Научная статья на тему 'АНДЕШАҳОИ МУҳАММАД ҲАКИМХОН ОИД БА БИДЪАТУ ХУРОФОТ ДАР« МУНТАХАБУТТАВОРИХ»'

АНДЕШАҳОИ МУҳАММАД ҲАКИМХОН ОИД БА БИДЪАТУ ХУРОФОТ ДАР« МУНТАХАБУТТАВОРИХ» Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
516
49
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СУЕВЕРИЕ / ЕРЕСЬ / МУХАММАД ХАКИМХОН / ОЛИМХОН / МУХАММАДАЛИХОН / МУЙИ МУБАРАК / ХУРОФОТ / БИДЪАТ / МУҳАММАД ҲАКИМХОН / МУҳАММАДАЛИХОН / МУЙИ МУБОРАК / SUPERSTITIONS / HERESY / MUHAMMAD HAKIMKHON / OLIMKHON / MUHAMMADALIKHON / MUIN MUBORAK

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Абдукаримов Дж А.

В данной статье предметом исследования стали взгляды автора одного из уникальных исторических источников 19 века «Мунтахаб-ут-таворих»-а Мухаммада Хакимхона относительно суеверий и ереси, которые были широко распространены среди населения в 18 и 19 веках из-за религиозной неграмотности. Автором анализируются понятия «суеверие» и «ересь» с научной и религиозной точек зрения, рассматриваются и выявляются основополагающие факторы, влияющие на вхождение данных понятий в национальную культуру, традиции и религию, религиозные взгляды таджикского народа.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Взгляды Мухаммада Хакимхона в «Мунтахаб-ут-таворихе» относительно ереси и суеверия

The object of the research in the article under consideration became the views of the author of one of the unique historical sources referring to the XIX-th century, that of ««Muntahab-ut-Tavorikh» (Selected Histories) by Muhammad Hakimkhon, in regard to superstitions and heresies which were widely-spread among the population in the XVIII-th and the XIX-th centuries due to religious illiteracy. To begin with, the author analyzes the conceptions of «superstition» and «heresy» under the scientific and religious angles, he canvasses and reveals the fundamental factors swaying over these concepts occurrence in national culture, traditions and religion, religious outlook of the Tajik people.

Текст научной работы на тему «АНДЕШАҳОИ МУҳАММАД ҲАКИМХОН ОИД БА БИДЪАТУ ХУРОФОТ ДАР« МУНТАХАБУТТАВОРИХ»»

УДК 9 (С 53) Ч-А.АБДУКАРИМОВ

ББК 63. 3 (2 Т)

АНДЕШАХ,ОИ МУ^АММАД ^АКИМХОН ОИД БА БИДЪАТУ ХУРОФОТ ДАР «МУНТАХАБ - УТ- ТАВОРИХ»

Яке аз хадафхои асосии ;абули Конуни Ч,умхурии Точикистон "Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Точикистон" ба низоми муайян даровардани анъана ва чашну маросимхои миллй ва динй, инчунин бартараф кардани урфу одатхои зарарнок ва хурофоти сершуморест, ки онхо дар даврахои гуногуни таърихй ба таркиби фарханги миллй, суннат ва дину мазхаби мардуми точик ворид шудаанд.

Хурофот дар аксари маврид мардумро гирифтори худ сохта, барои бехтар шудани сатхи зиндагии онхо монеъ мешавад. Аз ну;таи назари таълимоти динй хурофот чизест, ки аз доираи дин ва ахкоми он берун аст. Аз нигохи илмй бошад, хурофот чизест, ки исбот нашуда, бештар бофтаву сохта аст. Хурофот дар фархангномахо мачмуи асотиру ;иссахо, ривоят, а;идаву тасаввурот ва расму анъанахои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба а;л, донишу маърифат, манти; ва во;еият созгор нестанд. Аз ин лихоз, хурофотпарастй аз пайравии а;идахои ботил ва беасос иборат буда, а;оиду бовархое, ки онхоро шахси хурофотипараст пайравй мекунад, ба дарачаи фарханг ва фахмишу дониши он чомеа, ки ин шахс фарди он мебошад, хеч ;аробату иртиботе надоранд.

