УДК: 004.02:004.5:004.9
АСОС^ОИ НАЗАРИЯВИИ ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ СТРАТЕГИЯИ МАРКЕТИНГА дар фаъолияти со^ибкорй
Х,амидзода М.Х.
Аннотатсия. Мацола ба тащици цанба^ои назариявии ташаккул ва тащввули стратегияи маркетинг дар заминаи фаъолияти соуибкорй бахшида шудааст. Муаллиф мафуумуо ва равиш^ои калидиро барраси мекунад, ки ба эцоди самараноки стратегищои маркетинг барои ноил шудан ба бартарщои рацобатпазир дар бозор мусоидат мекунанд. Назарищои таърихи ва муосири маркетинг, инчунин таъсири он^о ба фаъолияти амалии сощбкорон та^лил карда шуданд. Ба модел^о ва усул^ои гуногуни тащяи стратегищои маркетинг, инчунин нацши тащицоти маркетинги ва та^лили мущти беруна ва дохилии тицорат диццати махсус дода мешавад. Дар мацола а^амияти чандири ва мутобицшавии стратегияи маркетинг дар шароити бозори босуръат тагйирёбанда ва мущти рацобат таъкид карда мешавад. Калимахри калидй: маркетинг, стратегияи маркетинг, фаъолияти соуибкорй, бренд, ширкат.
Барои ицтибос: Х,амидзода, М.Х. Асос^ои назариявии пайдоиш ва инкишофи стратегияи маркетинги дар фаъолияти соуибкорй /М. Х. Хамидзода // Паёми молия ва ицтисод. - 2024. - No. 4(43). - С. 384-392.
ТЕОРЕТИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ ВОЗНИКНОВЕНИЯ И РАЗВИТИЯ
МАРКЕТИНГОВОЙ СТРАТЕГИИ В ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ
Хамидзода М.Х.
Аннотация. Статья посвящена исследованию теоретических аспектов формирования и эволюции маркетинговой стратегии в контексте предпринимательской деятельности. Автором рассмотрены ключевые концепции и подходы, которые способствуют эффективному построению маркетинговых стратегий для достижения конкурентных преимуществ на рынке. Проанализированы исторические и современные теории маркетинга, а также их влияние на практическую деятельность предпринимателей. Особое внимание уделено различным моделям и методам разработки маркетинговых стратегий, а также роли маркетинговых исследований и анализа внешней и внутренней среды бизнеса. В статье подчеркивается значимость гибкости и адаптивности маркетинговой стратегии в условиях динамично изменяющегося рынка и конкурентной среды.
Ключевые слова: маркетинг, маркетинговая стратегия, предпринимательская деятельность, бренд, фирма.
THEORETICAL FOUNDATIONS OF THE EMERGENCE AND DEVELOPMENT OF A
MARKETING STRATEGY IN BUSINESS
Hamidzoda M.H.
Annotation. The article is devoted to the study of the theoretical aspects of the formation and evolution of a marketing strategy in the context of entrepreneurial activity. The author considers the key concepts and approaches that contribute to the effective construction of marketing strategies to achieve competitive advantages in the market. Historical and modern marketing theories are analyzed, as well as their impact on the practical activities of entrepreneurs. Special attention is paid to various models and methods of developing marketing strategies, as well as the role of marketing research and analysis of the external and internal business environment. The article emphasizes the importance of flexibility and adaptability of a marketing strategy in a dynamically changing market and competitive environment. Keywords: marketing, marketing strategy, entrepreneurial activity, brand, firm.
Гузориши масъала. Рушди стратегияи маркетинг дар фаъолияти сохибкорй як раванди мураккабест, ки на танхо фахмиши амики бозор, балки кобилияти мутобик шудан ба тагирот, истифодаи равишхои инноватсионй ва тахлили хамачонибаи натичахоро талаб мекунад. Мухим аст, ки стратегия ба муваффакияти дарозмуддат, рушди бренд ва конеъ кардани ниезхои муштариен равона карда шавад. Аз ин ру, таквиятяти масъалахои инкишофи стратегияи маркетингй дар фаъолияти сохибкорй омузиш ва тахлил намуданд зарур мебошад.
