Научная статья на тему 'БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ИЛМИВУ НАЗАРИЯВИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА'

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ИЛМИВУ НАЗАРИЯВИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Муносибатҳои бозоргонӣ / баҳодиҳии иқтисодӣ / соҳибкории хурду миёна / сармоягузорӣ / иқтисоди миллӣ / рушди тиҷорат / фаъолияти хоҷагидорӣ / маблағгузорӣ / ММД / рақобатпазирӣ / хизматрасонӣ ва рушди устувор. / Рыночные отношения / экономическая оценка / малый и средний бизнес / инвестиции / национальная экономика / развитие предпринимательства / хозяйственная деятельность / финансирование / ВВП / конкурентоспособность / услуги и устойчивое развитие.

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Шарофуддинзода Д. Ш.

Дар мақола масъалаҳои арзёбии илмиву назариявии рушди соҳибкории хурду миёна дар шароити иқтисоди бозоргонӣ баррасӣ шудааст. Дар асоси таҳлилҳои мухталифи намояндагони мактабҳои гуногуни иқтисодӣ оиди ташаккулёбии соҳибкории хурду миёна хулосаҳои умумӣ бароварда шуд. Қайд карда шуд, ки соҳибкорӣ ҳамчун омили муҳими рушди фаъолияти хоҷагидории ҳар як кишвар дар шароити бозор барои ҳалли бисёр масъалаҳои иқтисодӣ заминаи устувори тиҷоративу истеҳсолӣ мегузорад. Диққати махсус ба масъалаҳои назариявии рушди соҳибкории хурду миёна, нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва ба таҳлили ҳамаҷонибаи он дар шароити бозор равона гардидааст. Дар мақола инчунин таъкид шудааст, ки нақши соҳибкории хурду миёна на танҳо барои гирифтани фоида равона гардидааст, балки барои таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи накуаҳолии кишвар нигаронида шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME SCIENTIFIC AND THEORETICAL ASPECTS OF THE DEVELOPMENT OF SMALL AND MEDIUM-SIZED ENTERPRISES

В статье рассматриваются вопросы научной и теоретической оценки развития малого и среднего предпринимательства в условиях рыночной экономики. На основе различных анализов представителей различных экономических школ сделаны общие выводы о формировании малого и среднего предпринимательства. Отмечено, что предпринимательство, как важный фактор развития хозяйственной деятельности каждой страны в условиях рынка, создает устойчивую коммерческую и производственную основу для решения многих экономических проблем. Особое внимание уделено теоретическим вопросам развития малого и среднего предпринимательства, его роли в развитии национальной экономики, а также всестороннему анализу в рыночных условиях. В статье также подчеркивается, что роль малого и среднего предпринимательства направлена не только на получение прибыли, но и на обеспечение развития национальной экономики и повышение уровня благосостояния страны.

Текст научной работы на тему «БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ИЛМИВУ НАЗАРИЯВИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА»

УДК: 330.342.01

БАЪЗЕ МАСЪАЛА^ОИ ИЛМИВУ НАЗАРИЯВИИ РУШДИ СО^ИБКОРИИ ХУРДУ

МИЁНА

Шарофуддинзода Д.Ш.

Аннотатсия. Дар мацола масъала%ои арзёбии илмиву назариявии рушди со%ибкории хурду миёна дар шароити ицтисоди бозоргони барраси шудааст. Дар асоси та%лил%ои мухталифи намояндагони мактаб%ои гуногуни ицтисоди оиди ташаккулёбии со%ибкории хурду миёна хулоса%ои умуми бароварда шуд. Кайд карда шуд, ки соуибкорй %амчун омили мужами рушди фаъолияти хоцагидории %ар як кишвар дар шароити бозор барои %алли бисёр масъала%ои ицтисоди заминаи устувори тицоративу исте%соли мегузорад.

Диццати махсус ба масъала%ои назариявии рушди со%ибкории хурду миёна, нацши он дар рушди ицтисодиёти милли ва ба та%лили %амацонибаи он дар шароити бозор равона гардидааст. Дар мацола инчунин таъкид шудааст, ки нацши со%ибкории хурду миёна на тан%о барои гирифтани фоида равона гардидааст, балки барои таъмини рушди ицтисодиёти милли ва баланд бардоштани сат%и накуа%олии кишвар нигаронида шудааст.

