Научная статья на тему 'TEACHING METHOD OF A SIMPLE ONE-MEMBER AND TWO-MEMBER SENTENCES IN THE 5 GRADE'

TEACHING METHOD OF A SIMPLE ONE-MEMBER AND TWO-MEMBER SENTENCES IN THE 5 GRADE Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
46
8
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МЕТОД / УЧИТЕЛЬ / УЧЕНИК / КАРТОЧКА / УРОК / ПРЕДЛОЖЕНИЕ / ОБУЧЕНИЕ / ВОПРОС / METHOD / TEACHER / STUDENT / CARD / LESSON / PROPOSAL / TRAINING / QUESTION

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Саидмуроди Ходжазод

В статье подвергнута исследованию методика обучения простого односоставного и двухсоставного предложения в V классе. Наряду с другими методами автор акцентирует внимание на традиционный метод - рассказ учителя и приходит к выводу, что этот традиционный метод и до сих пор не потерял свою значимость среди новейших методов.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ ПРОСТОГО ОДНОСОСТАВНОГО И ДВУХСОСТАВНОГО ПРЕДЛОЖЕНИЯ В V КЛАССЕ

The teaching method of a simple one-member and two-member sentence in the 5 grade is researched in the article. Along with other methods, the author focuses on the traditional method - the teacher's story and concludes that this traditional method has not lost its significance among the newest methods up to now.

Текст научной работы на тему «TEACHING METHOD OF A SIMPLE ONE-MEMBER AND TWO-MEMBER SENTENCES IN THE 5 GRADE»

Таджикского технического университета им. М.Осими в г.Худжанде, E-mail: azam_hakimov@mail. ru

Азизов Абдулатиф Абдухалимович, доктор педагогических наук, профессор, декан факультета изобразительного искусства и технологии Худжандского государственного университета им.Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail: [email protected] Тел:)(992)918-47-41-15

About authors:

Ganisoda Jamshed Shujoat, Rector of the Tajik State Institute of Fine Arts and Design (Republic of Tajikistan, Dushanbe), E-mail: [email protected] Phone: (992)918-17-11-17

Khakimov Azamjon Akramjonovich, senior teacher of the Department of General Subjects of the Faculty of Construction and Transport of the Polytechnic Institute of Tajik Technical University named after M. Osimi in Khujand, E-mail: [email protected]

Azizov Abdulatif Abduhalimovich, doctor of pedagogical sciences, dean of the Faculty of Fine Arts (visual arts) and Technology of Khujand State University named after B. Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected] Tel: (992)918-47-41-15

УСУЛИ ТАЪЛИМИ ЧУМЛАИ СОДАИ ЯКТАРКИБА ВА ДУТАРКИБА

ДАР СИНФИ 5

Саидмуроди Х.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни

Барои бедор намудани рагбати хонанда ба омузиш, ба фикри мо, се чиз накши мухим дорад; китоби дарсй, махорати омузгор ва усули таълим. Маводи китобхои дарсии забони точикй иборат аз ду кисмат аст: назариявй ва амалй. ^исмати назариявии онро таърифу коидахои грамматикй, имло ва аломатхои китобат, лексикй ва фонетикй ва кисмати амалии онро машкхо ташкил медиханд.Муаллимро зарур аст, ки дар чараёни таълим ба ин хар ду кисми маводи китобхои дарсй эътибор дихад (3, 38).

Китобхои дарсии забони точикй дар мачмуъ бо маводи назариявию амалии худ ва тарзи чобачогузории он мавод аз руи принсипи муттасилию пайдархамии фаслу бобхо ва мавзуъхои таркибии онхо тартиб дода мешаванд, ки ин талаботро муаллифон хадалимкон бояд риоя намоянд. Китоби дарсии забони точикй барои синфи 5 аз такрори мавзуъхои синфи 1-4 огоз мегардад. Дар ин фасл хиссахои нутк, чумла, мубтадо ва хабар такроран оварда шудаанд. Баъд илми овошиносй, нахв (синтаксис), калима, калимасозй ва имло, сарф (морфология), исм ва феъл ташрех мешаванд. Барои дарки мохияти мавзуъ шеърхо оварда шудаанд. Хусусияти китоб дар он аст, ки барои дарки амалии мавзуъхо дар он машки бештар оварда шудааст. Хонанда матнро хонда ва ё навишта, оид ба мавзуъ тасаввуроташро кавй менамояд.

