УДК 34 С6 ББК 67.99 (2)91(Т)
ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРАТУРАМ ҶШС ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (1941-1945)
ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ПРОКУРАТУРЫ ТАДЖИКСКОЙ ССР В ГОДЫ ВЕЛИКОЙ ОТЕЧЕСТВЕННОЙ ВОЙНЫ (1941-1945 ГГ.)
THE BASIC STREAMLINES OF THE ACTIVITY OF THE SSR TAJIKISTAN PROCURATOR S OFFICE IN THE YEARS OF THE GREAT PATRIOTIC WAR (1941-1945)
Муҳаммадиев Изатулло Сайфуллоевич,
прокурори шаҳри Исфараи вилояти Сугд, мушовири адлияи дараҷаи якум, номзади илмҳои таърих (Тоҷикистон, ш. Исфара)
Мухаммадиев Изатулло Сайфуллоевич,
прокурор города Исфары Согдийской области, советник юстиции первой степени, кандидат исторических наук.
(Таджикистан, г. Исфара)
Mukhammadiyev Izatullo Sayfulloyevich,
prosecutor of Isfara town of Sughd viloyat, justice councilor of the first degree, candidate of juridical sciences (Tajikistan, Isfara, Sughd viloyat)
E-MAIL: 201612@mail.ru
Ключевые слова: прокуратура, Великая Отечественная война, инвалиды войны, законность и провопорядок, надзор за соблюдением законов, социальная защита, интересы семей военнослужащих
Целью настоящей статьи является раскрытие основных направлений деятельности прокуратуры Таджикистана в суровые годы Великой Отечественной войны (1941-1945 гг.). Изучение неиследованнных страниц деятельности органов прокуратуры в годы войны имеет большое значение для исторической и прововой науки. Статья написана на основе разнохарактерных источников. Автором объёмно раскрыты проблемы общенадзорной деятельности органов прокуратуры по соблюдению законности и правопорядка в условиях военного времени, о привлечении к уголовной ответственности лиц, нарушивших закон. В статье особое внимание уделено защите прав семей военнослужащих, социальной защите женщин и детей, сирот, инвалидов войны, участников боевых действий, эвакуированных лиц и др. Даётся пояснение государственной политики в сфере прокурорского надзора.
Key words: procurator's office, the Great Patriotic War, invalids of war, crime, legitimateness and law order, surveillance over observance of laws, social protection, interests of servicemen's families
The article is aimed at a disclosure of basic streamlines of the activity of the procurator’s office of Tajikistan in the severe years of the Great Patriotic War (1941-1945). The study of the
- 11 -
Муҳаммадиев И.С. Фаъолияти прокуратураи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани (19411945)
unexplored pages of the activities of procurator S office bodies in the years of war is of great importance for historical and juridical sciences. The article is written on the basis of the sources of diverse character. The author disclosed voluminously the problems of procurator's office bodies concerned with the activity of general surveillance the observance of legitimateness and law order under war time conditions and over institution of criminal proceedings against law-breakers. Special attention is paid to advocacy of the rights of servicemen’s families, social protection of women, children, orphans, invalids of war, participants of war actions, evacuated persons and etc. The author gives explanatory commentaries to state policy relating to the sphere of prosecutor’s surveillance.
Дар шароити вазнини Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 вазифаҳои прокуратура хеле афзуд, чунки қонунвайронкунӣ ва нақзи тартиботу амният хавфу хатари махсус дошт. Кормандони прокуратура назоратро ба иҷрои қонунҳои замони ҷанг, ки ба ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, интизоми меҳнат, ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо, ҳифзи моликияти халқу давлат, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона гашта буд, таъмин намуда, тамоми фикру зикрашонро ба манфиати фронт ва торумори фашизм нигаронида буданд. Барои галаба бар душман барқарор кардани тартиботи қатъӣ ва интизоми оҳанин ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ зарур буд.[10, с. 17-18]
Дар давраи ҷанг назорати риояи қонунҳо аз тарафи прокурорҳои ҳудудӣ (шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо) ва прокуратураҳои ҳарбӣ ба амал бароварда мешуд. Прокуратураи ҳарбӣ иҷрои дақиқи қонунҳоро дар сохторҳои қувваҳои мусаллаҳ назорат мекард.
