13.00.00.илм^0и ПЕДАГОГИ 13.00.00.ПЕДАГ0ГИЧЕСКИЕ НАУКИ 13.00.00.PEDAG0GICAL SCIENCES
13.00.01.ПЕДАГОГИКАИ УМУМЙ,ТАЪРИХИ ПЕДАГОГИКА ВА МАОРИФ 13Ж01.ОБЩАЯ ПЕДАГОГИКА,ИСТОРИЯ ПЕДАГОГИКА И ОБРАЗОВАНИЯ 13.00.01.GENERAL PEDAGOGICS,THE HISTORY OF PEDAGOGICS AND
УДК 378 ББК 74.58. Д - 16
Н.Н.ДАД0Б0ЕВА, Н.ДАД0Б0ЕВ
ТАЧ,РИБАИ ПЕДАГ0ГИ - 0МИЛИ МУ^ИМИ 0М0ДА КАРДАНИ
0МУЗГ0РИ ОЯНДА
Вожа^ои калиди: тайёрии касби, тачрибаомузии педагоги, мутахассиси чавон, махорати педагогй.
Истиклолияти давлатй ва арзи вучуд кардани давлати миллии точикон ба тамоми сохахои зиндагии Точикистон аз чумла низоми маориф таъсири мусбат расонд.Маориф дар сатхи кишвар самти асосй ва стратеги эълон шуда, омили мухимтарини тахкими давлат ва начоти миллат эътироф гардид.
Методологияи маорифи навин тагйир ёфта, асоси онро хуччатхои такдирсози замони истиклол - Конститутсияи Чумхурии Точикистон, ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи мактаби миллй, Консепсияи миллии тахсилот, Консепсияи миллии тарбия, гояхои ватандорию ватандустй, вахдат ва ифтихори миллй ташкил дод.
Навгонии чиддй дар мазмуни тахсилот ворид гардида, наккшахо ва барномахои нави таълим, фанхову китобхои дарсии нав, ихтисосхои гуногун руйи кор омаданд. Дар робита бо такозои замон стандарти давлатии тахсилот пешниход гардид. Дар фаъолияти мактаб ва муаллимон муносибат ва технологияи навчуии таълим, аз кабили таълими хамгиро, тафрика ва омузишхои фаъол арзи вучуд карданд, мактабхо бо техникаи навтарини компютерй тачхизонида шуданд.
Коллечу омузишгоххо, донишкадаю донишгоххои педагоги, ки микдори онхо сол то сол меафзояд, саъю талош доранд, ки усул, тарз ва воситахои нисбатан муассири тарбияи кадрхои ояндаи педагогиро дарёбанд, онхоро ба фаъолияти минбаъда бехтару хубтар омода созанд.
Эмомалй Рахмон дар Паёми хеш ба Мачлиси Оли аз 20 январи соли 2016 кайд карданд, ки «Хукумат барои таъмин намудани пешрафти сохахои илму маориф, хамчун самти афзалиятноки сиёсати ичтимой аз тамоми имкониятхо истифода карда, доир ба баланд бардоштани сатху сифати таълим, таъмини самаранокии фаъолияти омузгорон ва такмили малакаи педагогии онхо тамоми чорахои заруриро амалй мегардонад» (1, 22).Дар шароити муносибатдои чамъиятии чадони зудтагйирёбанда ва инкишофи босуръати технологияи иттилоотй донишдои фундаменталии касбй датмй мегарданд, аммо ин максад ва манфиатдои нидоии содаи маорифро бапуррагй ифода карда наметавонад. Мудассилин бояд дар катори мачмуи донишдои касбй ва технологияи иттилоотй, кобилияти кордонй ва мадорати касбй низ дошта бошад. Максади тадсилот дар мамлакат мадз ба дамин нигаронида шудааст. Ба мудассилин омузонидани мадорати мустакилона фаъолият намудан, кобилияти мустакилона тадлил кардан, истеъдоди самаранок истифода бурдани иттилоот барои татбики максималии имкониятдои худ ва иштироки муфид дар даёти чомеа хеле мудим ва аз масоили доги руз мегардад.
