Научная статья на тему 'ЗАРУРАТИ ТАШАККУЛИ ФАРҳАНГИ ЗЕҳНӣ ВА ТАФАККУРИ ШАХСИЯТ ДАР НИЗОМИ МУОСИРИ ТАҳСИЛОТ'

ЗАРУРАТИ ТАШАККУЛИ ФАРҳАНГИ ЗЕҳНӣ ВА ТАФАККУРИ ШАХСИЯТ ДАР НИЗОМИ МУОСИРИ ТАҳСИЛОТ Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
3643
244
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИНТЕЛЛЕКТ / МЫСЛЬ / ОСТРОТА / ЛОГИЧЕСКОЕ МЫШЛЕНИЕ / ИНТЕЛЛЕКТУАЛЬНОЕ РАЗВИТИЕ / РАЗВИТИЕ ЗНАНИЙ / РАЗВИТИЕ ЛОГИКИ / ОБРАЗОВАНИЕ / ЗНАНИЯ / ЗЕҳН / ХОТИР / ҳАССОСИЯТ / ТАФАККУРИ МАНТИқӣ / РУШДИ ФИКР / ТАВСЕАИ ДОНИШ / ТАВСЕАИ МАНТИқ / ТАЪЛИМ / ДОНИШ / INTELLECT / THOUGHT / KEENNESS / LOGICAL THINKING / INTELLECTUAL DEVELOPMENT / DEVELOPMENT OF KNOWLEDGE / DEVELOPMENT OF LOGIC / EDUCATION / KNOWLEDGE

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Шарифзода Ф., Сабуров Х. М.

Статья обосновывает педагогические и психологические принципы развития мыслительной способности и интеллектуальной культуры учащихся с научной точки зрения. На основе анализа и исследований, детально проанализирован низкий уровень культуры мышления и логическое мышление молодого поколения в современный период. В статье анализируются соответственно совершенные интеллектуальные качества личности, такие как острота, разнообразие и мотивация ума, логическое мышление и т. д. Примеры приведены с учебниках начальных классов. Кроме того, в статье успешно анализируются основные задачи развития логической мысли учащихся, факторы, которые влияют на развитие личности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Важность развития интеллектуальной культуры и личности в системе современного образования

The authors of the article substantiate the pedagogical and psychological principles aimed at the development of thinking ability and intellectual culture of pupils under scientific angles. Proceeding from the assumption of the analysis and research the authors analyzed the low level of cultural and logical thinking of young generation referring to contemporary period. In their article the authors analyze respectively perfect intellectual qualities of an individual, such as keenness, diversity and mind motivation, logical thinking etc. The referred examples are adduced from the manuals targeted at primary forms. Into the bargain, the principal tasks aimed at the development of pupils'' logical thinking, factors which sway over individual''s development are successfully analyzed by the authors.

Текст научной работы на тему «ЗАРУРАТИ ТАШАККУЛИ ФАРҳАНГИ ЗЕҳНӣ ВА ТАФАККУРИ ШАХСИЯТ ДАР НИЗОМИ МУОСИРИ ТАҳСИЛОТ»

УДК 74.00 ББК 371

Ф.ШАРИФЗОДА Х.М.САБУРОВ

ЗАРУРАТИ ТАШАККУЛИ ФАР^АНГИ ЗЕ^НЙ ВА ТАФАККУРИ ШАХСИЯТ ДАР НИЗОМИ МУОСИРИ ТА^СИЛОТ

Дар шароити тезтагйирёбандаи чомеа, рушди босуботи илм ва техника, мархила ба мархила ба чараёни таълим ворид гардидани технологиями инноватсионй, аз олимони риштаи педагогика такмил ва дарёфти роху воситахои нави таълиму тарбияро дар чодаи рушду камолоти шахсият такозо мекунад. Бо назардошти дигаргун ва пешрафта гардидани чомеа олимон ва методистони сохавиро зарурият пеш омадааст, ки усулхои муосири таъсиррасониро ба фаъолияти фикрронии насли наврас коркард намоянд. Ба насли навраси имруза озодона фикр ронданро ёд додан, хамчунин аввал дар хастии худ тахлил намудани гояи асосии мавзуъ ва баъдан сухан гуфтанро одат кунонидан вазифаи аввалиндарачаи мутахассисони соха ба шумор меравад.

