НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»
№4(41) 2014
УДК 355.9 И.С.МУҲАММАДИЕВ
НАЗОРАТИ ПРОКУРОРЫ БА ТАЙЁРИИ ҲАРБИЮ ҶИСМОНӢ,
КОРҲОИ ВАРЗИШИИ ОММАВИИ ХОНАНДАГОН ВА КАСБОМУЗӢ ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Вожаҳои калидӣ: қонуният, назорати прокуроры, тайёрии ҳарбию ҷисмонӣ, корҳои варзишии оммавӣ, касбомӯзии мактаббачагон, ватандӯстӣ, ӯҳдадории умумии ҳарбӣ, интизом, санҷиш, иҷро.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тайёрии ҳарбию ҷисмонӣ ва корҳои оммавии варзиши хонандагон аҳамияти махсус дошт. Назорати иҷрои меъёрҳое, ки таълими умумии ҳатмии кори ҳарбӣ, тайёрии ҳарбию тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши-оммавии хонандагонро танзим мекарданд, ҷиддӣ ба роҳ монда шуд.
Санҷиши риояи қонунҳо дар мавриди ба ҳаёт татбиқ намудани қарори Кумитаи давлатии мудофиа аз 17-уми сентябри соли 1941 «Дар бораи ба роҳ мондани таълими умумии ҳатмии кори ҳарбӣ ба шаҳрвандони ИҶШС», ки аз тарафи прокурорҳо гузаронида шуд, ошкор кард, ки баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ ва роҳбари корхонаю идораҳо ба вайрон кардани ин қарор роҳ додаанд. Як қатор роҳбарони корхонаю идораҳо гурӯҳи коргаронро қасдан дар вақти машгулиятҳои ҳарбӣ аз кор ҷавоб намедоданд ва баъзан шахсонеро, ки аз иштирок ба машгулиятҳо саркашӣ мекарданд, бардурӯг “дар сафари хизмат” гуфта, маълумотнома медоданд.
Ҳолатҳое ҷой доштанд, ки кумитаи иҷроияи маҳаллӣ талаботи комиссариата ҳарбиро дар бораи чудо кардани бино барои машгулиятҳо ва таъмин намудан бо таҷҳизоту тайёр кардани макетҳо ба эътибор намегирифтанд. Прокурори ИҶШС ба прокурорҳои чумҳурӣ ва вилоятӣ пешниҳод кард, ки дар ҳамчоягӣ бо мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар махалҳо назорати қатъиро барои собитқадамона ба ҳаёт татбиқ намудани қарори Кумитаи давлатии мудофиа чорӣ созанд. Давра ба давра корхонаҳо ва идораҳоро ба мақсади ошкор сохтани ҳодисаҳои пинҳон кардани шахсони саркашикарда аз гузаштани таълими ҳатмии ҳарбӣ мавриди тафтиш қарор диҳанд ва гунаҳгоронро ба чавобгарии судӣ кашанд. Тафтиши ҳарчи зудтари ҳодисаҳои аз таълими ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ кардан ва дар суд нисбат ба чунин одамон чорӣ кардани сиёсати дурусти амалияи чазоро таъмин намоянд. Шахсоне, ки нуқтаҳои таълими умумии ҳарбиро бо бино ва тачҳизот таъмин накардаанд ба чавобгарӣ кашанд (12).
Мақомоти прокуратура ичрои қарори Кумитаи давлатии мудофиаро аз 17-уми сентябри соли 1941 тафтиш мекарданд ва дар сурати ошкор кардани қонунвайронкунӣ барои бартараф кардани онҳо чораҳо меандешиданд ва гунаҳгоронро ба чавобгарӣ мекашиданд. Прокурори вилояти Ленинобод А.В. Ахмадеев ба прокурорҳои шаҳрию ноҳиявӣ супориш дод, ки ичрои қарори КДМ (аз 17-уми сентябри соли 1941)-ро тафтиш кунанд ва дар сурати ошкор кардани қоидавайронкунӣ гунаҳгорон ба чавобгарӣ кашида шаванд ва барои бартараф кардани камбудиҳо чораҳо андешанд. Дар бораи ҳар як воқеаи ошкор шудани қоидавайронкунӣ хабар диҳанд.
