УДК: 330
ТА^ЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРЙ ДАР ^УМ^УРИИ ТОЦИКИСТОН ДАР ДАВРАИ БУ^РОЩОИ ЦА^ОНЙ
Азимова Д.С.
Аннотатсия. Дар мацола аслан вазъи сармоягузорщои дохилию хорици дар шароити бу^рони барои Цум^урии Тоцикистон мавриди та^лил ва барраси царор дода шудаанд. Муаллиф тавонистааст, ки бо циёс кардани таъсири бууронуои пайдарпайи ца^они ба ицтисоди милли фикру муло^иза^ои асосноккардаи худро манзур дорад. Цолиби диццат аст, ки муаллиф аз нишондщандауои баъди бу^рони бо таври афзалиятнок аз сарчашма^ои гуногуни омори самаранок истифода кардааст. Хамзамон, цщати пешгири аз пайомад^ои бууронуои фарогири ицтисоди ца^он, аз цабили бууронуои экологи, цанги тицорати ва авзои сиёсии минтаца^ои гуногуни ца^он пешнщод^ои илман асосноккардаи худро ироа кардааст. Воцеан, муаллиф исбот намудааст, ки андешидани чора^ои зарурии пешгирикунанда ба фаъолияти сармоягузори дар Цум^урии Тоцикистон метавонад, ки таъсири мусбат расонад.
Калидвожахр: сармоягузори, шарик, сармояи мустацим, рушди ицтисоди, бу^рони ицтисоди, лощаи сармоягузори, савдои беруни, маблаггузорони инстиутсионали, КОВИД-19, та^римот, цанги тицорати.
Барои ицтибос: Азимова, Д.С. Та^лили фаъолияти сармоягузори дар цум^урии тоцикистон дар давраи бууронуои ца^они/ Д. С. Азимова // Паёми молия ва ицтисод. - 2024. - N0. 3(42). - С. 287-297.
АНАЛИЗ ИНВЕСТИЦИОННОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН В ПЕРИОД ГЛОБАЛЬНЫХ КРИЗИСОВ
Азимова Д.С.
Аннотация. В статье анализируется состоянии внутренних и иностранных инвестиций в Республике Таджикистан в период глобальных социально-экономичеких и политических кризисов. Своё обоснованное мнение автор смог выразить, сравнив влияние сменяющих друг друга мировых кризисов на национальную экономику. Стоит отметить, что автор эффективно использовал посткризисные показатели из различных статистических источников. В то же время, чтобы предотвратить последствия глобальных экономических кризисов, таких как экологический кризис, торговая война и политическая ситуация в различных регионах мира, он представил свои научно обоснованные предложения. Фактически автор доказал, что принятие необходимых профилактических мер может оказать положительное влияние на инвестиционную активность в Республике Таджикистан.
Ключевые слова: инвестиции, прямые инвестиции, экономическое развитие, экономический кризис, инвестиционный проект, внешняя торговля, партнер, институциональные инвесторы, COVID-19, санкции, торговая война.
ANALYSIS OF INVESTMENT ACTIVITIES IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN DURING GLOBAL CRISES
Azimova D.S.
Annotation: The article analyzes the state of domestic and foreign investments in the Republic of Tajikistan during global socio-economic and political crises. The author was able to express his well-founded opinion by comparing the impact of successive global crises on the national economy. It is worth noting that the author effectively used post-crisis indicators from various statistical sources. At the same time, in order to prevent the consequences of global economic crises, such as the environmental crisis, trade war and the political situation in various regions of the world, he presented his scientifically based proposals. In fact, the author has proven that taking the necessary preventive measures can have a positive impact on investment activity in the Republic of Tajikistan. Key words: investment, direct investment, economic development, economic crisis, investment project, foreign trade, partner, institutional investors, COVID-19, sanctions, trade war.
Гузориши масъала. Дар шароити муосир пешгирй ва идораи бухронхои молиявию ик;тисодй яке аз самтхои асосии сиёсати иктисодии давлат махсуб меёбад. Махсусан дар шароити бухронй бояд роххо ва усулхои нави пешгирии таъсири омилхои бухронй ба фаъолияти сармоягузорй дар Чумхурии Точикистон чустучу карда шаванд.
