УДК:336.71
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ НИЗОМИ БОНКИИ ТО^ИКИСТОН ВА РО^ОИ ДАР
АМАЛ ТАТБЩ НАМУДАНИ ОН
Хайрзода Ш.^.
Аннотатсия. Низоми бонки %амчун механизми асосии рушди щтисодиёти мамлакат ва дар заминаи таъминкунандаи мувозинат%ои пули ма%суб ёфта а%амияти он дар сат%и давлат ногузир мебошад. Вобаста ба ин дар мацолаи мазкур масъала%ои му%имтарини рушди низоми бонки бо баназар гирифтани имконият%ои мацудаи ицтисоди ва бонки мавриди та%циц царор дода шудааст. К,айд кардан зарур аст, ки муаллиф аз руи зарурият %амбастагии байни афзоиши ММД, даромад%ои пули, царз%ои батаъхирафтода (КБ) ва %ацми Фонди пушонидани талафоти имконпазир (ФПТИ), Нишонди%анда%ои натицавии моделсозии рушди низоми бонкии Цум^урии Тоцикистон аз руйи сенарищои СМР - 2030 ва як цатор нишондщандауои му%ими дигарро мавриди та%лил ва барраси царор додааст, ки ба натица%ои назррас ноил гардидааст. Вобаста ба ин нашри мацолаи мазкур метавонад дар оянда барои тацввияти кор%ои дигари илми мусоидат намояд.
Калидвожахр. Бухрони молияви, низоми бонки, кифоягии сармоя, стандарт%ои молияви, татбици та%рим%о, афзоиши фоида, нархи дорощо, суботи макроицтисоди. Барои ицтибос: Хайрзода, Ш.К Стратегияи рушди низоми бонкии тоцикистон ва ро%%ои дар амал татбиц намудани он/Ш.К Хайрзода //Паёми молия ва ицтисод. - 2024 №4 (43) - С. 5-23.
СТРАТЕГИЯ РАЗВИТИЯ БАНКОВСКОЙ СИСТЕМЫ ТАДЖИКИСТАНА И ПУТИ
ЕЕ РЕАЛИЗАЦИИ НА ПРАКТИКЕ
Хайрзода Ш.К.
Аннотация. Банковская система рассматривается как основной механизм развития экономики страны и как поставщик денежных балансов, и ее значение на государственном уровне неизбежно. В связи с этим в данной статье рассматриваются важнейшие вопросы развития банковской системы с учетом имеющихся экономических и банковских возможностей. Необходимо отметить, что автор, в связи с необходимостью корреляции между ростом ВВП, денежных доходов, отсроченных кредитов (КБ) и размером фонда покрытия возможных потерь (ФПТИ), результирующие показатели развития банковской системы Республики Таджикистан на основе сценариев СМР-2030 и ряда проанализированных и учтенных других важных показателей, в результате которых достигнуты удовлетворительные результаты. В зависимости от этого вопроса данная статья может способствовать усилению других научных работ в будущем.
Ключевые слова. Финансовый кризис, банковская система, достаточность капитала, финансовые стандарты, реализация санкций, рост прибыли, цены на активы, макроэкономическая стабильность.
STRATEGY FOR THE DEVELOPMENT OF THE BANKING SYSTEM OF TAJIKISTAN AND THE WAYS OF ITS IMPLEMENTATION IN PRACTICE
Khairzoda Sh.K.
Annotation. The banking system is considered as the main mechanism for the development of the country's economy and as a supplier of monetary balances, and its importance at the state level is inevitable. In this regard, this article examines the most important issues of the development of the banking system, taking into account the existing economic and banking opportunities. It should be noted that the author, in connection with the need for correlation between the growth of GDP, cash income, deferred loans (DL) and the size of the fund for covering possible losses (FPTI), the resulting indicators of the development of the banking system of the Republic of Tajikistan based on the scenarios of the SMR-2030 and a number of other important indicators analyzed and taken into account, as a result of which satisfactory results were achieved. Depending on this issue, this article can contribute to strengthening other scientific works in the future.
Keywords. Financial crisis, banking system, capital adequacy, financial standards, implementation of sanctions, profit growth, asset prices, macroeconomic stability.
Гузориши масъала. Бухрони чахонии молиявй проблемаи мутобикшавии бонкхоро ба таконхои эхтимолии макроиктисодй, ки дар натичаи тагйироти даврй дар иктисодиёт ба амал меоянд, басо мубрам сохт. Аз чумла, масъалаи вобаста ба афзоиши кифоягии сармояи бонкхо барои пушонидани хамаи хавфхое, ки ниходи молиявй метавонад дар шароити таконхои макроиктисодй бо онхо дучор ояд, хеле мухиму мубрамтар мегардад. Муаммои мазкур махсусан барои бонкхои кишвари мо бо назардошти сармоякунонии пасти онхо хеле дог мебошад.
Дар айни замон дар иртибот бо окибатхои номатлуби бухрони молиявй низоми бонкхои бисёр кишвархо, ба шароити нави макромухит мутобик гардида, талаботро ба кифоягии сармоя бо максади баланд бардоштани устувории молиявй ва кам кардани хавфхо барои карздихандагон, сармоягузорон, контрагентхо дар шароити рушди даврагии иктисодиёт тадричан сахттар мекунанд[8]. Дар робита ба ин, низоми бонкии Чумхурии Точикистон тадричан стандартхои миллии арзёбии кифоягии
сармояро ба стандартхои байналхалкй мувофик месозад, ки ба сахттар кардани муносибат нисбат ба кифоягии сармояи бонкхо равона гардидааст.
Тахлили тах,кикотх,ои охир ва нашриёт. Х,амаи инро ба инобат гирифта иктисодшиносони ватанию хоричй доир ба маблаггузорй ба стратегияи рушди бонкй корхои илмй - тахкикотй гузаронида, ташкилотхои карзиро яке аз омили асосии пешбарандаи иктисоди миллй медонанд. Бинобар ин олимони машхури сохаи иктисод Ш.Рахимзода, Б.М. Шарифзода, Х,.Л. Саидмуродов, Х,.А. Х,икматов, О.И. Лаврушин, Л. Г. Ефимова, Е. А. Кашеева, В. Г. Лукин бонкро хамчун омили мухимтарини рушди тамоми соха аз он чумла рушди иктисоди миллй хисобида, стратигияи рушди онро санади мухим арзёбй менамоянд.
Бо вучуди он, ки доир ба ин масъала олимони зиёди ватанию хоричй корхои илмй - тахкикотй гузаронида, кисматхои алохидаи онро мавриди тахкики амик карор додаанд, аммо дар ин самт бо сабаби пешрафти чараёнхои иктисодй талаботхои нав пайдо
мегардад, ки он талаб мекунад то роххои нави рушди бонкй ва сарчашмахои нави маблаггузории он пайдо карда шавад.
Максади макола. Стратегияи рушди бонкй хамчун мачмуи санадхо доир ба пайдо намудани роххои муносиби рушди бонкй дар фаъолияти минбаъдаи бонк ба хисоб рафта, метавонанд дар рушди иктисоди миллй, аз чумла дар сохахои афзалиятноки он сахмгузор бошад. Дар доираи ин, стратегияи бонкиро дар катори омилхои рушддихандаи он дохил намудан мумкин аст.
Бинобар ин, тахия ва татбики стратегияи рушди бонкй дар нигох доштани устувории фаъолияти бонкй дар мамлакат ва истифода намудани он барои рушди иктисодиёти чумхурй ва самтхои афзалиятноки он вазифаи аввалиндарача барои тамоми субъектони иктисодй мебошад. Дар ин раванд дар баробари дигар стратегияхои давлатй стратегияи бонкй низ зарур буда, максади тахкикот татбик намудани он дар амалияи низоми бонкй ба хисоб меравад.
Мух,тавои асосии мавод.
Номувозинатии лараёнаои институтсионал'1 ва вайрон шудани вазъияти сиёс'1 боиси он мегардад, ки фаъолияти тамоми сошашо фалал гардида, механизми тамоми муносибатао аз байн бурда шавад ва ин масъалашо сабаби сар задани бушронао мегарданд[2.118]. Вактхои охир кишвархо бештар ба таъсироти таконхои манфии макроиктисодй дучор меоянд, ки ин боиси тахияи сенарияхои гуногуни бухронй мегардад. Таконхои беруна, ки ба вазъи иктисодии кишвар ва низоми бонкии он бевосита таъсир мерасонанд, инхоро дар бар мегиранд:
- сустшавии иктисоди чахон (ИМА, Аврупо, Чин ва дигар кишвархои пешрафта), ки боиси кохиш ёфтани талабот ба молхои содиротии чумхурй, аз чумла алюминий ва нахи пахта гардид;
- кохиши нарххои чахонии нафт ва касри бучети кишвархои шарики тичоратии Точикистон дастрасиро ба маблаггузории беруна махдуд карда, чараёни сармоягузории хоричиро ба чумхурй кохиш доданд;
- татбики тахримхо нисбати Федератсияи Россия, ки шарики асосии тичоратии Чумхурии Точикистон мебошад, боиси кохиши суръати рушди иктисодиёти кишвари мо гардид;
- кохиши интиколи маблагхои пулй;
- якбора тагйир ёфтани курби асъори хоричй: доллари ИМА ва рубли русй.