Масъулиятшиносй дар таълим, тавре дар илми педагогика маълум аст, бехтарин василаи мустакилияти фикрй ва маънавй ба хисоб меравад. Ба тавассути масъулиятшиносй, фикри мустакилонаю мантикй ва интикодй кудакон тахлили мазмуни руйдоду ходисахо, мукоиса, ёфтани фаркхою монандихо, хулосабарорй ва санчиши такрории (дар амалия) донишхоро ёд мегиранд. Ин дар навбати худ самти инкишоф ва сифати дониш (тафаккур), хотира, чахонбинии илми ва маънавии онхоро муайян менамояд. Дар раванди инкишоф ва тарбияи фикрй устувории хотира мавкеи пешбаранда надорад. Ин табиист, зеро максади умдатарини таълиму омузиш тахлилу таркиб ва инкишофи тафаккур: тафаккури мустакилона, мантикй ва эчодй ба шумор меравад.
Ба ин хулосаи мехварии педагогй дар Аврупо хануз дар охири асри XVI ва аввали асри XVII олимони маъруфи педагог Ян Амос Каменский, Иохдн Генрих Песталотси, баъдтар Константин Дмитриевич Ушинский дар Русия ва дигарон муътакид буданд ва минбаъд пайравони онхо ин акидаро дар илми педагогика асоснок ва устувор карданд. Шояд асрори ривочу равнаки илму техникаи олами Гарб дар чунин мачро гирифтани фаъолияти мактаб нухуфта бошад ва онхо афзалиятмандии инкишофи тафаккурро, ки куллаи баланди он тафаккури эчодист, аз хотира хеле барвакт шинохтаанд? Имруз хам мушовирони хоричй дар чахорчубаи тарз ва воситахои омузиши фаъол ба он исрор мекунанд, ки дар маркази таълими мактабй инкишофи тафаккур гузошта шавад, чунки ин андеша хануз дар асри XVII кашф гардида буд.
Хдмчунин педагогикаи муосир исбот намудааст, ки раванди самарабахши донишандузй, чй мархила ва натичахои инкишоф ва чй ташаккули чахонбинии илмй ва симои маънавии шогирдон ба мазмун, намуд ва тарзу воситахои фаъолият ва ташкили фаъолият вобастаанд.Яъне, фаъолиятнокй яке аз категорияхои марказии педагогика мебошад.
Педагоги барчастаи точик Махмадулло Лутфуллоев дар ин бора кайд мекунанд, ки «Фаъолияти муаллим агар на тасодуфй, балки дар асоси конуният, принсипхо ва коидахои илми педагогика созмон дода шавад, хатман мувофики мантик, максад ва вазифахои инкишофи хонандагон амалй гашта, мазмуни илмро фахмою дастрас пешниход мекунад ва меомузонад, ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад, бошуурй, системанокй ва пайдархамии донишхо, яъне сифати донишро ташаккул дода, боиси баркароршавии робитаи байни шогирдон ва чомеа мегардад» (2, 74).
Омузиши назарии фанхои педагогика, равоншиносй ва илмхои дигари донишгоххои олии омузгорй бо фаъолияти раванди тачрибаомузии педагогии донишчуён вобастагй дорад.
Тачрибаомузии омузгорй яке аз мархилахои асоситарини тайёрии донишчу ба касби оянда аст.
Дар солхои охир талабот нисбат ба тайёрии касбии муаллимон ва тачрибаомузии педагогии донишчуён афзоиш меёбад. Дар шароити кунунй тачрибаомузии педагогй дар накшаи таълимии донишгоххои омузгорй чойи марказиро ишгол мекунад ва кисми басо мухими низоми тайёри намудани омузгори оянда мебошад.
Дар дарсхои назариявй мантики илмии таълиму тарбия ифшо мегарданд.Усул ва услубхои таълиму тарбия мунтазам дар системаи фанхои равоншиносию педагогй, чун педагогика, равоншиносй, усули таълим омузонида мешаванд. Дар натичаи додани маълумоти илмй раванди таълиму тарбия, мохият, конунхо, омилхо ва шароити инкишофи фаъолият ташаккул дода мешавад.Аммо азхудкунии донишхои назариявй барои онро дар амалия истифодабарй кафолат намедиханд.Чунин кафолатро махз тачрибаомузии мунтазами педагогй пайваста бо донишхои назарй дода метавонад.Макоми тачрибаомузии педагогй дар омода намудани омузгори оянда багоят зарур аст.Онро танхо хамчун давоми омузиши амалии назарияи коркарди махорати педагогй фахмидан мумкин нест.