Тахлили тахкикотхои охир ва нашриёт. Вазъи муосири иктисодиёти чахонй тайи солхои охир мавриди омузиш ва тахкики хамачонибаи мухакикон карор гирифтааст. Рочеъ ба ин масъала корхои илмй, маколахои илмию оммавии зиёд эчод гардида истодаанд. Бо такя ба ин маводи илмй ва дигар сарчашмахои иттилоотй кушиш ба харч додам, ки маколаи мазкурро тахия намоям. Зеро бухронхои пайдарпайи солхои охир бевосита ба фаъолияти инвеститсионии давлатхо таъсири манфии худро мерасонанд.
Максади макола. Омилхои таъсиррасони бухронй ба фаъолияти инвеститсионй дар Чумхурии Точикистон муайян карда шуда, вобаста ба ин
пешниходоти мушаххас чихати пешгирй аз бухронхо ироа карда шуданд.
Мух,тавои асосии мавод. Мусаллам аст, ки дарачаи таъсироти бухронхои иктисодй ба рушди иктисодии давлатхо вобаста ба сатхи тараккиёти онхо гуногун шуда метавонад. Агар таъсири онхо боиси боздошти истехсолти бархе аз давлатхо гардад, барои гурухи давлатхои ру ба инкишоф сабаби кам гаштани сармоягузорй ба иктисоди миллй ва камшавии даромад аз хисоби манбаъхои хоричй мегардад. Аз ин ру, барои давлатхои ресипиент чихати пешгирй аз таъсироти бухронй зарурат пеш меояд, ки чугрофияи сармоягузории худро бознигарй намоянд. Х,амзамон, таъсироти молиявии бухронхо хеле зиёд буда, боиси афзоиши гайрииинтизори харочоти бучети давлатй мегардад. Омузиши мавзуъ ошкор кард, ки бухронхои иктисодй инчунин ба нобаробарии маблаггузорй дар сатхи иктисоди миллй оварда мерасонад. Дар ин сурат, дар рафти ичроиши пурраи барномаю накшахои давллатию махаллй мушкилй эчод мешавад.
Х,аминро ба инобат гирифта, дар макола таъсироти бухронхои иктисодию молиявй ва хамзамон бухрони ковидй ба фаъолияти инвеститсионии Чумхурии Точикистон мавриди тахлил карор дода шудааст.
Сармоягузорй яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати иктисодй ва махсусан сиёсати молиявии мамлакат ба хисоб меравад. Х,амин аст, ки аз самаранокии фаъолияти сармоягузорй татбики лоихахо, барномахо ва стартегияхои давлатй вобастагии амик пайдо менамоянд. Мутаассифона, тавре шохид хастем, вобаста ба вазъи иктисодй ва сиёсии чахонии муосир, на хам вакт рохандозии сиёсати сармоягузории давлатхо дар татбики хуччатхои барномавии давлатй ба коми дил мешавад. Зеро авзои сиёсию иктисодии чахони муосир баъзан сармоягузоронро водор месозад, ки чугрофияи фаъолияти худро тагйир диханд. Ба сифати чунин мушкилихои сатхи чахонй, ки тайи дахсолахои охир боис ба тагйир ёфтани сиёсати сармоягузорон гаштааст, бухрони давомдори солхои 2014-2018, бухрони ковидии соли 2020, бухрони сиёсии аврупой, бухрони сиёсии Шарки Наздик ва ба ин монанд мушкилихо мансуб мебошанд.