Калимахои нофахмо дар зери матн бо номи лугат шарх ёфтааанд. Барои дарки бештари мавзуъ аз методи накшахо истифода шудааст ва он имкон медихад, ки мавзуъ дар тафаккури хонанда накш бандад. Забони китоб сода буда, ба хонандагони синфи 5 фахмо аст. Муаллифон маводро вобаста ба тафаккур ва чахонбинии хонанда интихоб намудаанд. Аз ин ру, талабагон дар кироати матн ва аз ёд намудани шеърхо азият намекашанд.

Хусусияти дигари китоб дар он зохир мегардад, ки бо методи аз сода ба мураккаб ва аз ташрехи коидахои чудогона (усули индуктивии таълим) огоз мешавад ва чунин метод шавки хонандаро ба дарс афзун менамояд. Бино ба акидаи методисти тачрибадлори точик С.Шербоев дар таълими забон агар тарики фахмонидан аз шархи ходисахои чудогона огоз ёфта, бо хулосахои умумй чамъбаст ёбад, усули индуктивии таълим ном дорад. Ва баръакс, хангоми баёни масъалахо зимни такя намудан ба хулосахои умумй ба шархи ходисахои чудогонаи забон гузашта шавад, чунин усули кор усули дедуктивии таълим ном дорад. Аз ин ду рохи асосии ташаккулдихии кобилияти фикрй, хусусан, дар таълими грамматика ба тарики васеъ ва мунтазам истифода карда мешавад. Умуман, дар мактаб дар таълими фанхои дигар хам омузгорон аз ин ду усули таълим, ки ба ташаккули фаъолияти фикрию

илмии хонандагон зиёда мyсоидат мекунад, истифода мебаранд (3, 25).

Дар китоби «Забони точикй барои синфи 5» (1, 101) алокамандии мавзуъхо ба инобат гирифта шyда, матнхое оварда шyдаанд, ки ба матни мавзyи гyзашта робитаи мантией доранд. Масалан, пеш аз мавзyи «Чумлахои содаи яктаркиба ва дyтаркиба» оид ба мавзyи «Ч,умла» маълyмот дода мешавад ва хонандагон машкхои марбyт ба мавзyъро мустакилона ичро менамоянд.

Дар барномаи таълими забони точикй барои синфи v оид ба таълими «Чумлахои содаи яктаркиба ва дyтаркиба» 2 соат чудо шyдааст. Ба фикри мо, соатхои чудошуда барои дарки мохияти мавзyъ барои хонандагони синфи 5 басанда мебошад. Оид ба ин мавзyъ дар китоби дарсии «Забони точикй барои синфи 5» хамагй ду сахифа мавод мавчуд аст(1, 101102). Хонандагон аввал бо матн, ки дар он чумлахои содаи яктаркиба ва дутаркиба мавчуданд, ошно мегарданд. Сипас, таърифи ин ду намуди чумла ба таври кутох ва забони сода оварда мешавад. Хднгоми таълими мавзуъ омузгор метавонад аз методхои таълим, ки «Дар барномаи таълим дар мактабхои ибтидой ва миёна» ба таври зайл номбар шудаанд: 1) накли муаллим, 2) сухбат; 3) тахлили забон (мушохидаи ходисахои забон, тахлили грамматикй), 4) машк; 5) истифодаи воситахои аёнй (схема, таблитсахои гуногун ва г.): 6) кор бо китоби дарсй; 7) экскурсия (2, 66-67) истифода намояд.

Истифодаи методи накли муаллим имкон медихад, ки хонандагон бо таърифи коидахои чумлахои содаи яктаркиба ва дутаркиба, сараъзохо, аъзохои пайрав шинос шуда, оид ба мавзуъ маълумот хосил намоянд. Зеро накли муаллим дар рафти такрору чамъбасти маводи ягон боби калон, якчанд боби аз ягон чихат ба хам алокаманд ё худ дар лахзахои такрори аввали сол, чорякй ва солона хамон вакт нихоят зарур мешавад, ки агар маводи чамъбастшаванда осон бошад хам, мавзуъхои зиёдтарро фаро гирад, ё он мавод барои хонандагон душвор бошад, ё худ дар ин дарсхо диккати хонандагонро ба хдмон кисмхои маводи такроршаванда чалб кардан лозим бошад, ки он шогирдонро ба омухтану фахмидани мавзуъхои нави забони точикй омода намояд (3, 53). Агар хамин маъниро махаки аслй карор дихем, пас барои ба хотир овардани мавзуъхои синфхои 1- 4 истифодаи методи накли муаллим чолибтар мебошад.

Омузгор баъди накл ба хонондагон супориш медихад, ки машки китобро нависанд ва аз он чумлахои яктаркиба ва дутаркибаро чудо намоянд. Мустакилона навиштану чудо намудани чумлахо барои кавй гардидани хотираи хонандагон мусоидат менамояд. Сипас, барои мустахкам намудани мавзуъ омузгор бо чунин саволхо ба хонандагон мурочиат мекунад:

1. ^умлаи содаи яктаркиба чист?

