Х-Хомидиён ХДЧ.В ДАР АШЪОРИ СОХ.ИБ ИБНИ АББОД
Вожатой калидй: адабиёти арабизабони форсу тоцик, ашъори Соу;иб ибни Аббод, ,\ацв, мазаммат
Бояд зикр кард, ки хачв таърихан аз чумлаи мавзуоте аст, ки дар адабиёти тоисломй ривоч дошт ва шоири чохилй тавассути он ба ракдбони худ ва душманони кабила мубориза бурда, сарварону бузургони онхоро мавриди тахкир карор медод ва кушиш менамуд, ки манофеи кабилаашро ба ин васила нигах дорад. Аз хамин лихоз хачв яке аз мавзуоти асосии шеъри чохилия махсуб мешуд. Яке аз шуарои хачвсарои машхури ахди чохилй Ч,ур; i ибни Авс маъруф ба Хутаййиа (ваф.676х) аст, ки хатто ба сабаби хачвсароияш борхо вориди махбас гардида, вале аз хачв даст набардошт, ва бо ин истеъдоди адабии у кабилааш бисёр меболид (1,126-128). Аз хамин лихоз, аъроби чохилй ба шоир баландтарин унвонро дода, уро паёмбари кабила меномиданд, чуноне ки Т. Нёлдеке мегуяд: «Шоир паёмбари кабила ва пешвои он дар замони чанг буд» (8,40). Аммо, баъди нашри ислом ва омезиши фархангу кавмиятхои гуногун, мазмун ва мухтавои хачв доман пахн карда, эчодиёти шоирони Араб ва Ачамро фаро гирифт. Аз чумла, адибони форсизабони эронинажод, ки дар рушди илму адабй давраи исломй нисбат ба дигар аквоми мусалмоншуда сахим буданд, тавонистаанд, ки дар густариши ин навъи касида хиссагузор бошанд. Аз чумлаи шоирони арабизабони эрониасле, ки дар ин мавзуъ, касоид эчод намудаанд, метавон Башшор ибни Бурд (92/714-147/784), Абунувос (145/762-198/ 813) ва дигаронро ном бурд. Дар пайрави ба гузаштагони худ, шоир, нависанда ва вазири машхури давлати Бувайхиён (322/935 -448/1060) Сохиб ибни Аббод (326/936-385/995) низ бо вучуди шахси боломаком ва сохиби мансабу чох будан, ба хачви дигарон дахон кушодааст.
С УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ J~ 93 ~
Аммо инро кдйд кардан ба маврид аст, ки Сохиб дар ашъори хачвии худ, мисли дигар шоирон алфози кабех ва ташбехоти саййиаро истифода набурда, балки суханони мулоим ва ачибро корбаст кардааст, ки дар вакти тахлили абёти у мушохида хохад шуд. Бояд гуфт, ки номи нафароне, ки мавриди хачви Сохиб карор гирифтаанд, сарохатан дар хачвия зикр шудааст. Аз чумла, Сохиб, Кобус ибии Вушмгир (976-403/1012)-фармонравои Хуросонро баъди пирузй дар мухорибае, ки миёни онхо сурат гирифта буд, чунин хачв кардааст: К,ад цабаса-л-цобисоти К,обус, Ва нацмух,у фи-с-ссшои ман^ус. Ва кайфа йурца-л-фалох,у мин рацулин. Йакуну фй охири-слпщи бус (4, 239; 9, IV, 577).
(Яъне: Дар вокеъ Кобус шуълахои оташинро ба худ гирифт, пас ситораи у дар осмон бадтолеъ аст.
Чй гуна умед карда шавад аз марде, ки дар охири номаш шумй аст).
