Ҳасанов Ш.Қ. Стандартҳои байналмилалии тарбияи ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ барои воридшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ
ББК 67.401.2 Ш.Қ. ҲАСАНОВ
УДК 34 С 5 Х 24
СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАРБИЯИ ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИ БАРОИ ВОРИДШАВИ БА ИҚТИСОДИ ҶАҲОНИ
Дар заминаи тадқиқу таҳлили тарбия ва густариши ҷаҳонбинии зидди-коррупсионӣ, ҷаҳонбинии иқтисодӣ нақши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалии мубориза бо коррупсия мавқеи хосаро касб мекунанд. Меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ ба монанди санадҳои ҳуқуқии миллӣ аз принсип ва қоидаҳое иборатанд, ки ба танзиму таъмин ва дарёфти риояи ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд. Дар чунин радиф мақоми тарбия дар густариши ҷаҳон-бинии зиддикоррупсионӣ мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки тақрибан тамоми кишварҳои аъзои расмиятҳои байналмилалӣ ё расмиятҳои байналмилалии аз ҷониби онҳо эътирофгашта вобаста ба самту равиш ва алоқамандии он ба тамаддуни ҷаҳонӣ ба комёбию дастовардҳои бузурги қонунгузории миллӣ замина мешаванд. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва ташвиқу таргиби расмиятҳои байналмилалии мубориза бо корруп-сия барои бартараф намудани нуқсонҳои бесаводӣ ва беҳтар намудани сатҳи фарҳанг ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ сабаб мегардад. Ба ҳамин тартиб, дар миёни ҳама манбаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия ситоиш ва фармудаҳои расмиятҳои байналмилалро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Зеро марому мақсади ҳар гуна расмиятҳои байналмилалӣ таъмини озодӣ ва мусовот аст ва дуруст аст, ки «Коррупсия костакунандаи қонуният, адолат, рушди иқтисодиёт, боварии мардум ба давлат ва аз ин лиҳоз боиси ташвишу нигаро-ниҳои ахлоқиву сиёсӣ буда, мубориза бар зидди он талошҳои пайгиронаи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа, истифодаи дастовард ва таҷрибаи байналхалқиро дар ин соҳа талаб мекунад» қайд намудааст Маризо Н.Х. [1].
Зимнан бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ ҳамчун давлати соҳибистиқлол принсипҳои ҳуқуқи байналмилалиро дар со-ҳаи ҳифзи ҳуқуқи башар ҷонибдорӣ менамояд ва ба онҳо содиқ мебошад [2, с.3]. Ҳамчунин ба сифати манбаҳои муҳими тарбияи шахс замина мегардад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, ҷузъи таркибии системаи ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд.Дар сурати номутобиқатии қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои эътирофгардидаи байналмилалии ҳуқуқӣ, меъёрҳои санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд (м. 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарқонун).
Меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ маҷмӯи қавоидест, ба монанди санадҳои ҳуқуқии миллӣ, ки ба танзиму таъмин ва риояи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҳи-
- 26 -
Hasanov Sh. K. International Standards of Anticorruption Actions and their Role in Corruption Level Reduction and Shadow Economy under the Conditions of Globalization
соби таносуби воқеии кафолатҳои давлатӣ ва дар иртибот онҳоро ба якдигар наздик ва мушаххас менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз санадҳои зерини байналмиллалии ҳуқуқиро оид ба соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонид, мавқеи онҳо дар тарбияи инсони комил беназир аст. Аз ҷумла:
- Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1948;
- Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз 16 декабри соли 1966;
- Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз 20 ноябри соли 1989;
- Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми намудҳои табъизи нажодӣ аз 21 декабри соли 1965;
- Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, гайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф аз 10 декабри соли 1984;
- Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз 18 декабри соли 1979.