Мусаллам аст, ки иктисодиёти Чумхурии Точикистон низ хамчун узви комилхукуки чомеаи чахонй ва иштирокчии фаъоли бозорхои чахонй аз сар задани бухронхои пайдарпай бе таъсир намонд. Масалан, танхо як худи бухрони ковидии соли 2020 боиси якбора кам шудани хачми сармоягузорихои хоричй ба иктисоди миллй гашта буд. Агар воридоти умумии сармоягузории хоричй дар соли 2019 беш аз 607,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, бинобар сар задани бухрони КОВИД-
2019 ин нишондиханда, яъне воридоти умумии сармоягузории хоричй дар соли
2020 танхо ба 428,4 млн. доллари ИМА
баробар шуд [13, 373]. Аз ин чо бармеояд, ки воридоти сармоя аз руи хамаи шаклхо дар киёс ба соли 2019 дар ин давраи бухронй 29,5% камтар гардид. Азбаски таъсири бухрон ба хамаи шаклхои сармоягузорй назаррас буд, хачми сармогузории мустаким низ дар ин росто тагйир ёфт. Агар хачми сармоягузории мустаким дар соли 2019 мутаносибан 345,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, бинобар пайомадхои КОВИД-19 ин нишондиханда дар соли 2020 ба 162,5 млн. доллари ИМА баробар гардида, нисбат ба соли каблй 183,4 млн. доллари ИМА ё 53,1% кохиш ёфтааст [13, 373]. Ба ин нигох накарда, сармояи мустакими хоричй ба сохахои афзалиятноки иктисоди миллй сафарбар карда шуданд. Зеро дар асоси принсипхои асосии «Консепсияи сиёсати давлатии чалб ва химояи сармоягузории Чумхурии Точикистон» дар хама шароити гайриинтизор ва форсмажорй бояд ниходхои дахлдори сохавй раванди сармоягузориро зери назари катъии худ карор диханд [1]. Дар ин асос, сармояи мустакими хоричй дар соли 2020 асосан ба сохахои саноати коркард - 8,6 млн. доллари ИМА (5,3%), саноати истихрочи маъдан -103,6 млн. доллари ИМА (63,7%), фаъолияти молиявй ва харгуна хизматрасонии тичоратй - 3,6 млн. доллари ИМА (2,2%), наклиёт ва алока - 14,5 млн. доллари ИМА (8,9%), сайёхй - 10,4 млн. доллари ИМА (6,4%), саноати сохтмон - 4,1 млн. доллари ИМА (2,5%) ва гайрахо - 17,7 млн. доллари ИМА (10,9%) равона карда шудаанд [5]. Вобаста ба тахлили киёсии гузаронидашуда нисбат ба соли 2019 гуфтан мумкин аст, ки таъсири бухрон ба камшавии маблаггузории сохахои алохидаи хочагидорй дар соли 2020 бараъло мушохида мешавад (диаграммаи 1).
Бо назардошти хусусияти таъсири пандемия, хукуматхоро лозим аст, ки
маблаFгyзорй ба сармояи инсониро хамчун Унсури марказии накшахои баркарорсозии иктисодии баъд аз бухронии иктисодиёти худ баррасй кунанд. Мухиммияти ин кор дар он аст, ки афзунгардонии сармояи инсонй дар раванди рушду инкишоф мавкеи асосиро ишFOл менамоянд. Дар вокеъ, фаркияти байни мачмуи махсулоти дохилии (ММД) кишвархои чахон то 20-30% ба фаркият ва сатхи рушди сармояи инсонии онхо вобастагй дорад. Вокеан, пандемияи COVID-19 ва чорахои махдудкунандаи марбут ба он, сабаби асосии якбора кохиш ёфтани истеъмолот ва хачми
маблаFгyзорихо гашта, инчунин дар бозори мехнат таFЙироти калонро ба амал оварданд. Тибки баходихии Созмони Байналмилалии Мехнат (ILO, 2020) танхо дар семохаи дуюми соли 2020 дар шароити таъмини шyFли пурра, талафоти вакти корй аз ин махдудиятхо мутаносибан ба 500 млн. чойхои кори доимй баробар шуд. «Самараи» чоринамоии махдудият байни давлатхо боиси пастшавии нишондихандахои бозорхои молия, молу ашёи хом, фуруш, хадамоти наклиётй, сармоягузорихои байналмилалй ва туризм гардиданд.
Диаграммаи 1.-Ч,алби сармояи мусщими хоричи ба сох,ах,о дар давраи бухрони ковидии соли 2020 (ба х,исоби млн. доллари ИMА)
Mахзан: https://investcom.tj /investment/activity/sarmoj aguzorii-hori. html
Тавре маълум аст, яке аз натичахои харакати сармояи хоричй ин ташкили корхонахои муштарак мебошад. Албатта, дар мавриди сар задани бухронхои чахонй ба фаъолияти онхо низ таъсироти манфй мерасад. Ба хамаи тамоюлоти дахсолаи охир дар чахон нигох накарда, дар Чумхурии Точикистон зиёд шудани шумораи корхонахои муштарак бараъло мушохида
гашта истодааст, ки ин аз чозибияти маблаFгyзории мамлакат дарак медихад [2].
Мухиммияти рушди минтакахоро ба инобат гирифта, барои кам кардани таъсири омилхои экзогенй ба иктисоди миллй Хукумати Чумхурии Точикистон ташкили корхонахои муштаракро хадафмандона рохандозй менамояд. Х,амин буд, ки дар чумхурй соли 2023 чихати ташкили
истехсолоти нави саноатй, васеъгардонии фондхои асосй ва ба рох мондани истехсоли махсулоти наву ракобатнок аз хисоби сармояи хоричй ва маблаги корхонахо зиёда аз 7 млрд. сомонй равона гардид, ки нисбат ба соли 2022 беш аз 1,5 баробар зиёд буд [12].
