САИД ИМОДИДДИН НАСИМЙ ВА МАВЦЕИ У ДАР АДАБИЁТИ ЧМОН САИДА ИМОДИДДИНА НАСИМИ И ЕГО РОЛЬ В МИРОВОЙ ЛИТЕРАТУРЕ SAID IMODIDDIN NASIMI AND HIS ROLE IN THE WORLD LITERATURE
СУЛАЙМОНОВА НАСИМА САЛОХИДДИНОВНА
Мутахассиси бахши маркетинги ичтимоии хадамоти Ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абуалй ибни Сино" унвончуи соли сеюми кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнй.
КУРБОНЗОДА РУХШОНА КУРБОН
Доктори Илмхои Филологй, Профессор
Аннотатсия: Саид Имодаддин Насимй шоир ва мутафаккири бузурги асри XIV буда, дар рушди илм, адабиёт ва фарханги Озарбойчон ва точику форс сами бузург гузоштааст. У тахмин солхои 1369-1370 дар шахри Шимохии Озарбойчон таваллуд шудааст. Дар овони чавонй ба омузиши забонхои зиёде машгул гардида, забонхои форсию арабиро комилан аз худ намудааст. Аз осори ин шоир ва мутафаккири маъруф ду «Девон» бо забонхои озарй ва форсй, ки фарогири рубой, дубайтй, фард, китъа, газал ва дигар жанрхои лирикй мебошанд, мерос мондааст. Хамчунин, дар эчодиёти Имодаддин Насимй байтхои пароканда бо забони арабй низ дида мешавад, ки ишора ба сохиби девони арабй буданишоир мебошад.
Имоддадин Насимй аз он шахсиятхоест, ки аввалин шохкорихои назми Озарбойчонро офарида, асосгузори забони адабии озарй ва адабиёти фалсафии ин халк ба хисоб меравад.
Мероси гании ин шоир ва мутафаккири барчаста то ба имруз дар чахони маънавиёт мавкеи худро аз даст надодааст. Аз ин ру, хаёт ва фаъолияти Насимй солиёни дароз аст, ки дар маркази таваччухи афкори илмй ва адабй карор дорад.
Саид Имодаддин Насимй яке аз пайравони содики чараёни хуруфия буд, ки дар эчодиёташон бар мукобили рукну фарзияхои исломи назариявй баромад намуда, аз чониби хукуматдорони замону ахли суннат зери фишору шиканча карор гирифтаанд. Насимй ба чунин бадгуихо тобнаоварда, таркиватанмекунад.
Бадхохон ва душманони шоир дар хаккаш тухмату бадгуихо карда, билохира ба марги фочиавй махкумаш месозандХокими Миср - Султон Муайяд зинда ба зинда пуст кандани шоирро амр мекунад. Катли Насимй тахминан миёни солхои 1417-1427 дар шахри Халаб вахшиёна, яъне бо тарики зинда ба зинда пуст кандан, амалй мегардад. Мазори шоир дар шахри Халаби Сурия карор дошта, ба яке аз зиёратгоххои маъруфи табакахоигуногуни башар ва ахлиилму адаб табдил ёфтааст.
Калидвожахо: адабиёти озар, робитахои адабй, дини ислом, чараён, тасаввуф, хуруфия, Худо, Инсон, ашъори Насимй, таъсирпазирй аз шуарои форс, фалсафаи Насимй.
Аннотация: Саид Имодаддин Насими является поэтом и великим мыслителем XIV века, который внес огромный вклад в развитие науки и литературы, азербайджанской и таджикско-персидской культуры. Он родился в 1369-1370 году в городе Шемахе в Азербайджане. В юные годы поэт изучил несколько языков, поэтому персидский, арабский языки знал в совершенстве. Из творчества этого известного поэта и мыслителя до нас дошли его два «Дивана» на персидском и азербайджанском языках, которые состоят из фарда, рубаи, дубайти, кит'а, газелей и других лирических жанров. Произведения Имададдина Насими также содержат отдельные стихи на арабском языке, и это указывает на то, что у поэта также был «Диван» на этом языком.
