13.00.00.илм^0и ПЕДАГОГИ 1З.ОО.ОО.ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ НАУКИ I3.OO.OO.PEDAGOGICAL SCIENCES
13.00.01.ПЕДАГОГИКАИ УМУМЙ, ТАЪРИХИ ПЕДАГОГИКА ВА МАОРИФ 13.00.01.ОБЩАЯ ПЕДАГОГИКА, ИСТОРИЯ ПЕДАГОГИКИ И ОБРАЗОВАНИЯ 13.00.01.GENERAL PEDAGOGICS, THE HISTORY OF PEDAGOGY AND EDUCATION УДК 004.9 ББК 32.973.2
ТЛТБИЦИ ТЕХНОЛОГИЯИ Faюров Хиким Шарифович, дотсенти ЧАНДРОАСОНАЙБЛРОИ кафедраи системами иттилоотии БЛЛЛНД БЛРДОШТЛНИ автоматикунонидашудаи ДДХБСТ; СИФЛ ТИ ТЛХСИЛОТ ДЛР Муродов Мискурбек Келдибекович, МУЛССИСЛХОИМИЁНЛИ сармуаллими кафедраи системауои
УМУМЙ ахбороти-уисоббарории ДДХБСТ (Цумуурии Тоцикистон, Хуцанд);
ВНЕДРЕНИЕ Гиюров Хиким Шарифович, доцент кафедры МУЛЬТИМЕДИЙНЫХ информационно-автоматизированных
ТЕХНОЛОГИЙ КАК ОДНО ИЗ систем ТГуПБП;Муродов Мискурбек СРЕДСТВ ПОВЫШЕНИЯ Келдибекович, предпователь кафедры
информационно - вычислительных систем ТГУПБП(Таджикистан, Худжанд);
КАЧЕСТВА ОБРАЗОВАНИЯ В ОБЩЕОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ ШКОЛАХ
MULTIMEDIA TECHNOLOGY Gayurov Hakim Sharifovich, Assotiatprofessor IMPLEMENTATION AIMED AT of the department information-automated QUALIFICA TION OF systems under the TSULBP.
EDUCATION AT E-MAIL:gayrov1964@mail.ru COMPREHENSIVE SCHOOLS Murodov Maskurbek Keldibekovich, senior
lecturer of the department information -computing systems under the TSULBP. E-MAIL:murodovmk@mail.ru
Вожи^ои килидй: технологияи иттилооти, инноватсия, тахтаи электроны, технологияи коммуникатсиони, чандрасонаи, сифати таусилот
Дар мацола моуияти истифодаи самарабахши технологияи чандрасонаи инчунин технологиями иттилооти дар раванди таълим, имкониятуо ва намудуои мухталифи технологиями муосир мавриди барраси царор дода шудааст. Цайд карда мешавад, ки истифодаи технологиями чандрасонаи раванди таълимро боз уам натицабахш мегардонад. Дар мацола ба истифодаи самарабахши воситауои техникии таълим, ба монанди тахтаи электрони ва барномаи Microsoft Power Point дар цараёни дарс диццати махсус дода шудааст. Бо мисолуои мушаххас намудуои таъминоти барномави барои тауияи маводи чандрасонаи ва тафовути ощо оварда шудааст.
Ключевые слова: информационная технология, инновация, электронная доска, телекоммуникационная технология, мультимедиа
Статья посвящена эффективному использованию мультимедийных технологий, а также информационных технологий в образовательном процессе, возможностям в различных видах современных технологий. Отмечается, что использование мультимедийных технологий активизирует процесс обучения. Уделяется внимание на эффективность использования средств обучения, таких как электронная доска, также особо указывается на возможности программы Microsoft Power Point. В статье также представлены программные пакеты для разработки мультимедийного контента и их отличительных особенностей
Key words: informational technology, innovation, electronic board, telecommunicational technologies, Multimedia
The article under consideration dwells on the effective use of multimedia technology, as well as, informational technologies in the process of education, the opportunities in different types of modern
technologies. The use of multimedia technology activates the process of education. The effective use of the training tools, such as the electronic board is also given special focus on the Microsoft Power Point program. The article provides software packages for the development of their multimedia content and their distinctive features as well.
