Научная статья на тему 'ФАЛСАФАИ ТОҶИК АЗ АҲДИ БОСТОН ТО ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ'

ФАЛСАФАИ ТОҶИК АЗ АҲДИ БОСТОН ТО ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
8
1
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
таърихи фалсафа / фалсафа / нафс / машшоия / макон / замон ва тиб / назарҳо / муосир / ташакуллёби.

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Комилов Далер Рустамович, Қобилов Муҳаббатшо Замирович

Дар мақолаи мазкур дар бораи таълмоти фалсафаи тоҷик ва муҳаққиқони тоҷик маълумот дода шудааст. Муаллифон оид мақоми донишмандонро ба тарзи энсиклопедӣ таҳлил намудааст, ки муҳимтарин ва пурарзиштарин осори онҳоро истифода бурда маълумот дода додааст. Донишномаи таърихи фалсафаи тоҷик таҳқиқи навин буда, дар асоси осори муҳаққиқони фалсафӣ таҳқиқ ёфтааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ФАЛСАФАИ ТОҶИК АЗ АҲДИ БОСТОН ТО ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ»

ФАЛСАФАИ ТОЧИК АЗ АВДИ БОСТОН ТО ЗАМОНИ ИСТЩЛОЛ

КОМИЛОВ ДАЛЕР РУСТАМОВИЧ

номзади илмхои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитахои байнифархангии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи С.улугзода, ш. Душанбе, кучаи. Ф. Мухамадиев 170/6

ЦОБИЛОВ МУХДББАТШО ЗАМИРОВИЧ

номзади илмхои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва робитахои байнифархднгии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи С.улугзода, ш. Душанбе,

кучаи. Ф. Мухамадиев 170/6

Аннотатсия: Дар мацолаи мазкур дар бораи таълмоти фалсафаи тоцик ва му^аццицони тоцик маълумот дода шудааст. Муаллифон оид мацоми донишмандонро ба тарзи энсиклопеди та^лил намудааст, ки мущмтарин ва пурарзиштарин осори он^оро истифода бурда маълумот дода додааст.

Донишномаи таърихи фалсафаи тоцик тащици навин буда, дар асоси осори му^аццицони фалсафи тащиц ёфтааст.

Калидвожахр: таърихи фалсафа, фалсафа, нафс, машшоия, макон, замон ва тиб, назар^о, муосир, ташакуллёби.

Сарсухан

Халки фархангпарвару сохибтамаддуни точик аз бомдоди таърих барои рушди илму таърихи фалсафа ва фархангу маърифат аламбардор буда, омузиши илмхои фалсафй макоми шоистае дорад.

Раванди мазкур решахои амики таърихй дошта, дар саргахи он равияи илмй-фалсафии кабл аз исломии точик, ба монанди хикмати хусравонй, ва зурвония, ки чавхарии онхоро чахонбинихои илмй ва фалсафй арчгузорй ба донишу маърифат, дарки олами моддй ташкил ва карор додаанд.

Пас аз истилои араб муборизахо бар зидди илму дониш ба авчи аъло расид, махви фарханги тамаддун ба амал бароварда шуд ва хамин аст, ки аз нигохи Абурайхон Берунй "солхост аз Ч,айхун буйи китоби сухта меояд". Бо вучуд ин зиддиятту муковиматхои шадид омузиши илм, аз мехвари асосии фархангу маърифати точик заррае берун нарафт.

Инсон бо мушкилоти замон ва рузгор, кабл аз хама, аз тарики силохи маънавй - огохй ва дониш бархурд мекунад. Огохй инсонро дар баробари хатару мушкилот осебпазир мегардонад ва ин аст, ки кайфияти огохй ё ба истилох, сатхи огохихои мардум масири харакати уро дар чахону хастй таъйин менамояд. Дар масири касби огохихо ва шинохти инсон, чомеа, чахон ва кайхон фалсафа чойгохи вежа дорад. Бехуда нест, ки фалсафаро "модари илмхо" унвон кардаанд ва сатхи бинишмадории инсон аз кайфияти дастрасиаш ба фалсафа ва улуми фалсафй маълум мегардад.

Мардум аз кадимтарин замонхо барои посух чустан ба мушкилот ва муаммохои зиндагй аз аклу зехн кор гирифтааст ва тавассути сохтмони магзй ба суолоти рузгор чавоб додаанд. Ба сухани дигар, мардум аз бомдоди зиндагй бо фалсафа ва пурсишхои фалсафй хам кисмат будааст ва ба истилох, "фалсафидан"-ро мехвари кори фикрй ва чисмонии худ карор додааст. Х,атто инсонхои чомеаи аввалия (чамои ибтидой дар назар аст), бо он ки дар пешоруйи мушкилоти рузафзуни зиндагй ва чахон очиз буданд, хунари пурсишгариро, ки аз таквияту харакоти фаъоли зехн маншаъ гирифта, нахустзаминаи тафаккури фалсафй махсуб меёбад, кашф карданд ва дар баробари муаммохои хаётй часуронавор истоданд. Ба ин тартиб, аз кадимтарин замонхо инсон донистан ва шинохтани муаммохои олами хасту буд ва бар ин мабно тасмим гирифтанро меъёри кор карор дода буданд. Ба ёд меоварем ду кавли пири файласуфони чахонй Арастуро: "Мардум, табиатан, мехоханд бидонанд" ва "Барои файласуф

набудан хам файласуф бояд буд". Дар асрхои миёна мафкурасозони динию мазхабй фалсафиданро, харчанд ки интикод мекарданд, ба фалсафа ва улуми фалсафй таваччух доштанд.

Фалсафа (фарзонагй ва хираддустй) донишест, ки ба тааммул, тафаккур ва пурсиш дар бораи масъалахои бунёдй ва асосие (мисли хастй, огохй, вокеият, арзиш, хирад, зехн, забон ва амсоли инхо), ки дар чахону зиндагй бо онхо мувочех растем, посух мечуяд ва дар ин замина муколима ва гуфтумонро ба рох меандозад. Аз тарафи дигар, фалсафа на танхо ба унвони тааммули назарй, балки хамчун "шева ё хунари зистан" ва талоше барои "хубу шоиста зистан" муаррифй мешавад. Албатта, хамеша фалсафа собит кардааст, ки хубу шоиста зистан, кабл аз хама, ба талошхои мудавоми насли хушманди башарй бастагй дорад.

Фалсафа, кабл аз хама, бо шахсияти файласуф ва харфу сухани фалсафй тавъам аст. Файласуф нафарест, ки вокеияти зиндагиро дар мизони аклу манти; баркашида, дар баробари мушкилоти хаётй, зулму истисмор, беадолатию беинзиботй, хурофоту таассуби хамагиру вогир кад алам мекунад. Ба ин маъно, мухаккикон файласуфро вичдони огох ва бедори башар номидаанд.

Х,амин тарик, дар миёни илмхои чомеашиносй хусусан фанхои фалсафй, фанни таърихи фалсафаи точик дорои макоми махсус ва шоиста мебошад. Он хамчун илми фалсафй ташаккул ва инкишофи мактабхои фалсафй, афкор, акоиду андешахо ва таълимоту назарияхои мутафаккирону хакимони точикро дар даврахои гуногуни таърихй меомузад. Таърихи фалсафаи точик дар меъёрнома ё худ стандарти давлатии таълимй хамчун фанни асосии таълимй расман пазируфта шуда, ба он таваччухи хоса зохир карда мешавад.

1. Таълимоти фалсафаи тоник аз ахди бостон то асрх,ои миёна

Хусравонй чахоншиносии кавмхои ориёиро гуянд, ки аз оини Маздоясно то замони зухури Зардуштиро дар бар мегирад. Дар адабиётхои таърихиву фалсафй хикмати Хусравонй бо унвонхои хикмати Каёниён, хикмати Пешдодиён, хикмати Ориёниён ва хикмати Шохзодагон низ ба чашм мерасад. Ин чахонбинй, пеш аз хама, арчгузорй ба дониш ва маърифатро тараннум ва таргиб менамояд. Вожаи маздо аз ду кисмат - маз ва до иборат буда, маз маънои бузург ва до маънои донишро дорад. Яъне дониши бузург, бузургманишй ва бузургдошти донишу маърифат аст. Донишу маърифат сухани воло ва андешаи созандаро ба вучуд меорад. Х,амин аст, ки дар хикмати Хусравонй кадри сухан бо зар ва гохо аз он хам баландтар будааст. Сухан дар табори офариниш чавхари аввал ё худ аввалмояи чахони моддиву маънавист, ки кулли чузъиёти олами вокеиро маънии инсонй медихад. Ин андешахои воло боиси пайдо гаштани таълимотхои оламшумули Зардуштияву Монавия ва Маздакия гардиданд.

Зардуштия - акоиди динй-фалсафист, ки асосгузораш Зардушт мебошад. Осораш «Авесто» аст, ки иборат аз панч китоб: «Ясно» - рочеъ ба масоили шаръия ва даврахо буда, «Готхо» (сурудхо)-ро низ фаро мегирад, «Виспарад» - мачмуаи намозхо ва матнхои маросимй, «Яштхо» - ситоишу ниёиши Ахурамаздо, «Вандидод» - конуни зидди девхо, ки дар хусуси масъалахои бехдошт ва ахкоми хукукй бахс менамояд ва «Хурд-Авесто» дар бораи дуохову намозхост. Зардуштия яке аз нахустин мактабхои фалсафаи бостонии мардуми точик ба хисоб меравад. Хусусияти умдаи ин фалсафа аз он иборат аст, ки он на танхо масоили хикмати амалй, балки масъалахои хикмати назарй-хастишиносию маърифатшиносиро хам фаро мегирад ва тархи масъаларо аз диди ахлок арзёбй мекунад, нуру зулматро ду чавхари баробари хастй медонад. Бинобар ин, дуализм ё худ дутопарастиро метавон аз хусусиятхои асосии чахонбинии ин мактаби фалсафй донист.