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
Насими стал первым поэтом в истории азербайджанской литературы, писавшим любовные лирические стихи (газели) на азербайджанском языке. Он создал первые шедевры азербайджанской поэзии, заложив основы азербайджанского литературного языка.
Богатое наследие поэта-мыслителя Саида Имодаддина Насими сегодня имеет важное значение. Поэтому жизнь и творчество Насими на протяжении многих лет находится в центре внимания научно-литературной мысли.
Насими был одним из самых преданных последователей движения хуруфия, которая выступала против принципов и гипотез исламской теории и подвергалась преследованиям со стороны правителей того времена и суннитов. Не потерпев эти оскорбления, поэт покидает свою родину.
В 1417 году в Халебе (Алеппо) по подстрекательству религиозных фанатиков Насими был задержан и казнен. По преданию, он принял мученическую смерть. То есть по приказу правителя Египта-Султана Муайяда с него за живо содрали кожу. Могила поэта находится в сирийском городе Алеппо и стала одной из самых известных святынь человечества.
Ключевые слова: азербайджанская литература, литературные связи, ислам, процесс, мистицизм, хуруфия, Бог, Человек, поэзия Насими, влияние персидской поэзии, философия Насими.
Annotation: Said Imodaddin Nasimi is a poet and great literary of the XIV century, who made a huge contribution in the development of science and literature of Azerbaijan and Tajik-Persians culture. He was born in 1369-1370 in Shimokha in Azerbaij'an. He began to learn several languages from this early age, but he knew Persian and Arabic fluently. There have come only two "Divan" from the works of this famous poet to us in the Persian and Azerbaijan languages, which consist of farda, rubai, dubayti, kita, gazelles and other lyric genres. The works of Imodaddin Nasimi also consist of individual verses in Arabic, which indicates that the poet also had "Divan" in this language.
Nasimi became the first poet in the history of Azerbaijan literature, who wrote love lyric poems (gazelles) in Azerbaij'an. He created the first masterpieces of Azerbaijani poetry, laying, the foundations of the Azerbaijani literary language.
His rich legacy as a poet is still important today, so his life and work shave been under consideration of literary-scientific for many years.
Nasimi was one of the most devoted followers of the Hurufiya, who opposed the principles and hypotheses of Islamic theory and was persecuted by the rulers of the time and by the Sunnis. He didn't suffer in dignities send left his homeland. At the instigation of religious fanatics Nasimi was detained and executed in 1417 in Aleppo and he was martyred according to the legend. By order of the ruler of Egypt-Sultan Muayyad he was ripped off his skin.
The poet's grave is located in the Syrian city of Aleppo and it has become one of the most famous place of literary people.
Key words: Azerbaijani literature, literary connections, Islam, process, mysticism, Hurufiya, God, Man, Nasimi poetry, the influence of Persian poetry, Nasimi philosophy.
Ёдгорихои таърихй, адабй ва чехрахои барчастаи чахони маънавии хар як кавму миллат бунёди аслии фархангу тамаддуни он сарзамин ба шумор меравад. Ва махз хамин омилхо сабаб шуда метавонад, ки дар микёси чахонй фархднгу тамаддун ва забону адабиёти як миллате муаррифй гардида, бо дигар кишвархо робитахои дустию адабй баркарор намояд.
Симохои нотакрори олами илму адаб ва фархангу маданияти кишвари Озарбойчон хануз аз асрхои миёна бо офаридахои бехамтои хеш дар сахифаи таъриху адабиёт номи худро бо харфхои тиллогин сабт кардаанд. Ин чо метавон аз Низомии Ганчавй, Махастии Ганчавй, Кдтрони Табрезй, Х,оконии Шервонй, Саид Имодиддини
Насимй ва Сохиби Табрезй барин шахсиятхои машхури Озарбойчонро, ки бо забонхои озарию туркй ва форсию арабй асархо офарида ва то кунун дили миллионхо хаводорони шеъру адабро тасхир кардаанд, ёдовар шуд.
Дар яке аз ин бузургон бо сабку равиши кору пайкори худ тавонистанд мактабхои адабй ва равияхои хоси худро бунёд намуда, пайравони услуби эчоди худро пайдо созанд.