Калидвожахр: Муносибат%ои бозоргони, бщодщии ицтисоди, со%ибкории хурду миёна, сармоягузори, ицтисоди милли, рушди тицорат, фаъолияти хоцагидори, маблаггузори, ММД, рацобатпазири, хизматрасони ва рушди устувор. Барои ицтибос: Шарофуддинзода, Д.Ш. Баъзе масъала%ои илмиву назариявии рушди со%ибкории хурду миёна /Д. Ш. Шарофуддинзода //Паёми молия ва ицтисод. - 2024 №4 (43) - С. 354-362

НЕКОТОРЫЕ НАУЧНЫЕ И ТЕОРЕТИЧЕСКИЕ АСПЕКТЫ РАЗВИТИЯ МАЛОГО И

СРЕДНЕГО ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА

Шарофудинзода Д.Ш.

Аннотация. В статье рассматриваются вопросы научной и теоретической оценки развития малого и среднего предпринимательства в условиях рыночной экономики. На основе различных анализов представителей различных экономических школ сделаны общие выводы о формировании малого и среднего предпринимательства. Отмечено, что предпринимательство, как важный фактор развития хозяйственной деятельности каждой страны в условиях рынка, создает устойчивую коммерческую и производственную основу для решения многих экономических проблем. Особое внимание уделено теоретическим вопросам развития малого и среднего предпринимательства, его роли в развитии национальной экономики, а также всестороннему анализу в рыночных условиях. В статье также подчеркивается, что роль малого и среднего предпринимательства направлена не только на получение прибыли, но и на обеспечение развития национальной экономики и повышение уровня благосостояния страны.

Ключевые слова: Рыночные отношения, экономическая оценка, малый и средний бизнес, инвестиции, национальная экономика, развитие предпринимательства, хозяйственная деятельность, финансирование, ВВП, конкурентоспособность, услуги и устойчивое развитие.

SOME SCIENTIFIC AND THEORETICAL ASPECTS OF THE DEVELOPMENT OF

SMALL AND MEDIUM-SIZED ENTERPRISES

Sharofuddinzoda D.Sh.

Abstract. The article addresses the scientific and theoretical evaluation of the development of small and medium-sized enterprises in a market economy. Based on analyses conducted by representatives of various economic schools, general conclusions are drawn about the formation of small and medium-sized enterprises . It is noted that entrepreneurship, as a key factor in the economic activities of every country in a market economy, provides a stable commercial and industrial foundation for solving numerous economic challenges. Particular attention is given to the theoretical aspects of the development of small and medium-sized enterprises, their role in the development of the national economy, and a comprehensive analysis in market conditions. The article also emphasizes that the role of small and medium-sized enterprises is not limited to generating profit but is also focused on fostering national economic development and improving the country's standard of living. Keywords: Market relations, economic assessment, small and medium-sized enterprises, investments, national economy, entrepreneurship development, economic activity, financing, GDP, competitiveness, services, and sustainable development.

Гузориши масъала. Дар шароити рушди муносибатхои бозоргонй

ташаккулёбии сохибкории хурду миёна дар фаъолияти иктисодии кишвар шарти мухим арзёбй гашта, дар таъмини рушди устувори иктисодй накши калонро ичро менамояд. Тахлилхо нишон медиханд, ки фаъолияти самарабахши сохибкорй ва самаранок ба рох мондани сиёсати иктисодй дар самти рушди сохибкорй барои таъмини ракобатпазирии корхонахои ватанй, рушди тичорат ва истехсолот, худтаъминкунии аз махсулоти ватанй ва инчунин барои баланд бардоштани сатхи накуахолии кишвар мусоидаткунанда мебошад. Аз ин лихоз, мавзуъи мазкур дар шароити кунунй барои рушди иктисодиёти миллй рузмарра арзёбй мегардад.

Тахлили тахкикотхои охир ва нашриёт. Тахлили тахкикотхои охир ва нашрияхо дар бораи сохибкории хурду миёна

омузиши тамоюлхои чорй, мушкилот ва дурнамохои сохаи сохибкориро дар бар мегирад. Дар раванди тадкикот ба масъалахои ракамикунонй, устувории бозоргонй, идоракунии хавфхо ва мутобикшавии корхонахои хурду миёна таваччухи махсус дода мешавад. Х,амчунин, истифодаи усулхои муосир, аз чумла чорй намудани технологияи пешкадам дар фаъолияти сохибкории муосир баррасй мегарданд.