Бояд зикр намуд, ки дар ин порчаи шеърй оид ба мазмун ва мухтавои калимаи «кобус» (бадтолеъ), ки асли он аз вожаи «кубе» (оташгирифтан) аст, калимабозй шудааст. Чунки Сохиб байти аввалро мутобики мазмуни калимаи «кобус» (бадтолеъ) гирифта, дар байти сонй бо истифода аз харфхои охири калимаи номаш «бус» (шумй) иброз доштааст, ки чи хел аз вай умеди хайр карда мешавад. Яъне Сохиб тавонистааст, ки аз як вожаи Кобус абётеро офаридааст, ки хам аз лихози сохт ва хам аз чихати маъно бо хунари баланди шоирона суруда шудааст.
Хдмзамон бояд изофа намуд, ки баъди ба кудрат расидани Фахруддавлаи Бувайхй (тав. ва ваф. номаълум) миёни Сохиб ва Кобус дустй баркарор шуд ва харгохе ки номаи Кобус ба Сохиб мерасид, хати уро чунин васф мекард: «А хозо хату Кобус ам чаноху товус» (10,248). «Яъне: Ин хатиКобус аст ё паритовус». Ин чумла, ки дар колаби масал гуфта шудааст, бо истифода аз сачъи мутавозин дар миёни калимоти «кобус» ва «товус» сохта шудааст.
Дар пайвастагй ба ашъори хачвии Сохиб хамин нуктаро бояд таъкид дошт, ки он бо сабку услуби хоса навишта шудааст. Сохиб ашхоси зишту бадрафторро, ки дар пайи ислохи хеш нестанд, бо часорат мавриди мазаммат карор дода, чунин сурудааст:. Нуббиъту аннака муншидун мо цулту^у, Фй сабби ирзика ло тахофу ваъидй.
Ва-л-калбу ло йухзи изо ахсаъта^у, Ва-л-цору ло йахшо мина-т-тасвиди (11, 142).
(Яъне: Ман шунидам, ки ту аз пайи он чи ман дар тахкири ту гуфтам, нестй ва аз хачви ман наметарсй.
Carpo агар ронй, шарм намедорад ва ангишт аз сиёх кардан наметарсад).
Сохиб дар байти аввал, танбалй, худписандй ва чахолати шахси бадсириштро, ки аз хачву масхара наметарсад ва пайи ислохи худ намешавад, мазаммат намуда, дар мисраъхои баъдйуро бо истифода аз санъати ташбехи измор, ба саг ва ангишт монанд кардааст.
Хдмзамон Сохиб бо вучуди аз табакаи болоии чамъият будани худ, дар хачви ашхоси баландрутба, аз кабили козиёну хокимон, ки адолату баробариро дар хукм ба эътибор нагирифта, зулму ситам намуда, ба моли ятимону бечорагон даст дароз мекунанд, чунин сурудаст:
Инна цозино ла аъмо, Ам ало амдин таъомо,
Сарица-л-абда каанна-л. Абда мин моли-л-йатомо (4, 286).
(Яъне: Дар хакикат козии мо кур буд, ё худро касдан кур гирифт.
Руломро дуздид, мисле ки он гулом аз моли ятимон бошад).
Дар ду мисраи аввал санъати истиораро ба кор бурда, козиро, ки бино буд, вале чашми хакбин надошт ба шахси кур монанд карда, дар байти дуюм, бо корбасти санъати ташбехи мутлак, гуломро ба моли ятим монанд кардааст, ки уро козй ба ягмо бурдааст.
Муаллифи «ал-Ансоб» менависад, ки замоне шоир Абубакри Хоразмй (323/933. ваф. 383/993 ё 393/1003) ба хачви Сохиб забон кушод, миёни онхо душманй ба вучуд омад. Аз ин лихоз, чун хабари марги Хоразмй ба Сохиб расид, уро чунин хачв кард: Саалту баридан мин Хуросон цоиёо, А мота Хаворазмиййукум? К,ола ли: Наъам. Фацулту: Уктубу би-л-цисси мин фавци цабриуи, Ало лаъана-р-Раумону ман кафара-н-ниъам (6,IX,38; 11,194).
