Научная статья на тему 'ЗАПИСЬ В НАШЕМ МИРЕ ПРОДОЛЖЕНИЕ'

ЗАПИСЬ В НАШЕМ МИРЕ ПРОДОЛЖЕНИЕ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
35
11
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТАДЖИКСКИЙ ЯЗЫК / ТАДЖИКСКАЯ ФИЛОЛОГИЯ / ТАДЖИКИСТАН / САМАРКАНД / ТАДЖИКСКИЙ / МАСТЕР / ОСОБОЕ ВНИМАНИЕ / ПЕДАГОГИЧЕСКИЙ ИНСТИТУТ / ТАДЖИКСКАЯ ЛИТЕРАТУРА / ТАДЖИКСКИЙ ФОЛЬКЛОР / ОБЛАСТЬ НАУКИ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Солехов Шамсиддин Аслиддинович

Статья посвящена научной и педагогической деятельности устода Н.Масуми, который полностью посвятил свою сознательную жизнь исследованию таджикского языка, литературы и фольклора. Кроме того, он был учителем и наставником нескольких поколений таджикских филологов - преподавателей и исследователей языка и литературы. Автор уделяет особое внимание фундаментальным работам Н.Масуми по классической и современной литературы. Велики заслуги устода в развитии таджикского языкознания, особенно в области лексикологии, лексикографии и стилистики. Н. Масуми внес огромный вклад в воспитании таких известных таджикских поэтов и пистелей как У.Раджаб, Л.Шерали, М.Бахти, У.Кухзод, Г.Мирзо, Х.Файзулло и других. Сегодня ярко ощущается вклад Н.Масуми в развитии различных отраслей таджикской литературы и филологической науки. Наш народ сегодня высоко ценит заслуги таких патриархов науки, литературы и системы образования республики, как устод Н.Масуми.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RECORDING IN OUR WORLD CONTINUED

The article is devoted to the scientific and pedagogical creative activities of ustod N. Masumi who devoted his full life to the research of Tajik language, literature and folklore. In addition, he was the teacher and tutor of several generations of philologists-teachers and researchers of the language and literature. The author pays a special attention to the fundamental works of N. Masumi on classical and modern literature. Ustod N. Masumi plays a great role in the development of Tajik linguistics, in particular in the sphere of lexicology, lexicography and stylistics. N. Masumi made a great contribution to the education of such famous Tajik poets and writers such as U. Rajab, L. Sherali, M. Bakhti, U. Kukhzod, G. Mirzo, Kh. Faizullo and others. Today N. Masumi's contribution to the development of various branches of Tajik literature and philological science is clearly felt. Our people today highly appreciate the merits of such patriarchs of science, literature and education system of the republic as ustod N. Masumi

Текст научной работы на тему «ЗАПИСЬ В НАШЕМ МИРЕ ПРОДОЛЖЕНИЕ»

САБТ АСТ ДАР ЧДРИДАИ ОЛАМ ДАВОМИ МО

Солехрв Ш.

Донишгохи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Устод Носирчон Маъсумй аз чумлаи шахсиятхои фарзонаи илмию адабй ва фархангиест, ки дар илми филологияи точик ва низоми мактабу маорифи Чумхурии Точикистон накши мондагор гузоштааст. Зиндагиномаи устод нишон медихад, ки у дар шароити хеле душвори солхои 20-30 садаи ХХ, сарфи назар аз мушкилихои ичтимоию хонаводагй ба рохи илмомузй рафта, муваффак гаштааст. Устод Н.Маъсумй зодаи дехаи овозадори ^аратоги Хисори шодмон мебошад. У соли 1915 дар хамин деха, дар хонаводаи дехкони камбагал ба дунё омада, дар синни яксолагй бо сабаби марги нобахангом аз огуши гарми падар чудо шуда, дар тарбияи модари окила ва босавод мемонад. Азбаски тагояш Зулфикор дар шахри Самарканд мардикорй мекард, аз вазъи душвори хохар ва чияни хурдсолаш огох гардида, омада онхоро хамрохи худ ба Самарканд мебарад. Н.Маъсумй ва модараш чанд сол хамрохи тагояш дар дехаи Бахшитеппаи наздикии шахри Самарканд зиндагй мекунанд.1 Носирчони наврас мактаби ибтидоиро дар хамин деха хонда тамом мекунад. Баъд у ба курсхои дусолаи муаллимтайёркунии шахри Самарканд дохил шуда, тахсил менамояд. Завки илмомузй ва истеъдоди баланди уро устодон эхсос намуда, ба вай таваччухи хоса зохир менамоянд. Аз чумла, яке аз устодони муътабари хамондавраи Самаркандй Хайдар Ходизода ба ин чавони хушзехн таваччухи махсус зохир намуда, дар масири илмомузй ба вай рахнамой мекунанд.