Тахлили тахкикотхои охир ва нашриёт. Рушди стратегияхои маркетинг дар фаъолияти сохибкорй чанбаи калидй барои ноил шудан ба муваффакият ва устуворй дар бозор мебошад. Дар солхои охир, мухаккикон бо назардошти тагироти динамикй дар бозорхо, технологияхои нав ва ниезхои тагиребандаи истеъмолкунандагон ба равишхои гуногун дар ташаккул ва мутобиксозии стратегияхои маркетинг диккат медиханд. Вобаста ба сахми маркетинг дар фаъолияти сохибкорй олимону тахкикотчиёни хоричй ба монандй: Ансофф Баталова О.С., Гилберт Д., Поляков В.Е., Янко ДА., Беккер ВО., Котлер Ф., Сидорчукова И.Г., Чандлер А. инчунин аз олимони ватанй Аминов И., Комилов С.Ч,., ^одиров Ф.А. ва дигарон асос гузоштаанд.
Максади макола. Максади навиштани макола на танхо асосноккунии назариявии ташаккули стратегияхои маркетинг дар фаъолияти сохибкорй, балки тахкики татбики амалии онхо барои ноил шудан ба рушди устувор ва бартарихои ракобатпазир дар бозор мебошад.
Пешниходи маводи асосй. Маркетинг, як раванд ва низомест, ки дар он ширкатхо ва ташкилотхо ба тадбирхои гуногун барои таксимот, таргиб ва фуруши махсулот ва хизматрасонихо шуруъ мекунанд. Пайдоиши маркетинг, ки хамчун як соха ва амали мукаммали бизнес эътироф мешавад, дар таърих шакл гирифтааст ва аз замонхои кадим тараккй ёфта, вобаста ба тахаввулоти иктисодй, технологй ва ичтимой буд. Дар маколае, ки дар пайдоиши таърихи маркетинг ва асосхои он тахкик менамоем, як назарияро баррасй мекунем, ки чй гуна маркетинг дар даврахои мухталиф ба вучуд омад ва рушд ёфт.
Мисли хамаи сохахои дигар, маркетинг ба шакли аввалияаш дар замонхои кадим пайдо шуд, вакте ки муносибатхои тичоратй байни одамон дар шакли маъруфи замони он вучуд дошт. Дар фархангхои кадим, одамон ба савдои махсулот ва хидматрасонихо машгул буданд. Аксарияти муносибатхо бо худи махсулот ва чойгиршавии онхо ба дигар одамон ва чойхо марбут буданд. Раванди маркетингй дар он замонхо аз пайгирии
ниёзхои одамон ва пешниходи махсулоти мушаххас ба онхо ба вучуд меомад.
Дар асри 19, бо рушди саноат ва маишат, табакахои ичтимой ва савдои мухаррикхои иктисодй ташаккул ёфтанд. Х,амзамон, ракобат байни ширкатхо ва истехсолкунандагон афзоиш ёфт. Дар ин давра, маркетинг танхо ба фуруш ва хамлу накли махсулот (ташкили пайвандхои интиколй) марбут буд. Бо фарогир шудани истехсолот ва афзоиши истехсолоти оммавй, таъсири маркетинг ва арзиши бренди ширкатхо ба назар мерасид.
Аз давраихои пайдоиши саноатикунонй дар чахон яъне анбухои истехсолии солхои 1890-1950 вазифахои асосии
истехсолкунанда ин афзоиши босуръат вобаста ба баланд бардоштани хосилнокии мехнат ва кохиши арзиши аслии махсулот ба хисоб мерафт. Хусусияти асосии раванди истехсолот ва усулхои аввали банакшагирии кутохмуддат ба бучетсозй ва натичахои молиявй равона шуда буд.
