Научная статья на тему 'The role of composition in development of written speech of pupils'

The role of composition in development of written speech of pupils Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
738
37
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РАЗВИТИЕ ПИСЬМЕННОЙ РЕЧИ / СОЧИНЕНИЕ / ВЫБОР ТЕМЫ СОЧИНЕНИЯ / ОБСУЖДЕНИЕ И АНАЛИЗ / ПЛАН СОЧИНЕНИЯ И ЕГО РАЗДЕЛЫ / ЭТАПЫ НАПИСАНИЯ СОЧИНЕНИЯ / ВИДЫ СОЧИНЕНИЯ / ТВОРЧЕСКОЕ СОЧИНЕНИЕ / DEVELOPMENT OF WRITTEN SPEECH / COMPOSITION / CHOICE OF THE THEME OF COMPOSITION / DISCUSSION AND ANALYSIS / PLAN OF COMPOSITION AND ITS SECTIONS / STAGES OF ESSAY WRITING / TYPES OF COMPOSITION / CREATIVE COMPOSITION / ИНКИШОФИ НУТќИ ХАТТї / ИНШО / ИНТИХОБИ МАВЗўИ ИНШО / МУњОКИМА ВА ТАњЛИЛ / ќИСМАТњО ВА НАќШАИ ИНШО / МАРњАЛАњОИ ТАЪЛИФИ ИНШО / НАВЪњОИ ИНШО / ИНШОИ ЭљОДї

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ахмадов М.

В статье исследуется роль сочинения в формировании и развитии письменной речи учащихся и предпринимается попытка осветить некоторые аспекты данной темы. Отмечается, что виды письменных работ, среди которых сочинение является наиболее распространенным, считаются проверенным и целесообразным методом улучшения и развития речи учащихся, как в процессе обучениякурса истории литературы, так и литературного чтения.В статье конкретизируются функции преподавателя и учащегося в процессе написания сочинения. Демонстрируются правильный выбор темы сочинения, порядок изложения мыслей, составные части сочинения, составление плана, этапы написания сочинения и его анализ с опорой на мнение специалистов данной сферы и посредством конкретных примеров. В статье по нескольким аспектам анализируются особенности различных видов сочинения, и вместе с тем отмечается, что до сих пор не существует их единой классификации.Подытоживая результаты своих изысканий, автор статьи предлагает таблицы классификации сочинений, в которых указаны количество и объем сочинений для каждого класса на основе программы обучения литературе, а также приводится информация о критериях оценки сочинения.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Роль сочинения в развитии письменной речи учащихся

The article dwells on the role of composition dealing with the formation and development of written speech of pupils; the author makes an endeavor to highlight certain aspects of the topic in question. It is underscored that types of written works, among which a composition is the most widely spread one, are considered to be a proven and expedient method aimed at improvement and development of students' speech, both in the course of tuition of the history of literature and literary reading.The article concretizes the functions of a teacher and a pupil in the process of essay writing. Correct choice of a theme of composition, order of presentation of thoughts, constituent parts of composition, design of a plan, stages of essay writing, and its analysis based on the opinions of specialists in the relevant field and on specific examples are demonstrated in the article by the author. In his article the author analyzes the peculiarities of various types of composition in several aspects; at the same time he underscores that there is still no unified classification of them.Adducing the results of his researches, the author of the article proposes classification tables of composition in which both the number and volume of compositions for each class based on a curriculum on literature are indicated; he gives information about the criteria for composition assessment.

Текст научной работы на тему «The role of composition in development of written speech of pupils»

УДК8 точ2

ББК 83,3 точ М. АХМАДОВ

МАВЦЕИ ИНШО ДАР ИНКИШОФИ НУТЦИ ХАТТИИ ХОНАНДАГОН

Бадехист, ки яке аз вазифахои асосии дарси адабиёт дар мактаб инкишоф додани нутки хаттии хонандагон, тарбия намудани майорату малакаи ибораорой ва чумласозй, содаю фахмо ва равону шево ифода намудани афкор ба хисоб меравад. Барои ба ин максад ноил гардидан дар мактаб намудхои гуногуни корхои хаттй чорй карда шудааст. Навиштани конспекту фишурдаи маърузахо, маърузаю тавсифномахо, накли хаттй ва дигар намудхои корхои хаттй дар рушду такомули тафаккур, нутк, майорат ва малакаи шогирдон хизмати босазоеро ба сомон мерасонанд. Мустакилона навишта тавонистани корхои хаттй ва дар ин соха хосил намудани малака аз фазилатхои хуби хонандагон мебошад.

