Научная статья на тему 'АФКОРИ ДОНИШМАНДОНИ ҶАҲОНӢ ДАР БОРАИ ОСОРИ ИБНИ СИНО (АВИТСЕННА)'

АФКОРИ ДОНИШМАНДОНИ ҶАҲОНӢ ДАР БОРАИ ОСОРИ ИБНИ СИНО (АВИТСЕННА) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ҳикмат / фалсафа / нафс / машшоия / макон / замон ва тиб / назарҳо / ташакуллёби

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Комилов Д. Р., Қаноатова Г. И.

Дар мақолаи мазкур оид ба афкори донишмандони ҷаҳонӣ дар бораи осори Ибни Сино бахшида шудааст. Муаллифон оид мақоми иҷтимоии афкори донишмандони ҷаҳонӣ дар бораи осори Ибни Сино ва ахлоқи инфиродӣ баён карда, муаллиф бар он назар аст, ки муҳимтарин ва пурарзиштарин осори Ибни Сино аз нигоҳи донишмандони ҷаҳонӣ маълумот дода шудааст. Ибни Сино дар осорҳои худ таълимот оид ба хусусиятҳои ҷавҳари аҷсом, ҳаракат, макон, қадами олам, маърифат ва шаклҳову анвои онро амиқу ҳамаҷониба таҳқиқ намудааст. Бояд ёдовар шуд, ки Ибни Сино дар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи худ муайян кардааст, ки ҷаҳонбинии ӯ ба сӯи бисёр андешӣ дарак медиҳад. Муаллиф бар он назар аст, ки Ибни Сино ҳангоми тарҳрезии таълимоти худ дар бораи нафс ва тан низ бештар ба Арасту моил будааст. Муаллиф кушиш бар он дорад, ки ҳадафҳои асоси тақиқотро оид ба назарҳои Ибни Сино дар бораи сиёсат ва ҳуқуқ муайян намояд. Международный научный журнал «ВЕСТНИК НАУКИ» № 12 (81) Том 3. ДЕКАБРЬ 2024 г. ________________________________________________________________________________

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «АФКОРИ ДОНИШМАНДОНИ ҶАҲОНӢ ДАР БОРАИ ОСОРИ ИБНИ СИНО (АВИТСЕННА)»

УДК 1

Комилов Д.Р.

номзади илмхои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитахои байнифархангии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи Сотим Улугзода (Душанбе, Точикистон)

^аноатова Г.И.

номзади илмхои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва робитахои байнифархангии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи Сотим Улугзода (Душанбе, Точикистон)

АФКОРИ ДОНИШМАНДОНИ Ч,АХ,ОНЙ ДАР БОРАИ ОСОРИ ИБНИ СИНО (АВИТСЕННА)

Аннотация: дар мацолаи мазкур оид ба афкори донишмандони ца%они дар бораи осори Ибни Сино бахшида шудааст. Муаллифон оид мацоми ицтимоии афкори донишмандони ца%они дар бораи осори Ибни Сино ва ахлоци инфироди баён карда, муаллиф бар он назар аст, ки му%имтарин ва пурарзиштарин осори Ибни Сино аз ниго%и донишмандони ца%они маълумот дода шудааст. Ибни Сино дар осор%ои худ таълимот оид ба хусусият%ои цав%ари ацсом, %аракат, макон, цадами олам, маърифат ва шакл%ову анвои онро амицу %амацониба тащиц намудааст. Бояд ёдовар шуд, ки Ибни Сино дар асоси тащицоти анцомдодаи худ муайян кардааст, ки ца%онбинии у ба суи бисёр андеши дарак медщад. Муаллиф бар он назар аст, ки Ибни Сино %ангоми тар%резии таълимоти худ дар бораи нафс ва тан низ бештар ба Арасту моил будааст. Муаллиф кушиш бар он дорад, ки %адаф%ои асоси тацицотро оид ба назар%ои Ибни Сино дар бораи сиёсат ва %уцуц муайян намояд.

2170

Ключевые слова: уикмат, фалсафа, нафс, машшоия, макон, замон ва тиб, назаруо, ташакуллёби.