Бо рушди технологиями информатсионии коммуникатсионй имконияти татби;и он дар сохаи таълим ба миён омад. Тачрибахо нишон медиханд, ки дар шароити имруза аз байни технологияи информатсионии коммуникатсионй дар сохди маориф, мултимедиа бештар истифода мешавад.
Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар паёми худ ба Мачлиси олии Чумхурии Точикистон таъкид менамояд, ки «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омузгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад» (1).
Чандрасонай(мултимедиа) дар сохахои гуногуни раванди таълим дар муассисахои таълимй ва олии чахонй хеле васеъ истифода бурда мешавад. Технологияи чандрасонай (аз калимаи лотинй multi-бисёр, media-мухит) тарзи пешниходи иттилоот дар компютер бо имконияти дар як ва;т истифодабарии матн, графикхо, овоз, видео ва эффектхои аниматсиониро фарогир мебошад, ки дар му;обили барномахои сирфан матнй ба кор меравад.
Тахлилхои чахонй нишон медиханд, ки бо истифода аз технологияи чандрасонай, раванди таълим боз хам самаранок мегардад.
Олимони амрикой Флетчер, Мак Нил, Нелсон тахлили му;оисавии шаклхои анъанавии таълимоти омузишй ва чандрасонаии педагогй гузаронидаанд. Тах;и;оти худро муста;илона аз якдигар бехабар ичро намуда, ба хулосаи умумие омадаанд, ки истифодаи технологияи чандрасонай нисбат ба системаи анъанавй бартарии назаррас дорад (2, 50).
Имрузхо технологияи чандрасонай яке аз самтхои пешрафти иттилоотонии раванди таълим дар Ч,Т низ башумор меравад. Рушди татби;и технологияхои иттилоотии хозиразамон дар сохаи маориф барои ташаккули таъминоти барномавй ва методй, базаи моддй, инчунин баланд бардоштани дарачаи тахассусии устодон мусоидат мекунад.
Истифодаи технологияхои чандрасонай раванди таълимро боз хам натичанок мегардонад. Муваффа;ияти асосй дар он аст, ки шав;у хаваси хонандагон, тайёрии онхо ба эчодиёт, талабот ба андухтани донишхои нав ва эхсоси муста;илй дар онхо баланд бардошта мешавад.
Тачрибаи истифодаи технологияхои чандрасонай нишон медихад, ки:
• Шав;у хаваси хонандагонро ба дарс ва фаъолнокии онхо тез меафзояд;
• Услуби фикронии алгоритмй, ;абул карда тавонистани халли масъалахои оптималй
ташаккул меёбад.
Дар шароити имрузаи Чумхурии Точикистон тачаддуди таълиму тарбия дар мактабхо ахамияти махсус пайдо кардааст. Талаботи чамъият ба сифати таълим ва дарачаи кори тарбиявии мактабх,о баланд шудаанд. Вазифаи мактаб ва муаллимро ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи мактаби миллии точик», «Консепсияи миллии тахсилот дар Чумхурии Точикистон», «Консепсияи миллии тарбия дар Чумхурии Точикистон» ва стандартхои давлатии тахсилот муайян кардаанд.
Максаду вазифахои мактаби тахсилоти миёнаи умумй, дар навбати аввал, инкишофи хаматарафаю мутаносиби шахсияти хонандагон ва баланд бардоштани ахлоки хамидаи онхост. Дар «Консепсияи мактаби миллии точик» кайд шудааст, ки мактаб бояд, «савияи баланди умумии маданй, хукукй ва дониши чавононро барои ичрои вазифахои ичтимой, мехнатй, маърифатомузй, оилавй таъмин созад, то ки онхо дар дигаргунсозй ва пешрафти чамъият эчодкорона иштирок намоянд».
Имрузхо технологияи чандрасонай яке аз самтхои пешрафти иттилоотонии раванди таълим мебошад. Рушди татби;и технологияхои иттилоотии хозиразамон дар сохаи маориф барои ташаккули таъминоти барномавй ва методй, базаи моддй, инчунин баланд бадоштани дарачаи тахассусии устодон мусоидат мекунад.