Равобит ва таъсири мутакобилаи адабиёти халкхои Шарк аз руи навъхои худ мухталифанд. Вале дар баробари ин боз хастанд омилхое, ки адабиёти ин ё он кишварро бо адабиёти чахон муаррифию наздик намояд. Яке аз шаклхои робитахои адабй бахаммонандии мавзуоти инсондустй, образхои бадей ва сюжетхо мебошад.
Марбут ба хамин масъала хаёт ва фаъолияти Саид Имодиддин Насимй, яке аз намояндагони барчастаи адабиёти асри XIV-XV озар, ки бо забони форсй-точикй девони комиле эчод намудааст, хеле чолиб аст.
Имодиддин Насимй асосгузори назми фалсафй дар адабиёти Озарбойчон буда, уро аксари мухаккикон яке аз бунёдгузорони адабиёту забони адабии озарй низ меноманд. У дар таърихи адабиёти Озарбойчон нахустин шоире буд, ки ба забони озарй шеърхои лирикии ишкй - газал эчод кардааст.
Рочеъ ба санаи таваллуд, зодгох, мухити оилавй ва замони кудакию камолоти Саид Имодуддин Насимй то замони мо маълумоти пуррае нарасидааст. Мухаккикон ва тазкиранависон хаёт ва фаъолияти Насимиро дар тазкирахои ба хар навъ кисса кардаанд. Ризокулихони Дидоят уро аз Шероз, Эдвард Браун ва Ошики Чалабй аз «Насим» ном дехкадае дар наздикихои шахри Батдод, баъзе «Саид» ном доштани шоирро сабаб карда, мутмаъин ба ахли араб будани уянд. Ва тахаллуси «Насимй»-и шоирро, ки аз забони арабй гирифта шуда, маънои «боди сабук»-ро дорад, таквиятбахши гуфтахои худ мешуморанд. Бархеи дигаре макони таваллуди шоирро Табрезу Диёрбакр (яке аз вилоятхоиТуркия) ва кисмате асли шоирро аз мардуми туркман тахмин намудаанд. Аммо хиссаи зиёди мухаккикон ва тазкиранависон хамаи ин иддахоро рад намуда, иброз доштаанд, ки дар шахри Батдод хеч махалле бо номи «Насим» вучуд надорад ва Имодаддин Насимй фарзанди Озарбойчон буда, муддатхои тулонй ба дигар кишвархо, хусусан Осиёи Сатир сафар доштааст ва тояхои чараёни хуруфияро дар хамачо таблит кардааст. Сабаби марги шоирро низ ба хамин амалхояш нисбат додаанд.
Дамин тарик, мутафаккири бузург Саид Имодаддин Насимй тахминан солхои 1369-1370 дар шахри Шимохии Озарбойчон таваллуд шуда, хамон чо тахсили илм кардааст. Аз тахлили эчодиёти шоир бармеояд, ки у дар зодгохи худ маълумоти мукаммали илмй гирифтааст.
Насимй шахсияти донишманди хамадон буда, илмхои замони худ - риёзй, нучум, фалсафа, мантик ва илохиёт, фикхро хамачониба омухтааст. У адабиёти классикии Озарбойчон, Эрон ва Юнони ^адимро хуб медонист. Шоир гайр аз забони модариаш боз аз забонхои форсй ва арабй низ нагз бархурдор буд. Инро метавон аз асархои ба се забон эчодкардаи у мушохида намуд.
Саид Имодуддин Насимй забон ва фолклори миллии озариро хуб медонист. Зарбулмасалу макол, ифодахои пурмазмуни мачозии хоси сухани мардумй дар газалхои фалсафии у ба забони озарбойчонй иншо гардидаанд. Ашъори лирикии шоир бо чилои забони шоирона, гардишхои тайричашмдошти андеша ва вокеияти руйдодхои замон аз ашъори дигар шуарои вакт ва хаммиллатонаш тафовут мекунад.
Омезиши шеър ва афкори фалсафй, часорат, бойигарии вазну кофиябандию оханг хусусиятхои хоси ашъори ин шоиру мутафаккири бузург мебошанд.