Баъди хатми курси дусолаи муаллимтайёркунй Н. Маъсумиро ба хайси муаллим, барои кор ба Омузишгохи омузгории шахри Панчакент ба кор мефиристанд. Муаллими чавон дар ин чо бо устодони дар хамон солхо варзида ва маорифчиёни маъруфи водии Зарафшон Хамид Бакозода, ^утбиддин Раззоков, Отакул Низомов ва дигарон хамкор мешавад. Баъди як соли дар ин чо кор кардани Н.Маъсумй устоди самаркандиаш X,. Ходизода низ барои кор ба омузишгохи педагогии Панчакент меояд ва бо хамрохии шогирдаш ва устодони номбурда ба таълиму тадриси шогирдон машгул мешавад. Баъдан, соли 1936 НМаъсумй ба факултети филологияи Донишкадаи омузгории шахри Душанбе (холо ДДОТ ба номи С. Айнй) дохил шуда, баъди хатми он бо тавсияи устодонаш Л. Бузургзода ва Ш. Хусейнзода ба кори омузгорй мепардозад. Дар як фосилаи кутохи замонй Н.Маъсумй ба шарофату дастгирихои устодаш Л. Бузургзода дар мухити илмй ва адабии хамон солхо маъруфият пайдо мекунад.2 Пайваста дар матбуоти даврй ба нашр расидани шеърхо ва маколахои илмии забоншиносию адабиётшиносии у делели ин гуфтахоянд. Натичаи хамон талошхо ва кушишхо буд, ки соли 1940 НМаъсумй ба узвияти Иттифоки нависандагони Точикистон пазируфта мешавад.

Дар солхои Чанги чахонии дуюм Н.Маъсумй ба чои устоди ба чаграфтааш Л.Бузургзода дар Донишкадаи омузгорй ба таълими фанхои забон, таърихи адабиёт ва фолклори точик машгул мешавад. Хамин тавр, фаъолияти Н.Маъсумй дар Донишкадаи номбурда идома меёбад. Вай солхои 1948-1951 дар вазифаи мудири кафедраи забони точикй, солхои 1953-1965 мудири кафедраи адабиёти точик ва солхои 1965-1959 вазифаи муовини ректори донишкадаро ичро мекунад. Соли 1952 НМаъсумй барои химояи рисолаи номзадй ба Донишгохи давлатии Ленинград (хозира Донишгохи давлатии Санкт-Петербург), ба назди устоди рохнамояш, профессор А.Н. Болдирев фиристода мешавад. У соли 1954 рисолаи номзадиашро бомуваффакият химоя мекунад, ки ин рохи устодро ба пажухиши проблемахои мухими забону адабиёти точик боз месозад. Инро ба назар гирифта, соли 1959 устод НМаъсумиро Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакй таъин мекунанд. Ин масъулият доираи фаъолиятхои илмй ва чамъиятии Н.Маъсумиро фарох месозад.3

Аз соли 1960 сар карда, Н.Маъсумиро ду маротиба депутати Шурои Олии Чумхурии Точикистон ва узву рохбари чандин чамъиятхои дустй бо кишвархои хоричй интихоб мекунанд.