Дар радифи ин бояд таъкид намуд, ки кишвари соҳибистиқлоли мо аъзои дигар расмиятҳои байналмилалӣ гардидааст, ки дар онҳо усулҳои мубориза бо коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ таҷдиди назар гарди-дааст. Бинобар ин, дар баробари муайян гаштани тарзу усулҳои ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 -2012» махсусан қайд гардидааст, ки проблемаи ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, махсусан коррупсия ва қонунигардонии (авфи) воситаҳои пулӣ айни замон таҳти назорати қатъии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад [3]. Бо дарки ин ҳақиқат, мутазаккирем, ки 22 майи соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ [4]. ҳамчун аъзо ба он ҳамроҳ шуд.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ 15 ноябри соли 2000 бо резолютсияи Ассамблеяи Генералӣ таҳти №55/25 ба тасвиб расидааст. Конвенсия аз 41 модда иборат аст.
Тибқи м. 1 Мақсади асосии ба тасвибрасии Конвенсия аз мусоид ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахши пешгирӣ ва мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ иборат аст. Дар Конвенсия маънои мафҳумҳои зайл аз қабили «гуруҳи ҷинояткорон», «фоида аз ҷиноят» ва ба монанди ин дигар ибораҳое, ки дар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ мавриди истифода қарор доранд, баррасӣ шудаанд.
Дар Конвенсия қайд шудааст, ки давлатҳои аъзои ҳамин Конвенсия дар муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои силсилаи кирдорҳое, ки аз ҷониби Конвенсия ҳамчун ҷиноят эътироф гардидааст, уҳдадоранд. Инчунин, Конвенсия масъалаҳоро марбут ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дар ин росто истифодаи имконот ва андешидани тадбирҳои судманди ҳуқуқиро баҳри густариши тарбияи ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ва анҷоми вазифаҳои муштаракро дар ин самт пешбинӣ менамояд.
- 27 -
Ҳасанов Ш.Қ. Стандартҳои байналмилалии тарбияи ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ барои воридшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ
Дар м.2 Конвенсия мафҳуми «гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ» чунин маънидод шудааст: гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ иборат аз се ва зиёда шахсоне, ки дар вақту ҷои муайян амалҳои якҷояи ҷиноятиро бо мақсади содир намудани ҷиноят ва маҷмӯи ҷиноятҳои ҷиддӣ ё аз қабили ҷиноятҳое, ки мувофиқи ҳамин Конвенсия тариқи бевосита ё бавосита ба даст овардани фоидаи молиявӣ ва моддиро пешбинӣ менамояд, маънидод гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки истилоҳҳои «ҷинояткории муташаккил» вобаста ба вуқӯъ пайвастанаш чунин маънидод шудааст:
а) Ҷамъи ҷиноятҳои ба қайдгирифташуда дар вақту ҷои муайян аз тарафи гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);
б) Ҷамъи гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва аъзои он дар вақту ҷои муайян;
в) Ташкили гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва фаъолияти ҷиноятии онҳо;
г) Шакли (гурӯҳи муташаккил) фаъолияти ҷиноятӣ буда, хусусияти устувор дорад, роҳбарикунанда мебошад, асосҳои касбӣ дошта, муҳофизат аз таъқиби ҳуқуқиро тавассути коррупсия восита менамояд [5].
Умуман «гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ» чун созмон аз сохтори муайян, ки таркиби он аз субъект ва объекти ҷиноят иборат аст ва дар ин самт баҳри анҷом додани фаъолияти муштарак амалҳои зиддиҳуқуқиро касб менамоянд, фаҳмида мешавад.
Аз ин лиҳоз, Конвенсия аз як тараф сарчашмаи умумии эҳтиром ва риоя гардидани ҳуқуқ ва озодии инсон ба шумор равад, аз ҷониби дигар, ҳамчун маъ-хази пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия маънидод мегардад. Дар б. 1 м. 8 («Криминализатсияи коррупсия») Конвенсия ин нукта махсусан қайд шудааст.
Аз ҷумла, дар б.2 м. 9 гуфта шудааст, ки «Ҳар як давлат-иштирокчӣ бо мақсади таъмини самараноки фаъолияти мақомоти пешгирӣ ва ошкор кардани коррупсия дар байни шахсони мансабдор ва татбиқи ҷазо барои он, инчунин зоҳир намудани монеа ба таъсири ҳаракатҳои гайриқонунии онҳо ба ин мақомот бояд ба қадри кофӣ муҳайё намудани мустақилият тадбирҳо андешад».