Соли 1980, дар ичлосияи бистуми конфронси умумии ЮНЕСКО хизматхои бузурги олими барчаста, доират-ул-маорифи асри миёнагии точик Абуалй ибни Синоро дар инкишофи илму тамаддуни чахонй ба назар дошта, ба тамоми кишвархои узви ин созмон пешниход кард, ки 1000-солагии ин марди хирад ва намояндаи маъруфи илму тиббу фалсафа ва фарханги чахониро бо тамоми шукуху вачохат тачлил намоянд. Зеро бо шарофати кудрати тафаккури фалсафй ва тааммуки фикрй, дар инкишофи минбаъдаи сохахои мухталифи илмхои фалсафй, нучум, геологй, тиббй, ичтимой, адабй, табий, забоншиносй, мусикй ва сахми багоят калоне бозидааст.

Мохи ноябри соли 1951, Шурои Умумичахонии Сулх дар чаласаи солиёнаи худ дар шахри Вена, кароре кабул карда буд, ки дар он ба манзури тавсеаи равобити фархангй ва тахкими сулх тавсия дода шуда буд, ки барои чанд нафар аз ашхоси фарханги чахон ба монанди Леонардо Давинчи, Виктор Гюго, Е.В.Гогол ва аз чумла барои Ибни Сино ба муносибати хазораи таваллуди у дар соли 1952 (мутобики солшумории хичрии камарй маросими тачлил ва ёдбуде барои шавад. Дар мурочиатномаи раиси ин Шуро Фредирик Жолио Кюри гуфта шуда буд: «Мо халкхо ва хамаи одамонро даъват менамоем, ки чашни табрикии он шахсонеро якчоя барпо намоянд, ки онхо ба шарофати ахамияти асархояшон мансуби тамоми инсоният мебошанд».

Дар хамон сол, кумитаи байналмилалй чихати чашн гирифтани хазорсолагии Ибни Сино иборат аз 44 нафар донишмандони маъруфи 24 кишвари чахон таъсис дода шуда буд. Дар паёми ин кумитаи байналмилалй, ки хамаи он 44 донишмандони чахон имзо карда буданд, гуфта шуда аст:

«Ба хангоми хазораи Ибни Сино, ки дар пеш аст, мо ба унвони намояндагони фарханги кишвархо ва акоиди мухталиф, равшанфикрони тамоми чахонро даъват мекунем, ки сахми бузургеро, ки Ибни Сино ба василаи

2171

осораш, ки мояи хакшиносии чомеаи башарият дар тавсеаи фарханги чахонй доштааст бахотир оваранд.

Чехраи фархангии Ибни Сино пуршукух ва пур аз фавоиди гаронбахои фархангй аст. Нуфузи у дар мардуми кишвархои исломй ва кишвархои урупой ва дар дунёи муосир, ки вориси тамаддуни азими гузашта мебошанд, ба кадре зиёд аст, ки моро барои интишори паёме ба манзури адои эхтиром ва такрими шоистаи у ба шакли муштарак ва умумй бармеангезад». Зарурат ба ёдоварист, ки раиси ин кумитаи байнанмилалиро яке аз машхуртарин шаркшиносони чахон ва донишмандони бузурги машрикзамин Саид Нафисй ба ухда доштанд.

Кабл аз он, ки рочеъ ба сахму накши Абалй ин «намунаи аълои инсони чахонии куруни вусто» дар фарханги умумибашарй таваккуф намоем, хамин нуктаро хатман бояд тазаккур дод, ки чахонбинй умуман ва хосатан акидахои фалсафй ва илмй табиии ин родмарди ягонаи давр на дар заминаи хушку холй, балки дар асоси хеле мустахкам ва инкишофёфтаи фарханги маънавии гузашта ва замони худи мутафаккир, дар Мовароуннахр ва Хуросон, ки вокеан хамон замон конуни илму фарханг ва тамаддуни башарй ба хисоб мерафт, ташаккул ёфта буд.

