Научная статья на тему 'Teaching drawing in the system of competent approach'

Teaching drawing in the system of competent approach Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
787
37
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МАОРИФ / САЛОҳИЯТ / МУНОСИБАТИ БОСАЛОҳИЯТ / ТАЪЛИМ / НИЗОМИ ТАЪЛИМ / НАқШАКАШӣ / АРЗЁБӣ / ОБРАЗОВАНИЕ / КОМПЕТЕНТНОСТЬ / КОМПЕТЕНТНЫЙ ПОДХОД / ПРЕПОДАВАНИЕ / СИСТЕМА ОБУЧЕНИЯ / ЧЕРЧЕНИЕ / ОЦЕНКА

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Бобоева Шоиста Ҳакимовна

Дар мақола таълими фанни нацшакашӣ дар низоми нави таълиммуносибати босалоҳият баррасӣ карда шудааст.Ба таври мушаххас оид ба гузариш ба низоми муносибати босалоҳият, зарурат, мафҳумҳои асосӣ, шаклҳо ва ҷадвали муцоисавии таълими анъанавӣ нисбат ба муносибати босалоҳият оварда шудаанд. Гуфта мешавад, ки муносибати босалоҳият дар таълим омӯзгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усулҳои замонавии таълиму тарбия хонандагонро ҳаматарфа ба зиндагӣ омода намоянд, зеро ҷомеаи имрӯза шогирдони ботаҷриба, дорои қобилияти ҳалли проблемаҳои мураккаби ҳаётӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро аз мактабу маориф интизор аст. Ҳамчунин намунаи нақшаи тавзеҳотии яксоата аз фанни нақшакашӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ коркард шуда, ақидаҳои олимон ва андешаҳои муаллиф натиҷагирӣ шудаанд.В статье рассматривается преподавание предмета черчение в новой системе обучения в системе компетентного подхода. Осуществляется конкретизация перехода на систему компетентного подхода, ее необходимости, основных принципов и форм, а также приводится сравнительная таблица традиционного обучения и компетентного подхода для выявления целесообразности рассматриваемой системы. Отмечается, что компетентный подход в обучении побуждает преподавателей к использованию современных методов и форм обучения и воспитания с целью всесторонней подготовки учащихся к жизнедеятельности, так как современное общество ожидает от школы и системы образования опытных воспитанников, способных к решению сложных жизненных проблем и отвечающих требованиям рынка труда. Автор статьи, подытоживая точку зрения исследователей, а также собственный взгляд на рассматриваемую проблему, вместе с тем, предлагает разработанный им одночасовой пояснительный план урока черчения для средних общеобразовательных школ.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «Teaching drawing in the system of competent approach»

УДК 371.01 ШД.БОБОЕВА

ББК 74.200

ТАЪЛИМИ ФАННИ НАЦШАКАШЙ ДАР НИЗОМИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОХИЯТ

Низоми маориф дар дахсолаи дуюми карни XXI ба мухимтарин захираи рушди иктисодию ичтимоии давлатхо, баланд бардоштани некуахволй ва рушду такомули инфиродии шахрвандон мубаддал гардидааст. Гузашта аз ин, асри XXI асри пешрафти босуръати илму техника ва технология, зухури самтхои нави илм ва тахаввулоти чиддии илмиву техникй буда, хадафи асосй гузариши илму маъориф, фарханг ва иктисодиёт ба рохи инноватсионии тараккиёт - технологияи нави таълим аст. Имруз инкишофи технологияи навин ва воридшавии инноватсияхо ба истехсолот ба раванди умумичахонй табдил ёфта, хар як бо рохи инноватсинй, ки хамчун омили мухимтарини рушди иктисодиёт пазируфта шудааст, пешрафти устувори худро таъмин менамояд.

Дар хама кишвархои олам пешрафти чомеа, дигаргунихои куллй, муайян сохтани самти ояндаи инкишоф ва таъмини кишвар ба души маориф гузошта шудааст. Аз ин чост, ки дар чахони муосир хеч як кишвар аз дарёфти рохдои халли мушкилоти сохаи маориф дар канор буда наметавонад. Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон низ рохи халли мушкилоти сохаи маорифро дар ислохоти он ва гузариш ба муносибати босалохият дар таълим мебинад.