Зурвония яке аз чараёнхои динию фалсафии ахди бостони точику форс буда, дар густариши тамаддуни ориёй макому манзалати хоссае дорад. Зурвон - дар Авесто ва дар забони пахлавй маънии замонро ифода мекунад. Дар Авесто Зурвон исми Худои марг ва нигахбони рохи пули Сирот мебошад. Зурвония мабдаи тамоми хастиро зурвони беканора -замони беканора, чавхари ба асли зоти худ пойдор медонад. Замон ба шакли низом ва конуни табий дар тамоми хастй таъсири кавй дорад.

Монавия ойине ирфонй ва омузае аз динхои масехй, зартуштй, буддой ва гинуси буд, ки Монй, писари Фотаки Х,амадонй, онро дар садаи севуми мелодй дар Эроншахр бунён гузошт. Аз руи таълимоти монавия дар олам ду кувван азалии ба хам зид — нуру зулмот, хайру шар вучуд доранд. Пар олами нур худою фариштахо дар олами зулмот деву иблис хукмронанд.

Маздакия таълимоти динию фалсафие, ки Маздак (460-528) дар соли 488 бо он баромад кард, бо таълимоти монавияю зардуштия алокаи калон дошт. Худи Маздаки Бомдод дар ибтидо монавй буд, вале таълимоти Монй уро конеъ намегардонид. Зеро, аз як тараф маълум набуд, ки давраи сеюм кай фаро мерасад ва кай куввахои рушной бар торикй голиб меоянд. Аз тарафи дигар, манъи лаззоти дунё низ ба Маздак маъкул набуд. Аз ин ру Маздак эълом дошт, ки рушноию некй бар бадию торикй на дар он дунё ва на дар давраи сеюм, балки дар хамин дунёи моддй голиб меоянд. ^увваи рушной бошуурона, вале торикй-бешуурона ва тасодуфй амал менамоянд. Аз хамин сабаб, инсон метавонад дар хамин дунё бар куввахои торикию бадй галаба ба даст оварад.

Дахрия ба сифати яке аз мактабхои фалсафии озодандешона сухан меронанд ва нуктахои асосии онро мавриди интикоди шадид карор медиханд. Мутаассифона, аз осори фалсафии дахриён, осори хаттие бокй намондааст ва таърих номи намояндагони онро низ махфуз нигох надоштааст. Гузашта аз ин, доир ба даврони зухури ин мактаб ва муносибати он ба Зурвония маълумоту далелхои эътимодбахш дар даст надорем.

Табоия дар хусуси усули фалсафаи табоия Носири Хусрав чунин овардааст: «Ахли табоеъ мар оламро азалй гуфтанд ва гуянд, ки чизхо аз ин чахор табъ хамебуда шавад, чун гармй, сардй, тарй ва хушкй, бе он ки тадбире ва такдире аз чуз эшон халле бад эшон пайванданд.

Ишрок мафхуми арабй буда, маънии он дурахшидан, равшан шудан, баромад ё тулуи офтоб мебошад. Ба маънии истилохй бошад, номи чараёни фалсафии асримиёнагии точик аст, ки мохияти он шарху тавзех ва шинохти олам дар шакли нур аст. Ишрокиён ё ишрокиюн пайравони фалсафаи ишрокро мегуянд. Дар Гарб саромади ишрокиён Сукрот ва Афлотунро мегуянд.

Машшоъ вожаи арабист ва маънияш одами тезгард ё тезрав мебошад. Чун истилохи фалсафй мутафаккирони шаркии пайрави Арастуро дар фалсафаи Шарк машшоиён гуянд. Дар мачмуъ мактаби гурухе аз файласуфони Юнони кадим, ки масъалахои мураккаби фалсафиро бо рохи музокираву мубохиса хал мекарданд. Фалсафаи машшоъ хикмати Арасту ва пайравони уст.

Тасаввуф яке аз машхуртарин таълимоти динию фалсафии точик махсуб мешавад. Ин чараён дар асрхои аввали густариши дини ислом дар мамолики Шарки Наздику Миёна пайдо шудааст. ^абл аз он ки ба тавсифи мохияти хикмати тасаввуф ру биоварем, зарурати муайян намудану ошкор сохтани таърихи пайдоиш ва густаришу такомули он пеш меояд. Баъзан дар миёни дустдорони илму фарханг бо хам махлут гардонидани истилохоти «тасаввуф», «ирфон» ва «ишрок» ба мушохида мерасад. Аз ин ру, лозим меояд, ки ин масъаларо равшан намоем, то ин ки донишчуёнро дар истифодаву корбасти истилохоти зикршуда аз хар гуна иштибохот бирахонем. Фалсафаи тасаввуфии асримиёнагии точик дар тули мавчудияти худ масъалахои мураккаби ичтимоии омехта бо фалсафа, ба хусус, масоил рочеъ ба офариниш, макоми инсон дар олам ва ормонхои рухонии уро пайваста фаро гирифта ва дар рохи расидан ба хакикати онхо маърифати завкй ва кашфу шухудро бар маърифати аклониву истидлолй тарчех додаст.

Калом вожаи арабй буда, маънои сухан, яъне нуткро ифода менамояд. Он таълимоти фалсафй ва мафкуравии асрхои миёнаи халкхои Шарки Наздику Миёна, аз чумла халки точик аст, ки мабдаи бунёдии фалсафаи ислом махсуб мешуд. Ч,онибдорони каломро мутакаллим меноманд. Мухаммади Шахристонй дар асари худ «Ал-милал ва-н-нихал» ду маънои таърихияти пайдоиши каломро зикр кардааст: 1. «намоёнтарин масъалае, ки мутакаллимон сухан дар бораи он гуфтаанд, сухан бувад дар каломи Х,ак, яъне куръони Шариф, ки «оё кадим аст ё ходис»; 2. «ё аз он чихат, ки онхо бо фалсафа мукобила карданд ва эшон фанне аз фунуни илми хеш мантик ном кардаанд ва азбаски мантику калом ду лафзи мутакорибанд дар маънй,

эшон ин илмро калом ном кардаанд».

Калом дар асри VIII ба вучуд омадааст. Дар ин аср дар заминаи дини мубини ислом фиркаю мазхабхои зиёди мухолифин пайдо шуданд: бахсу мунозираи онхо имони суннатро ба ислом заиф мегардонданд. Густаришу нашр ёфтани афкори фалсафии юнонй эътикоди мусулмононро ба заифй меовард. Дар чунин вазъияти муборизаи гоявй бо такозои муковимати зидди бидъати мазхабхои мухталиф калом ба вучуд омад.

Накшбандия яке аз чараёнхои маъруфу сернуфузи фалсафаи тасаввуф мебошад, ки ибтидои асри XIV зухур карда, асосгузори он Шайх Бахоуддини Накшбанд (1318-1389) мебошад. Накшбандия (ё «хочагон» низ мегуянд) аз фаъолияти Абу Яъкуб Юсуфи Х,амадонй (соли ваф.1140) ибтидо мегирад. Халифи ин марди бузург Абдухолики Fиждувонй (ваф. 1220) бунёдгузори тарикати хочагон накшбандия аст. Аз ёздах асли тарикати накшбандия хаштоашро вай эчод кардааст, ки чунинанд: хуш дар дам; назар бар кадам; сафар дар ватан; хилват дар анчуман; ёдкард; бозгашт; ёддошт ва нигахдошт.

Исфах,он, асосан ба даврони салтанати Сафавиён дар асри XVI рост меояд. Ин карн давраи фаъолияти пурвусъату пурравнаки аклй буд, ки такрибан дар хамаи риштахои улуми динй чехрахои мумтози бешуморе бархоста буданд.

Муътазилия мафхуми арабй буда, маънояш дуршуда ё чудошуда мебошад. Он яке аз аввалин чараёнхои бонуфузи фалсафаи калом аст, ки муассисонаш Абухузайфаи Восил ибни Ато (699-748) ва Амр ибни Убайд (ваф.744) мебошанд. Онхо нахустин илохиётшиносони исломанд, ки ба таълимоти динй тамоюлоти хирадгароёна ворид сохта, усули умдаи динию фалсафиро ба вучуд овардаанд.

Мотуридия яке аз таълимоти асримиёнагии точик ба хисоб меравад.

Имом Абумансур Мотуриди Самаркандй (вафот 994) дар таърихи афкори исломй ба унвони яке аз бузургтарин мутатафаккирони калом (каломи исломй) эътироф шудааст. Шухрати ин олим дар замони зиндагии худ дар саросари чахони ислом пахн шуд.

Мотуридиро метавон асосгузори мактаби донишмандони Мовароуннахр донист. Дар баробари ин бояд гуфт, ки таълимоти Мотуридй накши нисбатан калони аклро дар раванди дарки вахй (вахйи Илохй) эътироф кардааст. Ин нукта махсусан дар далели вучуди Худованд баръало мушохида мешавад.

Ба акидаи Мотуридй, амрхои Илохй аз руйи акл комилан нофахмо хастанд ва бояд ба онхо вахйи Илохй бовар кард. Яъне, хукми нихой оид ба чанбахои мусбат ва манфии амалхо бояд бар пояи вахйи Илохй сурат гирад. Зеро мохияти фармудахои Илохй дар мавриди халолу харомро танхо ба акл наметавон маълум кард.

Хамин тарик, у мактаби каломии худро ба вучуд овард, ки дар хифзи мазхаби Имоми Аъзам (Абуханифа) сахми бузург ва арзишманд гузоштааст. Мактаби Мотуридй, чанбахои мазхабй, сиёсй, ичтимой ва илмй ва дидгохи дигар мактаби донишмандонро мукоиса карда шуда, ба ин васила бартарии андешахои ин мутафаккири барчастаи точикро собит месозад.