Инкишофи босуръати чомеаи муосир дар назди илми педагогика вазифахои нав ба нав мегузорад, ки мухимтарини аз онхо ташаккул ва инкишофи шахсиятест, ки сохиби тафаккури мухаррик, эчодй, акли солиму мустакилона, кобилияти дар муддати кутох аз худ кардани хачми хадди аксари донишхои илмй мебошад ва ба эъмори «Х,аёти ба инсон сазовор кобил аст» (6). Хдмзамон раванди таълим аз шахсият сатхи нисбатан баланди маданияти зехниро такозо дорад. Яке аз вазифахои умдаи илми педагогикаи муосир таъмини натанхо аз худкунии дониш, майорат ва малакахо (салохиятмандй), балки хамчунон ташаккули тарзхои фаъолияти маърифатй хамчун зухуроти маданияти зехнии талабагон (донишомузон) мебошад.

Мутаассифона, бояд кайд кард, ки ин вазифа ва талаботи илми педагогика солиёни тулонист, ки дар раванди таълими чи мактаби миёнаи тахсилоти умумй, чи макотиби олй ба таври зарурй ва лозима ба инобат гирифта намешавад. Аз чумла, хусусан дар мактаби ибтидой вазифахои таълимии хондан, навиштан, баёни маънй (инкишофи нутк), ба хотир гирифтан (аз ёд кардан), хисоб кардан (халли мисолу масъала) ба андозаи талаботи барномахои таълим анчом дода мешаванд. Вале ба максаду вазифаи мухимтарини таълиму тарбия - рушди акл ва фикрронии кудакон, ки заминаи устувори маданияти зехнй ва тафаккури мустакилона ва эчодии шахсиятро мегузорад, кам андар кам ахамият дода мешавад. Х,ол он ки махз халли ин максаду вазифахои педагогии раванди таълим ояндаи чи таълимй (донишомузй) ва чи хдётии шахсиятро муайян менамояд, ки то чи андоза шахсият сохиби зехн ва аклу тафаккури мустакилона ва эчодй мешавад ва масъалахои минбаъдаи таълимй (омузиш) ва хдётии худро зуд, хдвасмандона (мотиватсияи таълим) ва салохиятмандона (тавонмандона) хал хохад кард.

Мухтасаран тавзехи мафхуми зехнро пеш меорем, ки он асосхои педагогй ва психологии худро дорад. Зери мафхуми зехн дар илмхои педагогй ва психологияи педагогй кобилияти шахсй барои анчоми раванди маърифат ва халли босамари масоил (мушкилот), аз чумла, хангоми халли силсилаи вазифахои нави хаётй (амалия) фахмида мешавад. Зехн, кабл аз хама максадгузорй, ба инобатгирии имконоту захирахои аклию фикрй, бунёди ояндабинонаи (стратегияи) расидан ба максад мебошад. Махз ин сифатхои зехн ва рушди тадричии он инсонро аз хайвон фарк (чудо) кунондааст ва сабаби рушди шуури инсонй гашта уро ба ичтимоъ табдил додаст ва пасон сабаби тамаддуни инсоният гардидааст. Рушди шуури кудак бошад дар навбати худ «Хдмчун низоми назархо ва боварй (эътикод), кабл аз хама дар натичаи аз худкунии илм ташаккул меёбад» (4).

Зехн хамчун истеъдод (неру) бо ёрии чунин кобилиятхо ташаккул меёбад ва амалй карда мешавад: фахмидан (маърифат), омухтан, мукоиса, фикри мантикй, ба низомдарории ахбор (дониш), тахлил ва таснифи он, ёфтани равобит, конуният ва фаркият дар ашё, ходисоту вокеоти олам ва гайра.

Дар шароити имрузаи низоми тахсилот инкишофи маданияти зехн ва тафаккури насли наврас ба муаммои аввалиндарача ва халталаб мубаддал гаштааст. Хусусан омузгорони синфхои ибтидоиро зарур аст,ки дар фаъолияти кории худ тагйирот ворид намуда,барои рушти фикрронии шогирдон кушиш ба харч диханд. Тахлилхо нишон медиханд, ки дар мархилаи имруза як кисми муайяни хонандагони мактабхои тахсилоти умумй фикрронии озодона надошта, дидаву шунидаи худро аз руйи мантик тахлил карда наметавонанд.

Дар илми педагогика сифатхои нисбатан барчастаи зехни шахсият маъмуланд, ки он кунчковй (чуяндагй) ва амикии акл, печонй ва мухаррикй, мантикй ва исботшавандагй ба хисоб мераванд.

