Ба ифтихори 1150-солагии зодрузи Абубакр Мудаммад Закариёи Рози
_ УДК: 001 (55) (092) А43 ^АЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АБУБАКР МУДАММАД ЗАКАРИЁИ РОЗИ
Зикриё АКРАМИ,
профессор, доктори илмдои таърих, директори Институти таърих, бостоншиносй ва мардyмшиносии Академияи илмдои Чумдурии Точикистон
Бахром БУРБОНОВ,
доктори илмдои таърих, устоди Донишгоди давлатии тичорати Точикистон
^абибулло МАЦСАДОВ,
ходими илмии Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии АИ Ч,Т
Калидвожахо: Абубакри Рози, донишманди форсу тоцик, тиб, табииёт, кимиё, фалсафа, педагогика, ахлоц, гуманизм.
Агар ба таърихи осори гузаштагонамон назар афканем, маълум мегардад, ки ондо дар риштадои мухталифи илм ба дастоварддои арзишманду нодир ноил гардидаанд. Аз ин лидоз,тадкики осори ба ёдгор мондаи ондо барои наслдои имрyза адамияти гаронбадо дорад. Омузиши даёт ва фаъолияти илмии Абyбакр Мудаммад Закариёи Розй низ аз чумлаи ондост.
Абyбакр Мудаммад Закариёи Розй яке аз бузургтарин ва барчастатарин табиб, файласуф, табиатшиноси форсу точик ва чадон ба шумор меравад. У дар инкишофи илмдои гуногун садми муносиб гузошта, яке аз саромадони илми тиб ва табиатшиносй ба шумор меравад. Абубакр Мудаммад ибни Закариё ибни Ядёи Розй дар шадри Рай 28 - уми августи соли 251 дичрй (865) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солдои тифлию айёми чавонии y дар зодгодаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб - ул - Мансурй» мавчуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалдои умр бо касби заргариву саррофй шугл варзида, дар як давраи муайян ба даваси кимиёгарй дар пайи омухтани илми кимиё мегардад. Абурайдони Берунй (973 -1048) дар «Федрасти майлу рагбат доштани Закариёи Розй» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавку давас доштани Закариёи Розй чунин гуфтааст: «Наздикй ба оташ ва буйдои тунд чашми уро маъюб сохт ва y ба суи муолича ва мудово ва сипас ба илми пизишкй кашонид».
Муаллифи китоби мазкур дар садифаи дигари дамин асар равшану возед сабабу иллати аз илми кимиё ба илми тиб гузаштан ва дар ин сода ба яке аз рукну сутуни бузурге, ки минбаъд хазинаи донишандузии инсон бар сари он карор ёфтааст, табдил ёфтани осори тиббии Закариёи Розиро ба тарики зайл менигорад. «Иштиголи Розй ба илми тиб пас аз даврони чавонй буд ва дар натичаи рамаде буд, ки дар чашмони y падидор омад. Ва гуянд, пеши кудоле рафт. Кудол гуфт: «Муоличати ту мавкуф аст бар понсад динор, ки бояд бидидй» . У он маблагро ба кудол доду гуфт: «Кимиё илми тиб аст, на он ки ту бад он машгулй». Бад он сабаб аз кимиё аъроз намуд ва дар тадсили илми тиб ба гояте расид, ки тасонифи y дар ин илм носихи таълифи муътакадимон гашт.
Розй аз овони чавонй бо омухтани илму адаб ба василаи китобу навиштачот, мадфилдо ва бадсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Х,исси кунчковию кушиши донишандузии уро дакикае тарк нанамуданд.
Тазаккур бояд дод, ки Мудаммад Закариёи Розй дар овони чавонй монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъдандоро ба тилло баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва чилави истеъдоди донишро бар суйи майдони илми тиб, дикмат, риёзиёт,фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розй аввал ба хидмати докими Рай - Мансур ибни Исдок ибни Адмад ибни Асад, ки солдои 290 - 296 дичрй (902-908) дукуматдорй кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барчаставу табиби дозикро докими Багдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмадо оид ба сарвари бемористони Багдод таъин шудани Закариёи Розй ривоятдои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розй баъд аз солдои зиёд дар бемористони Багдод хидмат намудан ва содиби тахаллуси «табиби мористонй» шудан ба зодгодаш бармегардад. У як кисми умрашро дар Мовароуннадр гузаронида ва бо доирадои илмии ин кишвар робитадо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст.Файласуф ва табиби
мушкилкушо, кимиёгари маърyф Закариёи Розй дар байни солдои 320 дичрй (25-уми октябри соли 925 мелодй) аз олам чашм пyшидааст.
Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадрич ба Аврупо нуфуз намуд ва дар он чо бо номи Abubater ё Razes шудрат пайдо кард. Аз омузиши осори Закариёи Розй бармеояд, ки y дуруст будани назарияи сунъй, яъне истедсоли тилло ва нукраро оид ба тавассути иксир эътикоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари y тадти унвони «Меднат- ул - задоб ва алфизати ва мизони табий» ва «Фиана саноатил кимиёи акрабу илал вучуд миндо илал имтиноъ» дарёфт карда метавонем. Ин нуктаи назари Закариёи Розиро мо зимни мутолиаи асардои дигари y ба монанди «^тоб- ул - асрор» ва «Житоб -ул - сирил - асрор» низ пайдо намудем. Бояд тазаккур дод, ки китоби дуввуми дар боло номбар шуда, яъне «^тоб-ул- сирил - асрор» дануз дар замони Розй ба забони лотинй тарчума шуда, дар кишвардои гарб шудрати васеъ пайдо кардааст. Худи Мудаммад Закариёи Розй дар чое зикр кардааст, ки «^тоб-ул- сирил - асрор» аз асари «Житоб- ул- асрор» пурмазмунтар асту макоми баланде дорад. Дар дакикат ин китоб дар тарчумаи Х,асаналии Шайбонй ба забони форсй (дачмаш 630 садифа) буда, аксари матни онро маълумоти кимиёй ташкил медидад. Илова бар китобдои дар боло зикршуда, Закариёи Розй боз ба шахсоне, ки мухталифи акидадояш буданд, асардо навиштааст. Х,амчунон ба осори Арасту ва Афлотун шарди чолибе ба ёдгор гузоштааст. Km-обе дар илми мантик тадвин карда, дар бораи фалсафаи Фисогурис низ асаре нигоштааст. Асари мудими табиии y «Ал - довй» аст, ки инчунин ба номи «Х,акоик доиратул- маорифи тиббй» ёд мешавад.
Мудаммад Закариёи Розй кариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти ондо несту нобуд гардида ва имруз факат 30 чилд аз осори y бокй мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабй нигошта шудааанд. Равиши тачрибаи Закариёи Розй нишон медидад, ки y аз руйи усули тачрибаи империзм кор мекард. Ба мисли уламои дигари замони хеш, y ба офариниши олам имони комил дошт,аммо биниши y биниши моддй буд ва аз акидадои хурофотй сарфи назар менамуд ва пайваста машгули тадкик буда, зиндагии факирона дошт. Вобаста ба ин ^ъбй дар борааш чунин гуфтааст: «Ту адои кимиёгарй, дар доле ки натавонистй дад динор кобини занатро дар мадзари козй бипардозй. Ту муддаии табобат дастй, дар доле, ки натавонистй чашмонатро дармон кунй ва нобино шудй».
Илова бар мудаккикони каблй, Мудаммад Закариёи Розй дар тиб низ пешнидоддои мудим намуда, ба даст овардани тезоби сулфат ва спиртро ба род монд. У спиртро ба тактири маводи кандй ва ношоиста ва тезоби сулфатро бо тачзияи зочи сабз ба даст овард. Зочи сабзро метавон сулфати мис донист, чунки дамаи намакдои тезоби сулфатро дар он замон ба номи зоч зок ёд менамуданд, аммо ранги сабзро иондои мис (II) медидад.