Масалан, санчишҳои прокурорӣ муайян карданд, ки дар ноҳияи Панчакенти вилояти Ленинобод комиссари ҳарбии ноҳия барои иштирок накардан дар машгулиятҳои таълими умумии ҳарбӣ ба 41 нафар чанговар чарима бастааст. Ин амали гайриқонунӣ бо эътирози прокурор бекор карда шуд. Дар ноҳияи Даштичуми вилояти Кӯлоб дар як қатор деҳа комиссари ҳарбии ноҳия барои ҳабси чанговарони таълими умумии ҳарбӣ, ки интизомро вайрон карданд, ҳабсгоҳ (гауптвахта) ташкил намудааст. Дар ноҳияи Тавилдараи вилояти Ғарм командирони рота М. Смирнов ва С.Долженко давоми як моҳ ба латукӯб ва гайриқонунӣ ҳабс кардани чанговарони таълими умумиҳарбӣ машгул будаанд. Онҳо ба чавобгарии чиноятӣ кашида шуда, ҳабс карда шуданд ва парвандаи чиноӣ ба суди вилоятӣ дода шуд. Дар ноҳияи Муъминобод бошад, командири рота А. Рачабов ба чанговарони таълими умумии ҳарбӣ супориш додааст, ки дар давоми ду соат ҳезум оранд. Барои ичро накардани ин супориш ӯ 25 нафар чанговарро ба давидан мачбур кард, ки дар натича баъзе аз чанговарон тоқат карда натавониста, аз по афтоданд. .А.Рачабов ба чавобгарии чиноятӣ кашида шуд ва аз озодӣ маҳрум гашт (13).
Дарсҳо аз тарбияи чисмонӣ ва тайёрии ҳарбӣ дар ҳамаи мактабҳо дар асоси барномаи
НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*
№4(41) 2014
муқарраршуда сурат мегирифт, аммо набудани таҷҳизоту воситаи аёнӣ ва дар сатҳи кофӣ набудани сифати тайёрии омӯзгорони омодагии ҳарбӣ ба тайёрии ҳарбию ҷисмонии хонандагон таъсир мерасонд (1).
Дар қарори ШКХ ва КМ ҲК (б) ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии ҳарбию тарбияи ҷисмонӣ» аз 20-уми ноябри соли 1942 мақсад ва вазифаҳои кори тайёр кардани хонандагон аз ҷиҳати ҳарбию тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши - оммавӣ муайян гаштааст (10).
Бо мақсади беҳтар кардани тайёрии ҳарбии хонандагон 12-уми сентябри соли 1943 Комиссариата халқии маорифи ҶШС Тоҷикистон қарори махсус «Дар бораи тарзи ба роҳ мондани тайёрии ҳарбии хонандагон дар мактабҳои вилояти Сталинобод ва шаҳри Сталинобод» қабул кард. Қарор роҳи амалии барҳам додани камбудиҳоро дар кори таълими ҳарбии хонандагон муқаррар намуд.
Дар давраи ҷанг бисёр ашхоси нафақахӯр ва маъюб ба заводу фабрикаҳое, ки дар он ҷо даҳсолаҳо кор карда буданд, баргаштанд (9). Дар соли 1942 миқдори занҳо дар саноат 64,4 % ва дар як қатор ҷойҳо ҳатто 70 - 80 %-ро ташкил медод (8).
Бо қарори ШКХ-и ҶТТТС Тоҷикистон ва КМ ҲК Тоҷикистон аз 14-уми июли соли 1941 ба Идораи захираҳои меҳнатии ҶШС Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар шаҳрҳои Сталинобод, Ленинобод ва ноҳияи Исфара шабакаи иловагии омӯзишгоҳҳои роҳи оҳан ва касбу ҳунар ташкил намояд (4) Дар Тоҷикистон танҳо дар солҳои 1941-1945 10 омӯзишгоҳи касбу ҳунар ва мактабҳои ФЗО-ро 4,9 ҳазор нафар хатм карданд(16).