Бояд кайд кард, ки ба корхои хаттй хавасманд гардонидани хонандагон ба рохбарии омузгор вобаста аст. Агар омузгор вобаста ба мавзуъхои машгулиятхои адабиёт корхои хаттиро мунтазам гузаронад, бешубха дарачаи саводнокй ва вусъати чахонбинии шогирдон назаррас мегардад.

Иншо аз навъхои маъмултарини корхои хаттй хам дар курси хониши адабй ва хам дар курси таърихи адабиёт ба хисоб меравад. Гузаронидани хар кадом навъи корхои хаттй - мураттаб сохтани накшаи матни бадей ва накшаи тахлили асари бадей, тавсифномаи кахрамони асари бадей, ба саволхо чавоб навиштан, маъруза, фишурда, накли хаттй, интихоби катибаву иктибосхо, такриз ба асари хондашуда, навиштани мактуб ва монанди инхо дар баробари вазифахои махсусашон, дар айни замон, аз мархалахои тайёр намудани шогирдон ба навиштани иншо ба хисоб мераванд.

Дар баробари навиштани иншо хонандагон бояд мазмуни мавзуи интихобкардаашонро мустакилона баён кунанд, масъалахои гузошта-шударо хал созанд ва ба натичахои муайян бирасанд. Бинобар ин хам иншо дар радифи корхои дигари хаттй дар баланд бардоштани саводи хонандагон, ганй гардонидани захираи лугавй, инкишоф додани тафаккури мантикй, устувор гардидани мантики баён, шакл гирифтани услуби ифода заминаи мустахкам мегузорад. Иншо барои пурратару дурусттар фахмидани адабиёти бадей, мантикан бегалат ва мухтасар ифода кардани фикр ва умуман, инкишофи вокеии нутки хаттии хонандагон ёрй мерасонад.

Омузгор каблан бояд ба хисоб гирад, ки доираи дониши шогирдон чй норасоихо дорад ва то шуруи таълифи иншо бо роххои гуногун маълумоти онхоро пурра намояд, донишхои зарурй дихад. Агар омузгор мавзуъро дуруст интихоб намояд ва перомуни мавзуи иншо бо шогирдон сухбати пешакй гузаронад, иншои онхо натичаи дилхох хохад дод.

Доир ба хамаи асархои омухташаванда иншо навиштан шарт нест. Дар курси хониши адабй доир ба асархое иншо навишта мешавад, ки мавзуяшон сода ва ба зиндагии хонандагон наздик бошад, то хонандагон дар он мавзуъ иншо навишта тавонанд. Мавзуи иншоро аз шогирдон хамчун «сирри давлатй» махфй нигох доштан чандон амали дуруст нест. Бехтар он аст, ки мавзуи иншо пешакй эълон карда шавад ва хонандагон доир ба мавзуи пешниходшуда ба таври мушаххас омодагй бинанд.

Перомуни интихоби дурусти мавзуи иншо дар мактабхои замони шуравй низ мутахассисон изхори андеша кардаанд. Аз он чумла, равишшинос А. Абдувалиев дар ин мавзуъ чунин овардааст: "...Барои иншо мавзуъхои конкретй ва ихчам пешниход карда нашуда, талабагонро ба умумигуй равона мекунанд. Чунончи, мавзуъхои "Х,аёт ва эчодиёти С. Айнй", "Тахлили "Дохунда"-и С. Айнй", "Тахлили "Одина"-и С. Айнй" ва гайра фаъолияти тафаккури бачагонро зиёд накарда, онхоро ба рохи сарбаста мебаранд. Дар сурати конкрет гузошта шудани мавзуи иншо талабагон аз умумигуй даст мекашанд ва ба эчодкорона хал намудани масъала кушиш мекунанд. Мо дар як катор мактабхои шахрхои Душанбе, ^ургонтеппа, Уротеппа ва Исфара дар мавзуъхои "Симои Одина ва Ёдгор дар тасаввури ман", "Акидаи ман дар бораи Одина", "Ман аз устод Айнй чихо омухтам", "Симои кахрамонони манфй дар тасвири устод Айнй", "Тасвири кухистони точик дар романи "Дохунда" ва гайра иншо гузаронидем..." (1, 31-32).

Дар таълифи иншо аз хонанда талаб карда мешавад, ки тасаввурот ва донишхои хосилнамудаашро бо рохи накл, мухокима ва ё омехта, умуман тибки дониш ва малакаи хеш баён кунад. Талаботи дигари асосй аз хонанда ба гайр аз ифшои маънй риоя намудани меъёри забони адабй мебошад.

