АХДМИЯТИ БАИНАЛХАЛЦИИ ТАШАББУСХОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, МУХТАРАМ ЭМОМАЛЙ РАХМОН РО^ЕЪ БА ОБ
ЮСУПОВ СУГРОБ ЗАФАР^ОНОВИЧ
ассистенти кафедраи чомеашиносии МД "Донишкадаи байналмиллалии Хучанд"-и Донишгохи байналмиллалии сайёхй ва сохибкории Точикистон
Аннотация. На международной арене позиция Республики Таджикистан с инициативами мира и безопасности, защиты окружающей среды и водного сектора под руководством великого Лидера нации, уважаемые Эмомали Рахмона, является значимой и влиятельной. Среди них наиболее распространенными и привлекающими внимание являются глобальные водные инициативы Республики Таджикистан. В частности, первая инициатива Республики Таджикистан по объявлению 2003 года Годом чистой воды была полностью поддержана 148 странами мира и объединила эти страны для решения важного вопроса.
Ключевые слова: международные отношения, глобальные водные инициативы, внешняя политика, Организация Объединённых Наций, инициативы Лидера нации по воде
Точикистон давоми солхои сохибистиклолй дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ва ташаббусхои чахонии ин шахси абармард тавонист чойгохи шоистае дар арсаи байналмилалй барои худ касб намояд, чунонки акнун хеч гуна тасмимгирии дастачамъиро дар минтака бе хузури фаъоли Чумхурии Точикистон наметавон тасаввур кард.
Дар арсаи байналхалкй мавкеи Чумхурии Точикистон бо ташаббусхои сулхпарваронаву амниятй ва хифзи мухити зисту сохаи Об бо сарварии Пешвои муаззами миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон назаррас ва таъсиргузор аст. Байни онхо, аз хама густурдатарин ва диккатчалбкунанда ин ташаббусхои чахонии Чумхурии Точикистон рочеъ ба об аст. Бояд гуфт, ки сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи об ба халли масъалахои мубрами ичтимоиву иктисодии минтака ва чахон нигаронида шудааст. Дар ин самт, Чумхурии Точикистон аз минбархои бонуфузи созмонхои байналмиллалй пешниходхои мушаххас, созанда ва дурнамое ироа намудааст, ки холо аз чониби чомеаи чахонй хамчун ташаббускори ин сохаи хаётан мухим пазируфта шудааст.
Боиси сарфарозист, ки дар натичаи талошхои зиёд аз чониби Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон тули даврони сохибистиклолй масъалахои вобаста ба об дар рузномаи чахонии рушд макоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дакик карор дода шуд, ки аксари ташаббусхои байналмилалй оид ба халли масоили об пешниход гардида, аз чониби чомеаи чахонй дастгирй ёфтаанд.
Яке аз равандхои мухим ва мехваронаи икдомоти байналмилалии Пешвои миллат дар сатхи чахонй ин густурда ва хамоханг сохтани сиёсати кишвархои минтака ва чахон дар самти халли масъалахои истифода ва хифзи манбаъхои об барои мавчудияти бардавоми насли инсоният ташкил медихад. Дар баробари ин, ба яке аз омилхои мухими хамкорй ва кафили сулх табдил ёфтани обро ба хам омадани намояндагони кишвархои гуногуни чахон дар форумхои сатхи байналмилалй доир ба об собит менамояд.
Аз чумла, ташаббуси нахустини Чумхурии Точикистон оид ба эълон намудани соли 2003 - Соли оби тоза аз чониби 148 кишвари чахон дастгирии пурра ёфта, ин кишвархоро дар халли як масъалаи пурахамият гирди хам овард. Танхо дар Форуми байналмилалии оби тоза соли 2003 дар шахри Душанбе намояндагони 53 кишвар, 91 созмони байналмилаливу муассисахои марбута, намояндагони барчастаи доирахои илмй, коршиносони хамаи китъахои чахон, намояндагони 40 созмонхои гайридавлатй, муассисаву марказхои илмй ва олимони машхури чахон ширкат варзиданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки барои инкишофи сиёсати хоричии кишвар сахми Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон то андозае назаррас мебошад, ки бе мислумонанд аст. Шиносоии Точикистон ба чомеаи чахонй, баромад аз минбархои созмонхои бонуфузи байналхалкй, ташаббусхои судманд ва гайра, ин хама ба арсаи байналхалкй нишондихандаи сиёсати сулхчуёнаву дустона мебошад. Айнан ташаббусхои байналхалкии Президенти мамлакатамон аз номи Точикистон аз минбари созмони бонуфуз, Созмони Миллали Муттахид ироа гардидааст. Вакти он расидааст, ки мо бояд он ташаббусхои байналхалкии Точикистонро, ки рочеъ ба об аст дида бароем. Инчунин оиди дигар масъалахо Точикистон ташаббусхои худро низ дорад ва мо хатман онро низ нишон хохем дод.