Дар шароити иктисоди бозорй корхонахои муштарак макоми намоёнро ишгол менамоянд, зеро накши корхонахои муштарак на танхо дар рушди саноатикунонии кишвар, балки афзоиши иктидори содиротии мамлакат таъсиррасон мебошад. Таваччухи Хукумати Чумхурии Точикистон ба бунёд ва таъсиси корхонахои саноатии муштарак равона гардида, шумораи чунин корхонахо дар каламрави шахри Душанбе ва вилояти Сугд сол аз сол зиёд шуда истодаанд [12]. Хамин аст, ки соли 2023 дар вилояти Сугд 18 корхонаи муштарак, аз чумла КМ "Зарафшон", ЧМ Точикистону Канадагии ДММ "Апрелевка", ЧДММ КМТТ "Тачпроф", ЧДММ ТАКМ "Анзоб", ЧДММ "Ширкати кухй - саноатии Точикистону Хитой", ЧДММ "Сатн", ЧДММ "Чавонй", ЧДММ КМТТ "Силкоат Бойа", ЧСП "Оби Зулол" дар хамкорй бо кишвархои Хитой, Ветнам, Русия, Туркия, Иёлоти Муттахидаи Амрико, Италия, Кипр ва ^азокистон фаъолияташонро ба рох мондаанд [13].
Тавре маълум аст, аз нигохи бисёр сармоягузорони дохилй ва хоричй дар солхои аввали Истиклолияти давлатй ва солхои аввали баркарорсозии харобихои баъдичангй иклими сармоягузорй дар кишвар номусоид буд. Аммо бо саъйи рохбарияти мамлакат имкон пайдо шуд, ки дар хама самтхо норасоихои чойдошта пай дар пай ислох карда шаванд. Дар ин росто, заминаи хукукй мукаммал гардонида шуда, санадхои хукукии ба талаботи замонавй чавобгубуда кабул карда шуданд [3]. Дар самти ислохоти бахши иктисодй низ
меъёрхои иктисодй ба тадрич поён карда мешуданд. Бо назардошти таъмини сабукии фаъолияти сармоягузорон ба Кодекси андози Чумхурии Точикистон то имруз, чахор маротиба тагйиру иловахо ворид карда шуд. Феълан, Чумхурии Точикистон хамчун узви Созмони чахонии тичорат исбот кард, ки вокеан, иктисодиёти мамлакат гуногунчабха буда, ба истехсолкунандагони дохилию хоричй тамоми шароити созгор мухайё карда шудааст ва фазои мусоиди инвеститсионй мавчуд мебошад [4].
Вокеияти таъсири сармоягузории хоричй дар он зохир меёбад, ки давра ба давра хачми истехсоли молхо дар Точикистон руй ба афзоиш аст. Агар ба сохтори молии савдои берунии мамлакат таваччух намоем, мушохид карда мешавад, ки танхо дар нимсолаи аввали соли 2024 сохтори содиротро асосан металлхои киматбахо (30,1%), нахи пахта ва махсулот аз он (12%), маъданхо (16,7%), дигар металлхои нимкиматбахо (сурма) (8,8%), алюминийи аввалия ва махсулот аз он (9,7%), дигар махсулоти кимиёвй (2,8%), либосхои гуногун ва бофташуда (2,6%), махсулоти кишоварзй (2,4%), мис ва махсулот аз он (2,5%), неруи барк (3,5%), семент (1,2%) ва дигар махсулот ташкил намудааст [7]. Ин тамоилро дар солхои каблй низ мушохида кардан мумкин аст. Зиёда аз ин, дар хошияи хадафи чоруми стратегии мамлакат "Саноатикунонии босуръати мамлакат" ва панчсолаи рушди саноат барои солхои 2022-2026 чалби сармоягузорихои дохилию хоричй барои рушди иктисоди вокей, махсусан сохаи саноати чумхурй ахамияти калони амалиро касб намудааст. Аз ин лихоз, вобастагии байни сармоягузории хоричиро бо рушди содирот ва дар мачмуъ, бо афзоиши хачми савдои берунй, алокаманд донистан мумкин аст. Зеро дар сохтори сохавии сармоягузорй,
тайи солхои охир, аслан бахши аъзам ба саноати истихрочи маъдан (истихрочи металлхои ранга) равона шуда истодааст. Мусаллам аст, ки дар 6 мохи авали соли 2024 хачми мачмуи махсулоти дохилй 61,7 млрд. сомонй ва суръати рушди вокеии он 8,2 фоизро ташкил дод, ки таъсири сармоягузориро нодида гирифтан мумкин нест. Суръати рушди иктисоди миллй дар ин давра асосан аз хисоби зиёд гардидани хачми истехсоли махсулоти саноатй 11,5 фоиз, кишоварзй 9,6 фоиз, хизматрасонии пулакй 16,6 фоиз, маблаггузорй ба сармояи
асосй 15,7 фоиз, гардиши савдо 11,9 фоиз, боркашонй 13,8 фоиз ва мусофиркашонй 9 фоиз таъмин гардид [7]. Дар сурати афзоиши хиссаи истехсоли махсулоти саноатй имконият пайдо мешавад, ки хачми содироти мамлакат боз хам ру ба афзоиш орад.