Дар сарчашмахои таърихй, адабй оид ба решахои таърихии пайдоиши мафхуми "хурофот" маълумоти зиёд мавчуданд. Масалан, Имом Ахмад ибни Хднбал дар "Муснад"-и хеш чунин овардааст, ки Бани Узро ном ;абилаи араб дар давраи чохилият (пеш аз ислом- А.Ч,.) офтобро парастиш менамудаанд. Рузе Хурофа ном шахсро аз ;авми мазкур, чинхо ба манзили худ гирифта мебаранд. Чун ба манзили худ мерасад, Хурофа (Хурофот) дидаву мушохидахои хешро доир ба хаёти чинхо ба мардум на;л мекунад. Аммо мардум ба гуфтаву бофтахои у бовар намекарданд. Бинобар хамин мардум агар ягон сухани берун аз шуури инсонро шунаванд, мегуфтанд, ки "Ин ба суханхои Хурофа монанд будааст". Минбаъд мардум гуфтахое, ки аз доираи дин ва ахкоми он берун, ботилу беасосро "Хурофот" мегуфтаанд (3). Хурофот, нодонй, макру хиял, чахолатро Куръон, хадис, тамоми ахкоми аркони ислом, шариат ва Расули Акрам махкум менамоянд ва онро ;абул надоранд.

Хурофот асосан аз нодонй, махдуд будани донишу маърифат ва чохилии одамоне сар мезанад, ки онхо ба сухани хар гуна авомфиребон, монанди чодугарон, фолбинон тилисмшиканон, ки гуё онхо илми гайбро медонанд, бовар мекунанд. Инчунин, хурофот аз шав;у хаваси зиёд, хаёлпарастй ва боварй ба чизхое, ки дарки онхо аз доираи ;удрати шуури инсон берун мебошад, низ пайдо мешавад. Хурофот ин боварй ба чизи беасос ё гайриилмй дар мавриди ашё ва на;ши падидахо дар чахон аст, ки ин боварй дар асоси та;лид шакл гирифта, ё одатан бо манфиатхо пайваста аст. Бинобар ин хурофот бо муъчиза ва тилисм хамрох аст. Аз ин чо, хурофот боварй ба ;увваи фав;улоддаи сехромозест, ки аз олами тахайюлй сарчашма гирифта, бо фарханг омехта гардида, тавассути аъзои чомеа хамчун як амри табий пазируфта шудааст. Аксар муха;;и;он хурофотро муродифи а;идаи ботил ва дуругу гайриманти;й мешуморанд.

Фикру андешахои илмии дар боби хурофот баёншуда барои тах;и;и чойгохи хурофот дар хаёти гузашта ва имрузан мардуми мо низ мухим мебошад. Маълум аст, ки дар хама давру замон бозори бидъату хурофот хеле гарм буд. Махсусан дар асрхои XVIII-XIX, ки дар Осиёи Миёна намояндагони сулолахои туркнасаби Мингхо дар хонигарии Ху;анд ва Мангитхо дар аморати Бухоро хукмронй менамуданд, гарчанде, ки онхо худро пуштибон ва химоятгари аркони ислому шариат мешумориданд, аммо худ аз паст будани шууру чахонбинии динй ва дунявии мардум истифода намуда, ба корхои гайришаръй бидъату хурофот даст мезаданд ва мехостанд онро барои манфиатхои худ истифода намоянд. Аз чониби дигар, онхо мардумро дар торикиву нодонй ва чахолат нигох медоштанд ва хуб медонистанд, ки мардуми нодону хурофотпарастро идора кардан осонтар аст.

