Научная статья на тему 'Преподавание драматических произведений и их место в учебных программах средних школ периода независимости'

Преподавание драматических произведений и их место в учебных программах средних школ периода независимости Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
277
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРЕПОДАВАНИЕ ЛИТЕРАТУРНЫХ ПРОИЗВЕДЕНИЙ / УЧЕБНАЯ ПРОГРАММА / ПРОГРАММНЫЕ ЧАСЫ / УЛУГЗОДА / ЛИТЕРАТУРНОЕ ЧТЕНИЕ / ИСТОРИЯ ЛИТЕРАТУРЫ / LITERARY PRODUCTIONS TEACHING / CURRICULUM / PROGRAM HOURS / ULUGZODA / LITERARY READING / HISTORY OF LITERATURE / ТАЪЛИМИ АСАРҳОИ САҳНАВӣ / БАРНОМАҳОИ ТАЪЛИМӣ / СОАТҳОИ БАРНОМАВӣ / КУРСИ ХОНИШИ АДАБӣ / ТАЪРИХИ АДАБИЁТ

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ахмадов Мирзохабиб

В статье рассматриваются вопросы преподавания сценических произведений и их места в школьных учебных программах по литературе периода национальной независимости Таджикистана. Подчеркивается, что в учебном плане школ не уделялось должного внимания изучению драматических произведений, тогда как драма является одним из трех литературных родов. В частности, говорится, что практически во всех образовательных программах по таджикской литературе непосредственный анализ драматических произведений встречается редко. Констатируется, что литературный анализ драматических произведений в курсах литературного чтения по учебным программам не проводился. По мнению автора, одной из причин неудачи в воспитании хороших читателей драматических произведений и реального зрителя театральних и телевизионных сцен является пренебрежение преподаванием драматических произведений. Предлагается провести полный анализ драматических произведений или фрагментов из них с 6-го класса учебных заведений.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

DRAMATIC LITERARY PRODUCTIONS TEACHING AND THEIR PLACE AT SCHOOL CURRICULA REFERRING TO THE PERIOD INDEPENDENCE

The article dwells on specific literary productions teaching and their place at school curricula on literature referring to the period of Tajikistan national independence. The author lays an emphasis upon the idea that schools curriculum did not pay due attention to the study of dramatic literary productions, while drama is considered to be one of three literary genera. In particular, it is spoken about that in almost all educational programs on Tajik literature, direct analysis beset with the former is rarely canvassed entirely. It is established that a literary analysis of the latters in the courses of literary reading of curricula has not been carried out. The history of literature course also requires the provision of mostly dramatic statistics. In conformity with the author's opinion, one of the reasons for the failure to educate good readers of dramatic literary productions and a real spectator of theater and television scenes considers the neglect of literary productions teaching. It is proposed to conduct a comprehensive analysis in reference to the themes explored or fragments of them from the 6-th grade of educational institutions.

Текст научной работы на тему «Преподавание драматических произведений и их место в учебных программах средних школ периода независимости»

УДК8 тоц2 ББК 83,3 тоц

ТАЪЛИМИ АСАРУОИ Ахмадов Мирзо^абиб, номзади илмуои филология,

СА^НАВИ ВА МАВКЕИ ОН^О дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва

ДАР ТАЪЛИМИМАКТАБИМИЁНА адабиёти тоцики МДТ "ДДХба номи академик

ДАР БАРНОМА^ОИЗАМОНИ Б. Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд) ИСТИКЛОЛ

ПРЕПОДАВАНИЕ Ахмадов Мирзохабиб, кандидат

ДРАМАТИЧЕСКИХ ПРОИЗВЕДЕНИЙ филологических наук, доцент кафедры

И ИХ МЕСТО В УЧЕБНЫХ методики преподавания таджикского языка и

ПРОГРАММАХ СРЕДНИХ ШКОЛ литературы ГОУ "ХГУ имени академика

ПЕРИОДА НЕЗАВИСИМОСТИ Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

DRAMATIC LITERARY Akhmadov Mirzohabib, candidate philological

PRODUCTIONS TEACHING AND sciences, Associate Professor of the department of the

THEIR PLACE AT SCHOOL Tajik language and literature teaching methods under

CURRICULA REFERRING TO THE the SEI "KSU named after academician B. Gafurov "

PERIOD INDEPENDENCE (Tajikistan, Khujand), E-mail: mirzokhabib @ bk. ru.

