Научная статья на тему 'Critical views in prose of Ahmad Donish'

Critical views in prose of Ahmad Donish Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
119
23
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ДИНАСТИЯ / ГОСУДАРСТВО / ПОЛИТИЧЕСКАЯ ОБСТАНОВКА / ИСЛАМСКИЕ ТЕЧЕНИЯ / ПРОТИВОРЕЧИЕ / ИЗОБРАЖЕНИЕ / ЭМИР / КРИТИЧЕСКИЙ ВЗГЛЯД / СВЕДЕНИЯ / ВРЕМЯ / ЕВРОПЕЙЦЫ / ИССЛЕДОВАНИЕ / КУЛЬТУРА / ПЕРЕНИМАНИЕ И ПОДРАЖАНИЕ / МЫСЛИТЕЛЬ И ПРОСВЕТИТЕЛЬ / ЦИВИЛИЗАЦИЯ / ТРАКТАТ / DYNASTY / STATE / POLITICAL SITUATION / ISLAMIC CURRENTS / CONTRADICTION / IMAGE / EMIR / CRITICAL VIEW / INFORMATION / TIME / EUROPEANS / RESEARCH / CULTURE / LEARNING AND IMITATION / THINKER AND EDUCATOR / CIVILIZATION / TREATISE / СИЛСИЛА / ДАВЛАТ / ВАЗЪИ СИЁСӣ / РАВИЯҳОИ ИСЛОМӣ / ИХТИЛОФ / ТАСВИР / ИЛЛАТ / АМИР / НИГОҳИ ТАНқИДӣ / АХБОР / ЗАМОН / УРУПОИЁН / ТАҳқИқ / ФАРҳАНГ / ИСТИқБОЛ ВА ПАЙРАВӣ / МУТАФАККИРИ МАОРИФПАРВАР / ТАМАДДУН / РИСОЛА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Олимова Хосият Хакимовна

Статья посвящена исследованию критических взглядов Ахмада Дониша о политической жизни Бухары. Отмечается, что прозаические произведения Ахмада Дониша, в особенности его «Наводир-ул-вакое’» и «Рисолаи та’рихи», являются важнейшими источниками, отображающими социально-политическую обстановку Средней Азии в XIX веке. Определяется, что Ахмад Дониш в своей реалистической прозе подвергает критике государственный строй своего времени и описывает истинное состояние Бухарского эмирата по сравнению с Российским государством. Подчеркивается, что по мнению просветителя состояние общества можно улучшить путем изменения системы образования и обучения. Автор статьи, анализируя критические взгляды А. Дониша, рассматривает социальные противоречия данного периода.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Критические взгляды в прозе Ахмада Дониша

The article is devoted to the study of the critical views of Ahmad Donish on the political life of Bukhara. It is noted that the prose works of Ahmad Donish, in particular his “Navodir-ul-wakoe’ ”and‘‘ Risolai ta’rikhi ”are the most important sources reflecting the socio-political situation of Central Asia in the XIX century. Ahmad Donish in his realistic prose criticizes the state system of his time and describes the true state of the Bukhara emirate compared to the Russian state. It is emphasized that the opinion of the enlightener can be improved by changing the education and training system. The author of the article, analyzing the critical views of A. Donish, considers the social contradictions of this period.

Текст научной работы на тему «Critical views in prose of Ahmad Donish»