Дар чунин шароит, барои таъмини суботи макроиктисодй ва молиявй, вазифаи мухим муайян кардани он аст, ки оё таконхои макроиктисодй ба сохаи бонкй таъсир мерасонанд ва агар чунин бошад, бо кадом рох? Ин тахкикот барои он зарур аст, ки агар бонкхо дучори таконхои макроиктисодй шаванд ва самараи ин таъсир ба таъсир ба иктисодиёт монанд бошад, пас дар сурати таназзул ва бухрон, вазъи бахши бонкй вазъи кунунии корхо ва микёси бухронро боз хам бадтар хохад кард.
Акнун дида мебароем, ки чй гуна мархилахои даври иктисодй ба вазъи бахши бонкй таъсир мерасонанд. Тавре ки маълум аст, барои хар як иктисод, даврахои болоравй ва авч гирифтан мусбатанд ва мархилахои таназзул ва бухрон таъсири манфй мерасонанд. Дар мархилаи баркарорсозии иктисод, ширкатхо тамоюли афзоиши фоидаро доранд, нархи дороихо боло меравад ва ахолй интизорихои хушбинона аз оянда доранд. Дар иктисодиёт афзоиши мачмуи даромад ба вучуд меояд, даромади ахолй меафзояд ва ин хама дар якчоягй боиси афзоиши суръати такозо ба карзхои бонкй мегардад. Бонкхо дар навбати худ сандуки карзии худро фаъолона афзоиш дода, дар чустучуи конеъ кардани талабот ба захирахои карзй ва бо хамин фоидаи худро зиёд кардан мебошанд, зеро даромади асосии бонкхо аз хисоби карздихй мебошад. Дар давраи авчи
иктисодй, бонкхо бо максади чалби харчи бештари мизочон, чун коида, талаботро барои карзгирони эхтимолй соддатар мекунанд ва бо ин хавфхои марбутро аз мадди назар дур мекунанд. Илова бар ин, дар шароити мусоид, эхтимолияти пардохт накардани муштариён, хачми карзхои батаъхирафтода ва аз хисоб баровардашуда кохиш меёбад, ки ин ба кохиш ёфтани хдчми захирахо барои талафоти имконпазир аз руйи карзхо оварда мерасонад.
Аммо, дер ё зуд, авчи фаъолияти иктисодиро давраи таназзули иктисодй иваз мекунад. Талабот ва нарххо ба дороихо кохиш меёбад, фоидаи ширкатхо камтар мешавад, сатхи бекорй меафзояд, ки ин ба кам шудани даромади ахолй, кам шудани арзиши амволи ба гарав гузошташуда ва афзоиши эхтимолияти пардохт накардани карзхо оварда мерасонад. Дар ин холат, бонкхо бо он ру ба ру мешаванд, ки дороихои мушкилдор дар тавозуни бонкхо меафзоянд, категорияи сифати карзгирон кохиш меёбад, яъне хавфхо якбора меафзоянд, ки ин метавонад ташаккулёбии захирахо ва сатхи баланди сармояро талаб кунад. Бухрони бонкй бухронро дар кишвар боз хам шадидтар мекунад. Х,амин тарик, мо ба хулосае меоем, ки ба бонкхо тамоюлхои дар иктисод чараёндошта таъсири худро мерасонанд.
Бояд кайд кард, ки дар асл бисёр нишондихандахои бонкй кодиранд хамчун нишондихандахои инъикоскунандаи дарачаи таъсири таконхои макроиктисодй ба бахши бонкй баромад кунанд.
Сармояи бонкй ягона нишондихандае нест, ки таъсири таконхои макроиктисодй ва тагйирёбии иктисодро инъикос мекунад. Аз ин ру, зарур аст, ки таъсири таконхои макроиктисодй ба ду нишондихандаи дигари фаъолияти бонкхо - захирахои талафоти имконпазир ва даромаднокии дороихо тахлил карда шавад.
Бонкхо хангоми бовар надоштан ба пардохтпазирии тарафи карзгирифта ва аз он хавф кардан, барои талафоти имконпазир захирахо эчод мекунанд. Афзоиши захирахои ташаккулёфта, дар навбати худ, хам ба фоидаи бонк, чунки онхо барои бонк харочот мебошанд ва хам ба сармояи он таъсир мерасонанд ва арзиши дороихои софро кохиш медиханд. Х,ачми зиёди захирахо метавонад ба он оварда расонад, ки бонк на фоида, балки аз фаъолияти худ зарар мебинад.
Аммо, бояд дар назар дошт, ки афзоиши захирахо на хамеша аз бад шудани фаъолияти бонк шаходат медихад. Гап дар сари он аст, ки баъзе бонкхо дар шароити мусоиди иктисодй захирахоро, тавре ки мантикан бармеояд, кам намекунанд, балки баръакс онро афзоиш медиханд ва бо ин фоидаро кам нишон медиханд ва тагйирёбии онро бо мурури замон хамвор мекунанд ( income-smoothing effect самараи хамворсозии даромад). Ин тачриба дар амалия хеле кам истифода мешавад, зеро, чун коида, ин ба хусусиятхои бахисобгирй, кам хисоб кардани зарари имконпазири оянда ва инчунин ба он вобаста аст, ки афзоиши захирахоро сахмдорон метавонанд хамчун як хатари бад шудани сифати сандуки карзй кабул кунанд.
Х,амин тарик, хачми захирахои талафоти имконпазир дар давраи баркароршавии иктисодй кам шуда, дар шароити таназзул ва ноустувории макроиктисодй меафзояд.
Нишондихандаи навбатй барои муайян кардани таъсири таконхои макроиктисодй ба бахши бонкй -даромаднокии дороихо (ROA) Ва даромаднокии сармоя (ROE) мебошад. Аз нишондихандахои даромаднокии бахши бонкй ( ROA ва ROE ) чунин бармеояд, ки бояд афзалият ба чои сармояи асосй ба даромаднокии дороихо дода шавад, зеро, ба назари мо, махз хамин нишондиханда аз хама бештар самаранокии бахши бонкй ва
идоракунии дороихои онро, алахусус дар бозори карзй, тавсиф мекунад.
Мухити мусоиди иктисодй дар кишвар ба чоннокшавии фаъолияти бахши бонкй, афзоиши амалиётхои карзй мусоидат мекунад, ки ин ба афзоиши самаранокии фаъолияти бонкхо ва дар натича, афзоиши ROA оварда мерасонад. Дар шароити бесуботии макроиктисодй, кам шудани такозо ва даромади ахолй ва ширкатхо, норасоии пардохтпазирй, кохиш ёфтани хачми карздихй ва афзоиши харочоти чалби маблагхо вазъ баръакс тагйир меёбад: даромади бонкхо кохиш меёбад, харочот меафзояд, ки ин дар нихоят ба кохиши назарраси фоида ё хатто ба зиён оварда мерасонад, яъне даромаднокии дороихои бонкхо кохиш меёбад. Далели гуфтахои боло, он аст, ки дар шароити таъсири манфии бухрони молиявии солхои 2008-2009 сатхи даромаднокии дороихои ( ROA ) низоми бонкй паст гардида, ба санаи 2010 сол он 1,2 % баробар гардид. Таъсири бухрони молиявии чахонии 2008-2009 боиси он шуд, ки нишондихандаи ROA соли 2011 0,2% ва соли 2012 ба 0,8% баробар шуд. Таъсири омилхои берунаи соли 2014-2016 боиси он шуд, ки ин нишондаханда соли 2016 ба диапазони манфй, яъне - 3,7% баробар шуд. Яъне, бонкхои ватанй ба талафоти кисми даромадхо аз дороихо дучор гашта, бо дарназардошти паст шудани сифати сандуки карзй ва пардохтпазирии бонк, зиёд шудани харочотхо барои ташаккули захирахои иловагй барои пушонидани хавфхои бонкй дар холате, ки даромаднокй аз истифодаи дороихо паст гашта, харочоти хизматрасонии пасандозхо ва дигар ухдадорихо бо дарназардошти лапишхои асьорй хеле афзуданд.
Дар айни замон, микдори хеле зиёди корхо бахшида ба омузиши дарачаи таъсири таконхои макроиктисодй ба
нишондихандахои баррасишаванда бо
истифода аз моделхои эконометрикй вучуд доранд.