Гузариш ба муносибати босалохият дар таълим, аслан, падидаи нав нест: он хануз дар огози рушди бонизоми назарияхои илмии педагогй ба вучуд омада, дар даврахои гуногуни инкишофи он дар бисёр кишвархои олам, аз чумла, собик Иттиходи Шуравй, аз чониби педагогон - олимон истифода бурда мешуд. Яке аз онро М.Е. Бершадский чунин кайд намудааст: "Мафхуми салохиятнокй фахмиши наверо, ки аз доираи мафхуми "малака" берун бошад, дар бар намегирад; хамаи он акидахо оид ба салохият ва босалохият сохта ба вучуд омадаанд, ки проблемахои кухнаро дар "либоси нав" ба бар гирифтаанд" (2, 13). Дар низоми таълими анъанавй асосан принсипи аз назария ба амалия гузаштан мушохида мешуд. Аммо дар таълими босалохият доираи фаъолияти ин принсип тагйир меёбад, ки онро Хуторской А.В. чунин дарч намудааст: "Муносибати таълим: аввал назария, сипас истифодаи он дар тачриба рохи ягонаи дуруст ба шумор намеравад. Принсипи алокамандии назария бо амалия рохи алтернативиро дорад, яъне назария бо амалия алокаманд намешавад, балки дар натичаи фаъолияти амалии хонандагон аз дарку татбики онхо бармеояд"(5, 78).

Чуноне Сарвари давлат дар баромади худ Рузи дониш баён намуданд: "Мушохидаву тахлилхо нишон медиханд, ки дар ин самт хануз камбудихо вучуд доранд ва ислохи саривактии онхо боиси тахаввулоти сифатй дар низоми тахсилоти миёнаи умумй мегардад. Дар баробари ин, самаранок ба рох мондани тахсилоти салохиятнок ва давра ба давра чорй намудани он дар хамаи зинахои таълим талаби замон мебошад"(8).

Имруз баъзехо дар чунин акидаанд, ки гуё Чумхурии Точикистон аз таълими анъанавй даст мекашида бошад. Ин акида, асосан, тавассути матбуот пахн мегардад ва он ба татбики муносибати босалохият дар раванди таълим хеч муносибате надорад. Баракс, маорифи кишвар мохияти инсонгароии худро дар доираи хама гунанизомхои таълим рушд дода, онро ба таълиму тарбияи босифати шахсияти комил равона месозад.

Яке аз сабабхои асосии тагйирот дар муносибати таълим (мундарича ва раванди таълим) талабот ва накшахои "Стратегияи миллии рушди маорифи Чумхурии Точикистон то соли 2020" мебошад. Тибки он "Низоми нави маориф, ки мутобики тамоюлоти чахони муосир на ба дониш, балки ба салохдятнокй асос ёфтааст, бояд ба хонандагон имконияти аз худ намудани салохдяту малакахои асосии ичтимоиро, ба монанди кабули масъулиятноки карорхо ва банакшагирии пешравй дар касб, илмомузй дар давоми тамоми хаёт, тайёрии касбии дар бозори мехрат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдихй зарур, малакаи тарзи хаёти солим, арзишхои чомеаи шахрвандй, таъмин намояд"(4, 16).

Максади асосии таълими босалохият (муносибати босалохият дар таълим) ташаккули механизми татбики дониши назариявй дар амал, таъмини раванди ташаккули шахсй, мутобик гардидан ба шароити нав, инкишофи худмухофизаткунй, худтарбиядихд, худтакмилдихй ва дигар хусусиятхое мебошад, ки ба рушди шахсияти комил дар самтхои зерин нигаронида шудаанд:

• чустучуйи дастчамъона ва фардии дарёфти роддои рушди салодиятдои далли проблемами фаъолияти таълимй;

• дарки сабабдои руйдоддои вокеии даётй, модияти додисадои табиат ва робитаи байнидамии ондо;

• омода намудани хонандагон ба дарёфти роддои далли проблемадои асосии даётй;

• омузиши рохдои равона намудани фаолияти хонандагон ба дунёи арзишдои маънавй;

• омузонидани дарёфти рохдои далли проблемадои интихоби касб ва гайра.

Дар дастури методии мураттибон Г.Бобизода, Ш.Исрофилниё, Д.Имомназаров, А.Байзоев "Муносибати босалодият ба таълим" чунин омадааст: "Муносибати босалодият дар таълим омузгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усулдои замонавии таълиму тарбия хонандагонро даматарфа ба зиндагй омода намоянд, зеро чомеаи имруза шогирдони ботачриба, дорои кобилияти далли проблемадои мураккаби даётй ва чавобгу ба талаботи бозори меднатро аз мактабу маориф интизор аст" (3, 5).

