ББК-74.266.5я 73 З.З.МИРЗОБОЕВ
УДК-348
ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ БЕРУНАЗСИНФИИ ДОНИШЧУЁН АЗ ФАННИ НАЦШАКАШЙ
Хднуз аз ибтидои солхои Исти;лолияти давлатии Ч,умхурии Точикистон ба масоили вусъати корхои ободониву созандагй, таъмини шароити арзандаи кору зиндагии сокинони кишвар, мухайё намудани вазъи мусоиди кору фаъолияти ахли илму маърифат, ки дар рушду нумуи мамлакат ва тарбияи насли давронсози миллат сахми бориз мегузоранд таваччухи хоса зохир гардид, ки ин ивдом дар мехвари сиёсати Хукумати кишвар ;арор дода шуд. Дар амалигардонии ин ма;сад эътибори асосй ба тарбияи насли, рухан ва чисман солим ва сохиби касби баландихтисос нигаронида шудааст. Тарбия намудани ;обилияти фикрронии муста;илона ва эчодй, корбарии муста;илона, ки сифатхои мухими шахси баркамол мебошад, яке аз вазифахои мухимтарини муассисахои таълимй ба хисоб меравад. Дар ин чода инкишоф додани ;обилияти дарккунй, самаранок ташкил кардани машгулиятхои дарсй аз омилхои мухим махсуб меёбад. Аз чумла, чараёни таълими на;шакашй дар тайёр кардани донишчуён ба хаёт ва касбу хунар, ташаккули фаъолияти ратсионализаторй-ихтирокории онхо ахамияти мухим дорад. Ин гуна такмилдихй дар таълими олй хамчун сахми арзанда дар раванди бехтар намудани сифати омузиши фанни на;шакашй, баланд бардоштани мазмуни таълим ва сатхи илмию методй, ба воя расонидани шахси баркамол бо воситаи боло бардоштани самаранокии таълиму тарбияи донишчуён хизмат хохад кард. Тартиби омузиши маводи дастурй дар ало;амандй бо машгулиятхои беруназсинфй аз хисоби методикаи омузиши аз чихати илмй асоснок кардашуда ва пай дар пай ба амал даровардашаванда ба афзоиши зав;у шав;и донишчуён ба фан, инкишофи ;обилияти фикрронй, чоннок гардонидани фаъолияти дарккунии онхо, бо воситаи ташаккули малакахои дониши назарй ва амалии онхо ба даст овардани малакахои илмии умумй равона карда шудааст. Агар "на;ша -забони техника" бошад, усули таълими он алифбои забони техника аст, чунки он яке аз вазифахои мухим "чиро ва чй тавр таълим дихем"-ро хал менамоянд (1,7).
Ма;сад ва вазифахои корхои беруназаудиторй аз на;шакаширо дар асоси ма;сад ва вазифахои корхои таълимию тарбиявй муайян кардан лозим аст. Дар натичаи ботартиб ва пай дар пай ташкил намудани корхои беруназаудиторй аз фанни на;шакашй, дар хамбастагй бурдани корхои беруназаудиторй бо донишхое, ки донишчуён дар аудитория мегиранд ва аз худ кардани донишхои мукаммал, инкишофи фаъолияти амалии онхо ноил гаштан мумкин аст.
Барои самаранок ба рох мондани корхои беруназаудиторй, пеш аз хама, мазмун ва усулхои ташкили онхоро муайян кардан лозим аст. Корхои беруназаудиторй аз на;шакашй хеле васеъ буда, мазмуни асосии онхо аз пухта омухтани мафхумхои на;шакашй, чараёнхои асосии фазой, омода сохтани аёнияти гуногун ва дигар корхои ахамияти таълимию тарбиявй дошта иборат аст. Дар истехсолот бошад "асоси ташаккули тасаввурот оид ба махсули мехнат ин на;ша аст " (3,8).