Азбаски хавфхои марбут ба пешниходи карз, одатан, сарчашмаи асосии ноустувории молиявии бонкхо мебошанд, аксар вакт дар корхои илмии муаллифони хоричй тахлили нишондихандахои бонкй, ки сатхи сифати сандуки карзиро тавсиф мекунанд, ба сифати тагйирёбандаи вобаста оварда мешавад.
Масалан, Pesóla J. кори илмии худро ба тахлили бухронхои бонкй дар кишвархои Аврупои Шимолй (Дания, Шветсия, Финляндия ва Норвегия) бахшидааст[2]. Вай кобили кабул будани истифодаи таконхои макроиктисодиро барои шарх додани динамикаи хиссаи зарари карз дар сандуки карзй, ки яке аз нишондихандахои асосии вазъи бахши бонкй мебошад, арзёбй мекунад. Дар чараёни тахкикот, у ба хулосае омадааст, ки сатхи баланди карздории ахолй ва корхонахо, афзоиши фоизхо, инчунин паст шудани суръати афзоиши ММД аз арзиши пешбинишуда боиси афзоиши хиссаи талафот аз руйи карзхо ва рушди бухронхои бонкй дар Норвегия, Шветсия ва Финландия мегардад.
Як катор муаллифон дар асархои худ ба омухтани динамикаи захирахои бонкхо диккат додаанд, зеро андозаи захирахои талафоти имконпазир тагйирёбии кобилияти карзгирии карзгирандагон ва рухияи бонкхоро дар робита бо вазъи бавучудомадаи иктисодиёт инъикос мекунад. Тахкикоти Бонки марказии Аврупо нишон дод, ки дар кишвархои Иттиходи Аврупо захирахо барои талафоти имконпазир аз руйи карзхо танхо дар сурате ташаккул меёбанд, ки хавфи карзй вокеан руй додааст, яъне онхо барои эхтимолияти хавфи карзй дар оянда захира намесозанд. Дар натича, маълум шуд, ки бад шудани вазъи иктисодии кишвар бевосита ба бонкхо тавассути афзоиши захирахои талафоти имконпазир таъсир мерасонад.
Инчунин иктисоддонхо D. Pain, M. Arpa, I. Giulini, A. Ittner ва F.Pauer тахкикоти худро ба тахлили таъсири даврахои иктисодй ба сатхи захирахои талафоти имконпазир аз руйи карзхо дар бонкхои Британияи Кабир ва Австрия бахшидаанд[3]. Натичахо нишон доданд, ки таназзули иктисодиёт ба устувории бахши бонкй таъсири манфй мерасонад. Илова бар ин, онхо тасдик карданд, ки додани карз ба сохахои иктисодиёти дорои сатхи баланди хавфхо, хамрох бо афзоиши захирахо сурат мегирад, зеро хавфи бознагаштан ё ба таъхир афтодани ин карзхо хохад афзуд. Масалан, онхо кайд карданд, ки захирахои бонкхои ипотекй нисбат ба бонкхои тичоратй ба таври назаррас камтаранд, зеро карзи онхо гарав дорад, ки ин эхтимолияти зарари бонкхоро аз карзхо кохиш медихад. Онхо як модели оддии иктисодии дорои тагйирёбандахои ба лахзахои каблии замон мансуббударо арзёбй карда, ба хулосае омадаанд, ки захирахо дар давраи кохиши суръати рушди ММД зиёд мешаванд. Онхо инчунин тасдики инро ёфтанд, ки баъзе бонкхо захирахоро барои чуброни талафу зиёнхои карзй (LOI) хангоми афзоиши назарраси фоида барои хамвор кардани тагйирёбии он («income-smoothing hypothesis») истифода мебаранд, яъне сарфи назар аз принсипи кохиши захирахо барои чуброни талафу зиёнхои карзй дар давраи болоравии иктисодиёт, тамоюли афоиши андак вучуд дорад[4].
Bikker J.A. ва Hu H., ки низ вобастагии захирахоро аз таконхои макроиктисодй хисоб кардаанд, хулосахои чолиб баровардаанд. Онхо муайян карданд, ки коэффитсиентхо пеш аз рушди ММД ва таваррум аломати манфй доранд, дар холе ки сатхи бекорй мусбат аст. Аммо, дар давраи афзоиши даромади бонкхо, онхо маълум карданд, ки хачми захирахо баланд бокй монда, бо хамин фарзияи хамворкунии даромадхоро тасдик мекунанд. Дар нихоят, ин ба он оварда мерасонад, ки бонкхо дар
давраи ноустувории макроиктисодй камтар осебпазир хоханд буд, зеро онхо хангоми мавчуд будани маблаг барои ин захираи муайянро ташкил додаанд[5].
Bikker J.A. ва Hu H. ошкор карданд, ки суръати афзоиши ММД, хам чорй ва хам акибмонда (лагшуда) дар як давра, ба даромаднокй таъсири мусбат мерасонанд, дар холе ки сатхи бекорй таъсири манфй мерасонад. Инчунин муайян карда шуд, ки на фоизхои кутохмуддат ва дарозмуддат, на нархи сахмияхо ва пешниходи пул кудрати тавзехдиханда надоранд.
Gambacorta L., Gobbi G., Panetta F. регрессияи панелиро барои хашт кишвари Аврупо ва ИМА бахогузорй намуда, ба хулосае омаданд, ки суръат бахшидани рушди ММД ва кохиши таваррум ба даромаднокии дороихои бонкхо таъсири мусбат мерасонад. Дар мавриди афзоиши меъёри фоизй бошад, муаллифон таъсири бечунучароеро дар ин ё он самт ошкор кардан натавонистанд. [6]
Quagliariello M., хангоми тахлили вобастагии бахши бонкй дар Италия аз таъсири таконхои макроиктисодй маълум намуд, ки даромаднокии бахши бонкй ба кохишёбии ММД кишвар, меъёрхои вомбаргхои дарозмуддати давлатй ва афзоиши бекорй таъсири манфй
мерасонад[7].
Х,амин тавр, чуноне ки мебинем, дар адабиёти хоричй микдори хеле зиёди тахкикот мавчуданд, ки вобаста будани устувории бахши бонкй дар кишвархои гуногуни Аврупо аз устувории иктисодиёт ва набудани таконхоро тасдик мекунанд.
Хулосаи асосй аз тахлил ва чамъбасти тахкикоти илмй, ки ба проблемахои таконхои макроиктисодй бахшида шудаанд, дар он аст, ки таъсири пахншавии таконхои макроиктисодй ба бонкхо дар шакли афзоиши захирахо барои талафоти имконпазир ва кам шудани даромаднокии дороихо амалй мешавад. Дар робита ба ин, тахлили таъсири
омилхои макроиктисодй ба хачми захирахои талафоти имконпазир ва кохиши даромаднокии дороихои низоми бонкй манфиати зиёди илмй ва назариявй дорад.
Вобаста ба шароити фаъолияти иктисодиёти миллй ва низоми бонкии Чумхурии Точикистон, чуноне ки аз бобхои каблии ин диссертатсия бармеояд, ба хачми Фонди пушонидани талафоти имконпазир (ФПТИ) аз руйи карзхо омилхои зерини макроиктисодй таъсир мерасонанд:
1. Суръати афзоиши ММД
2. Х,ачми интиколи маблагхо
3. Курби доллар нисбати сомонй
4. Хуручи / воридоти сармоя
Хусусияти таъсири омилхои дар боло
номбаршудаи макроиктисодй ба хачми захирахои низоми бонкй аз зарари имконпазир дар натичаи бад шудани сифати сандуки карзй, ба назари мо, чунин зохир мешавад.
Суръати рушди ММД яке аз нишондихандахои мухими фаъолияти иктисодии давлат мебошад. Тавре ки мо каблан гуфта будем, бонкхо хачми захирахои талафоти имконпазирро дар давраи баркароршавии иктисодй, яъне хангоми афзоиши суръати ММД кам ва дар давраи таназзули иктисод зиёд мекунанд. Ин муносибати манфии байни динамикаи ММД ва захирахои талафоти имконпазирро тасдик мекунад. Вакте дар иктисод таконе мушохида мешавад, ки бо кохиши ММД ифода ёфтааст, ин бо кохиш ёфтани истехсолоти саноатй дар кишвар ва такозои дохилй ва хоричй ба махсулот хамрох сурат мегирад. Ин ба афзоиши зарари корхонахо, афзоиши сатхи бекорй ва кам шудани даромади ахолй оварда мерасонад. Дар натича, вазъи иктисодии карзгирандагон ба таври назаррас бад мешавад ва сатхи хавфи карзй меафзояд, ки он бо афзоиши захирахо барои талафоти эхтимолии карзхо хамрох сурат мегирад. Ин алалхусус ба корхонахои бахши гайримолиявй дахл дорад, ки хиссаи карзхои
онхо чузъи асосии сандуки карзии бахши бонкии Чумхурии Точикистонро ташкил мекунад.
