Бонки миллии Точикистон Маълумот дар бораи муаллифон:
Чураев Бехзод Машрафович - н.и.и., дотсент, сардори шуъбаи тахлил ва чалби маблаггузории ФКХ "Фонди бозтамвил". Сурога 735140, Чумхурии Точикистон, шахри Душанбе, кучаи Истаравшан 18, телефон: 433 777 779, E-mail : [email protected]
Файзалии Сафаралй - сардори шуъбаи маъмурии ФКХ "Фонди бозтамвил". Сурога 735140 Чумхурии Точикистон, шахри Душанбе, кучаи Истаравшан 18, телефон: 433 777 770, E-mail: f. [email protected]
Сведение об авторах:
Джураев Бехзод Машрафович - к.э.н., доцент, начальник отдела анализа и привлечения инвестиции МКФ «Фонд рефинансирования». Адрес: 735140, Таджикистан, г. Душанбе, ул. Истаравшан 18, телефон: 433 777 779, E-mail : [email protected]
Файзалии Сафарали - начальник административного отдела МКФ «Фонд рефинансирования». Адрес: 735140, Таджикистан, г. Душанбе, ул. Истаравшан 18, телефон: 433 777 770, E-mail: f.safarali@,rfund.tj Information about the authors:
Juraev Behzod Mashrafovich - c.e.s. Ph.D., Associate Professor, Head of analysis and investment attraction department MCF "Refinancing Fund" Address: 735140, Tajikistan, Dushanbe, st. Istaravshan 18. Tel: 433 777 779, Email: biuraev@,rund.ti
Fayzalii Safarali - Head of administrative department MCF "Refinancing Fund" Address: 735140, Tajikistan, Dushanbe, st. Istaravshan 18. Tel: 433 777 770, E-mail: f. safarali@,rfund.tj
УДК: 339.727.22
САРМОЯГУЗОРЙ ДАМЧУН КАТЕГОРИЯМ ИКТИСОДЙ ВА МАНБАДОИ ДУКУКИИ ТАНЗИМИ КАФОЛАТИ ДУКУКДОИ САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИЧЙ
Саидов Киёмиддин ТаFOЙмуродович
Аннотатсия. Дар маколаи мазкур яке аз масъалахои мубрам ва мухим, яъне масъалаи сармоягузории хоричй ва сарчашмахои хукукии пешниходи кафолатхо ба сармоягузорони хоричй мавриди баррасй карор дода шудааст. Дар маколаи муаллиф хам меъёрхои миллии конунгузорй ва хам меъёрхои шартномахои байналмилалй хамчун манбаи кафолати хукукхои сармоягузорони хоричй инъикос гардидаанд. Муаллиф кайд менамояд, ки яке аз омилхои асосии чалби сармоягузорихои хоричй ба иктисодиёти миллй ин пеш аз хама пешниходи кафолатхо ва химояи хукуку манфиатхои сармоягузорони хоричй ба хисоб меравад. Инчунин, дар макола асоснок гардидааст, ки сармоягузорихои хоричй яке аз самтхои мухим дар инкишофи иктисоди миллй ба хисоб рафта метавонанд боиси рушди иктисодй ва баландшавии нишондихандахои макроиктисодии давлат гарданд.
Калидвожахо: сармоягузории хоричй, кафолатхои сармоягузорон, иктисодиёт, рушди иктисодй, кишвархои кабулкунанда, меъёрхои хукукй, давлат, танзими сармоягузорй.
Барои иктибос: Саидов К^.Т. Сармоягузорй хамчун категорияи иктисодй ва манбахои хукукии танзими кафолати хукукхои сармоягузорони хоричй / К^.Т. Саидов // Паёми молия ва иктисод. - 2024. - № 1 (40). - С. 96-101.
ИНВЕСТИЦИИ КАК ЭКОНОМИЧЕСКАЯ КАТЕГОРИЯ И ПРАВОВЫЕ ИСТОЧНИКИ РЕГУЛИРОВАНИЯ ГАРАНТИЙ ПРАВ ИНОСТРАННЫХ ИНВЕСТОРОВ
Саидов Киёмиддин Тагоймуродович
Аннотация. В данной статье рассматривается один из актуальных и важных вопросов, а именно вопрос иностранных инвестиций и правовых источников предоставления гарантий иностранным инвесторам. В статье автора отражены как национальное законодательство, так и нормы международных договоров как источник гарантирования прав иностранных инвесторов. Автор отмечает, что одним из основных факторов привлечения иностранных инвестиций в национальную экономику является обеспечение гарантий и защиты прав и интересов иностранных инвесторов. Также в статье обосновано, что иностранные инвестиции считаются одним из важных направлений развития национальной экономики и могут привести к экономическому развитию и увеличению макроэкономических показателей государства.
Ключевые слова: иностранные инвестиции, гарантии инвесторов, экономика, экономическое развитие, страны реципиенты, правовые нормы, государство, инвестиционное регулирование.
INVESTMENTS AS AN ECONOMIC CATEGORY AND LEGAL SOURCES OF REGULATION OF GUARANTEES OF THE RIGHTS OF FOREIGN INVESTORS
Saidov Qiyomiddin Tagoymurodovich
Annotation. This article discusses one of the current and important issues, namely the issue of foreign investment and legal sources of providing guarantees to foreign investors. The author's article reflects both national legislation and the norms of international treaties as a source of guaranteeing the rights of foreign investors. The author notes that one of the main factors in attracting foreign investment into the national economy is to ensure guarantees and protection of the rights and interests of foreign investors. The article also substantiates that foreign investment is considered one of the important areas of development of the national economy and can lead to economic development and an increase in the macroeconomic indicators of the state.
96