Дар замони ҷанг сарчашмаи асосии бо кадрҳо таъминшавии хоҷагии халқ омӯзишгоҳҳои касбу ҳунар ва мактабҳои таълимии фабрикаю заводҳо (ФЗО) ба ҳисоб мерафтанд, қувваҳои корӣ ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тақсим мешуданд, ба меҳнат ҷавонон ва занҳо ҷалб мешуданд. Тайёр кардани кадрҳо асосан дар курсҳои кӯтоҳмуддат, бо роҳи таълими инфиродӣ ва бригадавӣ, дар низоми захираҳои меҳнатии давлатӣ, дар мактабҳои ФЗО ташкил карда мешуд.
Дастпарварони хонаи бачаҳои шаҳри Ленинобод ва толибилмони омӯзишгоҳи фабрикавию заводӣ низ минбаъд дар мақомоти давлатӣ ва прокуратура содиқона хизмат кардаанд (11).
Дар ин ҷо дар бораи тарбиягирандаи хонаи бачаҳои шаҳри Ленинобод ва хонандаи омӯзишгоҳи фабрикавию заводӣ Г.Н. Нӯъмонов нақл кардан ба маврид аст. Вай пас аз вафоти волидон дар 9-солагӣ моҳи августи соли 1938 ба хонаи бачаҳои № 1-и ба номи Охунбобоеви шаҳри Ленинобод ҷойгир шуда буд. Аз тирамоҳи соли 1939 то тобистони соли 1941 дар хонаи бачаҳои деҳаи Шӯрқӯргони ноҳияи Конибодом тарбия гирифт. Июни соли 1941 ба мактаби фабрикавию заводии назди заводи пахтаи Конибодом фиристода шуд, ки онро соли 1942 хатм намуд. Пас аз гирифтани маълумоти умумии миёна ба Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошканд дохил шуд. Пас аз хатми донишкадаи номбаршуда, соли 1952 дар прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Ленинобод ҳамчун муфаттиш кор кард. Соли 1964 прокурори ноҳияи Шаҳртуз ва баъд прокурори шаҳри Ленинобод таъин гардид. Аз соли 1974 Г. Нӯъмонов ба ҳайси прокурори Қайроққум кор кард. Вай худро меҳнатдӯст, ташкилотчии моҳири мубориза бар зидди қонунвайронкуниҳо нишон дода, барои устувор кардани қонунҳои сотсиалистӣ қувваи зиёд сарф кард, якчанд карат ба ҳайати кумитаи ҳизбии шаҳрӣ интихоб гаштааст. Аз феврали соли 1958 аъзои ҲКИШ буд. Барои меҳнати софдилона, ташаббус ва хизматҳои ӯ дар мустаҳкамгардонии қонунҳо дар ҷумҳурӣ ва ба муносибати 50-солагии ташкилёбии Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Г. Нӯъмонов бо унвони фахрии «Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардонда шуд. Бо рафтори бенуқсон нисбат ба кор ва мардум мушовири адлия Г. Нӯъмонов дар байни ҳамкорон ва мақомоти прокуратура сазовори ҳурмату эҳтиром гардид. Ӯ 11-уми марти соли 1982 дар синни 52-солагӣ вафот кард (14).
Дар солҳои ҶБВ ШКХ-и ИҶШС як қатор қарорҳои муҳим оид ба масъалаҳои маориф, аз ҷумла 15-уми июли соли 1943 «Дар бораи таълими наврасоне, ки дар корхонаҳо кор мекунанд», қабул намуд. Ин ба ташкили мактабҳои коргарҷавонон ва ҷавонони деҳа асос гузошт. Хонандагони ин мактабҳо ба ҷойи падарону бародарони бафронтрафтаашон дар корхонаҳо ва колхозу совхозҳо кор мекарданд.
