ТДУ 8Т2
DOI:10.51844-2077-4990-2023-3-262-267
Хакимова Сурайё Хасансултоновна, н.и.ф, омузгори кафедраи журналистика ва назарияи тарцумаи МДТ "ДДХ ба номи акад. Б. Fафуров"(Тоцикистон, Хуцанд)
Хакимова Сурайё Хасансултоновна,
к.ф.н.,преподаватель кафедры журналистики и теории перевода ГОУ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова (Таджикистан, Худжанд)
Hakimova Surayo Hasansultonovna, candidate of philological sciences, lecturer of the department of journalism and theory of translation of sEl "KSU named after acad. Bobojon Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]
Вожацои калщщ: рузнома, Шарифцон Х,усейнзода, "Пролетари Хуцанд" адабиёт, шумораи цашни, сахифаи адаби
Дар макола масъалаи накди маводи адабии рузномаи "Пролетари Хуцанд" (айни хол "Х,ак,щати Сутд") аз цониби Шарифцон Х,усейнзода барраси шудааст. Маколаи Ш.Х,усейнзода "Дар рохи санъати бузурги сотсиалисти " унвон дошта, тахлилу барраси ва накди кутохе ба сахифаи адабии "Адабиёт ва саноеии нафиса" мебошад. Таъкид мешавад, ки дар соли дувуми нашри ба риштаи накд кашида шудани фаъолияти адабии рузномаи "Пролетари Хуцанд" ва сахифаи адабии он маълум месозад, ки царида дар тарFибу ташвщи илму адаб сахми арзанда доштааст ва имрузхам инрисолатро сарбаландона ба цо меорад.Пажухиш нишонмедщад, ки рузнома аллакай аз рузхои нахустини нашри хеш ба масъалахои адабиёт, ба вижа тарFибу ташвщи адабиёти милли таваццух намуда, дар баробари нашри хикояву шеърхои цолиб сахифаи махсуси адаби бо номи "Адабиёт ва саноеи нафиса" доштааст. Маколаи Шарифцон Х^усейнзода "Дар рохи санъати бузурги сотсалисти "-ро аз маколахои бозёфтии адабиётшиноси маъруф, ки дар огози фаъолияти илмии хеш иншо намудааст ва то кунун дастраси ахли назар набуд, шинохтан мумкин аст.
Ключевые слова: газета, Шарифджон Хусейнзода, «Пролетарий Худжанда», литература, праздничный номер, литературная страница
Рассматривается вопрос критики литературных материалов в газете "Пролетари Худжанд" (сейчас «<Хакикати Сущ») Шарифджоном Хусейнзаде. В статье Ш.Хусейнзаде, которая называется «Дар рохи санъати бузурги сотсиалисти» («На пути великого социалистического искусства"), проводится критический анализ на литературной странице газеты - «Адабиёт ва саноеии нафиса» («Литература и изящное искусство"). Подчёркивается, что со второго года издания газеты "Пролетари Худжанд" и ее литературной страницы стало известно, что газета внесла достойный вклад в пропаганду науки и литературы и сегодня продолжает выполнять эту миссию с гордостью. Исследование показывает, что с первых дней своего издания газета уже уделяла внимание вопросам литературы, особенно пропаганде национальной литературы. Статью Шарифджона Хусейнзаде «На пути великого социалистического искусства», которую он написал в начале своей научной деятельности, можно назвать уникальной находкой. Однако она до сих пор не была доступна широкой публике.
Key words: Newspaper, Sharifjon Huseynzoda, "Proletary of Khujand", literature, holiday issue, literary page
The article discusses the issue of criticism of literary materials in the newspaper "Proletari Khujand" (now "Hakikati Sugd") by Sharifjon Huseynzoda. The article named "Dar rohi san'ati buzurgi sotsialisti" ("On the way of the great socialist art"), provides a critical analysis on the literary page of the newspaper - "Adabiyet va sanoeii nafisa" ("Literature and fine art"). Since the second year of newspaper's publication and its literary page, the newspaper has made a worthy contribution to the promotion of science and literature and today continues to fulfill this mission with pride. The study shows that from the first days of its publication, the newspaper has already paid attention to literary issues, especially to the promotion of national literature. Sharifjon Huseynzoda's article "On the way of great Socialist Art" can be called a unique find, which he wrote at the beginning of his scientific activities, but which was not available to the general public before.