Мақомоти прокуратура дар шароити ҷанг бо фармондеҳии ҳарбӣ, мақомоти маҳаллӣ ва ҳизбӣ робита ва ҳамкории зич дошта, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти мардум ва назорати қонунҳоеро, ки ин дар шароити ҷанг аҳамияти муҳим доштанд, таъмин намуданд. Прокурорҳо ва муфаттишон барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, риояи интизоми давлатӣ ва меҳнат, ҳифзи моликият корҳои зиёдро анҷом дода, бар зидди ҷинояткорон ва қонуншиканӣ муборизаи беамон бурданд, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз намуданд.
Вазифаи асосии мақомоти прокуратура дар шароити ҷанг аз он иборат буд, ки бо фармондеҳии ҳарбӣ ва ҳокимияти ҳарбӣ доир ба масъалаҳои истифодаи қувва ва воситаҳои маҳаллӣ ба эҳтиёҷи ҳарбӣ ва ҳимояи мамлакат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ ҳамкории пурра дошта бошанд. Ҳамзамон мақомоти прокуратураро лозим буд, ки назорати қатъии иҷрои дақиқ ва бечуну чарои қонунҳоеро, ки ин дар шароити ҷанг аҳамияти махсусан муҳим доштанд, таъмин намоянд.[8, с. 25]
Дар рӯзҳои аввали ҷанг, саҳеҳтараш 25-уми июни соли 1941 фармони Прокурори СССР «Дар бораи риояи дақиқи қонунҳо дар шароити замони ҷанг» баромад [8, с. 25]. Дар фармон зикр шудааст: дар ҷойҳое, ки ҳолати ҷангӣ эълон гаштааст, ба фармондеҳии ҳарбӣ дар татбиқи чорабиниҳои дар Фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶТТТС, аз 22-юми июни соли 1941 «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» пешбинӣ шуда, оид ба ҷалб намудани аҳолӣ ба меҳнату боркашонии ҳатмӣ, мусодираи воситаҳои нақлиёт ва амволи дигари корхонаю ташкилот ва шаҳрвандони алоҳида мусоидати комил ба роҳ монда шавад. Муқаррар кардани назорати доимӣ аз болои иҷроиши қонунҳои
- 12 -
Mukhammadiyev I. S. The Basic Streamlines of the Activity of the Tajik Procurator's Office in the Years of the Great Patriotic War (1941-1945)
амалкунанда ва қарорҳои ҳукумат дар бораи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ, ба ҷавобгарии қатъӣ ҷалб намудани шахсони мансабдор ва шаҳрвандони алоҳидае, ки қонунҳои мазкурро вайрон мекунанд [8, с.25], ҳаматарафа пурқувват кардани мубориза барои мустаҳкам кардани интизоми давлатӣ ва меҳнатӣ дар саноат, ҳамчунин саривақт ва пурра иҷро шудани супоришҳои ҳарбӣ аз тарафи корхонаҳои саноатӣ мақсадҳои асосӣ ба ҳисоб мерафтанд[8, с. 25; 13, с. 35].