Моҳи марти соли 1942 рӯзномаи «Правда» навишта буд: «Агар касе, як дақиқа ҳам бошад, андеша кунад, ки ҳозир «набояд дар бораи бачаҳо фикр кард», вай аз ҷиҳати сиёсӣ кӯтоҳандеш, маҳдудбин ва пургӯйи маҳз аст. Чунин андеша рондан маънои имрӯз як қадам пешро дида натавонистан, ба манфиати мамлакатамон зиндагӣ карда натавонистанро дорад. Пеш аз ҳама, мо уҳдадорем, ки тамоми бачаҳои синни мактабиро ба таълим фаро гирем. Мо ба шароити вазнини замони ҷанг нигоҳ накарда, ҳамаи бачаҳоро бояд хононем ва хуб хононем» (18).
НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»
№4(41) 2014
ШКХ-и ИҶШС ва ҲКУ (б) дар қарор аз 11-уми октябри соли 1940 «Дар бораи истифодаи гайримақсадноки биноҳои мактабй» ва ШКХ-и ИҶШС дар қарор аз 5-уми марти соли 1944 «Дар бораи баргардонидани биноҳои мактабии гайримақсаднок истифодашуда» Прокуратураи ИҶШС-ро вазифадор карда буд, ки шахсонеро, ки ин қарорҳоро вайрон мекунанд, ба ҷавобгарии судй кашанд (19).
Дар асоси қарори КМ ҲКУ (б) ва ШКХ-и ИҶШС аз 8-уми октябри соли 1944 «Дар бораи даъвати ҷавонон ба омӯзишгоҳи роҳи оҳан» ва қарори КМ ҲК (б) ва ШКХ-и ҶШС Тоҷикистон аз 10-уми октябри соли 1944 вилоятҳои Ленинобод ва Кӯлоб даъват шуданд, ки ҷавононро ба мактабҳои ФЗО равон намоянд. Дар давраи аз 1 -уми сентябр то 1 -уми октябри соли 1944 миқдори хонандагон дар омӯзишгоҳҳо 200 нафар ва дар мактабҳои ФЗО 650 нафарро ташкил медод (15).
Дар фаъолияти мақомоти прокуратура ба назорати иҷрои меъёрҳое, ки худсарона аз омӯзишгоҳ (мактаб) рафтан ва вайрон кардани интизомро манъ мекарданд, диққати ҷиддӣ дода мешуд. Ба прокурорҳо супориш шуда буд, ки назорати доимиро аз болои иҷрои фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶТТТС аз 28-уми декабри соли 1940 «Дар бораи масъулияти хонандагони омӯзишгоҳи касбомӯзии роҳи оҳан ва мактабҳои ФЗО барои вайрон кардани интизом ва худсарона аз омӯзишгоҳ (мактабҳо) рафтан»-ро ба роҳ монанд, ба худсарона омӯзишгоҳҳои касбомӯзӣ, мактабҳои ФЗО-ро тарк кардани хонан-дагон, аз корхонаҳо гурехтани коргарҷавонон-дастпарварони ин омӯзишгоҳу мактабҳо хотима гузоранд (14).
Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо кори худро дар ин самт ҷоннок намуда, ҳолати интизоми меҳнатро дар мактабҳои ФЗО-и идораи захираҳои меҳнатӣ тафтиш мекарданд. Маълум гардид, ки ҳодисаҳои вайрон кардани интизом аз тарафи хонандагони омӯзишгоҳи касбомӯзии роҳи оҳан ва мактабҳои ФЗО ҷой доранд ва худсарона аз омӯзишгоҳу мактабҳо рафтани хонандагон ба назар мерасад, лекин директорони мактабҳои ФЗО бар зидди вайронкунандагони интизом муборизаи доимӣ ва саривақтӣ намебаранд. Онҳо сари вақт ба прокуратура дар бораи хонандагоне, ки худсарона мактабро тарк карданд, хабар намедоданд. Масалан, аз ФЗО №1 - 110 нафар ва аз ФЗО-и №2 - 40 нафар хонанда мактабро худсарона тарк карданд, лекин директорони мактабҳои ФЗО фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС-ро риоя накарда, дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон чора надиданд ва маводро ба мақомоти тафтишотӣ насупориданд. Прокурори ҶШС Тоҷикистон дар асоси маводи тафтиш ба Саридораи захираҳои меҳнатӣ пешниҳод ирсол намуд(3).