УДК 371

ББК 74.00 Х. Х,.ОЛИМОВА

АФКОРИ ИНТИЦОДЙ ДАР НАСРИ АХМАДИ ДОНИШ

Ахмад Махдуми Дониш дар замони салтанати ду амир Музаффар ва Абдулахад, падару писар, ки аз силсилаи Мангития буданд, зиндагй карда, аз бетадбирии онхо дар масоили давлатдорй ва сохти идории давлатй интикод намудааст. Таърих бахогузории маорифпарвари точикро нисбат ба ин ду амир исбот кардааст. Амир Музаффар, ки солхои 1860 - 1885 хукумат кардааст, вазъи сиёсиро барои татбик намудани хадафхои хеш истифода намуда буд. Номбурда исёнхои мардуми махаллиро пахш намуда, шуриши писараш Абдулмаликро хомуш сохт ва баъзе аз манотикро мисли Шахрисабз ва Бухорои шаркй ба аморат шомил кард. Амир Абдулахад низ дар химояи артиши рус карор дошт ва бе дастури император кароре ба имзо намерасонид. Амирони Бухоро конунгузории давлатй надоштанд ва аз ахолй талаб менамуданд, ки мутобик ба хидоятхо ва шариати исломй амал намоед, дар холе ки худ бар хилофи фармудахои ин китоб амал мекарданд. Андози номахдуд ва ришваситонии амлокдорони амир дар хар як мавзеи аморат ахолиро факир месохт ва барои нахзатхои зидди хукумати амир замина ба вучуд меоварданд.

Гузашта аз ин, вазъи сиёсии Бухоро бинобар дахолати кишвархои азимулдавр хеле ногувор буд. Русияи подшохй хангоми тасарруфи Осиёи Марказй бо Британияи Кабир ихтилоф дошт. Манфиатхои геополитикии кишвархои тараккикарда ва забт гардидани минтака аз чониби ачнабй дар дохили давлатхои Осиёи Миёна фаъолияти миссионерии зиёиёни дар империяи усмонй тахсилгирифтаро ба вучуд овард. Хддафхои миссионерон дар Осиёи Миёна таъсис намудани ягона давлате буд, ки аз Бритониё итоат бинмояд. Барои расидан ба ин хадаф онхо аз ислом суйистифода менамуданд ва аз ихтилофи равияхои исломй барои манфиатхои худ натичагирй мекарданд. Аз хамин хотир, Ахмади Дониш сабаби тез-тез тагйирёбии авзои сиёсии аморатро дар бетадбирии амирони Бухоро донистааст, ки ба умури кишвардорй ахамият намедоданд.

Бояд икрор намуд, ки оммаи васеи халк бинобар ташкилшавии генерал - губернатории Туркистон пас аз хамрохшавии минтака ба импературии Русия на танхо дар зери султаи мустабиди амирони Мангития, балки дар зери шиканча ва истисмори маъмурияти ачнабй карор гирифта, минбаъд аз ду чониб зулм медиданд. Чун сохти идоравии давлат тагйир ёфт, корхонахо ва дигар марказхои кории ачнабй дар Осиёи Миёна барпо шуданд ва нишонахои илму техникаи пешкадам ба ин сарзамин хамрох бо мухочирати оммаи васеи коргарон аз Русия рох ёфтанд, фарханги бегона бар василаи мухочирон дар аморати Бухоро тарвич ёфт. Ин пахлухои дигари хамон хаводис аст, ки боиси ба пуррагй забт ёфтани минтакаи мазкур аз чониби Русияи подшохй анчом пазируфтааст. Махсусан, бунёди рохи охан ва ба Бухоро овардани он дар муомилоти иктисодй ва дар рушди иктисодии аморат накши боризе гузошт. Бухоро пайваста ба кишвари содир сохтани ашёи хом ба Русияи подшохй мубаддал гардид. Аз хамин хотир, Осиёи Миёна чун содиркунандаи ашёи хом минбаъд низ бокй мемонд ва чунин шакл гирифтани иктисоди махаллй бар манфиатхои Русия буд. Осиёи Миёна ба Русия пуст, пашм, пахта, абрешим ва дигар махсулоти кишоварзй содир менамуд. Ба кавли академик З.Ш.Рачабов доду гирифт "Бухороро бозори дохилии Россия кард"(1, 13).