МАКОЛАИ ШАРИФЦОН ХУСЕЙНЗОДА ВА АВВАЛИН НАДДИ МАВОДИ РУЗНОМАИ "ХАДШАТИ CYFff' СТАТЬЯ ШАРИФДЖОНА ХУСЕЙНЗАДЕ И ПЕРВЫЙ ОБЗОР СОДЕРЖАНИЯ ГАЗЕТЫ «ХАКИКАТИ СУГД»
THE ARTICLE OF SHARIFJON HUSEINZODA AND THE FIRST REVIEW OF THE CONTENTS OF THE NEWSPAPER "HAKIKATI SUGD "
Aсри ХХ мархалаи дигаргyнии куллй дар равиши зиндагии чомеаи Точикистон 6уд. Ин;илоби Октябри соли 1917 дар шумори кишвархои соби; Иттиходи Шуравй мохияти маънавии хаëти мардуми точикро тагйир дод. Яке аз навгонихои мухими даврони шуравй, дар баробари дигар сохахо, таъсис ва ривочу равна;и матбуот буд. Mатбyоти миллии точик дар замони шуравй бо "мазмунан сотсиалистй" мархалаи мухими сарнавиштсозро аз сар гузаронид.
Mатбyоти солхои 20-уми асри ХХ аз нигохи таърихи ташаккул добили таваччух буда, ин раванд дар солхои 30-юм густариши бесоби;а пайдо кард. Дахсолахои аввали садаи ХХ, ки давраи нахустини адабиëти советй махсуб меëбад, аз мухимтарин мархалахо дар таърихи адабдат, матбуот ва фарханги точик ба шумор меравад, зеро дар ин мархила адабиëти советй шакл гирифта ба рушди минбаъда замина гузошта шуд.
Омузиш ва тах;и;и таърихи адабдат ва навди адабй дар солхои 20-30-уми асри гузашта яке аз самтхои мухими адабиëтшиносии муосир аст, зеро баъд аз ;арори таърихии KM ^изби коммунисти соли 1932 "Дар бораи азнавсозии ташкилоти адабй-бадей" дар адабиëтшиносй ва на;ди адабии точик фаъолияти чиддиву густарда чараëн гирифт, ки ба рушди адабдати шуравии точик мусоидат кард. Mатбyоти даврй низ чихати ичрои ;арори мазкур маводи чолибу навдхои арзишмандро дар сахифахои хеш нашр менамуд. Ин масъалахо дар адабдатшиносии муосир дар тах;и;оти устодон Myхаммачон Шакурй, Mаърyф Рачабй, Шарифчон Хусейнзода, Худойназар Aсозода, Aбдyхоли; Набавй, Mатлyбаи Mирзоюнyс, Myрод Myродов, Субхони Aъзамзод ва дигарон баррасй шудааст.
Во;еан, ма;олахое, ки рочеъ ба адабдатшиносй ва навди адабй дар матбуоти точик дар ин солхо нашр шудаанд, дар ташаккули андешаву афкори адабй ва шуури миллии замон на;ши бориз доштанд. Бино ба таъкиди адабдатшинос Субхони Aъзамзод "тах;и; ва баррасии таърихи матбуоти точик дар контексти таърихи адабдати точик яке аз мухимтарин масоили шинохти падидахои адабй ва матбуотй дар ибтидои асри ХХ махсуб мешавад.
Дар хавзаи адабии Хучанд тарFибy ташви;и адабиëт, адабиëтшиносй ва навди адабй ба таъсиси матбуот, аз чумла рузномаи "Рохи колхозчй", (25-уми марти соли 1930, айни хол "^а;и;ати СyFд") ва рушди он сахт ало;аманд аст. Хдйати эчодии рузнома аз OFOЗи фаъолият талош намудаанд, ки адабиëти навини точикро бинобар та;озои талаби замон, образу характерхои равшану мушаххас ва шаклу жанрхои гуногуни адабй муаррифй ва тарFибy ташви; созанд.