Прокурори ИҶШС, Комиссариати халқии адлия ва Сардори саридораи захираҳои меҳнатии ШКХ-и ИҶШС 11-уми сентябри соли 1943 «Дар бораи чораби-ниҳои таҳкими интизом дар омӯзишгоҳҳои касбомӯзӣ, роҳи оҳан ва мактабҳои ФЗО» фармони якҷоя бароварданд, ки он дар ҷорӣ намудани интиқоми қатъӣ аҳамияти муҳим пайдо кард (6).
Бо мақсади мубориза бар зидди вайронкунандагони фармон ва бо ҷиноятҳои дигари аз тарафи хонандагони омӯзишгоҳҳои касбомӯзӣ, роҳи оҳан ва мактабҳои ФЗО содиркарда, ҳамкории мақомоти суд, прокуратура ва захираҳои меҳнатӣ зич ба роҳ монда шуд. Ҷидду ҷахд ба он равона карда шуд, ки ин қонунвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо аввалан кам ва баъд пурра барҳам дода шаванд. Ин категорияи парвандаҳо дар ҷаласаҳои суд бо даъвати ҳатмии намояндагони омӯзишгоҳҳо ва мактабҳо, дар ҳолати зарурӣ дар ҷояш (дар омӯзишгоҳ ё мактаб) баррасӣ карда мешуданд. Ба директорони омӯзишгоҳҳо ва мактабҳо супориш шуда буд, ки диқкати хонандагонро ба ҳар як парвандаи баррасишаванда ҷалб намоянд ва дар ин замина кори тарбиявиро бо хонандагони ноустувор пурзӯр кунанд, ҳамчунин кори судҳои рафиқонаро дар ҳамаи омӯзишгоҳҳо ва мактабҳо беҳтар намоянд.
Ҳифзи меҳнати наврасон самти муҳими кори мақомоти прокуратура гардид. Санҷиши прокурорӣ дар як қатор корхонаю завод вайронкуниҳои ҷиддии қонунҳо, ба монанди истифодаи ноболигон дар корҳои вазнин, дар сехҳои зараровар, шабона кор фармудани онҳо, надодани истироҳати ҳарҳафтаина ва рухсатии муқарраркардаи қонунро ошкор кард.
Санҷиши прокурорӣ дар шагалзаводи Сталинобод нишон дод, ки аз қабулгоҳи бачагонаи КХКД-и хонаи бачагони Шаҳринав 40 нафар наврас ба кор оварда шуданд, ки аз инҳо 15 нафар 10-12-сола буданд. Аммо маъмурияти завод дар шахси директори он Б. Ҳайдаров ба вайрон кардани қонун роҳ дода, бачаҳоро ба кори аз вақти муқаррарӣ зиёд истифода бурд ва онҳоро уҳдадор кард, ки дар як шабонарӯз 7-8 соат кор кунанд. Маъмурияти завод нисбат ба шароити маишии бачаҳо гамхорӣ зоҳир намекард, аксари бачаҳо дар шароити гайриқаноатбахш зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар роҳрав 3-4 нафар дар як кӯрпа хоб мекарданд, баъзе рӯзҳо бачаҳо то 12 соат нон намегирифтанд ва аз гуруснагӣ ба кор намебаромаданд. Ин буд, ки онҳо ба КМ ҲК(б) Тоҷикистон муроҷиат карданд ва шикояти онҳо аз тарафи прокуратура санҷида шуданд.
НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*
№4(41) 2014
Қонунвайронкуниҳои қайдшуда баъди санҷиш бо дахолати прокуратура бартараф гардиданд. Прокурори ҶШС Тоҷикистон дар назди комитети ҳизбии ноҳияи Роҳи Оҳан масъала гузошт, ки директори шагалзавод Б. Ҳайдаров ба ҷавобгарии ҳизбӣ кашида шавад (2).
Прокурори ноҳияи Шӯроб бошад, шароити кори наврасонро дар кони ангишти «Шӯроб-ангишт» тафтиш кард, ки дар он ҷо дар аввали соли 1945 89 нафар навраси аз 13 то 16-сола корҳои вазнинро иҷро мекарданд. Тафтиш муқаррар кард, ки дар як қатор ҳолат бар хилофи қонун наврасон дар берун ва дар зери замин ба муддати аз 10 то 11 соат ба кор ҷалб карда мешуданд. Прокурори вилояти Ленинобод дар ин бора ба комитети ҳизбии ноҳия хаттӣ хабар дода, гунаҳгорони вайронкунии қонуни меҳнатро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашид (5).
Ба сабаби афзоиши ҳаҷму хусусияти вазифаҳо, тагйир ёфтани фаъолияти амалии мақомоти прокуратура моҳи январи соли 1944 ШКХ-и ИҶШС ба прокурори ИҶШС иҷозат дод, ки дар сохтори дастгоҳи марказии прокуратура тагйирот ворид созад (19).
Аз ин лиҳоз ба ҷойи гурӯҳи баҳисобгирӣ ва ахбори шуъбаи омор шуъбаи кодификатсионӣ -маълумотӣ таъсис дода шуда, гурӯҳи кор бо ноболигон ва бойгонӣ ба шуъбаи воқеан мустақил табдил дода шуд (17). Ҷонишини прокурори ИҶШС К. Мокичев 16-уми январи соли 1945 низомномаро «Дар бораи кори прокурорҳои оид ба корҳои ноболигон» тасдиқ намуд (7).
Баробари ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ фармони махсуси прокурори ИҶШС оид ба пурзӯр гардонидани ҳифзи меҳнати наврасон тасвиб расид. Дар фармони прокурори ИҶШС аз 16-уми июли соли 1945, таҳти № 145 «Дар бораи назорат ба иҷрои қонунҳо оид ба ҳифзи меҳнати наврасон» ба ҳамаи прокуророн дастур дода шуд, ки иҷрои аниқи қонунҳои ҳифзи меҳнати наврасонро таҳти назорат гиранд, ҳангоми ба корхонаҳо рафтан иҷрои қонунҳоро махсус тафтиш намуда, барои рафъи қонунвайронкуниҳо фавран чора андешанд. Алоқаи доимиро бо мақомоти иттифоқи касаба ва нозирони ҳифзи меҳнати наврасон барқарор карда, аз рӯйи маводи пешниҳодкардаи онҳо фавран ҳолатҳои қонунвайронкуниро тафтиш кунанд ва шахсони вазифадореро, ки мунтазам қонунро дар бораи ҳифзи ҳуқуқи меҳнати кӯдакон вайрон мекунанд ва ба таъмини шароитҳои маишии коргарони наврас сатҳӣ муносибат мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашанд ва нисбат ба гунаҳгорон ҳатто то ба суд додан чора андешанд (20).
ПАЙНАВИШТ:
1. Аз таърихи сохтмони фарҳангӣ дар Тоҷикистон, ДМТ ба номи В.И.Ленин, барориши 1У. -Душанбе, 1973. -207с.
2. Бойгонии марказии давлати(БМД)-иҶумҳурииТоҷикистон. - Ф. 329.- Р. 20.- П. 77.- В. 78
3. БМД ҶумҳурииТоҷикистон. - Ф. 329.- Р. 20.- П.30.- В. 60-76
4. БМД ҶумҳурииТоҷикистон.- Ф. 20. Р. 2.- 243. -В. 108
5. БМД ҶумҳурииТоҷикистон.- Ф. 329.- Р. 20.- П. 77.- В. 104 - 109
6. БойгониидавлатиивилоятиСугд.- Ф. 163.- Р. 3.- П. 520.- В. 19 - 20
7. Инструкция Прокурора СССР о работе прокуроров по делам несовершеннолетних от 16.01.1945г.// Бойгонии давлатии вилояти Сугд.- Ф. 163.- Р. 3.- П. 520.- В. 56 - 62
8. Книга памяти Республики Таджикистан (сводный том). Под общей редакцией Каландарова, И.К. -Душанбе, 1997.- 324 с.