Вай дар баробари узви хдйати тахририяи нашрияхои зиёд будан, инчунин солхои тулонй узви раёсат ва садорати Иттифоки нависандагони Точикистон буд.4 Устод Н.Маъсумй солхои зиёд ба хдйси академик-котиби Шуъбаи илмх,ои чамъиятшиносоии Академияи илмх,ои чумхурй дар инкишофи илмх,ои гуманитарй дар Точикистон сахми босазо гузоштанд. Соли 1965 ба ифтихори 50 солагии ин ходими намоёни илму адабиёт ва устоди забардасти забон ва адабиёти точик х,ам дар Академияи илмх,ои чумхурй ва х,ам дар Донишкадаи омузгорй х,амоишх,ои ботантанаи илмию адабй баргузор гардид, ки ин як навъ поси хотири хизматхои устод дар сох,аи илму маорифи чумхурй буд.

Устод Маъсумй олими сохибмактаб буданд, далели ин шогирдони зиёди устоданд, ки дар сох,ах,ои илму маориф х,амрох,и эшон кору фаъолият менамуданд. Аз чумла, донишмандони бузурги точик академик М.Шакурй ва Р.Гаффоров худро шогирдони мактаби Н.Маъсумй медонистанд. Хизматхои бедареги устод Н.Маъсумй бо унвони Ходими хизматнишондодаи илм кадрдонй шудааст. Инчунин уро соли 1969 узви вобастаи АИ Чумхурии Точикистон интихоб намудаанд.

Фаъолияти илмии Н.Маъсумй серсоха ва гуногунпахлуст. Таълифоти зиёди устод далели дар риштахои гуногуни илми филология дасти тавоно доштани эшон аст. Вай хднуз аз соли 1936 сар карда, дар матбуот шеърх,о ва маколахои илмии худро чоп мекард. Китобх,ои дарсй оид ба фанх,ои забон, адабиёт, фолклор ва корх,ои илмию пажухишии Н.Маъсумй дар солхои баъдй пайваста ба нашр расида, мавриди истифодаи устодону шогирдон карор мегирифт. Н.Маъсумй натанх,о китобх,ои дарсии забону адабиёти точикро таълиф менамуданд, балки дар тахияи барномахои таълимии фанх,ои мазкур сахми худро гузоштаанд. Тибки иттилои профессор М.Исматуллоев ин олим ва омузгори тавоно дар риштахои гуногуни илмии филологияи точик беш аз 25 китоб ва 200 маколаи арзишманди илмй ва таълимй ба нашр расонидаанд, ки онх,о дар мачмуъ нишондихандаи фаъолиятхои босамари илмию омузгории устод аст. Китобх,ои «Нишондих,андах,ои методй ва супоришх,о аз забони модарй» (1949) , «Фолклори точик» (1952), «Очеркх,о оид ба инкишофи забони адабии точик» (1959), «Усули таълими адабиёт дар синфх,ои 5-8» (1960), «Мухаммадчон Рахимй» (1961), «Адабиёти точик дар асри ХУ111 ва нимаи аввали асри Х1Х» (1962), «Чах,онбинй ва мах,орат» (1967), «Адабиёти советии точик» (китоби дарсй, бо хдммуаллифии Х.Мирзозода ва Ю.Бобоев 1952) ва гайра махсули фаъолиятхои босамару гуногунчанбахои Н.Маъсумй мебошанд5.

Устод Н.Маъсумй ба х,айси яке аз мухаррирони «Фарханги забони точикй» (1969) дар инкишофи фархангнигории муосири точикй накши босазо доранд.6 Тахияи ин шохкории лугатнигории точикй, ки тахти рохнамой ва иштироки бевоситаи устод сурат гирифтааст, аз тарафи донишмандони зиёд, ховаршиносону точикнишинони кишвархои гуногуни чахон эътироф ва эхтиром гардидааст.

