УДК 4И М. С. ^О^ИБОЕВА
ББК 83,3(0)9
ВИЖАГЩОИ АШЪОРИ СОЛЕ^ ИБНИ АБДУЛЦУДДУС BÀ ИДОМАИ ОН ДАР НАЗМИ АХДИ СОМОНЙ
Вожа^ои калиди: ашъори Соло, ибни Абдущуддус, воизи Басра, осори пахлавй, тарчумаи заpбyлмасал, шоири эронии арабисаро.
Солех ибни Абдyлкyддyс дар каламрави адабдати арабизабон дар шумори шyаpoe карор дорад, ки дар нигоштахои хеш на танхо аз суннатхои роичи адабиëти араб истикбол кардааст, балки барои идомаи дастовардхои завку тафаккури бадеии аквоми эронй дар назми арабии асри VIII накши муассир гузоштааст.
Солех ибни Äбдyлкyддyс яке аз чехрахои мутафаккири замони худ ва воизи шинохтаи Басра буда, кунияи Абyлфазлpo бар худ насб кардааст. Ваъзгуй пеш аз хама хадафи пандой, далолати хайру накyкopй ва бархазар доштан аз шарру бадиро пайгирй мекард. Воиз кушиш мекард, ки чихати хадафрас гардидани каломаш аз василахои мухталифи балогй, пеш аз хама зарбулмасалу маколхо истифода барад. Хдмин равиши гуфтори воизона дар шеъри Солех ибни Äбдyлкyддyс низ, накши худро гузошт. Шоистаи таъкид аст, ки шеъри y чанбаи боризи панду ахлокй касб карда, зарбулмасалу маколхои зиëди форсй-точикиро дар колаби худ гунчоиш дод.
Дар сурудани шеър Солех ибни Абдyлкyддyс чирадаст буда, мухимтарин вижагихои мавзyии ашъори y дар перомуни илму адаб, дустиву росткорй, забонро аз дуругу бeхyдагyй нигах доштан, хешро аз душман эмин доштан, накухиши зулму ситам ва гайра мебошанд.Корбасти панду андарз ва зарбулмасалу маколхои точикиву форсй дар чаpаëни ба калам овардани шеърхояш ба шумор меоянд. Пайгирй аз ин равиш дар каломи шоир, кабл аз хама, кушиши хифзу идомати зарбулмасалу маколхои форсй дар адабдати арабизабон махсуб мeëбад. Äз суи дигар, у бо истифода аз ин равиши чолиб корбурди зарбулмасалу маколхоро дар ашъори арабии худ ба хукми суннате даровардааст, ки он баъдан дар назми форсу точик истикболи тамом пайдо намуд.
Чолиби диккат аст, ки устодони сухан бо баробари истеъмол ва истифодаи зарбулмасалу маколхои халкй худ низ дар он колаб амсоли здаде эчод кардаанд, ки бо мурури айëм дар адабиëт ба катори зарбулмасалу маколхои китобй дохил гардидаанд. Ин гуна зарбулмасалу маколхо дар мисраву абëти хикматомези шоирон назаррас аст. Он фикри начибу нодиреро, ки нависандае мегуфт, дигаре сайкал дода, ба колаби зарбулмасал ва макол мавриди истифода карор додааст.
Шоири арабисарои асри VIII Солех ибни Абдyлкyддyс, ки дар ашъори худ аз андарзхои пахлавй, ба мисли андарзхои "Пандномаи Бузургмехр", "Андарзи дoнoëн ва маздаиснон", "Андарзи Озарбади Махраспандон" фаровон корбаст карда онхоро ба забони арабй тарчума гардонид, уро ба эронй будан ва бархостагй аз густураи ин фарханги бузурги кадима хидоят мекунад.
Солех ибни Абдулкуддус хулосаи худро аз зиндагй дар колаби андарзхои ахлокиву ичтимоии пурмоя рехта, бо ин амали хеш барои расидани зарбулмасалу маколхо то рузгори мо мусоидат намудааст.