Кунчковй ё чуяндагй талоши шахсият аст ба хотири фахмидани хаматарафаи ин ё он ходиса ё чизе. Ин сифати акл заминаи фаъолияти маърифатии паёпай (беист) мебошад. Ба инкишофи

зех,ни чуяндагии хонандагони синфх,ои ибтидой дар китобх,ои таълимии онх,о эътибори хоса зох,ир карда шудааст. Аз китоби дарсии Забони модарии синфи чорум мисоле барои намуна пеш меорем, ки мах,з ба инкишофи ;обилияти кунчкобии хонандагон равона карда шудааст. Супориши « Калимах,ои пароканда»

Омузгор калимах,ои парокандаро пешних,од мекунад, хонандагон аз калимах,ои пароканда як ё ду чумла менависанд, сипас бо шарикашон дафтарх,ои худро иваз карда месанчанд. Дар ин усул хонандагон сохтор ва тартиби чумларо арзёбй карда, фикрашонро шифохД ва хаттй дуруст баён мекунанд. Мисол:

Харид, Зафар, дору, дорухона, аз. Зафар аз дорухона дору харид. Оиша, китобхона, аз, бадей, гирифт, китоби. Аз, санчоб, наметарсид, сармо. Fалатx,оро ёбед:

1. душанбе пойтахти чумхурии точикистон мебошад. Душанбе пойтахти Чумхурии Точикистон мебошад.

2. хиёбони зеботарини шах,р ба номи устод рудакист.

3. рафикам гурбаи худро мошон ном гузошт.

Ин фаъолият ба хонандагон имконият медихдд, ки оиди мавзуи исми хос дониши худро сай;ал дода, дар як ва;т бо истифода аз ;обилияти зех,нии худ супориш^оро бе душворй ба ичро расонанд.

Шакли дурусти калимахрро нависед ва онро хонед (10).

Гундушк Гунчишк

Лайлак

Печонй ва мухаррикии (харакатмандй) акл чунин аст: кобилияти истифодаи тачрибаи мавчуда, тахкики фаврии ашё ва ходисоти олами вокей дар равобиту муносибати нав, бартарафсозии тафаккури колабй.

Тафаккури мантикй аз пайдархамии чиддии мухокимот, ба назар гирифтани кулли чонибхои чизи тахкикшаванда, тамоми равобити имконпазири он иборат мебошад.

Исботшавандагии тафаккурро кобилияти дар лахзаи зарурй истифода карда тавонистани факту конуниятхое исбот мекунад, ки дурустии мухокимот ва хулосахоро тасдик намояд.

Зехн аз тафаккур (фикр) бо маънии муайян фарк дорад. Зехн кобилияти фахмида тавонистан мебошад. Зехн на танхо натичаи фаъолияти маърифатй, балки тарзхои (усулхо) ин фаъолиятро фаро мегирад, яъне зехн ба фаъолияти маърифатй ба таври сарех вобаста аст.

Дониш асоси (пояи) зехн мебошад ва миёни онхо равобити диалектикй хамчун самараи (натичаи) раванд вучуд дорад, яъне, аз як су, дониш натичаи фаъолияти маърифатй аст, аз суи дигар, дониши ба фаъолияти инсон воридгашта хамчун унсури зехн зохир мегардад. Дар раванди аз худ намудани як навъ низоми оддии донишхо, ки дорои мантики муайян мебошанд, дар инсон тафаккури мавзун (бонизом) ташаккул меёбад, ки хдмчун асоси аз худкунии донишхои нисбатан мураккаб хизмат хохад кард.

Мисли хдмагуна руйдоди ичтимой зехнро метавон бо ёрии мафхуми «маданият» (фарханг) тавсиф кард. Одамон сохиби зехнанд ва бо хамин сифат аз хайвон фарк доранд. Аз ин ру хаёти зехнии одамон мавчуд аст ва онхоро рушд медихад, яъне мо метавонем дар бораи маданияти зехдй хдрф занем, сухбат кунем. Дар фаъолияти таълимию маърифатй маданияти зехнии шахсият он ташаккули майорату малакахои зехниро дар назар дорад, ки дар заминаи амалиёти фикрии аз худ кардаи талабагон (донишомузон) устуворанд, яъне махз махорати чудо карда тавонистани вазифаи таълимй, анчом додани амалхои фаъолонаи фикрй сатхи аз худкунии талабагонро муайян мукунанд.

Сатхи неруи зехдии шахсият асосан ба ду гурух чудо мешавад:

1) Фазилат - хачми донишхои (ахбороти, маълумоти) аз худ карда шуда.

2) Рушди зехнй - кобилияти истифодаи ин донишхо (маълумот) барои халли масъалахои гуногун, ки дар раванди фаъолият ба миён меоянд.