Вобаста ба ин тахлилхои гузаронидашуда, мушохида мегардад, ки давра ба давра дар гардиши савдои хоричии мамлакат дигаргунихои куллй, махсусан афзоиши ин нишондиханда ба назар расида истодааст.
Ч,адвали 1.-Вазъ ва динамикаи савдои берунии Ч,умх,урии Точикистон (млн. доллар)
2019 2020 2021 2022 2023 2023/2019 бо фоиз
Гардиши савдои хоричй 4523,7 4557,8 6359,1 7309,5 8329,0 + 84,1
- давлат^ои узви ИДМ 2521,1 2357,9 3120,1 3870,4 3556,3 +41,1
- давлат^ои хорици дур 2002,6 2199,9 3239,0 3439,1 4772,7 +38,3
Содирот 1174,4 1406,9 2149,6 2142,0 2448,8 +108,5
- давлат^ои узви ИДМ 449,9 289,5 574,7 761,4 551,5 +22,6
- давлат^ои хорици дур 724,5 1117,4 1574,9 1380,6 1897,3 + 61,9
Воридот 3349,3 3150,9 4209,5 5167,5 5880,2 +75,6
- давлат^ои узви ИДМ 2071,2 2068,4 2545,4 3109,0 3004,8 +45,1
- давлат^ои хорици дур 1278,1 1082,5 1664,1 2058,5 2875,4 + 125
Манбаъ: аз тарафи муаллиф та^ия шудааст.
Тахлили чадвали 1 бараъло нишон медихад, ки дар хакикат тайи панчсолаи охир бинобар суръат пайдо кардани истехсоли махсулоти саноатй, хачми гардиши савдои хоричии мамлакат афзоиш ёфта истодааст. Дар ин чо агар, бо сабаби таъсири бемории фарогири КОВИД-19 ва суст шудани истехсолоти ватанй суръати афзоиши савдои хоричй дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 наздики 0,75%-ро ташкил карда бошад, дар солхои баъдй, аллалхусус дар соли 2021 ин нишондиханда то ба 39% афзоиш кардааст. Дар ин радиф,
ба тадрич афзоиш ёфтани хачми содироти мамлакат низ тайи солхои охир назаррас гашта истодааст. Ба хар сурат, ду маротиба зиёд будани хачми воридот нисбат ба содирот чорачуии махсусро талаб менамояд. Нихоят аз тахлилхои гузаронидашуда бармеояд, ки танхо дар соли 2023 нисбат ба соли 2019 хачми гардиши савдои хоричии Чумхурии Точикистон бо тамоми мамлакатхои чахон то 84,1% ё худ 1,8 маротиба афзоиш ёфтааст.
Тахлили аналитикии сармоягузории хоричй ба иктисодиёти Точикистон бозгуи
он аст, ки давоми солхои 2007-2021 ба чумхурй воридоти умумии сармоягузории хоричй 11012,4 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз он 4 млрд. 850 млн. доллари амрикой сармоягузорихои мустаким, 5 млрд. 659 млн. доллари амрикой дигар намуди сармоягузорихо ва 502,1 млн. доллари амрикой сармоягузории портфелй (евробондхо) мебошанд [9].