Дар ин жанр хулосахои аз тачрибаи мубориза ва мушохидаи дуру дарози халк хосилшуда тачассум ëфтаанд. Зарбулмасал ва макол аз чихати пурмазмунй ва гояхои худ хусни таваччу^и арбобони адабиëтpo ба худ кашида, дар эчоддати онхо инкишоф ëфтаанд. Онхо дар асоси зарбулмасал ва маколхои халкй бисëp осори дилпазир эчод кардаанд.
Дуруст аст, ки адабдати форсу точик аз рузхои аввали ташаккули худ ба мавзуи таълиму тарбия диккати махсус додааст. Истеъмоли зарбулмасал ва маколхоро хануз дар ашъори асосгузори назми точик Абуабдуллохи Рудакй ва хамасронаш ба мисли Абушакури Балхй, Абулмуайяди Балхй, Абутаййиб Мухаммад ибни Х^отам Мисъабй, Абулхасани Муродй, Шокири Бухорой, Шахиди Балхй ба мушохида мерасад. Дар замони Сомондан Абуабдуллохи Рудакй китоби "Калила ва Димна"-ро ба риштаи назм даровардааст. Гуфтан мумкин аст, ки бо
таъсири "Калила ва Димна" "Марзбоннома", "Синдбоднома", "Кобуснома" ва як катор асархои дигар ба вуцуд омадаанд.
Ахамияти oмyxтани ин асархо барои муайян намудани пайдоиш, махал ва мавриди истeъмoли зарбулмасал ва макол бузург аст. Зарбулмасал ва маколхои зиëдe, ки дар осори шуаро зикр шудаанд, кисман аз забони халк гирифта шуда бошанд, кисми дигар аз забонхои дигар тарцума шуда ва бокимонда эцоди худи нависандагон аст.
Дар зeр кисмe аз ашъори Абуабдуллох Pyдакй ва шоирони муосираш, ки чи тавр забулмасалу маколхои халкй ва андарзхои шохону мутафаккирони Coсoниëн ва давраи пахлавиро корбаст намудаанд, бо ашъори Солех ибни Абдулкуддус ба доираи мукобалаву мукоиса бо зарбулмасалу маколхои тоцикй мeкашeм, то хидмати шоир дар хифзу идомаи суннатхои адабии тоисломии мардуми эронинажод таъйин гардад. Ин зарбулмасалу маколхо ба гуруххои мавзyй дастабандй шудаанд, то доираи мавзyoти ашъори хакимонаи Солех ибни Абдулкуддус низ равшантар цилвагар шавад.
Перомуни илму адаб:
Солех ибни Абдулкуддус:
Ал-илму канзун ва захара ло туодила;у Неъма-л-царини изо мо оцила су;бан (S, 13S).
Тарчума: илм ганц аст ва заxираeст, ки онро чизе баробар нест, чй хуб хамнишин аст, хамнишини окил бошад.
Абуабдуллохи Pyдакй:
Х,ечганце нест аз фар;анг ба;, То тавонй, рав туву ин ганц но; (1, 7).
Солех ва Pyдакй макоми илму донишро дар ^ë™ инсон хеле баланд донистаанд. Онхо таъкид мекунанд, ки инсон ба дониш эхтдаци калон дорад ва он мушкилкушои хама гуна душворихои хаëт буда, хамеша рахнамои зиндагист. Аз ин ру ин ду шоири барцаста омузиши илму донишро хам яке аз шартхои асосии камолоти инсон медонад ва пайваста онро таргиб кардаанд ва илму фархангро аз тамоми ганцхои олам пурарзиштар донистаанд.
Мукоиса шавад: "Илм бехтарин ганц аст" (S, ц. II, 1112), "Илмро доми молу цох масоз, бар рахи худ зи харис чох масоз" (S, ц. II, 1112).
Шоири арабизабон Солех ибни Абдулкуддус перомуни инсони аз адаб тихист, фармуда: Ло хайрун фй манла;у аслун било адабин Нола-л-муалло ва-л-маволу ва-н-нашаба (S, 139).