Ҳамин тариқ, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ҳуҷҷатест, ки дар он гояҳои асосии мубориза алайҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта баррасӣ гаштааст, ҳамчун воситаи муҳими ташвиқ ва таргиби решакан намудани амсоли чунин зуҳуроти номат-луби ҷомеа маҳсуб мегардад.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо кор-рупсия ва густариши ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ моҳиятан ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ҳисобида мешавад.Чи хеле, ки дар «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қайд шудааст: «Барои тат-биқи амалии он созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ё шартномаҳо дар доираи ҳамкориҳои бевоситаи байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баста мешаванд» [6].
Усулҳои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия», ки дар Конгресси СММ соли 2003 бо мақсади пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дар ин замина
- 28 -
Hasanov Sh. K. International Standards of Anticorruption Actions and their Role in Corruption Level Reduction and Shadow Economy under the Conditions of Globalization
риояи қоида ва принсипҳои байналмилалӣ ба тавсиб расидааст, баррасӣ шудааст [6].
Бояд тазаккур дод, ки кишвари соҳибистиқлоли мо 25 сентябри соли 2006 ба «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия» ҳамроҳ шуд, ки баҳри амалисозии он тадбирҳои судманд андешида шудаанд.
Конвенсияи мазкур аз 8 боб ва 71 м. иборат аст.
Аз ҷумла: дар пешгуфтори он ҳадафҳои асосии таҳия, ба тасвибрасӣ ва усулҳои ба он ҳамроҳ шудан баррасӣ шудааст.
Инчунин эътибори хоса доштани як силсила расмиятҳои бисёртарафа оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ва дар ин замина густариши ҷаҳонбинии зидди коррупсионӣ дар ҳамин Конвенсия, ки мавзӯи мувофиқаи аъзо-давлатҳо қарор гирифтааст, қайд шудааст.
Аз ҷумла:
- Конвенсияи байниамерикоии мубориза бар зидди коррупсия, ки Созмони давлатҳои Амрико 29 марти соли 1964 қабул намудааст;
- Конвенсия дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, ки шахсони мансабдори ҷомеаҳои Евроосиё, шахсони мансабдори Давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Аврупоро дар бар мегирад ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо 26 майи соли 1997 қабул кардааст;
- Конвенсия дар бораи мубориза бар зидди фурӯхташавии шахсони мансабдори хориҷӣ ҳангоми бастани аҳдҳои байналмилалии тиҷоратӣ, ки Созмони рушд ва ҳамкории иқтисодӣ 21 ноябри соли 1997 қабул кардааст;
- Конвенсия дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои коррупсия, ки Кумитаи Вазирони Иттиҳоди Аврупо 27 январи соли 1999 қабул кардааст;
- Конвенсия дар бораи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ барои коррупсия, ки Кумитаи Вазирони Иттиҳоди Аврупо 4 ноябри соли 1999 қабул кардааст;
- Конвенсияи Иттиҳоди Африка дар бораи пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он, ки аз ҷониби Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Иттиҳоди Африка 12 июли соли 2003 қабул гардидааст, бо миннатдорӣ ба маълумот гирифта ҳамзамон 29 сентябри соли 2003 эътибор пайдо намудани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллиро маъқул донистааст [6].
Паҳлуҳои муҳим ва то андозае ба сиёсати давлат табдил ёфтани пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар бобҳои Конвенсия ҷамъ оварда шудаанд.
Масалан, боби 2-юми Конвенсия ба масоили «Чораҳои пешгирии коррупсия” бахшида шудааст, ки он аз м.5 огоз ёфта, то м.14-ро фаро мегирад. Дар боби мазкур тадбирҳои бо самтҳои алоҳидаи мубориза бо коррупсия муайян шудааст;
- «Сиёсат ва амалияи пешгирӣ ва муқобилат ба коррупсия» (м.5), ки бештар дар ин самт тарзу усул ва истифодаи воситаҳои мушаххаси мубориза бо корруп-сия аз ҷониби сохторҳои қудратии давлат баррасӣ шудааст.
