Научная статья на тему 'ДОИР БА МАНБАИ ДОНИШҲОИ ФИЗИКИИ ОЛАМИ ИСЛОМ ДАР АСРҲОИ МИЁНА'

ДОИР БА МАНБАИ ДОНИШҲОИ ФИЗИКИИ ОЛАМИ ИСЛОМ ДАР АСРҲОИ МИЁНА Текст научной статьи по специальности «Естественные и точные науки»

CC BY
1
2
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
олами ислом / Бохтар / Сугд / Хоразм / физика / табии риёз ӣ / тиб / риёзиёт / астрономия / фалсафа / ҷуғрофиё ва таърихнигорӣ.

Аннотация научной статьи по естественным и точным наукам, автор научной работы — Комилӣ Абдулҳай Шарифзода, Саломов Муҳаммад Алимуродович

Дар олами исломи асримиёнаги нафакат физика балки илмњои риёзиву табиатшиноси асоссан бар мабнои осори донишмандони Юнони Ќадим ва Рими Ќадим ташаккул ёфтаанд. Бояд гуфт, ки албатта таъсири осори донишмандони Суриёни, Њинди ва мардумони Буммии Эронинажодњам кам набуданд. Аммо равия ва таснифи донишхои аќли дар асоси раддабандии донишмандони замони антиќа ва эллимисти ташаккул ёфтааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ДОИР БА МАНБАИ ДОНИШҲОИ ФИЗИКИИ ОЛАМИ ИСЛОМ ДАР АСРҲОИ МИЁНА»

DOI 10.24412/2709-1201-2024-449-451 УДК 930.25(575.3)

ДОИР БА МАНБАИ ДОНИШХОИ ФИЗИКИИ ОЛАМИ ИСЛОМ ДАР

АСРХ,ОИ МИЁНА

КОМИЛЙ АБДУЛХДЙ ШАРИФЗОДА

Профессори кафедраи физикаи умумй ва назариявии Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Бохтар, Точикистон

САЛОМОВ МУХДММАД АЛИМУРОДОВИЧ

Ассистенти кафедраи физикаи назариявии Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй, Душанбе, Точикистон

Аннотатсия: Дар олами исломи асримиёнаги нафакат физика балки илмх,ои риёзиву табиатшиноси асоссан бар мабнои осори донишмандони Юнони Кадим ва Рими Кадим ташаккул ёфтаанд. Бояд гуфт, ки албатта таъсири осори донишмандони Суриёни, Хинди ва мардумони Буммии Эронинажодх,ам кам набуданд. Аммо равия в а таснифи донишхои акди дар асоси раддабандии донишмандони замони антика ва эллимисти ташаккул ёфтааст.

Калидвожао: олами ислом, Бохтар, Сугд, Хоразм, физика, табии риёзи, тиб, риёзиёт, астрономия, фалсафа, цугрофиёва таърихнигорй.

Баъд аз он, ки маркази илмию фархангй аз кишвархои Шарки Бостонй Ба Юнони ^адим интикол ёфт, муттафакирони юнонй ва баъдан румй дар инкишофи донишхои риёзиву табий сахми босазо гузоштаанд. Сахми донишмандони замони антика ва эллинистй аз такони бузурги илмй др асрхои миёнаи олами ислом буд.

Чи тавре, ки маълум аст, пайдоиши таълимоти атомгароён бо номи Левкипп (асри V п.а.м.) ва Демокрит (460-380 п.а.м.), махсусан физикдонон бо таълимоти Арасту (Аристотель, 384-322), Аршимидиус (Архимед, 287-212) ва пайравони онхо ба маркази илмии донишмандони асримиёнагии олами ислом накши босазо гузоштаанд.