Тарчума: хайре набошад дар касе аслу нажоди хуб дорад, вале аз адаб тихист ва молу мулки здад ба даст овардааст.
Ин мазмунро дар ашъори Шокири Бухорой мушохдда намуда меиавонем, ки, у аз цумлаи шоирони маъруфи нимаи аввали асри Х мебошад. Байти зер аз уст:
Ба он кас, ки цонаш зи дониш тщист, Сито;иданатмояи абла;ист (2, 7б).
Мукоиса шавад: "Илм ба хар камол бояд хонд, на ба савдои мол бояд хонд" (5, ц. II, 1110), "Адаби мард бехтар аз зар(р)и уст" (S, ц. I, 88), "Илм бар сар тоц аст ва мол бар гардан гул" (S, ц. II, 1110), яъне ин ду байти дар фавк зикр гардида онро нишон медихад, ки бехтарин хислати неки хар кас хулку одоби y мебошад.
Мутафаккири мумтоз Солех ибни Абдулкуддус перомуни илм фармуда: Ал-илму зайнун ва ташрифун ли сщибщи Фа-тлуб;адият фунуну-л-илмива-л-удабо (S, 13S).
Тарчума: илм зинат аст ва шарафу обруст барои сохибаш. Пас талаб намо, то расй бар фунуни илму адаб.
"Ба фарханг хостан бикушед, чи фарханг тухми дониш, бори вай хирад ва хирад ороиши хар ду цахон (аст)" (7, с. 134). Андарзи мазкур аз "Барчидаи андарзи пурйуткешон" хамктес мебошад.
Шоири ахди Сомондан Абулмуайяди Балхй оид ба илму адаб нигошта: Дар пажухидани асрори улум, Шавй аз ко;илй охир ма;рум (2, 9S).
Хдмчунин бо зарбулмасали тоцикй мукоиса шавад: "Илмат ба амал чу ëр гардад, кадри ту яке хазор гардад" (10, ц. II, 146), "Илму амал" (9, ц. II, 14S), яъне, илм бе амал хеч кимате
надорад, бадтарин чахл ин илм доштану ба амал татбик накардан аст, илми беамал чахл аст. "Илм бисëp аст, шараф бисëp аст" (4, 457), "Кохилй шогирди бадбахтист" (10, ч. II, 211).
Солех ибни Абдулкуддус дар омухтани адаб гуфтааст:
К,ад янфау-л-адабу-л-атфолу фй сугрин Ва лайса янфау баъда-л-кабрати-л-адаби Инна-л-гусуна изо цавваматуо эътадалат Ва ло ялийну изо цавваматуу-л-хашаби (S, 133).
Тарчума: дар хакикат адаб омузонидани атфол дар хурдй манфиатбахш аст. Баъд аз ба воя расидан адаб додан фоида набахшад.
Хдмчунон нихолро гар рост кунй, рост шавад, вале чуби хушкро рост кардан натвонй.
Далели суханони шоир дар андарзи Озарбоди Махраспандон ба чашм мерасад: "Агар туро писаре бувад, уро дар кудакй ба дабиристон бидех, чун ки омузиш рушании чашм аст" (7, 153).
Шоири маъруфи мтенахои асри Х Абушакури Балхй, гуфтаи Солехро дар шеъри форсй-точикй такрор намудааст:
Ба уангоми барноию кудакй, Ба дониш тавон ëфтан зиракй. Дарахте, кикучак бувад, богбон Бигардонад уро, чу хоуад чунон Чугардад калон, боз натвонадаш, Ки аз кажживу хам бигардонадаш (2, 156).
Мукоиса шавад: "То нихол тар аст, бояд рост кард" (5, ч. I, 540), "Чуби тарро чунон ки хохй печ, нашавад хушк чуз ба оташ рост" (5, ч. II, 632), "Адаб ба вакташ судманд бошад" (11, 23).
Дар мавриди суханронй:
Солех ибни Абдулкуддус:
Вазну-л-каломиизо натацатва ло такун Сарсоратун фй кулли нодин яхтабу (S, 126).