Интихоби ин давра ба он хотир аст, ки махз дар ин миён бухрони чахонии молиявй, тахримотхои сангин нисбат ба давлатхои шарики Точикистон (Федератсияи Россия ва Чумхурии Исломии Ирон), шиддатёбии чанги тичоратии байни Чин ва Гарб ва хамзамон бухрони фарогири ковидй ба тамоми кишрхои чомеаи муосир таъсироти манфии худро расонида буданд. Тайи солхои 2007-2021 ба иктисодиёти миллии Чумхурии Точикистон беш аз 65 давлати чахон сармоягузорй намудаанд. Дар ин миён, ба панчгонаи давлатхои сармоягузор, ки мутаносибан ба хар кадоме аз онхо беш аз 500 млн. доллари ИМА рост меояд, давлатхои зеринро ворид кардан мумкин
аст: - Хитой бо 3 млрд.252 млн. дол. ё 30% (алока, сохтмон, хадамоти молиявй, омузиши геологй ва истихроч, монтажи тачхизоти технологй, саноат, сохтмон ва дигар намуди хадамот), Россия бо 1 млрд. 648 млн. долл. ё 15% (сохтмон, алока, омузиши геологй, хадамоти молиявй, тандурустй, саноат сохтмон, савдо энергетика, туризм ва дигар намуди хадамот), ИМА бо 712,8 млн. долл. ё 6,5% (алока, хадамоти молиявй, маориф, кишоварзй, тандурустй, обтаъминкунй ва сохилмустахкамкунй сохтмон, омузиши геологй ва истихроч, саноат), Британия Кабир бо 714,6 млн. долл. ё 7% (омузиши геологйистихроч, сохтмон, хадамоти молиявй, истихрочи ангишт, саноат ва савдо), ^азокистон бо 586 млн. дол. ё 5,3% (хадамоти молиявй, омузиши геологй ва истихроч, саноат, савдо) ва Филиппин бо 581,7 млн. долл. ё 5,3% (кишоварзй, сохтмони рох, хадамот, монтажи технологияхо, хадамоти молиявй, идоракунии давлатй, тандурустй, маориф) [8].
Сол Сармояи мустаким Сармояи чомадони Дигар намуди сармоягузорихо Х,амаги
2015 470,9 0,04 506,9 977,84
2016 434,2 0,05 408,4 842,65
2017 354,5 500,0 246,0 1 101
2018 326,8 0,0 317,7 645
2019 345,9 0,1 261,2 607,2
2020 162,5 0,4 265,5 428,4
2021 342,2 0,1 376,0 718,3
2022 618,4 0,2 1958,1 2 577
2023 221 0,1 2469 2 690
2024 (январ-март) 97 0,1 876 973
Чадвали 2.-Тахлили чалби сармоягузории хоричи ба иктисодиёти Чумхурии Точикистон дар солхои 2015 - 2024 (млн. доллари ИМА)
Ч,амъ 3 373,4 501,1 7 684,8 11 559,3
Манбаъ: сомонаи расмии КДСИАД: https://investcom.tj/investment/activity/omor шмонаи расмии Бонки миллии Точикистон: https://nbt.tj
Аз чадвали мазкур муайян аст, ки бинобар сар задани бухрони фарогири К0ВИД-2019 воридоти сармояи мустакими хоричй ба иктисоди миллй дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ду маротиба кохиш ёфта, ба 162,5 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки боиси ичро нагардидани баъзе аз барномаю лоихахои миёнамухлати давлатй гардид. Аммо аллакай дар соли 2021 ин норасой пурра гардида, хачми сармоягузорихои мустакими хоричй якбора ду маротиба афзуда ба нишондихандаи соли 2019 баробар гардидааст. Дар самти бартарафсозии пайомадхои бухрони К0ВИД-2019 дар радифи сиёсати зиддибухронии Хукумати Чумхурии Точикистон, инчунин накши
сармоягузорони институтсионалй, аз кабили Хазинаи байналмилалии асъор, Гурухи Бонки Чдхонй [11, 153-163], бонкхои
минтакавии рушд (Бонки осиёгии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии тачдид ва рушд) хеле назаррас бокй мемонанд. Вобаста ба накши созмонхои минтакавию байналхалкй, аз нигохи мо, дар маколаи дар боло овардашуда тафсилоти хуб оварда шудааст. Дар чадвал хамзамон мушохида кардан мумкин аст, ки то огози соли 2024 назар ба давраи бухрони ковидй сармоягузорихо аз хамаи манбаъхо 6,3 маротиба афзоиш ёфтаанд. Ин бори дигар тасдик мекунад, ки дилхох бухрон метавонад, ки вазъи сармоягузориро дар мамлакат тагйир дихад.