Гуфтанист, ки дар OFOЗи асри ХХ на;ди матбуот "асосан дар атрофи масъалахои ба он замон мухим - фахмиши марксистии матбуот ва адабиëт, мохияти синфии матбуот ва адабиëт, тарFибy бyнëди матбуот ва адабиëти пролетарй, арзëбии намунахои матбуот ва адабдат аз руи меъëрхои синфй машFyл буд"[8,с.115]. Myха;;и; M.Myродов низ ;айд мекунад, ки "ташаккулу инкишофи адабдати муосир, бахусус насри во;еъ (реалист)- ии он аз хар чихат ба ташкил ва интишори матбуоти даврй сахт ало;аманд аст [10,с.9].
Дар ин мархила ривочи тан;иди адабй барои рушди тафаккури адабй замина фарохам намуд ва чуноне M.Хочаева ;айд мекунад, дар ин мархилаи таърих "адабиëти шаклан миллй ва мазмунан сотсиалистй» дар доираи низоми реализми сотсиалистй арзи вучуд кард ва баробари асархои ;олабй ва камранг асархое низ ба мдан омаданд, ки дар онхо мохияти инсони замон ва худшиносии ичтимоии мехнаткашон чойгох ба даст оварданд"[9,с.49]. Ба андешаи Aбдyхоли; Набавй бошад, "адабдатшиносии марксистй дар солхои 20 ва аввали солхои 30 дар ду самт-на;ди мафкуравии сиëсй ва тан;иди илмии ичтимогаро амал мекард. Хдр ду хам чамъбаи модигарой доштанд; яке аз рохи мафкура ва дигаре аз тари;и тад;и;и илмй асоси методологияи худро бyнëд мекарданд; аввалй дастурхои хизбиро тарFибy химоя мекард; дувумй ма;ому нуфузи мафкураро дар тору пуди кори эчодй ва тасвири бадей ба мушохида гирифта, тахлилу баррасй менамуд"[11]. A.Hабавй таъкид мекунад, ки "сифати навди адабй ва адабдатшиносии точики солхои 20 ва аввали солхои 30-ро хамин ду шохаи на;ди марксистй" муайян месохт.
Во;еан, матбуоти шуравй дар муаррифии адабиëти замони нав хидмати шоистаро ба ичро расонидааст. Myха;;и; A.Aзимов зимни баррасии адабиëт ва матбуоти солхои 30-юми асри ХХ ба ин маънй ;айд мекунад, ки «адабдати нави шуравй аз матбуот маншаъ гирифтааст. Кисми зиëди адибони наслхои якуму дуюми адабиëти точик аввалин чакидахои хомаашонро дар матбуот манзури хонандагон гардонидаанд. Ба ин васила матбуот ба поягузории адабдати нави точик, ба шаклгирии мавзуъ, жанр ва ;олабхои он сабаб шудааст» [3,с.24].
Рузномаи "Пролетари Хучанд" (айни хол "Ха;и;ати Сугд") аз аввалин рузномаи хавзаи Хучанд аст, ки дар огози асри XX ба сифати минбари нахусини адабиёти шуравии точик шинохта шуда, ин вазифаро сарбаландона ичро кард.
Хамакнун нашрияи Ма;моти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд "Ха;и;ати Сугд" беш аз навад сол аст, ки дар таргибу ташви;и идеяхои созандаи замон на;ши бориз гузошта, дар хама мархалахои фаъолияти хеш ба инъикоси хаёти сиёсиву ичтимой, и;тисодй ва фархангиву адабии давр таваччух намудааст. Инъикоси масъалахои адабй низ аз чумлаи мухимтарин бахшхои ин чаридаи сохибном аст. Имруз дар сахифахои рузномаи "Ха;и;ати Сугд" маводи зиёд ва хонданиро дар мавриди адабиёт ва адабиётшиносй пайдо карда метавонем, ки ин албатта, идомаи анъанахои хуби рузнома мебошад.