Татбиқи фармони мазкур дар тамоми қаламрави ИҶШС ҳатмӣ буд ва про-курорҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар амалӣ шудани он саъю кӯшиш менамуданд. Барои таъмини иҷрои фармони мазкур прокурори вилояти Ленинобод ду фармон нашр кард. Фармони № 1/СС аз 8-уми июли соли 1941, «Дар бораи назорати қатъӣ аз болои иҷрои дақиқи қонунҳо дар шароити замони ҷанг» ва фармони № 190/ С аз 9-уми июли соли 1941, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Прокуророн бояд ҳамаи чорабиниҳои сафарбаркуниро таъмин намоянд ва ба сафарбарӣ омода бошанд, ба холӣ мондани дастгоҳи прокуратураи шахру ноҳиявӣ роҳ надиҳанд, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд, фавран рухсатии меҳнатии кормандонро қатъ карда, таъҷилан кормандонро аз рухсатӣ бозхонанд. Пешниҳод кард, ки барои фаъолияти зиддисоветӣ унсурҳои зиддиинқилобӣ, фирориёни ҳарбӣ, шахсони аз иҷрои варақаи сафарбарӣ саркашӣ карда, ба сафарбаркунии воситаҳои нақлиёт халалрасонанда, ашхоси байни аҳолӣ овозаҳои бардурӯг ва воҳима андозанда, ҳифзи объектҳои муҳимро таъмин накарда... ҳанноту авбошҳо ба ҷавобгарии қатъии ҷиноятӣ кашида шаванд» [12, с.36].
Бо назардошти вазифаҳои гузошташуда ва шароити замони ҷанг дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ прокуратура тамоми қувваю нерӯи худро барои мустаҳкам намудани ақибгоҳ, таъмини назорати иҷрои қонунҳои замони ҷанг, ҳифзи амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва интизоми меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои ҳарбиён ва оилаҳои онҳо, ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ равона кард [10, с. 17-18]. Бо назардошти аҳамияти бузурги сиёсии кори ҷобаҷонамоии муҳоҷирон ва таъмини онҳо бо ҷойи кору манзил, мақомоти прокуратура иҷрои пурра ва бечунучарои талаботи қарорҳои ҳукумати Иттиҳоди Шӯравиро оид ба муҳоҷирон зери назорати қатъӣ гирифтанд. Прокурорҳо дар маҳалҳо бо ашхоси ваколатдори Шӯроҳо оид ба муҳоҷират робита барқарор мекарданд ва ҳамзамон ба гайр аз расонидани ёрӣ дар кори онҳо, амалигардонии чорабиниҳои пешбининамудаи Ҳукумати иттифоқӣ ва ташкилотҳои маҳаллии ҳизбию шӯравиро оид ба ҷобаҷокунӣ ва бо кор таъминкунии муҳоҷирон таҳти назорат мегирифтанд.
Прокурорҳо ҳолати маскун кардан ва бо кор таъмин намудани муҳоҷиронро санҷида, дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар назди Кумитаҳои иҷроия масъала мегузоштанд. Ташкили қабули муҳоҷиронро дар навоҳию вилоятҳо месанҷиданд, тадбирҳо меандешиданд, ки муҳоҷирони ба деҳот ва шаҳр омада дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шаванд [16, 56].
Оилаи ҷанговарон мунтазам кӯмакпулии давлатӣ ва нафақа мегирифтанд, ба онҳо имтиёзҳои гуногун оид ба андоз, таъминот бо маҳсулоти кишоварзӣ ва манзил пешниҳод мегардид. Ҳамчунин фарзандони онҳо дар муассисаҳои таълимии миёнаю олӣ бо таҳсили бепул фаро гирифта мешуданд. Ғамхорӣ нисбат ба ҳомиёни Ватан ва маҷрӯҳони ҷанг дар галабаи бузурги Артиши Сурх дар майдонҳои набарди Ҷанги Ватанӣ нақши муҳим бозид. 15 августи соли 1941 ШКХ ҶТТТС, Тоҷикистон таҳти № 834 қарори махсус қабул намуд, ки мувофиқи он Кумитаи иҷроияи меҳнаткашон
- 13 -
Муҳаммадиев И.С. Фаъолияти прокуратураи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани (19411945)
ӯҳдадор шудааст, ки ба оилаи ҳарбиён кӯмаки ҳаматарафа расонад [11, 245]. Бо огози муҳоҷират теъдоди аҳолии шаҳрҳои минтақаҳои шарқии мамлакат меафзуд. Вобаста ба ин талаботи васеъ намудани фонди манзили истиқоматӣ, хизматрасонии моддию маишӣ ба миён омада буд.