Дар иртибот ба тасвири вазъияти сиёсии Осиёи Миёна метавон осори адабии охири асри Х1Х ба хусус "Наводир-ул-вакоеъ" ва "Рисолаи таърихи"-и Ахмад махдуми Донишро мисол овард. Таваччухи РДодизода ба «Наводир-ул-вакоеъ» нисбатан мукаммал буда, дар он тахлили гоявии насри адиб ба мушохида мерасад. Минчумла дар он омадааст: «Нусхахои нави асархои маълуми у, махсусан нусхахои тоза ва муътабари «Рисолаи таърихй» ва «Наводир-ул-вакоеъ» пайдо гардид. Хдмаи ин заминаи илмии нашри осори Ахмади Донишро ба вучуд овард. Дар натича аз соли 1957 ин тараф чопи илмию интикодии «Рисолаи таърихй» огоз ёфт, ду тарчумаи нисбатан мукаммали асархои у бо забони русй ба нашр расидааст. Проблемаи сеюм - тадкики афкори ичтимой, сиёсй ва фалсафии Ахмади Дониш, инчунин муайян намудани маком ва таъсири адабии у ба адабиёти он давр ва ибтидои асри XX буд. Дар асархои А.Баховаддинов, З. Рачабов, Б. Fафуров, И. Муъминов ва дигарон афкори фалсафй ва ичтимой ва сиёсии Ахмади Дониш ва пайравони дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX то андозае тадкик ва тахкик гаштааст»(2, 5). Асоси тадкикоти назариявй дар мавриди осори Дониш аз чониби олими маъруф Р. ^одизода ба анчом расида бошад хам, чй хеле ки худи у дар бахси «Ч,адидия ва дурнамои таърих» кайд мекунад: «...хануз андешахои Ахмади Дониш чун маорифпарвар дуруст омухта нашудааст»(3,15)..

З. Рачабов рочеъ ба таваччухи Ахмади Дониш ба тагирот дар чомеа ва пешрафти хаёти мардум , инти;оди Дониш аз сохти давлатдории амирони замон андешаронй намуда, чунин меорад, ки "Ахмади Дониш дар таърихи афкори ичтимой ва сиёсии хал;и точик дар охири асри Х1Х ва аввали асри ХХосори намоёне гузошт."(1,224). Ба ;авли З.Рачабов "Чдхонбинии Ахмади Донишро фа;ат ба шарти ани; ба хисоб гирифтани ду чихати он фахмидан мумкин аст.Аввало дар асоси муфассал тахлил кардани рафти инкишоф а;идахои чамъиятй ва сиёсии у, ки бенихоят печ дар печ аст, вале басо бошиддат буд.Сониян, дар асоси ба хадди ичтимой ва таърихии Бухорои нимаи дуюми асри Х1Х айн ин нисбат додани а;идахои у"(1, 106).

Во;еан, Ахмади Дониш аз низоми аморати Бухоро чонибдорй нанамудааст. Ба а;идаи у рохбар халифаи Худо дар замин аст. Бинобар ин, у бояд мутоби;и адли илохй ба раият сарварй намояд ва хамеша ба хал; мехрубон бошад. Мутаасифона, ахкоми Бухоро аз ин фазилат дуранд. Ба ин иллат, хокимони муосири худро ба деву гул монанд намуда, душмани раият мехонад. Илова бар ин, барои шинохти дурусти аркони чомеа ва ахкоми исломй хиссагузор ба хамватанон ва хамзамонони худ мебошад. Дар «Наводир-ул-ва;оеъ» аксари ;ахрамонхо ашхоси во;ей буда, бешубха аз ха;и;ати холу ахволи аморати Бухоро ва дигар кишвархо андешаронй мекунанд. Барои ин мисол метавон аз сатхи ошноии а;воми бодиянишин, мисли ;азо;хо, муносибати маликахои кишвархои Араб, кину адовати ашрофзодагони русро ёдрас намуд.