Манбаи асосии донишхои риёзиву табиии олами исломи асримиёнагй пеш ва беш аз хама осори донишмандони Юнони Вадиму Рими ^адим ба шумор меравад. Албатта, аввалин кори донишмандони маркази илмии "Байт-ул-хикма" дар Багдод, ки маъруфтарин маркази илмии исломй каламдол мешавад, аз тарчумаи осори илмй аз забонхои юнонй, сурёнй, пахлавй ва хиндй иборат буд.

Баъд аз мавчудияти зиёда аз 900-солаи худ Академияи Афлотун соли 529 аз чониби императори Византия Юстиниан (483-565) баста шуд ва донишмандони он асосан ба Эрон фирор карданд. Албатта, ба гайр аз Академияи Афлотун дар шахри Афина, инчунин маркази илмии маъруф дар шахри Искандария, ки холо дар худуди Чумхурии Мисри араб вокеъ аст, бо номи "Маркази илмии Искандария" низ вучуд дошт, ки дар ташаккули донишхои донишмандони олами ислом накши муассир дорад.

Соли 271 дар сарзамини чануби Эрон, дар наздикии шахри кунунии Хузистон -Шопури I шахре бунёд кард, ки дар таърих бо номи Академияи Гундишопур ва маркази зехнии Сосониён маъруф аст. Бояд гуфт, ки ин академияро дар адабиёти таърихй ба таври гуногун меноманд: «Гундишопур», «Гандишопур», «Чундишопур» ва «Чандишопур». Албатта, ду вожаи охир шакли арабзадаи дуи аввал аст, зеро дар забони арабй ба чои харфи "г" - гохе "ч" ва гохе "f" навишта ва хонда мешавад. Ва ду вожаи аввал шакли тахрифи вожаи «Канди Шопур» аст. Ва ин чй маъно дорад? Вожаи «канд» аз забони суFдй гирифта шуда, маънояш «чой», «шахр», «кишвар» ва «макон» мебошад. Ин аз он гувохй медихад, ки хатто дар он рузхо таъсири унсурхои фарханги кишвархои Осиёи Марказй дар Эрон мушохида мешудааст, балки ва на танхо хама чиз аз Эрон ба Осиёи Миёна кучидааст.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Давраи Сосониён яке аз мархалахои мухимми рушди тиб, риёзиёт, астрономия, фалсафа, чугрофиё ва таърихнигорй махсуб мешавад. Ин академия - бузургтарин маркази илмии он замон ба хисоб мерафт, аз дигар кишвархо ва давлатхо барои гирифтани дониш ба ин чо меомаданд. Дар ин академия, ки дар он вакт ахамияти байналхалкй дошт, бештар тиб, астрономия, таърих ва адабиёт дар авчи рушд буданд.

Мачмааи Академияи кандишопур мактаби тиббй, беморхона («бимаристон»), лабораторияи фармакологии тарчумаи матнхои тиббй, инчунин китобхона ва расадхонаро дар бар мегирифт. Дар замони Хусрави I ва Бузургмехр бисёре аз уламои мактабхои мухталифи мазхабхои мухталиф дар Академияи кандишопур панох ёфта буданд [2; 3].

Дар даврони Ашкониён ва Сосониён таквимхои кадимй бо номи рузу моххо зикр шудаанд. Дар бораи инкишофи илмхои он замон, махсусан астрономия дар худуди Бохтар, Сугд, Хоразм далелхои таърихй шаходат медиханд. Бар асоси таквими сугдй, ки дар кухи Муг ёфт шудааст, метавон вазъи астрономияи ин минтакаро дар он замон арзёбй кард. Мумкин аст, ки таквим дар дигар каламравхо, аз кабили Бохтар, Тохористон ва Хоразм низ истифода мешуд. Абурайхони Берунй бобхои алохидаи асари машхури худ «Осар-ул-бокия» («Ёдгорихо мондагор»)-ро ба унсурхои илму маданияти Хоразм бахшидааст [1].