Мунтазам нашр шудани сахифаи адабии "Сафинаи Сайхун", ки шеъру хикоя, ;иссаву новелла ва очеркхои хонданиро нашр менамояд далели ин гуфтахо мебошанд.
Бояд гуфт, ки рузнома аллакай аз рузхои нахустини нашри хеш ба масъалахои адабиёт, ба вижа таргибу ташви;и адабиёти миллй таваччух намуда, дар баробари нашри хикояву шеърхои чолиб сахифаи махсуси адабй дошт, ки бо номи "Адабиёт ва саноеи нафиса" нашр мешуд. Ч,олиб аст, ки ин сахифа тартиби шумораи хешро дошта, пайдархами шуморахо риоят мешуд. Ин омил бозгуи он аст, ки хайати тахририяи рузнома ба масъалахои адабиёт ва таргибу ташви;и он таваччух ва мухаббати хос доштаанд.
Пахши нахустини сахифаи адабй дар шумораи 1(61)-уми рузномаи "Пролетари Хучанд" санаи 7-уми ноябри соли 1930 нашр шудааст. Бояд гуфт, ки рузнома то ин сана аллакай номи худро аз "Рохи колхозчй" ба "Колхозчй" ва сипас ба "Пролетари Хучанд" иваз карда буд. Рузномаи «Колхозчй» дар шумораи №60, дар сахифаи чорум оид ба иваз шудани номи рузнома ба «Пролетари Хучанд» ба хонандагон иттилоъ расондааст. Ин хабар дар охири сахифа бо хуруфи нисбатан калон ва ороишоти фар;кунанда ба нашр расидааст. Дар ин хабар омадааст:
«Хабардор бошед!
Дар 7ноябр даррузииди сенздщсолаиИщилоби Октябр дарХуцанд ба цои «Колхозчй» ба номи «ПролетариХуцанд» нумраи 1-уминахустингазетаикоргари мебарояд. Сщифаимахсуси «Адабиётва санъатинафиса»%амдорад. Идораи«ПролетариХуцанд»[14,с.47].
Ин хабарнома ва иттилоъ додан аз нашр намудани сахифаи махсуси адабй аз ма;ом ва сахми адбиёт дар рушди чомеа ва таваччухи хонандагон дарак медихад. То поёни соли 1931, ин сахифаи адабй дар 21 шумора ба хонандагон маводи адабй пешниход кардааст.
Рочеъ ба сахифаи адабии "Адабиёт ва саноеи нафиса" мо муфассал дар китоби "Ха;и;ат аз равзанаи замон" (2022), ки таърихи рузнома ва на;ши он дар ташаккули матбуоти точикро бозгу мекунад, гуфтаем ва аз чумла дар ин китоб ;айд шудааст, ки "соли 1932 рузномаи «Пролетари Хучанд» 17 шумора сахифаи «Адабиёт ва санъати нафиса»-ро омода ва пешкаши хонандагон сохтааст. То мохи июли соли 1933 хафт шумора сахифаи вижаи адабй интишор шудааст [14,с.3].
Дар мачмуъ, агар ба асноди дар дастдоштаи хеш такя кунем, метавонем натичагирй намоем, ки то 27-уми июли соли 1933 дар рузномаи «Пролетари Хучанд» 44 шумораи вижаи «Адабиёт ва санонеи нафиса» нашр шудааст. Ра;амгузории силсилавии хар шумора ва дар солхои гуногун риоя шудани тартиби шумораи интишори сахифа далели он аст, ки солхои 1931-1933 ин сахифа мунтазам нашр шудааст. Омузиши маводи сахифахо маълум месозад, ки ин сахифа ба хотири таргибу ташви;и адабиёт ва тарбияи насли нави шоирону нависандагон рохандозй шудааст.