Фанни накшакаширо мувофики барномаи дурнамои вазорати маориф соли чорй дар муассисадои миёнаи умумии кишвар тарики низоми нав, муносибати босалодият таълим доданро огоз намудан. Раванди таълим дар асоси дониш, малака ва мадорати базавй (асосй)-и хонанда ба род монда шуда, бояд талаботи маърифатии уро конеъ намояд. Ба эътибор гирифтани кобилияти хонандагон дар ичрои фаъолиятдои таълимй ва дар заминаи он такмил додани малакаву мадорати тасвири накша аз чониби ондо. Х,ар як хонанда ба дарс бо дарачадои гуногуни салодият меояд. Аз ин лидоз, омузгор бояд ;обилияти муайян кардани сатди салодиятнокии хонандаро дошта бошад. Омузгор барои ташаккули натичадои таълими дар як хонанда аз лидози касбй ва ахлокй низ масъул аст.

Таълим дамеша самаранок мегардад, агар:

- хонандагон дар заминаи дониш ва малакаи базавиашон таълим гиранд;

- хонандагон максаду вазифадои таълимии гузошташударо дарк кунанд ва ондоро ичро карда тавонанд;

- раванди азхудкунии маводи таълим барои хонандагон шавковар ва чолиб бошад;

- барои азхудкунии маводи нави таълим ё малакаи нав ба хонандагон имконияти мувофики маш; кардан дода шавад;

- дам омузгор ва дам хонанда барои таълим масъуланд;

- омузгорон усулдои гуногуни таълимро ба максади тадким ва мустадкам гардонидани донишу малакаи нав истифода баранд;

- ба хонандагон дангоми далли масъаладои таълимй ва ташаккули малака имконияти дамкорй дода шавад;

Фанни "Накшакашй" барои синфдои 8-9 дар накшаи таълимй дамчун такягод, фанни датмии таълимй чойгир шуда, дачми сарбории хонандагон дар давоми ду соли тадсил 68 соатро ташкил медидад (Чддвали 1):

Чадвали 1. Хачми сарбории хонандагон аз фанни нщшакаши

Синф Микдори соатдои дафтаина Микдори дафтадо дар давоми соли тадсил Микдори соатдо дар давоми соли тадсил

8 1 34 34

9 1 34 34

Тараккиёти техника дар истедсолот ба донишдои чукури техникии мутахассисон вобаста аст, яке аз воситаи он тасвири тафаккур бо ёрии накша мебошад. Бинобарин накшакашй дар муасиссадои тадсилоти миёна дамчун фанни умумимаълумотй ба дисоб меравад, чунки накша -«забони техника» аст. Таълими фанни накшакашй дар муасиссадои тадсилоти миёна - ин алифбои «забони техника» аст.

Фанни накшакашй дар муасиссадои тадсилоти миёна воситаи мудими ташаккули тафаккур, тасаввуроти фазой ва саводи графикии хонандагон мебошад, хонандагонро доир ба салодиятдои чузъиёти мудандисй - техникй дар содаи техника ва технологияи истедсолот шинос менамояд. Накшакашй илмест, ки дониш ва тасаввуроти шахс бо ёрии он ба амал татбик мегардад ва ба ташаккули техникй мадад мерасонад.

К. Чураев дар китоби «Услуби таълими накшакашй» зикр менамояд, ки «фанни накшакашй ба тарбияи хонандагон ёрй мерасонад, монанди мустакилона кор карда тавонистан, назорат кардани тартиби кор, зебо ва дакик кор кардан, сарфакорй ва гайра, ки яке аз чузъиёти умумии маданияти меднатй мебошад» (6, 12).

Максади асосии муасиссадои тадсилоти миёна ин хонандагонро ба даёт ва меднат тайёр кардан

аст. Барои муайян намудани равияи дурусти ба мехнат тайёр кардани хонандагон, пеш аз хама мазмуни томи мехнатро донем. Мехнати бошуурона ин мехнатест, ки шахс дар охир ба натичае сохиб мешавад ва онро пешакй медонад. Пешакй муайян намудани натичаи мехнат факат дар тасаввурот, навиштан ва кашидани накшаи он дониста мешавад. Дар истехсолот бошад асоси ташаккули тасаввурот оид ба махсули мехнат ин накша аст.

Яъне фанни накшакашй барои тарбияи мехнатии хонандагон низ дар муасиссахои тахсилоти миёна вазифаи мухимро ичро мекунад. Чй кадаре, ки хонанда асосхои ин фанро донад, хамон кадар тезтар ва бе мушкилй асосхои техника ва истехсолотро омухта метавонад.