Тахкикот нишон дод, ки хачми интиколи маблагхо ба хачми захирахои зарари имконпазири бахши бонкй таъсири назаррас ва аломати манфй дорад. Аз ин чо бармеояд, ки такони макроиктисодй дар шакли кохиш ёфтани хачми интиколи маблагхо боиси афзоиши захирахои бонкхо барои талафоти имконпазир ва бад шудани вазъи молиявии бахши бонкй мегардад. Ахамияти хачми интиколи маблагхо осебпазирии сохахои иктисоди миллй, аз чумла бонкхоро аз тагйирёбии хачми интиколи маблагхо тасдик мекунад. Кам шудани хачми интиколи маблагхо ба кисми назарраси иктисодиёти кишвар таъсири манфй мерасонад. Даромади бучет аз хисоби кохиши воридот кохиш меёбад, даромади ахолй кам мешавад ва бозори дохилй махдудтар гардида, фаъолнокии иктисодй кохиш меёбад. Дар нихояти кор, ин ба кохиш ёфтани кобилияти карзгирии карзгирон ва арзиши дороихо ва дар натича, ба афзоиши хавфи карзй ва афзоиши захирахои талафоти имконпазир оварда мерасонад.
Диаграммаи зерин хамбастагии
наздикро байни афзоиши мачмуи махсулоти дохилй (ММД), даромадхои пулй (ДП), карзхои батаъхирафтода (КБ) ва хачми Фонди пушонидани талафоти имконпазир ( ФПТИ) инъикос мекунад (диаграммаи 1).
Курби доллар нисбати сомонй дар шархи таъсир ба сатхи захирахо барои талафоти имконпазир назаррас аст. Дар назари аввал, муайян кардани таъсири якранги динамикаи курби доллари ИМА душвор буда, хамааш ба намуди карзгироне, ки ба онхо бо асъори хоричй карз дода шудааст, вобаста мебошад. Аз як тараф, агар карзхо ба карзгироне дода шаванд, ки бо асъори хоричй даромад мегиранд (масалан, ширкатхои содиркунандаи мол), пас афзоиши
курби асъор ба онхо таъсири назаррас намерасонад ва онхо дар пардохти карз душворй намекашанд. Яъне, байни ФПТИ ва курби доллар вобастагии манфй вучуд дорад. Аз тарафи дигар, агар карзгир даромади асъори хоричй надошта бошад, бекурбшавии сомонй метавонад таъсири
Диаграммаи 1. - Х,амбастагии байни а(
Тахлили диаграмаи 1 нишон медихад, ки байни нишондихандахои баррасишаванда муносибатхои хамбастагии зич чой дорад. Яъне, бо афзудани хачми ММД даромади ахолй низ меафзояд ва баръакс. Динамикаи ММД ва ДП, инчунин бо динамикаи хачми карзхои батаъхирафтода (КБ) ва ташаккули хачми Фонди пушонидани талафоти имконпазир (ФПТИ) хамбастагии функсионалй дорад. Яъне, агар ММД ва ДП зиёд гардад, хдчми ^Б ва ФПТИ низ кам мешавад ва баръакс.
Бухрон дар бозорхои молиявии чахонй бо хуручи сармоя хамрох сурат мегирад, пулхо ва сармоягузорихо дар шароити ноустувории макроиктисодй
кишварро тарк мекунанд. Хуручи сармоя аз
манфй дошта бошад, чунки ба карзгиранда барои ба доллар иваз кардан ва пардохтани карз маблаги бештаре бо сомонй даркор мешавад. Дар ин холат, хавфи напардохтан ва ба таъхир афтодани карз меафзояд ва бонкхо мачбуранд андозаи ФПТИ-ро зиёд кунанд.
оиши ММД, даромадх,ои пули, карзхои
Чумхурии Точикистон, пеш аз хама, ба карзи калони берунаи давлатй ва корпоративй, ки корхонахо мачбуранд онро баргардонанд, марбут мебошад. Дар чунин шароит, бахшхои гуногуни иктисодиёт бо норасоии маблаг ва кам шудани даромад аз фаъолияти худ ру ба ру мешаванд, ки ин ба арзёбии кобилияти карзадокунии онхо таъсири манфй мерасонад.
Содироти сармоя аз кишвар боиси боздошти рушди иктисодй ва суст шудани суботи молиявии кишвар дар натичаи набудани манбаъхои сармоягузорй мегардад. Зиёда аз меъёр хорич шудани сармоя нисбат ба вуруди он маънои кохиши вокеии захирахои молиявиро барои рушди иктисодй дорад. Хуручи хиссаи муайяни
батаъхирафтода ( ^Б ) ва х,ачми Фонди пушонидани талафоти имконпазир ( ФПТИ)
Манбаъ: Тахияи муаллиф дар асоси маълумоти тахкикшудаи диссертатсияи мазкур
мачмуи махсулоти дохилй ба хорича ба рушди иктисодии миллй таъсири манфй мерасонад, зеро он мустакиман тархкунй аз заминаи захиравй барои сармоягузории дохилй мебошад. Хуручи сармоя системаи танзими макроиктисодиро бесубот месозад. Афзоиши фоизи вокей барои пешгирии хуручи сармоя ба раванди сармоягузории дохилй таъсири манфй мерасонад ва хамзамон ба бад шудани фазои сармоягузорй дар кишвар оварда мерасонад, таваччухи сармоягузорони хоричй ба Точикистонро, ки бештар хамчун «бозори мушкилдор» тасниф мешавад, суст мекунад. Фирори сармоя аз кишвар боиси норасоии пардохтпазирии низоми бонкй мегардад, ки дар навбати худ ба хачми карздихй ба бахши вокеии иктисодиёт таъсир мерасонад. Гайр аз он, хуручи сармоя кобилияти хидматрасонии карзи хоричии кишварро халалдор мекунад.
Бар замми ин, худи бахши бонкй ба камбуди пардохтпазирй дучор омада, харочоти маблаггузорй ва чамъоварии маблаг меафзояд. Барои пушонидани харочоти худ, бонкхо мачбур мешаванд сатхи хавфи сандуки карзиро баланд бардоранд, зеро афзоиши хавф бо афзоиши фоизи карзхои додашуда хамрох сурат мегирад. Х,амин тарик, байни чараёни сармоя ва андозаи ФПТИ хамбастагии манфй вучуд дорад. Азбаски мо маълумоти дакик дар бораи хуручи сармоя аз кишвар надоштем, онро аз тахлил хорич кардем.
Бояд зикр намуд, ки таконхои макроиктисодй дар шакли камшавии хачми интиколи маблагхои мухочирони мехнатй, кохиши курби мубодилавии сомонй ва сатхи мачмуи махсулоти дохилй, инчунин хуручи сармоя ба бахши бонкй тавассути зиёдшавии хачми захирахо барои талафоти имконпазир таъсири манфй
мерасонанд. Гузашта аз ин, таъсири баъзе омилхо фавран маълум мешавад, аз дигарон пас аз як муддати муайян зохир
мешавад. Тахкикот нишон дод, ки такони кохиши суръати рушди ММД ва хуручи сармоя аз кишвар ба сифат ва хавфи сандуки карзй на фавран, балки бо таъхир пахн мешавад, ки ин ба бонкхо имкон медихад, ки агар чунин вобастагй муайян карда шавад, омодагй дида, барои кохиш додани окибатхои манфии пахншавии таконхо дар иктисодиёт чорахои зарурй андешанд.
Акнун вобастагии даромаднокии дороихои бахши бонкиро аз омилхои макроиктисодй дида
мебароем. Даромаднокии дороихои бахши бонкй, ба гайр аз омилхое, ки ба хачми захирахои бонкхо барои талафоти имконпазир таъсир мерасонанд, аз ду омили дигар: суръати афзоиши карзхои додашуда ва фоизи он дар бозори байнибонкй, низ вобаста аст.
Афзоиши хачми карзхои
пешниходкардаи бахши бонкй ба даромаднокии дороихои он таъсири мусбат мерасонад. Ин фахмо аст, зеро афзоиши хачми карзхои додашуда одатан афзоиши даромади фоизиро дар бар мегирад, ки ин ба фоидаи бонкхо буда, аз ин ру, ба даромаднокии дороихои онхо таъсири мусбат мерасонад. Ва баръакс, бухрони карзй ба сустшавии суръати афзоиши фоизи карзхо оварда мерасонад, ки ба даромаднокии дороихо таъсири манфй мерасонад. Кохиши пешниходи карз аз бонкхо дар шароити бад шудани вазъи иктисодй ба фоидаи бонкхо таъсири манфй мерасонад. Самаранокии идоракунии сандуки дороихо ба таври назаррас бад мешавад, ки ин ба камшавии андозаи ROA оварда мерасонад.