Ашъария аз дуюмин равияхои бонуфузи калом ба шумор меравад ва он равияи динию фалсафиест, ки асосгузораш Абдулхасан Алй ибни Исмоили Ашъарй (873 - 941) будааст. Дар Басра ба дунё омада, аз шогирдони факехони машхур - Абуисхоки Марвазй ва Абуалии Чуббоист. Дар ибтидо муътазилй будааст, вале такрибан дар чихилсолагй дарк кардааст, ки асосхои ислом аз таълимоти муътазила фарсаххо дур аст. Бинобар ин, аз ахли эътизол чудо шуда, ба интишори таълимоти худ пардохт, ки баъдан бо номи ашъария машхуру маъруф гардид.

Мутаолия яке аз мактабхои намоёни фалсафаи точик махсуб мешавад. Асосгузори мактаби мазкур мутафаккири озодандеш Садруддин Мухаммад ибни Иброхим ибни Яхёи Шерозй, маъруф ба Садрулмутааллихин ва Мулло Садро (1561-1050) мебошад. Садро дар тахсили улум истеъдоди фавкуллода дошт ва аз даврони чавонй ба омузиши чиддии улуми замонаш камари химмат баста буд. У нахуст бо Шайх Бахой ошной пайдо намуда, илмхои наклиро назди у ва улуми аклиро бошад, аз таълимоти фалсафаи Мирдомод фаро гирифт.

Ихвонуссафо намояндагони он Абусулаймон Мухаммад ибни Маъшар Басатй ал-Мукаддасй, Абулхасан Алй ибни Хоруни Зинчонй, Абухамиди Мухрчонй, Абулхасан Алй ибни Ромис Авфй, Зайнуддини Рифоа мебошанд.

Яке аз масъалахои мухимтарини фалсафаи Ихвонус-сафо табакабандии илмхо мебошад, ки доир ба он андешахои чолибе баён намудаанд. Онхо табакабандиеро мепазиранд, ки хамаи шуъбахои донишро фаро гирифтааст ва мухтасаран ба се табакаи умдаи илм - риёзиёт, табииёт ва мобаъдуттабиъа таксим шудааст ва он хануз аз замони Арасту мавчуд будааст.

Исмоилия яке аз чараёнхои бонуфузи мазхабй-фалсафй дар кишвархои Осиёи Марказй хисоб мешавад, ки дар карни VIII-и милодй ба вучуд омадаст. Муассиси чараёни Исмоилия Исмоил ибни Ч,аъфари Содик - хафтумин имоми ахли шиа мебошад. Дар тахаввулу ташаккули низоми фалсафаи исмоилия, мазмунан накши назариёти навафлотунй, тавхиди ислом бо омезиши акоиди мазхабию фалсафии халкхои бостони, алалхусус точикон хеле калон аст.

Асхоби хаюло хикмати он мутафаккиронест, ки хаюлоро кадим медонанд ва муътакиданд, ки тамоми вучудоти олам аз чузъхои чудонопазир иборат мебошанд. Ин мактаби фалсафй, ба иттилои манбаъхо, такрибан дар охири асри IX ва ибтидои асри X-и мелодй зухур кардааст. Фалсафаи асхоби хаюло самти асосии фалсафаи дахриёну табоиёнро идома додаст. Забардастарин намояндагони он Ибни Ровандй ва Эроншахрй махсуб мешванд.

Ибни Ровандй, Абдулхасан Ахмад ибни Яхё ибни Исхок маъруф ба (816-899) аз шахиртарин намояндаи фалсафаи асхоби хаюло махсуб меёбад. Вай дар огози фаъолияти илмию фалсафии худ ба чараёни муътазилия майл доштааст. Баъдан ба хикмати дини мубини ислом - фалсафаи калом ру овардааст.

Абулаббос Мухаммад бини Мухаммад Эроншахрй (ваф. 873) мебошад, ки хамчун хакими забардасти фарханги исломй маъруф мебошад. Тибки иттилои сарчашмахо, вай китобе бо номи «Ч,алил ва асир» навишта буд, ки он бо сабабхои номаълум бокй намондааст.

Носири Хусрав дар асари худ «Зодулмусофирин» аз Эроншахрй ном бурдааст ва номгуи осори уро зикр кардааст. Аз ишорахои у бармеоянд, ки ин Эроншахрй илова бар ин ки дар хайат, нучум ва риёзй устод будааст, хаким ва файласуф низ буда, нисбат ба Мухаммад бини Закариёи Розй хакки устодй доштааст.

Абубакр Мухаммад бини Закариёи Розй (865-925) табиби хозик, кимиёгари варзида, файласуфи барчаста ва мутафаккири озодандеши точик ва умуман чахони ислом аст, ки дар шахри Рай дида ба олам кушодааст. у дар мусикии назарй ва амалй махорату тачрибаи хубе касб кард ва дар пизишкиву кимиёгарй низ дасти тавоно дошт. Дар Рай ва баъдан дар Багдод раиси бемористон буд.

Абурайхони Берунй (973-1048) дар хоричи Синд, ки рустое аз тобеоти Хоразм аст, таваллуд ёфтааст. Вай бо сабаби вазнинии авзои ичтимой аз зодгохаш ба Гурганч рафт ва сипас рахсипори Гургон шуд. У пас аз тасаллути Султон Махмуди Газнавй ба Хоразм ва баъдтар ба Хинд рафтааст. Абурайхон Мухаммад бини Ахмади Берунй бархилофи таъсири амики фалсафаи юнонй дар миёни мутафаккирони точик, баъзе чехрахое низ буданд, ки аз пазируфтани бечунучарои он канорагирй чуста, мекушиданд то ба василаи илтифоту озмоиши мактабхои фалсафй ва мафкуравии гуногун равиши фалсафии мустакиле падид оваранд. Яке аз чунин чехрахо Абурайхони Берунй буд, ки дар таърихи илму фалсафаи асримиёнагии точик макоми шоистаеро ишгол мекард.

Абунаср Мухаммад бинни Мухаммади Форобй (873-950) яке аз саромадони хикмати машшоии давраи тасаллути ислом махсуб мешавад. Вай дар сохахои гуногуни илми замонаш дасти кавй дошт ва осори зиёде чун «Шархи мантики Арасту», рисолахое дар ахлок, сиёсат, тарбият, дин, риёзиёт, табииёт, мусикй, таърихи табакабандии улум, омузиши артиш ва гайра ба ёдгор мондааст. Бинобар хамин вусъати фарогир ва шабохаташ ба Арасту буд, ки уро Муаллими сонй (дуюм) лакаб додаанд. Бисёре аз осораш дар карнхои минбаъда ба забони лотинй тарчума шудааст.

Абуалй Ахмад ибни Мухаммад маъруф ба Ибни Мискавайх (345-421-и хичрй) аз забардастатарин мутафаккирони хикмати Машшоии точик ба хисоб меравад. Вай дар шахри

Рай ба дунё омада, ба шахрхои Эрон ва Мовароуннахр сафархои зиёде карда, бо донишмандони машхури он замон Абурайхони Берунй ва Ибни Сино хамсухбат гардидааст.

Ибни Сино (980-1037) номдортарин аллома ва барчастатарин файласуфи машшоии точик аст, ки дар сохаи фалсафа ва хикмат таълифоти зиёде ба ёдгор мондааст. Мухимтарини онхо- «Китоб уш-шифо», «Китоб-ун-начот», «Ишорот ва-т-танбехот» ва «Донишнома» мебошанд. «Донишнома» ягона асарест, ки Ибни Сино онро ба забони точикй навиштааст, дигар асархояш пурра бо забони арабй таълиф ёфтаанд. Масъалахои фалсафии таносуби Худо ва табиат, шаклхои хастй, сурату модда, нафсу тан, сабабият, маърифати олами моддй ва тахкики масоили гуногуни мантик мазмун ва мухтавои асосии осори уро ташкил медихад.

Абулвалид Мух,аммад ибни Рушд (1126-1198) аз барчастатарин файласуфони Машшоии точик хисоб мешавад, ки дар шахри Курдоби Испониё ба дунё омадааст. Вай дар чавонй илохиёт, фикх, адабиёт, фалсафа ва тибро омухт. Ибни Рушд соли 1153 ба Марокаш рафта, мадраса таъсис дод. Солхои 1168-1171 козии Севил, солхои 1171-1182 козиюлкузоти Курдоб, 1182-1194 табиби дарбор буд. Соли 1195 барои озодандешй ба чазаби амир Абуюсуф дучор шуда, худашро хабс карда, китобхояшро сузонданд.

Абучаъфар Мух,аммад ибни Мух,аммад Насируддини Тусй (1201-1274) аз чехрахои дурахшонтарини афкори фалсафй ва чамъиятй-сиёсии асримиёнагии точик ба шумор меравад. Вай дар вусъати минбаъдаи фалсафаи машшоъ накши бузурге дорад. Агар Ибни Рушд фалсафаи машшоъро аз хамлахои Газолй химоя карда бошад, Насируддини Тусй онро аз зарбахои Фахруддини Розй ва Мухаммади Шахристонй дифой намудааст.

Мух,аммад Fазолй (1058-1111) аз чумлаи бузургтарин мутафаккирони точик аст, ки дар рушду ривочи тамаддуни тамоми халкхои Шарки мусулмонй накши нихоят бузург бозидааст. Абухомид Мухаммад Газолй аз намояндагони барчастаи фалсафаи калом мебошад. у соли 1058 дар шахри Туси Эрон таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро дар ончо гирифта, сипас тахсили худро идома додааст. Дар Тус Мухаммад Газолй аз Мухаммад Розиконй илм омухта, сипас дар Чурчон назди имом Шофей Исмоили Чурчонй таълим гирифтааст. Газолй баъди чанд муддати тахсил ба Нишопур сафар карда, назди Абумалики Чувайнй илми мантикро омехтааст. У баъди вафоти Чувайнй аз тарафи Низомулмулк ба дарбор даъват мешавад ва бо хохиши у дар мадрасаи Низомияи Багдод ба тадрис машгул мешавад. Баъди марги Низомулмулк Газолй чанд муддат гушанишинй ихтиёр карда, соли 1095 ба Димишк ва аз он чо ба Маккаю Мадина сафар мекунад. Баъди чанд муддати парешонхолию беморй вай ба Нишопур омада, ба тадрис мепардозад. Баъдтар ба Тус бармегардад ва дар ончо соли 1111 вафот мекунад.