Вобаста ба ин мушохида мегардад, ки дар сохтори сохавии чалби сармоягузорихо хамасола дигаргунй ба назар мерасад. Ин холатро барои солхои 2022 ва 2023 бараъло мушохида кардан мумкин мебошад.
Диаграммаи 2.- Воридоти сармояи хоричй ба ицтисодиёти Ч,умх,урии Точикистон дар солх,ои 2022 - 2023 аз руи сох,ах,о (млн. доллар)
Манбаъ: сомонаи расмии КДСИАД: https://investcom.tj/investment/activity/omor шмонаи расмии Бонки миллии Точикистон: https://nbt.tj
Аз тахлили диаграмма бармеояд, ки дар соли 2023 воридоти сармояи хоричй
294
асосан ба сохахои миёнаравии молиявй 2220 млн. дол., саноати истихроч 279 млн. дол., сохтмон 54,4 млн. дол., саноати коркард 37,7 млн. дол., савдои яклухт ва чакана 27,9 млн. дол., наклиёт, хочагии анбор ва алока 25,2 млн. дол., кишоварзй 21,6 млн. дол. ва 24,6 млн. дол. ба дигар сохахо равона гардидааст. Агар соли 2022 хиссаи миёнаравии молиявй 53%, саноати истихроч 25%, саноати коркард 8% ва сохтмон 7%-ро аз хачми умумии воридоти сармояи хоричй ташкил дода бошад, ин нишондиханда дар соли 2023 мутаносибан ба 83%, 11%, 1,4% ва 2% расидааст. Аз тахлил бармеояд, ки афзоиши воридоти сармояи хоричй соли 2023 нисбат ба соли 2022 асосан аз хисоби миёнаравии молиявй дар хдчми 861,7 млн. доллар ё 63,4% таъмин гардидааст
Mасъалаи дигари доFи руз, ки он низ хислати чахониро касб кардааст, суръати баландро касб кардани бухрони экологй мебошад. Дар чахорчубаи Стратегияи шарикй ва тахлили омилхои бухронй шиддатёбии хавфхои ичтимой ошкор гардидаанд, ки ин бо хусусиятхои чyFрофии мамлакат алокаманд мебошад [10]. Чумхурии Точикистон яке аз кишвархои осебпазир аз таъсири таFирёбии иклим ва бухрони экологй дар минтака ба шумор меравад, ки инро бо пешгуинашаванда будани офатхои табий ва баландшавии харорат маънидод кардан мумкин аст. Хамин аст, ки дар Паёми Президенти мамлакат ироа гардидааст: "...Тавре ки хамватанони азизи мо мушохида мекунанд, солхои охир таFЙирёбии иклим дар микёси сайёра ба мушкилии аввалиндарача табдил ёфта, Точикистонро низ тахти таъсири манфии худ карор додааст... [6]", ин масъала яке аз проблемахои оламшумул мансуб дониста мешавад. Чумхурии Точикистон дорои имкониятхои бузурги захиравй мебошад, ки аз руи баъзе сохахо метавонад истехсоли молу махсулотро ба таври
афзалиятнок афзоиш дихад ва ба содиркунанда табдил ёбад. Ба вижа, яке аз ин сохахо истехсол ва фуруши кувваи барк мебошад, ки онро дар мукобили бухрони экологй метавон истифода кард. Тибки маълумоти омории "Точикистон дар ракамхо - 2023", сарвати бебахои чумхурй дарёхо ва кулхои он мебошанд. Дарозии умумии 947 дарёи чумхурй аз 28500 километр зиёдтар аст. Mахз дар онхо зиёда аз 60% захирахои гидроэнергетикии минтакаи Осиёи Mарказй ташаккул меёбанд [5, 13]. Тибки ин нишондод ва бо истифода аз ин захирахои гидроэнергетикй дар ояндаи наздик, мамлакати мо яке аз содиркунандагони асосии кувваи барк дар Осиё табдил хохад ёфт. Далели ин гуфтахо дар он аст, ки дар соли 2022 назар ба соли 2015 барои дастёбй ба хадафхои стратегии мамлакат истехсоли неруи барк 4,2 млрд. кВт/соат афзоиш ёфтааст. Соли 2023 бошад, иктидори энергетикии Точикистон зиёда аз 6000 мегаватт ва истехсоли неруи барк 22 млрд. кВт/соат-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 20П-ум 4,8 млрд. кВт/соат ё худ 28 фоиз зиёд мебошад [6].