Дар шароити хозира дар назди муассисахои таълимй вазифаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, азхудкунии асосхои илм, таъмини баланди сатхи дониши хонандагон ва донишчуён гузошта шудааст. Навоварии маориф ин тахияи моделхои муассисахои таълимии шакли нав, тахияи китобхои электронй ва барномахо, коркарди усулхои нави таълимро талаб менамояд. Баланд бардоштани фаъолияти муассисахои таълимй ба сатхи нав бо рохи омузиши инфиродй, ташкили шароите, ки дар он хонанда тавонад, барномаи му;араршударо пурра аз худ кунад, ба даст меояд.
Тагйироти доимй, ки дар хаёти чомеаи иттилоотй ба амал меоянд, бояд бечунучаро дар раванди таълим ва маводи таълимй инъикос ёбанд. Сол аз сол истехсоли анъанавии ;огазии китобу маводхои омузишй мушкилоте ба миён меоранд, ки мавзуъхои он ;исман умда будани худро то он, ки ба муассисахои таълимй мерасанд, гум мекунанд.
Яке аз имкониятхои мавчудаи бартарафсозии ин мушкилот ташкили воситаи электронии омузиш аз руи хамаи фанхо ба шумор меравад, ки дар сурати нашр намудани онхо дар шабакахои телекоммуникатсионй дастрас ва сабт намудани онхо осон мегардад.
Замони муосир такозо менамояд, ки самаранокии раванди таълиму тадрис аз нигохи тафаккури нав хамачониба арзёбй гардад. Зеро дунёи муъчизаофарро инсонхо наметавонанд бо тафаккури якранг дарк намоянд. Имруз бояд ба навоварихои илм ва маориф бо диди нав назар намуд. Омузгорон барои хал намудани масъалахои мубрами раванди таълиму тарбия бояд роху усулхои навро чустучу намоянд. Аз ин ру, бо такозои хаёт сохаи маориф имкон пайдо намуд, ки аз усулу колабхои кухнаи кор рахой ёфта, ба шаклу усулхои наву замонавии таълим ру орад. Дар ин чода татби;и технологияи чандрасонай дар раванди таълим, истифодаи технологияхои иттилоотии нав боиси баланд бардоштани сифати тахсилот ба шумор меравад.
Яке аз самтхои навоварии низоми таълим ин татби;и технологияи мултимедиа ба хисоб меравад, ки он яке аз самтхои пешрафтаи иттилоотонии раванди таълим мебошад.
Дар шароити имруза барои баланд бардоштани сифати тахсилот истифодаи технологияхои информатсионии нав ногузир аст.
Истифодаи технологияи чандрасонай дар чараёни таълим барои сай;али чaхонбинии хонандагон ва баланд бардоштани сатхи дониши онхо кумак мерасонад.
Гузаронидани дарс бо истифодаи технологияи чандрасонай пеш аз хама хавасманд шудани хонандагон барои омузиши предмет ва фаъолнокии онхо дар дарс мебошад. Ин имкони чалби ди;;ати хонандагон ва фаъолнокии онхо, муста;илона фикр кардан ва дар нихоят инкишофи шахсияти хонандагон мебошад.
Технологияи чандрасонай- яке аз самтхои самарабахш дар раванди таълим ба хисоб рафта, хамчун маводи ёрирасон барои аз худ намудани мавзуи нав барои омузгорон низ хеле муфид аст.
Дар хотир бояд дошт, ки танхо миллати босавод метавонад насли сохибмаърифату донишманд ва кадрхои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар чомеаи мутамаддин ма;оми арзандаи худро пайдо намояд.
Боиси ;айд аст, омузгор барои гузаронидани машгулиятхо ва тахияи мавод аз барномахои технологияи чандрасонай самаранок истифода бурда тавонад.