Фахриддини Розй (1149-1209) намояндаи машхури мактаби фалсафии калом аст, ки дар рушду равнаки ин мактаб хизматхои шоён кардааст. Мутафаккир акидахои фалсафию илмияшро дар асари худ «Мабоихис-ул-машрикия», «Мухассалу афкор ил-мутакаддимин вал мутаахирин мин ал-уламо вал хукамо вал мутакаллиммин», «Рисолат-ул-камолия фил хакоик ил-илохия», «Мато-либ-ул-олия», «Асос-ут-такдис», «Асрор-ут-танзил», «Китоб-ул-арбаин фиусул-ид-дин», «Ал-барохин дар илми калом», «Мафотих-ул-гайб», «Чомеъ-ул-улум» ва гайра баён намудааст.

Фахриддини Розй давомдихандаи равияи фалсафии М. Газолй аст, назариёти худро дар хилофи файласуфони машшой равона сохтааст.

Абух,отами Розй (ваф. 933) назариёти навафлотунии Насафиро дар бораи офариниши олам кабул кард, вале баъзе гароишхою тамоюлоти ихтилофангезро, ки Насафй дар масъалаи нубувват ва шархи даврахои таърихи инсоният рох дода буд, зери танкид гирифт.

Насафй (ваф. 942) ва хам Абухотам ба таърихи мухаддас аз назари тархи исмоилии хафт давр менигаристанд, ки хар яке бо зухури пайгамбар ё нотики оварандаи шариат ва дини нав огоз меёбанд. Аммо дар ташрехи чузъиёт онхо бо якдигар ихтилофи акида доштанд.

Носири Хусрави ^убодиёнй (1004-1088) аз бузургтарин шоир ва барчастатарин файласуфи исмоилимазхаби точик ба шумор меравад. Мухимтарин осори фалсафиаш: «Зод-ул-мусофирин», «Чомеъ-ул-хикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва рахоиш», «Вачхи

дин», «Далел-ул-мутахайирин», «Сафарнома», «Рушноинома», «Саодатнома» ва осори манзумаш мебошанд.

Ахмад Газолй (1064-1126) дар тасаввуфи исломии асри XI мавкеи намоён дорад. У мутафаккирест, ки бори аввал чандин масоили суфияро пешниход намуда, барои орифони баъдй ба хайси пешвои тарикат ва хамчун пири маънавй хизмат намудааст. Ахмади Газолй яке аз орифони сермахсул дар таърихи тасаввуфи исломй махсуб мешавад.

Саноии Газнавй (тав.1080) намояндаи машхури тасаввуфи асрхои XI-XII мебошад. уро дар тарикат пайрави Ахмади Газолй ва Юсуфи Хамадонй медонанд.

Айнулкузот (1099-1131) Ин мутафаккир яке аз шогирдони фозилу закии Ахмади Газолй ба хисоб меравад. Тарикати баргузидаи у тараннуми ишки ирфонй, дарки мохияти он ва бад-ин васила кашфи чамоли Хак аст. Айнулкузот ишкро ба се мартаба- бузург, кучак ва миёна таксим мекунад. Рисолахои «Лавоех», «Зубдат-ул-хакоик фи кашф-уд-дакоик», «Зубдат-ул-маонй» ва гайрахо ба калами у тааллук доранд.

Фариддудин Аттори Нишопурй (1140-1221) дар асри XIII тасаввуфи исломиро хамачониба инкишоф додаст. Атторро дар тарикат увайсй дар чахонбинй пайрави вахдати вучуд аст, ки соликони он баъд аз гузаштани пояхои шариат ва тарикат, бо рухи мутлак, яъне Худо як мешавад. Масъалаи мазкурро мутафаккир дар маснавии «Мантик-ут-тайр» дар хикояти сафари мургон ва расидани онхо ба кухи ^оф ва бо Симург як шуданашон хеле равшан ифода кардааст.

Ч,алолуддин Мухаммади Балхй (1208-1273) идомадихандаи таълимоти тасаввуфй мебошад. Таълимоти Мавлавиро метавон аз чихати фалсафй сазовори бахои баланд донист, зеро дар он чандин масоили бахсталаби фалсафй мавриди баррасии олимона карор гирифтаанд.

Ибни Арабй (1165-1240) аз намоёнтарин орифони чахони ислом мебошад. Ин мутафаккир кушиш намудааст, то масъалаи «вахдати вучуд»-ро, ки дар таълимоти ахли тасаввуфи пешин дар хар сурат чилва мекард, ба як низоми мувофик дарорад.

Шахобиддини Сухравардй (1155-1191), ки бо лакаби «Шайхи Мактул» маъруф аст, забардастарин намояндаи он мебошад. Хикмати ишрок яке аз мактабхои махсуси фалсафаи Шарк аст. Пайдоиши хикмати ишрок ба замони эхёи фалсафа, хикмати хусравонй-пахлавии точикони бостонй, хикмати ирфонии Юнон ва хикмати исломй рост меояд. Чунончи, яке аз намояндагони мумтози ин равия Шахобуддини Сухравардй, ки худро вориси ду суннати фикрй-юнонй ва точикй медонад, мебошад.

Афзалиддини Кошонй маъруф ба Бобо Афзал соли 593-и хичрй дар карияи Маркии Кошон ба дунё омада ва таърихи фавташро соли 667-и хичрй зикр кардаанд. Харчанд у дар фалсафаву хикмат хизмати бузург карда бошад хам, вале иттилои дакике доир ба зиндагиномааш махфуз намондааст.

Бахоуддин Мухаммад ибни Мухаммади Бухорой соли 1318 дар дехаи Орифони Бухоро ба дунё омадааст. Падараш бофанда ва накшбанд буд. Бахоуддин дар чавонй ба касби падар шугл варзида, ба матоъ ва фулузот накшбандй кардааст. Аз ин ру, номи накшбанд дар ин тарикат аз хамин чо пайдо шуда, худи у бо лакаби Накшбанд машхур гардид.

Абдуррахмони Ч,омй (1414-1492) дар таърихи афкори чамъиятй сиёсй, фалсафй, ахлокй ва адабии точик яке аз мутафаккирони шахиру чирадаст маъруфият дорад. ^обилияту истеъдоди Ч,омй чунон бузург буд, ки хатто баъзе устодон аз ухдаи дарс додани у баромада наметавонистанд. Вай баъди хатми мадраса чанд муддате дар Самарканд монда, соли 1452 ба зодгохаш шахри Хирот баргашт.

Мирмухаммад Бокири Астарободй машхур ба Мирдомод (ваф. 1041) олим, мутафаккир ва барчастатарин намояндаи фалсафаи асрхои XVI-XVII-и точик мебошад. Номи аслии у Мир Бурхониддин Мухаммад Бокир буда, бо номи Мирдомод маъруф гардидааст. Мутафаккир дар таълимоташ ба аксари масоили илмй ва фалсафй даст зада, кариб тамоми сохахои илмхои замонаашро фаро гирифтааст. Аз чумла, мантик, илохиёт, илмхои табий, риёзиёт, назарияи фикх, илми хадис ва илми тафсир сохахои мавриди тахкикбудаи уро ташкил

медиханд.

Х,одии Сабзаворй (1797 - 1876), маъруф ба Х,очй Мулло Х,одй файласуф, мантикшинос ва шахиртарин орифу барчастатарин на-мояндаи мактаби фалсафии Исфахон ё худ хикмати мутаолия махсуб мешавад.

Мирзо Абдулкодири Бедил (1644-1721) мутафаккири озодандеш ва донишманди машхури фалсафаи исломии машрикзамин аст. У дар шахри Азимободи вилояти Банголаи Х,индустон ба дунё омада, дар шахри Дехлй аз олам гузаштааст. Бедил аз овони наврасй ба хикмату фалсафа ва ирфони озодандешонаи Шарк ошной пайдо намуда, кушиш кардааст, ки дар пайравии орифони машхури Хуросон- Аттори Нишопурй ва Мавлавй Чалолиддини Балхй ба масоили шинохти оламу инсон бипардозад.

2.Рушди илми фалсафа дар замонх,ои шуравй ва истиклоли точик

Давраи минбаъдаи рушди фалсафа дар Точикистон ба замони шуравй ва пасошуравй рост меояд. Дар хакикат, пас аз вожгун гаштани чахолат, фиску фучури замони салтанати мангития даврони шуравй мархилаи камолоти нуру маърифат ва рушди бемайлони илму фарханг буд. Инкишофи фалсафа ва илмхои фалсафй дар заминаи вусъати тамоми сохахои илмхои замонавй сурат мегирифт. Ин камолот тавассути мададу хамкорихо ва хамгироихои халкхои шуравй амалй мешуд. Накши хамохангсозию ёрмандихои молиявию моддй ва тахассусмандии халки бузурги шуравиро низ набояд фаромуш кард. Ин тачрибаи таърихиро, сарфи назар аз баъзе камбудихояш, беэтибор донистан аз руи инсоф нахохад буд. Мо бояд чахд намоем, ки дастоварду комёбихои беназири он замонро дар заминаи хамкорихо, равобити байнихамдигарии илмию фархангй ва арзишхои умумиинсонй чадидан тахким бахшем.