Маданияти зехнии шахсият дониш ва махорати сохаи мехнати фикриро фаро мегирад:

- фаъолияти маърифатиро максади худ карор додан;

- фаъолияти маърифатиро ба накша гирифтан;

- амалиёти маърифатиро бо истифодаи тарзхои (усулхои) гуногун ичро кардан;

- бо сарчашмахои дониш (ахборот) кор кардан.

Ташаккули маданияти зехнии шахсият вазифаи рушди аклии кудаконро ба ухда дорад, ки хамчун раванди ба воярасй ва тагийроти неруи аклй фахмида мешавад ва он зери таъсири омилхои биологй ва ичтимой ба миён меояд. Устод М.Лутфуллозода аз рисолаи «Хонулихвон» -и Носири Хусрав иктибос мекунад, ки «Махсули акл илму дониш аст», ки баробари таъсироти ичтимой ва биологй дар натичаи талош ва фаъолияти таълимии тулонй ва муназзаму максаднок ташаккул меёбад, неруманд мегардад (5). Нерухои аклии шахсият, ё хиради у мачмуи кобилиятхои фардии уст, ки баробари ба кор андохтани (истифодаи) донишхои захирашуда ва анчоми амалиёти фикрй яклухт (хамгиро) шудаанд ва дар натича шахсият дорои сифатхои суръатмандии фикрй, (тезии фикр), фикри печон, возех, амик, интикодй, фарохназарй, зиракй ва тафаккури эчодй гардидааст.Маданияти зехнй вазифаи ташаккули шахсияти сохиби тафаккури эчодиро ба ухда дорад, ки мароми у аз рафтору кирдори инсонгарой (гуманистй) иборат аст. Хдмзамон маданияти зехнй аксаран ба сатхи зарурии инкишофи зехнии чомеа, хамчунон ба кобилиятхои аклй ва тахлилии хар шахсияти мушаххас вобаста аст.

Пешравии чомеа ва такозои рушди ичтимой - иктисодии он голибан ба низоми тахсилот вобаста аст, зеро маърифатмандй ва рушди зехнии шахсият, саломатии рухй, гуногунчанбагй ва инкишофи мутаносиб (хаматарафа), фарохназарй, хамчунон талош ба эчодкорй ва махорати халли вазифахои гайричашмдоштро махз низоми тахсилоти муташаккили давлатй хал карда метавонад. Ба ин асос бояд таъкид кард, ки дар низоми тахсилоти давлатй дахолати бегонагон, тацлид ба низоми тахсилоти дигарон, кучондани низоми тахсилот аз бегонагон, хусусан мазмуни тахсилот, таълиму тарбия бидуни асосмандии назариявй ва озмоишхои мувофиккунанда ба шароити ичтимой, анъаноти хонаводагй, маънавй - ахлокй ва манфиатхои давлатй ва миллй катъиян кобили пазируфтан нест, зеро дар мачмуъ ин амал мувофики истиклолияти мазмуни тахсилот, сирати миллй ва маданияти зехнии миллй буда наметавонад ва ин арзишхоро на рушд, балки тадричан кохиш медихад ва сарнагун менамояд.

Дар ин маънй олими барчастаи рус, академик Гершунский Б.С. чунин мефармояд: «Таъкид мекунем, ки ба хеч вачх кушишоти дахолат ба каламрави сират (менталитет) ба хотири ин ё он тагийри сират наметавонад и^борй, бо ёрии методхои зуроварй ва пахши чи сирати шахсият ва чи умуман сирати ичтимоъ (чамъият) анчом дода шавад» (З).Мувофики матлаб мебуд, агар дар низоми тахсилот барои ичрои барномахои тахсилотй фазои нави ахборотй-тахсилотй созмон дода шавад, ки кабл аз хама, он ба инкишофи сифатхои зехнии шахсият, амикии донишхои фаннй нигоронида шуда бошад ва рушди дилхохи маданияти шахсиятро таъмин намояд.