Мақомоти прокуратура ба санҷиши таъсис ва фаъолияти комиссияҳо оид ба расонидани кӯмак ба оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, сари вақт дида баромадани аризаи хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо, муҳоҷирон таваҷҷӯҳи зарурӣ дода, барои бартараф намудани камбудиҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон мунтазам чораҳо меандешид. Ҳангоми санҷиши қарори Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилоятҳои Ленинобод ва Кӯлоб оид ба додани кӯмакпулии давлатӣ ба оилаҳои мазкур муайян карда шуд, ки қарорҳои Шӯроҳои вилоятҳои мазкур сари вақт амалӣ нагардидааст, зеро бо айби мушовирон суратҷаласаҳои Шӯро дар ин бора ба расмият дароварда нашудаанд. Дар натиҷа 10 оилаи ҳарбиён дар мӯҳлати беш аз 2 моҳ ната-вонистанд кӯмакпулии таъиншударо гиранд. Шахсони дар боло номбурдашуда бо талаботи прокуратура ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд [5].
Дар вилоятҳои Сталинобод ва Ғарм далелҳои нодуруст таъин намудани нафақа ва кӯмакпулӣ дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби прокуратура ошкор карда шуданд ва шахсони гунаҳкор, аз ҷумла мудири шӯъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳияи Душанбеи шаҳри Сталинобод М.Н., ки аз вазифаҳои хизматӣ сӯиистеъмол намуда, худро чун маҷрӯҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ карда, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои гирифтани нафақа тартиб дода, бо ҳамин роҳ 2000 рубл нафақа гирифта, аз хазинаи Шӯъбаи иҷтимоӣ 1000 рублро азонихуд намудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд[3].
Тибқи Фармони Прокурори ИҶТТТС аз 3 феврали соли 1942 таҳти № 6/с, ҳамчунин фармонҳои прокурори ҷумҳурӣ ва прокурори вилоят “Дар бораи назорати доимӣ ва қатъии ҳолати иҷрои қонун дар бобати ҳимояи манфиатҳои оилаҳои ҳомиёни ватан” [14, 17] прокуророн вазифадор карда шудаанд, ки дар як моҳ камаш ду бор ҳолати иҷроиши қонунро дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ва нафақа аз ҷониби шӯъбаҳои Кумитаи иҷроия оид ба таъминоти давлатӣ, ҳамчунин беҳтар намудани шароити маишии оилаҳои ҳарбиёнро санҷанд [7,08].
Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон мунтазам ҳолати пардохти кӯмакпулӣ ва нафақа, фиристодани муросилот, интиқоли пул, тӯҳфаҳо, пешниҳоди имтиёз дар пардохти андоз ва ба оилаи ҳарбиёну муҳоҷирон додани маҳсулоти лозимаро мавриди санҷиш қарор медод. Дар ин бобат Фармони махсуси Прокурори ИҶШС аз 15 сентябри соли 1941 “Дар бораи назорати фаъолияти нуқтаҳои қабули тӯҳфа барои ҷанговарони Артиши Сурх” ба тасвиб расида буд [15]. Ба прокуророн супориш шуда буд, ки ба таври қатъӣ назорати фаъолияти нуқтаҳои қабули тӯҳфаҳо барои ҷанговарони Артиши Сурхро ба роҳ гузоранд ва дар мавридҳои зарурӣ барои санҷиши кори ин нуқтаҳо мутахассисони мақомоти Раёсати назоратию тафтишотӣ ва Комиссариати молияро ҷалб намуда, шахсони гунаҳкор оид ба дуздӣ ва азхудкунии тӯҳфаҳои ба фронт пешбинишударо тибқи қонун аз 7 августи соли 1932 ба ҷавобгарӣ кашида, тафтиши ин гуна парвандаҳоро дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ гузаронида, айбдор-кунии давлатиро дар суд таъмин намоянд [6].