Робитаи назария ва амалия яке аз усулхои барандаи омузиши мактабхои олй хамчун инъикоси мураккаби диалектикии тайёрии омузгори оянда мебошад. Х,амин тавр, кори педагогй хамрохи талабагон дар давоми соли тахсил дар мактаби олй байни назария ва амалия равобити мустахкам карор меёбад.Ба фикри мо, вазифаи мухим ва аввалини тачрибаомузии педагогй-омухтани мушохидаи раванди таълиму тарбия, фаъолияти омузгорон ва талабагон, дарки маъно ва мантики хамкории онхо мебошад. Хуб омухтани назарияи тарбия, омузиши педагогика ва равоншиносй ба дасти омузгор калидеро медихад, ки ба воситаи он сирру асрори нихони таълиму тарбия кушода шавад, мохияти педагогй доштани онхо равшан гардад. Х,амин тавр, мушохидаи педагогй аз чараёни таълиму тарбия бахри дарки амики назария дар якчоягй бо фаъолияти педагогй яке аз вазифахои тачрибаомузии педагогй мебошад.
Тачрибаомуз дар навбати аввал бояд хусусиятхои синнусолй ва равонии мактабхонро дониста гирад, ки барои ин ба вай илми равоншиносй мадад мерасонад. Ташаккули махорати педагогии омузгори оянда бо омузиши донишхои назариявии фанхои педагогика, психология ва методикаи таълими фанхо вобаста мебошад.Аммо донишхои назариявй бевосита барои сайкал ёфтани махорати педагогй мусоидат намуда наметавонанд, чунки ин махорат танхо ба воситаи фаъолияти хуби педагогй ташаккул меёбад. Гайр аз ин бояд ба назар гирифт, ки махорати педагогй дар чараёни ичрои вазифахои амалии таълиму тарбия андухта мешавад. Дар соли сеюм ва чоруми тахсил дар мактаби олй тачрибаомузии педагогие гузаронида мешавад, ки асосан дар мактаб ба азхудкунии кори омузгори фаннй эътибори махсус дода мешавад. Донишчуён тахти назорати мушовирон (методистон) ва муаллимони мактаб ба сифати муаллим ва рохбари синф мустакилона кор мебаранд, хамаи вазифахои пешаи омузгориро ичро мекунанд.Х,ангоми
тачрибаомузии педагоги тачрибаомузон мувофики барномаи тачрибаомузи ва дастурхои пешниходшудаи донишгох амал мекунанд, ки он асосан чунин вазифахоро дарбар мегиард:
1. Азхуд кардани махорат ва муносибати ба максад мувофики педагоги бо талабагон;
2. Азхуд кардани махорати омухтани хар як хонанда;
3. Азхуд кардани корхои ташкилии форигазсинфии талабагон;
4. Азхуд кардани махорати баркароркунии робита бо падару модарони талабагон. Донишчуён аз рузхои аввали коромузи накшахои таквимии таълимии фанни, накшаи корхои
таълими ва тарбиявии рохбари синфи вобасташударо ёддошт мекунанд ва ба хайси рохбари синф корхои тарбияви баргузор менамоянд. Онхо корхои таълими - тарбиявиро гузаронида, дар хонандагон хисси якдигарфахми, шуурноки, ватанпарасти, мехнатдусти, тарбияи эстетикию физиологи ва одобу ахлокиро бедор менамоянд. Дар рафти тачрибаомузи хар як донишчу худро хамчун мутахассиси чавон, ки дорои гояхои боварибахш, хислатхои баланди ахлоки, аз чихати ичтимои фаъол ва бо хонандагон мехрубон будан ва шавку хаваси зиёд нисбати касби худ доштанро нишон медихад. Дар рафти кор донишчу худро хамчун кордони сохибхукук нишон дода, тамоми хастиашро бо хаёти мактаб пайваст мекунад.
Хар як дарс ва чорабинии тарбияви дар чамъомади тачрибаомузон ба таври муфассал барраси карда мешавад ва хамаи ин бояд дар рузномаи шахсии хар кадом тачрибаомуз инъикос ёбад.
Донишчуён метавонанд, ба хамаи саволхое, ки дар давраи тачрибаомузи пайдо мешаванд, аз рохбарони гурух, маъмурият ва омузгорони мактаб пурсон шаванд, акидахои худро барои такмил ва ташкили тачрибаомузи баён намоянд, дар корхои чамъиятии шогирдон иштирок кунанд, дар конференсия ва мачлисхо баромад намуда, аз китобхона ва аз утокхои бо аёниятхо тачхизонидашуда истифода баранд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Паёми Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, Эмомали Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20 январи соли 2016. - Душанбе: Шарки озод, 2016. 40с.
2. Лутфуллоев, М. Педагогикаи шафкат/Лутфуллоев М. - Душанбе, 2004. -170 с.