9. Коммунист Таджикистана. -1941. - 27 августа.
10. Крюков, Г.Т. Общеобразовательная школа Таджикской ССР/Г.Т.Крюков. -Душанбе: Ирфон, 1969. -106с.
11. Мактуби муовини Прокурори СССР К. Мокичев аз 26 феврали 1942с
12. Мактуби прокурори вилояти Ленинобод аз 20 марти 1942с.
13. Мактуби Прокурори СССР аз 10 ноябри 1942с. №7/23// Бойгонии давлатии вилояти Сугд.-Ф.163.-В.3.-П.520.-В.12
14. Нуманов Гани//Ленинабадская правда. - 1982.-13 марта
15. Пак, Н.П. Советы Таджикистанав годы Великой Отечественной войны; Отв. ред. Р.М. Масов ; АН Тадж ССР. Ин-т истории им. А. Дониша/Н.П.Пак.-Душанбе:Дониш, 1985. - 200 с.
16. Постановление СССР СНК СССР от 16 января 1944г. № 56// СП СССР, 1944-№2 -31с.
17. Правда. -1942.- 24 марта.
18. Приказ Прокурора СССР от 6 июля 1945 г. «О надзоре за исполнением законов об охране труда подростков».
19. Социалистическая законность. - 1991. - № 10 (684). - С. 11-12.
НОМАИ ДОНИШГОҲ» УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ» SCIENTIFIC NOTES»
№4(41) 2014
20. Ҳоҷиев А.Советҳои Тоҷикистон дар солҳои муҳорибаи бузург/А.Ҳоҷиев, М.Инъомов. -Хуҷанд, 1999. - 113 с.
REFERENCES:
1. From the culture creation history of Tajikistan, Tajik State University named after V.I. Lenin, IV edition, - Dushanbe, 1973. - 207 p.
2. Central State Archive (CSA) of the Republic of Tajikistan, F.(fund) 329, In.(inventory) 20, In.of st.(init of storing) 77, Sh.(sheet) 78.
3. CSA of the Republic of Tajikistan, F. 329, In.20, In.of st. 30, Sh.60-76
4. CSA of the Republic of Tajikistan, F.20, In. 243, Sh. 108
5. CSA of the Republic of Tajikistan, F. 329, In. 20, In.of st. 77, Sh.104-109
6. The Regional State Archive in Sughd region - F.163, In. 3, In.of st. 520, Sh.19-20
7. Guidelines of the USSR Prosecutor about prosecutors dealing with juvenile cases dated16.01.1945// Regional State Archive in Sughd region- F.163, In. 3, In.of st 520, Sh. 56-62
8. Memory Book of the Republic of Tajikistan (consolidated volume). Under general editorship of I.K. Kalandarov. - Dushanbe, 1997 - 324 p.
9. Communist Tajikistana. - 1941 - dated August 27.
10. Kryukov,G. T. Comprehensive secondary school of the Tajik Soviet Socialist Republic / G.T.Kryukov. - Dushanbe: Irfon, 1969. - 106 p.