Дар асоси мазмун ва макоми фанни накшакашй вазифа ва максади он муайян мегардад. Яке аз вазифахои асосии омузиши накшакашй дар муасиссахои тахсилоти миёна дар хонандагон инкишоф додани тасаввуроти фазой, ки бе он озодона хондан, тартиб додани накшахои техникй ва халли масъалахои технологй душвор аст. Гайр аз ин ташаккул додани тафаккури техникии хонандагон бо рохи инкишофи кобилияти кашидани тасвирхои графикй яке аз вазифаи мухим ба хисоб меравад. Чунки тасвирхои графикй, хусусан накша воситаи асосии ифодаи шакли тасаввуршуда мебошад.

Дар "Рохнамои фанни накшакашй"(7, 29) салохиятхои фаннй мувофики самтхои таълим оварда шудаанд. Салохиятхои хамаи фанхо дорои хусусиятхои зеринанд:

- аз руйи принсипи аз сода ба мураккаб тартиб дода шудаанд. Омузгорон метавонанд салохиятхои синфи пешина ва баъдинаро мушохида карда, мутаносибан раванди таълимро аз огоз то анчом ба накша гиранд. Ин муносибати спиралии татбики барномаи таълим мебошад, яъне салохиятхое, ки дар як синф муаррифй шудаанд, дар синфхои минбаъда такмил дода мешаванд. Дар сатхи хар як синф талабот ба салохиятнокй мураккабтар мегардад.

- мувофики самтхои асосии таълимии фанхо гурухбандй шудаанд. Аз ин лихоз, тартиби пешниходи салохиятхо (малака ва махоратхо) ба тартиби маводи китобхои дарсй мувофикат мекунад.

- хусусияти арзёбй дошта, мушохида мешаванд ва азхудкунии салохиятхо тавассути нишондихандахо муайян мегарданд.

- дар тахияи салохиятхо усули спиралй истифода шудааст, яъне омузгор барои хонандагон имконияти салохиятнок шуданро фарохам оварда, дар сатхи синфхои минбаъда ба хонанда имкони ташаккули бештар дода мешавад. Х,амин тавр, хонанда дарачаи баландтари салохиянокиро аз худ карда, ташаккул медихад.

Барои дарки мохият ва таъмини татбики муносибати босалохият дар таълим хеле мухим аст, ки хусусиятхои таълими анъанавй ва босалохиятро тахлил намуда, тафовутхои асосии онхоро муайян кунем. Бо ин максад хусусиятхои хоси таълими анъанавй ва босалохиятро дар фанни накшакашй чунин мукоиса кардан мункин аст (Ч,адвали 2):

Чадвали 2. Тафовути байни таълими анъанавй ва муносибати босалохият

Таълими анъанавй Таълими муносибати босалохият

* муаллиммехвар; * соати дарсии якранг; * ба назар нагирифтани фикри хонанда; * махдудияти ахбор. такя танхо ба китоби дарсй;; * фикрронии якхела; * ба пурагй ба максад нарасидани хам омузгор ва хонанда; * дар амал татбик нашудани маълумоти назариявии гирифта; • хонандамехвар; • хавасмандй; • сахми хар як аъзои гурух дар ичрои кори амалй; • истифодаи усулхои фаъоли таълим; • арзёбй аз чониби хонандагон; • истифодаи усулхои интерактивй; • дастгирии хонанда; • шунидани фикри хамаи хонандагон; • боварй доштан; • мустакилона ичрои кори амалй аз тарафи хонанда; • масъулиятнокии хар як аъзои гурух дар ичрои кори амалй • идоракунии хонандагон. • озодфикрй;

Бояд кайд кард, ки "салохият"-ро таълим намедиханд, салохият дар натичаи азхуд кардани дониш, малака ва махоратхо ташаккул меёбад. Босалохиятй (салохиятнокй) натичаи амалии

дониш, малака ва мадорат аст. Барои мисол, чадвали мукоисавии натичадои таълим аз фанни накшакашй меорем (Чадвали 3):

Чадвали 3. Муцоисаи натица^ои таълим аз фанни нацшакашй

Дар таълими анъанави Дар таълими босалодият

Хонанда маълумотдоро оид ба таърихи пайдоиши накша медонад; Хонанда дар бораи намуддои намуддои тасвирдои графикй маълумот медидад; Хонанда намуддои хатдои накшакаширо шард медидад; Вазифадои асбобдои накшакаширо дар раванди сохтани чузъдои сода медонад; Тайиноти асбобдои накшакаширо фарк мекунад; Пайдардамии тасвири накшадоро шард дода метавонад; Х,ангоми ичрои кори графикй бо истифода аз донишдои назариявй, аз асбоб ва тачдизоти накшакашй дуруст истифода бурда, накшаи чузи тасвиршавандаро ичро карда метавонад.