Навиштани иншо кори осон нест ва он аз хонанда дониши комил, тафаккури тахлилию мантикй ва махорати эчодй талаб менамояд. Дар иншо гайр аз накли сужети асар мухокима ва тахдил низ мавкеи марказй дорад. Иншо кори фардй ва эчодии хар як нафар мебошад. Хонанда дар асоси гуфтахои омузгор, хондани маводи таълимй ва иловагй доир ба тахлили мавзуъ ба як хулосаи зарурй омада, дар иншо перомуни ин ё он масъала акидаи мустакили хешро низ иброз медорад, вагарна иншо сифати кори эчодй будани худро гум мекунад.

Иншои хонанда аз руи таркиб ва тартиби баёни фикр ба се кисм чудо мешавад: гузориши масъала, тахлили мавзуъ ва хулосахо. Кдоми аввалро мукаддимаи иншо меноманд. Агар мавзуи иншо тахлили асари бадеиро такозо мекарда бошад, дар ин кисм таърихи эчоди асар, мавкеи он дар эчодиёти адиб, мохияти мундарича ва гояи он баён мегардад. Кисмати дуюм асосй ба хисоб рафта, дар он чавхари асосии мавзуъ ба тасвир меояд. Дар кисмати сеюм хонанда аз гузориш ва тахлили худ хулоса мебарорад.

Мураттаб сохтани накшаи иншо аз кисматхои нахустин ва зарурй дар таълифи иншо ба хисоб меравад. Накшаи дуруст ба хонанда имкон медихад, ки фикри худро мураттаб ифода кунад, аз такрори фикр худдорй намояд, лахзахои асосй ва зарурии маводи иншоро дуруст интихоб намуда, чо ба чо гузорад, чихатхои гоявии мавзуъ, мохият ва дигар хусусиятхои онро муайян кунад.

Тибки нишондоди равишшиносон накшаи иншо низ аз чихати таркиб ва тартиби баёни фикр се кисми асосиро дарбар мегирад: мукаддима, кисми асосй, хотима. ^исми мукаддимавии кор максади иншо ва характеристикаи мухтасари мавзуъро ифода мекунад ва дар асоси мундаричаи иншо мураттаб мегардад. К^сми асосии кор аз руи мазмун ва дигар хусусиятхои худ боз ба якчанд кисми дигар чудо мешавад. Дар ин кисматхо фикру мулохизахои мустакилонаи хонанда, иддао ва далелхои у, умуман, тахлили мавзуъ инъикос меёбад. Кдоми хотима бошад, хулоса аз масъалахои мухокимашаванда дар иншост. Ин се кисми асосй мантикан бо хам бояд пайваст бошанд.

Накшаи хуб андешидашуда, ки дар асоси маводи пешниходшуда ба вучуд омадааст, мохияти хуби рахнамой дорад. Банакшагирии мавод ду давра дорад: давраи аввал ва давраи охир. Накшаи давраи аввал мумкин аст, ки то охир тагйир наёфта монад ва он барои хонандагон ба хайси усули банизомдарории афкор хидмат мекунад. Вале чараёни масъалагузорй ва тахлили он дар иншо аксаран водор месозад, ки ба накша иловахо ва ислоххо дохил карда шавад ва дар чунин холат ба накшаи аввал чузъхои нав илова мегардад, ки онро накшаи охир меноманд.

Таълифи иншо ва тахлили он се мархала дорад: а) омодагии каблии хонандагон ба иншонависй; б) раванди таълифи иншо; в) тахлили иншо аз тарафи омузгор. Х,ангоми омодагй ба иншо хонандагон бояд мавзуи пешниходшударо мутолиа кунанд ва хусусиятхои онро комилан омузанд, агар талаботи мавзуъ аз тахлили асари бадей иборат бошад, ба сужет, мундаричаи гоявй, бандубасти бадей ва хислатхои кахрамонхои асосии он эътибор диханд.

Дар мархалаи дуюм, ки таълифи иншо чараён мегирад, омузгор на танхо аз тарафи шогирдон навишта шудани иншоро назорат мебарад, инчунин ба саволхои нав пайдошудаи хонандагон чавоб мегуяд. Агар иншо хусусияти таълимй (на санчишй) дошта бошад, дар мураттаб сохтани накша ва ё ба тартиб овардани фикри онхо мадад мерасонад. Агар зарурат пеш ояд, дар сохта шудани як-ду чумлаи нахустин рохнамой хам мекунад.

Тахлили иншои хонандагон дар кисмати аввали яке аз дарсхои навбатй ва ё берун аз чадвали дарсхо дар машгулиятхои иловагй мегузарад. Вале агар дар иншои хонандагон галатхо зиёд бошанд, тахлили иншо вакти бештарро такозо мекунад. Пас муаллим ба ин максад соати алохида чудо мекунад, яъне як дарси пурраро ба тахлили иншо бахшиданаш лозим мешавад. Дар ин гуна дарсхо тахлил тавъам бо хотиррасон кардани коидахои грамматикй ба рох монда мешавад. Яъне, бо максади он ки коидахои мазкур дар зехни шогирдон мустахкам шаванд, дар хама холатхои ошкор гардидани галатхои услубй, имловй ва китобатй коидахои имлои забони точикй ёдоварй карда мешаванд.

