УДК 37.013.46 Н.С.АЗИМОВА
ББК 74.580.2
ТЕХНОЛОГИЯМИ ТАЪЛИМИ ФАННИ МАТЕМАТИКАМ ОЛЙ БАРОИ ДОНИШ^УЁНИ ДОНИШГО^ОИ ИЦТИСОДИ
Вожа^ои калиди: услуби таълим, низоми услуби, принеищои таълим, технологияи таълим, таълими инкишофёбанда, ягонагии назария ва амалия
Дар давраи муосири рушди чомеа зиёд шудани хачми афзоиши иттилоот талаб менамояд, ки ба суръат ва сифати азхудкунй ва истифодаи минбаъдаи он дар фаъолияти касбй эътибори хоса зохир намоем. Мак;сади тахсилоти олй - таълиму тарбияи мутахассисони дарачаи баланд мебошад.Стандартхои давлатии тахсилоти олй аз хатмкунандагони ихтисосхои гуногун як ^атор салохиятхои мухими умумифархангй ва касбиро талаб менамоянд. Ин талабот ба таълими фанни математика хамчун асоси фанхои дакик низ дахл дорад.
Мухолифат байни талаботи ичтимоии чомеа ба мутахассисони баландихтисос ва сатхд нокифояи дониши математикии хатмкунандагони ихтисосхои иктисодй, инчунин байни гуногунрангии технологиями муосири таълим ва истифода нашудани онхо дар раванди таълими тахсилоти олй ба миён омадааст.
Мархилаи имрузаи рушди тахсилоти олй тагйироти сифатии мазмун, сохтор ва татбщи технологияхои нави таълимиро дар раванди таълим такозо менамояд. Бояд ^айд намуд, ки аксарияти омузгорони донишгоххои иктисодй омодагии касбии равонй - педагогй надоранд ва мутахассисони сохахои гуногуни ба фаъолияти педагогй мувофикнабуда махсуб меёбанд.
Дар навбати худ, муаллимон фанни математикаи олй, ки таълимоти асосии иктисодиро дар сохаи дахлдори тахсилот надорад, на хама вакт метавонад ташкили дурусти раванди таълими фан барои ихтисосхои иктисодй ва алокаи байнифанниро таъмин менамояд. Аз ин ру, ин омилхо метавонанд ба паст шудани сатхд умумии ^обилияти зехнии донишчуён таъсири манфии худро расонанд.
Имрузхо муносибати донишчуён ба раванди таълим ва воситахои ба даст овардани иттилоот дигар шуда, онхо зарурати донишандузиро ба хубй дарк менамоянд. Дар мачмуъ, талаботи донишчуён ба мундарича, усул, воситахо, ташкил ва натичахои раванди таълим ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Омодагии хамачонибаи методии омузгор имкон медихад, ки алокаи байнихдмии конуниятхои умумй ва принсипхои таълим, ки дар дидактика коркард шудаанд, ба монанди илмият, дастрасй, азхудкунии бошуурона, фаъолнокй ва мустакилият, муносибати инфиродй, таълими инкишофёбанда, ягонагии назария ва амалия, омезиши шаклхои гуногуни фаъолият ва х., ки таъсири бехтарини хамгироии омузгор ва донишчуро таъмин менамоянд, амалй гардонад. Хдмаи ин далелхо ба зарурати коркард ва татбщи технологияхои нави таълимй, аз чумла, технологияи комплексии таълими математика дар мактабхои тахсилоти олй барои донишчуёни ихтисосхои иктисодй таъкид менамояд.
Тахлили адабиёти илмй ва таълимй нишон медихад, ки истилохи «технологияи педагогй» хар гуна шарх дода шудааст. М.А.Чошанов кайд менамояд, ки танхо технологияхои педагогй нишонахои ба худ хоси натичагирй, самаранокй, алгоритмкунонй, ягонагй, идорашаванда, ислохшаванда ва гайраро доранд (8). Технологияи педагогй ё технологияи таълимй як кисми таркибии низоми дидактикй ё методй мебошад. Ба акидаи М.А.Чошанов низоми методй барои халли масъалахои зерин нигаронида шудааст: Чиро таълим додан? Барои чй омухтан? Чй тарз омухтан?