Татбики бомуваффакияти хадафхо ва афзалиятхои СМР-2030 сафарбаркунй ва таъминоти тамоми манбаъхои молиявии рушдро такозо мекунанд. Дар фаркият аз СМР-2015 дар маблаггузории Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамухлати рушди Чумхурии Точикистон
вобаста ба мархилахои 2016-2020, 2021-2025 ва 20206-2030 накши зиёдтарро бояд сармоягузорихои хусусй, хам
сармоягузорихои мустакими хоричй ва хам сармоягузорихои дохилй ичро кунанд. Чунончи, барои рохандозии бомуваффакияти СМР-2030 дар давоми 15 сол аз тамоми манбаъхои маблаггузорй 118,1 млрд. доллари ИМА зарур аст, ки аз онхо ба бахши хусусй 54,7 млрд. доллари ИМА ё 46,3 фоиз рост меояд. Маблагхои бокимонда аз хисоби бучети давлатй - 56,1 млрд. доллари ИМА (47,5 фоиз) ва сахми Шарикони рушд 7,3 млрд. доллари ИМА (6,2 фоиз) таъмин мегардад.
Дар робита ба ин, тадбирхо оид ба солимгардонй ва рушди минбаъдаи низоми бонкии Точикистон ва баланд бардоштани сахми он дар маблаггузории иктисодиёт пешбинй карда шудаанд. Барои ин самти амал, ки дар СМР-2030 ва Барномаи миёнамухлати 2016-2020, Барномаи тасдикшудаи миёнамухлати рушд барои 2021-2025 пешбинй шудаанд, тадбирхо оид ба куллан бехтар кардани низоми бонкй дар назар дошта шудаанд.
Дар доираи татбики БМР 2016-2020, дар кисмати рушди низоми бонкй дар бахши молияи ватанй барои ноил гардидан ба хадафхои гузошташуда дар матритсаи амалхо бо 12 хадаф ва амалисозии 39 чорабинй пешбинй шудааст. Сарфи назар аз пешравихое, ки дар рушди низоми бонкй дар давоми солхои 2016-2020 ба даст омадаанд, барои ноилшавй ба хадафхои гузошташуда як катор тадбирхое андешида шуданд, ки ба тахкими иктидори танзимкунандагии Бонки миллии Точикистон, баланд бардоштани устувории ниходхои молиявй, тавсеаи ракобат ва озоднамоии бахши молиявй, тахкими хамкорихо дар самти омодасозии кадрхои сохибтахассус, мукаммалгардонии пойгохи меъёрию хукукй оид ба химояи истеъмолкунандагони хизматхои молиявй, равона гардидаанд, вазъият вобаста ба
нишондихандахои асосй хануз хам мураккаб бокй мемонад[1.247].
Тахлилхо нишон медиханд, ки дар давоми солхои 2016-2020 (аз руи хисобхои пешакй то санаи 5 апрели соли 2019) вобаста ба низоми бонкй аз мачмуи индикаторхои асосии рушди ташкилотхои карзй ягон нишондиханда пурра ичро нашудааст.
Вобаста ба дигар нишондихандахои меъёрии индикативй, ба монанди дороихои ташкилотхои молиявии карзй, хиссаи карзхои беэътимоди ташкилотхои карзй,
даромаднокии дороихои онхо, теъдоди ташкилотхои карзй ба 100 хазор нафар ахолй, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки сарфи назар аз дастовардхои мавчуда сатхи ичроиши нишондихандахои меъёрии номбаршуда мутаносибан 57,6%, 46,8%, 68,4, 18,8 ва 78,5 %-ро ташкил медихад.
Яке аз сабабхои сатхи пасти ичроиши нишондихандахои меъёрии индикативй вобаста ба низоми бонкй, ба андешаи мо, истифодабарии методхои анъанавй ва моделхои маъмули ояндабинии рушди соха мебошад.
Бинобар ин, дар диссертатсияи мазкур мо ояндабиниро бо истифода аз мачмуи моделхое гузаронидем, ки равандхои вокеии иктисодиёти миллй ва чахониро бо дарназардошти таъсири омилхои бисёри хам берунй ва хам дохилй, ки ба рушди устувори низоми бонкй таъсир мерасонанд, комилтар инъикос менамоянд. Чунончи, барои ояндабинии аз ин хам асосноктари роххо ва муайян кардани манбаъхои рушди низоми бонкй дар давраи солхои 2021-2030 мо индикаторхои асосии максадноки Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, нишондихандахои Барномаи миёнамухлати рушди Чумхурии Точикистон барои солхои 2021-2025, инчунин натичахои тахкики
нишондихандахои худудии бехатарй, тамоилхо ва дурнамои рушди сохаи бонкиро истифода намудем, ки заминаи сохтани
дурнамо ва хисобхоро бо истифодабарии модели Revised Minimum Standart Model -Extended (RMSM-X) аз руйи ду сенария ташкил доданд.
Барои баходихии нишондихандахои устувории макроиктисодй модели эконометрики, аз чумла муодилахои регрессионии зерин тартиб дода шуданд. Барои хар як муодилаи регрессионй хатогии стандарта (дар кавс пешниход гардидааст), R2 ва DW (критерияи Дарбин-Ватсон) хисоб карда шудааст.
1) MD/GDP = 0.12468520684 + 0.699783199247*MD(-1)/GDP
(0.06) (0.21) R2=0.9DW=1.7
дар ин чо:
MD - Мачмуи дороихо;
GDP - ММД.
2) LOG(M4) = -5.33383325889 + 1.36124184063*LOG(GDP) + [AR(1)=0.366308988546,ESTSMPL="2010 2019"]
(1.75) (0.16)
R2=0.96 DW=2
дар ин чо:
М4 - агрегати пулй.
3) M2 = -15183.0398527 + 0.430535082929*GDP + [AR(1)=0.78126849072,ESTSMPL="2010 2019"]
(83.57)(0.089) R2=0.98 DW = 2
дар ин чо:
М2 - агрегати пулй.
4) M0 = -6417.93675203 + 0.292139684305*GDP
(2949) (0.059)
R2=0.9 DW=2
дар ин чо:
М0 - агрегати пулй.
5) TC = 0.130016371205*GDP + [AR(1)=0.829591649699,ESTSMPL="2010 2019"]
(0.0069)
R2=0.98 DW=1.5
дар ин чо:
TC - Х,ачми умумии карзхои аз тарафи бонкхо додашуда.
6) LC = -173.236963872 + 0.318939635*TC + [AR(1)=-0.129387888149,ESTSMPL="2010 2018"] (641) (0.079)
R2=0.7 DW=1.99
дар ин чо:
LC - ^арзхои дарозмуддат.
Дар асоси коэффитсиентхои оморй R2 (алокамандии байни тагйирёбандахои вобаста ва новобаста), хатои стандартии коэффитсиентхо, T-омор (коэффитсиент / хатои стандартии коэффитсиентхо), ва DW -критерияи Дарбин-Ватсон (барои баходихии боэътимодии коэффитсиентхо) маънидории коэффитсиентхои хисобшуда тасдик карда мешаванд.
Бояд кайд кард, ки муодилахои мачмуи дороихо, агрегатхои пулй ва хачми умумии карзхои аз тарафи бонкхо додашуда вобаста аз ММД хисоб карда шудаанд.
Бо истифода аз муодилахои хисобшуда коэффитсиенти чандирй барои хар як нишондиханда хисоб карда мешавад, яъне хангоми 1% зиёд шудани ММД, нишондихандахои зикргардида чанд фоиз тагйир меёбанд. Чунончи, маълум гардид, ки хангоми 1% зиёд шудани ММД, мачмуи дороихо - 10%, агрегатхои пулии М4, М2, М0 мутаносибан 8%, 8%, 5% ва хачми умумии карзхои аз тарафи бонкхо додашуда 2% зиёд мешаванд, ки ин хамбастагии фаъолияти самараноки низоми бонкй ва рушди иктисодиёти миллй нишон медихад.
Х,амин тарик, натичахои чамъбастии ояндабинй дар чадвали 1 бо дарназардошти ду варианти рушди низоми бонкии Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030: индустриалй ва индустриалй-инноватсионй пешниход карда мешаванд (чадв. 1).
Ч,адвали 1. - Нишондихандахои натичавии моделсозии рушди низоми бонкии Ч,умх,урии
Точикистон аз руйи сенарияхои СМР - 2030
СЕНАРИЯХО ИНДУСТРИАЛ Й ИНДУСТРИАЛЙ-ИННОВАТСИОНЙ (ИИ) Фарк ру сенар (ИИ) ят аз и ияхо /(И)
Нишондихандахо 2019 Дар асл 2020 хисобхо Дурнамо 2030 (И) Вазн и нисб и ба ММ Д, бо % Ояндабин и 2030 (ИИ) Вазн и нисб и ба ММ Д, бо % Абс. бо млн. сомон и бо %, б.ф.