Дар кисми аввали ин дарс муаллим доир ба накшаи иншо, мазмуни кор, риояи катъии коидахои имло ва услуби таълиф сухбати мухтасар мекунад. Пас дар раванди бевоситаи тахлили иншо ба намунахои кори хаттии хонандагон мурочиат мекунад. "Муаллим хонандагони чудогонаро ба назди тахтаи синф даъват намуда, чумлахои услубан вайронро нависондаву ислох мекунонад. Вобаста ба ислохи хатохои фардй ва типй ба синф супоришхо низ дода мешаванд" (5, 62 - 63).

Таснифоти дар боло овардашударо дар накша чунин нишон додан мумкин аст:

Цадвали № 1. Таснифоти иншо.

Иншо навъхои гуногун дорад. Пеш аз хама, дар асоси мавкеи таълиф иншохо ду хел мешаванд: синфй ва хонагй. Дар пешниходи чунин иншохо аз омузгор такозо мегардад, ки мавзуъхо хам барои иншои синфй ва хам хонагй бояд мушаххас бошанд, ба синну соли хонандагон ва дарачаи фахмиши онхо мувофик буда, дар асоси талаботи барнома матрах гарданд. Дорои ахамияти таълимй-тарбиявй буда, хад ва худуди муайян дошта бошанд.

Иншои синфй дар синфхона муддати муайяни вакт (1 ё 2 соат) гузаронида мешавад. Иншои синфиро хонандагон зери назорати бевоситаи омузгор менависанд. Онхо ин чо худуди муайяни вактро риоя мекунанд. Имконияти истифода аз маводи ёрирасон то андозае махдуд аст, вале дар айни замон онхо аз мадади омузгор босамар истифода карда метавонанд.

Дар таълифи иншои хонагй бошад, хонандагон имконияти бештари истифода аз маводи таълимро доранд ва вакт то андозае дар ихтиёри онхост. Агар муаллим тибки накша ба хонандагон иншои хонагй супориданй бошад, пешакй чунин саволхоро омода месозад, ки онхо барои мураттаб сохтани накшаи иншо ёрй расонанд. Накшаи дуруст боиси босифат шудани мундаричаи кори хаттй мегардад. Барои таълифи ин навъи иншо ба хонандагон адабиёти иловагй низ пешниход мегардад.

Омодагй ба иншои хонагй ба мавзуъ нигох карда, аз 10 то 20 рузро мехохад. Барои иншои хонагй соати алохида чудо карда намешавад, танхо дар накшаи таквимии омузгор вакт ва номгуи мавзуъ сабт мегардад. Иншои хонагй як навъи иншои санчишй- чамъбастй аст, ки бо максади пурра гардонидани маълумоти додашуда, чустучу кардан, дарёфт намудани маълумоти нав ва омузиши мустакилона супорида мешавад.

Дар асоси услуби таълифашон дар синфхои боло асосан се навъи иншо тавсия мешавад: а) иншои адабй; б) иншои публитсистй; в) иншои эчодй. Иншохое, ки дар доираи мавзуъхои барномавй ва ба хотири чамъбаст ва мустахкам кардани донишхои хосилшуда навишта мешаванд, ба навъи иншои адабй шомил хастанд. Барои иншо дар мавзуъхои барномавй аз эчодиёти шоиру нависандагон мавзуъхои дорои хусусиятхои барчастаи тарбиявй ва аз чихати гоя баланд интихоб мегардад. Масалан, дар доираи таълими осори Абдуррахмони Ч,омй дар синфи 9-ум омузгор метавонад барои иншои адабй мавзуъхои зеринро пешниход намояд:

1. Тахлили мундаричаи гоявии газалиёти Абдуррахмони Ч,омй.

2. Инъикоси афкори ичтимоии Ч,омй дар достони "Хирадномаи Искандарй".

3. Тасвири рузгори шоирону орифон дар маснавии "Бахористон"-и Абдуррахмони Ч,омй.