Тарчума: сухан санчида гуй, ки хиради окил дар суханаш пайдост, харза магуй хини суханронй.
Асоси сухани зикргардидаи Солех ибни Абдулкуддус "Андарзи Озарбади Махраспандон" исбот дорад: "Хдр чи бишнавй, бишнав, лек харза магуй!" (7, 152), "Бо марди харзагуй хамрох мабош!" (хамон чо), "Тунду харзагуй мабош, чи мардуми тунду харзагуй оташеро монанд, ки дар бешазор афтод хам мургу хам мохй сузад ва хам офариниши здановар сузад" (7, 155).
Рудакй аз панду андарз ба сифати василаи тарбияи шахс мисли Солех хеле устодона истифода кардааст. Аз чумла бехтар будани хомуширо нисбат ба пургуии бечо бад-ин тарик таъкид кардааст:
Баски дар гуфта пушаймон будаам, Баски бар ногуфта шодон будаам (1, 9).
Низ дар дигар чой Солех фармудааст, ки шабехи байти мазкур аст: Ва-уфазлисонака ва-утаризминлафзщи Фа-л-маръу юслиму би-л-лисони ва яътабу (S, 126).
Тарчумазабонатро нигах дор ва аз сухани бехуда бипархез, ки саломати мард аз забон асту гирифторияш низ.
Яъне пеш аз он ки чизе гуфт ва ë майли ичрои коре кард, бояд мулохизаву андеша намуд, то ки аз гуфтаи худ дар надомат намонд, ки Рудакй чунин таъкид дорад:
Забон чи моя тавон доштан чунин ба н^м, Сухан бибояд гуфтан ба чойгоу тамом. Газанди хомуш будан ба чойгоуи сухан, Баробар ояд бо гуфтани соком (6, 364).
Низ фармудааст:
Дами саломатгирифта хомуш, Печида бар офият чу фарганд (6, 375).
Дар фарханги зарбулмасалхои точикй ба ин монанд маколоти фаровоне чой дорад, ки метавон чанде аз ононро ин чо тазаккур дод: "Гавхари зоти хар кас зи каломаш пайдост" (5, ч. III, 1334), "Ду бишнаву яке беш магу" (10, ч. II, 32), "Як забон дорй, ду гуш, яке бигу, дуто биниюш" (5, ч. IV, 2045), "Тутй зи забони хеш дар банд афтод" (5, ч. II, 1077), "Наояд зи
гуфтори бисëр, суд" (5, ц. IV, 1867), "Хомушй аз каломи бехуда бех" (S, ц. II, 712), яъне агар сухан дар вакташу цои муносибаш гуфта шавад, кадру кимат ва таъсираш бештар мегардад.
Зимнан бояд гуфт, ки анъанаи панду андарзгуй дар адабдати тоцику форс таърихи кадимй дошта, хануз ба забонхои форсии кадим ва пахлавй суруда шудани як теъдод андарзномахо аз кабили "Пандномаи Бузургмехр", "Пандномаи Анушервон", "Хирадномахо" маълум аст. Ба эхтимоли кавй Pyдакй низ монанди "Офариннома" - и хамзамони худ Абушакури Балхй пандномахо навиштааст, ки мутаассифона то замони мо нарасидаанд, вале абëти здади хикматомези бокимонда аз хамин кабил асархои шоир шаходат медиханд. Дар он байтхои парешон андешахои цудогонаи ахлокии шоир ифода ëфтаанд, ки матлаби асосии онхо ба корхои неку ва хамида рахнамун сохтани цамъият мебошад.
Абушакури Балхй менигорад:
Hаëяддигарбора зй мард он Сухан, к-аз дахон цасту тир аз камон. Чу алмос, к-охан бибуррадхаме, Сухан низ дилро бидаррадхаме (2, 1б0).