Дар омузиши таъриху фарханги мардуми Осиёи Миёна, махсусан дар тахлилу баррасии мав;еи бидъату хурофот дар хаёти хамарузаи онхо сарчашмахои ;аламй ахамияти калони илмй дорад.

"Мунтахаб-ут-таворих" яке аз сарчашмаи нодири таърихию адабй ва чугрофй ба хисоб рафта, соли 1843 дар шахри Китоб аз чониби Мухаммад Хдкимхон ибни Маъсумхон, ки ба доирахои олии дарбори Хук;анд наздик буд, таълиф шудааст. Асари мазкур аз панч боб, дувоздах тоифа (фасл) иборат буда, худуди хронологии он аз "офариниши олам" то огози солхои 40-уми асри XIX-ро дарбар мегирад.

Боби якум ба таърихи зухури пайгамбарон бахшида шудааст. Дар боби дувум дар бораи подшохони Форс, боби савум доир ба маликони Чину Аврупо, боби чорум, бошад оид ба вазъи халифахо ва боби панчум ба таърихи сулолахое, ки аз давраи хилофати Аббосиён то миёнахои асри XIX хукмронй кардаанд, бахшида шудааст. Тоифаи дувоздахуми боби панчуми асари мазкур хачман хеле калон буда, ;ариб аз нисф зиёди асарро дар бар мегирад ва он ба таърихи хонигарии Ху;анд ва давлатхои хамчавори он бахшида шудааст.

Муаллифи асар дар шахри Ку;анд таваллуд шуда, падараш Маъсумхон аз авлоди намояндаи маъруфи тари;ати тасаввуфи асри XVI Махдуми Аъзам буд ва дар доираи ахли дарбор, мансабдорони олима;оми дунявй ва динии хонигарй обру ва нуфузи зиёд дошт. Аз чониби модараш ба хони Ху;анд Норбутабий (1770-1799) набера ва ба ворисони у Олимхон (1799-1810) ва Умархон (1810-1822) чиян ба хисоб мерафт.

Хднуз дар давраи чавонй Мухаммад Хдкимхон хамрохи тагохояш дар мухорибахои харбй иштирок мекард. Ширкат дар шабнишинихои адабй, муло;от бо донишмандон, шоирон, адибон, уламои дин ва чорабинихои дигари дарбор дар ташаккулёбии шахсият ва чахонбинии у таъсири калон расонд.

Кайд кардан бомаврид аст, ки бештари таърихномахо, солномахо, мано;ибхо аз чониби во;еанависон, таърихнигорони дарбор бо дастуру супоришхои амиру хонхо навишта шуда, дар онхо дар аксари маврид шахсият ва музаффариятхои харбии хокимони давр, ахли дарбор ва сарлашкарон хамчун футухот, кишваркушой, чиход ва газовот инъикос ёфтаанд. Дар ин асархо баъзан ходисаву во;еахои таърихй яктарафа инъикос меёбанд, муаллифон бештар ба таърифу тавсифи шахсони олима;ом мепардозанд ва дар ин маврид мансубияти ичтимой, ;аробату наздикй ба дарбор ва мав;еи муаллиф ба мадди аввал мебарояд. Бинобар ин зарурати муносибати инти;одй, тахлили илмию во;еъбинона(объективй), назари ха;бин ба чунин сарчашмахо ва му;оисаю му;обилаи онхо ба дигар маъхазхо ба миён меояд.

Мухаммад Хдкимхон аз ашрофзодагони олирутбаи дарбор бошад хам, дар асараш беадолатй, зулму истибдоди хонхову амирон, бидъату хурофот, макру риё, фитнаву мансабталошй, дастдарозихои ахли дарбор, чангхои горатгаронаи онхоро, ки боиси хонахаробии мардум мегардид, бо далелу санадхои муътамад нишон дода, кушоду равшан амалхои зишташонро махкум ва фош кардааст.