Н.Маъсумй нахустин мухаккик ва кашшофи шахсият ва ашъори Накибхон Туграли Ахрорй мебошад. Бо ибтикори эшон ба нашр расидани «Мунтахаботи ашъор"-и Накибхон Туграл барои омузиши амиктару фарогиртари ахволу осори шоир рох кушод, соли 1966 устод Н.Маъсумй бо хамкории М.Холов «Намунаи фолклори Афгонистон"-ро тахия ва чоп карданд, ки баъдан дар ин замина фолклоршиносони точик пажухишхои зиёди арзишмандеро ба анчом расониданд. Бояд гуфт, ки Н.Маъсумй муаллифи нахустин асари чомеъ ва мукаммал дар фолклоршиносй буданд. Х,ануз соли 1952, вакте ки китоби «Фолклори точик» (к.1) ба нашр расид, мухаккикон ба он бахои баланд дода буданд.

Соли 1966 яке аз асархои мухим ва бунёдии Н.Маъсумй бо номи «Чахонбинй ва махорат» аз чоп баромад, ки он вокеан, дар фаъолиятхои илмию пажухишии муаллиф тадкикоти мархилавй махсуб мегардад.7 Дар кисмати аввали ин китоб мухимтарин масъалахои омузиши адабиёти точик ва дар бахши дуюми он мушохида ва мулохизахои муаллиф дар мавриди инкишофи забони адабй матрах мегардад. Китоби мазкур натичаи фаъолиятхои тулонию босамари илмй ва омузгории устод Н.Маъсумй мебошад.

Бояд гуфт ки аз солхои панчохуми карни ХХ сар карда, дар факултети филологияи точики ДДОТ ба номи С.Айнй, дар заминаи тадкикоту таълифотхои чиддию бунёдй, як мактаби кавии илми филологияи точик ба вучуд омад, ки шохаи забоншиносии он бо ном ва фаъолиятхои босамари устод Н.Маъсумй дар ин самт вобаста мебошад. Дар ин мактаб аз хамон солхо сар карда, омузиши масъалахои гуногуни сохти грамматикии забони точикй, проблемахои гуногуни сарфию нахвии он ривоч гирифт. Чавонони зиёде зери рохбарии устодони бузурге чун Н.Маъсумй рисолахои

номзадию докторй навишта, химоя карданд. Дар ин замина бо марказхои эроншиносии Русия, Озорбойчон ва Гурчистон хамкорихои судманд ба рох монда шуд.

Дар солхои баъдй мактаби илмии факултети филологияи точики ДДОТ ба номи С.Айнй дар самти забоншиносй зери рохнамоии устод Н. Маъсумй, дар самти адабиётшиносй зери рохнамоии устод Х.Мирзозода ва дар самти усули таълим бо хидояти устод А.Эшончонов инкишоф меёфт ва олимону муаллимони варзидаи зиёдеро тарбият намуда, дар хизмати илму маорифи кишвар гузошт.8

Устод Н.Маъсумй бо хамрохии Т.Пулодй ва Б.Рахимзода дар факултети филологияи Донишгох махфили адибони чавонро рохандозй намуданд, ки он дар тарбияи як катор шоирону нависандагони маъруфи точик накши мухим гузошт. Аз чумла, шоирону нависандагони шинохтаи точик Ф.Ансорй, Б.Хочй, Г.Мирзо, Л.Шералй, У.Рачаб, ^.Киром, С.Султон, А. Атобоев, Кухзод, М.Бахтй, К.Мирзоев, К.Насруллоев ва дигарон дастпарварони хамин махфили адабй хастанд. Устод Н.Маъсумй дар солхои 60-70 садаи ХХ ва охири умрашон дар ин факултет аз фанхои забон ва адабиёти точик, фолклори точик дарс мегуфтанд ва дар тарбияи омузгорони фанхои мазкур сахми бевосита мегузоштанд. Дарсхои устодро, ки бо як махорати нотакрори омузгорй баргузор мегардид, бисёре аз шогирдон дар ёд доранд ва дар махфилу сухбатхои дустона аз лексияхои чаззоби Н.Маъсумй дар мавриди рузгору осори Хилолй, Мушфикй, Бедил, Зебуннисо, Ахмади Дониш, Савдо, Туграл ва дигарон бо мухаббат ёд мекунанд. Ба шаходати шогирдонашон устод Н.Маъсумй дар баробари дониши амику фарогири филологй махорати баланди суханварй, наттокй ва садою овози чаззоб доштанд. Эшон ашъори зиёди Хилолй, Нозим, Бедил, Туграл ва дигар шоирони бузургро аз бар медонистанд ва дар дарсу махфилхои адабй бо камоли махорати суханварй кироат мекарданд. Ин фазилатх,ои волоро устод Н. Маъсумй аз муаллимони нахустинашон Л.Бузургзода ва ХХодизода ба мерос гирифта буданд.