Ахмади Дониш чун муаррих дар "Рисолаи таърихй" аз нигохи тан;идй ба амирони давр бахогузорй намуда, тарзи андешаронии у аз соири таърихнигорони он замон фар; мекунад. Ч,омеаи Бухорои шариф дар иртибот ба дигар кишвархои Шар; дар холати а;ибмондагй ;арор дошт ва Ахмади Дониш хамчун маорифпарвар ягона рохи таъмин намудани рушду тара;;иро дар ин давлат дар саркуб намудани низоме мебинад, ки барои таъмини фахши амирон бунёд гардидааст.

Дар во;еъ, низоми сиёсии марбут ба аморати Бухоро низоми сиёсй набуд, чунки фар; дар миёни неку бад гузошта намешуд ва хар он чи ки амалан татби; мегардид, дар асоси манфиатчуй буд. Масалан, замоне ки Русия дар назди дарёи Сир панохгохе мураттаб намуд, ба амир Насруллох ин ахбор оварданд, амир гуфт, ки ".... давлати Рус давлати бузург аст ва моро дастгохи му;обала шудан бо у нест ва у му;обили фарангихо ва Истамбул аст. Алхол чое ки у омада аз ;аламрави мо хорич аст, агар бозхосте кунем, вачхе надорем. Тавонад ки гуяд: Ин замини бемолик аст, агар даркор буд чаро омада сохибй накардй? Ва ба мо хасм шавад. Алхол ба мо забони дустй дорад, агар ва;те шавад, ки дохили замини мо шавад, кор дар он хол як тарафа хохад шуд, он чй гирифта хохад дод ва ё он чй морост хохад гирифт. Дар он ва;т муомала миёни мо ва у шамшер бошаду бас."(4, 37-38).

Ахмади Дониш дар рисолахои хеш сабабхои а;ибмондагии аморати Бухороро ба ;алам овардааст. Номбурда пас аз сафархои худ ба мулки Русия эхсос намуд, ки омилхои асосии а;ибмонии Осиёи Миёна бештар ба шакли идоракунии давлат ва сатхи ;онунгузорй ало;аманд мебошад. Матбаа, театр, лампаи керосинй, тачхизоти гармкунанда, набудани муассисахои тиббй , мактабхои чадид ва гайра аз тафоввути барчастаи байни Бухорову чахон шаходат медиханд. Ба ибораи дигар аморати Бухоро аз чомеаи чахонй а;иб монда буд ва ин тафоввут Ахмади Носируддинро водор мекард, ки чихати чуну чарои он пажухиш бинмояд. Хдтто дар "Наводир-ул-ва;оеъ" муаллиф аз гизои маънавй харф кушода, чунин хулоса менамояд, ки "Абумуслимнома" барин китобхои камтаъсир ахли Бухорои шарифро боз хам кундзехн мекунанд. Нуфузи аз меъёр бештари шариат ва чонибдории куркуронаи амалдорони камсавод аз ислом барои дар чахлу торикй нигах доштани мардум мусоидат мекард. Монеаи асосиро дар рушди мафкуравии инсонхо Ахмад Махдуми Бухорй дар таассуб ва розчуии муслимин донистааст. Мардум то андозае чохил буданд, ки дар бораи давлатхову миллатхо тасаввуроте надоштанд ва мардуми бегонаро ба гулу дев монанд менамуданд. Дар мактабхои Бухоро бошад, ба ;авли Махдуми Бухорй хеч як илми муфид омузонида намешуд ва муллохо чои тадрис шогирдонро горат мекарданд. Ин илмро ба фикри маорифпарвари точик бояд барканор кард, то онро дигарон василаи дарёфти ;ути лоямут ;арор надиханд. Академик З.Ш.Рачабов дар иртибот ба афкори сиёсию ичтимоии Ахмади Носируддин чунин менигорад: "Дониш характери схоластикй доштани илмхоеро, ки дар мактабхои Бухорои онруза омухта мешуданд, ба хубй мефахмид ва дар тачрибаи хаётиаш санчида буд. У ;айд мекард, ки ба мартабаи олии донишхо на фа;ат ба воситаи хондани китобхо, балки асосан дар натичаи тафаккур ва таамму; дар болои хар як ходисаи хаёти инсонй ноил гардидааст"( 1, 161).