Сарфи назар аз он ки фалсафа ва густариши он дар тамоми чумхурихои собик шуравй барои замина фарохам овардан ба мафкураи коммуниста ва нашри фалсафаи марксистй-ленинй зарур буд, вале бо вучуди ин, барои ошноии зиёиёни мо бо фалсафаи муосири аврупой аз манфиат холй набуд. Феълан, чи дар тадрису таълим ва чи дар маърифати илмиву тадкикотй ин мархилаи наве буд, ки дар бисёр холатхо аз замонхои гузашта бартарият дошт ва тадричан ба ташаккули чахонбинии илмии ахли маърифат ва мухаккикони точик мусоидат кард.

Дар даврони сохибистиклолй эхё намудан ва ба таври фарогир омухтани илму фарханг, аз чумла таърихи фалсафаи точик яке аз масъалахои мухим махсуб меёбад, зеро надонистани таърих, илму фарханги миллй шахсро ба гумрохй мебарад. Илму фарханг ва фалсафаи точик дар таърих решахои чукур доранд. Мутафаккирони миллати точик бо асархои эчод намудаи хеш барои рушду нумуъи фалсафаи чахони хиссаи сазовор гузоштаанд. Агар сухан дар бораи фалсафаи точик дар асрхои XIX то ибтидои асри ХХ1 равад, пас бояд таъкид намуд, ки он дар ин давр хислати маорифпарварона дошт.

Поягузори харакати маорифпарварй дар Осиёи Миёна Ахмади Дониш аст. Аз маъруфтарин асархои у - «Наводир-ул-вакоеъ» ва «Накз-ул-адён» мебошанд. Дониш аввалин мутафаккири маорифпарвар ва ислохотчии (реформатор) шуури миллию мазхабии мардуми Осиёи Марказй, хосатан аморати Бухоро буд. Дар асархои хеш у мавзуъхои фалсафаи ичтимой, баррасиву тахлили хаводиси ичтимоиву сиёсй, пажухиши роху усулхои начотёбй аз зулму истибдод, чахолату бемаърифатй ва растагорй аз тасарруфи асорати кишвархои хоричй тахлил намудааст.

Маорифпарварй чараёни ичтимоию-сиёсй ва адабию фархангиест, ки бо усули таблиг ва ташвики гояхои маорифпарварон аз адолат, илму хирад нуксонхои сохти муайяни чамъиятиро рафъ кардану анъанаю тарзи хаёт ва сиёсати онро тагйир дондан мехост. Маорифпарварон маънавиётро омили асосй ва халкунандаи рушду ривочи чамъият, бемаърифатии одамонро сабабгори иллату нуксонхои ичтимой медонистанд.

Ах,мад Махдуми Дониш (1826-1897) ва пайравони у сарехан мушохида кардан мумкин аст. Ахмади Дониш хамчун саромади чараёни маорифпарварии точик ва шахиртарин мутафаккири он, дар асархои пурарзиши худ - «Наводир-ул-вакоеъ», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи сал-танати хонадони мангития», «Меъёр-ут-тадайюн» ва гайра дар зимни баёни масъалахои хикмати ичтимой-сиёсияш ба арзёбию масоили умумифалсафй, аз кабили

пайдоиши олам, хилкат ё худусияти олам, назарияи судур, назову кадар, малому манзалати инсон ва дигар пахлухои хикмати хастии инсонй низ руй овардааст.

Абдулкодирхочаи Савдо (1823-1873) шоир, мутафаккири намоёни чараёни маорифпарварии точик ба хисоб меравад. Осори адабии ба мерос мондаи у порчахои манзум, касоид, марсияву газал, маснавиву китъа, рубиву хикоятхо ва дигар жанрхои шеърй мебошанд. Ба лирикаи ишкй ва хачву мутоиба чудо мешавад. Дар лирикаи давраи аввали Савдо таъсири Бедил ба назар мерасад. Вале мутафаккир дар пайравии Ахмади Дониш ва пайравони у ба зуди аз доираи ин таъсир баромада, соддабаёниро пеш мегирад ва ба таъсири мавзуъхои тозаи замони худ руй меорад.

Шамсиддини Шохин (1857-1894) шоир, мутафаккири намоёни маорифпарвари точик махсуб меёбад. Осори Шохин аз девони ашъор, маснавихои «Лайлй ва Мачнун», «Тухфаи дустон», «Бадеъ-ус-саноеъ» иборат аст. У дар осораш аз носозгории рузгори худ ва ситами замона шикоятхо карда, чахлу разолат ва фасоди ахлоки ашроф ва табакаи хукмронро танкид намудааст.

Мухаммадсиддики Х,айрат (1878-1902) ба таъбири Садриддин Айнй, у аз камоли истеъдод ва ишки адабиёт дар хурдсолй ба мартабаи устодй расида буд. Газалиёти Х,айрат, умуман ашъори ишкии давраи камолоти эчодии у, аз бехтарин намунаи назми он давра ба хисоб меравад.

Тошхочаи Асирй (1864-1916). Маълумоти ибтидоиро дар Хучанд гирифта, соли 1882 барои такмили дониш ба Хуканд меравад ва дар мадрасаи он чо тахсили илмро идома медихад. Вай хангоми тахсил дар мадрасаи Хуканд забони русиро омухта, аз матбуоти даврагии русию туркзабонии Осиёи Миёна ва Кавказ бахравар гардидааст.

Мирзосирочи какими Бухорой (1877-1914) тахти таъсири афкори мутараккии Россия, Осиёи Миёна ва Кавказ пайрави фикрхои маорифпарварй шуд. Азми сафар ба кишвархои Россия, Аврупои Гарбй ва Шарки Миёна кард. Сафархои у то соли 1909 давом ёфт. Мирзосироч Коллечи тиббии америкоиро хатм намуда, сипас дар Бухоро табобатхонаи навъи аврупой кушода, ба муоличаи беморон пардохтааст. Дар рузномахои «Бухорои Шариф», «Турон» ва мачаллаи «Ойина» доир ба тиб маколахои илмй дарч кард.

Сайид Ахмади Васлии Самаркандй (1869) дар оилаи усто Аъзами охангар ба дунё омадааст. Вай маълумоти ибтидоиро дар зодгохаш - Самарканд гирифта, дар мадрасахои Тошканду Бухоро такмили илм намуда ва чанд муддат дар Бухоро мударрисй кардааст. Азбаски Васлй аз чонибдорони усули чадиди таълим буд, бинобар ин ба таъкиби мутаассибону чохилони давр дучор шудааст. У аз руйи зарурат ба ватанаш - Самарканд баргашта, то охири умри худ дар мадрасаи Орифчонбой дарс гуфтааст. Васлй асархояшро хам ба точикй ва хам ба узбекй менавишт. Дар назму наср асархои зиёди адабию илмй ва таълимй доштааст, ки мутаассифона аксарашон имруз дастрас нестанд. Осори манзуми Васлй дар ду девон-«Армугони дустон» (1909 ) ва «Тухфат ул -асхоб» ( 1912) ба табъ расидааст.

Сайид Ч,амолуддини АфFOнй (1838-1897) аз намояндагони машхури маорифпарварии точик махсуб мешавад. Ин мутафаккир озодй ва донишро сарчашмаи кулли муваффакиятхои инсонй медонад. Х,амин аст, ки у дар осори худ «Мухтасаре аз холи Афгонистон», «Таълим ва тарбия», «Фавоиди фалсафа», «Дар чахолат ва нодонй», «Рисолаи казо ва кадар», «Навоварй ва таклид», «Х,избхои сиёсии Шарк», «Фалсафаи саноат», «Масъалаи Шарк», «Инсон ва хакоики коинот», «Фалсафаи тарбия», «Тасаввуф», «Таассуб», «Ислохоти динй», «Вахдати исломй», «Миллат ва дини ислом», «Макоми зан дар чамъият», «Мубориза барои зиндагй», «Зебо ва кабех», «Гуманизм, натсионализм ва демократия», «Тарб ва Шарк» ва гайрахо масоили марбут ба озодии инсон ва маърифати вокеиро мавриди баррасии васеи илмй карор додаст.

Мухаммад Икбол (1877-1934) олим, мутафаккир ва донишманди сохибзавки фалсафаи точик дар асрхои XIX-XX аст. Омузиши пахлухо мухталифи хаёту фаъолият ва чахонбинии аллома Мухаммад Икболи Лохурй дорои ахамияти зиёде буда, илова бар ин барои тарсими дакиктари пешрафти акоиди фалсафй, ичтимой ва ахлокии мардумони Шарк дар охири асри XIX ва авали асри XX мусоидат хохад кард, чунки онхо бар акидаи тачдиди афкори динй асос

ёфтаанд.

Абдуррауфи Фитрат (1886-1938) яке аз адибони хушсалика ва мутафаккирони забардасти маорифапарвари точик ба шумор меравад.

Ачзй Сайидахмадхочаи Сиддикй (1865-1926) аз мутафаккирони равияи чадидия аст, ки баъди хатми тахсил ба саёхат баромадааст. У аз рохи Ироку Миср ба Россия омада, дар Боку ва Тифлис муддате таваккуф намуда, бо эчодиёти адибони озарй ошной пайдо мекунад. Баъди баргашт ба ватан дар Самарканд мактаб кушода, аз фанхои дунявй ва забону адабиёти рус дарс гуфтааст.

Акбар Турсун (1939) сохаву равияхои асосии тадкикоти фалсафаву методологияи табиатшиносй ва таърихи илму фарханги асримиёнагии Шарк мебошанд. Академик Акбари Турсон муаллифи зиёда аз 300 макола ва асархои илмй, илмию оммавй ва публисистй мебошад.

Ахмадов Саид (1945) файласуф яке аз диншиносони маъруфи фалсафаи муосири точик мебошад. Масъалаи асосии тахкикотхои илмии профессор Саид Ахмадов, осори динию фалсафии таълимоти калом ташкил медихад.

