мудити зисти Агентии мазкур пас аз чамъоварй, коркард ва чамъбасти дисоботдои омории пешнидодгардида муайян намуд,
ки дар нимсолаи якуми соли чорй рушди
истедсоли мадсулоти кишоварзй дар кишвар 107,9 дарсадро ташкил додааст.
Тиб^и маълумоти оморй, дар нимсолаи якуми соли 2023 дачми мадсулоти умумии кишоварзй дар Ч,умхурии Точикистон дар дамаи категориядои хочагй ба 18 миллиарду 658,7 миллион сомонй баробар шудааст. Ин нишондиданда нисбат ба дамин давраи соли 2022 бо нархдои мукоисавй 7,9 фоиз зиёд мебошад. Аз чумла, дар содаи растанипарварй 13 миллиарду 224,3 миллион сомонй, ё 10,4 фоиз ва чорвопарварй бошад, 5 миллиарду 434,4 миллион сомонй ё 2,4 фоиз зиёд аст.
Бояд гуфт, ки дар ин давра диссаи вилояти Хатлон дар мачмуи умумии мадсулоти кишоварзии мамлакат 64,1 фоизро ташкил дода, дачми истедсол ба
11 миллиарду 953,7 миллион сомонй ё 106,0 фоиз баробар гардидааст.
Тиб^и иттилоъ, дар нимсолаи якуми соли 2023 диссаи хочагидои чамъиятй дар дачми мадсулоти умумии кишоварзй 10,2 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хочагидои вилоятдои Сугд 21,1 фоиз, Хатлон 5,5 фоиз, ВМКБ 0,5 фоиз ва дар шадру нодиядои тобеи чумдурй ба 15,6 фоиз баробар аст.
Аз чумла, дар ин давра ба хочагидои дедконй 45,5 фоизи диссаи дачми умумии мадсулоти кишоварзй рост меояд. Дар дачми умумии мадсулоти кишоварзй диссаи хочагидои адолй 44,3 фоизро ташкил медидад, ки ин нишондод дар хочагидои ВМКБ 96,7 фоиз, вилоятдои Сугд 38,5 фоиз, Хатлон 44,5 фоиз ва шадру нодиядои тобеи чумдурй 49,3 фоизро ташкил медидад. Яъне, ба истиснои вилояти Сугд дигар дар тамоми манотщи Точикистон диссаи хочагидои адолй дар дачми умумии мадсулоти
кишоварзй баланд аст.
Адабиёт:
1. Астапенко М.С. Теории и концепции пространственной экономики: сущностные аспекты и эволюция подходов [Электронное издание] // Вестник Евразийской науки 2018, №1, Том 10. ISSN 2588-0101: https://esj.today
2. Дюркгейм Э. Социология и социальные науки // Дюркгейм Э. Социология. Ее предмет, метод, предназначение. М: Канон, 1995. 350 с. С.20
3. Кандыерова Д.О., Каримова И.И. Теоретические основы развития экономического пространства регионов / монография. - Душанбе: ТГФЭУ, 2018.-220с.
4. Каримова Н.И. Вербализация концепта «Пространство» в русской, польской и таджикской национально-культурных картинах мира. / Монография. - Душанбе: РТСУ, 2020. - 174с. ISBN 978-99975-63-55-2
5. Николаева О.В. Понятие концептуального пространства в методологии языкознания // Личность. Культура. Общество. 2011. Т. 13. Вып. 2 (6364). С. 186-196.
6. Рахимов Р.К. Общеэкономические пропорции в народном хозяйстве Республики Таджикистан [Текст] / Р.К. Рахимов, Я.П. Довгялло, Б.М. Шарипов // Вестник РТСУ. - Душанбе, 2015. -№1(48). С.58-66.
7. Симарова И.С. Обоснование регионального развития с учетом связанности экономического пространства: диссертация ... кандидата экономических наук: 08.00.05 / Симарова Ирина Сергеевна; [Место защиты: Тюмен. гос. нефтегаз. ун-т]. - Тюмень, 2014. - 146 с.
8. Ярошевский Б.Е. Теория периферийной экономики. М.: Мысль, 1973. 214 с.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Муслихова Тахмина Тагоевна - н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоди давлатии молия ва щтисоди Точикистон. Сурога: 734067, Ч,умдурии Точикистон, ш. Душанбе, к. Нахимов 64/14.
Информация об авторе:
Муслихова Тахмина Тагоевна - к.э.н., доцент, заведующая кафедрой банковского дела Таджикского государственного финансово-экономического университета. Адрес:734067, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Нахимова 64/14.
Information about the author:
Muslikhova Tahmina Tagoevna - candidate of economics sciences, associate professor of the banking department of the Tajik State University of Finance and Economics. Address: 734067, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Nakhimov st. 64/14.
УДК: 336.63
АСОСХ.ОИ НАЗАРИЯВИЮ АМАЛИИ МОЛИЯИ ХО^АГИ^ОИ ХОНАВОДАГЙ
Саидов Рачабали Назифович
Аннотатсия. Макола фарогири тахкики тахаввулоти назариявию амалии молияи хочагихои хонаводагй мебошад. Муаллиф нуктаи назари иктисодчиёнро оид ба фахмиш ва мохияти хочагихои хонаводагй ва молияи хочагихои хонаводагй омухтааст. Дар рафти тахкикот муайян карда шудааст, ки фахмишхои пешниходнамудаи иктисодчиён асосан ба унсурхои таркибдихандаи онхо тафовут дорад. Мухаккик оид ба рушди нисбатан ноустувори хочагихои хонаводагй ишора намуда, густариши муносибатхои молиявиро дар хочагихои мазкур аз пешрфти онхо вобаста медонад. Х,амчунин дар макола мушкилоти муосири рушди муносибатхои молиявии хочагихои хонаводагии кишвар оварда шуда, чихати бартараф намудани он тавсияхои илмй-амалй пешниход гардидаанд.