(Яъне: Марде аз Хуросон омад, пурсидам, ки оё хоразмиятон мурд, дар чавоб гуфт: Ope.
Гуфтам: Руйи санге болои кабраш бинависед, ки лаънати Худо ба шахсе, ки носипосй кардааст).
Хдминро бояд зикр намуд, ки ин хачвия тибки санъати суолу чавоб навишта шудааст, ки ин яке аз шаклхои шеърии хоси назми кадимаи форсу точик, хоссатан ашъоре мебошад, ки дар шакли мунозира
_УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ 95 ~
суруда шудаанд ва мисраъ ё байти аввал бо феъли «гуфтам» ва мисраъ ё байти сонй бо феъли «гуфто» ofo3 мешаванд. Ин шакли шеърй яке аз шаклхои маъмули су руд хо и халкии тоисломии мардуми эрони-табор буд, ки аз тарафи шоирони арабизабони эронй дар асрхои нахусти ислом вориди адабиёти араб гардидааст (2, 85-87).
Добили зикр аст, ки дар баробари хачв дар эчодиёти Сохиб. «мазаммат» низ чойгохи махсус касб намудаст. Вай дар ин гуна ашъор тавонистааст, ки мазаммати худро нисбати шахсе иброз намуда, баъзе аз хислатхои бади уро. ки боиси норозигии вай карор гирифтааст, махкум намояд. Масалан, дар мазаммати шахси туфайлй чунин сурудааст:
Мутаффилин атфалу мин ашъабин, Мозола ма.уруман ва мазмуман. Лав анна.уу цоа ил о Моликин, Лацола: Атъимнй защуман (4, 287).
(Яъне: Туфайлие аз Ашъаб хам туфайлитар аст, у хамеша махруму мазмум аст.
Агар уро ба дузах андозанд хам, аз Молик заккум металабад).
Дар ин мисра, бо корбасти ташбехи пушида шахси туфайлиро (шахсе, ки аз руи баднафсй ва муфтхурй мехмони нохонда мешавад) ба Ашъаб (кахрамони хамаи ролхои манфй дар адабиёти араб) шабохат дода, хат m уро ба он дарача пасту нодон ва бевичдон нишон додааст, ки рузи киёмат аз Молик (масъули дузах) хам оташ металабад.
Боз дар хамин мухтаво Сохиб аз дусташ-Козии Гургонй (106/ 724-142/759), ки ба аёдати у наомада буд, гиламанд шуда, чунин сурудааст:
Йасудду-л-фазлу анно ашш саддин, Ва цола: Тааххурй ан заъфи миъда%. Фацулту лауу: Цаъалту-л-айна воваи, Фаияяа-з-заъфа ацмаъу фи-л-маваддах, (11, 139).
(Яъне: Фазл ба зиёрати мо намеояд ва бахона мекунад, ки заъфи меъда дорам.
Бар-у гуфтам, ки ту бемор нестй, балки мухаббат миёни мо костааст).
Сохиб дар ин ду байт бо хунар ва истеъдоди баланди шоирияш ба восилаи калимабозй норозигии худро аз д^сташ, ки бо бахонаи беморй ба назди у намеомад иброз намудааст. Масалан ибораи
«заъфу миъдах» (заъфи меъда, яъне бемории меъда) дар мисраи аввал омадааст, ки он сабаби наомадани дусти Сохиб ба назди у буд, вале дар мисраи дуюм Сохиб ба дусташ хитоб мекунад, ки ба чои харфи «айн»-и вожаи «миъдах,» «вов»-ро гузорад, ки он дар якчояги «заъфу маваддах» (заъфи мехру мухаббат) мешавад ва он сабаби асосии наомаданаш мебошад.