Технологияи таълимй бошад ба саволи сеюм пурратар чавоб медихад: чй тарз самаранок омухтан?
Технологияи таълимии М.А.Чошанов хам низоми методй ва хам педагогй махсуб меёбад (8,8-13).
Мафхуми «технологияи таълимй» нисбат ба мафхуми «услуби таълим» васеътар мебошад. Яъне, технология ба саволи «чй тарз бо рохи бехтарин ба максадхои таълим ноил гардидан» чавоб медихад. Одатан дар технологияхо бештар чузъхои микдорй ва хисобй, дар услуб бошад, максаднокй, мундаричавй, сифатй, рахномой дида мешавад (7).
Истифодаи технологияи таълим нисбат ба услуб бо натичахои назаррас ва муфид афзалият дорад. Г.К. Селевко кайд кардааст, ки дар натичаи омезиши технология ва услуб, услуб ба таркиби технология ё баръакс- ин ё он намуди технология ба таркиби услуб дохил мешавад (6).
Инак, ба технология чунин таъриф додан мумкин аст: технологияи таълимй- ин татбики амалии низоми услуб буда, ба истифодаи дидактикии дониши илмй, ки ташкили раванди таълимро бо назардошти навоварихои эмпирикй ва ноил гаштан ба натичахои бехтарин ва самаранокии он дар бар мегирад, нигаронида шудааст. Технологияхои таълимй чунин намудхо доранд:
• консептуали, ки максади таълим, роххои ноил гардидан ба он, талаботхо нисбати натичахо, принсипхои дар технологияхо истифодашавандаро дар бар мегирад;
• мундарицавй, ки мундаричаи таълим ва хусусиятхои банакшагирии онро барои ин технология муайян мекунад;
• услубй, ки услубхо ва воситахои таълимро дар бар мегирад;
• раванди, ки хуччатгузории меъёрии раванди таълим, барномаи таълимй, накшаи таълимй ва гайраро дар бар мегирад;
• санцишй, ки самаранокии технологияро месанчад.
Зери мафхуми низоми услуби мачмуи чузъхои сохтории байни хам алокаманд, ки фаъолияти субъектхои раванди таълимй- тарбиявии ба максадхои тахсилот тобеъшуда ва барои гирифтани натичаи дилхох нигаронидашударо муайян мекунад, фахмида мешавад. Максадхо, принсипхо, мундарича, усулхо, воситахо, шаклхои таълим, санчиши дониш, натичаи таълимот ба чузъхои сохтории низоми услубй дохил мешаванд. Ба сифати чузъхои вазифавии низоми услубй инхоро номбар намудан мумкин аст:
• гностикй- амалхое, ки ба чамъоварии донишхои нав оид ба максадхои низом ва воситахои ноил гардидан ба он, холатхои субъектхои байни хам таъсиркунандаи педагогиро дар худ дорад;
• лоихавй- амалхое, ки бо накшагирии масъалахо ва тарзхои халли онхо алокаманданд;
• конструктивй- амалхое, ки бо муайян кардани муносибати байнихамии омузгор ва донишчу алокаманданд;
• ташкилй- амалхое, ки амалй гаштани ташкили накшахои мушаххаси педагогиро муайян месозанд.
Х,амин тавр, низоми услубй асоси назариявй барои коркарди технологияхои таълимй мебошад ва дар навбати худ, технологияхои таълимй низоми услубиро дар раванди мушаххаси таълимй- тарбиявй тачассум менамоянд. Факат дар ягонагй онхо метавонанд шароитхои зарурй ва кофиро барои бехтар намудани раванди таълимй- тарбиявй дар мактаби тахсилоти олй таъмин намоянд.