Муаллифи "Мунтахаб-ут-таворих" дар асари худ бидъату хурофот ва нодониро, ки дар ин давра хеле авч гирифта буд, махкум менамояд. Илова бар ин, муаллиф дар ;атори намояндагони дигари сулолаи Минг доир ба хусусиятхои хоси давраи хукмронии хони Ху;анд Олимхон маълумоти хеле фаровон овардааст.Дар ахди Олимхон ахамият ва нуфузи сиёсии хонигарй дар натичаи муттахид намудани Фаргона, хамрох шудани Тошканд ва Чимкент афзуд. Махсусан, аз чониби у тобеъ шудани шахрхо ва водихои Охангарон, тамоми вилояти Тошканд, инчунин Сайрам- марказхои мухими рохи корвонгузари чониби Русия ахамияти бузург доштанд. Баъди забти Тошканд и;тидори сиёсй, и;тисодй, молиявй ва харбии Ху;анд аз ;удрати Бухоро кам набуд. Намояндагони сулолаи Минг то ибтидои асри XIX хукмронй намуда, унвони "бй"-ро доштанд, соли 1805 Олимхон ба таври расмй рутбаи хонро ;абул намуд ва кишвари Фаргона хонии Ку;анд ном гирифт.

Гарчанде, ки Мухаммад Хдкимхон зулму истибдод ва чангхои горатгаронаи ин давраро махкум карда бошад хам, тадбирхои амалй намудаи хони Ху;анд Олимхонро зидди хурофот дастгирй менамояд. Мухаммад Хдкимхон дар асари худ муборизаи амир Олимхонро зидди хурофот чунин ёдовар шудааст: Амир Олимхон дар сонй алхол аз маслаки хонони мозй ва ёсои ачдод инхироф варзида, корхои гайримаъхуд ба тахвир овард. Агарчанде ки дар зохир ба мардум макрух менамуд, аммо дар ботини чанде у бисёр хубу зебо буд. Чунончи касоне, ки худро ба дуруг саидзода ва шайхзода сохта буданд, хамаро манъ намуд ва дар Туркистон расм аст, ки дар хар чо дарахти азим бошад, дар он чо алам сохта, занон мазор пиндошта, латта меовезанд ва чарог дармегиронданд ва аз он чо истъонат металабиданд ва худро дар залолат меандохтанд. Амир Олимхон аз он ;абил чизхоро аз беху бунёдаш барканд ва гадоёне, ки мутамаввил буданд, бо вучуди давлат доштан гадой мекарданд, хамаро чамъ намуд. Сорбон сохт ва ба хар кадоми ишон як уштур супурд ки ишон фарбех кунанд. Дар ва;ти боз ба корхонаи подшохй хозир созанд

ва дигар шайхтарошоне, ки буданд, худро валй сохта буданд, бар дуруг кароматфурушй мекарданд ва мусулмононро ба рохи талбис мефиристоданд. Ч,умларо чамъ намуда, имтихон менамуд. Онро, ки кораш ба шаръ мувофик буд, ба иззати тамом рухсати ичозат медод ва онро ки кораш хилофи шаръ меëфт, ба чандин хорй тавба дода, рухсат медод.

Инчунин муаллиф байти мазкурро, ки ба ин муносибат хеле мувофик аст, овардааст: Ботини ин цавми кофиркеш ба зохир Масех, Цумла Куръон дар канор асту санам дар остин (5,91-92).

Тадбирхои андешидаи Олимхон боиси ба вучуд омадани зиддияту мухолифат байни хукумати y ва ашрофони махаллию рухоншн гардид. Вакти бозгашти Олимхон аз лашкаркашии навбатй ба шахри Тошканд аз чониби хоини андичонй Камбар Мирзо дар мавзеи Олтинкуш кушта шуд. Хдмин тарик кушишхои Олимхон барои бартараф намудани парокандагии феодалй, бидъату хурофот ва бушди давлати мутамарказ бо фочеа анчом ëфт (2, 186).