Калидвожахо: молияи хочагии хонаводагй, низоми молиявй, шугл, сатхи зиндагй, кобилияти харидорй, истеъмолот, такрористехсол, иктисоди бозорй, сармоягузорй.
Барои иктибос: Саидов Р.Н. Асосхои назариявию амалии молияи хочагихои хонаводагй / Р. Н. Саидов // Паёми молия ва иктисод. -2024. - № 1 (40). - С. 81-88.
ТЕОРЕТИКО-ПРАКТИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ ФИНАНСОВ ДОМАШНИХ ХОЗЯЙСТВ
Саидов Раджабали Назифович
Аннотация. Статья посвящена исследованию теоретико-практической эволюции финансов домохозяйств. Автор изучил взгляды экономистов на понимание и сущность домашних хозяйств и финансов домашних хозяйств. В ходе исследования установлено, что понятия, предлагаемые экономистами, различаются преимущественно по составляющим элементам. Исследователь указывает на относительно неустойчивое развитие домашних хозяйств и считает, что развитие финансовых отношений в этих хозяйствах зависит от их прогресса. Также в статье представлены современные проблемы развития финансовых отношений домохозяйств страны и представлены научно-практические рекомендации по их преодолению. Ключевые слова: финансы домашних хозяйств, финансовая система, занятость, уровень жизни, покупательная способность, потребление, воспроизводство, рыночная экономика, инвестиции.
THEORETICAL AND PRACTICAL FOUNDATIONS OF HOUSEHOLD FINANCE
Saidov Rajabali Nazifovich
Annotation. The article is devoted to the study of the theoretical and practical evolution of household finances. The author studied the views of economists on the understanding and essence of households and household finances. The study found that the concepts proposed by economists differ mainly in their constituent elements. The researcher points to the relatively unstable development of households and believes that the development of financial relations in these households depends on their progress. The article also presents modern problems of the development of financial relations of the country's households and presents scientific and practical recommendations for overcoming them.
Key words: household finance, financial system, employment, standard of living, purchasing power, consumption, reproduction, market economy, investment.
Гузориши масъала. Новобаста ба он, ки муносибатхои молиявй дар хочагихои хонаводагй амалан вучуд доранд, лекин то кунун дар санадхои меъёрй-хукукй, барномахои кутохмуддат ва дарозмуддати рушди сохахои хаёти ичтимоию иктисодии кишвар мафхуми молияи хочагихои хонаводагй ба чашм намерасад. Дар шароити иктисоди бозорй ва гузариш ба иктисоди ракамй хочагихои хонаводагй хамчун субъектхои фаъоли муносибатхои молиявй амал карда истодаанд. Рушди молияи хочагихои хонаводагй аз мавкеи такмили заминахои назариявию меъёрии он ва фарохам овардани шароити
мусоиди амалй чихати таъмини фаъолияти бардавом ва босамари хочагихои мазкур мусоидат менамояд.
Тахлили тадкикотхои охир ва нашрияхо. Масъалахои вобаста ба асосхои назариявию амалии молияи хочагихои хонаводагй дар таълифоти илмии иктисодчиёни ватанй: Хайрзода Ш.К. Нурализода А.Н., Бобомуродов Б.Э., иктисодчиёни рус: Барулин С.В., Беккер Г.С., Белов А.В., Белозеров И.Ф., Екшембиев Р.С., Фетисов В.Д. ва дигарон мавриди омузиш карор дода шудааст.
Максади макола аз муайян ва ошкор намудани заминахои ташаккул ва рушди молияи хочагихои хонаводагй иборат мебошад.
Пешнщоди мaводи псосй. Ч,ой доштани зapypaти эътирофи фaxмиши ягонаи молияи хочаг^ои хонаводагй ва амалан истифодабарии он. Молияи хочаг^ои хонаводагй дар Ч,yмxypии Точикистон бинобар иллати камдаромад бyдaни кисмати асосии axолй то кунун тамоюли устувори рушдро соxиб нагардидааст. Аз ин ру, ба фaъолиятxои сердаромад пайвастани axолй, ба pоx мондани истеxсоли молй дар хочarиxои хонаводагй, самаранок истифодабарии доpоиxо, аз чумла масраф намудани дapомaдxои хочarиxои мазкур барои ба даст овардани доpоиxои фаъол тaдбиpxое мебошанд, ки барои баланд бардоштани неруи молиявии axолй мусоидат менамоянд.
Дар шарити кунунй чудо намудани молияи хочагии хонаводагй xaмчyн категорияи комил ва мустакили илми молия зарурати вокей дорад. Иктисодчиёни зиёде эътироф менамоянд, ки молияи хочагии хонаводагй унсури мустакили низоми молиявй буда, мачмуи мyносибaтxои пулиро оид ба ташаккулёбй ва истифодабарии бyчетxои оилавй дар бар мегирад. Албатта, молияи хочагии хонаводагй дорои субъект ва объеки мушаххас буда, дар низоми молияи миллии xap як давлат накши калидй дорад. Вобаста ба xолaти чойдошта, дар тaxкикоти мазкур накши калидии хочaгиxои хонаводагй дар ташаккул ва рушди мyносибaтxои молиявй аз мавкеи омузиши тaxaввyлоти назариявй он ба pоx монда шудааст.