Атоев Атоулло Мухторович (1964) доктори илмхои фалсафа, профессор, файласуфи муосири таърихи фалсафаи точик ба хисоб меравад.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Бехбудй Махмудхоча (1875-1919) яке аз донишмандони точик ва яке аз рохбарони чадидони Туркистон ва мутафаккирони намоёни он равия буд. У мадрасаро хатм намуда, вазифаи муфтиро ба чо меовард ва ба Миср, Туркия, ^азону Уфа сафар кардааст.

Баховаддинов Алоуддин Махмудович (1911-1970) зодаи шахри бостонии Самарканд буд, ки аз соли 1934 ба Точикистон омада, то охири умр барои ривочу равнаки илму фарханги точик, хусусан, фалсафаи он сидкан хидмати беназир кардааст. «Акидахои фалсафии Ибни Сино дар китоби «Донишномаи у» аввалин рисолаи илмй-тадкикотии А. М. Баховаддинов буд.

Бобочон Самиев (1970) дотсент (2004), доктори илмхои фалсафа (2010), профессор (2012), яке аз файласуфи маъруфи таърихи фалсафаи муосири точик мебошад. Масъалаи асосии тахкикотхои илмии уро фалсафаи дин, илм ва маориф ташкил медихад. Дар баробари ин у дар навиштани чандин китобхои дарсй ва барномахои таълимй аз фанхои «Диншиносй» ва «Фалсафа» сахм гузоштааст.

Fафуров Бобочон (1909-1977) дар рушди донишхои чамъиятию сиёсй ва фархангии давраи мазкур накши хеле калон аст. Вай кушишхои зиёде барои хифзи фарханги миллй ба харч дода, макому мартабаи чахонии тамаддуни точикро хеле баланд бардоштааст. Махсусан, тадкикотхои Б. Fафуров дар бораи таърихи халки точик ва фарханги он ахамияти бузургро касб намуда буд.

Гафорова Мунзифа (1924 - 2013) файласуфи варзидаи муосири точик хамчун нахустин докторзани илми фалсафа дар миёни ахли маориф фарханг махбубияти хос дорад.

Гаффор Мирзоев (1964) доктори илмхои фалсафа, профессор яке аз файласуфони намоён дар чумхурй ба хисоб меравад.

Гоибов Махмад (1943-2020) доктори илми фалсафа, профессор, Корманди шоистаи Точикистон яке аз файласуфони замони муосир ба хисоб меравад.

Гуломов Точиддин Мирзоалиевич (1982) номзади илмхои фалсафа (2011), доктори илмхои фалсафа (2024) яке аз файласуфони замони истиклол ба хисоб меравад.

Диноршоев Мусо (1934-2020) солхои 60-70-уми асри XX ба чодаи пажухишу тахкики афкори фалсафй дар илм ворид шуда, ба хадди олими тавонои соха ва файласуфи сохибмактаб расидааст. Мусо Диноршоев дар нигорштахои худ «Таърихи фалсафаи точик ва аквоми хамнажжоди он доройи таърихи беш аз дувуним хазорсола мебошад. Нахустин мактабхои динй-фалсафии он зардуштия, монавия ва маздакия буданд.

Диноршоева Заррина (1968) доктори илмхои фалсафа профессор яке аз донишмандзанони таърихи фалсафаи муосири точик ба хисоб меравад. Профессор Диноршоева Зарина хатмкардаи Донишгохи давлатии Точикистон факултаи шаркшиносй шуъбаи забони арабй буда, соли 1990 бо дипломи аъло ончоро хатм намудааст.

Додихудоев Хаёлбек (1936-2021) варзидатарин олими фалсафаи исмоилия махсуб мешавад. Силсилакитобхои «Мазхаби исмоилия ва мохияти ичтимоии он» (1967), «Очеркхои фалсафаи исмоилия» (1976, бо забони русй), «Фалсафаи исёни дехконон» (1987, бо забони русй), «Исмоилия ва озодандешии Шарк» (1989) ва гайра силсилакитобхоеанд, ки мухаккики пухтакор тайи солхои дурударози фаъолияти илмй-тадкикотии худ таълиф кардааст.

Зокир Вазиров (1947 - 2012) доктори илмхои фалсафа (1989), профессор (1990) яке файласуфони маъруфи точик, ба хисоб меравад.

Зиёзода Идибек (1955) файласуфи намоёни муосири точик аст, ки фаъолияти илмиву тадкикотии бисёрсолаи худро ба омузишу тахкики хамачонибаи хикмати серпахлуи тасаввуф равона кардааст.

Зиёй Хуршед (Зиёев Хуршедчон Махшулович) соли тав. 1963) доктори илмхои фалсафа (2006), профессор (2010) буда, аввалин бор дар таърихи фалсафаи ватанй таълимоти Мавлоно Ч,алолуддини Балхй ва тарикати тасаввуфии у - мавлавия, таълимоти фалсафии Бахоуддини Валад, Девона Мухаммад, Бурхониддини Мухаккик, Шамси Табрезй, Юсуфи Синачок, Дорошукух ва Юсуфи ^арабогиро ба риштаи тахкики илмй кашидааст.

Зикирзода Х,обилчон Х,айиталиевич (1981) номзади илмхои фалсафа (2009), доктори илмхои фалсафа (2024) яке аз файласуфони замони истиклол ба шумор меравад.

Зохидов Очил (1963) доктори илмхои фалсафа, профессор, мутафаккири сохаи онтология ва назарияи шинохт, фалсафа ва методологияи илм, таърихшиносй, сиёсатшиносй ва иктисодиёти сиёсй дар чумхурй ба хисоб меравад.

Карамхудоев Шукрат (1972) доктори илмхои фалсафа, профессор, яке аз файласуфони замони истиклол ба шумор меравад.

Комилов Рустам Саъдуллоевич (1963) яке аз донишмандони маъруфи фалсафаи муосир дар Точикистон мебошад. Мухимтарин асархои таълифнамудаи у, «Таълимоти ичтимой-ормонии дар таърихи фалсафаи асрхои XIII-XV-и точик» (-Душанбе, 1993), «Мухтасари таърихи адён» (-Душанбе,1995), «Сайре дар андешахои иктисодии чахони ислом» (-Душанбе, 1996), «Назарияи чомеаи ормонй дар таърихи фарханги форсу точик» (-Душанбе, 1997), «Аз таърихи афкори ичтимой- сиёсии ахди Сомониён» (-Душанбе, 1998), «Таълимот дар бораи чомеаи ормонй дар таърихи фарханги точику форс: аз ахди кадим то карни XVI» (Душанбе, 2001), «Фарханги мухтасари чахонбинй» (Душанбе,2001), «Дар чустучуи хикмат» (-Душанбе,2005), «Фалсафаи хукук» (-Душанбе, 2005), «Фалсафаи илм» (-Душанбе,2008), «Фалсафаи точик: аз ахди бостон то имруз» (-Душанбе, 2011), «Аз таърихи фалсафаи хукук» (-Душанбе, 2013), «Мантики хукукй» (-Душанбе, 2014), «Х,акими хикматшинос» (-Душанбе, 2014), «Сохибмактабе дар илми дорушиносии муосири точик» (- Душанбе, 2014), «Хикмати инсон дар шинохти ояндабинй» (- Душанбе, 2024) ва беш аз 300 маколахои илмй ва илмй-оммавй мебошанд, ки дар пешрафти илму маорифи кишвар накши муайяне бозидаанд.

Камар Нурулхак (1946) яке аз донишмандони таърихи фалсафаи муосири точик ба шумор меравад. Мавзуи асосии илмй-тахкикотии ^.Нурулхак масъалахои асосии динй-фалсафии ислом ва тамоюлхои экстримистй дар исломи муосир мебошад.

Кулматов Нозирчон Арабович (Нозирчон Арабзода) (1940-2004) файласуфи чирадасти муосири точик аст, ки дар миёни ахли илму фарханг бо сабки хоси нигориш ва шеваи мухокимаронии худ машхур гашта буд.

Курбонов Абдурахмон (1959) яке аз файласуфони маъруфи муосири точик мебошад. Абдурахмон бурбонов соли 1959, дар нохияи Шуробод таваллуд шудааст.

Ибодов Махмадулло Орифович (1948), доктори илмхои фалсафа, профессор яке файласуфони маъруфи точик, ба хисоб меравад.

Махмадизода Нозим (1985) доктори илмхои фасафа, профессор яке аз файласуфони замони истиклол дар чумхурй ба хисоб меравад. Масъалаи асосии тахкикотхои илмии профессор Н.Махмадизодаро масъалахои фалсафй, ичтимой - сиёсй (дар мисоли паёмадхои экстремизм ва терроризм) ташкил медихад.

Махмадова Мехринисо (1960) доктори илмхои фалсафа, яке аз донишмандони

фалсафаи муосири точик ба хисоб меравад.

Муминов Ахмад (1961) доктори илмхои фалсафа яке файласуфони таърихи фалсафаи замони истиклол ба шумор меравад.

Мухаммад Осимй (1920-1996) рочеъ ба масъалахои фалсафаи табиатшиносй, фалсафаи марксистй-ленинй, таърихи илм, адабиёт ва фарханги точик як катор асархо навиштааст.

Мунзим Мирзо Абдулвохид Бурхонзода (1877-1934) - мутафаккири маорифпарвари точик ба хисоб меравад. Давраи наврасиву чавониаш дар хонаи Садри Зиё гузоштааст ва дар он чо бо Садриддин Айнй дустй пайдо намуд. Соли 1900 бо супориши Садри Зиё «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Донишро китобат намуда, соли 1902 дар ду девон ашъори Х,айратро чамъ овардааст.

Мусамир Гулахмадов (1936) доктори илмхои фалсафа, профессор яке аз файласуфони намоён дар чумхурй махсуб меёбад.

Муъминчонов Х,амдам Х,омидович (1942-2008), зодаи Конибодом, доктори илмхои фалсафа (2000), профессор (2003) яке файласуфони фалсафаи замони муосир ба хисоб меравад.

Мухаммадалй Музаффарй (1947) яке аз донишмандони фалсафаи инсоншиносй дар Точикистон мебошад.