Вожа^ои калиди: таълими асаруои саунавй, барномауои таълим, соатуои барномавй, Улугзода, курси хониши адабй, таърихи адабиёт

Мацола ба таълими асаруои саунавй ва цойгоуи ощо дар барномауои таълими адабиёти замони истицлол ихтисос дорад. Мацсади асосй дар он ифода мегардад, ки дар барномауои таълим барои омузиши асаруои саунавй эътибори лозимй дода нашудааст, уол он ки асаруои саунавй яке аз цинсуои сегонаи адабй ба уисоб мераванд. Аз он цумла, иброз мегардад, ки цариб дар уама барномауои таълим таулили бевоситаи асаруои саунавй хеле кам ба назар мерасанд. Дар курси хониши адабй таулили ин гуна асаруо асосан мавцеъ пайдо накардааст. Дар курси таърихи адабиёт уам асосан доир ба асаруои саунавй додани маълумоти оморй талаб карда мешавад. Аз ин ру, мо хонандаи хуби осори саунавй ва тамошобини воцеии саунаи театру телевизионро тарбия карда наметавонем. Пешниуод карда мешавад, ки таулили асаруои саунавии яклухт ва ё порча аз онуо аз синфи 6-уми муассисауои таълимй ба роу монда шавад.

Ключевые слова: преподавание литературных произведений, учебная программа, программные часы, Улугзода, литературное чтение, история литературы

В статье рассматриваются вопросы преподавания сценических произведений и их места в школьных учебных программах по литературе периода национальной независимости Таджикистана. Подчеркивается, что в учебном плане школ не уделялось должного внимания изучению драматических произведений, тогда как драма является одним из трех литературных родов. В частности, говорится, что практически во всех образовательных программах по таджикской литературе непосредственный анализ драматических произведений встречается редко. Константируется, что литературный анализ драматических произведений в курсах литературного чтения по учебным программам не проводился. По мнению автора, одной из причин неудачи в воспитании хороших читателей драматических произведений и реального зрителя театральних и телевизионних сцен является пренебрежение преподаванием драматических произведений. Предлагается провести полный анализ драматических произведений или фрагментов из них с 6-го класса учебных заведений.

Key words: literary productions teaching, curriculum, program hours, Ulugzoda, literary reading, history of literature

The article dwells on specific literary productions teaching and their place at school curricula on literature referring to the period of Tajikistan national independence. The author lays an emphasis upon the idea that schools curriculum did not pay due attention to the study of dramatic literary productions, while drama is considered to be one of three literary genera. In particular, it is spoken about that in almost all educational programs on Tajik literature, direct analysis beset with the former is rarely canvassed entirely. It is established that a literary analysis of the latters in the courses of literary reading of curricula has not been carried out. The history of literature course also requires the provision of mostly dramatic statistics. In conformity with the author's opinion, one of the reasons for the failure to educate good readers of dramatic literary productions and a real spectator of theater and television scenes

considers the neglect of literary productions teaching. It is proposed to conduct a comprehensive analysis in reference to the themes explored or fragments of them from the 6-th grade of educational institutions.

Барномаи таълими адабиёти точик дар мактаб омузиши жанрхои гуногунро аз дар назар дорад, ки омузиши хар кадоме аз онхо муносибати хосеро такозо мекунад. Тахлилу таълими хар кадоме аз жанрхои адабй роху усулхои хос дорад, ки доир ба ин тад;и;отх,ои алохида сурат гирифтаанд(3,5).