Закариёи Розй чй дар илми кимиё ва чй дар илми тиб садми босазое гузоштааст. Омузиши гоядои фалсафии Ар- Розй нишон медидад, ки вай назарияи худро дар асоси мудимтарин чараёндои фалсафаи исломй асоснок намуда, анбикдои махсусе тадия намудааст ва дар зимни омузиши анбикдо рочеъ ба категориядо, инчунин дар бораи фарк байни зодир ва ботин сухан рондааст. Аз сабабе ки Закариёи Розй дар натичаи омузиши таносуби чисм ва руд ба натичаи мусбат нарасидааст, бинобар ин y мухолифи акидаи тадаввули руд будааст.Ин натичагирй ба y имкон додааст, ки нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигари мусулмон бештар дар масъалаи табдили дамдигарии моддадои гуногун адамият бидидад, яъне барои табдили алкимиё ба кимиёи дакикй заминаи хубе гузоштааст. Дар баробари ин аз дама бештар вожадои алкимиёиро тафсир намудааст. Асардои y «Житоб - ул асрор» ва «Аз - маддалул - таълимй» аз тарафи олимони исломй дар асрдои баъд дамчун асардои содаи алкимиё омухта шудаанд, зеро дар ондо забону вожадои дамин сода истифода шуда будаанд ва мазмуни ин асардо ба содаи кимиё иртибот доштанд. Ар-розй дар тадкикотдои худ дар ин ришта бештар ба Ч,обир пайравй кардааст.Масалан, дар масъалаи таксим кардани филизот садми босазое гузоштааст. Роду воситадои аз филиз сохтани асбобдоро барои тачрибаи кимиёй ва об кардани маъдандоро баён доштааст.Вай дар хусуси сохтани шишадои гуногун пешнидоддои судманд дорад. Намуддои бедтарини он шишаи беранги чилонок буда, бо сифати худ ба булур монанд аст. Закариёи Розй бори аввал дар таърихи кимиё моддадоро ба се гуруд маъданй, рустанигй ва дайвонй чудо кардааст. Моддадои маъданиро бошад, дар навбати худ дар шаш гуруд: 1) моддадои аз гармй бухоршаванда: симоб, амиак, сулфур ва гайра: 2) филизот: тилло, нукра, мис, одан, (руд) ва гайра: 3) сангдо: малахит, мармари сабз,одаксанги сурх,одаксанги хокистарранг, шиша ва гайра: 4) купоросдо, купориси сиёд, купороси руд ва гайра: 5) Танакор: сода,танакор: 6) намакдо: намаки ош, намаки талх,одак,намаки пешоб ва гайра.
Мудаммад Закариёи Розй роддои тозакунй ва досил кардани маъданро медонист. У дар озмоишгоди (лабораторияи) худ мис, нукра, одан,тилло,калъагй досил мекард. Барои гудохтан ва тоза кардани ондо Розй аз кураи одангарй, бута, анбур,чакуш ва дигар асбобдои сохтаи худ истифода мекард.
Тадкикотчиёни содаи кимиё Розиро дамчун кимиёдони маъруф мешиносанд, агарчи кимиёгарони Эрон баъзе назариёти уро хато низ дисобиданд. Мутолиаи осори Розй ва навиштадои муаррихоне, ки рочеъ ба фаъолияти илмии y китобу маколадо навиштанд, нишон медидад, ки Закариёи Розиро дар радифи асосгузорони илми кимиё чой бидидем ва дамчунон уро яке аз инкишофдидандагони ятрокимиё бидонем. Дар дакикат Закариёи Розй баъд аз донистани асосдои кимиёии он замон ба омузиши илми тиб шуруъ намуда, дар ин сода низ ба комёбидои зиёд ноил гардидааст.Донишдои кимиёй ба y имкон додаанд, ки он малакадои амалиро дар санъати дорусозй ва табобати беморон истифода намояд. Агар Ч,обир ибни Хдйён дар санъати кимиёгарй, яъне кимиёи амалй садми босазое гузошта бошад, Закариёи Розй натичаи тачрубиро арзёбй намуда, кушиш намудааст, ки онро аз нигоди назарй асоснок кунад.
Яке аз кушишдои мудимтарини Розй таснифи (классификатсия) -и моддадои гуногун буд.Тавре, ки дар боло зикр гардид, y моддадои маълуми он замонро ба шаш гуруд табакабандй кардааст. Ар-Розй инчунин баъд аз Ч,обир ибни Хдйён чараёндои кимиёиеро ба мисли дистилатсия, калсинатсия ва филтратсия дакик тасвир намуда, истифодаи ондоро асоснок кардааст. Донистани асосдои тиб ва тарикаи истифода ва истеъмоли гиёддо ба Розй имкон додаанд,ки дар бораи ятро кимиёи низ тадкикотдои зиёд анчом дидад. У аввалин шахсе буд, ки алкул спиртро дар тиб истифода кардааст, аммо ин амади y аз чониби дигар табибон дастгирй наёфтааст.