Барои омузиши дакики молияи хочагии хонаводагй пеш аз xaHa муайян намудани фaxмиши худи хочагии хонаводагй зарур мебошад. Вобаста ба ин, дар кисмати аввали тaxкикот ба омузиши фaxмиши хочагии мазкур мепардозем. Дар лугати нави иктисодй, зери тaxpиpи Азрилиян А.Н. фaxмиши хочагии хонаводагй xaмчyн воxиди иктисодй, ки аз як ва ё якчанд фард иборат буда, дар заминаи сарфаи зaхиpaxо даромад мегирад ва онро барои хариди молxо, хизмат ва дар мачмуъ, конеъ намудани талаботи моддии аъзоёни худ истифода менамояд, маънидод шудааст [10, с.202]. Аз мaфxyми пешниxоднaмyдaи Азрилиян А.Н. бар меояд, ки хочагии хонаводагй та^о дар натичаи сарфаи зaхиpaxо имконияти рузгузаронии аъзоёни худро ба даст меорад.
Беккер Г.С., Ланкастер К.Ч,, Минсер Д. оид ба хочaгиxои хонаводагй мавкеи илмии худро муайян кардаанд, ки меxнaти илмии о^о ба назарияи нави иктисодии хочагии хонаводагй алокаманд мебошад. Fояи марказии назарияи мазкур аз он иборат мебошад, ки имконияти дар ихтиёрдоштаи оилaxо на та^о барои истеъмоли неъмaтxо дар бозор (тaнxо истеъмолкунанда) истифода шавад, инчунин барои истеxсоли неъмaтxои муайян низ бояд сафарбар карда шавад. Беккер Г.С. хочагии хонаводагиро ба «фабрикаи на он кадар калон», ки омехтакунии зaхиpaxо, ашёи хом ва меxнaтpо таъмин намуда, тозагии хона, омодакунии хурок ва тарбияи
фарзандонро амалй менамояд, нисбат мед^ад [2, с.160].
Ба акидаи мо, дар xap xолaт фарк намудани хочагии хонаводагй ва оила зарур шуморида мешавад. Новобаста аз он, ки мaфxyми хочагии хонаводагй ва оила ба xaмдигap назидик мебошанд ва онxо то андозае мyносибaтxои хешовандиро тавсиф менамоянд, аммо на xaмa yнсypxои сохтори ичтимой, ки онxо дар бар мегиранд, ба xaмдигap мувофик мебошанд, яъне xyдyди yнсypxои мазкур дар о^о тафовути назаррас дорад. Оила пеш аз xaмa падидаи ичтимой, демографй ва равонй мебошад ва аъзоёни мyносибaтxои оилавй ба якдигар нигаронида шудаанд. Аpзишxои муштараки оилавй тaxти бархурди фapxaнг ва урфу одати нaмояндaxои тapaфxо ташаккул меёбад. Хочагии хонаводагй бошад, дар навбати худ чaбxaxои иктисодии xaёти чомеаро муайян менамояд.
Хyсyсиятxои асосии хочагии хонаводагй бузургии он, неруи молиявй, шумораи иштирокчиён, синну сол, сaтxи донишу малакаи онxо, инчунин дигар аломащои мувофик мaxсyб меёбанд. Яке аз мaхсyсиятxои фарккунандаи хочагии хонаводагй нисбат ба оила дар он дида мешавад, ки дар xaйaти хочагии хонаводагй на та^о хешовандон, балки, ашхоси бегона низ мавчуданд. Новобаста аз он, ки варианти нисбатан пaxнгapдидaи хочaгиxои хонаводагй дорои шумораи зиёди иштирокчиён мебошад, аммо дар баъзе xолaтxо хочaгиxои мазкур нисбат ба оила хурд буда, як иштирокчй доранд.
Хочагии хонаводагй xaмчyн субъекти иктисодй таърихи тулонй надошта, дар xap кишвар ва минтака бо назардошти таъмини шароити мустакили иктисодии axолй пайдо гардидааст. Иктисоди бозорй, ки амалкарди шак^ои гуногуни моликият, аз чумла моликияти хусусиро дар назар дорад, заминаи ташаккул ва рушдд^андаи хочarиxои хонаводагй мебошад. Гузариши иктисоди Ч,yмxypии Точикистон ба низоми бозорй, хусусигардонии моликияти давлатй ва чараёни ташаккули институти моликияти хусусй, ки охири асри XX ва aввaлxои асри XXI боиси мураккаб шудани фaъолиятxои иктисодй гардида буд, axaмият ва мубрамии тaxкикоти илмиро дар соxaи хочагии хонаводагй ба миён овард. Аз ин чост, ки дар илми иктисодй мaфxyми умумикабулшудаи «хочагии хонаводагй» то кунун вучуд надорад ва олимони соxa мавкеи худро нисбати ибораи мазкур бо мазму^ои мухталиф пешниxод кардаанд.
Вокеан, фaxмиши нисбатан мушаххас ва то андозае характери умумидошта, ки хочагии хонаводагиро xaмчyн яке аз се субъекти фаъолияти иктисодй, яъне дар баробари мaкомотxои xокимияти давлатй ва идоракунй, субъек^ои бахши тичоратии иктисодиёт тавсиф менамояд, дар лугати муосири иктисодй, зери тaxpиpи умумии Райзберг Б.А. оварда шудааст. Тибки фaxмиши пешниxодшyдa хочагии хонаводагй объекщои иктисодй ва чараё^оеро дар бар мегирад, ки шахс ва оила дар о^о зиндагии доимй менамоянд [14, с.247].
Аз мукоиса ва тахлилу омузиши мавкеи иктисодчиён оид ба фахмиши хочагии хонаводагй чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки инсон дар чахони дорои захирахои махдуди иктисодй зиндагй менамояд. Бинобар ин, новобаста аз он, ки фард дар кадом низоми иктисодй амал мекунад, кушиш менамояд, то харочотро ба хадди аккал расонида, сатхи даромадро афзоиш дихад ва ба ин васила, самаранокии фаъолияташро таъмин намояд. Аъзоёни хочагихои
хонаводагй, ки ба натичахои фаъолият манфиати мустаким доранд, аз ин ру, баланд бардоштани самаранокии кори хочагй хадафи аввалиндарачаи онхо мебошад.