Ҳамзамон, дар баъзе ҷойҳо аз сабаби беназоратии ҳокимияти маҳаллӣ, бо баҳонаҳои гуногун баъзе оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва маҷрӯҳони Ҷанги Бузурги
- 14 -
Mukhammadiyev I. S. The Basic Streamlines of the Activity of the Tajik Procurator's Office in the Years of the Great Patriotic War (1941-1945)
Ватанӣ гайриқонунӣ андозбандӣ мешудаанд. Дар вилояти Қӯргонтеппа аз ҷониби мақомоти прокуратура ошкор карда шуд, ки танҳо дар моҳи декабри соли 1944 10 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳуқуқи имтиёз доштанд, мавриди андозбандии кишоварзии гайриқонунӣ қарор гирифтанд.
Дар ноҳияи Комсомолободи вилояти Ғарм ҳодисаи гайриқонунӣ андозбандӣ кардани 5 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ошкор карда шудааст. Бо эътирози прокуророн қарорҳои гайриқонунӣ бекор ва ин оилаҳо аз андозбандӣ озод карда шуданд. Санҷиши аз ҷониби прокуратура гузаронида муайян кард, ки корманди андози Шӯъбаи молияи ноҳия дар шӯрои деҳоти Чилдара К.З. бо мақсади ба даст овардани пули бедардимиён бо роҳи сохтакорона зиёд намудани ҳаҷми андози ҳарбӣ аз 145 хоҷагиҳои колхозӣ, аз ҷумла 18 оилаи маҷрӯҳони ҷанг ва 13 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ ба таври барзиёд 14.000 рубл ситонида, ин маблагро азони худ кардааст. Бо ҳукми суди вилояти Ғарм К.З. аз рӯи қонун аз 7 августи соли 1932 ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум ва молу мулки ӯ мусодира карда шудааст [4]. Аз ҷониби прокуратура барои мунтазам вайрон кардани ҳуқуқҳои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ раиси колхози ба номи Жданови ноҳияи Кӯктош М.Б., сардори бригадаи колхози “Қизил-Қаҳрамон”-и ноҳияи Сталинобод И. ва раиси колхози ноҳияи Роҳатӣ С.А. ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд [4].
Қонунгузории замони ҷанг тибқи тартиби махсус ҳуқуқи манзили хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро ҳимоя мекард. Бо қарори ШКХ ИҶШС аз 5 августи соли 1941 соҳибияти хизматчиёни ҳарбӣ ба манзили истиқоматиашон нигоҳ дошта мешуд, онҳо аз пардохти хонапулӣ озод буданд, аъзои оилаашон бошанд дар пардохти хонапулӣ имтиёзҳо доштанд.
Мақомоти прокуратура ба ҳимояи ҳуқуқи манзил ва масъалаҳои марбут ба таъминоти моддиву маишии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки аз ҳудудҳои аз ҷониби душман муваққатан гасбгардида ба ҷумҳурӣ муҳоҷир шуда буданд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамуд. Санҷиши прокуратураи вилояти Ленинобод оид ба муайян намудани шароити моддиву маишии хизматчиёни ҳарбӣ дар колхозҳо муайян кард, ки 90 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла оилаҳои муҳоҷирон дар ҳолати вазнини моддӣ қарор доштанд, аз ҳеҷ гуна кӯмаки моддӣ бархурдор нагардидаанд. Прокурор ба ин оилаҳо барои расонидани кӯмаки моддӣ чораҳо андешид.
Мақсаднок истифода бурдани маблагҳои ҷамъшуда, галла, маҳсулоти хӯрока ва либосворӣ, саривақт ба фронт ирсол намудани онҳо, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба пардохти кӯмакпулиҳо ва нафақа, баррасии аризаҳо оид ба таъин кардани нафақа ва кӯмакпулӣ зери назорати доимии мақомоти прокуратура қарор доштанд. Мақо-моти прокуратура ҳангоми гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ далелҳои дуздии маблагҳои давлатӣ ва талаву тороҷ намудани маблагу озуқавории дар рафти якмоҳаҳо ҷамъовардаро ошкор намуда, чораҳои зарурӣ меандешиданд. Мансаб-дорони алоҳида ба ҷойи расонидани кӯмак ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ аз вазифаи хизматӣ сӯиистеъмол намуда, маблагҳои ба хизматчиёни ҳарбӣ таъиншударо ба киса мезаданд. Масалан, мудири Шӯъбаи таъминоти давлатӣ ва маишии ноҳияи Уротеппа А. ва мудири анбор Б. беш аз 7 ҳазор кг галларо, ки колхозҳо дар рафти якмоҳаи кӯмак ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ҷамъоварӣ карда буданд, азони худ намуданд.