Рушди зехн бевосита ба сохаи хавасмандию сабабамандии (мативатсия) шахсият, ба талаботи ботинии у, ба манфиатхои у, ба воситахои ташаккули зехн вобаста аст, ки дар навбати худ аз пешниходи мазмуни маводи таълим ва корхои беруназдарсй, аз методхои пешниходи онхо, аз ташкили фаъолияти фикрй, аз рохандозии эхсосоти мусбат дар фаъолияти кудакон иборат мебошанд.Зехн хусусан дар синни хурди мактабй нисбатан бошиддат инкишоф меёбад. Дар рушди зехн тафаккур накши пешбаранда мебозад, ки аз кобилияти ба таври умумй ё мучаррадан (абстракт) инъикос карда тавонистани вокеият, аз фахмиши амики асл (чавхар) ва сабаби ходисот (зухурот) иборат аст. Рушди зехн ба чунин равандхои равонии (психикии) маърифат вобаста аст: хис кардан, дарк кардан, диккат, хотир, хаёл, тасаввур, нутк. Инкишофи фикр (тафаккур) дар навбати худ ба тагийрёбии сифатии дарк ва хотир, ба равандхои идорашаванда ва озод будан оварда мерасонад.Ба хеч кас махфй нест, ки яке аз вазифахои мухимтарини инкишофи умумии одам ва ташаккули шахсият инкишофи тафаккур (фикр) аст. Тафаккури инсон мунтазам инкишоф ва кобилиятхои зехнии у такомул меёбанд. Кайхост, ки равоншиносон ва педагогхо дар натичаи мушохидахо ва амалан озмудани тадбирхои рушди тафаккур ба хулосаи фавк расидаанд.

Тафаккур аслан хама он чизеро, ки инсон метавонад дар хаёт ба даст оварад, муайян ва пайгирй мекунад, зеро фикр поя ва бунёдгузори рохи халли хамаи муаммо ва мушкилоти хаётй мебошад. Махз халли масоили хаётй тамоми натичахои дар хаёт ба даст оварандаи инсонро (хуб ё бад) муайян менамояд.

Тафаккур кори максадноки шуур аст ба хотири расидан ба кабули карору хулосахо. Кори (фаъолияти) максаднок раванди бунёдгузории фикр, кор ва идора кардани фикр (кобилияти фикр кардан) мебошад.Бунёд ё заминаи тафаккур донишхо (тасаввурот оид ба чизе ва равобити миёни ин тасаввурот) ва мантик (коидаи коркарди донишхо ва ахбори ба зехн воридшаванда) мебошад. Зехн бевосита масъули рушди тафаккур аст, ки хамаи унсурхои зарурии кори фикр ва инкишофи онро дар бар мегирад.

Вазифахои асосии инкишофи тафаккур инх,оянд:

1. Инкишофи донишхо - гирифтан ва коркарди донишхо. Донишхо бояд пурра (мукаммалии симои олам, ходисоту вокеоти он...), мантикй (бе ихтилофоти аслият), санчидашаванда (дар хаёт

тасдикшаванда) бошанд. Бояд дар хотир дошт, ки надонистан, ноогох бyдан сарчашмаи тамоми нокомихои инсон мебошад.

2. Инкишофи мантик - кобилияти дар тафаккур, мухокимот, карорy хулосахо ва амалхои худ бомаксадона, мyттасил (пай дар пай) ва мyътакид бyдан ва бовар доштан. Ин маънои онро дорад, ки хама фикру аъмол инсонро ба суи максад бибарад ва бояд дар хама кор барои ноил шyдан ба натичаи босамар ва дилхох талош варзад. Бартараф кардани бемантикй бартараф кардани тамоми ихтилофот ва хатохои шуур аст дар рохи расидан ба максадхои дар пеши худ гузошташуда.

Ба хотири рушди тафаккур дар назар доштани ин омилхо заруранд:

1. Маърифат - гирифтани донишхо (таълим-машгулиятхо (дарсхо), тамрин, фаъолияти мустакилона ва эчодй, китоб, муошират, сарчашмахои ахборотй).

2. Мулохиза (андеша) кардан - омухтани фикркунй ва тахлил (мушохида, мукоиса, ëфтани монандй, фаркият, хулоса кардан), дарëфт ва кабули карори (хулосаи) бехтарин.

3. Х^т - натичаи рафторест, ки ногузир давоми мантикии фикри инсон мебошад, махз хаëт ба дониш ва фаъолияти фикри инсон бахо медихад, ки y натичаи дилхох ба даст овард ë не. Барои он ки одам тафаккури (фикри) худро босамар инкишоф дихад, вай бояд донишомуз

(толибилм) шавад, яъне кушиши «хамаро донистан» кунад, кушиш кунад, ки хама чизи заруриро фахмад, кушад, ки донишхои гирифтаашро дар хаëт бисанчад ва натичахои даркориро ба даст оварад. Бифахмад, ки хачми донишхо нопайдоканор аст:

«То ба-д он чо расид дониши ман, Кй бидонам хаме, ки нодонам» (l).