Мудаммад Закариёи Розй дар натичаи омузиши маъдандо роддои омузиши омехтадои тиллодорро шард додааст. Дар асардои y моддадои гуногун ёдовар шуда, зарфдои гуногуни кимиёй, тачдизот ва тарздои гуногуни истифодаи ондо дар озмоишгод нишон дода шудааст. Розй ба дуруст будани назарияи тарзии истедсоли сунъии тилло ва нукра эътикоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари y тадти унвони «Меднат - ул задаб», «Алфизоти ва мезона табий» ва «Фи ана саноатил - кимиёи акрабу илал вучуд миндо илал иминоъ» мебинем.Ин нуктаро инчунин дар китобдои дигари y «Kитоб -ул -асрор» ва «Kитоб-yл- сирил асрор» низ метавон дарёфт кард. Аз боби аввали «Житоб - ул - асрор» дар маърифати акокир, яъне дар бораи адвия, ки аз кисми таркиби решаи наботот ба даст меояд, маълумот пайдо мекунем. Аз кисми дигари китоб, ки ба номи «Дар маърифати олот» ёд мешавад ба хулосае омадан мумкин аст, ки асари мазкур дар иртиботи кимиё таълиф шудааст. Ва аз порчадои асардои то ба мо расида маълум мешавад, ки Закариёи Розй то андозае ба роддои тадбики санъати дарёфти тилло ва нукра марок зодир карда будааст.Мудаммад Закариёи Розй дар мукаддимаи «Житоб - ул - асрор» дар хусуси асрори пиндон кардаи файласуфони гузашта: Огосозимус Х,ирмиз, Аристотелис, Холид ибни Язид ва Ч,обир ибни Хдйён маълумоти кофй додааст, ки модияти он маълумотдо ба дониста гирифтани се маърифат вобаста аст.
1.Маърифати акокир, яъне дар бораи адвия;
2. Маърифати олот;
3.Маърифати тачриба.
Дар навбати худ Закариёи Розй маърифати акокирро ба се навъ таксим кардааст:
1.1.Минералй, яъне хокй, маъданй, ки марбут ба гуруди унсурдои гайриузвй мебошад:
1.2.Наботй:
1.3.Х,айвонй
Навъи 1.2 (набототй) ва 1.3 (дайвонй) марбути гуруди узвианд. Ба асоси тафаккури худ Закариёи Розй дар натичаи омузиши маводи табий ондоро ба ду гуруд таксим кардааст,ки якеро арвод ва дигареро ачсод номидааст, ки маънои руд ва чисм ё часадро медиданд. Ин тарзи табакабандй ба он сабаб пайдо гаштааст, ки дар он замон чудосозй ба филизот ва гайри филизот набуд.Бинобар ин Закариёи Розй ба сабаби нармй, чоришавй ва кобилияти табхир доштани баъзе мавод ондоро арвод ва маводи дигарро ба иллати чомид зудгудохтанашаванда - ачсод номидааст, ки он ба карори зайл аст.
1.Арвод (чамъи руд), яъне маводи нарм ва табхиршаванда, ки чадоранд.
1.Симоб, ки ба арабй зайбик ва ба форсй инчунин чева хонанд.
2.Навшодир, инчунин нушодир.
3. Сулфур, ба арабй кибрит ва ба форсй инчунин гугирд гуянд.
4. Арсен, ки ба арабй зарних хонанд.
1.Ачсод (чамъи часад), яъне маводи чомид ва чисмй, табхирнашаванда, ки дафтоанд.
1. Нукра ба арабй физат,рамзи кимиёй Аq инчунин сим хонанд.
2.Тилло ба арабй задаб,рамзи кимёй Аu, инчунин зар хонанд.
3. Сурб ба арабй расос, рамзи кимиёй Sn ин унсурро дар забони имрузии форсии точикй баъзан кургошим низ хонанд.
4Далъагй ба арабй касдир, рамзи кимиёй Sb ба форсй калъ ва арзиз низ хонанд. Ба фармудаи Фирдавсй.
Ба чашми хирад чиз ночиз кард, Ду санду^ пур сурбу арзиз кард.
5. Одан ба арабй дадид, рамзи кимиёй Fe;
6.Мис ба арабй нухос,рамзи кимиёй Cu.