Хдмин тавр, аз баррасии ин навъи шеъри Сох,иб ибни Аббод равшан мешавад, ки у шоире будааст, ки дар тамоми мавзуоти шеърй махорати худро нишон до да, бо ин рох дар ташаккули анвои касида дар адабиёти арабизабон сахми худро гузоштааст. Корбурди навъхои мухталифи осори манзум чехраи Сохиб ибни Аббодро ба унвони шоири пешгоми адабиёти арабизабон муаррифй менамояд. Аз суи дигар, ин навъи шеърй дар эчодиёти Сохиб дар зевари бадеияти шево ва бо истифодаи мухимтарин аркони зебоиофарини ва калимабозихо ба калам омадааст, ки он бори дигар устоди сухан будани уро исбот мекунад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абдушукури Абдусаттор, Таърихи адабиёти араб.-Душанбе: 2010
2. Зохидов, Низомиддин. Адабиёти арабизабони форсу точик аз истилои араб то ахди Сомониён.-Хучанд: Рахим Ч,алил, 1999
3. Мирзозода, Холик. Таърихи адабиёти точик асрхои 13-15. ч 2,-Душанбе: Маориф, 1977
4. Оли Ёсин, Шайх Мухаммад Х,асан. Девони Сохиб ибни Аббод.-Багдод, 1412
5. Саолибй, Абумансури Нишопурй. Ятимат -уд-дахр фй махосини ахл-ил-аср. ч З.-Байрут, 2000
6. Самъонй, Абусаъид Мухаммади Тамимй. ал-Ансоб. ч 9. -Х,айдаробод, 1382/1962
7. Таботабой, Саидмухаммад. Х,унари бадеъ. -Дор- ул-улум, 1386
8. Х,анно ал-Фохурй. Таърихи адабиёти забони арабй.-Техрон, 1361 9.Ч,авзй, Комил Сулаймон. Муъчам-ул-удабо мин-ал-аср-ил-чохилийи хатто сана 2002,-Байрут, 2003
10. Ч,урфодиконй, Абулшараф. Тарчумаи таърихи К,ум. -Техрон, 1373
11.Шамсуддин, Иброхим. Девони Сохиб ибни Аббод. -Байрут, 2001
С,_ УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ ~ - 97 -
Сатира в творчестве Сохиба ибн Аббода Х.Хомидиён
Ключевые слова: арабоязычная литература, персидско-таджикская литература, творчество Сохиба ибн Аббода, сатира, поношение
Статья посвящена литературному творчеству прославленного везиря династии Буидов ибн Аббода, более известного под именем Сохиба, сведущего, кроме литературы, в исламских преданиях, истории, грамматике, интересовавшегося математической астрономией и логикой. Автор анализирует особенности сатирических стихотворений Сохиба ибн Аббода. Утверждается, что знаменитый везирь в отличие от других поэтов в своих сатирах не использовал ненормативную лексику, больше полагаясь на своё виртуозное владение искусством слова. Особенностью поносительного жанра в творчестве Сохиба ибн Аббода автор считает упоминание имени объекта поношения. В статье также прослеживается влияние доисламских персидско-таджикских поэтических традиций в арабской поэзии, в частности, использование некоторых элементов жанра «мунозира» в сатирах Сохиба ибн Аббода.
Kh. Khomidiyon Satire in the Creation of Sokhib ibn Abbod
Key words: literature written in Arabic, Persian-Tajik literature Sokhib ibn Abbod's creation, satire, vilification
The article dwells on the literary creation of the glorified vezir from the dynasty of the Buids whose name was ibn Abbod being known more as Sokhib; except literature he was knowledgeable for Islamic tales, history, grammar, mathematical astronomy and logic. The author analyzes the peculiarities of Sokhib ibn Abbod's satirical poems. It is stated that in distinction to other poets the famous vezir dicln 't use non-normative vocabulary relying more on a virtuosity mastership of his own in reference to verbal art. The peculiarity of the vilifying genre is referred to the mentioning of the name born by the object of vilification. The author traces back the influence of pre-Islamic Persian-Tajik poetical traditions in Arabic poetry, in particular, the usage of some elements of mimozira genre in Sokhib ibn Abbod's satirical works.