Абусаид Чузчонй шогирди донишманди Ибни Сино дар шархи холаш навишта, ки Амир Алоуддавла шабхои чумъа мачлису мунозарае аз олимон ба хузури Ибни Сино фарохам карда буд, ки "Шайх дар миёни донишмандон чунон буд, ки касе дар дониш дар баробари у тоб намеовард". "Хдргиз надидам, ки чун бар китоби тозае менигарад. Дар саросари он бингарад, балки бар чойхои душвори он менигарист, то бубинад гирдоваранда ончи гуфта, бадин андоза донишу фахмиш бар у равшан мешавад". Ва боз пеш меомад мулокоти Абумансурро бо Ибни Сино дар хузури Амир Алоуддавла ва изхори Абумансур ба Ибни Сино, ки ту хакими олимакомй, аммо дар лугатдонй комил нестй, ки Ибни Сино ранчид. Се сол бо истеъдоду хофизааш кушиш намуд се касида ва се китоби лугатро навишт. Бо Алоуддавла созиш намуд. Маънеи онхо изхори ачз намуд ва Ибни Сино ба у кумаку рохнамой кард. Абумансур ба фаросату

2172

дарёфт, ки инкор заминасозии Ибни Сино буда, аз у ба хотири суханони аввалин чаласаи мулокоташ маъзарат хост.

Дар аввали асри ХП-и мелодй китобхои "^онун ва Шифои" Ибни Сино ба забони лотинй мундаричан ба забонхои дигар аврупой тарчума шуд. То асри XVII мелодй мавриди мутолиъа ва таълиму тадрис буда, попхо аз онхо махсусан аз мантику фалсафааш тамчид кардаанд. Аз пизишкии китоби конунаш барои муоличаи беморон худ истифода намудаанд. Чандин карн хукм ин буд, ки харки бихохад пизишк бошад бояд синошинос бошад.

Ибни Туфайли Андалусй дар китоби "Асрор - ул - хикмат" ва рисолаи "Х,айи якзон" менависад. "Ибни Сино дар китобхои хоста аст, ки назариёти афкори Арасту муассиси хикмати машшоиро барои донишчуёни хикмату мантик ба бехтарин тарзе ташрех кунад, бо инхол боз дар китоби фалсафаи машрики Ибни Сино чизхое омодааст, ки дар китобхои Арасту нест" [7, 137].

Ибни Сино номае ба Бахманёр, ки яке аз шогирдони донишмандаш буд, ки "Китобе тасниф кардаам ва онро инсоф ном гузоридам. Дар ин китоб уламоро ба ду кисмат магрибин ва машрикин таксим карда, машрикин бо магрибин дар макоми муориза баромаданд, то чое, ки хусумати мухаккик гардида, онгох инсофро пеш овардам" Магрибин яъне, тарафдорони Арасту ва хокими юнон, ки ахли магриб заминанд. Ва машрикин яъне, ки китоби инсоф дар хамлаи Масъуд писари Султон Махмуди Газнавй ва Абусахли Х,амдавй ба Исфахон дар соли 425 горат хазонахои Алоуддавла, ки Ибни Сино дар назди у буд. Китобхои Ибни Сино хам ба горат рафт. Шайх ба онки ба Бахманёр навишта буд, ки ду бора мисли онро хохад навишт. Аммо марг фурсаташ надод. Китоби Инсоф шомили хазорхо масъала дар бист чилд будааст.

Китоби Мубохисоти Ибни Сино шомили чавоб саволхое аст, ки Бахманёр ва Абумансур ду нафар аз донишмандон, ки аз шогирдони Ибни Сино буданд. Аз вай ва назорати афкори фалсафй шахсии худро дар он чавобхо навиштааст. Байхакй дар китоби "Татима савон ал хикмат" менависад, ки китоби Мубохисоти ховй мушкилоти печида ва мухими мантикй фалсафй аст, ки фахму дарки он бисёр мушкил аст.