7. Одани чинй ба арабй алдор ас - сини хонанд. Табиати ин филиз то ба имруз маълум нест. Агарчи Ал - Берунй дар китоби хеш ба номи «Ал - чамодир фи маърифат ал - чаводир» рочеъ ба он маълумот додааст, вале табиати он ноаён мондааст.
Аз маълумоте, ки Х,асан Алии Шайбонй додааст, бармеояд, ки одани чинй иборат аз пайкардои дарунтидй будааст ва дохили онро маъмулан бо симоб пур мекарданд.Ба назари мо, шояд манзур аз одани чинй дамон зарфи чинй ё фарфор бошад, ки дар амалиёти кимиёй ба шакли васеъ истифода мешавад. Закариёи Розй анвоъи сангдоро ба гуруди алодида чудо карда, навъдои ондоро мусовй ба сездад медонад. Яъне:
1.Маркшишо, инчунин моркшишо ё марксисо низ гуянд. Сангест, ки рангдои сафеди нукрай, сурхи мисй, сиёди оданй ва зарди тиллоиро доро мебошад.
2. Магнисиё, инчунин макнотис ё микнотис, яъне оданрабо, магнит. Рангдои хокии сиёди дурахшанда, сурхи пустдорро дорост.
3.Ду, сангест ба ду навъ, астахрй (истахрй) ва арокй (ирокй) ва навъи истахрй бедтар аст.
4.Тутиё инчунин тутиё, ки ба рангдои сабзтоб, зардтоб, сурхтоб маълум мешаванд, ки дар таркибаш сурма низ дорад.
5. Лочвард, инчунин ложвард, сангест, ки ранги кабуди осмониро дорост. Ин вожаи форсй ба Аврупо ба шакли лазур нуфуз кардааст.
6. Духна, сангест сабзранг, ки имруз онро малахит хонанд, инчунин мармари сабз низ
гуянд.
7.Фируза , сангест, ки факат як навъ дорад.
8.Шодна ё шодуна, ки онро имруз хемотит ё гемотит хонанд.
9.Шак, сангест, ки ба ранги зард ва сафед маълум мешавад ва дар маъдани сим (нукра) ба даст меояд.
10. Сурма, вожаи форсист ва арабии он ал-кудл аст. Тибки фармудаи Закариёи Розй дар таркиби он сурб низ мавчуд аст.
11. Талк ё тилк низ хонанд, ки анвоъи гуногун дорад: яманй,дарёй ва кудй. Хднгоми зарба хурда барг - барг мешавад.
12. Гач, як навъ дорад ва яке аз чинсдои кудй мебошад.
13.Обгина, санги шишамонанд аст, ки сафед ва чун булур соф аст.
Мудаммад Закариёи Розй дамчунон набототи табобатиро ба тафсил шард дода,рочеъ ба асбобу олоти озмоишгод маълумот додааст, ки барои тадияи мавод ва анвоъи адвия истифода мешуд. Масалан, кура, одангарй ва дован ё каръ олаи кадушакле, ки дар он маводро майда мекарданд. Х,амчунин анбик олае мебошад, ки маводи моеъро ба катрадо бармегардонад ва тарики тадбик онро нишон додааст. Дар асараш «Житоб - ул - асрор» бисёре аз тачрибадои гузаронидаи y оварда шудаанд, ки бешубда адамияти бузурги илмй доранд ва метавон гуфт, ки баъзе аз хулосадои худро вай аз руйи киёс берун аз тачриба низ гуфтааст. Масалан, y гуфтааст, ки номи баъзе маъдандоеро, ки олимони гузашта бо рамз ишора кардаанд, кашф ходад намуд. Худи вай дар ин бора мегуяд. Офтоб - тилло ва модтоб - нукра мебошад. Инчунин тазаккур додааст, ки имконияти як теъдод маъдандоро ранги тиллой бахшидан ва ондоро ба тилло мубаддал сохтан имконпазир аст.