Мероси адабии Имодуддин Насимй «Девон»-и озарбойчонй (такрибан 15 хазор мисраъ), «Девон»-и форсй (5 хазор мисраъ), «Девони ирокй», шеърхо, маснавй ва касидахои ба забони арабй навишташударо дар бар мегирад.
Дастнависхои девонхои шоир дар осорхонаву китобхонахои шахру кишвархои мухталифи чахон, дар мисоли Истамбулу ^охира, Техрону Табрез, Лондону Берлин, Руму Будапешт, Санкт-Петербургу Тошканд, Бокуву Тифлис, Бухорову Душанбе махфузанд.
Чуноне ки дар боло зикраш рафт, шоир дар баробари забони озарй донандаи хуби забонихои форсй-точикй, арабй ва туркй низ буда, бо ин забонхо ашъори худро рангу буи тозае додааст. Забони озарбойчонии шоир бошад, аз унусурхои нутки шифохй ва халкии ин мардум хело ганй буд. Аз ин лихоз, дар эчодиёти шоир корбурди зарбулмасалу маколхои мардумии озарй мушохида мешавад. Дамчун як эчодкори вокеан бузург, Насимй дар асархояш анъанахои бехтарини на танхо адабиёти Озарбойчон ва забони гуфтугуию ва фолклори озар, балки дигар халкхои Шарки Наздик ва Миёнаро хам мохирона истифода бурдааст.
Номи аслии шоир Саид Имодаддин буда, бо тахаллусхои адабии Насимй ва Хусейнй шеърхо эчод кардаю машхур гардидааст. Саид Имодуддин Насимй аввалин шахсест, ки девони комили газалиёту китъаотро бо забони озарй барои имрузиёну ояндахо ба мерос гузоштааст. Ин девон, ки фарогири такрибан дах хазор байт мебошад, заминаи мусоидеро барои арзи вучуд кардани назми фалсафии Озарбойчон фарохам овард ва хамчунин макому неруи забони озариро дар риштаи адабиёт ба таври айёнй нишон дод. Уро, ахли илму адаб ва фарханги Озарбойчон хамчун бунёдгузори машхури адабиёти хуруфия ва офарандаи мактаби бузурги адабй низ муаррифй менамоянд.
Дар баробари ин ашъори бо забони форсй-точикй эчод намудаи шоир низ хеле маъруфанд. Аз ин ру, ба эътикоди мухаккикон "Имодиддин Насимй дар таърихи робитахои адабии халкхои точику озар макоми махсус дорад ва ин макоми вай чун насими бародарона дар тули асрхо аз сарзамине ба сарзамине мевазад" [5, с. 139].
Ашъори форсй-точикии Наисмй дар мавзуоти ишку мухаббат, вафодорию матонати ошик, зебогию латофати маъшук ва комёбию нокомихои дилдодагон, зебогии чахон ва инсон суруда шуда, муаллиф дар онхо бо истифода аз санъатхои бадей ва мукоисахои таъсирбахши шоирона суханро ба риштаи назм кашидааст: Эй зи сунбул баста руят соябон бар офтоб, Зулфи мушкинат шаби кадр асту руят мохтоб. Масти он чашми хушам, к-аз нотавонй як нафас Дамчу бахти хуфтаам сар бар намедорам зи хоб. То шуд аз шамъи рухаш парвонаи дил бохабар, Даст чун зулфат бар оташ риштаи чонам зи тоб. Чун лаби лаъли ту бозори шакар бишкастааст, Гавхари назми Насимй киммати дурри хушоб.[4, с. 60]
Газалхои Насимй бо лутф ва тобишхои забони шоирона ва вокеияти хиссиёт аз дигар хаммаслакон ва шуарои замонаш фарккунанда аст. Вале, дар баробари ин, аз эчодиёти шоир маълум мегардад, ки у бо осору эчоди мутафаккирони бузурги Шарк -Абуалй ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Доконии Шервонй, Саъдии Шерозй, Чдлолуддини Румй, Шамси Табрезй, Амир Хусрави Дехлавй, Шайх Аттори Нишопурй ва Хоча Дофиз ошной дошта, офаридахои онхоро бо майлу рагбати беандоза мутолиа мекардааст ва аз афкори динй, мазхабй, фалсафиашон таъсир бардошта, дар макотиби эчодию адабии ин бузургон ба камол расидааст. Барои мисол байтеро аз газалиёти Саъдй метавон овард, ки дар он гуфта шудааст: Шаби ошикони бедил чй шаби дароз бошад, Ту биё аз аввали шаб дари субх боз бошад. Насимй ба хамин колаб мегуяд: Шаби кадри бекаророн сари зулфи ёр бошад, Махи иди некбахтон рухи он нигор бошад. [3, с. 36]. Ва ё Дофизи Шерозй фармуда: Зи дар дарою шабистони мо мунаввар кун,
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
Давои мачлиси рухониён муаттар кун.