Хонанда таърихи тасвирдои компютериро медонад; Хонанда маълумотро дар бораи воситадои техникии ичроиши накшадо медонад; Хонанда оид ба барномаи графикии AutoCAD маълумот медидад; Дар бораи компютер ва имкониятдои он дар самти графика маълумот медидад; Таъйиноти асбобдои накшакашии барномаи AutoCAD-ро фарк мекунад. Х,ангоми ичрои кори графикй бо истифода аз донишдои назариявй, тавассути барномаи компютерии AutoCAD ва сатри асбобдои онро дуруст истифода намуда, накшаи чузъи содаро сохта, онро чоп карда метавонад.

Чуноне ки аз чадвали 3 бармеояд, унсурдои таълими салодиятнокй, махсусан зинаи дониш (донистан) дар таълими кунунй (ба дониш асосёфта) вучуд доранд. Фарк дар он аст, ки дар таълими салодиятнокй дониш, малака ва мадорат тавъам нишон дода мешаванд. Яъне, дар шакли нидой ва амалии дониш, малака ва мадорат (салодиятдо) тачассум меёбанд. Х,арчанд дар таълими анъанавии ба дониш асосёфта, тартиби мантикй, пайдардамии мавзуъдо дуруст пешнидод шуда бошанд дам, раванд ва натичадои таълим ба кисмдои хурд ва дар доираи вакт маддуд инъикос меёбанд. Дар таълими салодиятнокй колаби нидой (натичаи нидой) дар шакли том нишон дода мешавад, ки он дам чидати амалии дониш, малака ва мадорат аст.

Вобаста ба тагйир ёфтани муносибат ба таълим тарзи тадияи накшадои тавзедотй низ дигаргун шуд. Накшаи тавзедотии дамаи мавзуъдоро аз фанни накшакашй барои муассисадои тадсилоти миёнаи умумй коркард намуда, дамчун "Роднамои омузгор аз накшакашй" (7, 70) ба нашр расонидем, ки намунае аз он ин чо оварда шудааст: Мавзуъ: Чрйгиршавии намуддо дар на^ша. Намуддои чузъй.

Барнома: Донистани таърифи намуди маснуот. Чойгиршавй ва номи намуддоро донистан.

Нишон дода тавонистани намуди асосй. Донистани намуди чузъй ва фоидаи он дар накша.

Салодиятдо:

8.1.1. Оид ба назарияи мафдумдои накшакашй маълумот дода метавонад.

8.2.1. Накшадо ва проексиядои онро тасвир ва андозагузорй намуда, арзёбй карда метавонад.

8.3.1. Донишдои графикии худро дар далли масъаладои геометрй ва эчодии сода истифода бурда метавонад.

Максаддои дарс:

- Дар бораи чойгиршавии намуддо дар накша ва намуддои чузъии он маълумоти мушаххас дода тавонад.

- Тасвири се намуди маснуотро ичро карда тавонад.

- Мувофики намуддо чузъ тасвири аёнии онро тасаввур карда тавонад.

Тачдизоти зарурй: калам, чадвал, хатпоккунак, дафтари накша, дафтари кайд, китоби дарсй,

чадвали таълимй ки дар он аппарати проексиякунанда (ранга) тасвир ёфтааст, бурдои ранга

(муаррифй).

Методикаи таълим: Х,ангоми банакшагирии дарс аз тавсияхои зерин истифода бурда метавонед.

1) Ташкили дарс: Дар ин мархила корхои зерин ба рох монда мешавад: Тайёр намудани маводи хониш; Х,озир-гоиб кардани хонандагон; Омода намудани ахли синф ба дарс.

2) Такрори дарси гузашта: Дарсро аз гузоштани масъала огоз кунед. Бо саволхои зерин ба хонандагон мурочиат кунед:

- Дар кадом маврид дар накша як проексияи чисм кофй аст?

- Х,амворихои проексияхо чй ном доранд? Ин хамворих,о нисбат ба якдигар чй тавр чойгиранд?

- Проексияхое, ки дар натичаи ба се хамворй тасвир кардани чисм пайдо мешаванд, чй ном доранд?

Оид ба саволхо каме мухокимаронй намуда, донишхои аз дарсхои гузашта гирифтаи онхоро ба хотирашон оваред.

3) Шиносой бо мазмуни мавзуъ: Масъалагузорй - ангезиши зехн. Дарсро аз мухокимаи масъалахои зерин огоз кунед:

Бачщо, уамаи шумоён цуттии гугирдро дидаед, ки шаш паулу дорад ва онро дар накшакашй намудуо меноманд. Оё шумоён медонед, ки намудуо дар накша ни тавр цойгиранд ва ни ном доранд? Оид ба чойгиршавии намудхо дар накша мисолхо оред.