Бояд гуфт, ки дар барномахои таълими адабиёти точик дар мактаби миёна ба омузиши асархои сахнавй муносибати ягона мушохида карда намешавад. Ба бахши мазкур дар барномаи таълими адабиёт гохо назари сатхии мураттибони барнома мушохида мегардад. Эътибори лозима надодан ба омузиши асархои сахнавй аз барномах,ои замони шуравй огоз мегирад. Аз он чумла, дар барномаи солхои охири замони шуравй, ки соли 1990 (2, 32) мунташир гардидааст, омузиши асархои сахнавй танхо дар синфи хаштум нишон дода шудааст.

Дар ин синф таълими намоишномаи Ганй Абдулло "Сарбозони инкилоб" дар хачми 4 соат пешниход гардидааст. Омузгор имкон дорад, ки дар соатхои додашуда ба хонандагон асарро комилан шинос гардонад, онро дар синф бо шогирдон мухокима ва тахлил намояд. Вале танхо дар як синф ва бо омухтани як асар таълими асархои сахнавй, ки дар айни замон яке аз чинсхои адабии маъмули адабиёти муосири точик ба хисоб меравад, нокомил аст ва дар шинохти ин чинси адабй кифоя нест.

Дар барномаи нахустини замони истиклол, ки соли 1993 мунташир гардидааст (мураттиб Туйчй Мирзод), масъалаи омузиши асархои сахнавй як навъ мавкеи бехтар касб намудааст. Дар ин барнома омузиши асархои сахнавй дар синфхои 8-ум ва 11-ум дар назар дошта шудааст. Барномаи мазкур химмат гуморида, барои таълими Сотим Улугзода дар синфи 8-ум 10 соат пешниход намудааст ва дар соатхои мазкур таълими ду асари нависанда -намоишномаи "Рудакй" ва хикояи "Шохраланг" дар назар дошта шудааст (1, 40).

Тавре ки мушохида мекунем, соатхои барномавй барои таълими хдмачихдтаи намоишномаи "Рудакй" шароити мусоид фарохам овардааст. Дар холати чудо кардани 6 соат барои таълими намоишномаи мазкур омузгор имкон меёбад, ки на танхо хонандагонро бо асар шинос кунад, инчунин у метавонад хониши бадеии драмаро дар синф ба рох монад, асарро бо ширкати фаъолонаи шогирдон мухокима созад ва онро комилан тахлил намояд, хатто яке аз лахзахои чолиби асарро ба сахна гузорад. Маълумот доир ба драма ва хусусиятхои он, ки дар охири мавзуъ ба хайси масъалаи назарияи адабиёт пешниход гардидааст, низ мувофики матлаб аст. Хонандагон дар пайвастагй ба мавзуи асосй перомуни хусусиятхои драма ба сифати яке аз навъхои асосии асархои сахнавй дониши назариявй хосил мекунанд.

Барнома дар синфи 11 -ум хам таълими асархои сахнавиро дар мавзуи Сотим Улугзода пешниход мекунад. Азбаски дар офаридани асархои сахнавии адабиёти муосири точик Сотим Улугзода яке аз поягузорон ба хисоб меравад ва намунахои бехтарини ин навъ асархо ба калами у тааллук дорад, дар синфи 11 -ум низ пешниход гардидани асари сахнавии С.Улугзода беасос нест.

Таълими Сотим Улугзода тибки барномаи мазкур барои синфхои 11 -уми тамойили гуманитарй 14 соат ва барои тамоилхои дигар 10 соат пешбинй гардидааст. Дар ин синф хам омузиши ду асари Улугзода пешниход гардидааст: романи "Восеъ" ва драмаи "Чдвонии Ибни Сино". Дар кисмати назарияи адабиёт "Такмили маълумот дар бораи драма ва навъхои он" оварда шудааст.