Имоддудин Насимй ба хамин мазмуну дар хамин колаб мегуяд:
Сарои дидаи ашё ба нури худ мунаввар кун,
Машоми кудсиён мушкин, чахонро пур зи анбар кун. [3, с. 37].
Саид Имоддудин Насимй шефтаю чонибдори мазхаби Мансури Даллоч буда, аз он мадху ситоиш ва эхтиром менамояд. Датто дар баъзан мавридхо аз Даллоч дида, часуронатар суханронию баромадхо мекунад. Тибки гуфтахои Атоуллохи Тадайюн "Насимй аз шефтагони мактаби Дусайн Мансури Даллоч буду сарохати лахчаро ба кавли Дамид Мухаммадзода, ки девонашро чоп кардааст, ба чое мерасонад ва сирри Аналхакро он кадар фош мегуяд, ки аз Мансур низ мегузарад ва ба кавли шоир, агар Мансур зинда буд, аз сари таксири вай намегузашту ба хунаш фатво медод!
Гар аналхакхои моро бишнавад Мансури маст,
Дам ба хуни мо дихад фатвову хам дор оварад." [3, с. 38].
Аз Насимй ба мо ду девони ашъор - яке бо забони озарй ва дигаре бо забони форсй мерос мондааст. Дамчунин, дар эчодиёти Имодаддин Насимй байтхои пароканда бо забони арабй низ дида мешавад, ки, чунонки таъкид шуд, ишора ба сохиби девони арабй будани шоир мебошад.
Дар адабиёти асримиёнагии Озарбойчон эчодиёти Имодуддин Насимй мавкеи муайян дошт. Давраи зиндагй ва чахонбинии шоир ба нихоят мураккаби зиддифеодалию лашкаркашихои мутулхо рост омада, у дар чунин мухит хамчун шахсият ва шоир ташаккул ёфтааст. Дар пайи асари ин хучумхо, хусусан хамлахои берахмона ва пай дар пайи амир Темур ва чонишинонаш кишвархои Ховарзамин дар холи вайрона карор дошт. Сархадхои давлатхои мустакили хурд охиста-охиста аз байн мерафтанд. Табакаи ранчбари чомеа чун хамеша зери фишор карор дошт. Ч,инси одамй дар он замон арзиши худро аз даст дода, шахрхои обод ба вайроназор табдил меёфт. Шахри Шимохии Озарбойчон низ мисли дигар марказхои маданию фархангии сарзамини Шарк бар асари тохтутоз ва торочгарихои мутулхо боиси харобихои зиёд гардида буд. Вале бо вучуди хамаи он бедодгарихо, ин шахр хамчун маркази фархангии кишвар бокй монд. Еояхои чараёнхои динию мазхабй, хусусан маслаки хуруфй дар он замон мафкураю эхсосоти мардумро пурра фаро гирифта буд. Пеш аз зухури хуруфия дар Шарк чараёнхои дигари тасаввуф низ ривоч ёфта буданд, ки ба эчодиёти шоирону мутафаккирони он замон, хусусан Насимй таъсири назаррас расониданд.