ë худ:

Он кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад, Худро ба сари маснади эъзоз нишонад. «Он кас, ки бидонад ва надонад, ки бидонад, Аспи талаб аз гунбади гардун бичахонад. В-он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад, У низ хари хеш ба манзил бирасонад. В-он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад, Дар чахли мураккаб абадуддахр бимонад» (2). Барои рушду нумуи тафаккур ба мдан гузоштани максадхои хаëтй ва раванди ба даст овардани онхо таъсири амик ва мусбат мерасонад. Агар инсон максаде надошта бошад, агар хаëти у бе максад гузарад, у ба чизе талош надошта бошад, ба вай тафаккур лозим намешавад, инкишоф намеëбад ва инсон аз хар чихат кохиш меëбад, фалач мешавад. Вале агар инсон фикру андешаи худро мунназам ва фаъолона ривоч доданй шавад, бояд дар назди худ максадхои олй ва мураккаб гузорад, оид ба мавзуъ ва масъалахо фахмиш ба даст оварад, онхоро тахлил кунад, накшасозй намояд, амалхои бомаксадона анчом дихад, монеахоро бартараф созад, хатохояшро тахлил ва ислох кунад, кушишхои нав анчом дихад то даме, ки ба максади арзишманди илмй бирасад. Зеро «шараф ва шарафëбии инсон аз илм аст, илме, ки на сарсарй ва руякй, балки бо захмату фаросат омухта мешавад ва он пуропури чавхар ва маънист» (5). Бинобар ин зарур аст, ки хануз дар синфхои ибтидой мунтазам машгулиятхои зехнй созмон дода шаванд, то дар онхо кудакони аз чихати зехнй сохиби имконот ва омодагии гуногун, чи заиф, чи неруманд тавонанд масъалахои гайриоддй, чустучуй ва эчодиро, ки берун аз маводи таълимй мебошад, хал кунанд. Халли чунин масъалахо асосан натанхо ба донишхои дар мактаб гирифта, балки бештар ба фаъолию ковишхо ва чустучуи кудакон ва ба зиракии онхо такя мекунанд. Бинобар ин кудак онхоро халкунон нисбат ба дастовардхои худ хисси каноатмандй ва ба имконот ва неруи зехнию аклии худ хисси боварй пайдо мекунад, хатто агар ягон вазифаи таълимй ва масъаларо начандон дуруст хал карда бошад хам. Тарбияи зехнии шахсият ба кудак хукук ва имкон медихад, ки доно бошад. Шикастани ин хукук хам барои кудак ва дар оянда хам барои чомеа хеле гарон меафтад. Бинобар ин муаллимони синфхои ибтидой нисбат ба ташкил ва интихоби мазмуни таълим ва машгулиятхои таълимй бояд муносибати махсусан масъулона кунанд ва инкишофи кудакон-сохибони ояндаи Точикистони азизро таъмин намоянд. Маданияти зехнии кудаконро ташаккул дода мо вазифахои таълим ва низоми амалхои тахкикотй-чустучуии кудаконро бояд риоя кунем, ки барои тахлили мустакилонаи ашë, ходисаю вокеахои олам, табиат, махорати мукоиса, тасниф, умумият додан ва гурухбандии онхо заруранд ва ин амалхо асосан муваффакияти ояндаи кудакро дар тахсил ва хаëт таъмин хохад кард.

Дар раванди халли масъалаи инкишофи зехнию фикрии кудакон машгулиятхо бояд мазмуни мушаххас ва дастрас дошта бошанд. Халли ин масъала имконият фарохам меоварад, ки тадричан махорати зехнй начандон дар рафти машгулиятхои умумй, балки дар раванди фаъолияти

рузмарраи инфиродй ва мустакилонаи кудакон ташаккул дода шавад, яъне дар шароите, ки онх,о имконияти «кашф кардан» - ро доранд. Дар ин холат муаллим ноаён накши иштирокдори «кашфиёти» кудаконро мебозад, яъне у роххои халли масъалахо ё мушкилотро нишон намедихад, балки дар чустучуи мустакилонаи роххои халли масъалахо кудаконро дастгирй мекунад.

Ташкил ва доир кардани чунин машгулиятхо аз муаллим муносибати махсуси ибтикориро (инноватсионй) такозо менамояд. Х,амзамон ташаккули пайдархам ва бонизоми махоратхои оддитарини зехнй барои рушди минбаъдаи тафаккур, аз худ кардани мафхумхои нисбатан мураккаб замина мегузорад, яъне аз чониби муаллимон фахмидани мухимияти инкишофи зехнии кудакон ба тайёрии онхо барои аз худ кардани донишхо бидуни садама ба саломатй ба рушдашон мусоидат хохад кард. Х,амчунон ба он мусоидат менамояд, ки шавку рагбати маърифатии кудакон барои зинахои баъдинаи тахсилот осеб набинад, балки афзоиш ёбад.