Дар замони муосир барои тахияи маводхои чандрасонай ва китобхои электронй дар шабакаи Интернет барномахои махсус ба монанди:
• MS Power Point
• iSpring Suite
• Camtasia Studio
• Moodle
• Movavi Screen Capture
• Snagit
• UVScreenCamera мавчуданд.
Барномаи Microsoft Power Point барои тартибдихии «презентатсия» -хо пешбинй шудааст. Презентатсияхо - ин матн ва тасвирхои динамикй мебошанд, ки хуччатхои электронии тавассути онхо сохташуда, хангоми намоиш ди;;ати тамошобинро бештар чалб мекунанд (3, 45) ва боиси бахотиргирии бештари маълумот мешавад.
Барои боз хам самаранок гардидани презентатсияхо барномаи iSpring Suite мавчуд аст, ки он дар ташкили презентатсияхо на;шахои мураккаб ва мутоби;ати он дар тамоми тачхизоти компютерй инчунин телефонхои мобилй низ хизмат мекунад. Барномаи мазкур мивдори зиёди эффектхоро дорост, ки он хангоми намоиш ди;;ати тамошобинро ба худ чалб менамояд. Фар;и ин барнома нисбат ба барномаи MS Power Point дар он аст, ки ми;дори зиёди эффектхо, ташкили тест барои санчиш, аз як формат ба формати дигар иваз намудани маводи дар барнома омода шуда, масалан бо формати Fksh, HTML5 пешбинй шудааст.
Яке аз технологияхои фосилавии таълимй ин мухити таълими динамикии объектии самтнокшудаи Moodle (англ. Modular Object-Oriented Dynamic Learning Environment) мебошад.
Низоми мазкур фалсафаи педагогикаи конструксионизими ичтимоиро татби; намуда, пеш аз хама, ба ташкили хамкории мута;обил байни муаллим ва хонанда нигаронида шудааст, гарчанде барои ташкили бахшхои анъанавии фосилавй, инчунин дастгирии омузиши рузона низ мувофи; мебошад.
» 16-ая неделя. Анимация в языке Visual Basic
Настройки SC
— управление курсом X Режим редактирования О Редактировать настройки
► Пользователи Т Фильтры
► Отчеты 0 Оценки к Значки
Д Резервное копирование
■а цель и задачи предмета исновы гтрот римиршиття
«Й И
1-ая неделя. Введение в предмет. Классификация языков программировании Умение самостоятельно настраивать и подготавливать к работе интегрированной среды visual Basic
ЛЕКЦИЯ 1. Введение в предмет. Классификация языков програллмирования СРСП 1. Ознакомление со средой Visual Basic '"t Слайд к 1 -ой неделе il Неделя 1 -я
2-ая неделя. Типы данных
Научиться использовать типы переменных в программах
ЛЕКЦИЯ 2.Типы данных
Расми №1. Намуди зо^ирии moodle
Хусусиятхои асосии Moodle-ро, ки барои муассисахои таълимй хос мебошад, ;айд менамоем:
1. Паункунии озод. Зарурати пардохт намудан барои ба даст овардан, истифода ва тачдид, махдудият ба шумораи ичозатномахо нест. Aхамияти тавзехи ин омил барои муассисахои таълимй эхтиёч надорад.
2. Боз будани рамзи барномави. Барои донишгоххое, ки технологияхои тайёрро истифода набурда, тад;и;оти вижаи хешро мебаранд, ин омил низ хеле мухим мебошад. Метавон ба он тасхех ворид намуд, имконият Moodle-ро бо модулхои барномавии худ васеъ намуд.
3.Инкишофи таъминоти барномави. Сершумории чамъияти байналхал;й, ки Moodle-ро истифода ва тара;;й медихад, мавчудияти ассотсиатсияхои истифодабарандагони Moodle дар давлатхои гуногун тара;;й ва такмили доимии Moodle, мутоби;ати онро ба талаботхои муосир ва перспективии омузиши электронй таъмин менамояд.