Абулаббос Фазл ибни Аббоси Pабанцанй дар марсияи Наср ибни Ахмади Сомонй ва тахнияти Нух китъае дорад, ки корбурди зарбулмасал дар он назаррас аст, ба байти мазкури Солех монандй дорад:
Дами саломат гирифта хамуш, Печида бар офият чу фарганд (2, 199).
Дар мавриди дустй:
Зиндагии инсон бидуни дустиву рафокат маъниву сафое надорад. Аз ин цост, ки суханварони маъруфи хар давру замон дустиро васф намуда, душманиро махкум кардаанд. Солех ибни Абдулкуддус дар шеъри худ чи гуна дуст дар гайб мухофизатгар асту дар вакти дидор шодиву некафзост нигоштааст:
Х,абибан вафиян зо хифози бжайбатин Ва би-л-бушрива-л-хусно якунулицоуху (S, 11S)
Тарчума: дустеро, ки бовафо асту дар гайби дуст мухофизи уст, диданаш шодй физояду некй.
Pyдакй низ фараху шодмонии хангоми боздиди дустонро хуштарин лахзаи умри инсон шуморидааст:
Х,еч шодй нест андар ин цахон, Бартар аз дидори руи дустон (1, 10).
Низ фармудааст:
Назар чй гуна бидузам, ки бахри дидани дуст, Зи хоки ман хама наргис дамад ба цои гиех (б, 244).
Ин шеър сарчашма дар зарбулмасали зерини форсй дорад: "Дустии дустон дар гайбат тавон шинохт" (4, 327), "Дуст он аст дар сулуки вафо, накди цон оварад ба мехр фидо" (9, ц. II, 70), "Дустони вафодор бехтар аз хешанд" (S, ц. II, 836), "Дустй мтени ду тан ба силох бошад, чанд бадгуй дар мтена нашавад" (S, ц. II, S3S).
Солех ибни Абдулкуддус перомуни дустоне, ки бо хисоли хеш бар мухиту хаммаслакон чи неку чи бад таъсир мерасонанд, баëн доштааст:
Ва-хзар мусохибати-л-лаими фаиннаху Яъдй камо яъди-с-сахдх,у-л-а чрабу (S, 127).
Тарчума: аз дусти фурумоя бипархез, зеро у таъсир кунад, он чунон, ки бемор ба инсони сихат асар гузорад.
Дар "Андарзи Озарбади Махраспандон" омадааст: "Ба анцуман цое, ки нишинй, наздики дуруггуй манишин, то ту низ бас дардманд набошй" (7, 155).
Шоир чи гуна шахсе бо дусте дустй намояд, бо мурури айëм хамгуна хулку рафтори хамнишинашро мегирад, нишон додааст. Аммо дар "Андарзи Озарбади Махраспандони" хамнишинй бо дуруггуйро манъ шудааст, ки бар мухит таъсир намояд. Хддафи Солех ба андарзи пахлавии Озарбади Махраспандон хамкдас аст. Яъне аз некон некй сироят кунад ва аз бадон бадй бигзарад. Зеро феълу хуи хамнишин бетаъсир намемонад.
Аммо Pyдакй дар ашъораш оид ба чунин масоил фармудааст: Бо ошицоннишинухама ошицй гузин, Бо хар ки нест ошиц кам гую кам нишин.
Бошад, ки дар висоли ту бинанд руи дуст, Ту низ дар мини ишон най, бубин (6, 239).
Мазмуни ин байт дар забони точикй бо чунин зарбулмасал ва макол ифода мешавад: "Бо мох шинй, мох шавй, бо дег шинй, сдах шавй" (5, ч. I, 231), "Бад гаштй аз он, ки бо бадон омезй, бо дег биманшин, ки сиях бархезй" (5, ч. I, 144), "Ба каримон овез, аз лаимон гурез" (4, 410).
Солех перомуни шахсе, ки худро аз дигарон баланд медонад, дар хакикат у аз руи хештаншиносиву худогохй даргузашта, аз руи нодониву ахмакй дар табохй карор дорад, фармудааст:
Куллу-мриин фй нафсиуи Аъло ва ашрафуминхадиниуи(S, 144). Тарчума: х,амаи инсон худро аъло мешуморанд ва аз дусташон худро шарифтар медонанд. Боз афзудааст:
Тоуун ало ихвонщи куллууум
Фасора ло яътарифу мин кибрщи (S, 149).