Фикрхои хонандагонро шунавед ва ба онхо имкон дихед, то фикрхои худро пурра баён намоянд ва чавобхои хамдигарро пурра кунанд. Пас аз ин фаъолият диккати хонандагон ба дарс чалб карда шуда, онхо барои аз худ кардани мавзуи нав омода мешаванд.

Мазмуну муутавои мавзуъро аз китоби дарси ва сарнашмауои мухталиф ба хонандагон таълим диуед. Хангоми шиносои азрасму тасвируои дастрас, муаррифии мавзуи таълими истифода баред.

4) Бозии дидактикии «Гунчишк чиро мебинад?»

Ин бозии дидактикии хеле шавковар мебошад. Асосан бозии мазкурро дар раванди таълими накшакашй хангоми фахмонидани мавзуъхои проесиясозй гузаронидан мувофики максад мебошад.

Максадхои бозй:

- Инкишоф додани махорати мушохидакорй ва бодиккатй;

- Ташаккули хотира ва тафаккури фазогии хонандагон;

- Ба хотир гирифтани проексияхои чисмхои геометрй.

Кддамхои истифода бурдани бозй:

1. Гунчишк ба як чузъ аз пахлухои гуногун назар карда, онро бо тасвири хархела мебинад. Мисол:_

2. Ин чузъро гунчишк чи тавр мебинад?

3. Кадом чузъро ба ин намудхо гунчишк мебинад?

4. Фикр карда чузъе тасвир кунед ва нишон дидед, ки гунчишк чи тавр мебинад.

Дар натича хонандагон:

- мушодида карданро ёд мегиранд;

- тасаввуроти фазоии худро бой мегардонанд;

- проексиядои шаклдои геометриро муайян карда метавонанд.

Тавсия ба омузгор: Шумо метавонед бозии мазкурро дамчун озмуни байни гурудои хурд гузаронед. Ба дар як гуруд як ё ду шакли геометриро таксим намуда, проексияи онро муайян карданашонро талаб мекунед. Инчунин аз руи проексия метавонанд шакли геометриро низ муайян намоянд. Иштирокчиёни гуруддо чавоби онро меёбанд ва барои дар як чавоби дуруст хол мегиранд. Дар охир холдо чамъбаст намуда, гуруди голиб эълон карда мешавад.

5) Кори амалй: Муаллим ба хонандагон кори амалиро супориш медидад:

1. Дар расми 54 а тасвири аёнии маснуот оварда шудааст. Росткунчадо (расми 54 б) се намуди шакли умумии он мебошанд. Ин росткунчадоро ба дафтари худ бо микёси 2:1 кучонед. Ба ондо акси кисми буридашудаи маснуот ва сурохи онро илова кунед.

2. Дар расми 55 тасвири аёнии 5 кунчакдои гуногун оварда шудаанд (1, 2, 3, 4, 5). Ду намуди мувофики ин кунчакдо зери дарфдои А, Б, В, Г ва Д чойгиранд. Муайян кунед, дар кадом расм (1, 2, 3, 4, 5) тасвири аёнии дамон кунчак акс ёфтааст.

6) Мустадкамкунй.

❖ Таърифи намуди маснуотро дидед.

❖ Намуддо дар накша чй тавр чойгиранд ва чй ном доранд?

❖ Кадом намуд асосй ва чаро ин тавр номида мешавад?

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

❖ Кадом намудро чузъй меноманд ва он чй фоида дорад?

7) Дарсро чамъбаст намуда, задмати хонандагонро кадр кунед.

8) Арзёбй. Дар чараёни дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушодида намуда, дарачаи ба салодиятдо ноил гаштани ондоро муайян кунед. Натичадои фаъолияти таълимии хонандагонро аз руйи савол ва супоришдои зерин арзёбй карда метавонед (мувофщи натицаи арзёбии мазкур ба хонандагон бауои аъло, хуб, щноатбахш ва гайрицаноатбахш гузоштамешавад).

Чадвали 4. Арзёбии фаъолияти хонандагон дар раванди дарс

Фаъолият Метавонад ^исман метавонад Наметавонад

Дар бораи чойгиршавии намуддо дар накша ва намуддои чузъии он маълумоти мушаххас дода метавонад?

Тасвири се намуди маснуотро тасвир карда метавонад?

Мувофики намуддо чузъ тасвири аёнии онро тасаввур карда метавонад?