Давраи хукмронии хони дигари Куканд Мухаммадалихон (Мадалй) (1822-1842) бо зулму истибдод, таъкибу шиканча, бидъату хурофот, бедодгариву бадаргакунихо аз даврахои гузашта фарк мекард. Соли 1822 баъди ба сари хокимият омадани Мадалихон хонаводаи Мухаммад Хдкимхон ба газаби ин хокими чохил дучор гардиданд. У дар навбати аввал Маъсумхон ва писараш Мухаммад Хдкимхонро аз дарбор дур карда, аввалиро ичборан ба сафари хач фиристод. Ин бахонаи оддии дур кардани шахси номатлуб аз дарбор ва берун кардан аз мамлакат ба шумор мерафт, зеро, аз як чониб, худи сафар мухлати дарозро талаб кунад, аз тарафи дигар, аз ин сафари хатарнок ва пурмашаккат зиндаю саломат баргаштан амри махол буд.

Сабабхои асосии ихтилоф ва коста гаштани муносибатхои Мадалихон ва оилаи Мухаммад Хдкимхонро муаррихон ба таври гуногун шарху эзох додаанд. Ба акидаи бархе аз олимон гуруххои алохидаи игвоангези дарбор мавкею манзалат ва шухрату эътибори падари Мухаммад Хдкимхон- Маъсумхонро дида наметавонистанд ва аз руи хусумат ва душманй кушиш менамуданд, ки бо роху воситахои гуногун дар байни хон ва Маъсумхон низоъ андохта, бо хамин васила уро аз дарбор дур намоянд (4,12-13).

Чи тавре ки аз мазмуни асар бармеояд, яке аз сабабхои дигари ба вучуд омадани ихтилофу бадбинй ва душманй байни онхо корхои зишту номатлуби Мадалихон дар мамлакат, махсусан кушишхои у бахри ба акди никохи худ даровардани яке аз завчагони падараш Умархон, яъне модарандараш духтари Саид Fозй - Xонпошшо ба хисоб меравад. Мухаммад Хдкимхон дар асараш худ оид ба кирдору рафтори Мадалихон, ки берун аз чахорчубаи ахлоки инсонй ва ахкоми ислом буд, зери танкиди сахт гирифта, амалхои зишти уро кушоду равшан махкум менамояд. Мувофики маълумоти муаллифи асар Мадалихон пас аз вафоти падараш кушиш менамояд, ки модарандари худ Xонпошшоро ба акди никохи худ дарорад. Окибат дид, ки бо рохи ислом илочпазир намешавад, макри дигаре андешид ва макр ин буд, ки рузе мухри уламоро дар пеши худ талаб намуд ва ба ду муллое, ки дини худро ба душ фурухта буданд, хукм намуд, ки ривояте нависанд. Ишон аз тарси хон чизе навистанд. Он малъунон ривоятро мухр карда, ба зан нишон доданд ва зан низ талаби ин амр буд ва бахона мечуст (5, 594-598).

Ин рафтори Мухаммадалихон берун аз чахорчубаи ахлоки инсонй ва шариат буда, амалй гаштани он дар назди мардуме, ки дар рухияи динй тарбия ëфта буданд, чинояти дахшатангез, кабохат, беномусй ва гунохи нобахшиданй ба хисоб мерафт. Чунин амали гайришаръй мисли кирдори ношоистаи хони Xyканд Мухаммадалихон дар Куръони карим низ махкум гардидааст. Чи тавре ки дар сураи Нисо, ояти 22 омадааст: "Никох макунед занонеро, ки падарони Шумо никох намуда, лек он чй гузашта авф аст, якинан ин кори баду мабгуз аст ва бад рохест" (4,81).