Намояндагони Академияи Кандишопур, сарфи назар аз акидахои динии муаллифонашон ба маъхазхои гуногуни илмй таваччух доштанд. Ин ба хакикати маълум мувофик аст, ки илм сархад надорад, миллат надорад ва арзиши умумибашарй аст. Мисоли барчаста ин кушиши шох Анушервон (531-579) барои аз хиндухо гирифтани китоби махфии онхо «Ч,овидонии хаёт» ё «Панчтантра» мебошад, ки бо номи «Калила ва Димна» маъруф аст.

Барзуя ном донишманд бо фармони шох Хусрави I (Анушервон) ба шарофати сифатхои дипломатии худ ба ин асар дастрасй пайдо кард ва тавонист онро дубора нависад. Сипас нусхаи ин асарро ба Академияи кандишопур бурданд ва дар он чо ба пахлавй ва дигар забонхо тарчума карданд. Х,амин тавр, асрори тибби кадими Х,индустон дастраси олимони бисёр мамлакатхои Шарку Гарб гардид.

Дар давраи охирини мавчудияти Академияи Кандишопур номгуи дорухо, ба туфайли дар ин чо ташкил карда шудани маркази илмй, хеле васеъ пахн гардид. Ин нишон медихад, ки дар фаъолияти Академия масъалахои фармакология ва химияи фармасевтй аз самтхои афзалиятноки корхои илмй-тадкикотй буданд.

Ч,олиби диккат аст, ки дар даромадгохи асосии академия чунин шиор навишта шуда буд: «Дониш ва хирад аз шамшер тавонотар аст». Дар ин чо коллективи байналхалкии олимон чамъ шуда буданд, ки дар он чо тамаркузи афкори илмй, сарфи назар аз ватани олимон ба амал омад. Ин гурухи олимон на танхо ба пажухишхои густурдаи илмй, балки ба тарчумаи дастовардхои илмхои табиатшиносии Х,индустон, Сурия ва Юнони ^адим ба забони форсии миёна низ машгул буданд. Академияи кандишопур беш аз сесад сол фаъолият кард ва эстафета соли 832 ба академияи дигаре бо номи "Байт-ул-хикма" ("Хонаи хирад") дар Багдод супурда шуд.

Баъди таъсиси Хилофати Араб дар асри IX халифа Абулаббос Абдуллох ибни Х,орун, маъруф ба ал-Маъмун (786-833) дар яке аз калонтарин марказхои илмии худуди худ, дар Багдод академияи нодири «Байтул-хикма» - («-^^ .у^»)-ро таъсис дод.

Х,амин тавр, дар давраи хукмронии халифаи Аббосй - ал-Маъмун бархе аз донишмандон ба монанади Абутойиб Синд Алй, Юхани ибни Юсуф ибни Х,орис ва яке аз устодони Абурайхони Берунй Ахмад ибни Фазли Бухорой, ки дар «Байт-ул-хикма"-и Багдод фаъолияти илмй доштанд, ба масъалаи муайян кардани вазни хоси чисмхо машгул буданд.

Рушди илм дар мачмуъ ва алалхусус илмхои риёзиву табий (математика ва физика) дар мактаби илмии Багдод аз тарчумаи осори олимони кадим, инчунин хиндувону суриягихо огоз шудааст.

Дар натичаи фаъолияти тарчумай ва тахлили амик ва тафсири густурдаи осори муаллифони Дунёи ^адим олимони олами исломи асримиёнагй дар рушди минбаъдаи илм, бахусус табиатшиносй сахми арзанда гузоштанд.

1. Бируни Абу Райхан. Избранные произведения. Т. 1: Памятники минувших поколений. Ташкент: Изд-во АН УзССР, 1957.

2. Комили А.Ш., Рахмонов Х.О., Максадов Х.И. Состояние научной и технической мысли у предков таджикского народа в период У1-УШ вв. (Гундишапурская академия) // Вестник ТНУ, 2013, № 3/2 (108). - С. 67-77.

3. Луконин В.Г. Культура сасанидского Ирана. М., 1969. - 244 с.

АДАБИЁТ:

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.