2173

Ибни Сино бо истеъдоди хуб дар хама риштахои дониши инсонй ва мантику фалсафаи юнонию Искандарй, Гарбию Шаркй ихота ва тасаллут комил дошт. Дар хамаи китобхо номхои худ тозае оварда, махсусан дар мукаддимаи китоби "Х,икмат ул машрикия", ки мантик ул машрикайн ном дошта менависад. "Иллат барои навиштани ин китоб он аст, ки бархе аз донишчуёну хонандагон китобхои юнонихо китобхое ман ки барои гайри мухаккикин пайравони мактаби машшоъи Арасту таълиф кардам, тасаввур кардаанд, ки Худованд касеро дар фалсафа чуз ба суи юнонихо рохбарй намекунад. Ч,уз аз тарики фалсафа эшон рахматаш ба онхо намерасад". Хушбахтона кисмати кисмати мантич ул машрикайн баъд аз горати хонаи Ибни Сино дар хамлаи Султон Масъуди Газнавй бокимонда дар он Ибни Сино акидаи хоси худро навишта истиклолу фикри назариёти хешро ироа дода сабт карда, ки фалсафаву мантик ва илмхои юнониён нест. Дигарон хам кудрати изхори назариёти фалсафй ва мантикиро доранд, боз дар хамон мукаддима Ибни Сино навишт, ки "Мо гирифтори касоне хастем, ки фахм надоранд". Агар дар миёнашон касеро, ки рушди медошт меёфтем. Ончи бар момухаккик шуда буд, ба у медодем. Бо вучуди мавридхои зикршуда Арнест Ренон донишманди фаронсавй дар китоби худ бо номи Ибни Рушд ва фалсафаи у Ибни Синоро мукаллиди Арасту номида яъне, файласуф намо навишт.

Хушбахтона устоди Донишгохи Азхари Миср, Мустафо Абдураззок дар китоби худ ба номи "Тамхид лит торихи фалсафа" назари Арнест Ренонро рад кардаанд. Бо ин шева гуфтааст, ки "Оё касе хаст, ки гумон кунад акле чун акли Ибни Сино масоили наве дар фалсафа ворид накарда ва факат мукаллиди Арасту бошад" [8, 178].

Дар хакикат бояд гуфт, ки сарчашмаи аввалини назарй ва табиии фалсафаи Абуалй Ибни Сино бешубха хикмати антикии Юнону Рум ба хисоб меравад. Боиси таъкид аст, ки мероси фархангии Юнони бостон, хануз то давраи пахншавии ислом дар Шарки наздику Миёна густариши васеъ ёфта буд. Х,ануз аз ибтидои асри У1 сар карда асархои олимон ва файласуфони Юнони кадим Пифагор, Афлотун, Арасту, Эпикур ва гай рахо дар марказхои илмию

2174

фарханй ин Нисибин ва Гундишопури давлати сосонихо ба забони суриёнй ва пахлавй мавриди тарчума карор гирифта буданд. Чунон, ки маълум аст, императори Рум Юстиниан дар Афина Академияро баста буд, муаллимону шогирдон ва дилбохтагони он мачбур шуданд барои худ панохгох чуянд. Ин панохгохро онхо дар давлати сосонихо дар дарбори Хусрави Анушервон пайдо карданд. Хусрав ба онхо ичозат дод, ки хамон тавре мехоханд, ба монанди Академияи Александрия, дар Гундишопур Академияи навро таъсис намоянд.

Академияи Гундишопур дорои се факулта: тиббй бо шифохонаи алохида, нучум бо расадхона ва риёзй буд. Академия дар муддати дурудароз маркази илмй-табиии давлати Сосонихо ба шумор мерафт. Аз ин мактаб зумраи донишмандони тиб ва фалсафа ба воя расиданд.

Х,амин тавр, то пахншавии ислом ва ташкил ёфтани хилофат бисёр асархои фалсафй, тиббй, риёзй ва соири илмхои табиии аллакай ба забонхои пахлавию суриёнй ва оромй тарчума шуда буданд. Ба ин забонхо тарчума шудани он осори фархангй дар замони хилофат ба забони арабй тарчума шудани онхоро хеле осон мекард. Дар ин амал фаъолияти Х,орун-ар-рашид (786-804) ва писари вай Маъмунро (813- 830) махсусан кайд кардан лозим аст. Дар давраи хилофати Х,орун-ар-рашид, маркази илмии «Байтул-хикма» дар Багдод ба фаъолият огоз намуда буд. Дар замони хукмронии Маъмун, махсусан баъд аз он ки вай соли 819 аз Марв ба Багдод омад, барои боз хам ривоч додани фаъолияти «Байт-ул-хикма» ё «Дор-ул-хикма» ва инчунин баъзан бо номи «Хазинатул-хикма» ёд мешавад, кушиш мекунад.