- «Мақом ё мақомот оид ба пешгирӣ ва муқобилият ба коррупсия» (м.6), ки ба мавқеъ ва манзалати субъектони мубориза бо коррупсия, ки дар таъсис ва назорати ин самт асос ва принсипҳои низоми қонунгузории давлатҳои аъзои Конвенсия афзалиятноканд, бахшида шудааст.
- 29 -
Ҳасанов Ш.Қ. Стандартҳои байналмилалии тарбияи ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ барои воридшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ
- «Бахши оммавӣ» (м.7), дар ин бахш зарурати риояи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла танзими ҷараёни ба кор қабулкунӣ, интихоб, адои хизмат, болоравӣ дар хизмат ва баромадан ба истеъфоро барои хизматчиёни гражданӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ дигар шахсони ба чунин вазифаҳои оммавӣ интихобнашавандаро, ки бояд аъзо -давлат таъсис диҳад, дастгирӣ намояд ва таҳким бахшад, баррасӣ шудааст.
- «Кодексҳои рафтори шахсони мансабдори оммавӣ» (м.8), ки ба масоили пешбурди фаъолияти хизматии шахсони мансабдор, ки мақсади ташкили дурус-ти хизмати давлатӣ тариқи институтсионалӣ ба тасвиб расонидани Кодекси одоби хизматиро тақозо менамояд, ба татбиқи усулҳои он бахшида шудааст. Ба ин иқдом бояд зери таъсири «Кодекси байналмилалии рафтори шахсони мансабдори давлатӣ», ки тибқи Қарори 51/59 Ассамблеяи Генералии СММ аз 12 декабри соли 1996 ба тасвиб расидааст, эътибор додан лозим аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби аъзо-давлатҳои Конвенсия андешидани маҷмӯи тадбирҳои зарурӣ ва тақвият бахшидан ба самаранокии он моддаҳои зерин тавсия шудааст, «Харидҳои оммавӣ ва идораи маблагҳои оммавӣ» (м.9), «Ҳисоботдиҳии оммавӣ м.10.), «Чораҳо нисбат ба мақомоти судӣ ва мақомоти прокуратура» (м.11), «Бахши хусусӣ» (м.12). Моддаи 6 Конвенсия доира ва мақоми субъектони пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро дар мисоли мақомоти қудратӣ ва махсуси салоҳиятдор, ки фаъолияти пурсамарро бояд таъмин намояд, пешбинӣ намудааст.
Баҳри комёб гаштан ба самаранокии фаъолияти мақомоти давлатии мубориза бо коррупсия ташкилотҳои ҷамъятӣ нақши муҳим мебозанд, ки аз ҷониби давлат дар фазои ҳамоҳангсозии фароҳам овардани имконият ва шароити мусоид баҳри иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ ба ҳайси субъекти мубориза бо коррупсия ва тарзу усулҳои ширкати онҳо ба таври муфассал дар м. 13 Конвенсия оварда шудааст. Тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва назорату сарфакории асъор нисбат ба фаъолияти бонкӣ ва муассисаҳои гайрибонкӣ, аз ҷумла аз ҷониби шахсони воқеӣ ва хусусӣ, ки ба таври расмӣ ва гайрирасмӣ, хизматрасонӣ анҷом дода мешавад, дар ин самт андешидани чораҳоро м.14 тақозо менамояд.
Боби 3. Конвенсия бошад, ба «Криминализатсия ва фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқ» ки аз м.15 то м.42-ро дар бар мегирад, бахшида шудааст. Дар ин боб Конвенсия қоидаҳоеро муқаррар намудааст, ки онҳо мансуби ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошанд.
Дар бобҳои боқимондаи Конвенсия масоили мухталиф аз ҷумла доир ба қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҳамзамон андешидани тадбирҳои ташкилӣ-ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро, ки аз ҷониби аъзо-давлатҳо бояд сурат гирад, гирд оварда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дар доираи ёрии ҳуқуқии байниҳамдигарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчӣ ва аъзои силсилаи созишномаҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ мебошад, ки меъёрҳои он дар қисми таҳия ва ирсоли ҳуҷҷатҳо, гузаронидани кофтуков, мусодира, ирсол ва додани далелҳои шайъӣ, гузаронидани экспертиза, пурсиши айбдоршаванда, шоҳидон, экспертҳо, огоз кардани
- 30 -
Hasanov Sh. K. International Standards of Anticorruption Actions and their Role in Corruption Level Reduction and Shadow Economy under the Conditions of Globalization
парвандаҳои ҷиноятӣ, кофтуков ва супоридани (экстрадитсияи) шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, ҳамзамон ба ҷиноятҳои коррупсионӣ низ татбиқ мегардад.