Иншои публитсистй доир ба ин ё он масъала баён кардани фикри шахсй ва нуктаи назари хонандаро талаб мекунад; чахонбиниро васеъ месозад ва шавку хаваси хонандаро ба халли масъалахои хаётй ангезиш медихад. Чунин иншохо бояд хусусияти умумигуй надошта бошанд, онхо баёни масъалахои мушаххасро такозо мекунанд ва асосан барои курси таърихи адабиёт тавсия мешаванд. Мавзуъхои зерин аз кабили мавзуъхои публитсистй буда метавонанд: "Чдвонон неруи тавоно ва фаъоли мамлакат хастанд", "Ватан сар мешавад аз гохвора...", "Машгулияте, ки ман дуст медорам", "Аз сими бурида нагзарад барк (доир ба вахдати миллй)" ва монанди инхо.

Иншои эчодй дар инкишофи нутки хаттй ва чахонбинии шогирдон накши амик дорад, вай шогирдонро дар баёни андешаву эхсосоти хеш барои дарёфт кардани калимаву таркибхои дуруст, сахех, дакик ва пуртаъсир, ифодахои равшан ва макбул водор месозад. Ин гуна иншохо дар хонанда хислатхои бефаркиву беахамиятиро бархам мезананд, ба инкишофи босуръати тафаккури эчодй ва ташаккули фардияти инсон ёрй мерасонанд.

Дар иншохои эчодй вокеахое, ки онхоро талабагон аз сар гузаронидаанд, аз мавзуъхои мухим ба шумор мераванд. Хонандагон тавассути иншои эчодияшон таассуроти хешро аз вокеахо ва руйдодхои мухими аз сар гузаронидаашон хангоми ба таътил баромадан, саёхат гузаронидан, вохурй бо адибону хунармандон ва ходисахои монанди инхо баён менамоянд. Илова бар ин, мушохидахои мактабиён аз вокеияти хаёт, рафтору кирдори хамсолон, таассурот пас аз шунидан ва тамошо кардани асархои сахнавй, мутолиаи асархои санъат, хотирахои айёми навчавонй, орзую омол ва гайрахо маводи асосии ин навъи иншо аст. "Дабистони дустдоштаи ман", "Накши асархои бадеии устод Айнй дар хаёти ман", "Зимистон дар дехаи мо", "Мухаббат аз назари устод Лоик", «Сайри сахро», «Як рузи ман», «Табиати зебои деха (шахр)-и ман» ва монанди инхо аз кабили мавзуъхои иншои эчодй хастанд.

Гохо дар таълифи иншохои эчодй усули мукоисавиро истифода кардан низ барои кушода гардидани фаъолияти эчодии шогирдон накши намоён мегузорад. Масалан, барои иншои эчодй мавзуи "Дабистони мо" ва ё "Забони модарии мо" пешниход карда мешавад. Пас аз навишта шудани иншои мазкур ба хонандагон супориш дода мешавад, ки дар хона хикояти "Мактаби кухна"-и Садриддин Айнй ва ё шеъри "Забонгумкарда"-и Лоик Шералиро хонанд ва ба тарзи тасвири нависанда ва услуби баёни шоир эътибор диханд. Пас навиштахои хешро бо хикояти мазкур ё бо шеъри номбаршуда ба киёс гиранд ва чихатхои муассири усули тасвир ва накли адибонро мушохида кунанд. Ин тарзи вазифагузорй дар назди хонанда олами наверо мекушояд ва у минбаъд мекушад, акаллан, ба чунин матнхо пайравй кунад; дар айни замон аз сехри калами нависандаву шоирон то чое огахй пайдо кунад.

Мутахассисон боз навъхои зерини иншохои эчодиро нишон додаанд: а) накл оид ба дидаву шунидахо; б) тасвири сахнахои маишй, ашёхо ва падидахои табиат; в) хикоят дар бораи ходисахои тахайюлй, вале шабехи хакикат. Мавзуъхои "Он чй ман аз тирезаи хонаи худ мебинам", "Нокасии Шар"(баъди таълими достони "Хайр ва Шар"-и Низомии Ганчавй), "Борони бахор" (тасвири манзараи табиат дар пайравй ва таклид ба шеъри "Бахори хуррам"-и Рудакй) ва гайрахо ба чунин навъхо мувофик дониста мешаванд.

Навъи дигари иншои эчодй аз навиштани мазмуни лахзахои чолиби асархои бадей низ иборат шуда метавонад. Масалан, пас аз тахлили асари устод Айнй "Марги судхур" омузгор мавзуъхои зеринро барои таълифи иншои эчодй ба мухокимаи хонанда пешниход месозад: "Кррй Исмат дар сартарошхона", "^иморхонаи Кррй Исмат", "Муносибати Крриишкам-ба бо карздорон" ва дигархо. Дар раванди накли мазмуни ин лахзахо чузъиёти зиёди тавсифномавй низ дар назар дошта мешавад.