Сахми Ибни Сино дар пешбурди ин сохахои хеле мухими донишхои башарй багоят бузург аст. Ба кавли Сайид Мухаммад Машкут«... Ибни Сино, ки гуи сабкатро аз хамкорони хеш рабуда ва дар фалсафа ва тибй хидматхои бузурге анчом додааст, назди хар кавм ва хар миллат ба хамон дарача, ки бо дониш ва тамаддун ошной доранд, шухрат ва эхтиром дорад». Дар хакикат осори тиббии вай хулоса ва чамъбасти дастовардхои антика ва асархои миёна мебошанд. Дар асари 5-чилдаи доиратулмаорифи вай «Ал-конун фй тибб» тамоми донишхои то асри XI андухтаи мероси тибби форсии кадим, Юнони

2175

бостон, Рими кадим, арабй, хиндй, чинй, тибетй, осори олимони Осиёи миёна ва соири олимони тиб чамь карда шудаанд». Кобили кайд аст, ки аз байни мутафаккирони Шарки наздики асрхои миёна, ки аврупоиён шинос шудаанд. Ибни Сино макоми хосе дорад. Аллакай дар охирхои асри ХП Герард аз Кремон (1114-1187) нахустин тарчимаи «Ал-конун фи тибб»-ро дар нимаи дуюми асри XII ба забогш лотинй анчом дод. То ин вакг рисолаи «Калбия» ба забони лотинй тарчума шуда буд. Ба шарофати ин тарчима, ахли Аврупо бо комёбии тиббии халкхои шарк шинос шуданд. Ин тарчима, бешубха ба инкишо- фи илми тибби мардуми аврупо таъсири хеле зиёде расонд. Бехуда нест, ки яке аз чумлаи нахустин кигобе, ки дар Аврупо баъди пайдо шудани мошинхои чопй нашр гардид, ин дар соли 1473 ба табъ расидани «Ал-Конун» буд. Дар муддати начандон зиёд, на бешгар аз 20-30 сол, ин китоб 15 бор ба чоп расид. Рочеъ ба он ки «Ал-Конун»-и Ибни Сино дар чи макоми баланде карор гирифта буд, аз руи далели зерин хулоса баровардан мумкин аст. Дар маълумотномаи тиббии Итолиё, ки дар асри XV ба табъ расида буд, номи Авитсена бештар аз 3000 бор во мехурад. Ч,ихати мукоиса бояд илова карда шавад, ки иоми бонуфузтарин до- нишманди антика Гиппократ 140 маротиба икгибос шудааст.

Аз чумлаи аввалин тарчумонхои осори Абуалй ба забонхои авропой, пеш аз хама ба лотинй ба гайр аз Герард метавон аз Михаил Скот (ваф.1235) ва Беренгари Валенй (ваф.1113) ёд кард. Зеро хар дуи онхо аз чумлаи он тарчумонхои асархои Ибни Сино буданд, ки сафашон хар чй бештар меафзуд. Дар ибтидои асри XV! бошад, дар Итолиё Андреа Алпаго (ваф.1520), бо тааммуки назар ба тарчимаи асархои Абуалй мепардозад. Осори Шайхурраис ва дигар мутафаккирони шарк, дар Болоне, Монпеле, Париж, Оксфорд ва соири марказхои илмии аврупо, дар асри XII мавриди омузиш карор мегиранд. Аз байни тарчумонхо, ки осори Ибни Синоро ба лотинй тарчима кардаанд, хатман бояд аз Доминго Гундисалво ёд кард, ки сарварии мактаби тарчумонии Толедоро ба ухда дошт. «Ин мактаб «Байт-ул-хикма»-ро, ки халифахои аббосй дар Багдод таъсис карда буданд, ба ёд меорад».