Мухаммад Хдкимхон дар асари худ доир ба авч гирифтани бидъату хурофот ва зухури зтератгоххои калбакй дар ахди Мухаммадалихон ëдовар мегардад: "Зубдаи калом он ки кабл аз ин мукаддима чанд сол пеш шайхи аблах "Фиребшайхча" ном гшхе дар ^индустон бар лаби дарëи Лохур мебошад ва у ба саловоти шарифи ишк аст. Хдр вакт ки саловот хонанд, у дар харакат меояд. Бинобар он дагалбозони ^индустон он гиëxро гирифта "Муйи муборак"-и Хдзрати наби алайхисалом гуфта, мардумро фиреб дода, мол меситонанд (Муаррихи узбек Б. Бобочонов дар асараш, ки ба таърихи хонигарии Xyканд бахшида шудааст, хотирахои Мухаммад Хдкимхонро дар шакли дигар, ки мазмуну мохияти он куллан тагйир ëфтааст, пешниход намудааст: дар ин вакт дар ^индустон шайхи фиребгар бо номи "Г^хй" зиндагй менамуд. У дар лаби дарëи Лохур мезист. Фиребгарон муйи уро бурида, эълон намуданд, ки он ба Пайгамбар тааллук дорад (1, 644) ва он шайхча хам мисли ишон аз хамон муй оварда дид, ки аз Мухаммадалихон аблахтар дар ин душ намебошад, бинобар он ба у дод, маблаге гирифта буд ва

Мухаммадалихон он муйро гирифта дар ;асри амир Умархон гузошта, зиёратгох сохта буд ва муддате мардумони сахрой зиёрат мекарданд, ба хукми он ки:

Лоларо гуфтем сищдил буданат аз бахри чист, Гуфт, холаш ин бувад хар кас ки дар сахро нишаст. Баъд аз чандин ва;т он гиёхро аз он чо гирифта, дар мавзеи Каротеппа бурда гузоштанд ва он мавзеъ ба Муйи муборак иштихор ёфт. Мардуми бисёр дар он чо чамъ омада, зиёрат мекарданд (5,582-583).

Хакимхон инчунин доир ба амалхои дигари хурофотй ёдовар шудааст: Билохира хама гумрох шуда, аз тамоми мамолики Фаргона аз думи гови даштй ки онро ;утас меноманд, ту;хо дар камоли зинат сохта, меоварданд ва дар он чо мегузоштанд. Кариб чахор хазор ту; дар он мавзеъ мисли дарахт нишонида буданд. Дар он ва;т як хочии беинсофи дигар дар вилояти Маргинон у низ инчунин дастгохеро барпо карда буд ва баъд аз он дар хонаи Азимхонбой низ Муйи мубораке мавчуд будааст. Хулласи калом он ки мардуми Фаргона бечорахо ба сухани он хочиёни дагалбозон амал намуда ва он гиёххоеро Муйи мубораки хазрати хайрулбашар дониста, бидъати зохирй пайдо карда чанд руз ва;ти Мухаммадалихон худро дар залолат андохтанд.

Муаллиф аз ин падидахои номатлуб ба хайрат омада, чунин менависад, ки: фа;ир (Мухаммад Хакимхон- А.Ч,.) оламро дидам дар Маккаи муаззама ва дар Мадинаи мунаввара ва шарифон улфат шудам ва дар Мисру Шом ва гайри дигар вилоятхоро, ки Муйи мубораки он хазрат саллаллохи алайхи васаллам дар олам мавчуд будааст гуфта, аз касе нашунида будам, як бор шунидам, ки дар вилояти Ху;анд се муйи муборак мавчуд шудааст. Фа;ир дар бахри тафаккур фуру рафтам, дар тааммул будам, ки ин чй хикмат бошад. Агар Муйи мубораки он хазрат саллаллохи алайхи васаллам набошад бар дуруг гиёхеро ба он хазрат айхиссалом нисбат диханд чазои онро хохад кашид, гуфта ба хотир доштам. Баъдхо я;инам шуд, ки ин хама бидъати сарехро барпо кардан ва кори хилофи шаръй ба ву;уъ овардан низ аз бадбахтихои Мухаммадалихон будааст. Чунончй дуруги у аз ойина равшантар гашта ва о;ибат самараи он гул кард.