Дамин тавр, дар натичаи тахкикоти гузаронидашуда нуктаи назари иктисодчиён оид ба фахмиши хочагии хонаводагй муайн гардида, ба низоми муайян дароварда шуд (чадв. 1).
Ч,адвали 1.-Мавкеи иктисодчиён оид ба мазмуни хочагии хонаводагй
Муаллифон Мавкеъ Манбаъ
Азрилиян А.Н. Хочагие мебошад, ки аз хисоби сарфаи захирахо рузгузаронии аъзоёни худро таъмин менамояд. [10, с.202].
Беккер Г. С. Хочагие, ки на танхо истеъмолкунандаи неъматхо, инчунин истехсолкунандаи онхо баромад менамояд. [2, с.160].
Райзберг Б.А. Хочагие мебошад, ки хаёт ва фаъолияти иктисодию ичтимоии шахс ва оиларо дар бар мегирад. [14, с.247].
Жеребин В.М., Романов А.Н. Хочагие, ки аъзоёни он истикомати муштарак ва бучети муттахидкардашуда дорад. [9, с.136].
Радаев В.В. Дамчун сохаи шугл эхтиёчоти аъзоёни худро ба махсулоти табий ва хизматхо конеъ менамояд [13, с.69].
Бобомуродов Б.Э. Шакли махсуси хочагидорй буда, аз як ё якчанд нафар одамоне иборат аст, ки дар як манзили истикоматй, ё дар як кисмати он зиндагй мекунанд ва маблагхои худро пурра ё кисман муттахид карда, харч менамоянд. [5, с.143].
Манбаъ: Тахияи муаллиф дар асоси тахкикоти гузаронидашуда.
Дар назарияи классикии илми молиявй, молияи ахолй хамчун унсури мустакили низоми молиявй амалан дида баромада нашудааст, аммо намояндагони неокласикхо ба тахкики рафтори иктисодии фард танхо дар рафти ташаккули муносибатхои байни аъзоёни хочагии хонаводагй шуруъ кардаанд. Кдблан фард дар низоми муносибатхои иктисодию молиявй на субъекти иктисодии дорои салохияти кабули карорхои иктисодию молиявй, балки хамчун намояндаи гайрифаъол дар доираи муносибатхои мазкур накши назарнорас дошт.
Молияи ахолй хамчун кисми таркибии низоми молиявй муносибатхои иктисодии пулиро оид ба ташаккулёбй ва истифодабарии фондхои воситахои пулй ва бо максади таъмини такрористехсоли шароити моддию ичтимой ва фархангии хаёти аъзоёни чомеа дар бар мегирад. Молияи ахолй дар сатхи хочагии хонаводагй ва ё оилаи алохида хамчун унсури нахустини сохтори ичтимой-иктисодии чомеа баромад менамояд. Дар мукоиса ба молияи субъектхои хочагидор, ки он дар бунёди молия, таксимоти аввалия ва истифодабарии арзиши мачмуи махсулоти дохилй ва даромади миллй накши калидй дорад, молияи ахолй дар мачмуи муносибатхои молиявй накши марказиро дар мархилахои хотимавии чараёнхои такрористехсолй, аз чумла мархилаи мубодила ва истеъмолот мебозад.
Дар ташаккулёбии молияи ахолй хочагии хонаводагй ва ё оилахо хамчун субъекти иктисодй дида баромада мешаванд, ки аз натичаи фаъолияти
онхо на танхо некуахволии вохидхои хочагихои мазкур дар алохидагй, балки сатхи зиндагии ахолии кишвар ва фаъолияти такрористехсоли чамъиятй ба онхо вобаста аст. Хочагии хонаводагй ва оила хамчун намуди асосии хочагидорй аз чониби як ва ё якчанд шахсиятхо, ки зиндагии муштарак ё бучети умумй доранд, пеш бурда мешавад. Аз ин чост, ки хочагии хонаводагй дар фаркият аз оила нисбатан мураккаб буда, метавонад дар сохтори худ на танхо хешовандон, балки дигар ашхосро дар бар гирад.
Дар Чумхурии Точикистон молияи ахолй аз солхои аввали сохибистиклолии кишвар то ба имруз дар ташаккули макоми молиявии ахолии Чумхурии Точикистон на танхо масъалаи бахсхои баландшиддати сохахои конунй ва чомеаи илмй, балки объекти рузмара карор гирифта аст. Бо назардошти ин, дар илми муосири молия то кунун фахмиши молияи ахолй хамчун унсури бунёдии низоми молиявии давлат ва ичрокунандаи накши калидии механизми таъсиррасон ба фаъолияти иктисодиёти миллй ва танзими талаботи истеъмолй вучуд надорад. Натичаи холати чойдошта масъалаи бахсхои байни намояндагони консепсияхои гуногуни илмй буда, баъзехо истифодабарии фахмиши «молияи ахолй»-ро беасос ва кисмати дигар кобили кабул медонанд.
Намояндагони консепсияи таксимотй молияро хамчун сохаи таксимоти муносибатхо ва тарафдорони консепсияи такрористехсолй онро хамчун категорияи такрористехсол таъриф додаанд. Намояндагони ин консепсияхо оид ба мавчудияти молияи ахолй нуктаи
назари худро баён накардаанд. Аз мавкеи назарияи классикй молия тандо дар чараёни такрористедсол ба вучуд меояд. Аммо молияи адолй маъмулан дар истедсоли моддй иштирок намекунад, дар мардилаи таксимот низ имконияти пайдошавй надорад, инчунин дар хочагидои хонаводагй чараёни такрористедсоли мукаррарй, ки дар он тачассуми мол ва ё хизмати расонидашуда ба вучуд меояд, мушодида намешавад. Мантикан чараёни такрористедсол тандо барои конеъ намудани мардилаи истеъмолот вучуд дорад, чунки дар сурати дархост нашудани молдои истедсолшуда ва хизматрасонй, дигар мардиладо ба монанди мардилаи истедсолот, таксимот ва мубодила маънои худро гум мекунанд. Вобаста ба ин, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мадаки асосии муайянкунандаи дачм ва сохтори молдои истедсолшуда ва хизматдо талаботи адолй мебошад.