4. Содагии насб, Moodle дар тацуизоти одй ба осонй насб карда мешавад, бе модификатсияхо дар Unix, Linux, Windows, Mac OS X ва дигар низоми амалиётии дилхох, ки РНР-ро дастгирй менамояд, кор мекунад. Дастгирии низом кушишхои зиёдро талаб намекунад ва метавонад дар ;атори чорабинихои одй оид ба дастгирии тачхизоти серверй ва низоми таъминоти барномавй амалй гардад.
5. Мукаммалии функсионали. Новобаста аз ройгон будан ва содагии истифода Moodle имкон медихад, ки ;ариб тамоми вазифахои СУО-и муосир татби; карда шавад.
Аз ну;таи назари дидактикй Moodle дар гояи конструктивизми ичтимой, ки бо чор принсип ифода гашта чунин афзалиятхо дорад:
• азхудкунии дониши нав дар натичаи таъсири мута;обил бо чахони ихотакунанда (зимни омузиш тафсир нисбати тахвили одии маълумот аз як магзи сар ба дигараш бештар чой дорад);
• омузиш дар холате самаранок мебошад, ки хонанда барои тахвили тачриба ба дигарон ягон чиз месозад;
• омузиш дар натичаи таъсири мута;обил дар дохили гурухи муайяни ичтимой;
• тах;и;и далелноккунии рафтори шахсиятхои алохида дар раванди таъсири мута;обили таълимии гурухй (рафтори муста;илона, ки дар далелхои объективй асоснок шудааст; рафтори нисбатан хассостар, ки ба субъективият рох медихад; рафтори сохта, ва;те ки хонанда ;одир аст вобаста аз холат ну;таи назари объективй ё субъективиро интихоб намояд) (4, 60).
Барномаи UVScreen Camera дорои имконияти бо зудй тахия намудани маводи чандрасонай, яъне видеодарсхо хизмат мекунад. Барномаи мазкур (UVScreen Camera) хамаи амалиётхое, ки дар экран инъикос мешаванд (харакати курсор ва овоз) ба хотир гирифта бо формати UVF, EXE, SWF, FLV, AVI, GIF сабт менамояд.
Барномаи Camtasia Studio асосан барои сохтани видеодарс пешбинй шуда, ба омузгор имкон медихад, ки видеодарсхо омода намуда, дар чараёни дарс ва берун аз он намоиш дихад. Он дорои ;обилияти сабти тасвир дар экран ба файлхои видеоии шаклхои гуногун аст.Он
имкон медихад, ки видео тахрир карда шавад. Camtasia амал ва садохоро дар хама гуна ;исми системаи Windows сабт мекунад ва дар файли стандартии AVI захира менамояд. Видеои бо истифодаи ин барнома эчодшударо метавон ба якчанд формате, ки барнома дастгирй мекунад, содир кардан мумкин аст. Баъд аз интихоби номи видеодарс ва илова намудани файлхои видеой дар шакли алохида чунин шакл пайдо мешавад, ки хар истифодабаранда метавонад истифода барад.
Расми№2. Ташкили видеодарс^о тавассути барномаи "Camtasia Studio".
Истифодаи технологиями иттилоотии компутерй (ТИК) барои мо имконияти нави таълим додани фанро мекушояд, чунки хангоми истифодаи ТИК дар дарсхо, мо бо шаклхои нави таълим ру ба ру шуда, тарз ва муносибати навро дар раванди таълим чустучу мекунем.
Омузиши дарсхо бо истифодаи ТИК ба хонандагон имкон медихдд, ки дар тест, дар саволу чавоб, олимпиадахое, ки тарики интернет гузаронида мешавад, иштирок кунанд, бо хамсолони худ аз дигар кишвархо мукотиба кунанд, дар чатхо ва видеоконференсияхо ширкат варзанд ва гайра. Хонандагон иттилоотро дар бораи проблемахое, ки аз болои он кор мекунанд, ба монанди маводи забоншиносй ва кишваршиносй, ахбор аз хаёти одамони машхур, маколахо аз рузномахо ва мачаллахо, адабиёти лозимй ва гайра, метавонанд дарёфт кунанд. Дарсхои бехтарин ва якчоя бо пешниходи имконоти мултимедиа(чандрасонай) тестхои on-line ва махсулоти барномавй, ба хонандагон имкон медихад, ки донише, ки пеш азхуд карданд, такмил диханд.