- 15 -
Муҳаммадиев И.С. Фаъолияти прокуратураи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани (19411945)
Прокуратура шахсони мазкурро боздошт ва тибқи қонун аз 7 августа соли 1932 ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид. Онҳо аз тарафи суд маҳкум карда шудаанд [1].
Прокуратураи Тоҷикистон назорати мунтазами кори прокуратураҳои вилоятҳо ва ноҳияҳоро оид ба масъалаҳои мазкур ба роҳ монда, аз онҳо корҳои фаврӣ ва дақиқро талаб менамуд. Мақомоти прокуратура ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудан, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ аз манотиқи муваққатан аз ҷониби душман ишголшуда муҳоҷират карда, беҳтар намудани кори муассисаҳои тандурустӣ, маориф, хӯроки ҷамъиятӣ, маданию равшаннамоӣ, нуқтаҳои савдо эътибори зарурӣ медоданд. Шахсони гунаҳкор новобаста аз мақом ва вазифа ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд.
Дар охири соли 1944 мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ ҳолати иҷроиши қарори КМ ВКП(б) аз 22 январи соли 1943 ва қарорҳои минбаъдаи КМ ҲК(б) Тоҷикистон ва ШКХ ҶШС Тоҷикистон ва талаботи қонунгузориро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳомиёни Ватан ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар 211 муассиса, корхонаҳо, ташкилотҳо ва Кумитаҳои иҷроияи депутатҳо санҷид. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш ба роҳбарони муассисаву ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 55 пешниҳод ирсол карда, ба қарору фармонҳои гайриқонунӣ 134 эътироз оварда шуд. Барои бемасъулиятӣ ва муносибати хунукназарона ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 15 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва 26 нафар ба ҷавобгарии интизомиву ҳизбӣ кашида шуданд [2].
Прокурори ҶШС Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои санҷиши мазкур ба КМ ҲК(б) Тоҷикистон ва ШКХ ҶТТТС Тоҷикистон ахбор пешниҳод намуд: таваҷҷӯҳи котибони Кумитаҳои ҳизбии вилоятии ҲК(б) Тоҷикистон ва раисони Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ба иҷрои талаботи қарори КМ ВКП(б) аз 22 январи соли 1943 ва қарорҳои минбаъдаи КМ ҲК(б) Тоҷикистон ва ШКХ ҶТТТС Тоҷикистон оид ба иҷрои қонунҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оилаҳои ҳомиёни ватан нигаронида шудаанд, ҷалб карда шуд. Ҳамчунин зарурати рафъи камбудиҳои ошкор гардида таъкид карда шуд.
Бояд зикр намуд, аз огози ҷанг таъминоти иҷтимоии шахсоне, ки бевосита ба таъмин намудани қобилияти мудофиавии кишвар сарукор доштанд, ба мадди аввал баромада буд. Оилаи ҳарбиёни дар фронтбуда мунтазам кӯмакпулӣ ва нафақа гирифта, ба онҳо дар супоридани андоз ва таъминот бо маҳсулоти кишоварзӣ имтиёзҳо дода мешуданд, фарзандони онҳо дар макотиби таълимоти миёна ва олӣ бепул таҳсил мекарданд. Ҳамчунин оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гирифтани манзил низ имтиёз доштанд. Лекин ба сабаби бемасъулиятӣ, беназоратӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, нодуруст муқаррар намудани кӯмакпулию нафақаҳо, сари вақт пешниҳод накардани имтиёзҳо ба оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва маъюбони Ҷанги Ватанӣ, муносибати бюрократона ба эҳтиёҷоти онҳо ҷой доштанд.