Хдмаи шаклхои кор дар низоми корхои беруназаудиторй ба якдигар вобаста буда, якдигарро пурра мегардонанд. То хануз дар муассисахои таълимии чумхуриамон дар чараёни омузиши на;шакашй бобати ало;аманд намудани дарсхо ба машгулиятхои беруназаудиторй ва баланд бардоштани самаранокии онхо ягон кори илмии тад;и;отй бурда нашудааст. Машгулиятхои беруназаудиторй на воситаи истифодаи сарфакорона аз чараёни омузиш ва ё ва;ти донишчуён буда, балки хамчун як ;исми таркибии чараёни омузиши на;шакашй аст, ки чун омили ба даст овардани махорату малакахои мустахкамкунии донишхои графикй, ташаккули тафаккури фазоиву ва омухтани дунёи моддй ва истифодаи он дар амал кумак мерасонад.
Машгулиятхои беруназаудиторй аз фанни на;шакашй афзалиятхои зеринро доранд:
а) ба донишчуён чихати додани донишхои васеъ, ташаккули асосхои чахонбинии илмй, инчунин дар сохиб шудан ба маълумотхо ва малакахое, ки ба бардоштани онхо то дарачаи шахсе, ки манти;ан мушохида бурда метавонад ва асосхои истехсолотро ани;ан тасаввур карда метавонад, кумак мерасонад;
б) аз чониби донишчуён барои боз хам пурра дарк намудани ахамияти на;шакашй дар саноат, кишоварзй, хаёти инсон ва чамъият, васеъ гардонидани тасаввури онхо оид ба татби;и амалии
истифодаи окилонаи аз накшакашй, мувофики максад хал намудани муаммохои бо интихоби касб вобаста таъсири мусбй мерасонад (2,70).
Дар равияхои асосии ислохоти чории низоми таълим дар кишвар боз хам пурратар омузонидани асосхои фан ба насли наврас ва хосил намудани малакахои дар амал татбик намудани ин донишхо чун вазифаи мухими муассисахои таълимй кайд шудааст, ки халли ин вазифахо такмили омузиш, хусусан, истифодаи самаранок аз технологиями иттилоотй ва коммуникатсиониро дар машгулиятхои беруназаудиторй такозо мекунад.
Дар омузиши накшакашй воситахои дидактикй чун воситаи вокей, моделхои статикй ва динамикй, тасвирхои графикй ва чадвалхо, асбобхо барои кашидани тарх (калам, паргор ва гайрахо), технологияи муосир, аз чумла компютер васеъ истифода бурда мешаванд. Воситахои дидактикии аёнй на танхо дар фаъолгардонии таълимгирандагон, дуруст ва пурра ташкил намудани кори мустакилонаи донишчуён кумак мерасонад, балки яке аз омилхои асосии ташаккули омузиш ва малакахо ба хисоб меравад.'Барои он ки ба максади муайяни дидактикй ноил шавем дар усули таълим бояд фаъолияти дутарафаиба хам мутобик -хонанда ва муаллим бошад. Масалан, намоиши аёният хамчун фаъолияти муаллим, яъне усули баёни муаллим ва фаъолияти хонанда ин назорат аст, ки дар чунин холат он услуби маърифатист" (3,114).
Хднгоми истифода аз воситахои дидактикй омузгор бояд донад, ки барои такрор ё омузондани маводи таълимии муайян чй кадар вакт сарф мешавад, инчунин, ба он бояд эътибор дихад, ки воситахои аёнй якдигарро такрор накунанд. Барои баланд бардоштани завку шавки донишчуён ба машгулиятхои беруназаудиторй истифодаи якчанд усули зерин тавсия мешавад:
1. Савияи дониши донишчуён аз накшакашй, аз руи китоби дарсй ва супоришхо аз адабиёти иловагй муайян намуда завку шавки онхоро ба машгулиятхои беруназаудиторй бедор кардан мумкин аст.