Коркарди технологияихои нави таълими фанни математикаи олй, хамчун фанни асосй барои иктисодчиёни оянда, имконияти баланд бардоштани сифати дониши математикии донишчуёни ихтисосхои иктисодиро фарохам оварда, сатхи фаъолияти мустакилонаи таълимй- маърифатии онхоро муайян менамояд. Ин технологияхо бояд дар асоси муносибатхои замонавй ба дарачаи тайёр намудани мутахассисони соха коркард шуда бошанд. Барои сахех бахо додан ба фаъолияти таълимии донишчуён коркарди технологияи баходихии сатхи азхудкунии мавзухои фаннй мухим аст. Ин имконият медихад хисси каноатмандии донишчуён аз раванди таълим афзун шавад.
Дар раванди халли масъалахои математикй мафхуми «технологияхои таълимй ё педагогй» аз се нуктаи назар дида мешавад:
1) илмй: технологияи педагогй- кисми илми педагогика буда, максад, мундарича ва усулхои таълимро меомузад ва коркард менамояд, равандхои педагогиро ба лоиха мегирад;
2) равандй- тавсифй: баёни (алгоритми) раванд, мачмуи максадхо, мундарича, усулхо ва воситахои ба даст овардани натичахои дилхохи таълим;
3) равандй- амалй: тадбик намудани раванди технологй (педагогй), амалй намудани воситахои методологй ва педагогй.
Х,амин тавр, технологияи педагогй хам ба сифати илме, ки роххои бехтарини таълимро тадкик менамояд, хам ба сифати системаи тарзхо, принсипхое, ки дар таълим истифода мешаванд ва хамчун раванди таълим баромад мекунад.
Дилхох технологияи таълимй ба як катор талаботхои методологй бояд чавобгу бошад:
• Консептуали. Х,ар як технологияи педагогй бояд ба консепсияи муайяни илмй, ки аз нуктахои назари философй, психологй, дидактикй ва ичтимой- педагогй максадхои таълимй асоснок карда мешаванд, такя кунад.
• Системави. Технологияи педагогй бояд тамоми нишонахои системаро дошта бошад: мантикй будани раванд, ба хам алокамандии хамаи хиссахои он, ягонагй.
• Идорашаванда. Имконияти банакшагирй, балоихагирии раванди таълим, назорати мархилавй, тагйир додани восита ва усулхо бо максади дигаргунсозии натичахо.
• Муфиди. Технологияхои муосири педагогй дар шароити ракобатпазирй арзи вучуд доранд, бинобар ин бояд натичахои дилхохро кафолат диханд.
• Такрористе^солй. Имконияти истифодаи технологияи педагогй дар дигар муассисахои таълимии хамшабех аз тарафи дигар субъектхо.
Инкишофи муносибати технологй ба раванди таълими фанни математикаи олй шароити хубе барои таълими максадноки ин фан фарохам меорад. Тахлили адабиётхои илмй ва тадкикотхои гузаронидашуда нишон медиханд, ки масъалаи истифодаи технологияхои педагогй дар рафти машгулиятхо аз фанни математика барои донишчуёни ихтисосхои иктисодй ба таври кофй баррасй нагардидааст. Дар рафти машгулиятхо аз фанни математика истифодаи технологияхои зерин мувофики максад мебошад:
1. Технологияи ташаккули муносибат ба азхудкунии коидахо, таърифхо ва теоремахо ба воситаи алгоритмкунонии амалхои донишчуён (М.Волович) (3).
2. Технологияи таълим дар асоси халли масъалахо (Р.Хасанкин).
3. Технологияи таълим дар асоси системаи машгулиятхои босамар (А.Окунев).
4. Технологияи таълими инкишофёбанда (Д.Б. Элконин, В.В. Давидов) (4).
5. Технологияхои иттилоотй- коммуникатсионй.
Инчунин, истифодаи технологияхои муносибати инфиродй, технологияи модулй-рейтингй, технологияи тарзи хамгироии таълим, технологияи интерактивй ва х. дар раванди омузиши фанни математикаи олй барои инкишофи хамачонибаи донишчуёни ихтисосхои иктисодй мусоидат менамоянд.
Солхои охир технологияи таълимии модулй- рейтингй мархилаи нави тараккиёти худро гузашта истодааст ва дар хамаи сатхи тахсилот- ибтидой, миёна ва олй мавриди истифода карор дорад.