Х,амин тавр, иншои эчодй хонандаро водор месозад, то ки мустакилона ва ё дар пайравй ба таълифоти бадеии адибон тасаввурот ва андешахои хешро нисбатан озодона иброз дорад.

Омузгорони сохибтачриба ба хотири рангорангй ва ба эътибор гирифтани истеъдоди шогирдони хеш барои таълифи иншо якчанд мавзуъро пешниход мекунанд, ки аз навъхои гуногун иборат бошанд. Дар ин масъала методисти номвари рус Голубков В. В. низ чунин андеша баён кардааст: "Корхои адабй-эчодиро дар низоми факултативй пешниход кардан мумкин аст барои онхое, ки ба чунин мавзуъхо майл доранд ва ё мехоханд кувваи хешро дар ин жанр санчанд. Вакте ки ба хонандагон якчанд мавзуи иншоро барои интихоб пешниход менамоянд, яке аз онхоро ба хайси иншои адабй-эчодй додан мумкин аст" (6, 314).

Дар асоси мазмуну мундаричаашон иншохо мавзуй, тасвирй, озод ва аз руйи расм мешаванд. Иншои тасвири дар асоси инъикос намудани холату вазъияти табиат, инсон ва ашёхои дигари зиндагй навишта мешавад. Дар чунин иншо хонандагон ба тасвири махал, замон, макон, инсон ва дигар ашёхои чондору бечон бештар эътибор медиханд. Тасвири манзарахои зебои табиат, сахнахои маишй, чехранигорй, инъикоси хаёлпардозихои хонанда аз масъалахои иншои тасвирй ба хисоб меравад. Тавсифофарй, ташбехкунй ва инъикоси тасаввуроти рангини хонанда аз эчоди иншои тасвирии у шаходат медиханд. "Рангхои бахор", "Зимистон дар дехаи мо", "Дар сохили дарё", "Сайри гули лола", "Симои Восеъ" аз мавзуъхои иншои тасвирй шуда метавонанд.

Иншо дар мавзуи озод доираи васеи мавзуъхоро фаро мегирад. Он ба гайр аз мавзуъхои барномавй масъалахои мухталифи зиндагиро хам фаро мегирад. Дар чунин иншохо хонандагон фикру андешахои мустакили хеш, нуктаи назар ва муносибати худро ба ин ё он вокеаву ходисахо баён месозанд. Иншо дар асоси мушохидахои шахсй ва иншо дар мавзуъхои мушаххас (сулх, модар, Ватан, ифтихори миллй, худшиносй, кахрамонй, дустй, вахдат, забон ва гайра) аз навъхои иншои озод мебошанд.

Иншо аз руи расм асосан дар синфхои 5-6 гузаронида мешавад ва аз лихози мазмун ба накли хаттй наздикй дорад. Хонандагон дар баробари накли мазмуни расм андеша, эхсосот ва таассуроти худро иброз медоранд. Чунин иншо кобилияти мухокимаронии хонандагонро инкишоф ва

тафаккуру чахонбинии онхоро вусъат медихад. "Хондани" сурат, яъне фахмидани мазмуни он, талабагонро ба марок оварда, фикрашонро ба кор меандозад" (4, 148).

Суратхое, ки барои иншонависй истифода мешаванд, бояд пурмазмун, аз чихати устухонбандй сода, равшан ва фахмо, хачман калон, зебо ва гуё бошанд. Чунин иншо аз руйи як сурат ва ё якчанд сурате, ки як сужетро ифода мекунанд, ба рох монда шуданаш мумкин аст. Дарс аз он сар мешавад, ки омузгор сурати дорои мундаричаи муайянро интихоб мекунад, бо хонандагон перомуни мундаричаи сурат сухбат гузаронида мешавад, пас накшаи он тартиб дода мешавад, дар асоси накша хар як лахзаи дар сурат инъикосгардида равшану фахмо шарх дода мешавад. Пас аз 2-3 нафар хонандагон мазмуни сурат бозпурсй мегардад ва ба иншо ном гузошта мешавад. Танхо баъди инхо иншо навишта мешавад.

Аз руи тарзи баёни фикр хамаи навъхои иншоро ба гуруххои наклй, тасвирй ва мухокимавй чудо мекунанд. Дар иншои нацлй асосан мазмуни мухтасар ё муфассали асар, тахлили образхо, ходисахову вокеахои мушохидашуда, наклу ривоятхои шунидашуда ва гайра бо низоми муайян баён мешаванд. Тавре ки дар боло ишора шуд, дар иншои тасвири хонандагон ба тасвири махал, замон, макон, инсон ва дигар ашёхои чондору бечон бештар эътибор медиханд. Дар иншои мух,окимавй хонандагон бевосита фикри худро тавассути масъалагузорй баён менамоянд. Нуктаи назари адибро муайян мекунанд, ё акидахои мухталифи одамонро доир ба ин ё он масъала баён намуда, перомуни дурустиву нодурустии онхо бахс мекунанд, андешахои худро ба воситаи мисолхо мустанад месозанд.