Албатта, тахлилу баррасии мухтавои сахифаи адабии "Адабиёт ва саноеии нафиса" дар солхои аввали нашри рузнома омузиши муфасслу чудогонаро та;озо мекунад. Ин чо мехохем рочеъ ба як ма;ола, ки дар шумораи 7(27)-уми сахифаи адабии "Адабиёт ва саноеии нафиса" дар шумораи 23(211) "Пролетари Хучанд" санаи 25-уми марти соли 1932 нашр шудааст, маълумот дихем. Ма;ола "Дар рохи санъати бузурги сотсиалистй" унвон дошта, муаллифи он Ш.Хусейнзода мебошад. Мухтавои он тахлилу баррасй ва навди кутохе ба сахифаи адабии "Адабиёт ва саноеи нафиса" аст. Дар соли дувуми нашри хеш ба риштаи навд кашида шудани фаъолияти адабии рузнома ва сахифаи адабии он аз чониби муха;;и;он гувох бар он аст, ки во;еан чарида дар таргибу ташви;и илму адаб сахми арзанда доштааст ва имруз хам ин рисолатро сарбаландона ба чо меорад.
Суоле ба миён меояд, ки оё ин мавод дар ха;и;ат ба ;алами Шарифчон Хусейзода (19071988), адабиётшиноси маъруфи точик тааллу; дорад?
Дар поёни ма;олаи " Дар рохи санъати бузурги сотсиолистй" муаллиф "Ш.Хусейнзода, Тошканд' оварда шудааст. Агар бо такя ба ин нукта, ки фаъолияти муна;;идии Шарифчон Хусейнзода поёни солхои 20-ум ва аввали солхои 30-юм огоз шудааст, ба ин масъала таваччух кунем ва Тошканд ишора шудани макони таълифи маводро ба эътибор гирем (Ш. Хусейнзода маълумоти олии касбиро дар Тошканд соли 1931 факултаи шар;шиносии Донишгохи давлатии Осиёи Миёна (ба забонхои узбекй, тоторй ва русй фаро гирифтааст ва муддате дар ин даргохи дониш дарс хам гуфтааст) ба гумони голиб метавонем гуем, ки ин навишта ба ;алами Шарифчон Хусейзода - адабиётшиноси номвари точик тааллу; дорад.
Нашр шудани ма;олаи устод Шарифчон Хусейнзода дар сахифаи рузномаи "Пролетари Хучанд" (холо "Ха;и;ати Сугд") ва навд шудани мухтавои адабии сахифоти рузнома бозёфти чолибест, ки пас аз 90 сол дастраси мо шуд. Ма;ола дар шумораи чашнии рузнома, ки бахшида ба ду солагии таъсиси он нашр шудааст, интишор шудааст. Шарифчон Хусейзода дар солхои баъдй низ хамкории хешро бо рузнома идома дода, сисилаи ма;олахои устод дар сахифахои рузнома дарч шудаанд.
Дар ин ма;ола Шарифчон Хусейнзода зимни баррасии мавзуъ аз ма;ом ва мав;еи рузнома харф зада, таъкид менамояд, ки адабиёти пролетарии точик ба муваффа;ияти беназир ноил шуда, рузномахои дар ин мархала дар дохили мамлакат нашршаванда чавонони боистеъдод доранд. Ш.Хусейзода аз чумла ;айд мекунад "яке аз ичрокунандагони ин вазифаи бузург, бешубха, рузномаи "Пролетари Хучанд" мебошад. Сахифаи адабии рузномаи "Пролетари Хучанд" хидматхои лои;у сазоворро ичро карда меояд вай дар натичаи сиёсати адабии партияи болшевикй ба атрофи худ аз фарзандони коргару колхозчиён кадрхои нав шоирони пролетарй набор карда, дар сохаи адабиёти пролетарии точик ба урдуи пур;увват мубаддал мешавад. У бо ин муваффа;иятхо дар натичаи муборизаи синфй ноил шудааст"[17]. Ба таъкиди муна;;ид шоирон ва нависандагоне, ки дар сохаи адабиёти пролетарй хидмат мекунанд дар сахифахои адабии ин рузнома бо силох-;алами худ муборизаи шадид ва ;ахрамонихои бемисл нишон додаанд.