Бар хамаи бародаронаш худситой кард ва аз хавобаландиаш як су гашт. Яъне, шахсе худро аз дигарон баланд медонад, дар хакикат у аз руи хештаншиносиву худогохй даргузашта, аз руи нодониву ахмакй дар табохй карор дорад.
Асоси ин байт дар андарзномаи "Ёдгори Бузургмехр" аëнy баëн аст: "Вазифаи муошират бо дoнoëн худро аз худхохй нигох доштан ва чунин намудан, ки хар ноогохй, ки аз кирдори хеш ояд, табохкунанда набошад" (7, 142), "Кй пушаймонтар? Худхохе, ки фарчоми кори у расида бошад" (7, 145), "Киро душман бештар? Абарманишину худхохон ва хурдагирону дуруштзабонон(ро)" (7,146).
Шоири маъруфи ахди Coмoниëн Шокири Бухорой дар асоси абëти мазкур фармудааст: Хар ки удар рау равад сармасту шух,
Афтадандархокихорйазшукух (2, 7S). ***
Бар дил макун мусаллат гуфтори у ар латанбар, Харгиз кучо писандад афлок чуз туро сар (2, 79).
Бо зарбулмасал ва маколи точикй мукоиса шавад: "Худписандй далели нодонист, охири вай факат пушаймонист" (11, 187), "Худписанд писанди халк нест" (5, ч. II, 754), "Аз худ марав, ки ëpoнат аз ту раванд" (8, ч. I, 53), "Худписандй инсонро факат бод мекунад, аммо вокеан бузург намекунад" (4, 246), "Хеч кас бехтар аз худашро наметавонад бубинад" (4, 24S).
Солех бахри он дустоне, ки дар асл душман хастанд, чунин гумон дорад: Ва иза-с-садицу лацийятиуи мутамаллицан Фауува-л-ъадувву ва уацциуи ятачаннаб (S, 125).
ТарчумаГар дустат бо ту тамаллук кунад, пас душман аст у ва хаккаш канорачуй аст.
Абушакури Балхй мегуяд:
Хар он дуст, к-аз баури суду зжн,
Бувад дуст, душман шавад бегумон (2, 154).
***
Бародар бародар бувад, дуст беу, Чу душман бувад, берагу пуст беу. Касе, к-аз рауидустру тофта, Зи пайкори душман дилаш тофта (2, 170).
Мукоисаи зарбулмасали точикй: "Душмани дустнамо хар чи кунад тазвир аст" (4, 320), "Аксари дустихо сохтагй аст" (4, 327), "Дустон чун чафо кунанд хаме, ман чй умед дорам аз душман" (5, ч. II, S36).
Шоири мумтоз Солех ибни Абдулкуддус калимаи "насихат" - ро бехтарин аслиха барои дуст бар дуст дониста, ин мазмунро дар шеъри худ корбаст намудааст:
Фалацаднасаутука инкабилта насиуатй Фа-н-нусуу агло мо юбоу ва юуибу (S, 12S).
Тарчума:агар насихатамро бипазирй, ба ту насихат кардам. Зеро насихат киматтарин чиз аст, ки фурухта ва бахшида намешавад.
Ин гуна мавзуъ дар "Андарзи Хусрави Каводон" назаррас аст:
"Андарзгуёни (барои) равонро андарзшунав (бошед). Ба андоза кору паймон кунед" (7, 125). Абушакури Балхй ба фикри Солех розист ва дар ин мазмун овардааст:
Ки мар дустро цовидон панди дуст, Вех аз гащар, арчанд гащар накуст (2,154). Мукоиса шавад: "Панд агар таъсир дошт киматаш муфт набуд" (4, 106), "Дусти нек ганчи бузург аст" (5, ч. II, 68).