Иштироки фаъоли адолй дар чараёни таксимот, мубодила ва истеъмолот сохтори чараёни такрористедсолро тагйир медидад. Бинобар ин, афзалияти хочагидои хонаводагй ва таъсири карордои ондо ба фаъолияти субъектдои хочагидорию давлат дар илми молия оварда шудааст.
Хочагидои хонаводагй асосан барои субъектдои хочагидорй таъминкунандаи захирадои меднатй мебошанд, ки дар иваз намуддои гуногуни молдо, хизмат, дороидои молиявй ва дигар арзишдоро ба даст меоранд. Дар баробари ин, хочагидои мазкур дамчун субъектдои иктисодй аз натичаи фаъолият дар бозори меднат неъматдои истеъмолй ва хизматдоро ба вучуд оварда, ба бозори молиявй захирадои самоягузорию амонатдоро пешнидод менамоянд, ки барои дигар содадои ичтимоию иктисодии даёти чомеа манфиатрасон буда, барои ташаккули шруи истедсолй мусоидат менамоянд. Оид ба ин масъала иктисодчиёни ватанй Хайрзода ШД., Бобомуродов Б.Э. дар яке аз маколадои илмии худ кайд менамоянд, ки «иктидори сармоягузории пасандоздои хонаводадо дар шароити баркарор намудани боварй ба устуворй ва пардохтпазирии бонкдо манбаи асосии ташкили сармояи карзии бонкдои тичоратй ва омили маблаггузории дохилй ба самтдои афзалиятноки рушди иктисодй шуда метавонад» [17, с.84]. Инчунин дар баъзе мавриддо хочагидои хонаводагй ва аъзоёни ондо дамчун сармоягузорони хусусй дар чараёни ташаккулёбии шруи сармоягузории бахши вокеии иктисодиёт мустакиман ширкат меварзанд.
Молияи хочагидои хонаводагй кисми таркибии категорияи нисбатан васеи молияи адолй буда, дорои мазмун, таркиб ва сохтори муносибатдои иктисодй мебошад, ки дар дохили хочагидои мазкур байни аъзоёни оила ва дар мудити берунй бо дигар субъектдои иктисодй, аз чумла шахсони дукукй ва вокей ба вучуд меояд. Молияи хочагии хонаводагй унсури марказии хочагии мазкур буда, он дар шароити рушди муносибатдои молиявии байни субъектдои иктисодй на тандо дар доираи фаъолияти иктисодии хочагии хонаводагй, инчунин иктисоди миллй накши
калидй дорад. Аз ин чост, ки иктисодчиёни зиёде дар тадкикотдои худ алокаи хочагидои хонаводагиро ба мудити берунй, яъне таъсири ин хочагидо ба иктисоди миллй ва таъсири баръакси иктисоди миллиро ба ондо омyхтaaнд. Бо назардошти адамияти хочагидои хонаводагй дар пешрафти иктисоди миллй, тадкики ин хочагидо аз мавкеи дарёфти имкониятдои рушддидй ва баланд бардоштани накши ондо дар иктисодиёт мубрам арзёбй мегардад.
Таърифи молияи хочагии хонаводагиро дар асоси акидаи гуногуни илмй мавриди тахдилу омузиш карор дода, фадмиши муосири он, ки хочагидои мазкурро дамчун субъектдои хочагидории дар дама содадои асосии иктисодиёт амалкунанда тавсиф менамояд, асоснок менамоем.
Барои тавсифи молияи хусусй ва ё гайримарказонидашуда, ки ба адолй марбут аст, мудаккикон таърифдои гуногунро истифода кардаанд, аз чумла: «молияи адолй» (С.Лушин, А.Ковалёв), «молияи хочагии хонаводагй» (Т.Ковалёва, Т.Матскуляк, Г.Поляк, Е.Пономоренко), «молияи хочагии хонаводагй ва содаи ичтимой» (А.Бабич, Л.Павлова), «молияи шадрванд ва оила» (В.Глушенко, И.Глушенко), «молияи шахсони вокей ва дукукй» (А.Литовский, И.Шевченко), «молияи бахши истеъмолй» (В.Останин), «молияи шахсй» (В.Галанов, В.Глухов, А.Чернов, М.Яндиев), «молияи шадрванд» (И.Балабанов), «молияи шахсони вокей» (Г.Колпакова), «молияи фардй» (В.Слепов, Р.Екшембиев), «селадои молиявии бозори истеъмолии адолй» (В.Живалов), «молияи содибкорони инфиродй» (А.Коваленко, А.Грязнова, Е.Маркина).
Мадаккикон мазмуни категорияи молияи хочагидои хонаводагиро аз мавкеи зарурй будани он дар таркиби бахши гайримарказонидашудаи низоми молиявй гуногун шард додаанд. Аз нигоди С.Барулин молияи хочагии хонаводагй мaчмyи муносибатдои пулиеро дар назар дорад, ки дар чараёни ташаккулёбй ва истифодабарии захирадои молиявию даромаддои хочагй, раванддои таъминоти молиявии фаъолияти инфиродй, истедсолй, тичоратй ва гайриистедсолй, истеъмолоти шахсию оилавй, инчунин чараёни баргардонии уддадоридои бучетй ба вучуд меояд [1, с.554].