Маркетинг хамчун сохаи амалии дониш, ки ба фуруши моли истехсолшуда ташаккул ёфтааст, аз соли 1910 то 1925 дар як катор ширкатхо шуъбахои омузиши бозор ташкил карда шудааст. Сипас аввалин нашрияхо пайдо мешаванд, ки дар онхо маркетинг хамчун санъати идоракунии фуруш муаррифй карда мешавад. Бояд кайд намуд, ки саноат ва технологияхо дар чахон баъд аз Ч,анги 2-юми чахон шиддат гирифт. Бо тагйироти чиддии иктисодй ва афзоиши истехсолот, ширкатхо мачбур шуданд, ки рохи бештар муассирро барои ба фуруш гузоштани махсулот ё ихтиёр кардани мизочон ёд гиранд. Дар ин давра, маркетинг беш аз хар вакт дар пайванд бо тахлил ва фахмидани эхтиёчоти харидорон ва тамаркуз кардани махсулот ё хизматрасонихо бар он эхтиёчот амиктар гардид. Баъдтар васеъшавии истехсоли оммавй ба амал меояд, ки дар шароити зиёд шудани талаботи пардохтпазир нисбат ба пешниходот ба
рушди сиёсати фуруш ва чамъоварии тачриба дар сохаи маркетинг мусоидат мекунад.
Аз соли 1948 маркетинг ахамияти мухими амалй пайдо мекунад ва хамчун мачмуи намудхои гуногуни фаъолияти хочагидорй, ки молхоро аз истехсолкунанда ба истеъмолкунандаи нихой ё миёна дар бар мегирад, баррасй карда мешавад. [7]
Худи истилохи стратегия дар адабиёти иктисодй солхои 1950-ум пайдо шуда, ки ба ин боис гашт мушкилотхои гайричашмдошт ва тагйирот дар мухити берунаи хочагидорй. Аз ин ру, стратегияи маркетингй ахамияти мухим пайдо кард ва то солхои 1960 барои ташаккули консепсияхои маркетингй шароити мусоид фарохам омада, мутобиксозии стратегй низ кисми асосии фаъолият гардид.
Дар солхои 1960-1970, маркетинг тавсиф ва ба назар мерасид, ки на танхо бо фуруш, балки бо тахлили бозор ва нишондодхо дар бораи харидорон алокаманд мебошад. Маълумоти чадид, тахлил ва стратегияи маркетинг аз сохаи иттилоотй ва технологияи ба муосир пайваст шуд. Ин давра ба номи "Маркетинга стратегй" машхур аст, ки дар он ширкатхо бо тахлил ва ба назар гирифтани омилхои мухталиф барои пешрафти кутохмуддат ва дарозмуддат нишондихандахоро тахкик карданд.
Дар байни равишхои назариявии муосир консепсияхои бозорй, захиравй ва бартарихои институтсионалии ракобат ахамияти махсус пайдо кардаанд. Дар солхои 1980-ум муноситбатхои асосии стратегияи маркетингй ба консепсияи бозор равона гардид. Консепсияи бозор - афзалиятхои ракобатй, мавкеи стратегии соха ва бозорро хамчун асос мехисобад.
Ансофф И. дар асараш «Стратегияи корпоративй: рафтори тахлилй ба сиёсати рушд ва тавсеаи тичорат" гоя ва тартиби банакшагирии стратегиро дар асоси кабули карорхо оид ба интихоби махсулот, бозорхои
фуруш ва ташкили сохтори минтакавй тавсия додааст. [1, с.125]
Нуктаи ибтидой барои рушди минбаъдаи стратегияи пешниходкардаи Чандлер А.: "Таъсиси максади асосй ва вазифахои дарозмуддати корхона, тахияи барномаи амал ва таксимоти захирахое, ки барои ноил шудан ба ин хадафхо заруранд" асос гузошт.[9, с.45]
Маркетинг тахти таъсири назарияхои гуногуни иктисодии маъруфи чахонй карор гирифтааст. Аз чумла, назарияи Портер М. бо номи "Маркетинг 4Р" (махсулот, нарх, таксимот ва таргиб), тахлили равандхои истехсолй ва хисоботи экосистемахои интернетй тахкики амик ва тавсифхои илмии чадидро талаб мекунад.