ММД, млн. сомонй 77 354,7 86 000 236 389 100 278 356 100 41967 117,75
Мачмуи дороихои бонкй, млн. сомонй 21976 25889 71 227 30,13 99 621,3 35,79 28394,3 139,86
нисбат ба ММД , бо % 28,40 30,1 30,13 35,79 +5,56
Дороихои пардохтпазирии бонкхо, млн. сомонй 6 068 7148,4 19 667 8,32 27 507 9,88 7 840 139,86
нисбат ба ММД, бо % 7,87 8,31 8,32 9,88 +1,56
Нишондихандаи васеи хачми пул ( M4), млн.сомонй 22155 25153,1 99 621,3 42,14 124 441 44,41 24 819, 7 139,86
нисбат ба ММД, бо % 28,64 29,25 42,14 44,71 +2,27
Нишондихандаи хачми пули миллй ( M2), млн. сомонй 18937 22432,3 86 640,7 36,65 104 709 37,62 18 068,30 120,85
Суръати гардиши анбухи пулй, маротиба 4,0848 4 3,8338 2,7284 2,6584 -0,07 -2,57
Х,ачми пули накд дар гардиш берун аз бонкхо ( M0), млн. сомонй 15332 18706 62 640,7 26,50 74 900,8 26,91 12 260,10 119,57
Х,ачми умумии карзхои бонкии додашуда, млн. сомонй 9790 11203 30 738 13,00 36 194,1 13,0 5456,10 117,75
^арзxои дарозмуддати бонкй, млн. сомонй 541 3315,96 9 098,03 3,85 10 713 3,85 1 614,97 117,75
Х,иссаи карзxои дарозмуддат нисбат ба карзxои додашуда, % 0,0552 6 0,296 0,296 29,6 0,296 29,6 0 0
Манбаъ: Таxияи мyаллиф.
Бояд асоси рушди низоми бонкиро афзоиши ММД аз xисоби чалби сармоягyзориxо, бештар ба бахши вокей ташкил диxад. Ин аз xисоби таxкими суботи макроиктисодй ва ба туфайли рушд ва самаранокии низоми бонкй имконпазир мегардад. Афзалияти мyxим дар ин марxила амалисозии стратегияи таъмини амният ва рушди устувори низоми бонкй мебошад. Сафарбарсозии захираxои молиявии иктисодиёти миллй, бон^ои байналхалкй ва шарикони рушд бо максади зиёдкунии карздиxй ба иктисодиёт бояд xамчyн вазифаи асосии рушд то соли 2030 баромад кунад.
Бо дарназардошти дарачаи татбики xадафxои асосии дар боло номбаршуда ду сенарияи мустакил: (1) индустриалй ва (2) индустриалй-инноватсионй дар назар дошта шудааст.
Асоси сохтани xар ду сенария аз заминаxои зерин иборат мебошад: а) мукаррароти максаднок ва татбики афзалиятxои миллй; в) истифодаи самараноки захираxо ва имкониятxои мавчуда; г) зиёдкунии имконияxои сармоягузории бонкxо; д) xамгироии самаранок ба низомxои минтакавй ва чаxонии бонкй.
Сенарияи индустриалии рушд татбики бомуваффакияти ислоxоти сохториро дар иктисодиёти вокей, бунёди шароит брои ракобати солим дар байни бон^о, бартарафсозии монеаxои барзиёд дар роxи дастрасй ба маблаFгyзории бахш хусусй, чалби сармоягyзориxо ва f.
Ба сифати xаракатдиxандаи рушди низоми бонкй инкишофи дороиxои бонкй, чоринамоии хизматрасониxои нави бонкй ва
технологияxои ракамй ва амсоли он баромад карда метавонанд.
Мувофики сенарияи индустриалй:
- мачм7и дороиxои бонкй аз 21 976 млн. сомонй дар соли 2019 то 71 227 млн. сомонй дар соли 2030 ё 3,2 маротиба афзоиш ёфта, xиссаи онxо дар ММД аз 28,40 % то 30,13% ва ё +1,54 б.ф. зиёд мешавад;
- дороиxои пардохтпазирии бонщо аз 6 068 млн. сомонй дар соли 2019 то 19 667 млн. сомонй дар соли 2030 в ё 3,2 маротиба афзоиш меёбанд. Зимнан, xиссаи онxо дар ММД аз 7,87 то 8,32% ва ё ба андозаи 0,45 б.ф. зиёд мегардад;
- нишондихандаи васеи xачми пул ( M4), аз 22 155 млн. сомонй дар соли 2019 то 99 621,3 млн. сомонй дар соли 2030 ва ё 4,5 маротиба зиёд гардида, арзаи назарраси пулро дар иктисодиёт таъмин менамоянд. Зимни ин сатxи монетизатсияи иктисодиёт аз X0зира 28,64 % дар соли 2021 то 42,14% дар соли 2030 ва ба андозаи 13,5 б.ф. афзоиш меёбад;
- суръати гардиши анбyxи пулй аз 4,08 гардиш дар соли 2019 то 2,72 гардиш дар соли 2030 коxиш меёбад;
- xачми умумии карзxои бонкии додашуда аз 9790 млн. сомонй дар соли 2019 то 30 738 млн. сомонй дар соли 2030 ва ё 3,1 маротиба афзоиш меёбад;
- пешниxоди карзxои дарозмуддат аз чониби бон^о аз 541 млн. сомонй дар соли 2019 то 9 098,03 млн. сомонй дар соли 2030 ва ё 16,8 маротиба меафзояд.
Сенарияи мазкур дар шароити ноустувории молиявии дар бозорxои чаxонй мyшоxидашаванда, дар асоси сарчашмаxои дохилии рушд, чоннокшавии иштироки
бонкхои Точикистон дар равандхои минтакавии хамгироии иктисодй,
истифодабарии технологияхои муосири бонкй хусусияти пешгирикунандаи рушдро дар назар дорад.
Дар навбати худ, сенарияи индустриалию инноватсиони, ки хамчун асос ба СМР-2030 ворид карда шудааст, на танхо хусусияти пешгирикунандаи чорахоро дар шароити ноустувории молиявй дар назар дорад, балки бунёди асосхои рушди инноватсионии низоми бонкии кишварро, пеш аз хама, дар заминаи гузаронидаи ислохоти минбаъда дар низом, истифодабарии технологияхои ракамй, омодасозии кадрхои хозиразамон барои бонкхо ва асмоли онро пешбинй мекунад.
Ин сенария бо истифодаи оммавии равишхои инноватсионй дар равандхои бонкй, тахкими идоракунии корпоративй, заминаи институтсионалии рушди пешгирикунандаи бонкхо, такмили танзим дар макросатх, таквияти хифзи хукуки амонатгузорон ва сармоягузорон имконпазир аст, ки ба афзоиши сафарбар намудани захирахои озоди хам дохилй ва хам хоричй, афзоиши карзхо ва сармоягузорй ба иктисодиёт аз бонкхо мусоидат мекунад.
Рушди низоми бонк асосан аз хисоби сафарбарсозии манбаъхои дохилй ва дастгирй ёфта, бо истифодабарии самараноки манбаъхои берунии маблаггузорй пурратар мегардад.
Дар ин холат, мувофики сенарияи индустриалию инноватсионй:
- мачмуи дороихои бонкй аз 21 976 млн. сомонй дар соли 2019 то 99621,3 млн. сомонй дар соли 2030 ё 4,5 маротиба афзоиш ёфта, хиссаи онхо дар ММД аз 28,40 % то 35,79% ва ё +7,39 б.ф. зиёд мешавад;
- дороихои пардохтпазирии бонкхо аз 6 068 млн. сомонй дар соли 2019 то 27507 млн. сомонй дар соли 2030 в ё 4,5 маротиба афзоиш меёбанд. Зимнан, хиссаи онхо дар
ММД аз 7,87 то 9,88% ва ё ба андозаи 2,01 б.ф. зиёд мегардад;
- нишондихандаи васеи хачми пул (M4), аз 22 155 млн. сомонй дар соли 2019 то 124 441 млн. сомонй дар соли 2030 ва ё 5,6 маротиба зиёд гардида, арзаи назарраси пулро дар иктисодиёт таъмин менамоянд. Зимни ин сатхи монетизатсияи иктисодиёт аз хозира 28,64% дар соли 2021 то 44,41% дар соли 2030 ва ё ба андозаи 15,77 б.ф. афзоиш меёбад;
- суръати гардиши анбухи пулй аз 4,08 гардиш дар соли 2019 то 2,65 гардиш дар соли 2030 кохиш меёбад;
- хачми умумии карзхои бонкии додашуда аз 9790 млн. сомонй дар соли 2019 то 36 194 млн. сомонй дар соли 2030 ва ё 3,7 маротиба афзоиш меёбад;
- пешниходи карзхои дарозмуддат аз чониби бонкхо аз 541 млн. сомонй дар соли 2019 то 10 713 млн. сомонй дар соли 2030 ва ё 19,8 маротиба меафзояд.