Категорияи «молияи шахсони вокей» чун муносибатдои байни субъектдои иктисодии чомеа оид ба ташаккулёбй ва истифодабарии фонддои пулии субъектдои иктисодии вокей, яъне муносибатдои пулии дар рафти ташаккулёбй ва истифодабарии фонддои пулии шахсони вокеии оила ва наздикони он, ки дар фаъолияти иктисодй иштироки фаъол ва гайрифаъол доранд, аз чониби В.Д.Фетисов ва Т.В.Фетисова мавриди истифода карор гирифтааст [16, с.158].
Аз нуктаи назари Р.Екшембиев молияи хочагии хонаводагй ин низоми ташаккулёбй ва истифодабарии даромаддои пулии гуруди ашхосе мебошад, ки дар як манзил истикомат менамоянд ва фаъолияти хочагиро
бо максади истеъмолот ва пасандозкунии муштарак пеш мебаранд [8, с.15].
Р.Дмитриева чунин меxисобaд, ки молияи хочагии хонаводагй мачмуи мyносибaтxои пулие мебошад, ки бунёд ва истифодабарии фондxои пулии хочагии хонаводагй ва аъзоёни aлоxидaи онро дар чараёни фаъолияти ичтимой-иктисодиашон дар назар дорад [7, с.7].
Ба акидаи А.Белов новобаста аз он, ки дар чомеаи имруза мyносибaтxои бозорй ва пулй доман пaxн кардаанд, аммо алокаи дохилй дар хочагии хонаводагй байни аъзоёни он хоси мyносибaтxои иктисодй набуда, як кисми алокаи мутакобилаи шахсй мебошад [3, с.38].
Белозеров С.А. чунин меxисобaд, ки молияи хочагии хонаводагй xaмчyн категорияи иктисодй мачмуи мyносибaтxои иктисодиро оид ба ташаккулёбй, таксимот ва истифодабарии фондxои воситaxои пулй, ки ба хочагии хонаводагй аз xисоби иштирокчиёни он дар чараёни фаъолияти ичтимоию иктисодиашон ворид мегарданд, дар бар мегирад [4, с.35].
Молияи хочагии хонаводагиро бисёре аз муаллифон ба бунёди фондxои воситaxои пулй, доро^ои моддию гайримоддй ва yxдaдоpиxо вобаста
медонанд. Гypyxи дигари мyxaккикон зерин ин мaфxyм ташаккулёбии бyчетxо ва дapомaдxоpо дар назар доранд, ки бо максади истеъмолоти муштарак ва андухткунй истифода мешаванд. Гypyxи сеюми муаллифон молияи хочагии хонаводагиро ба мачмуи мyносибaтxои иктисодию пулие нисбат медиxaнд, ки байни аъзоёни хочагии хонаводагй барои конеъкунии талаботи шахсй ва оилавй дар чараёни фаъолияти ичтимоию иктисодиашон ба вучуд меоянд.
Х,амин тарик, аз нигоxи мо, зери мaфxyми молияи хочагии хонаводагй мyносибaтxое фaxмидa мешавад, ки дар рафти амали мутакобилаи аъзоёни хочагии мазкур, давлат ва дигар шахсони вокеию xyкyкй ва новобаста ба субъекти ин мyносибaтxо баромад карданашон ба вучуд меоянд [18, с.67]. Maфxyми хочагии хонаводагй ва молияи хочагии хонаводагй, ки аз чониби иктисодчиён пешниxод карда шудааст, то андозае вобаста ба мазмун ва асосан аз yнсypxои тapкибдиxaндaи он фарк менамояд.
Муайян гардид, ки молияи хочаг^ои хонаводагй ба монанди молияи давлатй ва молияи корхона аз кисми даромаду харочот иборат мебошад. Аз ин ру, дapомaдxо ва харочоти хонaводaxо низ сapчaшмaxои ташаккулёбии восшадо ва сaмтxои истифодабарии худро доранд. (расми 1).
ДАРОМАДХ.О ВА ХАРОЧ.ОТИ ХОНАВОДАХ.О ДАР Ч,УМХ,УРИИ ТОЧДКИСТОН
- даромадхои мехнатй; - нафак;а, ёрдампyлй, стипендия; - пардохтхои чубронй, аз чумла кумакпулии башардустона; - даромад аз моликият; - даромад аз фуруши мулки гайриманкул; - даромад аз хочагии ёрирасони шахсй; - даромад аз фаъолияти тичоратй ва фаъолияти мустак;илонаи касбй.
Даромадх,о
- харочот барои хариди хурокворй; - харочот барои хариди мах,сулоти гайриозукд; - харочот барои хариди машрубот; - харочот барои пардохти хизмати шахсй ва истех,солй; - харочоти андозй ва дигар пардохтх,о.
Хароч,от
Paeми 1■-Сapчaшмaxои ташаккулёбии дapомaдxо ва сaмтxои харочоти онxо дар хонaводaxои Ч,yмxypии Точикистон.
Caрчaшмa: Тaxияи муаллиф дар асоси маълумоти oмoри сoлoнaи Чумхурии to^kmtoh. Агентии омори назди Президента Ч,yмxypии Точикистон, Душанбе.-2022.-С. 116-117.
Вокеан, фaъолиятxои сердаромад, ки бомаротиб афзоишд^ии дapомaдxои axолиpо таъмин менамоянд, дар шароити Ч,yмxypии Точикистон барои кисмати асосии axолй дастрас нестанд. Шумораи ками хочarиxои хонаводагй истеxсолоти молиро pоxaндозй намуда, аксарияти онxо шугли нисбатан камдаромад доранд. Аз ин ру, дар шароити рушди бемайлони мyносибaтxои иктисодй, бунёди мyxити озоди
иктисодии шaxpвaндон, ки ба омезишxои нави омилxои ташаккули дapомaдxои axолй оварда мерасонад, зарур мешуморем [15, с.168]. Бо назардошти xолaти чойдошта зарур мешуморем: а) пайвастани axолй ба фaъолиятxои баланддаромади иктисоди бозорй, аз чумла тичорати хурд; б) истифодаи дapомaдxои axолй барои ба даст овардани доро^ои фаъол, яъне доpоиxое, ки мунтазам axолиpо
бо даромади муайян таъмин мекунанд; в) зиёд намудани хиссаи молу махсулоти истехсоли хочагихои хонаводагй дар сохтори бозори истеъмолй.