Мутахассисони сохаи тахсилоти олй иброз медоранд, ки истифодаи технологияи модулй-рейтингй имконияти назорати объективй ва системавии натичахои таълими донишчуёнро фарохам оварда, фаъолнокии онхоро дар фаъолияти мустакилона баланд мебардорад (1).
Мохияти технологияи модулй дар он аст, ки мазмуну мундаричаи таълим аз руи максадхои дидактикй ба блокхои (модулхои) ташкилй- методй чудо карда мешаванд. Максади таълими модулй дар мактабхои олй бо рохи мутобиккунии таълим ба талаботхои шахсй ва сатхи дониши донишчуён ташкили шароити мусоид барои инкишофи шахсият мебошад (2).
Хусусияти технологияи модулй дар он аст, ки кисми зиёди онро корхои мустакилонаи донишчуён фаро гирифтааст. Бинобар ин лозим аст, ки раванди таълим бо усулхои инноватсионй, ки интерактивй ном гирифтаанд, фаъол гардонида шавад.
Истифодаи васеи технологияхои таълим дар раванди омузиши фанни математика кобилиятхои донишчуёнро такомул дода, барои таълиму тарбияи мутахассис накши мухим мебозад. Ба омузгор лозим аст, ки ба инкишофи кобилиятхои эъчодии донишчуён низ эътибор зохир намояд, зеро он элементи зарурии машгулияти замонавй мебошад. Фанни
математика чихдти ташаккул ва инкишофи ин кобилият хдмачониба мувофик аст. ^обилияти эъчодии донишчуён дар натичаи
S халли масъалахои гайристандартй;
S халли мисолу масъалахои хислати тадкикотидошта;
S хдлли масъалахои барои исбот;
S хдлли мисолу масъалахо барои муайян кардани хатогй;
S халли масъалахои шавковар;
S чустучуи х,алх,ои гуногуни як масъала ва интихоби бех,тарин байни онх,о;
S халли масъалахое, ки маълумотхо аз дигар фанхои математика истифода бурда мешаванд;
S хдлли масъалах,ои синтетик ташаккул ва инкишоф меёбад (5).
Аз дарачаи фаъолнокии эъчодии донишчуён, самаранокии фаъолияти таълимй барои инкишофи тафаккур, вобастагии калон дорад. Истифодаи технологиями нав дар раванди таълими фанни математикаи олй имконит медихдд, ки якрангии машгулиятх,о ва фаъолияти донишчуён бартараф карда шавад.Ба омузгорон лозим аст, ки имкониятх,ои равонй-педагогй, дидактикй, ташкилй ва технологии истифодабарии математикаи олиро дар самти тахассус барои донишчуёни ихтисосхои иктисодй омузанд ва тадкик намоянд, то ки таълими ин фан максаднок гардад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Боев, О. Тенденции математической подготовки инженеров/ О.Боев, О.Имас.// Высшее образование в России. -2005. - № 4. -С. 15-22.
2. Бекирова, Р.С. Организация модульного обучения по дисциплинам естественнонаучного цикла (на примере курса математики в техническом вузе): дис. ... канд. пед. Наук/ Р.С. Бекирова. - М., 1998. - 186 с.
3. Волович, М.Б. Наука обучать (технология преподавания математики)/ М.Б. Волович. -М., 1995.-322с
4. Давыдов, В.В. Проблемы развивающего обучения: Опыт теоретического и экспериментального психологического исследования/ В.В Давыдов. - М.: Педагогика, 1986.- 240 с.
5. Лучникова, А. М. Учёт трёбований к современному уроку при организации учебной деятельности/ А.М. Лучникова. - Электронный ресурс: www.ped-soob-gimnazia.narod.ru
6. Селевко, Г. К. Современные образовательные технологии: учебное пособие/ Г.К. Селевко.- М.: Народное образование, 1998. - 256 с.