Дар асрхои миёна, пас аз чараёни тасаввуф яке аз шохахои маъруфи он "хуруфия" дар Озарбойчон ривоч ёфт. Ин равия хамчун чараёни динй ва фалсафй дар асрхои XlV-XV зухур карда, дар минтакахои гуногуни давлатхои мусалмоннишин, хусусан Озарбойчону Эрон, Туркияву Осиёи Марказй тавассути пайравонаш доман афрохт. "Маслаки номбурда чун як чараёни бидъатй бар хилофи шариати исломи расмй буд ва намояндагони он доимо ба рукну арзишхои исломй зиддият зохир менамуданд. Мухаккикон ин чараёнро аз чихати шаклу маънй (дар мисоли адои намозу руза, хаччу закот ва монанди ин дигар рукнхои исломи расмй) ба маслаки исмоилия монанд менамоянд" [4, с. 6].
Дуруфиён Худоро дар намуди одам тасвир мекарданд, яъне тибки таълимоти ин маслак Худо ин худи Инсон аст. Аз хамин сабаб, пайравони дигар дину оинхо онхоро кофир номида, бар зиддашон муборизахо мебурданд. "Инсони тартибнамудаи хуруфиён хамон вакт хушбахт мегардад, ки дар худ Худоро бинад, яъне инсонро ба манзалати худой бардоштан саодати заминй ва идеали ичтимоии хуруфиён будааст" [1. с. 144]. Дар натичаи ин, дар холи ба миён омадани хунрезихо ва бо сабабхои сиёсию таъсиррасонии дигар мазхабхо, ривочёбии маслаки "хуруфия" ба таври назаррас суст мегардад. Вале ба хама зиддият ва шиканчахо нигох накарда, ин чараён, кидар асоси таълимоти пантеизм ба вучуд омада буд, дар асрхои XIV-XV илму адаб ва фархангу афкори бадеии Озарбойчонро дар хаде фаро гирифта буд, ки бе назардошти таъсири он адабиёти асримиёнагии ин кишварро дарк кардан тайриимкон аст.
Асосгузори чараёни хуруфия Фазлуллох Наимии Астарободй (1339-1394) буда, у аз худ асархои назмию насрии зиёде ба ёдгор гузоштааст. Мазмун ва мундаричаи эчодиёти Наимии Астарободй мавзуъхои динй-фалсафй ва бадей-фалсафиро фаро мегиранд. Асархои аз у то ба мо расида "Мухаббатнома", "Аршнома", "Ч,овиднома", "Васиятнома" ва девони ашъори лирикй мебошанд, ки асосан бо забони форсй ва хамзамон бо забонхои арабию гургонй эчод шудаанд. Девони ашъори Наимии Астарободй шеърхоеро фаро мегирад, ки хам мавзуъхои дунявй ва хам динй-мазхабй доранд. Шеърхои мазмуни дунявй доштаи шоир баёнгари зиндагии одии инсонхо ва вокеияти харруза мебошанд.
Тавре ки дар боло зикр намудем, Насимй шогирди Наимии Астарободй буда, вокеан хам яке аз намояндагони барчастаи чараёни хуруфия мебошад. Чдраёнхои тасаввуф, аз чумла хуруфия аз сарнавишти таърихй, фалсафй ва адабии сарзамини Шарк чудонопазиранд. Махз хамин фалсафаи тасаввуфй Насимиро ба майдони сухани бадеъ ва баёни каломи озод овард. Дуруфия бошад, диккати шоирро ба хаёти ичтимоию сиёсии чомеа чалб намуд. Вале, мутааасифона, дилбастагии шоир ба ин оину ин маслак уро билохира ба коми марг бурд. Махз бо хамин сабаб шоирро дар таърихи адабиёту фалсафаи чахонй намояндаи барчаста ва чонсупурдаи чараёни хуруфия ном мебаранд.
Осори Насимй, дар нигохи аввал, бехтарину барчастатарин мавзуоти шеъри ошиконаи замонашро барои хонанда пеши назар меорад, аммо вакте амикан ба ин ашъор таваччух намоем, маълум мегардад, ки он эхсосот на ишки заминй, балки мухаббати поку хосаи пуршур ва музтарибкунандаи рухонист. Ин ишку ситоишхоро шоир тарики корбурди мохиронаи санъатхои шеърй ва зери таъсири чараёни хуруфия чунон устодона ба риштаи назм кашидааст, ки мафхуми онро хонанда на хамавакт ба осонй дарк мекунад:
Агар гуям, ки мехру мах зи рухсорат хаё бошад,
Агар гуям, ки инсонй, маро шарм аз Худо бошад.