Максади макола. Максади макола тахлили вазъи кунунии фаъолияти сохибкорй, баррасии мушкилот ва дурнамохои рушди он дар шароити рушди муносибатхои бозоргонй мебошад. Инчунин, макола накши сохибкориро дар рушди иктисодиёт, ахамияти он барои таъмини ракобатпазирии корхонахои хурду миёна ва баланд бардоштани махсулнокии мехнат равшанй меандозад.

Мух,тавои асосии мавод. Дар

шароити рушди муносибатхои бозоргонй ташаккулёбии сохибкории хурду миёна хамчун омили рушди иктисодиёти миллй яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати иктисодии хар як кишвари сохибистиклол ба хисоб меравад. Х,амчун омили мухими рушди фаъолияти хочагидории хар як кишвар дар шароити бозор сохибкорй барои халли бисёр масъалахои иктисодй заминаи устувори тичоративу истехсолй мегузорад. Бинобар ин бо максади таъмини рушди устувори иктисодй ва баланд бардоштани сатхи накуахолй хар як кишвар барои рушди устувори сохибкорй тамоми тадбирхои заруриро андешида, дар тахкими чанбахои алохидаи он кушишхои зиёдро ба харч медихад.

Ахамияти илмиву тачрибавии сохибкориро дарк карда, олимони иктисоддон оиди ташаккулёби ва рушди он тахлилхои зиёдро гузаронида, барои равнаки минбаъдаи он акидахои мухталифро дар адабиёти иктисодй пешниход намудаанд. Барои тахлил ва ошкор намудани махсусияти сохибкории хурду миёна пеш аз хама масъалахои методологии ташаккулёбии сохибкориро хамчун категория иктисодй мавриди баррасй карор додан кобили кабул мешуморем.

Агар ба тарих назар афганем, дар корхои файласуфони Юнони кадим масъалахои сохибкорй ва халли мушкилотхои вобаста ба он мушохида уардан мумкин мебошад. Масалан, Ксенофант дар асрхои IV ва III пеш аз мелод дар бораи моликияти хочагидории окилона сухан рондааст. Тавре маълум аст, ки моликияти хусусй пеш аз хама масъалахои баланд бардоштани арзиши моликият, максади гирифтани фоида ва дигар масъалахои монанди инхоро дар бар мегирад.

Инчунин дар Рими ^адим низ масъалахои истифодабарии окилонаи фаъолияти хочагидорй дар мадди аввал

истодаанд. Дар корхои илмии олимони Рими ^адим низ мушкилотхои вобаста ба моликият ва таъсири онхо чомеъа дида мешавад. Намояндагони Рими ^адим ба монанди Сисерон, Синека ва дигарон накши моликиятро дар фаъолияти хочагидорй баланд бахо дода, рушди сохибкориро ба он рабт медоданд. Махз чунин икдом дар оянда асоси ташаккулёбии хукуки Римро ташкил намуд.

Дар Х,индустони ^адим, Хитойи ^адим, Миср ва дигар давлатхои кадимаи подшохй мафхумхои асосии сохибкорй, ки дар Артхашастра (асри IV пеш аз милод, Х,индустон) ва таълимоти Конфутсий (551479 пеш аз милод, Хитой) дода шудаанд, диккати асосй дода мешавад. Ба афзоиши хазинаи подшохй, меъёрхои ахлокии рафтор хангоми пешбурди фаъолияти хочагй, махсусгардонии мехнат, инчунин

механизмхои бозории танзими фаъолияти иктисоди аз рушди сохибкорй вобастагй пайдо кард [1,32].

Дар адабиётхои ватанй ва хоричии муосир мафхумхои гуногуни сохибкорй мавчуд мебошанд. Дарки мохияти он ба хулосае меорад, ки сохибкорро хамчун омили махсуси (дар мукоиса бо замин, сармоя, мехнат) истехсолоти чамъиятй баррасй кардан лозим меояд. Махсусият ва функсияхои он дар он ифода мегардад, ки субекти фаъолияти сохибкорй-сохибкор имкон дорад ба воситаи омилхои махсус истехсолотро пайваст ва якчоя намояд [8,10].