Хамзамон, дар шароити авчгирии бухрони экологй бо чалби сармоягузории дохилию хоричй истифодаи васеи манбаъхои эхёшавандаи энергия дар татбики барномахои давлатй барои истифодаи "энергияи сабз" ва гузаштан ба "иктисоди сабз" заминаи мусоиду созгор фарохам меорад. Банакшагирии муфассали сармоягузорй ва гузариш ба манобеи энергияи сабз боиси кохиш додани партовхо барои таъмини тавозуни энергетикй ва конеъ кардани талаботи инфрасохтор ба энергия мегарадад. Чунин тафсилоти банакшагирй барои афзунгардонии эътимоди сармоягузорон мусоидат карда, имкониятхо ва хавасмандии
сармоягузориро барои сохтмон ва фуруши лоихахои самаранок суръат мебахшад. Дар
ин хошия, имкони бештари сафарбаркунии сармояи дохилй низ пайдо гашта, дарачаи вобастагй аз хорича кам мегардад.
Вобаста ба авзои вазнини иктисодй, ичтимой, экологй ва сиёсии чахони муосир
зарурат пеш омадааст, ки дар масъалаи риояи таносуби сармоягузорихои дохилию хоричй ва давра ба давра кам кардани вобастагй аз омилхои берунй чорахои мушаххас андешида шаванд.
АДАБИЁТ
1. Консепсияи сиёсати давлатии чалб ва химояи сармоягузории Чумхурии Точикистон. ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 29 декабри соли 2012, тахти №755;
2. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи минтакахои озоди иктисодй дар Чумхурии Точикистон» аз 17 майи соли 2004, № 24
3. ^онуни Цумхурии Точикистон «Дар бораи сармоягузорй» аз 15-уми марти соли 2016, №1299
4. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорй» аз 19-уми марти соли 2013, № 944
5. Мачаллаи «Точикистон дар ракамхо - 2023» // Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон // Душанбе, - 2023, - С.12, 13, 95;
6. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 28.12.2023 [манбаи электронй]. URL: https://prezident.tj/event/missives/36370 (санаи вуруд: 25.07.2024)
7. ПРЕСС-РЕЛИЗ оид ба натичахои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон ва фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2024. Сомонаи расмии Вазорати рушди иктисод ва савдои ЧТ. https://medt.tj/images/06.08.2024-2.pdf (санаи воридшавй: 10.08.2024с.)
8. Сомонаи расмии Бонки миллии Точикистон https://www.nbt.tj/sarmojaguzori.html (санаи вуруд: 20.07.2024с.)
9. Сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорй ва идораи амволи давлатй https://investcom.tj/investment/activity/11-omori-sarmojaguzorii-hori.html (санаи воридшавй: 20.07.2024с.)
10. Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 // ^арори МНМО Чумхурии Точикистон аз 01.12.2016с., №636 // - Душанбе, - ЧДММ «Контраст», - 2017;
11. Тагоев М.Р. Накши Гурухи Бонки Чахонй дар самти пешгирй ва бартарафсозии пайомадхои COVID-19. / М.Р. Тагоев // Журнали МТС назди Президенти Чумхурии Точикистон "Точикистон ва чахони имруз". - Душанбе, - 2021, - № 3(75), - С. 153-163.
12. Таъсиси корхонахои муштарак ва дарёфти имкониятхои нав. Нашрияи "Хакикати Сугд" // Нашрияи расмии Макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд // - Хучанд, - 2023.
13. Точикистон: 30-соли истиклолияти давлатй. Мачмуаи расмии оморй. //Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон// ш.Душанбе, - 2021с., - 702 сах.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Азимова Дилафруз Сониевна - ассистенти кафедраи иктисодиёти чахонии Донишгохи миллии Точикистон. Нишонй: 734025, Чумхурии Точикистон, ш.Душанбе, кучаи Буни
Х,исорак, Донишгохи миллии Точикистон. Тел.: (+992) 880608787, e-mail: [email protected]
Информация об авторе:
Азимова Дилафруз Сониевна - ассистент кафедры мировой экономики ТНУ. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г.Душанбе, ул. Буни Хисорак, Таджикский национальный университет. Тел.: (+992) 880608787; e-mail: dil afruz_sonievna@mail. ru
Author information:
Azimova Dilafruz Sonievna - assistant of the department of world economy of the Tajik National University. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, Buni Hisorak street, Tajik National University. Phone: (+992) 880608787, e-mail: dil afruz_sonievna@mail. ru