7. Сибирская, М. П. Педагогические технологии и повышение квалификации инженерно-педагогических работников / М.П. Сибирская.// Науч.-метод. совет. Учеб.-науч.-метод. объединение вузов России по инж.-пед. образованию. -СПб., 1997. - 193 с.
8. Чошанов, М. А. Что такое педагогическая технология? / М.А. Чошанов.//Школьные технологии. - М.,1996. - №3. - С. 8-13.
REFERENCES:
1. Boev, O Tendency of mathematical training of engineers/ O. Boev, O Imas// Higher Education in Russian -2005. - № 4. -P. 15-22.
2. Bekirova R.S. Organization of modular training on natural science ( based on the sample of math and technology courses) dissertation for a degree of pedagogical science. Nauka/ R.S. Bekirova Бекирова. - М., 1998. - 186 p.
3. Volovich, M.B. The science of training( technology of teaching math)/ M. B. Volovich. - М., 1995.-p
4. Davidov, V.V. The issues of developing educational science: Theoretical and practical experience of the research/ V.V. Davidov- M- Pedagogy , 1986.- 240 p.
5. Luchnikova, A. M. Uchet trebovaniya k sovremennomu uroku pri organizatsi uchenboi deitelnosti/ A.M. Luchnikova - electronic recourse : www.ped-soob-gimnazia.narod.ru
6. Slevko, G.K. Modern educational technology: course book/ G.K. Selevko- M., 1998. - 256 p.
7. Sibirskaya, M. P. Pedagogical technology and professional development of pedagogic engineers. / M.P. Sibirskya// Nauch-metod. Sovet nauchnometodicheski uchebnik obedinene voozov Rossi. Collection ., 1997. - 193 p.
8. Choshanov, M.A. What is pedagogical technology?/ M.A. Choshanov// School technology. -М.,1996. - №3. - P. 8-13.
Технологии обучения высшей математике студентов экономических вузов
Ключевые слова: методы обучения, методическая система, принципы обучения, технологии обучения, развивающее обучение, модульно-рейтинговая технология, творческие способности.
Современный темп развития высшего образования требует качественного изменения содержания, структуры процесса обучения и использование новых технологий.
В статье рассматривается вопрос о важности развития комплексной технологии обучения высшей математике студентов экономических вузов. Технологии обучения рассматриваются как педагогическая категория.
Методическая система является теоретической базой для разработки технологий обучения. Технология обучения является воплощением методической системы в конкретном учебно-воспитательном процессе. Только в своем единстве они образуют необходимое и достаточное условия для его осуществления.
В статье дается определение технологии обучения и рассматривается эффективность его использования в учебном процессе. Рассматривается ряд дидактических требований предъявляемые технологиям обучения. Применение модульно- рейтинговой технологии обучения позволяет достичь систематичности и объективности контроля за результатами обучения студентов и повысить активность в самостоятельной учебной деятельности.
Technology learning higher mathematics students of economic universities
Keywords: the methods of learning, methodical system, principles of training, technology of teaching, developing teaching, modular-rating technology, creative ability.
Today's technology learning higher mathematics students of economic universities. The article discusses the importance of learning technologies of higher mathematics students of economic universities. Technology training is considered as a pedagogical category.
Methodical system is a theoretical basis for the development of learning technologies. Technology training is the epitome of methodical system in particular the educational process in its unity. They form a necessary and sufficient condition for its implementation.
The article defines learning technologies and examines the effectiveness of the usage in the educational process. The author examines a number of didactics demands of teaching technology. Using modular- rating technology of teaching let us to reach systematical and neutrality control for the result of teaching of the students and raise the activity in individual educational work.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Азимова Назира Самадовна, номзади илмуои педагоги, дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоуи давлатии ^уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail: nazira-tgu@mail.ru Сведения об авторе:
Азимова Назира Самадовна, кандидат педагогических наук, доцент кафедры высшей математики и моделирования Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: nazira-tgu@mail.ru
Information about the author:
Azimova Nazira Samadovna, Candidate of Pedagogical Sciences, Associate Professor of High mathematics and modeling Tajik State University of right, Business and Politics. (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: nazira-tgu@mail.ru