Малакро нест ин сурат, ки то нисбат кунам уро,
Камоли хусну зебой бад-ин сон хам туро бошад...
Висолат нест он ганче, ки бар бегона бикшояд,
Ки онро хосил аст ин дур, ки бо бахр ошно бошад.
Нишон пурсидам аз дилбар дили гумгаштаро гуфто:
Ба чуз аз банди гесуям дили ошик кучо бошад...
Насимй бо ту шуд якдил, кафо зад хар ду оламро,
Касе к-у рамзи Дак донад, ду олам дар кафо бошад. [4, с. 77]
Ашъори марбут ба мавзуоти динй-мазхабии шоир асосан таргибгари маслаки хуруфист, зеро онхо махз дар зери таъсири хамин чараёни динй ва фалсафй эчод шудаанд. Омезиши тимсолхоишоирона ва афкори фалсафй, устувории вазну кофия ва хушохангй яке хусусиятхои хоси рубоию газалиёти ин мутафаккири бузург мебошад.
Чй тавре ки дар боло иброз доштем, пайравони чараёни хуруфия Инсонро ба мартабахои нихоят боло мебардошт ва таъкид месохт, ки Инсон ин худи Худост. Насимй низ хамин акидаро пайравй карда, дар эчодиёташ Инсонро хамчун офаридаи пурарзиши Парвардигор ва ганчинаи хакикии чахон васф намудааст. Ба ибораи дигаринсон, аклу маънавиёт ва олами зебоии у асоси офаридахои шоир аст. Насимй Инсонро бо Худо мукоиса менамояд ва кушиш месозад, ки Худоро бо симои инсонхо дар замин нишон дихад. Дар маркази ашъори шоир Худою Инсон мавкеи хоса дошта, у таъкид месозад, ки Худо инсонро бо нури худаш мунаввар месозад ва дар нихоят руху акли Инсон ба Худо наздик мешавад. Дамин матлаб мабдаи асосии чахонбинии шоир буда, оназ тасаввуф, дини Ислом ва дигар динхою чараёнхо, ки асоси пантеистй доранд, маншаъ мегирад.
Насимй тахти таъсири пантеизм мафхуми ягонагии оламро пеш аз хама ба олами гирду атроф ва Инсон нисбат медихад:
Толиби тавхидро бояд кадам бар ло задан,
Баъд аз он дар олами вахдат дам аз олло задан.
Шарти аввал дар тарики маърифат донй, ки чист?
Тарх кардан харду оламрову пушти по задан. [4, с. 94]
Имодаддин Насимй дар эчодиёти худ танхо таълимоти чараёни хуруфияро истифода бурдааст. Аз ин ру шоир нерую чахонбинй ва донишу малакаи Инсонро беохир ва оламшумул бахогузорй менамояд. Яъне хамин донишу хирад аст, ки шаъну шарафи инсониятро боло бардошта дар замираш хисси худшиносиро зинда гардонидааст ва дар нихоят уро ба шинохти Дак мерасонад.
Дорои сифатхои худой будани Инсонро шоир бо он шарх медихад, ки дар хастии у, яъне Инсон, тамоми куввату кудрати худовандиро мушохида кардан мумкин аст. Бо хамин сабаб Насимй иброз медорад, ки Худо дар тамоми ашёву хастии олам тачассум ёфтааст:
Ман ба тавфики Худо рах ба Худо ёфтаам,
Фонй аз худ шудаву рах ба Худо ёфтаам.
Дар шифохонаи Рухал-кудс аз дасти Масех,
Хурдаам шарбати шофиву шифо ёфтаам.