3. Лутфуллоев, М.Дидактикаи муосир/Лутфуллоев М. - Душанбе: Маориф ва фарханг, 2010. -432с
4. Лутфуллоев, М. Истиколияти Точикистон ва маорифи навин/Лутфуллоев М. - Душанбе: Сахбо, 2006.-216с
5. Лутфуллоев, М.Антология педагогической мысли таджикского народа/ М. Лутфуллоев, С. Сулаймони, Х. Афзалов.- Душанбе: Матбуот, 2009. - 448 с.
6. Шарифзода, Ф.Педагогика/ Шарифзода, Ф., Каримова Н. - Душанбе: Ирфон, 2007. - 263 с
7. Шарифзода Ф.Педагогикаи умуми ва касби/ Шарифзода Ф., Миралиев А.М.-Душанбе: Ирфон, 2012. - 562 с
REFERENCES:
1. The Message of the Leader to nations, President of the Republic Tajikistan Emomali Rahmon on Majlisi Oli of the Republic Tajikistan from 20.01.2016 - Dushanbe: Free Orient, 2016. - 40p.
2. Lutfulloev, M. Pedagogic mercy/ M. Lutfulloev. - Dushanbe, 2004- 170p
3. Lutfulloev,M.Modern didactical/ M.Lutfulloev.-Dushanbe: Formation and culture, 2010.-432 p
4. Lutfulloev, M. Independence Tajikistan and modern formation/M. Lutfulloev. - Dushanbe, 2006.-216 p
5. Lutfulloev, M. Anthology to pedagogical thought tajik folk/ M. Lutfulloev, S. SulaymonW, H. Afzalov. - Dushanbe: Matbuot, 2009. - 448 p .
6. SHarifzoda F.Pedagogika/ SHarifzoda F., Karimova N. - Dushanbe:Irfon,2007.- 263p.
7. SHarifzoda F.General and professional pedagogic/ SHarifzoda F., Miraliev A.M.- Dushanbe: Irfon, 2012. - 562 p.
Педагогическая практика- важный фактор подготовки будущего учителя
Ключевые слова: профессиональная подготовка, педагогическая практика, молодой специалист, педагогическое мастерство.
В статье характеризуются серьёзные преобразования в содержании образования, прежде всего, в сфере деятельности школы1 и учителя, отношения и технологии обучения, которые произошли после обретения независимости республикой.Поставленныш в статье вопрос является важным и своевременным, так как занимает центральное место в системе подготовки будущих учителей.
В статье педагогическая практика оценивается как решающий период подготовки студента к будущей профессии.Определяются основные задачаи педагогической практики, которы!
заключаются в наблюдении и изучении воспитательного и образовательного процессов, деятельность учителей,учащихся, содержание и логика их сотрудничества, подчеркивается непрерывная связь теоретических знаний с педагогической практикой.
Pedagogical Practice as an Important Factor beset with Training of Future Teacher
Keywords: training, pedagogical practice, young specialist, pedagogical skill.
The given article is devoted to one of the most important aspects of the training system of teachers as pedagogical practice. There in article pedagogical practice is theorized as a decisive factor during the training student to their future profession. The author of the article defines the important tasks of pedagogical practice, which consist of observation of educational processes, activity of the teachers, learners, content and logic of their cooperation. Also there underlined the connection of theoretical knowledge with pedagogical practice in this article.
Маълумот дар бораи муаллифон:
Дадобоева Нодирахон Нуруллоевна, номзади илмхои педагогй, дотсенти кафедраи геоэкология ва методикаи таълими Донишгохи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Рафуров (Цумхурии Тоцикистон, ш.Хуцанд),Е - mail: dadoboevan@mail.ru
Дадобоев Нурулло, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгохи давлатии Хуцанд ба номи академик БобоцонРафуров (Цумхурии Тоцикистон, ш.Хуцанд),
Сведения об авторах:
Дадобаева Нодирахон Нуруллоевна, кандидат педагогических наук, доцент кафедры геоэкологии и методики преподавания Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд),Е - mail: dadoboeva n@mail.ru Дадобаев Нурулло, доцент кафедры общей педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), Е - mail: dadoboeva n@mail.ru
Information about authors:
Dadobaeva Nodirahon Nurulloevna, candidate of pedagogical sciences, Associate Professor of the Department of geoecology and the methods of its teaching under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic,Khujand),E - mail: dadoboevan@mail.ru Dadobaev Nurullo, Associate Professor of the Department of general pedagogy under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic,Khujand), E-mail:dadoboeva n@mail.ru