Портер М. ва пайравонаш усулхои маркетинги стратегиро барои тахлили ракобат истифода бурданд. Портер М. диккати худро ба ошкор кардани афзалиятхои ракобатии ширкатхо ва куввахои ракобатии соха равона сохта буд. Портер М. боварй дошт, ки ширкат дар холате ба бартарии ракобатй ноил мешавад, агар фаъолияти таррохй, истехсол, стратегияи маркетингй ва пешниходи моли худро бо арзиши камтар ё сифати бехтар аз ракибон ба рох монад. [5, с.117]
Маркетинг, ки дар тамоми таърих тавассути равандхои иктисодй, ичтимой ва технологй рушд ёфтааст, имруз хамчун як соха ва санъати махсуси бизнес ба назар мерасад. Тарзи маркетинг дар гузашта танхо ба фуруш ва таксимоти махсулот эътибор дошт, аммо акнун ба тахлил, стратегияи мутамарказ ва фахмидани ниёзхои харидорон ва таъриф кардани онхо бо истифода аз технологияи муосир ахамияти калон дорад.
Барои хар як фаъолият, ки хадафхои зиннагии муайяни худро дорад мавчудияти накшаи мазкур мухим аст. Стратегяи маркетингй дар таснифи худ хадафхои зеринро пайгирй мекунад: 1. Х,адафхои ширкат;
2. Роххои расидан ба онхо;
3. Мавкеи кунунии бозор;
4. Мухити ракобат;
5. Аудиторияи максаднок.
Дар навбати худ ин хадафхо метавонанд ба якчанд максадхо боз чудо шуда, пайгирй шаванд. Тахлил ва омузиши амики максадхои хочагидорй имконияти наздик шуданро ба хадаф зиёд мегардонад. Ташкилкунандагони хама намудхои фаъолият пушида нест, ки максади харчй зиёдтар ба даст овардани фоидаро доранд. Аммо бидуни накшаи дакики амал, ба даст овардани натичаи дилхох ё нигох доштани он душвор ва дар шароити муосир гайриимкон аст.
Стратегияи маркетингй накшаи умумии рушди фаъолияти сохибкорй мебошад, ки чалби муштариён, афзоиши фуруш ва фоидаро дар бар мегирад. Ин накша одатан дарозмуддат аст - он аз 3 то 5 сол тахия карда мешавад. Аммо барои сохибкории хурду миёна бехтар аст, ки накшаи амалро то як сол тартиб диханд. Зеро, вазъи бозор метавонад тагйир ёбад ва стратегия бояд дар раванди татбик ислох карда шавад.
Яке аз мутахассисони пешбари сохаи маркетинг Котлер Ф. дар асари маъруфи худ "Асосхои маркетинг" кайд карда, чунин таъриф медихад: "Стратегияи маркетингй, ин накшаи мантикии чорабинихои маркетингй буда, ки тавассути он ширкат умедвор аст вазифахои маркетингии худро ичро кунад".[4, с.103]
Стратегияи фаъолияти сохибкорй мачмуи карорхо ва амалхоеро дар бар мегирад, ки рохбарони ширкат барои чойгир кардани ширкат дар бозор, ба даст овардани бартарии ракобатй ва рохнамой дар шароити душвори пешбурди сохибкорй анчом медиханд. [6]
Дар мархилаи аввали интихоби арзишхо маркетинги стратегй (гурухбандии бозор, интихоби истеъмолкунандагони эхтимолй, мавкеи мол ва ширкат) бартарй дорад. Дар мархилахои дуюм ва сеюм таъсиси фуруши
мол - маркетинги ананавй амал мекунад (таъмини истехсол, таксимот ва хизматрасонихо, пешниход ба бозор, такмили минбаъдаи мол, хизматрасонй, нархгузорй ва
Маркетинги стратегй мехвари сиёсати хамачонибаи корхона мебошад, ки манфиатхои хамаи субъектхои бозорро дар бар мегирад. Он тамоми хусусиятхо ва тамоюлхои нави рушди истехсолоти саноатиро дар солхои 1980-1990 чамъ мекунад ва барои пешрафт, хамгирой, дурнамои тахияи молхои нав ва баромадан ба бозорхои нав мусоидат мекунад.[4].
Маркетинги стратегй ба натичахои тахлил ва пешгуии шароити мавчудаи мухити фаъолият, инчунин бо ба назар гирифтани чихатхои кавй ва заифи корхона асос ёфтааст. Имконияти муваффакиятхои ба даст овардашударо дар бозор нигох ва инкишоф дода, имкониятхои нав кушода, дурнамои рушди корхонаро дар муддатхои муайян эчод ва таъмин мекунад.