Тахлили масъалахои назариявии ташаккулёбии сохибкорй нишон додаанд, ки сохибкорй раванди гуногунчабха буда, элементхои бисёрро аз кабили иктисодиву ичтимой, идоракунии хавф, таъсири мутакобилаи омилхи фархангй ва чомеъа ва инчунин инноватсияро дар бар мегирад. Аз ин лихоз дар корхои тадкикотии олимон сохибкорй хамчун шарти мухим барои халли мушкилотхои иктисодиву ичитимой эътироф гаштааст.

Тачрибаи кишвархои Fарб нишон медихад, ки назарияи сохибкорй дар онхо аз даврахои асри миёна OFOЗ гашта, рушди сохибкорй дар мархилаи мазкyр дар асоси таълимоти динй сyрат мегирад. Бо мурури замон ва рушди муносибатхои тичоратй муносибатхои бозоргонй тараккй ёфта сохибкорй аз руйи конуниятхои бозор тараккй мекунад. Х,амин тавр бо рушди FOяx,ои либералй дар Аврупо олимони машхури англис Т. Гоббс ва Ч. Локк барои рушди масъалахои назариявии сохибкорй дар мархилаи нав заминаи устувор гузоштаанд.

Дар давраи баъдтар таълимоти либералй оиди сохибкорй дар корхои илмии олимони машхур Р.Декарта, Б.Спиноза, А.Смита, С. Милла ва ЧМ.Кейнс инъикос гаштаанд. ^айд кардан зарур аст, ки сохибкорй хамчун истилохи илмй дар корхои олими англис дар асри хаждах Р. Кантилон дучор меояд. Вай кайд мекунад, ки сохибкор ин шахсест, ки фоидаи муайянро аз амалиётхои гуногун ба даст меорад. А. Смит бошад мафхуми сохибкориро дигар хел баррасй мекунад. Ба акидаи вай сохибкор ин сохиби корхона мебошад.

Намояндаи мактаби фаронсавй олими машхур Ж.Б.Сей бошад сохибкорро аз руи гирифтани фоида аз даромад ва сармоя чудо мекард. Вай бар он акида буд, ки вазифаи сохибкор аз мутахид сохтани омилхои истехсолот иборат мебошад.

Ж. Б. Сей инчунин сохибкорро хамчун шахсе, ки аз хисоби худ ва таваккал барои манфиати хеш ягон намуд махсулотро истехсол мекунад[4,148].

Олими дигар намояндаи мактаби физиократй бошад ин таълимотро рушд дода, кайд кард, ки дар баробари ин сохибкор бояд дониши муайян ва иттилооти зиёдро сохиб бошад. Инчуни олими дигари фаронсавй Тюрго дар баробари дониш сармояро асоси рушди сохибкорй ва истехсолот асоснок карда буд.

Тибки назари Й. Шумпетер, сохибкор

метавонад на танхо шахси вокеъй, балки гурухи шахсон бошанд. Х,амзамон, сохибкор хатман набояд молик бошад, дар ин маврид хамчун сохибкор мудир низ метавонад амал кунад [2,9].

Й. Шумпетер дар китоби «Назарияи рушди иктисодй» ду мафхумро - сохибкор ва навовар - баррасй мекунад. У сохибкорро хамчун субъекти чустучу ва татбики комбинатсияхои нави омилхои истехсолот, дорандаи идеяхои навоварона, тахиягари махсулоти нав, ки имкониятхои самараноки бозорро барои азхуд ва истифода кардани захирахо ва сохахои татбики сармоя меёбад, шарх додааст [10,38].

Дар рушди назарияи сохибкорй инчунин сахми калон намояндагони мактаби иктисодии австро-олмонй Л. Брентано, М.Вебер и В.Зомбарт гузоштаанд. Масалан, М.Вебер фаъолияти сохибкориро хамчун тачассуми ратсионализм яъне самараи максималй аз маблаFгyзорй, ошкори роххои бехтарсозии расидан ба максадхои дар пешгузошта, имконияти самараи максималй аз фаъолияти хочагидорй ва монанди инхо арзёбй намудааст [6,84].