Албатта, дар мархалае, ки дар кишвар ин;илоби маданй чараён дошт ва соли 1932 хануз дар дехоти Точикистон мактаби миёна набуд (аввалин мактаби миёна дар дехоти Точикистон соли 1934 кушода шуда буд [15]. сахми рузнома дар самти саводноккунии ахолй ва таргибу ташви;и илму адабиёт ва хунар бесоби;а ва назаррас аст, зеро матбуот сохаи бонуфузи ин;илоби маданй ба шумор рафта, чун воситае, ки имкони зиёди таъсиррасонй дошта, дар хаёти чамъиятию сиёсй ва и;тисодию маданй фаъол буд.
Мусаллам аст, ки тахлилу баррасй ва на;ди муаллиф аз нигох ва диду назару бовархои хоси замон сурат гирифтааст ва Ш.Хусейнзода ба ин нукта ишора мекунад, ки "сахифаи адабии "Пролетари Хучанд" дар давоми таърихчаи кутох барои ичрои вазифаи бузурги пролетарй чонбозй карда, вазифаи худро таъин карда тавонист"[17]. Ба таъкиди муаллиф вазифаи аслии на;ди адабй дар замони нав муайян намудани хусну ;убхи асархои таълифшуда мебошад. Ш. Хусейнзода маводи адабии рузномаи "Пролетари Хучанд"-ро бо риояи хатмии ;онунияти манти;й ва таърихй тахлил кардааст. Хадафи муна;;ид ёрии бегаразона расондан ба кори адабии рузнома аст.
Дар баррасии кутохи хеш муаллиф аз шеъри Рахим Ч,алил ва истеъдоди хуби чавони навчу ёдрас шуда, чушу хуруши зиндагии созандаро дар сатрхои шеъри муаллиф тавсиф мекунад.
Ш.Хусейнзода бо таъкиди ин нукта, ки рузнома хадаф ва ма;садхои дурустро пеш гиритфа, барои ноил шудан ба ин ма;сад талошхои созанда дорад, аз баъзе камбудихо низ ёдрас мешавад. Аз чумла, муха;;и; пур;увват намудани гояи коммунизмро дар маводи адабй мухим шуморида? ишора мекунад, ки "санъати пролетарй дар торихи чамъияти башар санъат ва адабиёти сотсиолизмро бунёд намуда истодааст. Ин санъат ва адабиёти бузург сотсиолизмро бе назариёти фалсафии мо коммунизм - ленинизм тасаввур кардан мумкин нест" [17,с.4]. Адабиётшинос таъкид мекунад, ки адабиёт ва санъати бузурги бе идея бузург нахохад шуд.
Камбудии дигаре, ки муаллиф бар он ишора дорад, дар ва;ти тасвир кардани як ходисаи ичтимой ва ё як во;еа танхо аглабаи хамон ходиса дар во;еаро баён намудан, яъне мохият ва маънои ха;и;ати ходисаро мукаммал эзох ва баён накардан мебошад.
Дар баробари ин Шарифчон Хусейнзода таъкид мекунад, ки "дар пеши рузномаи "Пролетари Хучанд" боз вазифаи мухим ва чиддй истодааст, ки у оммаи чавонони мехнаткашро идеяи зиракии давраамон мусалах намояд. "Муха;;и; аз хидматхои шоистаи рузнома дар таргибу ташви;и адабиёт сухан карда, ;айд мекунад, ки "ба воситаи адабиёти
нафис царору деректифи партиям комунистиро ичро кардан, дар байни мардумон тарбияи васеи сотсиолистиро чорй карда, онро ба фаъолони чамъияти бесинф мубаддал кардан вазифаи имруза" [17,с.4] мебошад.
Бино ба таъкиди адабиётшиноси точик Худойназар Асозода яке аз хусусиятхои "адабиёти солхои 1924-1950 содабаёнй буд. Адибон сатхи донишу маърифат ва майлу зав;и хонандаи худро хуб дарк мекарданд" [3,с.63]. Мухавди; ШДусейнзода низ таваччух ба ин вижагиро дар маводи адабии рузнома омили муваффа;ият шинохтааст.