Мудаммад Закариёи Розй дар асардои худ масоили полоиш, полоидани хушк ва об кардану гудохтани маъдандоро баррасй намудааст. Бояд гуфт, ки илм ва амалия дар замони Закариёи Розй ба дамдигар мисли имруз равобити мустадкам надошт. Манбадое, ки ба мо дар бораи пайдоиш ва инкишофи илми кимиё ва амалияи он маълумот медиданд, ба хизмати бузурги Ч,обир ибни Хдйён, Закариёи Розй ва дигарон марбут аст, агарчи то ба имруз дар бораи кордои ондо тадкикдои амике ба анчом нарасида бошад дам, садми онон дар рушди илмдои табий, аз он чумла, илми кимиё дар
чомеаи башарй бузург будааст. Закариёи Розй муфассал таомули кимиёиро, ки анчом додааст, тартиб дода, асбобдоеро, ки дар озмоишгоди кимиёй истифода карда буд, тасвир кардааст, ки ондо чунинанд бута (тигел), комагирак (шипци), микроз (кайчй), сдон (суян) шишаи гунчоишй (колба), киф, дован (угурча), даммоми обй, истакони кимиёй ва гайра. Бута -зарфи гудозиш ва гарм кардани маводи гуногун мебошад. Бутаро аз филиз,графит, чинй ё материалдои маводи муковими оташ месозанд. Дар он замон ин асбобро барои гарм кардани маводе, ки барои гузаронидани таомули кимиёй лозим буд, мавриди истифода карор медоданд.
Х,амчунин Закариёи Розй тарзи тоза кардан,софкунии моеъ,сурохкунй, дал кардани метал дар симоб (ба даст овардани амалгама, сири оина, омехтаи ягон филиз бо симоб) ва инчунин дангоми гарм кардан аз долати чомид якбора ба газ табдил ёфтани мода, яъне тасгиядоро медонист, ки имруз онро сублиматсия мехонанд.
Яке аз садифадои бойтарини таърихи кимиёи садаи дуюми исломиро Мудаммад Закариёи Розй ташкил медидад, ки y чй дар илми кимиё ва чй дар илми тиб садми босазое гузоштааст. Омузиши гоядои фалсафии Закариёи Розй нишон медидад, ки вай назарияи худро дар мудимтарин чараёндои фалсафаи исломй асоснок намудааст. Нисбат ба тамоми кимиёгарони мусулмон Закариёи Розй бештар дар масъалаи табдили санъати кимиё ва кимиёгарй ба илми кимиё кушиш ба харч додааст.
Вокеан , Закариёи Розй дануз дар он замон вазндои киёсии маводи гуногунро бо ёрии вазндои гидростатикй муайян менамуд. У ба тарзи илмй тарикадои тоза кардан,софкуниии моеъ, сурохкунй, амалгамасозй ва инчунин дангоми гарм кардан аз долати чомид ба долати дигари агрегатии мода, яъне ба газ табдил ёфтанро медонист. У рочеъ ба баркарор намудани филизот бо роди озод намудан аз омехтадоро медонистааст. Розй китобдои зиёде эчод кардааст. Асардои y ва кордои илмию тачрибавии уро бо забондои гуногун тарчума намудаанд. Як катор олимони Аврупо ба кордои Закариёи Розй бадои баланд дода, уро олим ва донишманди бузург, асосгузори илми кимиё шуморидаанд.
Мудаммад Закариёи Розй олими энсиклопедисти барчаста, файласуф, табиб, омузгор, риёзидон, кимиёгар ва табиатшиноси машдури асрдои VIII - IX - и форсу точик ба шумор меравад. Осори бойи Закариёи Розй аз 164 то 234 номгуй асардои хурду калонро ташкил медидад. Мероси ба тиб бахшидаи y зиёда аз 60 китобу рисоладоро дар бар мегирад. Ба мудимтарин асардои энсиклопедии донишманд «Житоб - ул- довй» ва «Житоб - ут -тиб ул - Мансурй» дохил мешавад. Kитоби якум номбаршуда аз 30 чилд иборат буда, тамоми шохадои тиббй - назариявй ва амалиро дар бар мегирад. Дар китоби мазкур назария ва комёбидои пешкадами илми тибби кадимаи юнонй, диндй, арабй, форсиву точикй, дар навбати аввал тачрибаи амалии худи даким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба забони лотинй тарчума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шодасар ба забони лотинй боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди чадон мегардад.