Ахмади Дониш дар "Рисолаи таърихй" хаёт ва вазъияти Аморати Бухороро тасвир менамояд ва тазаккур медихад, амирон хар гуна шуришхои норизоён мардумро пахш менамуданд. Дониш тазаккур медихад, ки амирон ;онунхои шариатро риоя намекарданд ва

гунохро ба зиммаи уламо мепартофтанд. Харчанд ки Амир Насрулло аморатро ба наберааш тавсия дода бошад хам, аммо уламо амир Музаффарро дастгирй намуда, уро ба тахт гузоштанд. Дониш бахсхо байни ахли аморат ва мардумро ин гуна нишон додааст: "Ва баъд аз у (амир Насруллох) умаро ва аъён дар амри хукумат миёни писару набераи амир мутараддад шуданд. Баъзе гуфтанд: "Давлат ирсй аст, писар му;аддам бошад". Баъзе гуфтанд: "Васият му;аддам аст". Ва охир чамъияте, ки толиби овардани писар буданд, галаба ёфта амир Музаффарро аз Кармина талабиданд."(4,35).

Ба андешаи Дониш, Амир Насруллох чун дигар амирони мангит дар коргузорй ба чуз айшу ишрат чизеро эхсос намекард ва сарманшаи асосии интишори фис;у фучур мегардид. Ба замми ин кори давлат дар дасти нафароне буд, ки дониши муайяне надоштанд: "Вазорати Бухоро ба дасти Мухаммадшох-;ушбегй буд ва он марди сафех, бесавод, беа;л (буд). Маазолик, доим ранчур буд ва сухани рости андакро ба подшох арз кардан мачол надошт ва хеч чиз аз салохи мулку давлатро хеч касе ба подшох расонидан чуръат намекард. Лочарам, умури миллативу давлатй ихтилофи куллй ёфта, осудагй аз миёни сипоху фу;аро ;арона гирифт, хол он ки (тамоми) басту фусхати мамлакат мав;уфи фатонату матонати раъйи вазир аст. Агар вазир бетадбир бошад, дар он мулку давлат бояд гирист."(4,36).

Муаллифи «Наводир-ул-ва;оеъ» дар мунозираи фарангй ва хочй бори дигар исбот мекунад, ки гарбиён рисолати худро дар обод намудани дунё ва сиёсати кишваркушой дидаанд. Онхо аввалан ба тад;и;и милали дунё пардохта, сониян барои тасарруфи кишвархои нав ивдом менамоянд. Аммо шар;иён бар хилофи гарбиён «теша бар решаи хеш мезананд». Яъне бо омухтани илму фарханги Шар; олимони Fарб чомеаи худро дигаргун сохтаанд. Fарб бо донистани маънавиёти Шар; рухи онро пайхас намуд ва ба чони у кора гардид. Fановат аз у бурд ва ободии мулки худ кард. Бинобар ин, хангоми тасвир во;еънигор барои таъсирбахш гадидани асар ба во;еъият хусусияти бадей медихад. Масалан, Ахмади Дониш сафари Русияро ба таври во;ей тасвир намуда, дар ва;ти инъикоси хаёти моддй ва маънавии мардуми рус аз каломи бадеъ истифода намудааст. Инро дар мисоли зерин дидан мумкин аст: "... дар ин мачлис зиёда аз хазор шамъи мумию бухорй афрухта ва дар мачомири зарандуда адхинаи латифа сухта, аз касрати чарогон шаб сурати руз дар бар гирифта буд" (5,166). Дар чои дигар холати худро дар байни издихоми комилан нав чунин ба ;алам медихад: "Саросема ба а;иб менигаристем, ичолатулва;т ба тарсу ларз пое пештар мебурдем ва ба ранги бузинагон тамаллу;е мекардем, ва ба дахону забон ба ангушт ишора медодем,ки " мо безабонем ва аз сахро расида говон ва ба русуму услуби шахри шумо нодонон, маъзурамон доред!»(5, 67).