Ч,ои бахс нест, ки дар холати сарф гардидани нисфи соатхои додашуда - 7 соат ва ё хадди акалл 5 соат барои омузиши драмаи "Чдвонии Ибни Сино" омузгор имкон дорад, ки асари мазкурро комилан дар синф таълим дихад, тахлил кунад ва чамъбаст намояд. Ин чо бори дигар барнома омузгорро водор месозад, ки маълумоти назарии дар синфи 8-ум доир ба асари драмавй додаашро такмил дихад ва перомуни навъхои асархои сахнавй ба хонандагон донишхои нав дихад.

Дар барномаи соли 2002 бошад, маълумот доир ба асархои сахнавй дар синфи 9-ум пешниход гардидааст, вале таълими бевоситаи онхо дар курси таърихи адабиёт танхо дар синфи 11-ум пешбинй гардидааст. Азбаски он солхо синфи 9-ум низ хатмкунанда ба хисоб мерафт ва хонандагони хохишманд метавонистанд фаъолияти худро дар истехсолот ва ё муассисахои дигари касбомузй идома диханд, ин чихатхоро ба инобат гирифта муаллифони барнома дар синфи мазкур дар радифи масъалахои умумии адабй додани маълумоти назариявиро оид ба асархои сахнавй пешниход кардаанд. Яъне дар барномаи мазкур дар

боби "Адабиёти муосир" асархои сахнавии бархе аз драматургхои точик ба таври умумй тавсиф дода шудаанд, ки ин кисмат ба таври зайл омадааст:

"... Инкишофи драматургия. Характеристикаи асархои драмавии С. Улугзода, Ч,алол Икромй, Ансорй, Мехмон Бахтй, Аюбй ва дигарон.

Мавзуъ ва мундаричаи гоявии асархои драмавй" (6, 52).

Азбаски ин чо омузиши асархои сахнавй дар баробари даххо масъалаи дигари адабй пешниход шудааст ва барои таълими боби мазкур хамагй 5 соат пешниход гардидааст, барои омузиши асархои сахнавй омузгор имкон дорад, ки танхо як соат чудо кунад. Дар як соати дарси адабиёт хонандагон танхо маълумоти умумй мегиранд. Таълим ва тахлили асархои сахнавй дар ин соат амалй нахохад шуд.

Беш аз ин, дар холе ки шогирдон то синфи 9-ум бо ягон намунаи асархои сахнавй шинос нагардидаанд ва омузиши ин гуна осорро барнома пешниход накардааст, инчунин, шогирдони мактаб аз мазмуну мундарича, усулхои баёни муаллиф, доир ба хусусиятхои аслии намоишномахо, доир ба забон ва услуби нигориш, воситахои ёрирасони ифода ва монанди инхо огох нестанд, якбора дар синфи 9-ум доир ба мавзуъ ва мундаричаи асархои сахнавй чанд маълумоти умумй додан рохи халли масъала нахохад буд.

Тавре ки ишора гардид, барномаи мазкур таълими асархои сахнавиро дар синфи 11-ум низ нишон додааст. Дар ин синф он дар се маврид пешниход гардидааст. Аввалан, дар боби "Маълумоти умумй дар бораи адабиёти точик дар садаи 20-ум" омузиши масъалахои зерини асархои сахнавй нишон дода шудааст:

"...Пайдоиши шаклхои нави адабй, аз кабили драма, баллада ва амсоли ин. Мазмун ва мундаричаи гоявии аввалин драмахо. Хизмати Улугзода, Ганй Абдулло, Икромй, Ансорй дар инкишофи драматургияи точик.

...Абдурауфи Фитрат. Зиндагиномаи Фитрат. Фитрат нахустин драманависи точик. Тахлили драмаи "Рустам ва Сухроб". Ахамияти эчодиёти нависанда дар густариши адабиёти минбаъдаи точик" (6, 61).

Аз 10 соати барномавй, ки ба таълими адабиёти садаи 20 чудо гардидааст, ин чо низ омузгор дар холи бехтарин метавонад 2 соат ба омузиши масъалахои драматургия чудо кунад.