Имконияти истифодаи интернет-захирахо калон мебошад. Шабакаи умумичахонии интернет барои гирифтани иттилооти зарурй аз хар гушаи чахон хам барои хонандагон ва хам барои устодон кумак мерасонад, ба монанди ахбор, маводи кишваршиносй, адабиёти хоричй ва гайра. Дар аксар дарсхо интернет барои халли вазифахои дидактикй кумак мерасонад: ташаккули малака ва кобилияти хондан бо истифода аз маводи шабакаи умумичaхонй; ганй гардонидани захираи лугавии хонандагон; ташаккули хавасмандии устувори хонандагон барои омузиши фанхо. Гайр аз ин, кор ба омухтани имконияти технологияхои интернет барои васеъ намудани чaхонбинии хонандагон, мустахкам ва вусъат додани робитаи кор бо хамсолони худ дар кишвархои хоричй, равона шудааст.
Дар раванди таълим аз тачхизоти проектор низ васеъ истифода менамоянд.
Проектор - ин тачхизоте мебошад, ки бо воситаи он тасвири формати A4 дар экрани калон нишон дода мешавад. Тасвир ёфтани он дар плёнкаи формати A4 накши маводи таълимро ичро мекунад ва метавонад дар компютер, тачхизоти нусхабардорй ва фломастер тайёр шавад. Дар мукоиса бо маводи тамошокунандаи мукаррарй проектор чй афзалият дорад?
1. Хдчми намоиш вобаста аз масофаи байни проектор ва экран, метавонад тайгир ёбад.
2. Омузгор мустакилона метавонад огоз ва анчоми вакти намоишро идора намояд. Барои хамин намоиш танхо дар мавридхои зарурй нишон дода мешавад.
3. Омузгор метавонад сахифахои намоишро иваз кунад, барои хамин микдори тасвирхо дар маводи таълимй бисёр шуда метавонад. Ин ба мутоби;ати накли лектор ва маводи таълим мусоидат мекунад.
4. Намоиши даврахои алохидаи раванди тара;киёти динамикй ба омузгор имкон медихад, ки
вобаста ба тасаввуроти донишчу, имкони фикрронии даврахои фосилавии онро истифода барад.
5. Варакахои намоиш хднгоми нигохдорй, чои васеъро ишгол намекунад, инчунин бо гузашти вакт хира намешаванд ва онхоро дар муддати дароз истифода бурдан мумкин мебошад.
Мафхуми дигаре, ки дар машгулият истифода мегардад, лексияхои компютерй мебошад.
Лексияи компютерии бо воситаи PowerPoint кор карда баромада шуда - ин натичаи алокамандии мавзуй ва мантикии объектхои иттилоотй, ки дар экран ё монитор намоиш дода мешавад. Дар рафти лексия хар гуна объектхои иттилоотй истифода мешаванд, мисли варакахои намоишй (слайдхо), порчахои овоз ва видео. Агар хднгоми кор бо слайдхо, тасвирхо ва бо дигар маводи намоиш, бо чадвал ва схемахо илова карда шавад, он гох самаранокии он хеле баланд мегардад.
Барномаи коркарди намоишии PowerPoint бо хамдигар пайваст кардани воситахои равшанй ва бо истифода аз имконияти хар нафар бе нишони камбудй ба тайёр кардани маводи дарс кумак мекунад. Бештар мо дар барномаи PowerPoint чунин шаклхои дарсхоро истифода мебарем:
1)лексионй, ки максади асосй ин тасвирсозй набуда, балки дар шакли мувофик ва бо воситаи намоиш додани маводи душвор ба талабагон барои кайд мебошад;
2) дарсхои тасвирй аз руи мавзуъхо, ки дар он зарурияти намоиш бештар аст;
Бояд кайд намуд, ки бо истифода аз филм-слайдхо ва моделхои интерактивй дар кор бо хонандагоне, ки дарачаи азхудкунии гуногуни маводи таълимро доранд, муносибати гуногун ва инфиродй чорй кардан мумкин мебошад.