Модели мазкури тадияи наккшадои тавзедотй ба кулли фандои таълимии муассисадои тадсилоти миёнаи умумй тавсия дода мешавад.

Аз ин чост, ки дар шароити имрузаи талаботи бозори меднати рушдёбанда ва муносибатдои нави иктисодй, ичтимой, фардангй ва гайра, афзудани китобхонадои электронй, адабиёти тозанашр, шабакадои интернетй, радио, телевизион ва дигар расонадои иттилоотй, мусаллад будани хонанда тандо ба дониши ба истилод "академй" (назариявй) кифоя набуда, таваччуди

бештар ба татбик ва истифодаи он дар амал, дар зиндагии рузмарра яке аз мухимтарин роххои ичтимоишавии кудакон ва ноил гардидани онхо ба натичахои нихой арзёбй мегардад.

Х,амин тарик, гузариш ба таълими босалохият амри саривактй ва зарурй буда, татбики он аз хамаи ширкаткунандагони чараёни таълиму тарбия - сохторхои идораи сохаи маориф ва мутахассисони он, рохбарони муассисахои таълимй ва омузгорон, муаллифони китобхои дарсй ва маводи таълимиву методй, хонандагон ва падару модарон масъулияти баланди коршиносй ва шавку хаваси беандозаро дар рохи таълиму тарбияи кудакон такозо мекунад. Гузариш ба муносибати босалохият дар таълими накшакашй маънои тамоман аз байн бурдани таълими анъанавиро ифода намекунад, балки он тавъами мухимтарин чихатхои мусбати таълими анъанавиро бо роху усулхои муассири рушди салохиятнокии хонандагон дар назар дорад. Ба ибораи дигар, хадафи асосии муносибати босалохият дар таълими фанхои графикй ташаккул ва рушди малакаву махоратхои истифодаи донишхои азхудшуда дар амал, дар зиндагй аст. Он натанхо ба андухтани донишхои зарурй, балки ба ташаккули шахсияти мустакил, ки тавонад дар чомеа мавкеи шоистаи худро пайдо кунад, равона гардидааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Азизов, А.А. Барнома ва модули намунавии таълимии курси омузишй барои омузгорони фанни технология (таълими мехнат) оид ба муносибати салохиятнокй ба таълим / А.А. Азизов, М.Д. Рузиева, Ш.Ю. Азизов, М. Насимй. - Душанбе, Маориф. 2017. -140 с.

2. Бершадский, М.Е. Дидактическкие и психологические основания образовательной технологии/М.Е. Бершадский, В.В Гузеев. Монография. - М.: Центр "Педагогический поиск", 2013. - 256 с.

3. Бобизода, F. Муносибати босалохият дар таълим. Дастури методй/ Г.Бобизода, Ш.Исрофилниё, Д.Имомназаров, А.Байзоев. - Душанбе, 2017 - 74с.

4. Стратегияи миллии рушди маорифи Чумхурии Точикистон то соли 2020. -Душанбе, 2012.

5. Хуторской, А.В. Современная дидактика: учеб. пособие / А.В. Хуторской. - М.: Высшая школа, 2007. - 106с. _ _

6. Чураев, К. Усули таълими накшакашй/К.Чураев. - Хучанд: Нури маърифат, 2010 - 176 с.

7. Чураев, ТД. Рохнамои фанни накшакашй синфи 8 (барои омузгорони муассисахои тахсилоти миёнаи умумй)/ ТД. Чураев, Ш.Ю. Азизов, Ф.Н. Яхёев. - Душанбе, Маориф, 2017 - 144с.

8. Эмомалй, Рахмон "Суханронй ба муносибати Рузи дониш ва ифтитохи бинои нави Академияи Вазорати корхои дохилй" 30.08.2017с. шахри Душанбе [манбаи электронй]. URL: http://www.prezident.tj (санаи истифодабарй: 11.10.2017)

REFERENCES:

1. Azizov, A.A. Ideal Educational Syllabus and Moduli Applied in the Course of Tuition for Technology Teachers (Labour Education) in Reference to Credit System / A.A. Azizov, M.D. Rzieva, Sh.Yu. Azizov, M. Nasim. - Dushanbe: Education, 2017. - 140 p.

2. Bershadsky, M.E. Didactic and Psychological Grounds of Educational Technology / M.E. Bershadsky, V.V. Guzeev. Monograph. - Moscow: "Pedagogical Quest" Centre, 2013. - 256 p.

3. Bobizoda, Gh. Credit System in the Field of Education. Manual / Gh.Bobizoda, Sh. Isrofilniyo, D.Imomnazarov, A.Bayzoev. - Dushanbe, 2017 - 74 p.