Асари дигари Закариёи Розй «Житоб - ул чадори вал хасба» (китоби нагзак ва сурхак) бо забони лотинй, юнонй, англисй ва немисй тарчума шуда, 49 маротиба пайи дам нашр гардидааст.Закариёи Розй доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. Дар бораи y чунин ривояте мавчуд аст. Рузе шод Закариёи Розиро назди худ мехонад ва ба y мегуяд. Шумо дамчун шахси донишманду табиб бигуед, ки барои сохтани беморхона чй хел чой мувофик аст? Дар чавоби ин савол Закариёи Розй чунин фикри хешро баён менамояд: «Ду сутуни дарозро дар ду тарафи дамин нодия шинонеду баъд аз он ду пора гуштро ба нуги ин сутундо баста,муддати муайянеро интихоб кунед,баъди он гуштдоро гирифта мукоиса намоед ва бинед, ки кадоме аз ондо тез вайрон шудааст, пас дар дамон чо сохтани беморхона гайриимкон аст».
Мудаммад Закариёи Розй ба гайр аз кимиёгар буданаш, дамчунин бо мадорати бузурги тиббй ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на тандо дар пешрафт ва равнаки тиббу табиатшиносии олам садми нидоят бузург дорад, балки y дар таърихи илму маданияти чадонй чойи намоёнро ишгол менамояд. ^тобу рисоладои эчоднамудаи y ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонадо, муоличаи беморидои алодида, тартибу хуроку об ва дигар мушкилоти барои дифзи саломатии инсон зарур бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалиядои тиббй ба амалияи кимиёй алокаманд буд, бинобар ин асардои эчодшудаи Закариёи Розй дар кимиёгарй ва тибби имруза низ иртиботи кавй дорад.
Дар мачмуъ метавон гуфт, ки Абубакр Мудаммад Закариёи Розй аксарияти илмдои замонашро аз устодаш Ч,обир ибни Хдйён фаро гирифта худ саромад ва устоди бузурги ин риштадои илм гардидааст. Ин дастоварддои илмии Закариёи Розй ба илми Аврупо таъсири назаррас расонида ,номи уро ба катори саромадони тамаддуни башарй шомил гардонида аст.
АДАБИЁТ
1. Закариёи Розй. Мунтахаби осор. - Душанбе: Адиб, 1989. -160 с.
2. Ар-Рози Абу Бакр. Духовная медицина.- Душанбе: Ирфон, 1990 - 88 с.
3. Каримов У.И. Неизвестное сочинение ар-Рази «Книга тайны тайн». - Ташкент: Фан, 1957. -
241 с.
4. Девонак;улов А. Мухаммад Закариёи Розй. - Душанбе: Ирфон, 88 с.
5. Комилов А.Ш. Физика ар-Рази и Ибн Сины. - М.: МГУ, 1999. - 160 с.
6. Забехуллои Сафо. Таърихи адабиёти Эрон. - Душанбе: Алхудо, 2001.
О ЖИЗНЬ И НАУЧНЫХ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ АБУБАКР МУХАММАД ЗАКАРИЁ АР-РАЗИ
Статья посвящена учением известного персидско-таджикского философа, медика, физика, химика и педагога Абубакра ар-Рази о пространстве, времени, материи и атомистике. В средние века, как и в античности, не было дифференциация наука как в современном мире или Европейском средневековье. Поэтому многие ученые одновременно занимались различными вопросами тогдашней науки. Известный в основном как медик, философ и химик ар-Рази особое внимание уделял также различным вопросам физики и педагогики, и его труды сыграли большую роль в становлении и развитие последующий ученых мусульманского Востока и Европы.
Ключевые слова: Абубакр ар-Рази, медицина, химия, физика, педагогика, гумманизм, нравственность.
ABU BAKR MUHAMMAD IBN ZAKARIYYA AL-RAZI
The article reveals the problems of various famous Persian-Tajik scholar-scientist Abu Bakr Muhammad Ibn Zakariyya Al-Razi (865-925), known in the world as a doctor, philosopher and chemist.
Particular attention is given to the natural sciences, philosophy, and scientific and pedagogical views. The authors give the generalised characteristic of scientific creativity Abu Bakr Ar-Razi, pertinent questions of physics, natural philosophy, as well as pedagogy from the point of vision of medieval science and culture.
The article has an interdisciplinary character, written at the junction object physics, philosophy and pedagogy in view of the history and techniques of teaching and pedagogical analysis.
In the article some are briefly examined to date issue of the day moral educations of the young generation in the context of philosophical, estestvennonauchnogo and medical view of scientist. This article briefly discusses some relevant today problems of moral education of the young generation in the context of the philosophical views of the scientist.
Keywords: ar-Razi, physics, pedagogical, medieval, Persian-Tajik Encyclopaedist, space, time, substance, atomism.