Таснифоти навъхои иншоро дар накша чунин чой додан мумкин аст:

Цадвали № 2. Навщои иншо

Дар давоми соли хониш дар синфхои V - XI аз фанни адабиёт ба микдори зерин иншохо

Синфх,о V VI VII VIII IX X XI

Иншои

синфи 3 4 4 4 5 6 7

Иншои

хонагй 1 1 2 3 4 4 4

Х,амагй 4 5 6 7 9 10 11

Цадвали № 3. Мицдори иншохр дар давоми соли синф вобаста ба синфх^о.

Х,ачми иншохои хонандагонро барои синфи V як-якуним сах., синфи VI якуним-ду сах., синфи VII ду-се сах., синфи VIII се-чор сах., синфи IX чор-панч сах., синфи X панч-шаш сах., синфи XI шаш-хафт сах. нишон додаанд. Дар синфхои V ва VII, ки асосан иншохои камхачм гирифта мешавад, барои гузаронидани иншо як соат ва дар синфхои VIII - XI ду соат вакт чудо карда мешавад.

Ба иншо маъмулан ду бахо гузошта мешавад. Бахои аввал дар асоси мазмуну мундаричаи иншо ва бахои сонй дар асоси сатхи риоя намудани коидахои имло ва услуби баён муайян карда мешавад. Агар омузгор накли хаттй ва иншоро ба тарики санчишй-чамъбастй гузаронад, бахои онхо пурра ба дафтари синф гузаронида шуда, дар дигар холатхо бахо интихобан гузаронида мешавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдувалиев, А. Омухтани эчодиёти Садриддин Айнй дар мактаби миёна / А. Абдувалиев. -Душанбе: Ирфон, 1967. - 36 с.

2. Ахмадов, М. Усули таълими адабиёт. / Барномаи таълимии «Таърихи адабиёти точик» ва фанхои

дигар / М. Ахмадов. - Хучанд: Нури маърифат, 2009. С. 103 - 132

3. Барномаи таълими адабиёти точик дар синфхои V - XI. - Душанбе, 2007. - 72 с.

4. Ваххобов, А. Таълими адабиёт дар мактаб / А. Ваххобов, М. Крзичонов. - Душанбе: Маориф, 1988. - 192 с.

5. Ваххобов, А. Таълими хаёт ва эчодиёти Мирзо Турсунзода дар синфи X / А. Ваххобов. - Душанбе:

Маориф, 1989. - 80 с.

6. Голубков, В. В. Методика преподавания литературы / В. В. Голубков. - Москва: Учпедгиз, 1962. -

461 с.

7. Миров ,Т. Методикаи таълими адабиёти точик / Т. Миров, Хочаев, Ш. Исломов. - Душанбе: Маориф, 1991. - 254 с.

8. Миров, Т. Дастури методии «Адабиёти точик» барои синфи 9 / Т. Миров. - Душанбе: Маориф, 1986. - 150 с.

REFERENCES:

1. Abduvaliev, A. The Study of Sadriddin AynTs Creations in Comprehensive School / A. Abduvaliev. -Dushanbe: Cognition, 1967. - 36 p.

2. Ahmadov, M. Methodbi of Literature Teaching / Curriculum "The History of Tajik Literature" and other subjects / M. Ahmadov. - Khujand: The Light of Enlightenment, 2009. - P. 103 - 132.

3. Curriculum forTajik Literature for V - XI Grades. - Dushanbe, 2007. - 72 p.

4. Vahhobov, A. Methods of Literature Teaching at School / A. Vahhobov, M. Qozijohnov. - Dushanbe: Enlightenment, 1988. - 192 p.

5. Vahhobov, A. The Studies of Mirzo Tursunzoda's Life and Creations for the X-th Grade / A. Vahhobov.

- Dushanbe: Enlightenment, 1989. - 80 p.

6. Golubkov, V.V. Methods of Literature Teaching / V.V. Golubkov. - M.: Uchpedgiz, 1962. - 461 p.

7. Mirov, T. Methods of Tajik Literature Teaching / T. Mirov, Q. Khojaev, Sh. Islomov. - Dushanbe: Enlightenment, 1991. - 254 p.