Устод Н.Маъсумй 16 августи соли 1974 аз дунё гузаштанд, ки ин барои илми филологияи точик вокеан, талафоти чуброннопазир буд. Баъдан, бо ибтикори шогирдону хамкоронашон осори илмии устод дар ду чилд тахия гардид, ки он бо дастгирй ва пешгуфтори Президенти хамонвактаи Академияи илмх,ои Чумхурии Точикистон М.С.Осимй чанд бор ба чоп расид ба шахсият ва корномаи илмию омузгории устод Н.Маъсумй умри абад бахшид.

Харгиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишк,

Сабт аст бар чаридаи олам давоми мо.

АДАБИЁТ

1.Ёдномаи устод Маъсумй,-Душанбе: Адиб,2016,-с.8.

2.Исматуллоев М. Педагог, олим ва инсони комил// Ёдномаи устод Маъсумй,-Душанбе: Адиб,2016,- с. 17.

3. Масуми В.О.Чахонам хуснафруз аст// Ёдномаи устод Маъсумй,-Душанбе: Адиб,2016,- с. 117.

4. Сайфуллоев А. Сохибдилон намиранд//Маориф ва маданият, 1960, -15 май.

5. Ёдномаи устод Маъсумй,-Душанбе: Адиб,2016.

6.Шукуров М. Аз куллахои кух ба куллахои илм// Садои Шарк, 1966,-с.83.

7.Маъсуми Н. Асархои мунтахаб. Ч1- Душанбе, 1977.

8.Маъсуми Н. Асархои мунтахаб.Ч.1,- Душанбе, 1980.

ЗАПИСЬ В НАШЕМ МИРЕ ПРОДОЛЖЕНИЕ

Статья посвящена научной и педагогической деятельности устода НМасуми, который полностью посвятил свою сознательную жизнь исследованию таджикского языка, литературы и фольклора. Кроме того, он был учителем и наставником нескольких поколений таджикских филологов - преподавателей и исследователей языка и литературы.

Автор уделяет особое внимание фундаментальным работам НМасуми по классической и современной литературы. Велики заслуги устода в развитии таджикского языкознания, особенно в области лексикологии, лексикографии и стилистики. Н. Масуми внес огромный вклад в воспитании таких известных таджикских поэтов и пистелей как У.Раджаб, Л.Шерали, М.Бахти, У.Кухзод, ГМирзо, ХФайзулло и других. Сегодня ярко ощущается вклад НМасуми в развитии различных отраслей таджикской литературы и филологической науки. Наш народ сегодня высоко ценит заслуги таких патриархов науки, литературы и системы образования республики, как устод НМасуми.

RECORDING IN OUR WORLD CONTINUED

The article is devoted to the scientific and pedagogical creative activities of ustod N. Masumi who devoted his full life to the research of Tajik language, literature andfolklore. In addition, he was the teacher and tutor of several generations ofphilologists-teachers and researchers of the language and literature.