Олими дигар П. Друкер, чунин мешуморад, ки сохибкорй ба илм ва ё санъат хеч иртиботе надорад. Ба акидаи y, сохибкорй ин фаъолияте мебошад, ки он аз навоварихо дар тамоми сохахо, бахусус дар идоракунй иборат мебошад. Вай инчунин таъкид менамояд, ки сохибкор шахсе мебошад, ки хар як имкониятро бо фоидаи бештар истифода мебарад[3,98].

Х,амин тарик, оиди сохибкорй мактабхои мухталифи иктисодй ва олимон акидахои гуногунро пешниход карда, таълимот ва FOяхои якдигарро минбаъд пурра менамоянд. Гарчанде, мафхуми сохибкорй хар хел шарх дода шавад хам, дар мачмуъ хамаи олимон бар он акидаанд, ки он барои рушди иктисодиёт, вусъати шyFл, васеъ гардонидани имкониятхои воридотиву содиротй ва таъмини ракобатпазирии

корхонахои ватанй шарти мухим арзёбй мегардад.

Аз нуктаи назари тадкикот кайд кардан зарур аст, ки оиди маъалахои назариявии ташаккулёбии сохибкорй олимони ватанй низ корхои зиёдеро ба анчом расонидаанд. Худи сохибкорй дар Чумхурии Точикистон мисли дигар кишвархои пасошуравй дар шароити гузаштан ба муносибатхои бозоргонй ташаккул ёфта, барои бехсозии он дар кишвар заминахои хукукиву иктисодй фарохам оварда шуд. Яке аз самтхои асосие, ки барои рушди соха дар кишвар сахми калон гузошта шуд, заминаи ташаккулёбии масъалахои назариявию консептуалии сохибкорй ба хисоб меравад.

Тахлилхо нишон медиханд, ки сохибкорй дар корхои олимони ватанй низ гарчанде чанбахои гуногуни иктисодиву, ичтимой ва идоракуниро дар бар гиранд хам, дар умум шарти мухими фаъолияти хочагидории кишвар ба хисоб мераванд. Нуктаи асосие, ки дар корхои олимони ватанй ба он равона гардидааст, ин ба даст овардани фоида, идоракунии хавфи сохибкорй, фаъолияти сармоягузориву инноватсионй, рушди соха таввасути идеяхои нав, конеъ гардонидани талаботи чомеъа, истифодаи самараноки захирахои мавчудбуда, истехсолоти неъматхои моддй, вусъати шугли ахолй ва монанди инхо мебошанд.

Аз нуктаи назари тадкикоти мавзуъ, дар асоси ошкор намудани баъзе чанбахои илмиву назариявии рушди сохибкорй, ба омузиши сохибкории хурду миёна хамчун категорияи иктисодй ва омили мухими рушди иктисодиёти миллй дар шароити имрузаи тараккиёт мегузарем.

Сохибкории хурду миёна тавре тахлилхо нишон медиханд яку якбора ташаккул наёфтааст. Ташаккулёбии сохибкории хурду миёна мархилахои мухталифи тарихиро тай карда, имруз барои кишвархои мустакил кисми мухими хаёти иктисодй ба шумор меравад. Ташаккулёбии

сохибкории хурду миёна дар шароити муосир бо тагиротхои хаёти иктисодй алокаманд буда, барои рушди фаъолияти хочагидорй ва баркарорсозии иктисодиёт омили мухим арзёбй гашт.

Бояд кайд кард, ки баъди гузариш ба модели нави иктисодй кишвархои дунё сохибкории хурду миёнаро хамчун воситаи асосии халли масъалахои ичтимоиву ичтисодй эътироф кардаанд. Дар вокеъ хам сохибкории хурду миёна дар мархилахои гуногуни рушд мушкилотхои зиёдро аз кабили таъсиси чойхои нави корй ва чорй намудани технологияи пешкадам заминаи устувор гузошт.