Ба назар мерасад,ки афзалияти адабиёти электронй ин дар тезхаракатии онхо, дар дастрасии алока бо пешравии шабакахои компютерй ва дар чавобгу будани онхо ба дарачаи тарак;иёти донишхои илмии муосир мебошад.
Истифодаи технологияхои муосир дар маориф барои ташаккули шахсияти талабагон шароити мусоидро фарохам оварда ба талаботи муосир чавобгу мебошад.
Рушди инноватсия имруз аз хар як нафар, бахусус, аз омузгорони мактабхои оливу тахсилоти умумй та;озо мекунад, ки донандаи хуби касбу сохаи худ бошанд, аз технологияхои инноватсионй ва воситахои чандрасонай самаранок истифода баранд, шогирдонро бо сохту таркиб ва истифодаи ин технологияхо ошно созанд.
Агар муассисахои таълимй чун асос дар таълиму тарбия ва рушду нумуи насли наврас хизмат кунад, пас имруз омузгорони ин муассисахоро зарур аст, ки дар ичрои вазифахои худ масъулиятшинос бошанд, аз компютер ва дигар ашёи таълим хуб огах гарданд, дар рафти дарсхо аз онхо самаранок истифода баранд, шогирдонро бехтару хубтар омузонанд, дониши ононро мукаммал созанд.
Хдмин тари;, дониши андухтаи хонандагон ба фаъолияти амалй, ба мехнати фоиданоки сермахсули чамъиятй ва барои пурра зохир гардидани ;обилиятхои эчодии онхо мусоидат мекунад. Ин на танхо ба сифати баланд бардоштани кори таълиму тарбия дар муассисахо кумак мекунад, балки барои дар хонандагон ташаккул додани сифатхои маънавии шахсият низ ёрй мерасонад, то ки онхо мехнатдустиро яке аз омилхои мухимтарини хаёти хеш хисобанд. Табиист, ки чунин мехнат омили асосии тарбияи мехнатии чавонон шуда метавонад. Хонандагон дар рафти таълим бо донишхои техникй ва технологияи муосир хамачониба шинос шуда, дар интихоби бошууронаи касб малакаю махорат пайдо мекунанд. Мухим ва мураккаб будани тарбияи насли чавон дар шароити хозира дар назди омузгорон талаботи калон мегузорад, ки дар баробари дониши назариявй, махорату малакаи техникй ва технологияи муосирро дастрас намудан, бояд дар амал татби; намудани онро низ омузанд ва ;обилияти озодандешию эчодкории наврасону чавононро такмил дихaнд. Бо ин восита дар шуури наврасон ва чавонон дар хиссиёту хул;у одоби онхо асосхои муносибат ба мехнат ва одамони мехнаткаш пайдо мегардад. Бинобар он, хаминро ба эътибор гирифтан лозим аст, ки чомеаи навтаъсиси мо, пеш аз хама, барои баланд бардоштани сатхи мехнатдустии чавонону наврасон ди;;ати чиддй медихад ва аз хар як омузгор та;озо менамояд, ки нисбат ба тарбияи мехнатии шогирдон aхaмияти бештар зохир намоянд, ки онхо дар пешрафт ва тара;;иёти чомеа сахмгузор бошанд.
Барои чалби донишомузон ба омузишу ёдгирии технологияи чанд расонай онхоро хавасманд намудан лозим аст. Чунин усулхои хавасманд сохтани таълимгирандагонро метавон истифода бурд:
• Фахмондадихди зарурати фарогирии дониш ва aхaмияти онхо барои амалия.
• Ташкили раванди дарс бо тарзе, ки зарурати омузиши ин маводи таълимй ба хонанда маълум гардад ва дар ин асос минбаъд хонанда худ назораткунй ва худбаходихиро ташкил карда тавонад.
• Вобаста ба вазъият ва кобилияти хонандагон алохида ташкил намудани шаклхои инфиродй ва гурухии таълими хонандагон.