11. Numonov Ghani // Leninabadskaya pravda- 1982, March 13
12. The letter of the USSR Deputy Prosecutor K. Mokichevas of February 26, 1942
13. The letter of Leninobod region Prosecutor as of March 20, 1942
14. The letter of the USSR Prosecutor dated November 10, 1942, №7 / 23 // Regional State Archive in Sughd region - F. 163, In. 3, In. of st. 520, Sh.12
15. Hojiev, A. In’omov, M., Councils of Tajikistan during the Great Patriotic War/ Hojiev, A. -Khujand, 1999.-34p.
16. Pak, N.P. Councils of Tajikistan during the Great Patriotic War/N.P.Pak. -Dushanbe, 1985.-66p.
17. Resolution of the USSR Council of Peoples’ Commissars dated 16 January 1944, № 56 // Writers' Union. - 1944 - №2 -P. 31
18. Pravda -1942. - March 24
19. Socialist law, - 1991. - № 10 (684). - P. 11-12.
20. Order of the USSR Prosecutor dated July 6, 1945 "On the supervision of the execution of the laws on the protection of adolescent labour."
Прокурорский надзор по военно-физической, спортивно-массовой и профориентационной работе с
учащимися в годы Великой Отечественной войны И.С. Мухаммадиев
Ключевые слова: законность, прокурорский надзор, военно-физическая подготовка, спортивномассовая работа, профориентация, школьники, патриотизм, всеобщая воинская обязанность, дисциплина, контроль, исполнение
Статья посвященна проблеме деятельности органов прокуратуры Таджикистана по надзору и контролю осуществления военно-физической, спортивно-массовой и профориентационной работы с учащимися в годы Великой Отечественной войны. Особое внимание автора уделено выполнению Постановления Комитета Государственной Обороны СССР от 17 сентября 1941года “О введении всеобщей обязательной военной подготовки граждан СССР”, Постановления Совета народных коммисаров и Центрального комитета компартии Таджикистана от 20 ноября 1942 года “О военной подготовке и физическом воспитании”. Автор на основе изученных архивных источников и материалов обстоятельно и подробно расскрывает деятельность органов прокуратуры в этом направлении. Утверждается, что плодотворная деятельность органов прокуратуры способствовала выполнению указанных постановлений и оказала неоценимую помощь в военно-физической, спортивно-массовой и профориентационной подготовке школьников в годы Великой Отечественной войны.
НОМАИ ДОНИШГОҲ* УЧЁНЫЕ ЗАПИСКИ* SCIENTIFIC NOTES*
№4(41) 2014
Public Prosecutor's supervision for military and physical, sports and mass, and career guidance with pupils in
the years of the great Patriotic war
I. C. Muhammadiev
Keywords: legitimacy, public Prosecutor's supervision, military-physical training, sports and mass work, career guidance, pupils, patriotism, universal military duty, discipline, the control performance
The article deals with the problems of activity of Prosecutor's office bodies of Tajikistan forsupervision and monitoring of implementation of military & physical, sports and career guidance activities with pupils in years of the great Patriotic War. Special attention is paid to implementation of the Resolution of the State Defense Committee of the USSR on September 17, 1941 “On the introduction of universal compulsory military training of citizens of the USSR”, Decrees of the Council of people's Commissars and the Central Committee of the Communist party of Tajikistan on November 20, 1942 “On military training and physical education”. The author, based on the study of archival sources and materials, thoroughly and in detail reveals the activity of prosecutors in this direction. It is argued that the fruitful activity of prosecutors contributed to the implementation of the regulations and had a noteworthy assistance in military & physical, sports & vocational training ofpupils in years of the great Patriotic War.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Муҳаммадиев Изатулло Сайфуллоевич, номзади илмҳои таърих, прокурори ш. Исфара, мушовири адлияи дарацаи аввал (Ҷумҳурии Тоцикистон, ш. Исфара),
E-mail: prokraturai_isfara@mail.ru
Сведения об авторе:
Мухаммадиев Изатулло Сайфуллоевич, кандидат исторических наук, прокурор города Исфары, советник юстиции 1 класса (Республика Таджикистан, г.Исфара),
E-mail: prokraturai_isfara@mail.ru
Information about the author:
Muhammadiev Izatullo Sayfulloevich, Candidate of Historical Sciences, the Prosecutor of Isfara town, 1st Grade Justice Counsellor, (Republic of Tajikistan, Isfara),
E-mail: prokraturai_isfara@mail.ru