Амсоли чунин расмиятҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2003 ба он ҳамроҳ гаштааст, «Нақшаи Истанбулии мубориза бо коррупсия барои мамлакатҳои дорои иқтисодиёти давраи гузариш» маҳсуб аст. Яке аз шартҳои татбиқи Нақшаи амалиёти Истанбулӣ, мутобиқат намудани асосҳои қонунгузорию ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин таъкид шудааст, ки дар ин самт Ҷум-ҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи асосии қонунгузорию ҳуқуқӣ ва инсти-тутсионалии худ оид ба мубориза бо коррупсия ҳисобот манзур дошта ва тавсияҳои пешниҳод намудаи Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушдро (ТҲИР) бо муваффақият амалӣ месозад [6].
Баҳри татбиқи тавсияҳо зарур аст, ки тадбирҳои зерин андешида шаванд.
- «Тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия аз 31 октябри соли 2003 таъмин карда шавад;
- созишномаҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо коррупсия барои мувофиқи мақсад будани ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Шӯрои Аврупо дар бораи масъулияти гражданию ҳуқуқӣ барои коррупсия (Страссбург, 4 ноябри соли 1999), Конвенсияи Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқти-содӣ ва Рушд оид ба мубориза бо тибқи пора харидани шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти байналмилалии мансабӣ (Истанбул, 21 ноябри соли 1997) ва гайра мавриди омӯзиш қарор дода шавад;
- оид ба шартнома ва созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ бо мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва хориҷи дур дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва додугирифти ҷинояткорон корҳо доир гардад» [6].
Инчунин дар ин самт андешидани тадбирҳои судманд оид ба расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти зиддикоррупсионӣ, дар доираи ҷалби мутахассисон аз давлатҳои хориҷа ба роҳ мондани ҳамкориҳо, бахшида дар мавзӯи коррупсия гузаронидани конфронс, семинар, тренингҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ва мониторингҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва г. тақозои замон аст, таъкид шудааст.
Ҳуҷҷатҳои мазкур ҳамчун воситаи муҳими муфид ва манбаи иттилоот оид ба стандартҳои байналмилалии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар ҳамчун роҳнамои фаъолияти ҳайати кормандони мақомоти Агентии мубориза бо коррупсия ва дигар идораю ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ маҳсуб аст;
- омӯзиши меъёр ва принсипҳои стандартҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва паҳлӯҳои он ҳамчун воситаи инкишофи маҳорат ва малакаи касбии мутахассисони ин самти фаъолият истифода мешавад;
- донистани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия зарур ва муҳим аст. Зеро ин расмиятҳо ҳамчун роҳнамои фаъолияти кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия дар соҳаи ҳуқуқи
- 31 -
Ҳасанов Ш.Қ. Стандартҳои байналмилалии тарбияи ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионй барои воридшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ
инсон, ба тақвият бахшидани фаъолияти пурсамари онҳо таъсири мусбат мерасонад;
- санадҳои меъёрии байналмилалии мубориза бо коррупсия таҳкурсӣ ва манбаи асосии ташаккули эҳтиром ва қадр намудани ҳуқуқҳои асосии инсон аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ва масъулони ин соҳаи фаъолият ба шумор меравад;
- омӯзиши санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии байналхалқии мубориза бо коррупсия, яке аз омилҳои рушди шахс дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад ва асоси фаъолияти ҳар як аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бошад.
Аз ин лиҳоз, эътибор додан ба ҷанбаҳои муфиди ин санадҳои байналмилалии мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар як аъзо - давлат бояд бошад ва дар ин замина андешидани чораҳои мушаххаси тарбиявӣ - тарбияи ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ тақозои замон аст.