2. Барои фарогирии донишхои пурра ба машгулиятхо иштирок карда, талабагонро ба касбу ихтисосхое, ки дар оянда сохиб мешаванд, хавасманд гардонидан мумкин аст.
3. Дар дарсхо ва машгулиятхои беруназаудиторй бо ташкили чорабинихои гуногуни таълимию тарбиявй гайратнокии донишчуёнро боло бурдан мумкин аст. Хднгоми ичрои кори мустакилона малакаи истифодаи донишхои азхудшуда, халли масъалахои гуногун, ичрои амалхои графикии гуногун мураккаб, кор бо адабиёти таълимй ва инчунин ташаккули махорати чорабинихои оммавй оид ба накшакашй (ташкили кор дар асоси накша, ёрй расонидан ба атрофиён, мухокимаи якчояи натичахо) накши асосиро мебозад.
4. Аз усулхои гуногуни таълим васеъ истифода бурда машгулиятхоро бо тарзи маъруза, семинар, машварат, олимпиада ва бозихо ташкил намуда, завку шавки донишчуёнро баланд бардоштан мумкин аст.
Дар аксар мактабхои тахсилоти олй барои ташкили фаъолияти беруназаудитории донишчуён аз махфилхо васеъ истифода мебаранд.
Аз тахлили адабиёти илмй ва методй маълум гардид, ки махфилхо, асосан, ба 4 гурух чудо мешаванд:
1. Махфил барои омузиши мунтазам. Вазифаи он аз чалби донишчуён ба фан, омузиши техника ва усули ичрои амалхои графикй иборат аст.
2. Махфили бо барномаи таълимии мактабхои тахсилоти олй мувофик. Вазифаи он низ аз мустахкам намудани донишхои аз дарс гирифташуда иборат буда, онхо бевосита чун давоми дарс ба амал бароварда мешаванд.
3. Махфилхои ба фаъолияти амалии донишчуён равонашуда.
4. Махфилхои ба асосноккунии илмии муаммои муайян равонашуда. Барномаи таълимии ин махфилхо аз барномаи таълимй фарк карда, барои чукуртар омухтани як кисми накшакашй тартиб дода мешавад. Фанни таълими накшакашй яке аз предметхои таълим ва тарбиядиханда барои донишчуён ба хисоб рафта, мероси бойи илмии мутаффакирони Шарк оид ба накшакаширо меомузад. Максад ва мазмуни таълими накшакашй аз омузиши пурраи асосхои накшакашй дар аудитория ва берун аз он, бо рохи ичрои корхои амалй хосил кардани малака ва махорат иборат мебошад. Ба донишчуён додани донишхои пурра аз накшакашй ва инкишофи фаъолияти амалии онхо - ба таъмини алокаи бефосила байни дарсхои аудиторй ва машгулиятхои беруназаудиторй хизмат мекунад. Тачриба, ки хинни дар алокамандй ба як дигар гузаронидани дарсхои аудиторй ва машгулиятхои берун аз он ба инкишофи фаъолияти мустакилонаи донишчуён бояд эътибори асосй дода шавад. Дар ташкил ва гузаронидани ин корхо тахти сарварии муаллим ва дастурхои аник у хеле мухим мебошад (4,21).
Дар чараёни омузиш дар макотиби олй мазмун ва шаклхои машгулиятхои беруназаудиториро хар чй бештар шавковар ва муфит намуда, ба он равона бояд, ки маводй дар дарс омухташуда дар чунин машгулиятхо бештар такмил дода шуда, барои фарогирии бештари мавзуъ шароити мусоид фарохам оварда шавад.
Хдмин тарик, максад ва мазмуни алокамандии дарсхои аудиторй бо машгулиятхои беруназаудиторй дар омузиши фанни накшакашй дар мактабхои тахсилоти олй метавонад аз нуктахои зерин иборат бошанд:
1. Таъмини омузиш бо рохи ташаккули тасаввурот ва мафхумхои фазовй.