Ма;олаи Шарифчон Дусейнзода "Дар рохи санъати бузурги сотсалистй"-ро аз ма;олахои бозёфтии адабиётшиноси маъруф, ки дар огози фаъолияти илмии хеш иншо намудааст ва то кунун дастраси ахли назар набуд, шинохтан мумкин аст.
Бешубха, накд шудани маводи адабии рузнома аз чониби Шарифчон Дусейнзода гувохи он аст, ки дар он солхо рузнома рисолати хешро соди;она ва дар сатхи баланд ичро намуда, дар баробари инъикоси пахлухои гуногуни хаёт дар таргиби адабиёт сахми арзанда гузоштааст. Тахлилу баррасии маводи рузнома аз чониби муха;;и;и саршиноси точик шодравон Шарифчон Дусейнзода аз нуфуз ва эътибори чарида дар рушди адабиёти давр башорат медихад.
Во;еан, накдхои созандае, ки он замон дар нашрияхои даврй ба нашр мерасиданд, бар ин омил мусоидат намуданд, ки ахли зиёи чамъияти нав бо таълимоти марксистй - ленинй бештар мусаллах бошанд.
Ин аст, ки рузнома дарозои фаъолияти хеш хамкории судмандеро бо ахли илму адаб ва муха;;и;он ба рох монда буд. Дар огози рохи ин хамкорихо устодони арчманде ба амсоли Садриддин Айнй, Абул;осим Лохутй, Абдусалом Дехотй, Шарифчон Дусейнзода, Зариф Рачабов ва дигарон ;арор доштанд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Абдукодири, Абдурауф. Матбуоти огози садаи ХХ ва нацши он дар бедории фикрии точикон/А.Абдурауф// Шарофати "Бухорои шариф".-Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Чалил, С.57-64.
2. Азимов, А. Очеркхо аз таърихи матбуоти точик (солхои 1920-30)/А.Азимов.-Душанбе: Адиб.-1998.-90 с.
3. Азимов, А. Адабиёт дар матбуоти солхои сиюм/А.Азимов.-Душанбе: Дониш, 2007.-52 с
4. Азимов,А.Матбуот ва тарбияи мухбирон/А.Азимов.-Душанбе: Истеъдод, 2018.-32 сах.
5. Асозода, Х.Адабиёти точик дар садаи ХХ/Х. Асозода.-Душанбе: Маориф, 1999.- 448 с.
6. Аъзамзод, С. Адабиёт ва маърифати накд (Масъалахои шинохти таърихи адабиёт ва накди адабии точикии садаи бист)/ С. Аъзамзод.-Хучанд: Анис, 2012.-200 с.
7. Аъзамзод, С. Оид ба тахкики муштараки таърихи адабиёт ва матбуоти точик// Шарофати "Бухорои шариф"-Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Ч,алил.-С.113-121.
8. Аъзамов, С. Б. Изучение печати и " критика и печати": социальные основы проблем печати в журнале "Рахбари дониш" / С. Б. Аьзамов, М. А. Саидходжаева // Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук. - 2017. - № 2(51). - С. 115-122. - EDN ZBXTWJ.
9. Мирзоюнус, М. Чашмандозе ба назария варавишхои мархалабандии адабиёти тоцик дар замони нав / М. Мирзоюнус, С. Б. Аъзамов // "Номаи донишгох" -и Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Б^ афуров, силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй. - 2022. - No. 1(70). - P. 44-52. - DOI 10.51844/2077-4990-2022-1-44-52. - EDN MPRNRZ.
10.Муродов, М. Саидризо Ализода и становление печатной сатиры / М. Муродов // Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук. - 2012. - № 4(32). - С. 9-18. - EDN PHRSYN.
11.Набиев, А. Нарзулло Бектош ва илму адаби точики солхои 20-30-юми садаи ХХ/А.Набиев.-Душанбе:Ирфон, 2003. - 314 с.