Зарбулмасалу маколхои тоисломй, ки баъзе намунахои он дар ин макола ёд шуд, дар шаклхои тоза ва такмилёфта, ба адабиёти баъдиисломй рох ёфта, дар шеъри классикии форсу точик, минчумла дар шеъри шоирони ахди Сомониён ба хадди камол расидаанд. Аз баррасиву мушохидахои болой бармеояд, ки он зарбулмасал ва маколхое, ки дар ашъори Солех ибни Абдулкуддус мавриди истифода буданд, дар ахди Сомониён низ дар ашъори устод Рудакй ва хамасронаш ба мисли Абушакури Балхй, Дакикй, Майсарй, Робиа бинти Каъб, Абулмуайяди Балхй, Шокири Бухорой ва дигар шоирони маъруфи асри Х мушохида намудан мумкин аст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Андарзномаи Рудакй. Мураттиб М. Муллоахмадов. - Душанбе, Ирфон, 1991. - 208 с.
2. Ахтарони адаб. Ашъори хамасрони Рудакй. - Душанбе, Адиб, 2007. - 475 с.
3. Ашъори хамасрони Рудакй. Тахти тахрири А. Мирзоев. - Сталинобод, 1957. - 407 с.
4. Давидов, Хенри. Фарханги зарбулмасалхо. Тарчумаи Фарид Чдвохир Калом. / X,. Давидов// -Техрон, 1387. - 871с.
5. Деххудо, Алиакбар. Амсолу-л-хикам, чилди I, II, III, IV/ А. Деххудо. - Эрон, 1363; 1370. -2064с.
6. Насруддин, Абдулманнон. Рудакй (нусхашиносй ва накду баррасии ашъори бозмонда) / А. Насруддин. - Хучанд, 1999. - 380 с.
7. Саймиддинов, Додихудо. Адабиёти пахлавй (Пажухиш, тарчума ва ташрех) / Д. Саймиддинов. - Душанбе, 2003. - 232с.
8. ал-Басрй, Солех ибн Абдулкуддус. Девон; мураттиб Абдуллох ал-Хатиб / Солех ибн Абдулкуддус ал-Басрй. - Басра: Дор маншуроти -л-басрй, 1967. - 72с.
9. Фозилов, Муллочон. Фарханги зарбулмасал, макол ва афоризмхои точикию форсй, ч. I. / М. Фозилов// Душанбе: Ирфон, 1975. - 367с.
10. Фозилов, Муллочон. Фарханги зарбулмасал, макол ва афоризмхои точикию форсй, ч. II. / М. Фозилов// Душанбе: Ирфон, 1975. - 583с.
11.Хамидчонов, М. Зарбулмасал ва маколхои точикй / А. Писарчик, М. Хамидчонов.- Душанбе: Нашриёти давлатии Точикистон, 1960. - 108с.
REFERENCES:
1. Didactics of the poetry of Rudaki. Compilered M. Mulloahmadov.- Dushanbe: Education publisher, 1991. - 208p.
2. The poetical creation of Rudaki and his contemporaries. Dushanbe, 2007. - 475p.
3. The poetical creation of Rudaki and his contemporaries. Under Editor A. Mirzoev. - Stalinobod, 1957. - 407p.
4. Davidov, H. Interpretation Dictionary of Proverbs and Sayings; translated into Persian by Farid Javohirkalom / H. Davidov. - Tehran, 1387. - 871p.
5. Dehhudo, A. Proverbs, Sayings and aphorisms, in 4 v./ A. Dehhudo. - Tehran, 1363; 1370. - 4 v. -2064p.
6. Nasruddin, Abdulmannon. Rudaki / A. Nasruddin. - Khujand, 1999. - 380p.
7. Saymiddinov, Dodikhudo. The Persian Literature (studing, translatin and interpretation) / D. Saymiddinov. - Dushanbe, 2003. - 232p.
8. al-Basri, Salih ibn Abdulkuddus. Divan; compilered Abdullah al-Khatib. - Basra: Publication, 1967. - 72p.