• Такмили тарбияи касбии хонандагон: ташаккули кобилияти мутобикшавй дар фаъолияти касбй;
• Татбики принсипи таълими касбй бо назардошти талаботи оянда;
• Ба шароити минтавд ва талабот мутобик сохтани таълими касбии хонандагон;
• Истифода аз усулхои таълим, ки ба амалия равона шудаанд ва ё ба татбики пурраи технологияхои иттилоотй асос ёфтаанд.
• Истифода аз бахогузорй чун воситаи хавасмандсозй бо тахлили сифатии нати^хои таълим -таъкид намудани тамоми лахзахои мусбати донишазхудкунии хонанда ва ё сабабхои номуваффакии у дар самти азхудкунии маводи таълимии мушаххас ва гайра.
Хулоса, хамон радаре ки омузгор дар усулхои таълим мохир бошад ва ба ин кор шавку хавас дошта бошад, хамон кадар толибилмон хам дар омухтани фанни омузишй рагбат пайдо мекунанд. Аз ин ру, омузгор бояд роху усулхои фанни таълимии худро чй аз чихати назариявй ва чй амалй ба хубй донад ва барои баланд бардоштани сатхи дониши хонандагон кушиш намояд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Паёми Пешвои миллат, Президенти Цумуурии Тоцикистон муутарам Эмомалй Раумон ба Мацлиси Олии Цумуурии Тоцикистон, 20 январи соли 2016, шаури Душанбе, URL: http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=22938.- охири бознигарй 22.03.19.
2. Красильникова, В.А. Становление и развитие компьютерных технологий обучения: Монография /В.А. Красильникова. - ОГУ, Оренбург. М.: ИИО РАО, 2002. -176 с.
3. Смолянинова О.Г. Разработка мультимедийных электронных учебников в среде Т00LB00K: учеб. / О.Г. Смолянинова //Пособие с грифом УМО Педобразования РФ.- Красноярск: Изд. КрасГУ, 2002.-109 с.
4. Андреев, А.В, Андреева С.В, Доценко И.Б. Практика электронного обучения с использованием Moodle- Таганрог: /А.В. Андреев. Изд-во. ТТИ ЮФУ, 2008-146 с.
5. Смолянинова, О.Г. Мультимедиа для ученика и учителя / О.Г.Смолянинова //ИНФО.- 2002.-№ 2.-С. 43-48.
6. Монахов, В.М Проектирование и внедрение новых технологий обучения,/ В.М Монахов // Сов. Педагогика, 2013, № 7,-С. 17-24.
7. Брыксина, О.Ф. Конструирование урока с использованием средств информационных технологий и образовательных электронных ресурсов./ О.Ф. Брыксина// Информатика и образование.- 2014 .-№5.
REFERENCES:
1. The Message of the Leader of Nation, Tajikistan Republic President Honorable Emomali Rahmon to the Supreme Council under Tajikistan Republic, January 20, 2016, Dashanbe, URL: http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=22938 (date of request: 22.03.19).
2. Krasilnikova, V.A. The Formation and Development of Computer Technology Training: Monograph / V.A. Krasilnikova. - OSU, Orenburg. - M.: IIRO RAO, 2002. - 176p.
3. Smolyaninova, O.G. Development of Multimedia Electronic Textbooks of TOOLBOOK: / O.G. Smolyaninov // manual stamped with UMO Pedagogy RF. - Krasnoyarsk: Krasnoyarsk State University, 2002. - 109 p.
4. Andreev, A.V., Andreeva S.V., Dotsenko I.B. Practice of e-Learning Using Moodle-Taganrog: / A.V. Andreev. TIT SFU, 2008. - 146p.
5. Smolyaninova, O.G. Multimedia for Student and Teacher / O.G. Smolyaninov // INFO. - 2002. - № 2.-P. 43-48.
6. Monkhov, V.M. Designing and Introduction of New Learning Technologies, / V.MMonakhov // Soviet Pedagogy, 2013, № 7, - P. 17-24.
7. Bryksina, O.F. Designing Lesson Using Information Technology Tools and Educational Electronic Resources. / OF.F. Bryksina // Informatics and Education. - 2014. - №5.