Тахияи стратегияи маркетингй раванди доимист. Танхо тартиб додани накшаи амал кофй нест - бояд вобаста ба натичахо санчида ва ислох карда шавад. Дар баробари ин, пас аз пешниходхои нав новобаста аз максади тагйирот ба тавачухи истеъмолкунанда пайгирй кардан зарур аст. Бо тахлили мундаричае, ки бисёр олимон ба мафхуми "маркетинги стратегй" сармоягузорй мекунанд, метавон хулоса кард, ки маркетинги стратегй вокеан метавонад хамчун консепсияи нави фаъолияти маркетингй бо методологияи мустакилона рушдёбандаи тахкикот ва заминаи истилохотии худ баррасй карда шавад.
Бо омузиши кисми муайяни акидахо ва таснифоти олимон мо ба хулосаи омадем, ки «стратегияи маркетингй - накшаи низоми амалии фаъолияти хочагидорй - тичоратй оид ба истехсол, фуруши молу хизмат ба воситаи пайгирии хадафхо: нигохдошти мавкеи
бозорй ва чорабинихо оид ба афзоиши фоида мебошад».
Стратегияи бизнес - накшаи рушди ширкат буда, роххои бо муваффакият ба хадаф ва вазифахои гузошташуда расиданро иникос менамояд. Бо ёрии он имконияти ба сатхи нав баромадани ширкат, афзоиши нишондихандахои фуруш, чалби мизочони нав ва афзалияти ракибй таъмин карда мешавад.
Накшаи коркарди стратегияи маркетингии бизнесро бо рохбарони ширкат ё сохибони бизнес тахия мекунанд, зеро танхо онхо медонанд, ки ба кадом хадафхо самтгирй намудани фаъолият лозим аст. Варианти дигар низ вучуд дорад: ин ширкатхое, ки ба ташкили равандхои тичоратй ва коркарди стратегияи маркетингй машгуланд, вогузор карда шавад. Дар сурати истифодаи варианти дуюм бояд ба мутахассисони чалбшуда тамоми
маълумотхо, аз он чумла: оид ба накшахои стратегй, хисоботхо оид ба фуруш, даромад ва харочот, вазифахои хамаи шуъбахои сохторй ва f. ба таври дакик пешниход шаванд.
Тахияи стратегияи маркетингй дар ширкатхо, ки максади мухлати тулонй чузъи мухими бозор буданро доранд муваффакияти бизнес аст. Рушди бизнес на танхо дар намуди мол ё хизматрасонй мебошад, балки аз индоракунии смараноки захирахои дар ихтиёрдоштааш ва тахияи стратегияи маркетингии мушаххас вобастааст. Идоракунии захирахо бояд тамоми сохторхои бизнесро дар бар гирифта, хар як шуъба раванди иртиботиро таъмин карда тавонад.
Давраи хаети стратегияи маркетинг якчанд мархилахои асосиро дар бар мегирад, ки раванди тахия, татбик, арзебй ва мутобиксозии онро дар посух ба таFиребии мухити беруна ва дохилй инъикос мекунанд. Ин мархилахо метавонанд вобаста ба хусусиятхои тичорат фарк кунанд, аммо дар мачмуъ, давраи хаети стратегияи
маркетингро метавон ба таври зерин муаррифй кард:
Мархилаи 1.Та^лили му^ити беруна ва дохилй
г--
Мархилаи 2.Тах,1иш стратегияи маркетинг
Расми 1.Давраи хаёти стратегияи маркетинг.