Ахмади Дониш бо вучуди се маротиба сафар доштан ба Санкт - Петербург тамаддуни онхоро тамаддуни голиб напиндоштааст ва аз ин фарханг пайравй нанамудааст. Баръакс, мутафаккири маорифпарвар борхо тазаккур додааст, ки миллати Урупо аз бархе дастовардхои сатхи башарй бархурдор нестанд ва дар муносибат бо якдигар самимият надоранд. Хулосаи Ахмади Дониш на исти;бол ва пайравй, балки тах;и;и фархангхо, тамаддунхо ва миллатхост, чунки ба андешаи у бартарии урупоиён аз бухориён дар тах;и;у баррасии масоил аст, на дар та;лид аз рушду тара;;ие, ки доранд.

Хамин тари;, Ахмади Дониш хангоми инъикос авзои чомеа, анъанаву хусусиятхои нома;були инсонхо ва чахонбинии онхо ба во;еъият наздик гардида, норизой аз авзои чомеа намуда ва холи хамзамононро ба ;алам овардааст. Ахмади Дониш дар пешгуфтори «Наводир-ул-ва;оеъ» дар мавриди дар кишвархои пешрафтаи дунё арзёбй гардидани тахлилхо ва тад;и;оти уламоро зикр намуда, аз чониби хукумат нашр гардидани асархои онхоро ёдрас намудааст. Гузашта аз ин, Дониш бовар надошт, ки «Наводир-ул-ва;оеъ» ба амир ва нукаронаш писанд мегардад. Бинобар ин, умед бар он дошт, ки шояд дар ягон давре ба ;адри таълифоти у бирасанд ва тахияю тахлили Ахмади Дониш чун маорифпарвар аз кишвархои пеш;адам таъсирпазир набуд ва то андозае дар «Наводир-ул-ва;оеъ» ба сифати муна;;иди Fарб андешаронй мекунад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Рачабов, З.Ш., Маорифпарвар Ахмади Дониш/З.Ш.Рачабов.- Душанбе:Ирфон, 1964.-308с.

2. Ходизода ,Р. Ахмади Дониш/ Р. Ходизода .- Душанбе: Ирфон, 1976.-202с.

3. Чдцидия ва дурнамои таърих// Садои Шар;.-1990.- №3

4.Ахмад, Махдуми Дониш Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития/ Махдуми Ахмад. -Душанбе. Дониш. - 2010.-180 с.

5.А. Дониш. Наводир-ул-ва;оеъ. Китоби 1/Дониш, А.-Душанбе: Дониш, 1988. -288 с.

REFERENCES:

1. Rajabov, Z.Sh., Ahmadi Donish is a Enlightener. - Dushanbe: Cognition, 1964.- 308р.

2. Hodizoda, R. Ahamdi Donish /Hodizoda. - Dushanbe: Cognition, 1976.-202р.

3. Jadidiya and Historical Perspective // The Voice of the Orient, 1990.-№ 3

4.Ahamd, Mahmudi Donish. A Treatise or Essay on the History of Mangyt Dynasty/ Mahmudi Ahmad. -Dushanbe: Academy of Sciences of Tajikistan Republic publishing-house "Knowledge", 2010 - 180 p.

5.Ahmadi Donish. Navodirulvaqoe. - B.1 / Ahmadi Donish - Dushanbe: Knowledge, 1988 - 288 p.