2. Талкини чараёнхои фазовй ва конуниятхои содиршавии онхо дар зехнй донишчу.
3. Ташаккули тафаккури графикй ва эстетикии донишчуён.
Дар самаранок ташкил кардани корхои беруназаудиторй аз фанни накшакашй шаклхои гуногун истифода бурда мешаванд. Хдрчанд, ки корхои беруназаудиторй дар шаклхои гуногун ташкил карда мешаванд, аммо зарурати равона кардани мазмун ва максади онхо ба масъалахои таълиму тарбия дар дастурамалхои бисёри методй инъикос гардидааст. Корхои беруназаудиториро ба 4 гурухи системавй чудо кардан мумкин аст:
1. Гурухй.
2. Оммавй.
3. Мехнати умумии фоиданок.
4. Инфиродй.
Корхои беруназаудиторие, ки дар чараёни омузиши накшакашй аз чониби донишчуён дар алохидагй ичро карда мешаванд. Ба корхои беруназаудитории инфиродй танхо он донишчуёне чалб мешаванд, ки ба накшакашй завку шавк дошта бошанд. Бо рохи бефосила гузаронидани ин машгулиятхо ва таъмини самаранокии он накшаи махсуси машгулиятхо тартиб дода мешавад.
Дар ташкил ва гузаронидани корхои гурухй салохияти педагогии муаллим мавкеъи мухимро дорост. Дар чараёни омузиши накшакашй шакли асосй ва анъанавии дар алокамандй бо як дигар гузаронидани корхои беруназаудиторй бо дарсхои гузашта - ин махфилхои фаннй мебошанд. Одатан, махфилхо аз хисоби донишчуёни ба накшакашй завку шавк дошта ва инфиродй ташкил карда мешаванд. Корхои беруназаудиторй аз накшакашй бояд дар асоси накшае, ки бо дарназардошти мазмуни алокамандии онхо бо дарсхои аудиторй тартиб дода шудааст, гузаронида шаванд (5,65).
Шакли оммавии корхои беруназаудиторй дар мактабхои олй имкони чалби кариб хамаи донишчуёнро медихад. Дар корхои оммавй на танхо донишчуёне, ки курси накшакаширо меомузанд иштирок карда метавонанд, балки дар он дигар донишчуён низ метавонанд ширкат намоянд.
Ба фикри мо, дар системакунонии корхои беруназаудиторй аз накшакашй риояи коидаи «аз осон ба мушкил, аз оддй ба мураккаб» мувофики максад мешуд. Ба мачмуи корхои беруназаудиторй ташкил ва гузаронидани чорабинихои гуногун чун хафтахои накшакашй, конфронсхои донишчуён, шабнишинихои мавзуй, мусобикахо, осорхонахои техникй, олимпиадахо, бозихоро тавсия кардан мумкин аст.
Баъзе аз шаклхои кор дар низоми корхои беруназаудиторй мазмуни хоса доранд ва онхо як дигарро пурра мекунанд. Дар холати истифодаи шаклхои дар боло зикргардидаи корхои беруназаудиторй ва гузаронидани онхо дар вобастагй бо дарсхо сифат ва самаранокии таълим хубтар мегардад ва ба максади пешбинишуда ноил гаштан мумкин мебошад.