Давраи хаётии стратегияи маркетинг аз мархилахои зерин иборат аст: Мархилаи 1.Тахлили мухити беруна ва дохилй:
Дар ин мархила тахкикоти бозор, мухити ракобат, ниёзхои шунавандагони максаднок ва имкониятхо ва захирахои дохилии ширкат гузаронида мешавад. Тарафхои кавй ва заифи тичорат, имкониятхо ва тахдидхое, ки метавонанд ба стратегия таъсир расонанд, арзёбй карда мешаванд. Ин мархила тахлили SWOT-ро дар бар мегирад (тахлили чихатхои кавй, заъф, имкониятхо ва тахдидхо). Мархилаи 2.Тахияи стратегияи маркетинг:
Дар асоси маълумоти гирифташуда стратегияи маркетинг тахия карда мешавад, ки интихоби бозорхои максаднок, чойгиркунии махсулот ё хидмат, муайян кардани хадафхо ва вазифахои маркетинг ва тахияи самтхои асосии фаъолият, аз кабили сиёсати махсулот, нарх, таксимот ва коммуникатсияро дар бар мегирад. Мархилаи 3. Банакшагирй ва татбики стратегия:
Пас аз тасдики стратегия, накшаи муфассали амал тахия карда мешавад, ки чорабинихои мушаххаси маркетингй, таксимоти захирахо, мухлати ичро ва масъулонро дар бар мегирад. Дар ин мархила, стратегияи маркетинг тавассути маъракахои таблиготй, пешниходхои таблиготй, такмил додани махсулот, чорй намудани каналхои нави фуруш ва дигар амалхо амалй карда мешавад. Мархилаи 4.Арзёбии самаранокй:
Дар ин мархила мониторинг ва тахлили натичахои татбики стратегияи маркетинг гузаронида мешавад. Ин метавонад нишондихандахои фуруш, хиссаи бозор, каноатмандии муштариен ва даромаднокиро дар бар гирад. Тахлил кардан мухим аст, ки оё хадафхои гузошташуда ба даст омадаанд ва захирахо то чй андоза самаранок истифода шудаанд. Мархилаи 5.Тасхех ва мутобиксозии стратегия:
Вобаста аз натичахои арзёбй, стратегияи маркетингро аз нав дида баромадан ва мутобик кардан мумкин аст. Ин метавонад тагир додани равишхои таблиготй, тасхехи сиёсати нархгузорй ё таксимоти захирахоро дар бар гирад. Тагирот дар вазъи бозор, пайдоиши ракибони нав е тагирот дар афзалиятхои истеъмолкунандагон низ метавонанд ба назар гирифта шаванд.
Мархилаи б.Анчоми стратегия:
Агар стратегия худро тамом карда бошад ё хамаи хадафхои гузошташуда ба даст оварда шуда бошанд, он метавонад бо стратегияи нави мухимтар иваз карда шавад ё катъ карда шавад. Дар ин мархила, ширкат метавонад ба давраи нави тахияи стратегияхои маркетинг гузарад.
Х,ар яке аз ин мархилахо барои таъмини муваффакияти стратегияи маркетинг калидй мебошанд ва мониторинги доимй ва чандириро дар посух ба таFиребии мухити беруна талаб мекунанд.
Чуноне аз давраи боло дидан мумкин, ин раванди фаъолнокии давраи хаётии стратегияи маркетингй аз оFози ташкили бизнес то замони мавчудияташ дар харакат буда, давра ба давра дар асоси маълумотхои нави иноватсионй такмил ёфта, барои боз хам чанбахои нави рушди фаъолияти сохибкориро пайдо кардан сахми мухим мегузорад.
Бояд кайд намуд, ки стратегияи маркетинг яке аз унсурхои мухими рушди хар як бизнес мебошад. Ин як раванд ва накшаи муайяншуда мебошад, ки тавассути он ширкатхо ё ташкилотхо бо максади чалби мизочон, таъсиси бренди мустахкам ва афзоиши фуруш кушиш мекунанд. Стратегияи маркетинг на танхо ба фуруш ва таблети махсулот ё хидматхо, балки ба тахлили амики бозор, фахмидани эхтиёчоти мизочон ва тархрезии тактикахои дуруст равона аст, ки тамоми чараёни фаъолият ва хадафхои бизнесро дастгирй мекунад.
Дар тахкикот, мо ба мухтавои стратегияи маркетинг ва накши он дар рушди фаъолияти сохибкорй назар хохем кард, ки чй гуна ин стратегияи мукаммал метавонад як тичоратро муваффак ва устувор гардонад.