Бо рушди муносибатхои нав ва авчи технологияи ракамй сохибкории хурду миёна имкониятхои васеъро истифода намуда ба бозорхои нав дастрасй пайдо кард. Давлатхо низ ахамияти иктисодии сохибкории хурду миёнаро дарк карда, тадбирхои зиёдро барои рушди устувори он аз кабили пешниходи имтиёзхои андозй ва дастгирии молиявй пешниход намудаанд. Дар бароабри ин, стартапхо, технопаркхо, бунёди сохибкории муштарак ва зехни сунъй барои рушди сохибкории хурду миёна имкониятхои боз хам васеътарро фарохам овардаанд.

Бо иртибот ба мазуъи баррасишаванда инчунин бояд кайд кард, ки дар раванди амалисозии фаъолияти сохибкорй масъалахои омузиши рушди сохибкории хурду миёна дар кишвархои дар мархилаи рушд карордошта ба таври васеъ ва чукуртар огоз гардид. Мафхум, мохияти иктисодй ва дигар параметрхои муайянкунандаи он аз тарафи олимону иктисодчиён ба таври васеъ мухокима гардид.

Х,амин тарик, дар кишвархои алохида характеристикаи сифат ва шуморавии сохибкории хурду миёна аз руи холати иктисодии кишвархо хар хел таъриф мешуданд.

Масалан, барои муайян кардани категорияи корхонахои хурд Комиссияи

иттиходи аврупой меъёрхои зеринро истифода мебарад.

-шумораи кормандон то 100 нафар; -хачми воситахои корхона на зиёда аз 7,5 миллион евро.

Бояд кайд кард, ки дар Британияи Кабир мафхуми сохибкории хурдтарин низ чорй шудааст, ки мувофики он ба корхонахои хурдтарин он корхонахое шомил мегарданд, ки шумораи кормандони он то 23 нафарро ташкил медихад.

Баъдан таснифоти корхонахои хурд меравад, ки дар онхо аз 24 то 99 нафар корманд кор мекунанд. Дар саноати Фаронса ба корхонахои хурд фирмахое дохил мешаванд, ки дар онхо на кам аз 500 нафар кормандон кор мекунанд ва гардиши он дар давоми сол аз 20 миллион евро зиёд намешавад [7,11].

Дар Амрико бошад ба корхонаи аз хама хурдтар, он корхона дохил мешавад, ки дар он шумораи кормандон аз 1 то 24 нафарро ташкил менамоянд. Ин нишондиханда дар корхонахои миёна бошад аз 100 то 499 ва дар корхонаи калон аз 500 то 999 шумораи кормандонро ташкил менамояд.

Корхонаи калонтарин бо шумораи кормандони аз 1000 нафар зиёдро дар бар мегиранд. Дар холатхои алохида ба меъёри таснифот инчунин хачми гардиши солона кабул карда мешавад [11,3].

Х,амин тавр меъёрхои таснифоти сохибкории хурду миёна дар хар як давлатхои алохида вобаста ба сатхи иктисодиёт мухталиф мебошанд. Дар Федератсияи Россия таснифоти сохибкории хурду миёна вобаста ба муайян намудани шумораи кормандон дар хачми зерин дар сохахои мухталиф чунин тавр кабул шудааст. Дар сохахои саноат, сохтмон, наклиёт на зиёда аз 100 корманд ва дар сохахои кишоварзй, илму техника на зиёда аз 60 нафар кормандро ташкил менамояд.

Инчунин дар сохаи тичорати яклухт на зиёда аз 50 нафар корманд, тичорати чакана

ин нишондиханда на зиёда аз 30 нафар корманд ва сохахои дигар на зиёда аз 50 нафар корманд бошанд.

Дар Чумхурии Точикистон рушди сохибкории хурлу миёна тавре дар боло кайд карда будем баъди пош хурдани давлати Шуравй равнак ёфт. Гузаштан ба муносибатхои нави бозоргонй барои ташаккулёбии гуногуншаклии моликият заминаи устувор гузошт. Албатта, дар давраи гузариш фаъолияти хочагидории хар як кишвар, аз чумла сохибкорй ба мушкилотхои зиёд аз кабили монеъахои маъмурй, махдуд будани имкониятхои молиявй ва суст рушд ёфтани инфрасохтор дучор гаштаанд.