Сониян, дар боби "Сотим Улугзода", ки 10 соат дода шудааст ва асосан ба омузиши романи "Восеъ" бахшида шудааст, таълими намоишномаи "Ч,авонии Ибни Сино" пешниход гардидааст. Мухтавои мавзуи асархои сахнавии Улугзода ва драмаи "Чдвонии Ибни Сино" ба таври зерин нишон дода шудааст:

"Шархи холи адиб. Маълумоти мухтасар дар бораи эчодиёти нависанда. Улугзода хамчун драматург. Мазмун ва мундаричаи гоявии драмахои адиб.

.Драмаи "Чдвонии Сино". Хусусияти драма. Сюжет ва устухонбан-дии "Ч,авонии Сино". Мавзуъ ва мундаричаи гоявии он. Муносибати адиб бо кахрамони асосии асар. Забон ва услуби нигориши драма.

Назарияи адабиёт: Маълумот дар бораи драма ва навъхои он" (6, 64-65).

Тавре ки мушохида мегардад, масъалагузорй дар таълими Сотим Улугзода ва асархои сахнавии у дар барномаи соли 2002 такрибан бо барномаи соли 1993 якхела аст.

Них,оят, дар барномаи соли 2002 масъалаи таълими асархои сахнавй дар боби "Маълумоти умумй дар бораи вазъи адабиёти муосири точик" пешниход гардидааст. Дар барнома барои боби мазкур 16 соат чудо шудааст. Он кисмате, ки ба таълими асархои сахнавй бахшида шудааст, ба таври зерин омадааст:

".Маълумоти мушаххас дар бораи драматургияи точик. Инкишофу ривочи он дар солхои охир. Ба вучуд омадани драмахои таърихй дар бораи арбобони фархангу адаби точик: Абулкосим Фирдавсй, Хоча Камол, Исмоили Сомонй ва амсоли инхо. Маълумоти мушаххас дар бораи драманависон: Ф. Ансорй, F. Абдулло, Ш. ^иём, Мехмон Бахтй, С. Аюбй, А. Хдмдам ва дигарон.

Мехмон Бахтй. Рузгори нависанда. Фаъолияти эчодии у. Инъикоси масъалахои таърихй дар драмахои Мехмон Бахтй. Тахлили драмаи "Амир Исмоили Сомонй". Ахамияти накши Амир Исмоил дар тарбияи хештаншиносй ва ифтихори миллии шогирдон" (6, 66).

Ин чо дар холати бехтарин ва бодиккат таксим кардани соатхои барои боби мазкур пешниходнамудаи барнома омузгор метавонад 3 соат, вагарна 2 соати онро барои таълим ва тахлили драмаи Мехмон Бахтй "Амир Исмоили Сомонй" чудо кунад.

Дар барномаи соли 2007-ум омузиши асархои сахнавй танхо дар синфи 11-ум, вале ба таври хеле густарда пешниход мегардад. Барномаи мазкур дар ин синф дар 8 маврид таълими

асаруои сахнавиро дар назар дорад, ки аз он дар мавридхои таълими осори Абулкосим Лохутй, Мирзо Турсунзода, Сотим Улугзода, Ч,алол Икромй, Фазлиддин Мухаммадиев ва Мехмон Бахтй омузиши асархои мушаххаси сахнавии онон низ пешниход мегардад. Инчунин таълими намоишномахо дар адабиёти давраи истиклолият ва ба хайси масъалаи назарияи адабиёт низ дар назар дошта шудааст.

Барои таълими Абулкрсим Лохутй барнома 6 соат чудо кардааст ва дар баробари шархи хол ва осори шоир тахдили осори тарчумавии сахнавии у ба тарзи зерин нишон дода шудааст:

"...Тарчумаи асархои Шекспир, А. С. Пушкин, А. С. Грибоедов, Ю. В. Гюго. Тахлили драмаи "Отелло", мазмуни фочиавии асар ва образхои он. Усули тарчума ва хусусиятхои бадеии тарчумаи асар..." (7, 64).