Бинобар ин, шакл, мазмун ва усули корхои ичрошаванда бо хамдигар вобаста буда, онхо чараёни яклухт ва пурраи таълимро ташкил мекунанд. Чун дар хама фанхои таълим, дар чараёни омузиши накшакашй хам дар якчоягй бо ташаккули мафхумхо оид ба фанни накшакашй додани донишхои назариявй ба донишчуён, пайдо намудани махорат ва малакахои амалии онхо дар назар дошта шудааст. Дар чараёни омузиши курси накшакашй яке аз шаклхои таълим, ки доираи дониши донишчуёнро васеъ гардонида, махорат ва малакахои онхоро оид ба ичрои амалии корхо пайдо мекунад ва барои баланд бардоштани завку шавки донишчуён кумак менамояд, ин корхои беруназаудиторй аст. Корро чунон ташкил кардан лозим аст, ки донишчуён хангоми фаъолият тамоми кувваи худро сафарбар намоянд, барои ин пеш аз хама шавку хаваси маърифатии онхоро бедор кардан лозим аст. Дар рафти назорат ба хар як донишчу оромонаву боэхтиром муносибат кардани муаллим ахамияти калон дорад. Дар вакти ичрои кор сахт эрод гирифтан барои хатои содиршуда, бо кахр гап задан ва ё шитобкорона хулоса баровардан мутлако номумкин аст » (8,379).
Дар ин чода, албатта, мувофи;и ма;сад аз адабиёти илмию педагогии солхои охир васеъ истифода бурда мунтазам чорй намудани технологиями нави педагогии дахлдор ба чараёни таълиму тарбия тавсия карда мешавад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Ботминков, А.Д.Научные основы формирования графических знаний, умений, навыков/А.Д.Ботминков,Б.Ф.Ломов.-М: Педагогика,1979.-256 с.
2. Зиёмухаммедов, Б. Асосхои махорати педагогй. - Т.: ТИБ-КИТОБ, 2009. - 183 с.
3. Ломов, Б.Ф. Формирование графических знаний и навыков у учащихся/Б.Ф.Ломов.- М.:1959.-270с.
4. Николов, Н.С. Проведение олимпиад по черчению/Н.С.Николов.-М.:1990-140 с.
5. Олов С.Накшакашй/С.Олов, ЮЮсупов,Ш.Тойирова.-Хучанд:Нури маърифат -2014.- 64 с.
6. Ч,ураев, Т.К. На;шакашй. Китоби дарси барои синфхои 8-9 МТМУ/ТД.Чураев.- Душанбе: 2004.- 200 с.
7. Чураев, К. Усули таълими на;шакашй/К.Чураев.- Хучанд:Нури маърифат, 2010 - 176 с.
8. Ямбург, Е.А. Школа для всех: адаптивная модель (теоретические основы и практическая реализация)/Е.А.Ямбург. -М :Новая школа ,1996-352 с.
REFERENCES:
1. Botminkov, A.D. Scientific Grounds of Formation of Graphical Knowledge, Ability, Skills/A.D. Botminkov, B.F. Lomov.- M.: Pedagogy, 1979, - 256 p.
2. Ziyomuhammedov, B. Grounds of Pedagogical Talents. - T.: TIB-KITOB, 2009. - 183 p.
3. Lomov, B.F. Formation of Graphical Knowledge and Skills of Pupils. - M., 1959. - 270 p.
4. Nikolov N.S. Holding Olympic on Draughting. - M., 1990. - 140 p.
5. Olov S., Yu.Yusupov, Sh.Toyirova Draughting. - Khujand: Light of Enlightenment, - 2014. - 64 p.
6. Juraev, K. Method of Teaching of Draughting. - Khujand: Light of Enlightenment, 2010. - 176 p.
7. Juraev, T.Q. Draughting. Manual for 8 - 9 forms of Educational Institution of Comprehensive School. - Dushanbe, 2004. - 200 p.
8. Yamburg, Ye.A. School for Everyone: Adaptation of Model (theoretical grounds and practical realization). - M.: New School, 1996. - 352 p.
Ташкили фаъолияти беруназсинфии донишцуён аз фанни нацшакаши
Вожа^ои калиди: беруназаудиторй, нацшакаши, таълим, воситацои дидактики, мацфил, усули таълим
Мацола ба баррасии масъалаи ташкили фаъолияти беруназаудиториявии донишцуён аз фанни нацшакаши бахшида шудааст.Цайд мешавад, ки барои самаранок ба роц мондани корхои беруназаудиторй аз фанни нацшакаши мазмун ва усулцои ташкили онро муайян намудан судманд аст.