Сухтем аз дасти саррофони цавхарношинос,

Доимо хармухраро бо дурр баробар мекунанд (5, 590-594).

Муттаасифона, ин гуна падидахои номатлуб, бидъату хурофот дар замони муосир низ дар зиндагй ва муносибатхои байни мардум чой дорад.Дар солхои исти;лолият Хукумати кишвар хоса Президента Ч,.Т. Эмомалй Рахмон дар саромади тадбирхои миллатсозу вахдатофарин ;арор гирифта, пайваста кушиш ба харч медихад, ки миллати дорои таърихи пургановати точик гузаштаи пурифтихори хешро донад. Ин миллат дар бунёди зиндагии шоиставу озода, эъмори чомеаи пешрафта ва орй аз хурофоту таассубот, аз пайкору осори бузургони хеш фаровон истифода намояд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон доштани соли 2009 дар тахкими худшиносии миллй, пойдории вахдату ягонагй дар чомеа, рафти ами;и маърифати динй, густариши тахаммулпазирй ва муколамаи мазхабхову фархангхо арзиш ва ахамияти бузургеро молик аст. Инчунин бо ма;сади истифодаи самаранок ва оммафахм гардонидани мазмун ва мохияти аслии меъёрхои ислом, поксозии онхо аз таассубу хурофот Конун «Дар бораи танзими анъанахо ва чашну маросимхо дар Ч,умхурии Точикистон» ;абул гардид, ки ба василаи он анъанахои миллии таърихй, хамчунин маросимхои динй тахти танзим ;арор гирифта истодаанд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бабаджанов, Б.М. Кокандское ханство: власть, политика, религия/ Б.М.Бабаджанов. - Токио-Ташкент, 2010.- 744 с.

2. Иванов, П.П. Очерки по истории Средней Азии/ П.П.Иванов. - М.,1958.- 234 с.

3. Кудратов, З. Миллий- диний ;адриятларимизнинг кушандаси: бидъат- хурофотлар.masjid.uz.

4. Куръони карим ва тарчумаи он бо забони точикй.- Бишкек, 2007.-604 с.

5. Мухаммад, Хакимхон. Мунтахаб-ут-таворих. Ч,илди дуввум.. Бо тасхехи Ё.Кавахара ва К. Хонеда/ ХМухаммад.-Токио, 2006.- 716 с.

6. Хотирахои Мухаммад Хакимхон дар бораи сафари Русия. (Баргардонанда аз хуруфоти арабиасоси точикй ба кириллй, ба чоп хозиркунандаи матн, муаллифи му;аддима, тавзехот, лугатнома, фехрист ва замима Ч,амолиддин Абдукаримов)/ Ч,. Абдукаримов.-Хучанд: Ношир.-2013.- 104 с.

7. Хуршут, Э. Критика суеверия и духовенства в "Мунтахаб -ат -таварих" / Хуршут Э // Адабий мерос. - 1989. - №1 (47). - С.46- 52.

8. Хуршут,Э.Тарихимизни билайлик /Хуршут Э//Узбекистон адабиёти ва санъати.-1989.-28 июл.

REFERENCES:

l.BaBadjanov, B. M. Government of Kokand: government, politics relijion / B.M.Baeadjanov. -Tokio -

Tashkent, 2010. - 744 p. 2.Ivanov, P.P.Essays on the history of Central Asia / P.P.Ivanov.-M.,1958.-234 р.

3.Khudratov,Z.Milliy- diniy kadriytlarimizning kushandasi bidat- hurofotlar/Z.Khudratov.- masjid. uz

4.Kuroni, karim va tarjumai on bo zaboni tojiki/ Kuroni karim.- Bishkek, 2007.

5.MutahaB ut-tavorih. second part. Authored by Muhammad Hakimhon. With compromised by Kavahara and K. Honeda / Muhamad Hakimhon. - Tokyo, 2006.- 716p.