Мухаммадкул Х,азраткулов (1944 - 2020) яке аз донишмандони таърихи фалсафаи муосири точик ба хисоб меравад.

Мухаммадхочаев Ахмадчон (1941-2015) мухаккики бориксанчи муосири точик мебошад, ки тамоми фаъолияти илмиву тадкикотиашро ба омузишу тахкики бисёрчонибаи хикмати тасаввуфи асримиёнагии точик равона кардааст.

Махмадчонова Мухиба (1960) файласуф, доктори илмхои фалсафа, профессор яке донишмадони таърихи фалсафаи муосири точик ба шумор меравад.

Наврузов Султон (1939-2018) хатмкардаи факултаи таърихи Донишгохи Давлатии Точикистон ба номи В.И. Ленин (холо ДМТ) ва аспирантураи Донишгохи Давлатии Томск (Федератсияи Россия) мухаккики варзидаву пухтакори муоисири ин сохаи фалсафа ба хисоб меравад.

Назариев Рамазон (1958) яке аз донишмандони маъруфи фалсафаи исмоилия дар Точикистон ба шумор меравад, ки номзади илмхои фалсафа (2002), доктори илмхои фалсафа (2011), дотсент (2006), профессор (2013)

Назаров Рустам (1953-2019) файласуфи намоёни таърихи фалсафаи муосири точик аст, ки фаъолияти илмиву тахкикотии бисёрсолаи худро ба омузишу тахкики хамачонибаи фалсафа равона карда буд.

Насиба Содикй (1968) вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олй, доктори илмхои фалсафа, профессор яке донишмандони таърихи фалсафаи муосири точик ба хисоб меравад.

Нигматулло Сайфуллоев (1941) яке аз файласуфони мантикшиноси фалсафаи муосири точик махсуб меёбад.

Олимов Кароматулло (1941) файласуфи намоёни муосири точик аст, ки самтхои асосии фаъолияти илмй: фалсафа, шаркшиносй. Кароматулло Олимов ба тахкики афкори фалсафии ниёгон чуръат намуд, пахлухои мухталифи чахонбинии Абулмачид Саной, Абдуллохи Ансорй, Абусаиди Абулхайрро хамачониба муайян сохт ва дар шакли китобу рисола ба хидмат овард, хикмати Ибни Сино, Абурайхони Берунй, Абдурахмони Чрмй, Камоли Хучандй, Мирзо Бедил, Пири Х,ирот ва дигаронро омухта, перомуни ахамият ва таъсири он ба фалсафаи чахонй маколахои арзишманд ба табъ расонд, самту хусусиятхои инкишофи афкори фалсафй ва ичтимой - ахлокии мардуми точикро нишон дод.

Облокул Бозоров (1932) зодаи нохияи Булунгур, вилояти Самарканд, доктори илми фалсафа (1973), профессор (1976) яке аз файласуфони замони муосир ба хисоб меравад.

Рахимов Абдулло (1932 - 2010) файласуфи маъруфи точик, доктори илмхои фалсафа, профессор аз файласуфони намоён дар чумхурй махсуб меёбад.

Рахмонов ТаFай (1936-2009) - номзади илмхои фалсафа яке аз файласуфони замони

муосир ба хисоб меравад.

Рахимов Мухсин (1955) яке аз файласуфони синошиноси маъруфи муосири точик мебошад. Масъалаи асосии тахкикотхои илмии уро фалсафаи Ибни Сино ташкил медихад. Профессор М.Рахимов дар навиштани чандин китобхои дарсй ва барномахои таълимй аз фанхои «Абу Али ибн Сина (Авиценна)» ва «Фалсафа» сахм гузоштааст. Номбурда муаллифи зиёда аз 90 китобхои дарсй ва маколахои илмй аст.

Рахимов Саъдулло (1951-2024) хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгохи миллии Точикистон, яке аз донишмандони нексиришти таърихи фалсафаи муосири точик ба шумор меравад.

Рахматуллоев Назрулло (Назри Яздонй) (1949) шоир, мутфаккири таърихи фалсафаи муосири точик ба шумор меравад.

Рачабов Мусо (1918-1997) файласуфи намоёни муосири точик аст, ки тамоми фаъолияти илмй-тадкикотии бисёрсолаашро ба тахкику омузиши масъалахои мухими таърихи афкори ичтимоию сиёсй ва фалсафии халки точик хидоят кардааст.

Садриддин Айнй адиби барчаста, файласуф ва олими маъруф, арбоби намоёни давлативу ва чамъиятии Точикистон мебошад. Асархои шоиставу пурмазмуни у, ки баъди Инкилоби Октябр эчод гаштаанд, дар ташаккулу такомули адабиёт ва фарханги нави точик, раванди худшиносиву ифтихори миллй, хамчунин дар бунёду такомули чахонбинй ва афкори ичтимоиву сиёсии халкамон дар шароити нав беназир аст.

Султонзода Умарбек (Умарбек Султонов) (1936 - 1996) номзади илмхои фалсафа (1970) яке аз файласуфони замони муосир мебошад.

Саид Нуриддин (1956), узви вобастаи Академияи миллии илмхои Точикистон, доктори илмхои фалсафа, профессор, ходими намоёни сиёсй ва чамъиятй буда, дар таърихи фалсафаи ватанй бо тахкикоти нерухои мохиятии инсон, тахлили мукоисавии таълимоти Ибни Сино ва Арасту оид ба инсон, тахлилу баррасии масъалахои дигари фалсафй, сиёсй ва ичтимой маъруф гаштааст. Нуриддин Саид муаллифи зиёда аз 150 корхои илмй ва илмй-оммавй мебошад.

Саидов Абдулманон Саторович (1958) файласуф, чомеашинос, доктори илмхои фалсафа, профессор яке аз донишмандони таърихи фалсафаи ичтимоии точик ба хисоб меравад.

Самиев Абдусамад (1948 - 2020) яке аз файласуфони чирадасти фалсафаи муосири точик мебошад. Ба масоили фалсафаи ичтимой ва илми муосир, методологияи назариявии шуури таърихй хамчун воситаи худшиносии инсону чомеа, шуури таърихй ва фарханги миллй, шуури мудофиавй, андешаи миллй чун котегорияи фалсафаи ичтимой, ташаккули фарханги сиёсии чомеа ва гайра таваччух намуда, дар осори илмй, илмй-оммавй чамъбаст кардааст.

Соличонов Расулчон (1955) доктори илмхои фалсафа, профессор яке аз донишмандони маъруфи точик ба хисоб меравад.

Султонзода Мохирхуча (1945 - 2001) файласуфи варзидаи муосири точик хамчун нахустин донишманде, ки бори аввал дар чумхурй бо осори Мир Саид Алии Хамадонй тахкикоти илмй намуда, миёни ахли маориф фарханг махбубияти хос дорад.

Султонзода Сокй (1983) хатмкардаи ДДОТ ба номи С. Айнй, синошиноси таърихи муоисири фалсафаи точик ба хисоб меравад.

Умедов Мастон (1976) доктори илмхои фалсафа, профессор дар чумхурй ба хисоб меравад. Профессори М.Умедов соли 1999 дар шуъбаи фалсафаи факултети таърих, соли 2005 то хол дар факултаи фалсафа фаъолият дорад.

Усмонзода Хайриддин (1970) доктори илмхои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмхои Чумхурии Точикистон директори Маркази тахкикоти стратегии назди Президенти Чумхурии Точикистон, яке аз донишмандони таърихи фалсафаи муосири точик ба хисоб меравад.

Фаттохзода Саидмурод (1958) ходими давлатии Точикистон, доктори илмхои фалсафа, профессор, Корманди шоистаи Точикистон яке аз донишмандони намоён дар чумхурй махсуб меёбад.

Худойдодзода Фаррух (1984) доктори илмхои фалсафа, профессор яке аз файласуфони таърихи фалсафа дар замони истиклол ба шумор меравад.

Х,ошимов Абдурауф (1933 - 2003) доктори илмхои фалсафа, профессор, вазифахои дотсент, профессор, мудири кафедраи илмхои чамъиятиро адо намудааст.

Х,амдй Ахмадчон Махмуди Абусаидзода (1875-1946) дар мархилаи аввали фаъолияти чамъиятии худ хамчун маорифпарвар интишори илму донишро таргиб намуда, нашри китобхо ва бунёди мактаби усули чадидро химоя кардааст.

Х,амза Х,акимзода Ниёзй (1889-1923) шоир донишмандии точик дар мадраса тахсил карда маърифат андухтааст. Барои оммаи камбагал мактаб ташкил дода, худ дар он дарс гуфтааст. Аз соли 1899 тахти тасири маорифпарварон ба шеъргуй пардохтааст.

Ч,ононов Саидамир (1948) доктори илмхои фалсафа, профессор яке файласуфони муосири фалсафаи точик ба хисоб меравад.

Шамолов Абдулвохид (1958) доктори илмхои фалсафа (2002) профессор (2009) яке аз донишмандони шинохта ва маъруфи точик буда, беш аз 40 соли умри бобаракати худро барои пешрафти илму маориф ва фарханги кишвар бахшидааст.

Шарипов Иброн (1931-2013) файласуфи маъруфи муосири точик мебошад, ки фаъолияти илмиву тадкикотии бисёрсолаашро ба омузишу тахкики масъалахои умдаву рузмарраи ичтимоиву сиёсии фасафаи муосири точик равона кардааст.

Шерзот Абдуллозода (1946) файласуф ва диншиноси муосири таърихи фалсафаи точик ба хисоб меравад.

Шоисматуллоев Шоназар (1946) дар чомеашиносии муосири точик намоёнтарин донишманди соха махсуб мешавад. Самти тадкикоти илмии профессор Ш.Шоисматуллоев асосан ба тахкики раванди ташаккулу такомули шакли нави чомеа ва масъалахои чомеашиносии низоми маълумоту маорифи Точикистон равона шудааст.