Стратегияи маркетинг як хати рахнамоие мебошад, ки ширкат барои татбики максадхои худ истифода мебарад. Ин стратегия хулоса ё накшаи ичрои тадбирхоест, ки барои ноил шудан ба максадхои муайяни тичорат, аз кабили афзоиши фуруш, бузург кардани хиссаи бозор, тавсеаи бренди ширкат ва чалби муштариён тахия мешавад.
Мохияти стратегияи маркетинг ба мисли як хатти рохбарй дар самти хамачониба ва хамоханг кардани фаъолиятхо ва захирахои ширкат, бо максади расидан ба натичахои хуб дар бозор мебошад. Ин стратегияи дакик ва тахлилшаванда бояд на танхо барои пасандоз кардани ширкат дар як муддати кутох, балки барои тахким кардани чойгохи он дар бозори дарозмуддат низ кумак кунад.
Х,адафи асосии стратегияи маркетинг ин омузиши ниёзхо ва хохишхои харидорон ва тахлили дурустии бозор аст. Ширкат бояд аввал фахманд, ки мизочони онхо кй хастанд, чй мехоханд ва чй гуна ба онхо махсулот ва хидматрасонихоро пешниход мекунанд. Бо гузашти вакт, талабот ва ниёзхои харидорон таFЙир меёбанд, аз ин ру тахлили мунтазами бозор ва омузиши тамоюлхои нав на танхо барои татбики стратегияи маркетинг, балки барои нигох доштани чойгохи пешсафи ширкат низ мухим аст.
Дар шароити имруза, ки ракобат дар бозорхои гуногун хеле шиддат гирифтааст, стратегияи маркетинг як воситаи мухими баромадан аз ракибон аст. Бо истифода аз стратегияи дуруст, ширкат метавонад бренди худро аз дигарон фарк кунад, фишорхои ракобатиро кам кунад ва дар натича махсулот ё хидматрасонихои худро муаррифй намояд, ки дар бозор муваффакият ба даст меоранд.
Стратегияи маркетинг бояд ба чалби харидорон тавассути каналхои гуногун, аз кабили реклама, таблет, онлайн-маркетинг ва муносибатхои мустаким бо онхо равона гардад. Истифодаи дурусти стратегияи маркетинг метавонад боиси афзоиши фуруш ва ба ин васила афзоиши даромади тичорат гардад. Стратегияи маркетинг, ки ба талаботи муштариён асос ёфта бошад, метавонад назаррас фуруши махсулотро афзоиш дихад.
Бренд аз мухимтарин дороии хар як тичорат аст. Стратегияи маркетинг кумак мекyнад, ки бренд эчод ва таквият ёбад, то ки ба як омузиши мус6й ва дастгирии кавии харидорон табдил ёбад. Бренд, ки бо вакт ва кушиши стратегияи дуруст дар бозор эчод мешавад, метавонад кумак кунад, ки махсулот ё хидмат бо сифати хуб ва эътимод ба харидор шинос шавад.
Бо истифода аз стратегияи маркетинг, ширкатхо метавонанд як маком дар бозор пайдо кунанд. Ширкатхое, ки стратегияи маркетинги мукаммали худро ба назар мегиранд, метавонанд дар байни ракибон макоми устуворро пайдо кунанд ва дар бозор бокй монанд. Х,адафи асосии стратегияи маркетинг на танхо дар хотима бахшидани муштариён ва фуруш нест, балки тахким кардани мавкеи ширкат дар бозор дар хама даврахои рушд мебошад.
Дар асри 21, баъзе аз мухимтарин каналхои маркетинг, аз кабили маркетинги ракамй, шабакахои ичтимой ва маркетинг онлайн, боис шудаанд, ки ширкатхо стратегияи маркетингро боз хам мукаммал ва пуршиддаттар созанд. Воситахои нав, аз кабили рекламаи интернетй, SEO (Search Engine Optimization), контент маркетинг, ва маркетинг дар шабакахои ичтимой (Social Media Marketing), имкони чалби муштариён ва афзоиши обруи бренди ширкатро зиёд мекунанд.