6.Remembering of Muhamad Hakimhon in Russia. (backbringing hurufoti Tajik from araBic to kirillic to print text, author of Introduction, dictionary, and attach Jamolliddin Abdukarimov ) / J. ABdukarimov.- Khujand: Noshir.-2013.-104p.7. Hurshut,E. Criticism of superstition «Muntahab-ut-tavarih»/Hurshut E.inherited// Adabiy meros. - 1989.-№ 1 (47). -s46-52.

8.Hushut, E. We should know our History / E.Hushut// Uzbekistan Literature and art.- 1989-July 28. Андеша^ои Мухаммад Хакимхон оид ба бидъату хурофот дар " Мунтахаб- ут- таворих" Вожа^ои калиди: хурофот, бидъат, Мууаммад Хакимхон, Олимхон, Мухаммадалихон, Муйи муборак

Дар мацолаи мазкур сухан дар бораи муносибати муаллифи яке аз сарчашмаи нодири таърихии асри 19 "Мунтахаб-ут-таворих" Мухаммад Хакихон нисбати хурофот меравад. Дар мацола сараввал мафууми хурофот аз нуцтаи назари илми ва дини таулил карда шуда, омилуои асосии воридшавии он дар даврауои гуногуни таърихи ба таркиби фаруанги милли, суннат ва дину мазуаби мардуми тоцик барраси гардидааст.Инчунин дар мацола бидъату хурофот ва нодониро, ки дар асруои XVIII-XIX хеле авц гирифта буд, аз руи маълумотуои муаллифи "Мунтахаб-ут-таворих'' Мууаммад Хакимхон мавриди барраси царор гирифтааст.

Взгляды Мухаммада Хакимхона в «Мунтахаб-ут-таворихе» относительно ереси и суеверия Ключевые слова: суеверие, ересь, Мухаммад Хакимхон, Олимхон, Мухаммадалихон, Муйи мубарак

В данной статье предметом исследования стали взгляды автора одного из уникальных исторических источников 19 века «Мунтахаб-ут-таворих»-а Мухаммада Хакимхона относительно суеверий и ереси, которые были широко распространены среди населения в 18 и 19 веках из-за религиозной неграмотности. Автором анализируются понятия ««суеверие» и ««ересь» с научной и религиозной точек зрения, рассматриваются и выявляются основополагающие факторы, влияющие на вхождение данных понятий в национальную культуру, традиции и религию, религиозные взгляды таджикского народа.

MuhammadHakimkhon^s Outlook in «Muntahab-ut-Tavorikh» (SelectedHistories) in Reference to Heresy and Superstition Key words: superstitions, heresy, Muhammad Hakimkhon, Olimkhon, Muhammadalikhon, Muin Muborak The object of the research in the article under consideration became the views of the author of one of the unique historical sources referring to the XIX-th century, that of ««Muntahab-ut-Tavorikh» (Selected Histories) by Muhammad Hakimkhon, in regard to superstitions and heresies which were widely-spread among the population in the XVIII-th and the XIX-th centuries due to religious illiteracy.

To begin with, the author analyzes the conceptions of «superstition» and «heresy» under the scientific and religious angles, he canvasses and reveals the fundamental factors swaying over these concepts occurrence in national culture, traditions and religion, religious outlook of the Tajik people. Маълумот дар бораи муаллиф:

Абдукаримов Цамолиддин А^мадалиевич, сармуаллими кафедраи таърихи Ватани Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б. Гафуров (Цумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E- mail: abdukarimov_1979@mail. ru Сведения об авторе:

Абдукаримов Джамолиддин Ахмадалиевич, старший преподаватель кафедры отечественной истории, факультета истории и права Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E- mail: abdukarimov_1979@mail. ru Information about the author:

Abdukarimov Jamoliddin Ahmadalievich, senior lecturer of the department of national history under Khujand State University named after academician B. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E- mail: abdukarimov_1979@mail. ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.