Хочагии хонаводагй хамчун вохиди иктисодии низоми муносибатхои молиявй аз сохтори дорои бучетхои шахсй иборат мебошад. Аз ин чост, ки хар як аъзои хонавода молияи шахсии худро дорад. Дар шароити Чумхурии Точикистон сахми нисбатан назарнораси аъзоёни хонаводахо дар низоми молияи хочагии хонаводагй асосан ба ду холати зерин вобаста мебошад: а) на хама аъзоёни хочагихо, ки неруи гирифтани даромадро доранд, сохиби даромад мебошанд; б) дар сатхи лозимй рушд накардани фаъолиятхое, ки таъмини шугл ва даромади устувори аъзоёни оилахоро таъмин намоянд. Бо назардошти холати чойдошта, зарур мешуморем, то рушди фаъолиятхои иктисодие, ки чихати афзоиши шугл ва даромадхои ахолй мусоидат менамоянд, таъмин карда шавад. Аз нигохи мо, яке аз чунин намуди фаъолиятхои бартаридоштаи иктисоди бозорй, фаъолияти сохибкорй мебошад. Мухакики ватании масоили хочагихои хонаводагй Бобомуродов Б.Э. низ дар маколаи илмии худ ба дастгирии фаъолияти сохибкории хочагихои хонаводагй ишора карда, кайд менамояд, ки «азбаски рушди сохибкории хурду миёна ба таври вокей даромадхои хонаводахоро зиёд мекунад, бинобар ин, татбики чорахои дастгирии молиявии фаъолияти мазкур мухим арзёбй мегардад» [6, с.116].
Дар низоми иктисоди бозорй молияи хочагихои хонаводагй захираи молиявии калидй мебошад, ки бузургии он сатху сифати зиндагии ахолй ва тамоюли рушди кишварро муайян менамояд. Аммо бо иллати дар сатхи зарурй рушд накардани хочагихои мазкур, хусусан дар махалхои дехотнишини чумхурй, устувории молиявии онхо таъмин карда нашудааст. Тавре иктисодчии ватанй Нурализода А.Н. кайд менамояд, «сатхи зиндагй бозгуи дарачахои сифатии шароити мавчудияти инсон мебошад ва ниолгардй ба сифати зиндагй аз дастгирии давлатии сохахои калидй вобастагии зиёд дорад» [11, с. 131,133]. Вобаста ба ин, дастгирии давлатии хочагихои хонаводагиро аз тарики фарохам овардани шароити карздихии имтиёзнок ва мусоидат ба рушди истехсоли молии онхо зарур мешуморем.
Дар стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 низ ба ин афзалият ишора шудааст ва заминахои рушди молияи хочагихои хонаводагй фарохам оварда шуда, кайд карда мешавад, ки афзоиши сатхи зиндагии ахолй ва имкониятхои молиявии онхо хонаводахо ва табакаи миёнаро ба сатхи сармоягузорони асосии дохилй мерасонад. Вобаста ба шароити фарохамовардашуда, бо итминони комил гуфта метавонем, ки давоми дахсолахои баъдй хиссаи молияи хочагихои хонаводагй дар неруи молиявии чумхурй ба таври назаррас зиёд мегардад.
Х,амин тавр, маълум карда шуд, ки устувор гардонидани накши молияи хочагихои хонаводагй дар низоми молиявии Чумхурии Точикистон аз мутобикшавии ахолй ба шароити иктисоди бозорй, афзоиши неруи иктисодии шахрвандон, баланд будани сатхи саводнокии молиявии ахолй ва имкониятхои сармоягузории пасандозхои шахсй ба бахши вокеии иктисодиёти миллй вобаста мебошад.
Дар натичаи тахкики тахаввулоти назариявии молияи хочагихои хонаводагй хулосаю пешниходхои зерин коркард шуданд:
1.Бояд дар санадхои меъёрй-хукукии сохаи молия мафхуми «молияи хочагии хонаводагй» ворид карда шавад.
2.Зарур мешуморем, ки дар барномахои стратегии Чумхурии Точикистон, аз чумла барномахои рушди муносибатхои молиявй, масъалаи рушди молияи хочагихои хонаводагй нишон дода шавад.
3.Муайян карда шуд, ки рушди молияи хочагихои хонаводагй ба фаъолнокиии аъзоёни хочагии мазкур вобаста мебошад, яъне хамон кадар иштироки аъзоёни хочагихои хонаводагй дар фаъолиятхои гуногуни истехсолию хизматрасонй, тичоратй, ичрои ухдадорихо ва хатто истеъмолоти шахсию оилавй назаррас бошад, барои рушди молияи хочагихои мазкур бештару хубтар шароити мусоид фарохам оварда мешавад.
4.Муносибатхои молиявие, ки натичаи он ба манфиати ахолй нигаронида мешаванд, зарурати густариш доранд. Аз ин ру, чалби чомеаи шахрвандй ба раванди пешрафти хочагихои хонаводагй ва дар ин замина, фарохам овардани шароити рушди иктисоди миллй амри зарурй мебошад.
Адабиёт
1.Барулин С.В. Финансы: учебник. М.: КноРус, 2010. 640 с.
2.Беккер Г. С. Человеческое поведение: экономический подход. Избранные произведения по экономической теории: пер. с англ. / Г.С. Беккер. — М.: ГУ ВШЭ, 2003. — 671 с.