Бинобар он ҳимояи манфиатҳои қонунии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо, маъюбони ҷанг ва тархисиён аз артиш самти муҳимми фаъолияти мақомоти прокуратура маҳсуб мегардид. Прокуратураи Тоҷикистон мунтазам пардохти кӯмакпулӣ ва нафақа, пешниҳоди имтиёзҳоро оид ба супоридани андоз, бо маҳсулот таъмин намудани оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва тархисиён, сари вақт фиристодани
- 16 -
Mukhammadiyev I. S. The Basic Streamlines of the Activity of the Tajik Procurator's Office in the Years of the Great Patriotic War (1941-1945)
муросилот, интиқоли пул, қуттиҳои армугонӣ, тӯҳфаҳо ва ҳаллу фасли шикоятҳои шаҳрвандони тархисиро дар мӯҳлати муқарраргашта мавриди санҷиш қарор медод. Фаъолияти прокуратура ва чораҳои андешида ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, худсарӣ, бемасъулиятӣ аз ҷониби баъзе мақомот ва мансабдорон ва таъмини ҳимояи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, маъюбони ҷанг ва шаҳрвандони тархисӣ мусоидат мекард.
Калидвожаҳо: Прокуратура, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ҷанг, назорати риояи қонунҳо, тартиботи ҳуқукӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, манфиатҳои ҳуқуқии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ
Пайнавишт:
1. Ахбори прокурори райони Ура-теппа Ирмухамедов барои квартали 2 соли 1945 // БД ВС(Бойгонии давлатии вилояти Сугд). - Фонди Р. 30. - Номгӯи 1. - Парвандаи 82. -Варақи 7.
2. Ахбороти прокурори ЦШС Тоҷикистон аз 27 январи 1945 г. № 381 ба КМ ПК(б) Тоҷикистон ва ШКХ ҶШС Тоҷикистон. // БМД ЦТ(Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон). - Ф.329. - Н. 20. - П. 77. - ВВ. 6-18.
3. БД ВС. - Ф. Р. 30. - Н. 1. - П. 87. - В. 45.
4. БМД ҶТ. - Ф.329. -Н.20. -П. 77. -В..87-89
5. БМД ЦТ. - Ф. 329. -Н. 20. - П. 29. - ВВ. 113-117.
6. БМД ЦТ. -Ф.329. -Н.20. -П. 30. -В. 76
7. Мактуби прокурори вилоят М.Холматов ба прокурори нохияи Исфара Ирмухамедов аз 16.01.1944 с. № 7-12-исх. //Бойгонии прокуратураи ш. Исфара.- соли 1944.- Цузъгир (Папка) барои маводҳои воридшаванда № 2. - С. 08.
8. Приказ Прокурора СССР «О точном соблюдении законов в условиях военного времени» от 25 июня 1941 г. за № 57/с. // Бойгонии прокуратураи ш. Исфара.- соли 1941.- Цузъгир (Папка) барои маводҳои воридшаванда № 1.- С.25
9. Сборник постановлений пленума Верховного Суда СССР 1924-1979гг. - М., 1970.
10. Строгое соблюдение законности - предмет постоянной и неустанной заботы Коммунистической партии / Советская прокуратура. История и современность. -М.: Юрид. лит., 1977.
11. Тоатов Х., Юлдошев Р. Хатлон дар масири таърих. -Хуҷанд-2006.