Дар мачмуъ, сенарияи индустриалию инноватсионй барои рушди низоми бонкии кишвар дар шароити ноустувории молиявии мушохидашаванда афзалиятнокии бештар дорад, ки дар ин бора ракамхои чадвали овардашуда гувохи медиханд.
Чунончи, дар доираи варианти сенарияи индустриалию инноватсионии рушд дар мукоиса бо варианти индустриалй дастрасй ба нишондихандахои баландтари рушд пешбинй мешавад, аз чумла:
- мачмуи дороихои бонкй иловатан ба андозаи 41 967 млн. сомонй зиёд мешаванд ва хиссаи онхо дар ММД боз хам зиёдтар -5,56 б.ф. мешавад;
- дороихои пардохтпазирии бонкхо, иловатан ба андозаи 7,8 млрд сомонй зиёд мешаванд. Зимнан, хиссаи онхо дар ММД аз ин хам зиёдтар шуда, то ба 1,56 б.ф. меафзояд;
- нишондихандаи васеи хачми пул ( M4), ба андозаи 24, 8 млрд. сомонй зиёд шуда, иловатан арзаи пулро ба иктисодиёт ва рушди
монетизатсия дар сатхи +2,27 б.ф. таъмин мекунад;
- хачми умумии карзхои бонкии додашуда, аз руи варианти дуюм дар мукоиса бо варианти якум иловатан ба 5,4 млрд. сомонй зиёд хоханд шуд;
- пешниходи карзхои дарозмуддат аз чониби бонкхо иловатан ба андозаи 1,6 млрд. сомонй афзоиш хохад ёфт.
Барои ноил шудан ба нишондихандахои рушди низоми бонкии Точикистон то соли 2030, варианти дуюм -сенарияи индустриалию инноватсионии рушд афзалтар мебошад, ки идомабахшии ислохотро дар сохаи мазкур дар хамбастагй бо татбики тамоми тадбирхои дар СМР - 2030 пешбинишуда дар назар дорад.
Дар чараёни тахкикоти худ мо муайян кардем, ки меъёри фоизхо дар бозори
байнибонкй ба даромаднокии дороихои бахши бонкй таъсири манфй мерасонад. Дар шароити бухрони чахонй, бонкхо бо мушкили набудани пардохтпазирй барои амалиёт ру ба ру мешаванд, дар холе ки манбаи маблаггузории беруна дар хорича махдуд мешавад. Ин ба он оварда мерасонад, ки пул кимат шуда, ниёзи бонкхо ба он меафзояд. Дар натича, дар бозори байнибонкй афзоиши фоизхо ба назар мерасад, ки он бо афзоиши фоизи амонатхо хамрох сурат мегирад, ки харочоти фоизии бонкхоро зиёд мекунад ва бо ин ба харочоти бонк таъсири манфй мерасонад ва даромаднокии дороихоро кохиш медихад, ки ин аз руйи маълумоти чадв. 2 тасдик карда мешавад.
2008 2009 2010 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019
Мачмуи махсулоти 5163,7 4978,4 5642,6 8505,9 9241,6 7852,4 6953,1 7145,6 7523, 8198,0
дохилй, 3
млн. долл. ИМА
Х,ачми интиколи
пулии мухочирони 2549 1740 2249 4173 3854 2220 1900 2536 2553 2700
мехнатй,
млн. долл. ИМА
1 доллари ИМА 3,4291 4,1436 4,3787 4,7644 4,9349 6,1649 7,8352 8,5499 9,150 9,6872
нисбат ба сомонй 8
Х,ачми бакияи
карзхои додашуда, 3140 2924 4763 7530 9783 11341 9930 8608 8741 9790
млн. сомонй
Аз онхо бо асъори
хоричй 2104 1660 2736 4002 4994 6422 5679 4754 4554 4768
^арзхои
батаъхирафтода, 228 345 524 673 1163 2039 3441 2014 1994 1476
млн. сомонй
Аз онхо:
Бо асъори хоричй 171 240 324 404 698 1223 1964 1113 1038 805
8,1 14,5 11,8 10,1 14,0 19,0 34,5 23,4 22,8 15,1
Ч,адвали 2. - Динамикаи нишондихандахои макроиктисодии рушди иктисоди милли ва таъсири он ба нишондихандахои фаъолияти низоми бонкии Ч,умхурии Точикистон дар
солхои 2008-2018.
Х,амон бо % нисбат ба карзхои додашуда
Меъёри фоиз дар бозори байнибонкй, бо % 16,76 16,21 13,24 16,44 16,63 15,24 15,17 13,6 12,03 19,52
Андозаи ФПТИ, млн. сомонй 144 181 205 500 1241 1657 1823 1800 2097 1869
Сармояи бонкхо, млн. сомонй 1037 1246 1417 2590 2346 2417 5497 5725 5913 6226
Даромаднокии дороихои низоми бонкй (ROA), %. 2,9 0,7 1,2 1,5 -3,7 -0,14 -1,68 0,5 1,9 2,1
Манбаъ: Бюллетени омории Бонки миллии Точикистон, 2013 12 (285) -С.20-30.; Бюллетени омории Бонки миллии Точикистон, Апрел 2019 (285) -С.18-28.; Точикистон: 25 соли истиклолияти давлатй. Мачмуаи оморй.-Душанбе,2016.-С.12; Омори солонаи Чумхурии Точикистон.-Душанбе, 2019.- С.11.
Дар раванди тахлили гузаронидашуда маълум гардид, ки таконхои макроиктисодй дар иктисодиёт ба субот ва вазъи бахши бонкй таъсир мерасонанд. Поин рафтани курби доллар бечунучаро ба устувории бахши бонкй, аз як тараф, бо зиёд кардани харочот барои эчоди захирахо барои талафоти имконпазир, аз тарафи дигар, бо афзун кардани даромад дар натичаи азнавбаходихии мусбии сармоягузорихо бо асъори хоричй, таъсири манфй мерасонад.
Чунин хавфхо, ба монанди якбора кохиш ёфтани интиколи маблагхои мухочирони мехнатй, хуручи сармоя аз кишвар ва кохиши ММД ба фаъолияти бонкхо тавассути афзоиши захирахо барои талафоти имконпазир ва даромаднокии дороихо таъсири манфй мерасонанд. Ба ибораи дигар, хавфхо дар иктисодиёт хавфхоро дар бахши бонкй афзоиш дода, даромади бонкхо, фаъолият ва самаранокии онхоро кохиш медиханд, инчунин харочоти маблаггузорй ва пушонидани зарарро зиёд мекунанд.
Дар навбати худ, мушкилоти бахши бонкй дар шароити бад шудани вазъи иктисодй микёси бухрони иктисодиро боз
хам шадидтар мекунанд, зеро бонкхо яке аз унсурхои асосии фаъолияти тамоми низоми молиявии кишвар мебошанд. Гузашта аз ин, бояд кайд кард, ки таъсири манфии хуручи сармоя аз кишвар ва кохиши сатхи ММД дар бонкхо инъикос ёфта, дар хисоботи онхо на фавран, балки пас аз як давраи муайян зохир мешавад. Ошкор кардани ин далел хеле мухим аст, зеро он метавонад ба бонкхо дар ташаккули стратегияе кумак кунад, ки таъсири таконхоро ба гунае кохиш дихад ва аз вазъи мавчуда бо талафоти хадди акал рахо ёбад.
Х,ангоми афзоиши минбаъдаи карзхои дар мухлаташ пардохтнашуда ва ташаккули захирахои иловагй, мушкилот аз чихати кифоягии сармоя ва устувории молиявй ба миён меоянд. Ин акида ба конуниятхои зерин асос ёфтааст: дар огози бухрон, бонкхо бо норасоии пардохтпазирй ру ба ру мешаванд. Охиста-охиста, ин мушкилот ба афзоиши карзи мухлаташ батаъхирафтода ва бад шудани сифати дороихо мубаддал мегардад, ки бонкхоро мачбур месозад, ки захирахои иловагиро барои талафоти имконпазир ташкил диханд ва ин, чун коида, ба норасоии сармоя ва кам ё
набудани фоида оварда мерасонад. Фоида манбаи чиддии афзоиши сармоя аст ва набудани он сармоякунониро маxдyд мекунад.
Дар шароити тадричан баромадан аз бyxрон, бонкxо xачми карздиxиро афзоиш медиxанд. Дар ин давра, тамоюли коxиш ёфтани меъёри кифоягй ба назар мерасад. Aз ин ру, мушкилоти ояндабинй ва идоракунии сармоя ва кифоягии он дар шароити кунунй мубрам ба назар мерасад. Aгар чунин тамоюл идома ёбад, мушкилии аз xама вазнин барои бон^о метавонад дар самти кифоягии сармоя пайдо шавад.