Афкори интицодй дар насри Ахмади Дониш

Вожахои калидй: силсила, давлат, вазъи сиёси, равищои исломи, ихтилоф, тасвир, иллат, амир, нигоуи танциди, ахбор, замон, урупоиён, тауциц, фаруанг, истщбол ва пайрави, мутафаккири маорифпарвар, тамаддун, рисола Дар мацола нигоуи интщодии Аумади Дониш ба вазъи сиёсии Бухоро мавриди омузиш царор гирифтааст. К,айд мешавад, ки осори мансури Аумади Дониш, хоса "Наводир-ул-вацоеъ" ва "Рисолаи таърихи'-иу, яке аз сарчашмауои мууимеанд, ки авзои сиёсию ицтимоии Осиёи Миёнаро дар асри Х1Х инъикос менамоянд.Нишон дода мешавад, ки А.Дониш дар насри реалистии хеш сохти давлатдории амирони замонашро танцид намуда, уацицати уолу ауволи аморати Бухороро дар муцоиса бо кишвари Русия баён намудааст.Зикр мешавад, ки ба назари А.Дониш авзои цомеаро бештар бо роуи дигар намудани низоми маорифу таълим беутар кардан мумкин аст.Муаллиф дар мацолаи мазкур бо таулили афкори танцидии А.Дониш тазоди ицтимоиро дар ин ауд барраси намудааст.

Критические взгляды в прозе Ахмада Дониша

Ключевые слова: династия, государство, политическая обстановка, исламские течения, противоречие, изображение, эмир, критический взгляд, сведения, время, европейцы, исследование, культура, перенимание и подражание, мыслитель и просветитель, цивилизация, трактат Статья посвящена исследованию критических взглядов Ахмада Дониша о политической жизни Бухары. Отмечается, что прозаические произведения Ахмада Дониша, в особенности его «Наводир-ул-вакое'» и «Рисолаи та'рихи», являются важнейшими источниками, отображающими социально-политическую обстановку Средней Азии в XIX веке. Определяется, что Ахмад Дониш в своей реалистической прозе подвергает критике государственный строй своего времени и описывает истинное состояние Бухарского эмирата по сравнению с Российским государством. Подчеркивается, что по мнению просветителя состояние общества можно улучшить путем изменения системы образования и обучения. Автор статьи, анализируя критические взгляды А. Дониша, рассматривает социальные противоречия данного периода.

Critical views in prose of Ahmad Donish

Keywords: dynasty, state, political situation, Islamic currents, contradiction, image, emir, critical view, information, time, Europeans, research, culture, learning and imitation, thinker and educator, civilization, treatise

The article is devoted to the study of the critical views of Ahmad Donish on the political life of Bukhara. It is noted that the prose works of Ahmad Donish, in particular his "Navodir-ul-wakoe' "and" Risolai ta'rikhi "are the most important sources reflecting the socio-political situation of Central Asia in the XIX century. Ahmad Donish in his realistic prose criticizes the state system of his time and describes the true state of the Bukhara emirate compared to the Russian state. It is emphasized that the opinion of the enlightener can be improved by changing the education and training system. The author of the article, analyzing the critical views of A. Donish, considers the social contradictions of this period.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Олимова Хосият Хакимовна, номзади илмуои филологи, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоцики Донишгоуи давлатии забонуои Тоцикистон ба номи С. Улугзода (Цумуурии Тоцикистон, ш. Душанбе), E-mail: hosiyat. olimova@ mail.ru Сведения об авторе:

Олимова Хосият Хакимовна кандидат филологических наук, доцент кафедры теории и истории таджикской литературы Таджикского государственного института языков имени Сотима Улугзада (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E-mail: hosiyat. olimova@ mail.ru

Information about the author:

Olimova Khosiyat Khakimovna associate professor, doctoral candidate of the Tajik State Institute of Languages named after Sotima Ulugzad(Repablic Tajikistan, Khujand) E-mail: hosiyat. olimova@ mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.