2. Агар дар чумла хабар набошад, оё он яктаркиба аст?

3. Оё чумлаи содаи дутаркиба бе мубтадо шуда метавонад?

4. Фарки чумлахои яктаркиба аз дутаркибаро номбар намоед?

5. Мубтадо ва хабар дар кадом намуди чумлахо меоянд?

Вобаста ба дарки чахонбинии хонандагони синфи 5 бояд саволхо мураккаб набошанд . Ба фикри мо, дар бобати саволгузорй, пеш аз хама, бояд талаботхои зерини дидактикй риоя карда шавад:

а) савол ба хонандагон фахмо бошад;

б) чавоби пурраро талаб кунад;

в) як саволро дар бар гирад, яъне як савол таркибан чанд саволро (аз кабили «Дар забони точикй чанд хиссаи нутк хаст ва онхо кадомхоянд?») дар бар нагирад;

г) имконияти чавобхои духела талаб карданро надошта бошад;

г) лукмадиханда набошад (саволе, ки чавобро пурра ё кисман дар бар гирад, лукмадиханда ном дорад);

д) нихоят, савол бояд дар хонанда ташаббус ва фаъолияту эчодкориро бедор намояд (2,

72).

Хонандагон хангоми таълими мавзуъ бояд дарк намоянд, ки чумлахое, ки дар онхо сараъзохои чумла - хам мубтадо ва хам хабар мавчуданд, чумлаи дутаркиба ва агар яке аз сараъзохо вучуд дошта бошад (ё мубтада ва ё хабар), чумлаи яктаркиба номида мешаванд. Истифодаи методи накли муаллим барои азхуднамой ва донишхосилкунии муназзами хонандагон ёрмандй мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки омузгор аз усулхои дигар, масалан- аёният, сухбат, тахлили забон ва кор бо китобхои дарсй истифода накунад,

баръакс дар ин бобат танх,о мачмуи методх,о метавонанд азхудкунии маводи барномавиро барои хонандагон ба таври боварибахш таъмин намоянд (3, 69).

Дар бобари ин, интихоби ин ё он усули таълим, истифодаи он аз чониби омузгор ба мох,ияти мавзуъ ва дарачаи дониши толибилмон марбут аст. Зеро истифодаи х,ар як намуди методи таълим албатта натича хохдд дод ва омузгор дар охири дарс бо пурсиши чанд савол хулоса мебарорад, ки хонандагон аз таълими мавзуъ чи гуна натича бардоштаанд.

Калидвлжа^о: метод, муаллим, талаба, дарс, цумла, таълим, савол

ПАЙНАВИШТ

1. Бобомуродов Ш. ва диг. Забони точикй барои синфи 5.-Душанбе: Собириён, 2008. -256 с.

2. Текучев А.В.Методика русского языка в средней школе.- М.: Просвещение, 1980.- 250 с.

3. Шербоев С. Методикаи таълими забони точикй.-Душанбе: Деваштич, 2009.- 483 с.

МЕТОДИКА ОБУЧЕНИЯ ПРОСТОГО ОДНОСОСТАВНОГО И ДВУХСОСТАВНОГО ПРЕДЛОЖЕНИЯ В V КЛАССЕ

В статье подвергнута исследованию методика обучения простого односоставного и двухсоставного предложения в V классе. Наряду с другими методами автор акцентирует внимание на традиционный метод - рассказ учителя и приходит к выводу, что этот традиционный метод и до сих пор не потерял свою значимость среди новейших методов.

Ключевые слова: метод, учитель, ученик, карточка, урок, предложение, обучение, вопрос.

TEACHING METHOD OF A SIMPLE ONE-MEMBER AND TWO-MEMBER

SENTENCES IN THE 5 GRADE

The teaching method of a simple one-member and two-member sentence in the 5 grade is researched in the article. Along with other methods, the author focuses on the traditional method - the teacher's story and concludes that this traditional method has not lost its significance among the newest methods up to now.

Key words: method, teacher, student, card, lesson, proposal, training, question.

Сведения об автора:

Саидмуроди Ходжазод - доктор филологический наук, заведующая кафедра таджикского языка Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни. Тел: +(992) 938555299. E mail: [email protected]

About the author:

Saidmurodi Khojazod - doctor philological sciences, Head of the Chair of Tajik Language, Tajik State Pedagogical University named after S. Ayni. Tel. +(992) 938555299 E mail: [email protected]

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.