Новобаста аз мушкилотхои зиёд сохибкорй хамчун категорияи иктисодй имкониятхои васеъро ба даст оварда, мунтаззам рушд гирифт. Дар кишвар барои рушди ин соха тамоми тадбирхои зарурй фарохам оварда шудаанд. Раванди ислохоти иктисодй дар кишвар хамаи муносибатхои иктисодиро дар бар гирифта, барои ба миён овардани шаклхои нави хочагидорй, ташаккули низоми муосири талаботу пешниход ва инчунин рушди сохибкорй заминаи хуби хукукиву иктисодй гузошт. Дар натича сохибкории хурду миёна низ инкишоф ёфта, ба яке аз сарчашмахои иловагии рушди фаъолияти хочагидории кишвар табдил ёфт.

Бояд кайд кард, ки дар кишвар конунгузорй оиди рушди сохибкорй фаъолияти минбаъдаи сохибкориро муайян намуда, барои бехтарсозии соха шароитхои муфиди хукукиро фарохам овард.

Мувофики конун ба субектони сохибкории миёна шахсони хукукй дохил мешаванд, ки мачмуъи даромади солонаи онхо аз 500 хазор сомонй то 15 миллион ташкил медихад. Ба субектони сохибкории калон шахсони хукукй дохил мешаванд, ки мачмуъи даромади солонаи онхо аз 15 миллион сомони зиёдтар мебошад [5].

Ч,адвали 1. -Меъёри муайянкунандаи корхонахо аз руи категорияи сохибкории хурду миёна

Меъёри муайянкунанда Намуди корхона

Кучак (хурдтарин) Хурд Миёна Калонтарин

Шумораи миёнаи кормандон На зиёдтар аз 30 нафар Аз 30 то 100 нафар Зиёда аз 100 нафар

Фоида аз фуруши мол, кор, хизматрасонй бе назардошти ААИ дар як сол 500 хазор сомонй Аз 500 хазор то 15 миллион сомонй Зиёда аз 15 миллион сомонй

Меъёри тагйирёбии макоми корхона Бо назардошти рушди фаъолияти хочагидорй дар оянда меъёрхои муайянкунандаи корхонахои хурду миёна метавонанд дар кишвар тагйир ёбанд.

Сарчашма: Закон республики Таджикистан «О защите и государственной поддержке предпринимательства в Республике Таджикистан, (АМОРТ 2014г, №7 ч.2)

Тавре аз чадвали 1 бармеояд, меъёрхое, ки аз руи онхо сохибкории хурду миёна муайян карда мешаванд, конунгузорй аз руи шумораи умумии кормандон мукаррар менамояд. Инчунин сохибкории хурду миёна аз руи фоидаи солона, ки дар чадвал оварда шудаанд, муайян карда мешавад. Тахлилхо нишон медиханд, ки сохибкории хурду миёна дар шаклхои гуногун ба хайси сохибкории инфиродй, корхонахои хусусй ва дигар намуди корхонахо, ки дар асоси шартнома фаъолият мекунанд, баромад намоянд.

Ахамияти иктисодиву ичтимоии сохибкории хурду миёнаро дарк карда, давлат барои таъмини рушди устувори он низоми соддагардонии андозбандй ва дигар намуди имтиёзхо мукаррар намудааст. Бинобар ин, сохибкории хурду миёна барои сохибкорон чолибияти калон дорад ва имруз ин намуди фаъолияти иктисоди самтхои гуногунро аз кабили сохаи кишоварзиву саноат, тичорату истехсолот ва инчунин сохаи хизматрасониро дар бар гирифтааст.

Омузиши акидахои гуногуни олимони намояндагони мактабхои мухталиф оиди ташаккулёбии сохибкорй имконият медихад, ки дар заминаи онхо акидаи хешро пайдо намоем. Ба акидаи мо сохибкорй ин ташабуусе, ки дар ёфтани имкониятхои нав, истифодаи дониш ва малака, ва инчунин дар чавобгарии шахсии фаъолияти хочагидорй ифода мегардад. Дар баробари ин сохибкорй таъсири мутакобилан судманди омилхои истехсолот ва истифодаи технологияи муосир ва шаклхои нави ташкилию идоракунй ба шумор меравад.