3.Белов А.В. Финансы и кредит. Структура финансов рыночной экономики: курс леций. М.: ФОРУМ, 2008. - 224 с.
4.Белозеров С.А. Сущность и функции финансов домашнего хозяйства // Вестник СПбГУ. Сер. 5: Экономика. 2006. Вып. 2. С. 30-40.
5.Бобомуродов Б.Э. Масоили назариявии ташаккули захирахои молияи хочагихои хонавода / Б.Э. Бобомуродов // Паёми молия ва иктисод. 2020.-№ 1.- (21).-С. 140-147.
6.Бобомуродов Б.Э. Самтхои дастгирй ва танзими давлатии устувории захирахои молиявии хонаводахо / Б.Э. Бобомуродов // Паёми молия ва иктисод. 2021.-№ 2.- (26).-С.112-122.
7. Дмитриева Е.А. Финансы домохозяйств: учеб. пособие. Магадан: Ин-т экономики; Кордис, 2007. - 74 с.
8.Екшембиев Р.С. Персональные финансы в финансовой системе государства / под ред. В.А. Слепова. М.: Ма гистр, 2008. - 302 с.
9.Жеребин В. М. Экономика домашних хозяйств / В. М. Жеребин, А. Н. Романов. - М. : Финансы: ЮНИТИ, 1998. - 231 с.
10.Новый экономический словарь / Под ред. А.Н.Азрилияна.-3-е изд.-М.: Институт новой экономики, 2008.- С.202.
11 .Нурализода А.Н. Асосдои назариявии сифати зиндагии ахолии дедот ва танзими давлатии рушди содаи кишоварзй дар шароити муосир / А.Н. Нурализода, М.С. Назаров // Паёми молия ва иктисод. 2022.-№ 1.- (30).-С. 127-133.
12.Омори солонаи Ч,умдурии Точикистон. Агентии омори назди Президента Ч,умдурии Точикистон, Душанбе.-2022.- 414 с.
13.Радаев В. В. Человек в домашнем хозяйстве / В. В. Радаев // Социологические исследования. - 1997. -№ 4. - С. 64-72.
14.Райзберг Б. А. Современный экономический словарь / Б. А. Райзберг, Л. Ш. Лозовский, Е. Б. Стародубцева. - М.: Инфра-М, 2023. - 512 с.
15.Саидов Р.Н. Заминадои назариявии танзими даромадхои адолй / Р.Н. Саидов // Паёми "Молия ва иктисод".-Душанбе.-2022.- № 1.- (30).-С.161-169.
16.Фетисов В.Д., Фетисова Т.В. Финансы и кредит: учеб. пособие для студентов вузов, обучающихся по специальностям экономики и управления (060000). 2-е изд., перераб. и доп. М. : ЮНИТИ-Да на, 2006. - 399 с.
17.Хайрзода ШД. Арзёбии иктидори сармоягузории пасандоздои хонаводадо дар пасманзари кодиши эътимод ба низоми бонкй / ШД. Хайрзода, Б.Э. Бобомуродов // Иктисодиёти Точикистон.-Душанбе.-2021.-№ 52.-С.79-90.
18. Саидмуродов, Л. Х. Стратегические ориентиры реализации экономического потенциала Республики Таджикистан / Л. Х. Саидмуродов // Вестник ПИТТУ имени академика М.С. Осими. - 2017. - № 3(4). - С. 64-71. - EDN CSQOVX.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Саидов Рачабали Назифович-номзади илмдои иктисодй, дотсенти кафедраи аудит ва ревизияи Донишгоди давлатии молия ва иктисоди Точикистон. Сурога: 734067, Ч,умдурии Точикистон, ш. Душанбе, кучаи Нахимов 64/14. Телефон: 787-03-87-87; E-mail: [email protected]
Информация об автора:
Саидов Раджабали Назифович-кандидат экономических наук, доцент кафедры аудита и ревизии Таджикского государственного финансово-экономического университета. Адрес: 734067, Республика Таджикистан, г.Душанбе, улица Нахимова 64/14. Телефон: 787-03-87-87; E-mail: [email protected]
Information about the author:
Saidov Rajabali Nazifovich-candidate of economic sciences, associate professor of the department of audit and revision, Tajik state finances-economy university. Address: 734067, Republic of Tajikistan, Dushanbe, str. Nakhimov 64/14. Tel: 787-03-87-87; E-mail: [email protected]_
УДК: 336.71
ХАВФХ.О ДАР НИЗОМИ КАРЗДИДИИ ИСТЕЪМОЛЙ ВА УСУЛ^ОИ БАТАНЗИМДАРОРИИ ОН
Чураев Бехзод Машрафович Файзалии Сафаралй
Аннотатсия. Маколаи мазкур ба масъалаи рушди бемайлони бозори карзй, алалхуссус карздидии истеъмолй бахшида шудааст. Дар макола вазъи кунунии бозори карзй мавриди тадлили даматарафа карор гирифтааст. Диккати асосй ба зариби тачаммуъи сандуки карзй дар таркиби дороидои низоми бонкй зодир гардидааст. Мавчуд набудани санади меъёрии дукукии содавии батанзимдарорандаи карздидии истеъмолй боиси ба миён омадани хавфдои ичтимой гардида метавонад. Афзоиши диссаи карздидии истеъмолй дар таркиби сандуки карзии ташкилотдои карзии молиявй нигаронкунанда мебошад. Падлудои мусбй ва манфии карздидии истеъмолй мавриди тадкик карор дода шудааст. Калидвожахо: низоми бонкй, сандуки карзй, карзи истеъмолй, зариби тачаммуъ, дороидои бонкй, хавфи ичтимой, хавфи карзй, ташкилотдои карзии молиявй.