Барои кам кардани осебпазирии бахши бонкй аз таъсири таконxои макроиктисодй дар иктисоди миллй ва ба ин васила баланд бардоштани устувории он, ба назари мо, зарур аст:
1. Баландбардории сармоякунонии бонкxо. Бон^о бояд афзоиши сармояи худро идома диxанд, зеро натичаxои таxкикот нишон медиxанд, ки татбики сенарияxои бyxронй метавонад боиси талафоти назарраси сармояи бон^о гардад. Х,ангоми бyxрон, хавфнокии дороиxо ба таври назаррас меафзояд, фоидаи ташкилотxои карзй кам мешавад, ки ин дар коxиш ёфтани меъёри кифоягии сармоя ифода меёбад. Барои пешгирии меъёри мазкур аз паст шудани сатxи xадди акали ичозатдодашуда, микдори маблаFxои худиро, ки аз xисоби онxо зарари имконпазир чуброн карда мешавад, зиёд кардан лозим аст. Fайр аз он, афзоиши сармоя бояд асосан аз xисоби сармояи сатxи якум амалй карда шавад, ки сифати баландтар дошта, эътимод ва устувории бахши бонкиро баланд мебардорад. Дар давраи бyxрон дар иктисодиёт, микдори муайяни сармоя дар ташкилотxои карзй кобилияти бон^оро барои мустакилона бо кувваи худ бо хавфxои бамиёномада мукобилат кардан ва бори давлатро дар расонидани кумак ба бонкxои мyxими низомсоз барои нигоx доштани устувории онxо таъмин менамояд.
2. Барои бахши бонкии Точикистон хусусияти хос таваккали карзй мебошад, ки дар чараёни бyxрон дар афзоиши шадиди захираxои талафоти имконпазир эxтимолй ифода меёбад, ки ба xолати ташкилотxои карзй таъсири манфй мерасонанд. Дар ин шароит, барои нармтар кардани ин таъсир, ба андешаи мо, механизми захиракунии зиддидаврагиро, ки дар он захираxои динамикй накши калидй доранд, таxия ва амалй кардан лозим аст. Нуктаи асосй дар он аст, ки захираxои динамикй на танxо зарари вокеии чориро, тавре ки xоло мавчуд аст, ба назар мегиранд, балки зарари мавриди чашмдоштро низ ба назар мегиранд. Тавре маълум аст, дар давраи баркарорсозии иктисодиёт, бон^о хавфxоро кам арзёбй мекунанд ва суръати афзоиши сандуки карзиро зиёд мекунанд, дар xоле ки xеч гуна захираxоро илова намекунанд. Бо вучуди ин, дар давоми бyxрон даромади бонкxо ба таври назаррас кам гардида, сифати сандуки карзй бад мешавад ва бон^о мачбур мешаванд, ки бо суръати баланд захираxоро барои талафоти имконпазир ташаккул диxанд ва ин андозаи талафоти бон^оро боз xам зиёдтар мекунад. Дар натича, механизми мавчудаи захиракунй ба рафъи ноустувории молиявии бахши бонкй мусоидат накарда, балки онро боз xам бадтар мекунад.
Захираxои динамикй имкон медиxанд, ки бо ин мушкилй мубориза барем, зеро онxо бояд аз чониби ташкилотxои карзй на дар замони бyxрон, балки дар давраи авчгирии карз, вакте ки маблаFxои зиёдатй мавчуданд, Xисоб карда шаванд ва бо xамин худро бо «буфер» таъмин кунанд, ки метавонад микдори талафоти эxтимолиро дар шароити бесуботии макроиктисодй кам кунад. Хавфи карзии бонкxо дар давраи бyxрон аз xисоби захираxои xангоми баркарорсозии иктисодиёт бадастомада пушонида мешавад ва бон^о дигар дар xолате, ки ба маблаF эxтиёчи бештар доранд, шарт нест, ки як микдор маблаFро нигоx доранд. Х,амин
тарик, ин мукаррарот тагйироти хамвортари натичахои молиявии бонкхоро, ки ба таъсири тагйирёбандаи захирахо дучор меоянд ва ба тахкими суботи молиявии бахши бонкй мусоидат хохад кард, таъмин менамояд.
3. Бо назардошти хассосияти бахши бонкй ба динамикаи харакати сармоя, Бонки миллии Точикистон бояд мушкилоти кохиш додани вобастагии бонкхоро аз манбаъхои маблаггузории беруна хал кунад. Тадбирхое тахия карда шаванд, ки чалби маблагхоро дар бозори дохилй тавассути такмили воситахои бозтамвил ва баланд бардоштани фаъолияти бозори карзии байнибонкй дастрастар ва самарабахштар гардонанд, ки ин эхтимоли тахдиди норасоии пардохтпазириро дар холати пахншавии бухрон камтар мекунад.
4. Дар холати ноустувории курби мубодилавии сомонй, барои нигох доштани
устувории молиявии бахши бонкй зарур аст, ки назоратро аз болои андозаи кушодагии мавкеи асъории бонкхо ба рох монда, як катор махдудиятхоро оид ба пешниходи карзхо бо асъори хоричй ба шахсоне, ки бо сомонй даромад мегиранд чорй намояд ва талаботхои захиравиро барои ухдадорихо бо асъори хоричй таквият дихад.
Манфиатхои таъмини устувории низоми бонкй дар шароити таконхои макроиктисодй ва тагйирёбии даврии иктисодиёт дар амал татби; намудани системаи идоракунии зиддибухронии фаъолияти бонкиро дар назар доранд, ки дар зербоби минбаъда мухокима мешаванд.
Адабиёт
1. Лоихаи рафти татбики Барномаи миёнамухлати рушди Чумхурии Точикистон барои солхои 2016 -2020. (то 5 апрели соли 2020) // Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон. Душанбе. 2020, - с. 247
2. Махшулов С.Ч,. Хусусиятхои хосси ташаккули муносибатхои карзй дар Точикистон. Паёми донишгохи миллии Точикистон. Бахши илмхои ичтимой-иктисодй ва чамъиятй. 2024. № 6-1. с. 118.
3. Gambacorta L., Gobbi G., Panetta F. "Il sistema bancario italiano nell'areadelreuro", Bancaria, n. 3.- 2001.
4. Quagliariello M. "Banks's performance over the business cycle: a panel analysis on Italian intermediaries", The university of York, n. 14. - 2007."Banks's performance over the business cycle: a panel analysis on Italian intermediaries", The university of York, n.14. - 2007.
5. Loan Loss Allowance (LOI)
6. Bikker J. A. and Hu H. "Cyclical Patterns in Profits, Provisioning and Lending of Banks", DNB Staff Reports, n. 86, Amsterdam. - 2002.
7. Pesola J. "The role of macroeconomic shocks in banking crises", Bank of Finland Discussion Papers, n. 6, Helsinki. - 2001.
8. Pain D. "The provisioning experience of the major UK banks: a small panel investigation", Bank of England Working Paper, n. 177, London. - 2003.;33.
9. Arpa M., Giulini I., Ittner A. and Pauer F. "The influence of macroeconomic developments on Austrian banks: implications for banking supervision", BIS Papers, n. 1, Basel, March, 2003.
10. Российская экономика в апреле: предварительные данные и основные тенденции [Электронный ресурс]. URL: http://www.iep.ru/files/text/trends/04-11.pdf;Экономико-политическая
ПАЁМИ МОЛИЯ ВА ИКТИСОД. 2024 / №4 (43)
11. Саидмурадов, Л. Х. Теоретические вопросы развития малой открытой экономики в условиях переходного периода (на примере Республики Таджикистан) : специальность 08.00.01 "Экономическая теория" : автореферат диссертации на соискание ученой степени доктора экономических наук / Саидмурадов Лютфилло Хабибуллоевич. - Душанбе, 2005. - 49 с. - EDN ZNPZND.
12. Саидмуродов, Л. Х. Налоговый потенциал региона и региональная система налогового администрирования: механизмы и инструменты управления / Л. Х. Саидмуродов, В. Д. Сабуров. - Душанбе : ООО «Матбуоти Уротеппа», 2020. - 176 с. - ISBN 978-99975-3846-8. - EDN VYJXSN.
13. Саидмуродов, Л. Х. Перспективные формы развития туризма и их влияние на устойчивое развитие Республики Таджикистан / Л. Х. Саидмуродов, Р. М. Бабаджанов // Экономика Таджикистана. - 2018. - № 2. - С. 11-16. - EDN PRGDQL.
Маълумот оид ба муаллиф:
Хайрзода Шукрулло ^урбоналй - д.и.и., профессор, ректори Донишгох,й давлатии Дангара. Сурога: Чумхурии Точикистон, Дангара.
Сведения об авторе:
Хайрзода Шукрулло Курбонали - д.э.н., профессор, ректор Дангаринского государственного университета. Адрес: 734055, Республика Таджикистан, Дангара.
Information about the author:
Khairzoda Shukrullo Kurbonali - Doctor of Economics, Professor, Rector of Dangara State University. Address: 734055, Republic of Tajikistan, Dangara.