2176

Гундисалво, дар баробари асархои Киндй, Форобй ва рисолахои «Ихвон-ус-сафо», китоби «Шифо» ва як ду рисолаи Абуалиро ба забони лотинй тарчума намудааст. Ногуфта намонад, ки дар тарчумаи асархои Ибни Сино, сахми Иоанн Авендетх (ё, ки Ибни Довуд) хеле калон аст. Вай рисолаи «Саргузашт»-и Абуалиро, ки шогирдаш Абу Убайдуллохи Чузчонй навишта буд ба забони лотинй тарчима намуда буд. Ба калами вай тарчимаи кисмати аввали «Шифо», шархи «Исогучй» -и кисмати мантик, «Равоншиносй» дар бораи растанихо ва кисмати зиёди физика тааллук дорад. Ибни Довуд, хам дар алохидагй ва хам хамрохи дигар рисолахои хурди Ибни Синоро тарчима кардаанд. Кобили зикр аст, ки баъдтар «Илохиёт», «Ра- воншиносй» ва кисматхои дигари «Шифо», инчунин «Китоб-ун-начот» низ тарчума шуданд.

Кайд кардан чоиз аст, ки на танхо «ал-Конун», балки асархои дигари у ба монанди «Китоб-ут-шифо», «Китоб-ун-начот», «Урчуза фи тибб» ва гайрахо борхо ба забонхои немисй, франсавй, англисй, лотинй, итолиёй тарчима ва тафсир шудаанд. «ал-Конун» дар сохаи тибб, зиёда аз шаш карн барои табибони Европа китоби асосии дарсй ва руимизй ба хисоб мерафт. Х,ануз дар асри ХУ1 дар Европа зиёда аз 15000 нусхаи асархои вай нашр гардида буданд.

Тарчумахои осори чй тиббй ва чй фалсафии Ибни Сино дар сартосари Аврупо бо рухбаландии том истикбол шуданд. Вакте, ки он дастхатхо, саранчом пеш аз хама дар Страсбург ва Венесия ба табъ расиданд, бо теъдоди зиёд пахн гашганд. Кисмате аз он асархо алохида ва киемати дигарашон, якчоя бо асархои Форобй ва Киндй нашр гардидаанд. Як катор сарчашмахо, аз он шаходат медиханд, ки ин асархо дар марказхои мухталифи илмии Аврупо ба таври васеъ истифода мешуданд.

Ба ин маънй ишора карда А.В.Сагадеев навишта буд, ки хануз дар олами Гарб аз карни XII сар карда аз байни осори илмй-фалсафй ва фархангии Ибни Сино, ки ба инкишоф ва пешравии илмхои аврупой таъсири бевосита расонидаанд, асархои илмй-табии у ва пеш аз хама «Ал- Конун фи тибб» мебошад. Аз хама бештар, чихати таълимоти афлотунияи чадиди фалсафаи Абуалй, таваччухи олимон ва файласуфони Гарбро ба худ чалб намуда буд, дар

2177

натича чараёне ба вучуд, омад, ки баъзан онро «августиании авитсенишуда» ном мебурданд. Ибтидои ин таълимотро «архиепископ» Телеади Иоанн (карни XII) дар рисолаи «Рочеъ ба рух» гузошта буд. Дар асри XIII таъсири Сино дар Вилгелми Оверни, Франсисканхои универси- тети Париж Александр Галский, Жана Деля Рошел, Бона- вентур (ваф.1274) инчунин дар Франсисканхои англис - Роберт Гроссетест, Ч,он Пекам дида мешавад. Таваччухи Александр Галскиро пеш аз хама равоншиносии Абуалй ба худ чалб намуда буд.

Баъди тарчума шудани кисмати бештари китоби «Шифо», ки тамоми илохиёт ва фаслхои аввали мантикро дар бар мегирифт, мавкеи Ибни Синоро рочеъ ба мавчудияти мафхумхои омузиш карор гирифт.

Нисбат ба дигар мутафаккирони асрхои миёна, ба ахволу осори Абуалй, Рочер Бэкон (1294) бештар ва бехтар шинос буд. Вай Ибни Синоро «доии файласуфон», номида буд. Ба монанди Шайхурраис Бэкон чунин мехисобад, ки акли фаъол чудо аз рух вучуд дорад. Бэкон аз Ибни Сино назарияи рушноии нурро гирифта, табиати биной ва ходисаи тирукамонро тавассути он шарх медод. Гайр аз ин, Бэкон аз вай боз ончиро, ки дар бораи анатомия ва кори чашми одам ва пайдоиши образхо дар чашм, инчунин бисёр чизхоро аз риёзиёт кабул карда буд. Эхтироми хеле баланди вай нисбат ба Абуалй дар хамин буд.