Бояд тазаккур дод, ки тадбирҳои муҳим ва таҳкими усулҳои мубориза бо коррупсия дар санадҳои дигари байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки дар аксари онҳо кишвари соҳибистиқлоли мо ба ҳайси яке аз аъзо -давлатҳо ба ин ҳуҷҷатҳо шомил гардидааст.
Калидвожа: ҷаҳонбинии зиддикоррупсионй, коррупсия, цомеаи шаҳрвандӣ, щтисодиёти зерипардагӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳуқуқ, ҷиноятҳои коррупсионӣ
Пайнавишт:
1. Халифаев, Маризо Ниёзович. Ҳамоҳангсози сиёсати зиддикоррупсионй. Прокуратурам Тоҷикистон 80 сол. -Душанбе: Сарпараст, 2004. -199с.
2. Маърӯзаи миллӣ оид ба ҷараёни татбиқи паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе, 2008.
3. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз 15 ноябри соли 2000.
4. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ: зери таҳрири Академики АИ ҶТ Маҳмудов М.А. -Душанбе: Нашриёти «ЭР-граф», 2004. -543с.
5. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия аз 31октябри соли
2003, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 16.04.2008 с. №952 ратификатсия карда шудааст.
6. Конвенция Организации Объединённых Наций против коррупции. Нью-Йорк, ООН,
2004. -с.6.
7. Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008
- 2012.
Reference Literature
1. KhalifayevM.N. Coordination of Anticorruption Policy. Procurator's Office of Tajikistan Republic - 80 years. -Dushanbe: Sarparast, 2004. -199pp.
2. National Report on Realization of the International Pact on Civil and Political Rights. -Dushanbe, 2008.
3. UNO Convention versus Transnational Organized Crime from November 15, 2000
4. The Dictionary of Juridical Terms. Under the editorship of Dr. of Law, Professor, academician of RT AS Makhmudov M.A. -Dushanbe: “Er-Grif” publishing-house, 2004. -p.543.
- 32 -
Hasanov Sh. K. International Standards of Anticorruption Actions and their Role in Corruption Level Reduction and Shadow Economy under the Conditions of Globalization
5. UNO Convention versus Corruption from 31.10.2003 ratified by RTMajlisi Oli (upper chamber of the National Council) Majlisi Namoyandagon resolution (law chamber of representatives) from 16.04.2008, #952.
6. UNO Convention versus Corruption. New-York, UNO, 2004, p.6.
7. The Strategy of Combat against Corruption in Tajikistan Republic for 2008-2012. -Dushanbe, 2008, p.27.
Международные стандарты антикоррупционных действий и их роль в снижении уровня коррупции и теневой экономики в условиях глобализации
Ключевые слова: коррупция, социальное сопротивление, теневая экономика, экономика преступления, право, коррупционное поведение
В статье рассматриваются содержание и формы международных стандартов антикоррупционных действий, и их роль в снижении уровня коррупции и теневой экономики в условиях глобализации. Обосновываются методы и формы сочетания национальных и международных стандартов аникоррупционных действий в системе антикоррупционных стратегий и политики государства.
International Standards of Anticorruption Actions and their Role in Corruption Level Reduction and Shadow Economy under the Conditions of Globalization
Key words: corruption, social resistance, shadow economy, economy crime, law, corruptive behavior
The article dwells on the context and forms of international standards of anticorruption actions and their role in a reduction of corruption level and shadow economy under the conditions of globalization. Methods and forms of combining national and international standards of anticorruption actions in the system of anticorruption strategies and state policy are well-grounded.
Роцеъ ба муаллиф:
Ҳасанов Шарифхӯца Қозиевич, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, докторанти кафедраи назарияи щтисоди Донишкадаи молия ва щтисоди Тоҷикистон, email: Sharifjon-8989@mail. ru
Сведения об авторе:
Хасанов Шарифхуджа Казиевич, кандидат юридических наук, доцент, докторант кафедры экономической теории Института финансов и экономики Таджикистана, e-mail: Sharifjon-8989@mail. ru
Information about the author:
Hasanov Sharifkhuja Kozievich, Candidate of Law, Associate Professor, doctoral student in economic theory, Institute of Finances and Economy of Tajikistan, e-mail: Sharifjon-8989@mail. ru
- 33 -