Х,амин тавр, аз осори сахнавии Мирзо Турсунзода либреттои "Тохир ва Зухро", аз намоишномахои Улугзода драмаи "Чдвонии Ибни Сино" ва аз офаридахои Мехмон Бахтй омузиши драмахои "Фирдавсй" ва "Шох Исмоили Сомонй" дар назар дошта шудааст, вале соатхои махдуд имкон намедиханд, ки барои таълими ин асархо беш аз яксоатй чудо карда шавад. Х,атто барои тахлили ду асари сахнавии Мехмон Бахтй, ки барнома такозо дорад, низ омузгор танхо як соат чудо карда метавонаду халос. Доир ба фаъолияти драматургии нависандагон Ч,алол Икромй ва Фазлиддин Мухаммадиев дар радифи масъалахои дигари эчодиёташон маълумоти умумй додан лозим меояд ва таълими ягон асари сахнавии мушаххаси онхо оварда нашудааст.

Дар боби "Адабиёти давраи истиклолият", ки барои таълими он барнома 4 соат чудо кардааст, омузгор имкон дорад, ки перомуни драматургия ва вазъияти он дар замони истиклол як соат дарс гузарад.

Барнома доир ба асархои сахнавй ба сифати назарияи адабиёт низ омузиши масъалахои зеринро нишон медихад:

Драма (намоишнома). Маъно ва мафхуми драма, драма дар баробари лирика ва хамоса яке аз се чинси асосии адабй. Навъхои драма: фочеа, мазхака, песа, водевил, мелодрама. Пайдоиши драма дар Юнони кадим, драмаи халкии точикй, инкишофи драматургияи касбии точикй дар солхои 30-юми асри бист. Драматургхои машхури точик: С. Улугзода, Ганй Абдулло, Ч,алол Икромй, Мехмон Бахтй, Сафармухаммад Аюбй ва дигарон. Драмаи С. Улугзода "Алломаи Адхам ва дигарон" (7, 69).

Азбаски барои таълими масъалахои назариявй барномахо соат чудо намекунанд, дар баробари таълими асархои сахнавй ва аз хисоби соатхои онхо омузгор вазифадор гардидааст, ки доир ба хусусиятхои асархои сахнавй маълумоти назариявии дар боло омадаро пешниход созад.

Тавре ки мушохида мегардад, омузиши асархои сахнавй тибки барномаи хозираи таълими адабиёти точик (2007) барои курси хониши адабй дар назар дошта нашудааст. Дар барномахои солхои пешина низ ин масъала аз назари эътибор дур мондааст. Х,ол он ки дар баробари омузиши асархои хамосиву гиной хонандагони синфхои 5-7 бо намунахои асархои сахнавй низ шинос гардиданашон зарур аст. Вагарна аз хусусиятхои асархои сахнавй дар синфхои поён огох нагардида, якбора дар синфи 11 -ум таълим додани ин гуна асархо як навъ берабтй ва бенизомиро дар таълим ба вучуд меорад. Хонандаи синфи боло, ки бо мундарича ва устухонбандии асари сахнавй бори аввал ру ба ру мегардад, дар идроки масъалахои дигари тахлили онхо ба душворихо дучор меояд.

Бинобар ин хам бо вучуди норасоихои соатхои таълими адабиёт зарур аст, ки дар синфхои 6 ва 7 хадди акалл се-чор намунаи асархои сахнавй омузонида шавад. Барномасозон метавонанд ба хайси намунахои чолиби асархои сахнавй дар синфи 6 таълими намоишномахои "Рудакй"-и Сотим Улугзода ва "Имтихон"-и Файзулло Ансорй, дар синфи 7 омузиши либреттои "Тохир ва Зухро"-и Мирзо Турсунзода ва "Отелло"-и В. Шекспирро дар тарчумаи Абулкосим Лохутй ворид созанд.