Хулоса. Х,амин тарик, дар мархилаи мазкури тадкикот ба хулосае омадан мумкин аст, ки имруз дар шароити рушди илму техника ва омилхои зиёди таъсиррасон аз кабили рушди хамгироии иктисодй, ракамикунонии фаъолияти хочагидорй ва тагйироти технологиву иктисодй масъалахои таъмини рушди устувори сохибкорй рузмарра бокй мемонад. Албатта, истифодаи илму сармояи инсонй дар сохаи сохибкорй

боз хам имкониятхои нави васеъро барои рушди минбаъдаи соха фарохам оварда, барои рушди бомуваффакият ва бармадан ба сатхи нави тараккиёт мусоидат мекунад.

Омузиши масъалахои консептуалии рушди сохибкорй инчунин исбот мекунад, ки накши ниходхои давлатй ва танзими самараноки он дар самти ташаккулёбии сохибкории муосир басо калон арзёбй мегардад. Дастрасй ба маблаггузорй ва

дастгирии давлатй, таъмири сиёсати андозу ба даст овардани кумаки молиявй ва инчунин грантхо дар шароити муосир низ яке аз чанбахои мухими тадкикоти олимон ба хисоб мераванд. Дар умум акидахои олимони иктисоддон ва истифодаи вариантхои имконпазири рушди сохибкорй барои кишвар дар рушди минбаъдаи тараккиёт ахамияти калони илмиву тачрибавиро пайдо карда, рузмарра бокй мемонанд.

Адабиёт

1. Бартенев С.А. История экономических учений. М.: Юристъ, 2001. С. 32.

2. Глебова И.С Государственное регулирование малого и среднего предпринимателйства. Глебова И.С., Садыртдинов Р.Р. Учебное пособие. - Казань: Казанский государственный университет им. В.И. Ульянова-Ленина, 2008.с.9

3. Друкер П.Ф. Рынок: как выйти в лидеры. Практика и принципы. М.: Дело, 2002. -

С.298.

4. Ж.Б. Сей. Трактат о политической экономии. М.: Экономика. 1986, с. 148-149

5. Закон республики Таджикистан «О защите и государственной поддержке предпринимательства в Рес-публике Таджикистан, (АМОРТ 2014г, №7 ч.2)

6. Макс Вебер. Избранные произведения: Пер. с нем.; сост., общ. ред. И послесл. Ю.Н. Давыдова; предис. П.П. Гайденко; коммент. А.Ф. Филиппова. - М.: Прогресс, 1990, с. 84

7. Наджмиддинов Ф.М. Особенности функционирования и развития малых форм предпринимательской деятельности в сфере услуг (на материалах Согдийской области Республики Таджикистан). Ф.М. Наджмиддинов. дисс... к.э.н. 08.00.05. Душанбе-2016. С.11.

8. Содиков М.С. Эффективность развития конкурентоспособных форм малого и среднего предпринимательства в Таджикистане. (на материалах сельскохозяйственных предприятий Горно-Бадахшанской автономной области). М.С. Содиков. Дисс... к.э.н. 08.00.05. Душанбе-2010. С.10.

9. Содиков, М. С. Тачрибаи чах,онии танзими давлатии сохибкории хурду миёна / М. С. Содиков, С. И. Абдуллоев // Паёми молия ва иктисод. - 2021. - N. 1(25). - с. 80-86.

10. Шумпетер Й. Теория экономического развития / пер. с нем. М.: Директ Медиа, 2007. - С.318

11. Lazerson, M. Organizational growth of small firms: An outcome of markets and hierarcliies? // American Sociological Review, 1998 № 53, p. 3.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Шарофуддинзода Дилшод Шарофуддин - унвонцуйи курси якуми Донишгоуи давлатии молия ва ицтисоди Тоцикистон. Сурога: 734067, Цум^урии Тоцикистон, ш. Душанбе, кучаи Нахимова, 64/14. E-mail. [email protected] Тел: (+992) 907-36-24-23.

Сведения об авторе:

Шарофуддинзода Дилшод Шарофуддин аспирант первого курса Таджикского государственного финансово-экономического университета. Адрес: 734067, Республика Таджикистан, г. Душанбе, улица Нахимова, 64/14. E-mail: [email protected]. Тел: (+992) 90736-24-23.

About the author:

Sharofuddinzoda Dilshod Sharofuddin, first-year graduate student at the Tajik State University of Finance and Economics. Address: 734067, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Nahimov Street, 64/14. E-mail: [email protected]. Phone: (+992) 907-36-24-23.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.