Хулоса, маданияти зехнй ва тафаккури ташаккулёбанда, ки муттако ва нерубахши якдигаранд, хамзамон рукни эчодй ва омили ба кор андозии кобилиятхои хамаи иштирокдорони раванди педагогй буда, кудак дар он арзишхои зехнй ва фикриро азхудкунон кобилиятхою истеъдодхои фардии худро ривоч медихад, кувва ва сифатхои табииашро ба кор меандозад ва ба раванди ривочу такмили зехну тафаккури худ ворид мешвад ва ба ичрои фаъолияти таълимиаш идома медихад.Дар айнй замон оид ба арзиш ва чойгохи зехн ва тафаккур дар назди назария ва амалияи педагогй вазифахои зерин гузошта шудааст: коркард ва амалан рохандозй кардани низоми мачмуй ва хамачонибаи (комплексии) ташаккули зехн ва рушди тафаккури шахсият.

Х,алли ин вазоиф, хусусан ба мактабхои тахсилоти умумй мансубанд, ки дар онхо барои хамаи талабагон чи дар дарсхо, чи дар рафти фаъолияти тарбиявии беруназдарсй бо тадбиру кушишоти якчояи муаллимон, рохбарони синф, китобдорон ва волидон бояд барои инкишофи зехнй ва фикрии кудакон шароити мусоид фарохам оварда шавад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абушакури Балхй «Х,амасрони Рудакй»/ А.Балхй. - Душанбе: Адиб, 2007.-142 с.

2. Абуали ибни Сино. Дар китоби «Баёзи чавохдроти сухан» тартибдихднда А.Абибов/А.Сино.-Душанбе: Маориф,1987.- 96 с.

3. Гершунский, Б.С. Философия образования/ Б.С.Гершунский-М.: Флиннта, 1998.-112 с.

4. Лихачев, Б.Т. Педагогика /Б.Т. Лихачев. - М.: Юрайт. 2003. - 316 с.

5. Лутфуллозода, М. Педагогикаи миллии халки точик /М. Лутфуллозода.- Душанбе, 2015.- 126 с.

6. б.Щуркова, Н.Е. Педагогика / Н.Е. Щуркова. - М., 2004.- 473 с.

7. 7.Подласый, И.П. Педагогика/ И.П. Подласый. - М.: Владос, 1999.

8. Фарханги забони точикй. М.: Советская энциклопедия 1969.

9. Харламов, И.Ф. Педагогика/И.Ф. Харламов. - М.: Гардарики, 2005.

10.Зиёев М, Эрматова У, Олимова Ф, Зоолишоева Б, Набиев М, ^осимова Ш. Забони модарй синфи 4/М.Зиёев ва дигарон-Душанбе: Ирфон, 2010.- 543 с.

11.Шарифзода Ф. Педагогика: назарияи инсонофар ва чомеаи фархангй / Ф.Шарифзода -Душанбе: Ирфон, 2010. 543 с.

12.Шарифзода, Ф. Педагогикаи хамгиро / Ф.Шарифзода. - Душанбе: Ирфон, 2011.- 510 с.

13.Шарифзода, Ф. Педагогикаи умумй ва касбй/ Ф.Шарифзода, А.М.Миралиев. - Душанбе: Ирфон, 2012.- 560 с.

REFERENCES:

1. Abushakuri Balkhi. Rudaki's Contemporaries / A.Balkhi. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2007. - p.142.

2. Abuali ibn Sino. In the Book of "The Exposure of Word Treasures". Compiled by A.Adibov. -Dushanbe: Enlightenment, 1987. - 96 р.

3. Gershunsky, B.S. The Philosophy of Education/ B.S.Gershunsky. - M.: Flinnta, 1998. - 112 p.

4. Likhachyov B.T. Pedagogy / B.T.Likhachyov.-M.:Yurait, 2003. - 316 pp.

5. Lutfullozoda,M.National Pedagogics of the Tajik People/ М. Lutfullozoda.-Dushanbe, 2015.-126 p.

6. Tshurkova N.E. Pedagogics/ N.E.Tshurkova.- М., 2004. - 473 p.

7. Podlasy I.P. Pedagogics/ NI.P.Podlasy.- М.: Vlados, 1999.

8. The Tajik Language Dictionary. - М.: Soviet Encyclopedia, 1969.

9. Kharlamov I.F. Pedagogics / I.F.Kharlamov. - М.: Gardariki, 2005.

10.Ziyoev M., Ermatova U., Olimova F., Zoolishoeva B., Nabiev M., Qosimova Sh. Mother Tongue for Form 4/ М.Ziyoev et alia -Dushanbe: Cognition, 2010. - 543 p.