The author pays a special attention to the fundamental works of N. Masumi on classical and modern literature. Ustod N. Masumi plays a great role in the development of Tajik linguistics, in particular in the sphere of lexicology, lexicography and stylistics. N. Masumi made a great contribution to the education of such famous Tajik poets and writers such as U. Rajab, L. Sherali, M. Bakhti, U. Kukhzod, G. Mirzo, Kh. Faizullo and others. Today N. Masumi's contribution to the development of various branches of Tajik literature and philological science is clearly felt. Our people today highly appreciate the merits of such patriarchs of science, literature and education system of the republic as ustod N. Masumi

Сведения об авторе:

Солехов Шамсиддин Аслиддинович - д.ф.н., профессор, зав. кафедры теории и истории литературы Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни: тел: (+992) 987650043; E - mail: [email protected]

About the author:

Solehov Shamsiddin Asliddinovich - Doctor of Philological science, head of the department of Theory and History of literature Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini. Phone: (+992) 987650043; E - mail: [email protected]

РУШДИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ ТОЧДКЙ ВА УНИВЕРСАЛИЗМИ ШАРОФИДДИН РУСТАМОВ

Сулаймонов И. О.

Донишгохи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Дар саромади забоншиносии точик дар мархалахои гуногуни рушди он шахсиятхои маъруфе карор доштанд, ки махз бо сайъу талоши онхо илми мазкур ва сохахои он ба дарачаи муайяни тахаввулот расидааст. Масалан, накши мухаккикони солхои 20-30-юми асри ХХ тахти рохбарии устод С. Айнй барои ташаккули забони адабии хозираи точик, ганй гардонидани он аз хисоби имкониятхои дохилии забони точикй, хусусан, аз хисоби лахчахои кухистон пурра гардонидани таркиби лугавии забонамон, тахияи китобхои дарсй барои мактабхои тахсилоти хамагонй ва аввалин омузишгоххову донишкадаи навтаъсиси агропедагогй махсуб ёфтааст. Аммо насли минбаъдаи мухаккикони сохаи филологияи точик, ки бештар фаъолияти илмии онхо аз солхои 30-50-уми садаи гузашта огоз мешавад, бо офаридани силсилаи корхои илмй-тадкикотй дар самти тараккии хам забон ва хам адабиётшиносии точик маъруф гаштаанд. Устодон Л. Бузургзода, А. Дехотй, С. Улугзода, Х. Мирзозода, Т. Зехнй, В. Асрорй, Ш. Хусейнзода, Б. Ниёзмухаммадов ва дигарон намояндагони ин мархалаи рушди забоншиносии точик ба шумор мераванд.

Дар солхои 50-80-уми садаи ХХ бошад, дар такя ба пешрафти забоншиносии рус рушди сохахои чудогонаи забоншиносии мо, аз чумла лексикология бо руи кор омадани осори илмии М.Мухаммадиев; грамматика ва шевашиносй бо таълифи осори В. С. Расторгуева, Р. Л. Неменова, А. З. Розенфелд, А. З. Каримова; грамматика, услубшиносй ва шевашиносй дар таълифоти Н. Маъсумй, Б. Камолиддинов, Р. Гаффоров, Точиев, М. Исматуллоев, F. Чураев, А. Эшончонов, Н.Бозидов; бевосита доир ба мушкилоти грамматикаи точик ва сохахои он тахкикоти забоншиносон - Д.Точиев, Ш. Ниёзй, Ш. Рустамов ва дигарон сурат гирифтааст.

Пушида нест, ки грамматика илми мураккаб ва серсоха буда, дар таркиби он бахшхои морфология, синтаксис ва калимасозй чойи асосиро ишгол мекунад. Ш. Рустамов фаъолияти илмии худро аз охири солхои 60-ум ва аввали солхои 70-уми карни мозй огоз намуда, тамоми кувваю махорати худро махз ба тахкики ана хамин се чузъи асосии грамматика бахшидааст. Бисёрчанбагии

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.