Вокеан, ташаббусхои Президенти Чумхурии Точикистон дар халли масъалахои об мухим ва саривактй махсуб мегарданд. Зеро тибки маълумотхои созмонхои минтакавию байналмилалй зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нушокии безарар дастрасй надошта, интизор меравад, ки бо дарназардошти афзоиши тадричии ахолй то соли 2030 кариб 40 дарсади ахолии чахон ба мушкилоти норасоии o6 дучор гарданд.
Метавон, инъикоси ташаббусхои созанда ва бевоситаи Пешвои муаззами миллатро дар чодаи хифзи захирахои обии чахонй дар мархилахои зайл мушохида намоем:
— пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон дар Ичлосияи 54-уми Мачмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) — эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Ичлосияи 55-уми Мачмаи Умумии СММ соли 2003 хамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар шахри Душанбе Форуми байналмилалй оид ба оби тоза баргузор гардид;
— ташаббуси навбатии Президенти мамлакат оид ба эълон намудани солхои 2005-2015 хамчун Дахсолаи байналмилалии амал "Об барои хаёт". 23 декабри соли 2003 Мачмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе ^атъномаи дахлдорро кабул карда, солхои 2005-2015-ро хамчун Дахсолаи байналмилалии амал "Об барои хаёт" эълон кард;
— пешниходи эълон намудани соли 2013 хамчун соли байналмиллалии хамкорй дар сохаи об. Соли 2013 чoмеаи байналмилалй, бинобар ^атъномаи Мачмаи Умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Точикистон аст, Соли байналмилалии хамкорй дар сохаи обро кайд намуд. Маросими огози Соли байналмилалии хамкорй дар сохаи об дар кароргохи ЮНЕСКО дар шахри Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид.
— пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон оид ба эълон намудани солхои 20182028 хамчун Дахсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор". 21 декабри соли 2016 Мачмаи Умумии СММ ^атъномаи дахлдорро кабул карда, солхои 2018-2028-ро хамчун Дахсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" эълон кард. Добили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз чониби Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон 12 апрели соли 2015 зимни баргузории Форуми чахонии об дар шахри Тегуи Чумхурии Корея ироа гардида буд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон аз соли 2003 то соли 2010 дар шахри Душанбе як катор чорабинихои сатхи байналмилалй оид ба масъалахои гуногуни об гузаронида шуд, ки мухимтаринашон инхо мебошанд:
— Форуми байналмилалии оби тоза, 29 август - 1 сентябри соли 2003;
— Конфронси байналмилалй доир ба хамкорихои минтакавй дар хавзаи дарёхои байнисархадй, 30 май - 1 июни соли 2005;
— Конфронси байналмилалй доир ба кохиш додани офатхои табиии марбут ба об, 27 — 29 июни соли 2008;
— Конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамухлати рафти татбики Дахсолаи байналмилалии "Об барои хаёт", солхои 2005 - 2015, 8 -10 июни соли 2010.
Бояд кайд намуд, ки чонибдорй ёфтани 4 ташаббуси глобалии экологии Точикистон вобаста ба халли масъалаи об дар сатхи чахонй, аз он шаходат медихад, ки масъалаи об дар сиёсати хоричии Точикистон мавкеи махсусро ишгол менамояд.
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
Бахшида ба огози расмии Дахсо лаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028», рузи 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттахидаи Амрико чорабинии сатхи баланд доир гардид, ки Президенти Чумхурии Точикистон низ ба хайси рохбари кишвари ташаббускори масоили об дар он иштирок ва суханронй намуданд.
Яке аз хадафхои Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028»-ро Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон зимни маъруза дар чорабинии мазкур «эчоди майдони васеъ барои густариши тачрибаи андухта ва хамкорихо дар сохаи об» баён намуданд.
Дар шароите, ки афзоиши ахолй, биёбоншавй, хушксолй, тагйирёбии иклим ба чашм мерасад, таъмини дастрасии ахолй ба оби тозаи нушокй зери суол меафтад. Вокеан, суръати афзоиши ин омилхо ба дастрасй ба ин неъмати бебахо бетаъсир намемонад.