8. Mirov, T. Manual of "Tajik Literature " for the 9-th Grade / T. Mirov. - Dushanbe: Enlightenment, 1986. - 150 p.

Мавцеи иншо дар инкишофи нутци хаттии хонандагон

Вожщои калидй: инкишофи нутци хаттй, иншо, интихоби мавзуи иншо, мууокима ва таулил, цисматуо ва нщшаи иншо, маруалауои таълифи иншо, навъуои иншо, иншои эцодй.

Дар мацола масъалаи нацши иншо дар ташаккул ва рушди нутци хаттии хонандагон баррасй гардида, чанд циуати норавшани мавзуъ ташреу ёфтааст. Цайд карда мешавад, ки навъуои коруои хаттй, ки иншо навъи маъмултарини он аст, уам дар курси хониши адабй ва уам таърихи адабиёт барои сайцал ва тавсеа додани нутци хонанда усули матлуб ва озмудашуда маусуб меёбад. Дар мацола вазифауои омузгор ва хонанда дар раванди иншонависи мушаххас нишон дода шудааст. Интихоби дурусти мавзуи иншо, тартиби баёни фикр, цисматуои таркибии иншо, мураттаб сохтани нацша, маруалауои таълифи иншо ва тщлили он дар такя ба андешауои мутахассисони соуа тавассути мисолуои мушаххас намоиш дода мешаванд. Таъкид меравад, ки навъуои иншо аз чанд циуат, ки то ба уол таснифоти ягона надошт, мавриди тауциц царор гирифтааст ва хусусиятхои ощо равшан гардидааст. Цадвалуои таснифоти иншо низ пешниуод гардида, мицдор ва уацми иншо барои уар кадом синф дар асоси барномаи адабиёт нишон дода шуда, перомуни бауогузорй ба он маълумот овардашудааст

Роль сочинения в развитии письменной речи учащихся

Ключевые слова: развитие письменной речи, сочинение, выбор темы сочинения, обсуждение и анализ, план сочинения и его разделы, этапы написания сочинения, виды сочинения, творческое сочинение

В статье исследуется роль сочинения в формировании и развитии письменной речи учащихся и предпринимается попытка осветить некоторые аспекты данной темы. Отмечается, что виды письменных работ, среди которых сочинение является наиболее распространенным, считаются проверенным и целесообразным методом улучшения и развития речи учащихся, как в процессе обучения курса истории литературы, так и литературного чтения.

В статье конкретизируются функции преподавателя и учащегося в процессе написания сочинения. Демонстрируются правильный выбор темы сочинения, порядок изложения мыслей, составные части сочинения, составление плана, этапы написания сочинения и его анализ с опорой на мнение специалистов данной сферы и посредством конкретных примеров. В статье по нескольким аспектам анализируются особенности различных видов сочинения, и вместе с тем отмечается, что до сих пор не существует их единой классификации.

Подытоживая результаты своих изысканий, автор статьи предлагает таблицы классификации сочинений, в которых указаны количество и объем сочинений для каждого класса на основе программы обучения литературе, а также приводится информация о критериях оценки сочинения.

The Role of Composition in Development of Written Speech of Pupils

Key words: development of written speech, composition, choice of the theme of composition, discussion and analysis, plan of composition and its sections, stages of essay writing, types of composition, creative composition.

The article dwells on the role of composition dealing with the formation and development of written speech of pupils; the author makes an endeavor to highlight certain aspects of the topic in question. It is underscored that types of written works, among which a composition is the most widely spread one, are considered to be a proven and expedient method aimed at improvement and development of students' speech, both in the course of tuition of the history of literature and literary reading.

The article concretizes the functions of a teacher and a pupil in the process of essay writing. Correct choice of a theme of composition, order ofpresentation of thoughts, constituent parts of composition, design of a plan, stages of essay writing, and its analysis based on the opinions of specialists in the relevant field and on specific examples are demonstrated in the article by the author. In his article the author analyzes the peculiarities of various types of composition in several aspects; at the same time he underscores that there is still no unified classification of them.

Adducing the results of his researches, the author of the article proposes classification tables of composition in which both the number and volume of compositions for each class based on a curriculum on literature are indicated; he gives information about the criteria for composition assessment. Маълумот дар борам муаллиф:

Ахмадов Мирзо^абиб, номзади илмуои филологи, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоцики Донишго^и давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Г. Гафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: mirzokhabib @ bk. ru. Сведения об авторе:

Ахмадов Мирзохабиб, кандидат филологических наук, доцент кафедры методики преподавания таджикского языка и литературы Худжандского государственного университета имени академика Б. Г. Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), Е-mail: mirzokhabib @ bk. ru. Information about the author:

Ahmadov Mirzokhabib, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of methods of teaching Tajik language and literature under Khujand State University named after academician B. G. Gafurov, (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: mirzokhabib @ bk. ru.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.