Ин таъсир дар фалсафаи яхудия хосатан дар таълимоти Моисей Маимунид (1135-1204) ва дар таълимоти пантеистии Спиноза дида мешавад. Тавре Афнан менависад, Алберт аз хамаи мутафаккирони мусулмон бештар ба талимоти Абуалй шинос буда, дар тамоми асархои худ, аз вай бо шавку завк ва мамнуният ёд мекунад. Вай аввалин бор мантики арабиро дар «Мантики мактабй», дохил карда буд ва он, мохиятан мантики Авитсена буд.

Таълимоти фалсафии Абуалй, низ дар ташаккули афкори намояндаи машхури дигари асримиёнагй Скот (ваф.1308) накши басо мухимме гузошта, дар системаи чахонбинии вай вокеан хам нуктаи гардиш ба хисоб меравад. Таъсири акидахои Ибни Сино, ба Вилям Оккам (ваф.1349), ки дар аввалхо шогирд ва пай рави Дунс Скот буд, низ хеле калон аст. Ин таъсир пеш аз хама дар мантик, илохиёт ва равоншиносй дида мешавад.

2178

Ба кавли Афнан таъсири Шайхурраис дар Аврупои Гарбй ба давраи огози эхё махдуд намешавад. Маълум аст, ки баъдтар фалсафа тамоман ба мачрои дигар тараккй кардан гирифт ва нуфузи илмхои тачрибавй иклими эчодиёти фикриро ба куллй тагйир доданд. Ба хар хол, хар гох мутафаккирони асримиёнагии худ нигох мекарданд, наметавонистанд афкори часуронаи Абуалй Сино ва усулхои ачоиби тахкикии вайро нодида гузаранд. Дар он гуфта шудааст. «... Ибни Сино пешрави аз зумраи мутафаккирон аст, ки дар тули чандин карн пурсамартарин афкори солимро сарфи назар аз мулохизоти дину нажод ва тоифаю таассуб дар хама чо коштаанд... Дар саросари даврони куруни вусто осори фалсафй ва пизишкии Ибни Сино бузургтарин нуфузхоро дар чомеахои илмии аврупо ба чо гузоштааст ва дар эчоди афкор ва улуми навин таъсири фаровон дошта аст. У неруи бемонанди хеш, далеронаашро барои тахкикот ва пирузихо ва кашфиёташро якчо дар ихтиёри истифодаи тамоми мардум ва тамоми чомеаи башарй карор додааст».

Хамин тарик, сахми Абуалй Ибни Сино дар тавсеа ва рушди фарханги чахонй нишон медихад, ки вокеан ин фарзанди фарзонаи халки точик аз айёми зиндагиаш то замони хозир чй дар Шарку чй дар Гарб аз зумраи хакимон ва яке аз табибони бузургтарини чахонй ба хисоб меравад.

СПИСОК ЛИТЕРАТУРЫ:

1. Мухаммад Газзолй. Макосид - ул - фалсафа., Тахофат - ул - фалсафа., Мунказ - мин - залола/ М. Газзолй. [1, 6, 56, 144]

2. Фахри Розй. Ишороти Ибни Сино/ Ф. Розй. [2, 20]

3. Шахоби Сухравардй. [3, 46]

4. Ибни Х,ичри Аклонй. Лисон-ул- мизон/ X,. Аклонй. [4, 87]

5. Абуалй Мискавайхй. [5, 130]

6. Абулхасани Байхакй. Татима савон ал хикмат. А. Байхакй. [6, 75]

7. Ибни Туфайли Андалусй. Асрор - ул - хикмат., Хайи якзон/ Т Андалусй. [7, 137]

8. Мустафо Абдураззок. Тамхид лит торихи фалсафа. М. Абдураззок. [8, 178]

2179

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.