Муаллифи мацола афзалиятцои машгулоти беруназаудориро аз фанни нацшакаши муайян намуда, барои баланд бардоштани фаъолияти беруназаудиториии донишцуён ва завцу савияи ощо якчанд усули ташкили чунин корцоро пешнщод менамояд.^ар як усули пешнщодшуда мавриди тацлили густурда царор гирифта, мавцеъ ва тарафи мусбати он гуфта мешавад.
Зикр мешавад, ки ба мацмуи корцои беруназаудитори ташкил ва гузаронидани чорабиницои гуногун чун цафтаи фанни, конфронси донишцуён, шабнишинии мавзуи, мусобицацо, осорхонаи техники, бозицои дидактики ва гайрацоро тавсия намудан мумкин аст.Хулоса мешавад, ки шакл, мазмун ва усулцои корцои ицрошаванда бо цамдигар вобаста буда, онцо цараёни яклухт ва пурраи таълимро ташкил мекунанд.
Организация внеклассной деятельности студентов по черчению
Ключевые слова: внеаудиторная работа, черчение, обучение, дидактические приемы, кружок, метод обучения
Статья посвящена рассмотрению проблемы организации внеаудиторной деятельности студентов по черчению. Отмечается, что для эффективного осуществления внеаудиторной работы по данному предмету целесообразно определить ее содержание и методы организации.
Автор статьи, выявляя преимущества внеклассных занятий по черчению, с целью достижения наибольшей результативности внеаудиторной деятельности студентов, усиления их интереса и повышения уровня подготовки, предлагает несколько способов и методов организации этих работ.
Наравне с этим, в статье осуществляется всесторонний анализ каждого предложенного метода, определяются его значение и положительные аспекты.
Подчеркивается, что в комплексе внеаудиторных занятий можно порекомендовать организацию и проведение различных мероприятий, таких как предметная неделя, тематический вечер, соревнования, технические показы, дидактические игры и т.д.
Автор статьи приходит к выводу, что содержание, форма и методы осуществляемых работ взаимосвязаны между собой и обеспечивают целостный и полноценный процесс обучения.
Organization of Extra-Curricular Activity of Students on Draughting
Key words: extra-auditorial work, draughting, tuition, didactical approaches, circle, method of teaching
The article is devoted to consideration of problems connected with the organization of extra-curricular activity of students on draughting. It is underscored that for effective effectuating of extra-curricular work targeted at the relevant subject, it is expedient to determine its context and method of organization.
Revealing the advantage of extra-curricular lessons on draughting in order to achieve more resultativeness of the studentsл extra-curricular activity, intensification of their interest and elevation of the level of training, the author of the article offers some ways and methods aimed at these works organization. Alongside with it, in his article the author carries out an comprehensive analysis of each method and he defines its significance and positive aspects.
An emphasis laid upon the idea that in the complex of extra-curricular lessons one can recommend to organize and conduct the following various measures, such as subjective week, theatrical party, competition, technical show, didactical game and etc.
In a nutshell, the author comes to the conclusion that the context, form and method of effectuated works are interconnected between each other and provide the integral and full-fledged process of tuition.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Мирзобоев Зикрулло Зиёдуллоевич, муалллими кафедраи нацшакашй, геометрияи тасвири ва методикаи таълими Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: zikrillo.mirzoboеv@mail.ru Сведения об авторе:
Мирзабоев Зикрилло Зиёдуллоевич, преподаватель кафедры черчения, начертательной геометрии и методики преподавания Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: zikrillo.mirzoboеv@mail.ru Information about h author:
Mirzaboеv Zikrillo Ziyodulloеvich, h tеachеr of h Dеpartmеnt of drawing, dеscriptivе gеomеtry and tеaching mеthods, Khujand Statе Univеrsity namеd aftеr acadеmician B. Gafurov (Tajikistan, Khujand), E-mail: zikrillo.mirzoboеv@mail.ru