Х,амин тарик, дар шароити истиклолияти давлатй кишвари азизамон вазъият куллан тагйир ёфта, муносибат ба омузишу тахкики фалсафаи точик низ мазмунан ва мохиятан дигаргун шуд. Шароит ва имконияти мусоид ва бехтари рушду инкишофи самти пажухишу тахкик ва омузишу таълими муназзамонаи таърихи фалсафаи точик ба миён омадааст. Муносибати некбинонаи мутахассисону мухаккикон ба тахкики пахлухои гуногуни он дар табакабандии вокеии илмхо, ки ифодаи мархилаи кунунии рушди илм мебошад, дар заминаи равишшиносии илмй устуворан сурат гирифт ва тахким ёфтааст. Дар иртибот ба ин зиёда аз 114 нафар номзадони илмхои фалсафа дар замони истиклолият химоя намудаанд, ки макому манзалат ва накшу рисолати хосаи фалсафаи точик дар низоми таснифоти илми муосир таъин гардид ва равобити мутакобила ва бахамтаъсиррасонии он бо фалсафаи дигар кавму миллатхо ошкор шуд. Дар шароити хозира рисолати илми фалсафаи точик комилан ва расман эътироф шудааст, макоми он дар низоми донишхои ичтимоию гуманитарй устувор шуда, мавзуъ ва максаду хадафхои мушаххасро доро гардидааст.

Хулоса

Тахлилхо нишон медиханд, ки дар атрофи мактабхои фалсафии мухталифи фалсафаи точику форс тахлилу тахкик намудем, метавон чунин натичагирй намуда, афкори таърихи фалсафии халки точик хануз дар замони кадим, хеле пеш аз зухури ислом ташаккул ёфтааст. Аз чумлаи мактабхои кадимае, ки фалсафаи точик аз онхо маншаъ гирифтааст, хусравонй, зардуштия, монавия, маздакия, зурвония, дахрия ва табоияро зикр кардан мумкин аст, ки онхо на танхо масоили хикмати амалй, балки масъалахои назариявй маърифатшиносиро хам фаро мегиранд ва тархи масъаларо аз диди ахлок арзёбй менамоянд.

Тавре ки гуфтахои боло собит намуд, дар таърихи фалсафаи точик низ як силсила мактабхои фалсафие арзи вучуд карда будааст, ки тамоил ё чанбаи озодандешй доштанд. Ба он мактабхои фалсафии зурвония, дахрия, табоия ва асхоби хаюло шомил мешаванд, ки ба кадимияти олам ва маърифатпазирии он коил буданд.

Ташаккул, рушд ва камолоти таърихи фалсафаи точик асосан ба асрхои IX-XV иттифок меафтад. Дар ин давра як силсила мактабхои фалсафие ба миён омаданд, ки машхуртарини

онхо фалсафаи асхоби хаюло, машшоия, калом, исмоилия ва тасаввуф мебошанд. Аз миёни ин панч мактаби фалсафаи асримиёнагии точик чахор мактаб - фалсафаи асхоби хаюло, машшоия, калом ва исмоилия - мактабхои аклонй ба шумор рафта, дар онхо барои тахкиму таквияти фикру андеша аз истидлолу чадал ва дигар усулхои тафаккури мантикй-шаклй ба таври фаровон истифода бурда мешуд. Тасаввуф бошад, аз усули хадсу мукошифа, завку илхом истифода мебурд. Ин мактаб хакикатро аз рохи завк, кашф, вахй ва илхом чустучу мекард ва накши истидлол, бахс ва тафаккурро ба эътибор намегирифт. Ин мактабхо барои дарку шинохти Худо, табиат, инсон, чомеа ва оламхои маънавию чисмонй назарияхои сершуморе эчод карданд.

Мухимтарин сарчашмаи гоявии аксарияти таълимоту мактабхои фалсафии асримиёнагии точик, махсусан, калом, машшоия, исмоилия ва тасаввуф ба шумор мераванд. Дар партави таълимоти ин сарчашмахо мутафаккирони точик ба коркарди усулхои чадиди тафаккури мантикй-фалсафй камар баста, аз ин усулхо дар халли масоили хастишиносиву гносеологй истифода мебурданд.

Исмоилия ва Ихвон ус- Сафо фалсафаро чун рохи дарки хакикати дин ва кашфи вахйи илохй мешинохтанд. Дар назариёти онон тафаккури фалсафй ва хикмати илохй зохиру ботини як хакикатро фарохам меорад. Хираду имон ва илму эътикод дар низоми чахонбинии онхо бо хам робитаи ногусастанй доранд. Ин мактабхои фалсафй дар таълимоти худ хам хукми акл ё хирад ва хам такозои шаръро мутаносибан риоя менамуданд. Онхо мушкилоти хастй ё масоили чавхару араз, моддаю сурат, мохияти нафс, харакат ва макону замонро аз хамин мавкеи фалсафй тахлил мекарданд.

Минбаъд чанбахои фаъолияти амалию ичтимоии тасаввуф беш аз пеш тахким ёфт. Чунин фаъолшавии чанбаи амалй-ичтимоии тасаввуфро дар мисоли тарикати накшбандия баръало мушохида карда метавонем. Тибки таълимоти ахлокй-ичтимоии ин тарикат, хар як пайрави он муваззаф аст, ки бештар миёни мардум бошад, бо кувваи худ кор кунад ва бо мехнати халолаш зиндагй намояд. Солики ин тарикат бояд дар рафти кор, сухбат ва рохпаймой зохиран бо халк ва ботинан бо Хак бошад ва шиори «даст ба кору дил ба ёр»-ро дастурамали фаъолияти худ бидонад.

Хамин хусусияти умдаи таълимоти ахлокй-ичтимоии тарикати накшбандия боис гардид, ки он дар Осиёи Миёна, то давраи ба Россия хамрох шудани ин минтака, хамчун мухимтарин чараёни динию фалсафй рушд менамуд.

Такомули пурвусъати фалсафаи точик ба таъсири равобити мутакобила ва файзбардорй аз тачрибахои хамдигарй бо афкори фалсафии халкхои мутамаддини олам сурат гирифтааст. Агар дар ахди бостон ва ибтидои асрхои миёна фалсафаи точик бо афкори фалсафии Хинду Чин, Юнону Рум, истикрори дини ислом миёни тамаддуни маънавии точик ва тамаддуни арабхо дар равобити кавй карор доштаву мазмуну тарзи тафаккури фалсафиро барои чандин асри баъдй таъин намуда бошад, пас нимаи дуюми асри XIX ва минбаъд бошад, такомули фалсафаи точик тахти таъсири фарханги мутараккии демократй ва инкилобии рус сурат гирифт. Арзи вучуд намудани мактабхои маорифпарварй ва чадидияи точик низ махз натичаи таъсири самарабахши фарханги мутараккй ва демократии рус ба афкори фалсафй ва ичтимой-сиёсии точик буд.

Ахдофи асосии чараёнхои ичтимой - сиёсии маорифпарварй ва чадидия асосан ба ташвику таргиби гояхои хайрияти умум, адолат ва илму хирад, нуксонхои сохти ичтимоиро рафъ сохтану анъанаю тарзи хаёт ва сиёсати онро тагйир додан равона шуда буд. Ин чараёнхо тарвичи маориф ва маърифатнок гардонидани мардумро мухимтарин рохи растагорй аз зулму истибдод мехисобиданд.

Афкори пешкадамонаи равияи маорифпарварй ва чадидияи точик ахамияти бузурги ичтимой ва фархангй дошт, аз ин ру, бартарияти онро бо чанд далел метавон баён намуд:

Маорифпарварй ва чадидия дар шароити тартиботи кафомондаи иктисодй ва ичтимоию сиёсии асримиёнагй, афзудани нуфузи мафкураи феодалию динй хамчун ифодаи эътирози намояндагони пешкадами зиёй нисбат ба сохти мавчуда буд.

Онхо барои катъиян тагйир додани низоми маориф, махдуд кардани доираи таъсири дин ва чорй кардани таълими илмхои дунявй мубориза мебурданд.

Онхо омузиши илм, тарзи хаёт, низоми маорифу тамаддуни дунявиро низ такозо мекарданд. Бо ин икдом онхо ба мавкеи таассуби динй, мафкураи феодалию динии табакахои хукмрон зарба зада, ба инкишофи озодандешй, худшиносии миллй, мустахкамшавии робита ва хамкории халкхои Осиёи Миёнаю Россия шароит фарохам меоварданд.

Х,амин тарик, пас аз вожгун гаштани чахолат ва фиску фучури аморати Бухоро даврони шуравй ва истиклол мархилаи такомули маърифат ва рушди пурвусъати илму фарханг буд. Ин камолот тавассути имдоду хамкорихо ва хамгироихои халкхои шуравй амалй мешуд. Тавре ки каблан ёдовар шудем, онхо на танхо дар рушду ривочи фалсафаи давраи шуравй, балки хамчунин дар инкишофи фалсафаи миллии даврони сохибистиклолии кишвар низ накши беназир доранд.

1. Ал-милал ва-н-нихал, С.46.

2. Шамолов А. Каломи Мовароуннахр- Душанбе, нашриёти «Дониш», 2014, 569 с.

3. Комилов Д, Шоев З. Дар талаби Х,икмат. Андалеб-Р, Душанбе, 52 с.

4. Комилов Д.Р. Авиценноведение в Таджикистане в начале ХХ и XXI веков (монография). Душанбе, 128 с.

5. Комилов Д.Р. Аз таърихи хикмати ахлок ва адолат. Мулквар. Душанбе, 160 с.

6. Комилов Д.Р. Х,икмати инсоншиносй. Мулквар. Душанбе, 120 с.

7. Комилов Д.Р. https://www.facebook.com/daler.komilov.73/about

РУИХАТИ АДАБИЕТ

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.