12. Рачабй, М. Таърихи танкид ва адабиетшиносй (Асосхои назариву эстетикии адабиёти точикии мархалаи якум. Солхои 1920-1954) / М. Рачабй.-Душанбе: Адиб, 1997.-208 с.
13.Усмонов, Ч.Матбуот ва мухбирони коргару дехкон/Ч,.Усмонов, Fаффоров У.- Душанбе: «Ирфон», 1975.-95 с.
14. Хакимова, С. Хдкикат аз равзанаи замон. Рузномаи "Х,ак;ик;ати Сугд ва накши он дар ташаккули матбуоти точик/С.Хдкимова.-Хучанд: Хуросон, 2022.-216 с.
15. Инцилоби маданй дар Точикистон // https://donish.org/en/course/learn/40-ta-rikhi-khalqi-tojik-sinfi
Сарчашмах,о:
16. Колхозчй.- №60, ноябри солхои 1930, 1932, 1933 "Пролетари Ху^анд".-№23(211), 25.03.-1932
18. Бастахои рузномаи "Колхозчй", "Рох,и колхозчй" (1930), "Пролетари Хуч,анд"1932
REFERENCES:
1. Abdukadir Abdurauf. The press of the beginning of the 20th century and its role in the intellectual awakening of Tajiks.// The glory of "Bukhara Sharif", a collection of articles dedicated to the 100th anniversary of "Bukhara Sharif1'. - Khujand: Rahim Jalid State Publishing House, 212.-236 pp. .-5764.
2. Azimov A.Essays from the history of the Tajik press (1920-30 years).Dushanbe:Adib.-1998, 90 p.
3. Azimov A. Literature in the press of the thirties.-Dushanbe: Donish, 2007.-52 p.
4. Azimov Azimjon. The press and training of reporters.-Dushanbe: Talent, 2018.-32 p.
5. Asozoda Khudoynazar. Tajik literature in the 20th century - Dushanbe: Maarif, 1999. - 448 p.
6. Azamzod, S. Literature and knowledge of critics (Issues of understanding of the history of Tajik literature and critics of the 20th century): Collection of articles / S. Azamzod.-Khujand: Anis, 2012.200 p.
7. Azamzod S. About the joint research of the history of Tajik literature and press.// Sharafati "Bukhara Sharif", a collection of articles dedicated to the 100th anniversary of "Bukhara Sharif". -Khujand: Rahim Jalid State Publishing House, 212.-236 p.
8. Azamov S. Saidhojaeva M. Journalism and "Press criticism": Social foundations of press issues in "Knowledge Leader" magazine// University letter No. 2(51) 2017.-115-122 p.
9. Mirzoyunus Matluba. Azamov Subhan A glance at the theory and approaches to the phasing of Tajik literature in the new era// university newsletter №1(70)-2022.- 44-52 p.
10.M. Muradov Saidrizo Alizoda and the formation of satire in the press// University letter, 2012.- 918 p.
11.Nabiev A. Narzullo Bektosh and Tajik science and literature of the 20s-30s of the 20th century. -Dushanbe: Irfan, 2003. - 314 p
12.Rajabi, M. History of criticism and literary studies (Theoretical and aesthetic foundations of Tajik literature of the first stage. Years 1920-1954) / M. Rajabi.-Dushanbe: Adib, 1997.-208 p.
13.Usmonov J., Usmonjon Gafforov. Press and correspondents of workers and farmers. -Dushanbe: "Irfan", 1975.-95 p.
14.Hakimova S. Truth through the window of time. Newspaper Hakikati Sugd and its role in the formation of the Tajik press.-Khujand: Khorasan, 2022.-216 p.
15.Cultural Revolution in Tajikistan // https://donish.org/en/course/learn/40-ta-rikhi-khalqi-tojik-sinfi
Sources:
2.1. Kolkhozchi issue 60, November 1930, 1932, 1933
2.2. Proletary of Khujand issue 23(211), dated March 25, 1932
2.3. Packages of the newspaper Kolkhozchi, Rohi kolkhozch" (1930), Proletary of Khujand 1932