11.Sharifzoda F. Pedagogics: Theory of Humanism and Cultural Society/ F.Sharifzoda. - Dushanbe:

Cognition, 2010. - 543 p. 12.Sharifzoda F. General Pedagogy / F.Sharifzoda. - Dushanbe: Cognition, 2011. - 510 p.

13.Sharifzoda F., Miraliev А.М. General and Professional Pedagogics/ F.Sharifzoda., A.M.Miraliev. -Dushanbe: Cognition, 2012. - 560 p.

Зарурати ташаккули фарх,анги зе^нй ва тафаккури шахсият дар низоми муосири тщсилот Вожа^ои калидй: зеун, хотир, уассосият, тафаккури мантщй, рушди фикр, тавсеаи дониш, тавсеаи мантщ, таълим, дониш

Дар мацола принсищои педагоги ва равони барои рушди тавонощои фикри ва фаруанги зеунии хонандагон аз нуцтаи назари илми барраси мешавад. Дар асоси таулил ва тадцицот, сатуи пасти фаруанги фикррони ва тафаккури мантиции насли наврас дар замони муосир муфассал таулил мегардад. Дар мацола мутаносибан сифатуои комили зеунии шахсият, ба монанди уассосият, танаввуъ ва мотиватсияи ацлони, тафаккури мантици ва гайра таулил карда мешавад. Намунауо аз китобуои дарсии синфуои ибтидои оварда шудаанд. Илова бар ин, дар мацола вазифауои асосии рушди тафаккури мантиции хонандагон, ки аз авомили муассири дар рушди шахсият маусуб меёбад, таулил карда мешавад.

Важность развития интеллектуальной культуры и личности в системе современного образования Ключевые слова: интеллект, мысль, острота, логическое мышление, интеллектуальное развитие,

развитие знаний, развитие логики, образование, знания Статья обосновывает педагогические и психологические принципы развития мыслительной способности и интеллектуальной культуры учащихся с научной точки зрения. На основе анализа и исследований, детально проанализирован низкий уровень культуры мышления и логическое мышление молодого поколения в современный период. В статье анализируются соответственно совершенные интеллектуальные качества личности, такие как острота, разнообразие и мотивация ума, логическое мышление и т. д. Примеры приведены с учебниках начальных классов. Кроме того, в статье успешно анализируются основные задачи развития логической мысли учащихся, факторы, которые влияют на развитие личности.

The necessity of intellectual culture and individuality development in the system of modern education

Key words: intellect, thought, keenness, logical thinking, intellectual development, development of

knowledge, development of logic, education, knowledge The authors of the article substantiate the pedagogical and psychological principles aimed at the development of thinking ability and intellectual culture ofpupils under scientific angles. Proceeding from the assumption of the analysis and research the authors analyzed the low level of cultural and logical thinking of young generation referring to contemporary period. In their article the authors analyze respectively perfect intellectual qualities of an individual, such as keenness, diversity and mind motivation, logical thinking etc. The referred examples are adduced from the manuals targeted at primary forms. Into the bargain, the principal tasks aimed at the development of pupilsл logical thinking, factors which sway over individuals development are successfully analyzed by the authors.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Шарифзода Файзулло, доктори илмуои педагоги,профессор, академики Академияи таусилоти Тоцикистон (Цумуурии Тоцикистон,ш. Душанбе), E-mail: faridun61@mail.ru

Сабуров Хайрулло Мирзоевич, доктори илмуои педагоги, профессори кафедраи педагогикаи ицтимои ва касбии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров (Цумуурии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail:saburov.67@mail.ru Сведения об авторах:

Шарифзода Файзулло, доктор педагогических наук, профессор, академик Академии образования Таджикистана (Республика Таджикистан, г. Душанбе), E-mail: faridun61@mail.ru Сабуров Хайрулло Мирзоевич, доктор педагогических наук, профессор кафедры социальная и профессиональная педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова ( Республика Таджикистан, г. Худжанд), E-mail:saburov.67@mail.ru Information about the autor:

Sharifzoda Faizullo, Dr. of Pedagogy, Professor, Academician of the Academy of Tajik Education (Tajikistan Republic, Dushanbe), E-mail: faridun61@mail.ru

Saburov Khayrullo Mirzoevich, Dr. of Pedagogy, Professor of social and professional pedagogy department under Khujand State University named after academician B.Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand) E-mail: saburov.67@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.