9. Fozilov, M. Explanatory Dictionary of Tajik-Persian proverbs and Sayings aphorisms: in 1 v. / M. Fozilov.-Dushanbe: Education publisher, 1977.- 367p.
10.Fozilov, M. Explanatory Dictionary of Tajik-Persian proverbs and Sayings aphorisms: in 2 v. / M. Fozilov. - Dushanbe: Education publisher, 1977. -583p.
11.Hamidjonov, M., Pisarchik, A. Tajik proverbs and Sayings / M. Homidjonov. - Dushanbe: State publishing house of Tajikistan, 1960. - 108p.
Особенности поэзии Салиха ибн Абдулкуддуса и их продолжение в творчестве эпохи Саманидов
Ключевые слова: поэзия Салиха ибн Абдулкуддуса, проповедник Басры, доисламское пехлевийское наследие, перевод пословиц, арабоязычный персидско-таджикский поэт.
В статье рассматриваются особенности использования пословиц и поговорок в поэзии арабоязычного персидско-таджикского поэта Салиха ибн Абдулкуддуса (год смерти 783) и продолжение даной традиции в поэзии Абуабдуллаха Рудаки и его современников, таких как Абушакур Балхи, Дакики, Майсари, Робиа бинт Каъба, Абулмуайяд Балхи, Шокир Бухорои и другие известные поэты Х-го века. Определены особенности использования многочисленных пословиц и поговорок в творчестве Салиха и указаны их персидские истоки. Выявлено достойное место и статус Салиха ибн Абдулкуддуса в истории арабоязычной литературы, одновременно рассмотрены цель и методы использования пословиц и поговорок в поэзии поэта, что является художественной особенностью этого мастера слова. Показана роль творчество Салиха ибн Абдулкуддуса в продолжение традиций доисламской иранской культуры и литературы в арабоязычной литературе первых веков ислама. В статье говорится также об использовании пословиц и поговорок и в таджикско - персидской литературе, что, несомненно указывает на её научную ценность.
Peculiarities of Solekh ibn Abdulkudduspoetry and their further use in the creation of the Samanid's epoch
Keywords: Solekh ibn Abdulkuddus poetry, the preacher of Basra, pre-Islamic Persian heritage, the translation of the proverbs, Arabic speaking Persian-Tajik poet.
The article discusses the specifics of the use of proverbs and sayings in the poetry of Solekh ibn Abdulkuddus, Arabic speaking Persian-Tajik poet(died in 783)and their further use in Abuabdullah Rudaki poetry and his contemporaries as Abushukur Balkhi, Dakiki, Maysari, Robia bint Kaab, Abulmuayad Balkhi, Shokir Bukhoroi and other famous poets of the X- century. The author determines the specifics of the use of many proverbs and sayings in the poetical creation of Solekh and points out their Persian origin. It aims to highlight a worthy place and status of Solekh ibn Abdulkuddus in the history of the Arabic literature; concurrently it reviews the aim and methods of the usage of proverbs and sayings in Solekh poetical creation; that is considered the artistic feature of Solekh ibn Abdulkuddus, a master of word. The paper speaks about the role of Solekh ibn Abdulkuddus poetical creation in continuation of pre-Islamic Persian culture and literature traditions in Arabic literature during the first centuries of Islam. It discusses the use of proverbs and sayings in the Persian- Tajik literature and as a result points out the scientific value of the given article.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Хрцибоева Муътабар Сайдуллоевна, аспиранти кафедраи филологияи араб, факултаи забощои шарци Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. F. Тафуров (Цущурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail:hms_83@mail.ru
Сведения об авторе:
Хаджибаева Муътабар Сайдуллоевна, аспирантка кафедры арабской филологии факультета восточных языков Худжандского государственного университета имени академика Б.Г. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: hms_83@ mail.ru
Information about the author:
Khodjibayeva Mutabar Saydulloyevna, а Post - graduate student of the Department of Arabic Philology of Khujand State University named after academician B. G. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: hms_83@ mail.ru