Агар аз Каъба ба бутхона равам айб макун,
Ки Худоро ба хакикат хама чо ёфтаам. [4, с. 101]
Бо чунин акидахои худ Саид Имодаддин Насимй чун дигар пайравони чараёни хуруфия, ки дар эчодиёташон бар мукобили рукну фарзияхои исломи назариявй баромад намудаанд, аз чониби хукуматдорони замон, ахли суннат ва зохидону такводорон зери фишору шиканча карор гирифт. Шоирро намояндагони дигар оину мазхабхо "зиндик" ва "кофир" номбурда, харфхои носазоро нисбаташ раво мебинанд. У ба он бадгуихо тоб наоварда, пас аз аз катли устодаш Наимии Астарободй, тарки ватан мекунад ва бокимондаи умри худро дар мусофират, дар кишвархои Эрону Туркиё, Ирок ва Сурия мегузаронад. Дар ин сафархояш низ Насимй ба таври густурда тояхои маслаки хуруфияро ташвику тартиб намуда, чонибдорону мухолифони зиёде пайдо месозад. Хусусан дар шахри Далаби Сурия у пайравони зиёде пайдо кард. Дустону хаводони шоир дар кучаву бозор ва махфилу чамъомадхо аз ашъори у дар мавзуоти хаёту хушихои умр, инсондустию фурутанй кироату замзама менамуданд. Бо хамин сабаб бадхохон ва душманони шоир дар хаккаш тухмату бадгуихо карда, дар назди хокими Миср Султон Муайяд уро хамчун беимону зиндик муаррифй кардан ва билохира ба марги фочиавй махкумаш сохтанд.Докими Миср - Султон Муайяд, чноки каблан таъкид гардид,зинда ба зинда пуст кандани шоирро амр мекунад. Катли Насимй тахминан дар соли 1417дар шахри Далаб ба таври вахшиёна, яъне бо тарики зинда ба зинда пуст кандан, амалй мегардад. "Тухмати асосй алайхи Насимй ин буд, ки у ашхоси нодону гумрохро аз рох бурдаву дар гирди хеш чамъ карда, ба нашри акоиди занодика пардохтааст" [3, с. 41].
Хулоса, Саид Имодиддин Насимй хамчун як шоири озодфикри замонаш дар ашъори худ ба хираду заковати инсон боварй доштани худро иброз дошта, тамоми хаёт бар зидди чохилию беадолатихои замон бо сухан ва иродаи комил мубориза бурдааст. Ашъори Насимй дар тамоми Ховарзамин машхуру кобили кабул буда, ба забонхои гуногуни дунё тарчума гардидааст. Боиси зикр аст, ки осори ин нобитаи машрикзамин ба фонди тиллоии адабиёти чахонй шомил буда, офаридахои у имрузхо мавриди омузишу тахкикоти адабиётшиносону файласуфон ва забоншиносон карор дорад.
Шоир ва адиби нотакрори озар, сохиби "Девони форсй" Имодиддин Насимй, хамчун устоди баркамоли сухан ва хакиму файласуфи абадзинда миёни халкхои форсизабон шухрати хоса дорад. У хамчун як мутафаккири бузург бо офаридани "Девони форсй"-и худ бори дигар исбот намудааст, ки вокеан хам робитахои адабию дустию халкхои точику озар ногусастанй буда, таърихи кадима доранд.
АДАБИЁТ
1. Восеъ, К. Ойини риндй ё маслаки Дофиз.- Душанбе: Ирфон, 1991.-192 с.
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
2. Гулшани адаб. Ч,илди 2.-Душанбе: Ирфон, 1975. \
3. Насимй Имомиддин Сайид Алй. Боги чашм (дафтаре аз газалу рубоиёт). Тахия, тадвин ва мукаддима аз Исфандиёр. - Душанбе: Ирфон, 2006. - 112 с.
4. Насимй. Девон. Тахия ва тахкики бурбон Восеъ ва Рухшона Восеъ.- Душанбе: Эр-граф, 2019.- 252 с.
5. Самад, В. Насими ашъори Насимй// "Садои Шарк", 1973, №10.
6. Сафо, З. Таърихи адабиёти Эрон. Ч,илди 2.- Душанбе, 2003.-318 с.
7. Дабиббейлй Исо. Шоире, ки андар чахон нагунчид// "Адаб", 2019, №2.
DOI 10.24412/2709-1201-2024-405-408
QiPCAQ TURKCaSiNDa Z9RFiN XUSUSiYY9TL9Ri УЭ AZaRBAYCAN DiLiNiN §iMAL DiALEKTLaRiNa TaSiRi