Тибки маълумоти мутахассисон кишвари мо аз руйи бузургии хачми захирахои гидроэнергетикй дар чахон макоми 8-ум ва аз руйи хачми киёсии захирахо (ба хар сари ахолй ва ба хар 1 км. худуд), мутаносибан, чойхои аввалу дуввумро ишгол менамояд. Дар Чумхурии Точикистон беш аз 25 хазор дарё ва дарёчахо, зиёда аз 10 000 пирях ва кулхои зиёде, ки дар онхо 20 км3 обхои нушокй захира шудаанд, чойгир мебошанд.
Бар асари таъсири тагйирёбии иклим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 дарсади ахолии чахон бо мушкилии норасоии об ру ба ру мегарданд. Илова бар ин, раванди биёбоншавй, афзудани офатхои табиии вобаста ба об ва гайрахо, ки ба захирахои обй ва сифати он таъсири манфй мерасонанд, аз чомеаи чахонй татбики чорахои фавриро талаб мекунанд.
Дар асоси андешахои боло, бояд тазаккур дод, ки барои расидан ба хадафхои мехварии сиёсати давлативу умумибашарй оид ба хифзи захирахои обй зарур аст, ки тамоми давлатхо, созмонхои байналмилалй новобаста аз эхтиёчмандиашон нисбат ба ин захираи табий ташаббускорй ва хамбастагии иттифокиро таквият бахшанд. Истифодаи бехтари захираи обхои фаромарзй ба хамкории зичи миёни кишвархои хамсоя бештар вобастагй дорад. Аз ин лихоз, хамкорй ва хамгироии байни кишвархои хамсояи наздисохилй дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслхои оянда накши мухим мебозад.
Дар баробари ин, яке аз хадафхои бунёдии расидан ба максадхои пешгузоштаи давлат оид ба бехдошти вазъи экологй, хамчунин хифзи захирахои обй макоми хар як узви чомеа низ калидй арёбй карда мешавад.
Тахлили ташаббусхои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарк медихад, ки чунин ташаббусхо на танхо дар рушди иктисодиву ичтимоии истифодаи захирахои обй, балкй чихати рохандозй намудани ислохоти конунгузории сохаи об накши мухиму созада ва бунёдй доранд.
Шояд барои тасдики гуфтахои боло овардани сухане аз як макоми СММ дар бораи Пешвои миллат ва ташаббусхои созандаи У кофй бошад. 20 сентябри соли 2010 дар Ню-Йорк дар Мачлиси умумии сатхи олии Мачмаи Умумии Созмони Милали Муттахид бахшида ба масъалахои Х,адафхои Рушди Х,азорсола, Муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан изхор дошт: «Президенти Точикистон Эмомалй Рахмон чемпиони чахон дар халли масоили глобалии вобаста ба об мебошад».
Бояд тазаккур дод, ки тамоми ташаббусхои чахонии Асосгузори сулху вахдати миллй -Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон барои халли масъалахои обу иклим дар сайёра равона карда шудаанд ва умедвор аз он хастем, ки назари навро дар истифодаи захирахои обу иклим дар минтака ва чахон талкин ва барои ноил шудан ба хадафхои рушди устувор накши босазо мегузоранд.
АДАБИЁТ
1. Д. Верхотуров. Ташаббусхои нави Президент Эмомали Рахмон дар масъалаи об. / Садои мардум, № 139, 18 дек. 2007с.
2. 25 кадам дар пахнои олам. Душанбе: Ирфон, 2016, - 220с. Силсила: Сиёсати хоричии Точикистон (СХТ).
3. Пешниходхои арзишманди Президенти Точикистон дар Форуми об. / Минбари халк, № 92, 5 дек. 2007с.
4. Сатторзода А., Назаров.Т. Дипломатияи муосири толик. - Душанбе: 2006. - 224 саш.
5. Сиёсати хорилии Толикистон дар масири истиклолият. Ба 20-солагии истиклолияти давлатии ЛТ бахшида мешавад. Душанбе-2011. 320-саш
СОМОНА^ОИ ИНТЕРНЕТА
1. https://ahd.ti/ti/novosti-agentstva/4028-tashabbus-oi-a-onii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-dar-so-аьоЬи-ьНт
2. https://www.taimedun.ti/ti/akhbor/7ELEMENT Ю=21072
3. https://khovar.tJ/2022/06/tashabbus-oi-baJnalmilalii1-prezidenti-um-urii-to-ikiston-zaminai-me-var-dar-alli-masoili-ob-andesha-oi-doktori-ilm-oi-u-u-shinos-professor-emomal-nasriddinzoda/
4. https://mfa.ti/ru/main/view/4264/globalnye-initsiativy-tadzhikistana-v-ramkakh-oon