Х,ар як бизнес бо муштариёни гуногун ва бозорхои муайян кор мекунад. Стратегияи маркетинг бояд барои хар як гурух ё бахш махсусан тахия шавад, ки онхо нишонахои махсуси худ ва тамоюлхои муфиди бозорй доранд. Стратегияи дурусти маркетинг ба бизнес кумак мекунад, ки на танхо махсулоти умумй, балки карорхо ва имкониятхои муфид барои хар як сегменти харидорон, ки бо он кор мекунад, пешниход мекунад.
Мохияти стратегияи маркетинг дар рушди бизнес ногузир аст. Он як унсури мухим барои татбики хадафхои тичорй, аз кабили афзоиши фуруш, ба даст овардани харидорон, тахким кардани бренди ширкати тичорй ва муайян кардани чойгохи устувор дар бозор мебошад. Бо тахлил ва стратегияи дуруст, ширкатро метавонанд мархалаи рушдро дар шакли муваффакият ва устуворй такмил диханд ва дар бозорхои ракобатпазир макоми худро бокй нигох доранд.
Адабиёт
1. Ансофф И. Новая корпоративная стратегия. The New Corporate Strategy. - Санкт-Питербург, 1999. - 416 с. - ISBN 5-314-00105-5, 0-471-62950-2.
2. Баталова О.С. Содержание концепции маркетинговой стратегии / О.С. Баталова. Текст: непосредственно // проблемы современной экономики: материалы конф.постой.науки, г. Челябинск, 2011. С. 103-106. -LL: https://moluch.ru/conf/econ/archive/12/1222 / (Дата обращения: 17.10.2024).
3. Катькало В.С. Место и роль ресурсной концепции в развитии теории стратегического управления // Вестник СПб Университета. 2003. Сер.8. Вып.3(24). С.3-17.
4. Котлер Ф. Основы маркетинга. - М.: Прогресс, 1990 (перевод В. Б. Боброва)
5. Портер М. Конкурентная стратегия: Методика анализа отраслей и конкурентов / пер. с англ. И. Минервина. - М: «Альпина Паблишер», 2011. - 454 с. - ISBN 978-5-9614-1605-3.
6. Поляков В.Е., Янько Д.А., Беккер В.О., Сидорчукова И.Г. Теоретические основы разработки маркетинговой стратегии коммерческой организации // ЕГИ. 2022. №44 (6). URL: https://cyberleninka.ru/article/n/teoreticheskie-osnovy-razrabotki-marketingovoy-strategii-kommercheskoy-organizatsii (дата обращения: 07.12.2024).
7. Сейфуллаева, М.Э. Маркетинговые стратегии современных ТНК : монография / М.Э. Сейфуллаева. - Москва : Научный консультант. - 2016. - 202 с.
8. Сайти расмии www.geeksforgeeks.org, Захираи электронй: https://www.geeksforgeeks.org/business-strategy-meaning-importance-components-and-measures/ Дата обращения: 17.10.2024
9. Сайти расмии www.marketch.ru. Захираи электронй: https://www.marketch.ru/history-of-marketing/the-definition-of-marketing-ama-1948/ Дата обращения: 17.10.2024
10. Gilbert D.R. The twilight of corporate strategy: A comparative ethical critique. New York,
1992
11. Chandler A.D. Strategy and Structure. Cambridge, MA, 1962 Маълумот дар бораи муаллиф:
Х,амидзода Манучехр Хурсанд - ассистент - унвончуи Донишгох,и байналмилалии сайёхй ва сох,ибкории Точикистон. Сурога: 734055. Чумхурии Точикистон, ш.Душанбе, к.Борбад 48/5. Тел:+992801992020, E-mail: [email protected]
Сведения об авторе:
Хамидзода Манучехр Хурсанд - ассистент - соискатель Международного университета туризма и предпринимательства Таджикистана. Адрес: 734055. Республика Таджикистан, г.Душанбе, ул.Борбад 48/5. Тел.:+992801992020, E-mail: [email protected]
Information about the author:
Hamidzoda Manuchehr Khursand - an assistant the International University of Tourism and Entrepreneurship of Tajikistan. Address: 734055. Republic of Tajikistan, Dushanbe, k.Borbad 48/5 . Tel.:+992801992020, E-mail: [email protected]