Дар синфи 6, ки хонандагон бори нахуст бо намунаи асархои сахнавй дучор меоянд, омузгор баъзе маълумоти аз хар чо пайдо кардаи шогирдонро чамъбаст месозад. То ин дам шояд кисмате аз хонандагон ба театрхо рафтаанд ва чанд намоишномаи театрро тамошо кардаанд; инчунин тавассути оинаи нилгун чандин сахнахоро аз намоишномахо дидаанд, дигарон баъзе асархои сахнавии адибони точик ва ё хоричиро мутолиа кардаанд. Бо истифода аз чунин огахии хонандагон аз навъхои гуногуни осори сахнавй омузгор хонандагонро ба омузиши асари сахнавии мушаххас дар синф омода месозад.

Х,амин тавр, мо бар онем, ки барномахои таълими адабиёт ба масъалахои таълим ва аз он чумла, омузиши осори сахнавй бо назардошти талаботи руз муносибат намояд. Яъне хонандагони мо дар мактаб на танхо бо номгуи асархои сахнавй ва муаллифони онхо ошно

гарданд, инчунин мо ба чамъият афроди сохибфархангеро пешниход созем, ки онхо ба

мазмуну мухтавои асархои сахнавй сарфахм раванд ва дар театрхо ба хайси тамошобини огох

хешро муаррифй карда тавонанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Адабиёти точик. Барномаи таълим барои мактабхои асосй ва миёна /синфхои 5-11/. Душанбе, 1993.-60 с.

2. Лоскутова О. А. Освоение драматических произведений читателями-школьниками как методическая проблема в обучении литературе на современном этапе // Филологические науки в России и за рубежом: материалы IV Междунар. науч. конф. (г. Санкт-Петербург, декабрь 2016 г.). — СПб.: Свое издательство, 2016. — С. 1-3.

3. Программаи забон ва адабиёти точик барои мактабхои миёна (синфхои 5-11). - Душанбе, 1990.-96с.

4. Саидова М. Таълими асархои драмавй. Онро чй гуна бояд амалй намуд?// http://jumhuriyat .tj/index.php?art_id=39201

5. Смирнова, Н.Л.Методика изучения драматических произведений в 5-8 классах. Автореферат диссертации на соискание ученой степени кандидата педагогических наук:13.00.02 - Теория и методика обучения и воспитания (литература, уровень общего образования), Екатеринбург - 2004.- 22 с.

6. Барномаи адабиёти точик барои синфхои 5-11. - Душанбе, 2002.-57с.

7. Барномаи таълими адабиёти точик дар синфхои 5-11. - Душанбе, 2007.-72с.

REFERENCES:

1. Tajik Literature. Curriculum for Basic and Secondary Schools / grades 5-11/Dushanbe, 1993.-60 p.

2. Tajik Language and Literature Program for Secondary Schools(grades 5-11).-Dushanbe,1990.-96 p.

3. Loskutova O. A. Mastering with Dramatic Literary Productions by Schoolchildren as a Methodological Problem in Teaching Literature at the Present Stage // Philological Sciences in Russia and Abroad: the materials of the IV-th International scientific conference (St. Petersburg, December 2016). - SPb.: Our Publishing-House, 2016. - P. 1-3.

4. Saidova M. Dramatic Literary Productions Teaching. How Can we Functionate it? // http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=39201

5. Smirnova, N.L. Methodology for the Study of Dramatic Literary Productions in Grades 5-8-th. Synopsis of candidate dissertation in pedagogy: 13.00.02 - Theory and Methods of Teaching and Upbringing (Literature, Level of General Education), Yekaterinburg - 2004. - 22 p.

6. Tajik Literature Program for Grades 5-11-th. - Dushanbe, 2002. - 57 p.

7. The Program of Tajik Literature Teaching for Grades 5-11-th. - Dushanbe, 2007. - 72 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.