4. National Strategy of the Development of Education in Tajikistan Republic since 2020.-Dushanbe, 2012.

5. Khutorskoy, A.V. Contemporary Didactics: manual/ А^. Khutorskoy. - M.: Higher School, 2007. -106 p.

6. Juraev, K. Methods of Teaching to Drawing/ K. Juraev. - Khujand: Light of Enlightenment, 2010 - 176 p.

7. Juraev, T.Q. Manual for 8-th Grade (for teachers of secondary comprehensive schools) / T.Q.Juraev, Sh.Yu. Azizov, F.N. Yahyoev. - Dushanbe: Enlightenment, 2017 - 144 p.

8. Emomali, Rahmon. "Speech on the Occasion of Knowledge Day and Opening of the New Building of the Academy under the Ministry of Internal Affairs" 30.08.2017. - Dushanbe [electronic sources]. URL: http://www.prezident.tj (date of request: 11.10.2017)

Таълими фанни накшакашй дар низоми муносибати босалохият Вожахои калидй: маориф, салохият, муносибати босалохият, таълим, низоми таълим, накшакашй, арзёбй. Дар макола таълими фанни накшакашй дар низоми нави таълим- муносибати босалохият барраси карда шудаастБа таври мушаххас оид ба гузариш ба низоми муносибати босалохият, зарурат, мафхумхои асосй, шаклхо ва цадвали мукоисавии таълими анъанавй нисбат ба муносибати босалохият оварда шудаанд. Гуфта мешавад, ки муносибати босалохият дар таълим омузгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усулхои замонавии таълиму тарбия хонандагонро хаматарфа ба зиндагй омода намоянд, зеро цомеаи имруза шогирдони ботацриба, дорои кобилияти

уалли проблемами мураккаби уаёти ва цавобгу ба талаботи бозори меунатро аз мактабу маориф интизор аст.

Хамчунин намунаи нацшаи тавзеуотии яксоата аз фанни накщакашй барои муассисауои таусилоти миёнаи умуми коркард шуда, ацидщои олимон ва андешауои муаллиф натицагирй шудаанд.

Преподавание черчения в системе компетентного подхода

Ключевые слова: образование, компетентность, компетентный подход, преподавание, система обучения, черчение, оценка

В статье рассматривается преподавание предмета черчение в новой системе обучения - в системе компетентного подхода. Осуществляется конкретизация перехода на систему компетентного подхода, ее необходимости, основных принципов и форм, а также приводится сравнительная таблица традиционного обучения и компетентного подхода для выявления целесообразности рассматриваемой системы. Отмечается, что компетентный подход в обучении побуждает преподавателей к использованию современных методов и форм обучения и воспитания с целью всесторонней подготовки учащихся к жизнедеятельности, так как современное общество ожидает от школы и системы образования опытных воспитанников, способных к решению сложных жизненных проблем и отвечающих требованиям рынка труда.

Автор статьи, подытоживая точку зрения исследователей, а также собственный взгляд на рассматриваемую проблему, вместе с тем, предлагает разработанный им одночасовой пояснительный план урока черчения для средних общеобразовательных школ.

Teaching Drawing in the System of Competent Approach

Key words: education, competency, competence approach, teaching, tuition system, drafting, assessment. The article dwells on the teaching of the subject of drawing in a new tuition system, - that one of a competence approach. Specification of a transition to the system of competence approach, its necessity, basic principles and forms is carried out, a comparative table of traditional training and competence approach is provided to determine a feasibility of the system under consideration. It is noted that competence approach to tuition encourages teachers to use modern methods and forms of education and upbringing in order to fully prepare students for multifaceted life, as modern society expects from school and education system experienced students capable of solving complex life problems and meeting the demands of the labor market.

The author of the article, summing up the points of views of the researchers, as well as his own vision of the problem under consideration, at the same time offers his one-hour explanatory drawing lesson plan for secondary comprehensive schools. Маълумот дар борам муаллиф:

Бобоева Шоиста Хакимовна, докторанти (PhD) кафедраи нацшакашй, геометрияи тасвири ва методикаи таълими Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш Хуцанд), E-mail: boboevash2017@mail.ru Сведения об авторе:

Бобоева Шоиста Хакимовна, докторант (PhD) кафедры черчения, начертательной геометрии и методики преподавания Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: boboevash2017@mail.ru Information about the author:

Boboeva Shoista Hakimovna, claimant for doctoral degree of the department of drawing, descriptive geometry and methods of their teaching under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: boboevash2017@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.