12. Фармони прокурори вилояти Ленинобод аз 9-уми июли соли 1941 бо № 190/с // Бойгонии прокуратураи ш. Исфара.- Цузъгир барои маводҳои ворид-да № 2.- С.36
13. Фармони прокурори вилояти Ленинободи ЦШСТ аз 8-уми июли соли 1941 «Дар бораи назорат аз болои аниқ иҷро шудани қонунҳо дар шароити замони ҷанг» № 1/СС // Бойгонии прокуратураи ш. Исфара.- Цузъгир барои маводҳои ворид-да № 2.- С.35
14. Приказ Прокурора СССР «О постоянном надзоре за неуклонным выполнением законов охраняющих интересы семей защитников Родины» аз 3 феврали 1942 с. №6/с. //Бойгонии прокуратураи ш. Исфара.- соли 1942.- Цузъгир барои маводҳои воридшаванда № 1.-С.17
15. Приказ Прокурора СССР от 15 сентября 1941 г., № 1201 “О надзоре за деятельностью пунктов по приему подарков для бойцов Красной Армии"//БМД ЦТ. -Ф.329. -Н.20. -П.30. -В. 76
16. Приказ Прокурора СССР от 22 ноября 1941г. №110/с // Бойгонии прокуратураи ш. Исфара.- соли 1941.- Цузъгир барои маводҳои воридшаванда № 1.- С.56.
- 17 -
Муҳаммадиев И.С. Фаъолияти прокуратураи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани (19411945)
Reference Literature:
1. Information of Ura-Tyube Nokhiya Prosecutor Irmukhamedov for the 2-nd quarter of 1945. State archive of Sughd viloyat. Fund 30. - Inventory 1. -Case 82. -Sheet 1.
2. Information of the Tajik SSR Prosecutor from January 27 1945 #381 of Tajikistan CP CC and People's Commissars Council (PCC) from January 27, 1945. State archive of Sughd viloyat. -Fund 329. - Inventory 20. Case 77. -Sheets 6-18.
3. Sughd Viloyat State Archive. -FundR.30. -Inventory 1. -Sheet 45.
4. RT CSA (State Central Archive of Tajikistan Republic). -F.329. -1.20. -C.77.-Shs 87-89.
5. RT CSA (State Central Archive of Tajikistan Republic). - F.329. -I.120. -C.29. -Shs 113-117.
6. RT CSA (State Central Archive of Tajikistan Republic). - F. 329. -I. 20. -C.30. -Shs. 76.
7. The Letter of Viloyat Prosecutor M. Kholmatov to Isfara Nokhiya Prosecutor Irmukhamedov from 16.01.1944. -#7-12. Isfara procurator's office archive of 1944. File for entering documents #2. -
p.8.
8. The order of the USSR prosecutor “On Accurate Observance of Laws under the War Time Conditions” from June 25, 1941, #57/p.II Isfara procurator's office archive. 1944. File for entering documents”. -#1. -p.25.
9. Collection of the USSR Supreme Curt Plenum Enactments. -1924-1979.-M., 1970
10. Strict Observance of Legitimateness as a Subject of Constant and Indefatiguable Care of the Communist Party / Soviet Procurator's Office. History and Contemporaneity. -M.: Juridical Literature, 1977.
11. Toatov Kh., YuldoshevR. Khatlon on the Ways of History. -Khujand, 2006.
12. Leninabad Oblast Prosecutor's Order from July 9, 1941, #190. Isfara-town procurator's office archive. File of entering documents #2. -p.36.
13. The Order of the Prosecutor of Leninabad Oblast of the Tajik SSR from July 8, 1941 “On the Surveillance over Accurate Execution of Laws under War Time Conditions” #1 / CC. Isfara - town procurator's office archive. File of entering documents #2. -p.35.
14. The USSR Prosecutor's Order “On Constant Surveillance over Steadfast Execution of the Law Advocating the Interests of Motherland Defenders' Families” from February 3, 1942. -#6/c. Isfara-town procurator's office archive. File for entering documents #1. -p.17.
15. The USSR Prosecutor's Order from September 15, 1941, #1201 “On Surveillance over the Activity of the Units on Reception of Presents for Red Army Warriors” //RT Central Archive. -F.329. -1.20. -C.30. -Sh.76.
16. The USSR Prosecutor's Order from November 22, 1941. #110/c Isfara-town procurator's office archive. File for entering documents #1. - p. 56.
- 18 -