РИЗОЕВА Р.Б.
СОПОСТАВИТЕЛЬНЫЙ АНАЛИЗ СЮЖЕТА ПОЭМЫ «ИСФАНДИЁР» «ШАХНАМЕ»
ФИРДОУСИ И САОЛИБИ
В статье приводится подробный сопоставительный анализ одной из поэм «Шахнаме» Фирдоуси под названием «Поэма Исфандиёра» с одноимённой поэмой «Шахнаме» Салиби и на основе конкретных примеров показывается их основное сходство и различие.
RIZOEVA R.B.
COMPARATIVE ANALYSES OF THE POEMS “ISFANDIYOR” IN “SHAHNAME”
FIRDA VSI AND SAOLIBI
The similarity and differences of these two works are given in this article on the base of vivid, concrete examples.
МУЗАЙЯНА САЙФУЛЛОЕВА,
унвонцуи
Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров.
АНЪАНАИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТО^ИК-ФОРС ДАР ЭЧОДИЁТИ С.АЙНИ
Устод Айнй дар як маколаи кучак, вале пурмазмуни худ, ки «Муносибати адабияи Осиёи Миёна бо Эрон» (1934) ном дорад, чунин навишта буд: «Хдрчанд аз осори Рудакй, Аъмаки Бухорой ва дигар мутакаддимин чизи мухиме дар миён намондааст, Фирдавсихо, Хайёмхо, Саъдихо, Дофизхо чй гунае, ки дар махфилхои адабии Эрон хонда шаванд, хамон гуна дар махфилхои адабии Осиёи Миёна хам бо шавку завк хонда мешуданд. Хусусан, «Шохнома»-и Фирдавсй дар Осиёи Миёна таъсири бузурге дорад. Салосат ва равонии ин китоби лочавоб ва соддагии забони он камсаводонро хам ба худ чалб мекунад».1 Сазовори диккат аст, ки устод Айнй дар маколаи мазкур номи шоирони эрониасл -Фирдавсй, Хайём, Саъдй ва Дофизро ботаъкид ба забон меорад. Ин чунин маънй дорад, ки натанхо мисли Рудакиву Амъаки Бухорой шоирони забардаст, ки точик хастанд, балки Фирдавсй, Саъдй, Дофиз ва дигарон, ки эрониасл мебошанд, дар байни халкхои Осиёи Миёна шухрати калон доштанд. Ин шухрат дар даврони мо зиёдтар шуд.
Устод Айнй бо намунахои ашъори шоирони классик аз айёми бачагиаш ба шарофати падари худ ва баъд аз равшансаводй хосил кардан, худаш бо осори ахли сухан хеле хуб ошно гардид. Шиносой бо адабиёт дар рохи рушду камоли маънавии у ва такомули махорати адабиаш накши носутурданй ба чо овард. Айнй дар киссаи «Ахмади девбанд» (1928, тахрири дуборааш соли 1936) тасвир менамояд, ки баъзе байтхои шайх Саъдй дар боби нотарсу диловар калон шудан ва ба кахрамонони асотир - дев, ачина ва г. бовар накардани у чй гуна накши мухим бозидаанд. Дар киссаи мазкур сухбати Ахмад ном бачаи
1 Садриддин Айнй. Куллиёт, чилди 11, китоби якум. Нашриёти Давлатии Точикистон, Душанбе, 1963, сах. 189
дувоздахсола бо падари худ тасвир ёфтааст. Ахмад худи Садриддин аст. Дар кисса мехонем: «Ахмад дувоздахсола шуд, ин вакт саводаш хам баромада буд. У девонхои шоирони гузаштаро бисёр дуст дошта мехонд, аз он чумла девони Саъдиро. Рузе дар девони Саъдй ин байтро дид:
Дев бо одам наёмезад, матарс,
Бал битарс аз одамони девсор.
Ахмад дар маънии ин байт фикр карда аз ин чунин фахмид, ки дев аз гайри касам додан хам, ба одамй зарар расонда наметавонистааст.
Вакти муносиберо ёфта, байти мазкурро ба пеши падараш хонд ва маъниашро пурсид. Падараш гуфт:
- Ч,они падар! Дар хакикат Саъдй рост мегуяд, ки одамй аз хар чиз зур аст, деву парй, чину ачина хеч кадом ба фарзанди одам зарар расонда наметавонанд.... Ту якин дон, ки ... зараррасонанда танхо тарси худи одам аст. Падари Ахмад кадре хомуш монда, баъд аз санчидани дарачаи таъсири сухани худ ба Ахмад, ба шархи мисраи дуюми байти Саъдй даромада гуфт:
- Маънии «аз одамони девсор тарс!»-гуфтани Саъдй ин нест, ки тарсида аз онхо гурез, ё ин ки сар хам карда, харчй кунанд, дам назан ва харчй гуянд, кабул намой. Балки Саъдй мехохад гуяд, ки аз одамони девсор (одамони бад) тарсида, ба дафъи зарари онхо куш! Чунончи, ин маъниро худи Саъдй дар поёни хамон байт бо ин байт равшан ифода мекунад ва мегуяд:
Бо бадон бад бошу бо некон наку!
Ч,ои гул гул бошу чои хор хор».1
Чуноне ки баъд аз ин сухбат Ахмад аз деву ачина ва амсоли инхо наметарсидагй шуд, Садриддин хам часуру диловар ба воя расид.
Ашъори Шайх Саъдй Айниро аз солхои наврасиаш дар рухи мухаббат ба хаёт, ганимат шуморидани умри инсон ва хуш гузаронидани он тарбият кардааст. Нависанда дар асари бузурги худ «Ёддоштхо» менависад, ки у дар овони наврасиаш хондани катибахои руи сангхоро дуст медошт. Дар яке аз сангхо чор мисраи зерини Саъдй навишта шуда буд:
Шунидам, ки Чдмшеди фаррухсиришт,
Ба сарчашмае бар ба санге навишт:
Бад-ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд чун чашм бархам заданд.2
Шайх Саъдй дар шеъри мазкур аз номи подшохи ахди кадими эрониён Чдмшед сухан меронад, ки у хаёти хеш ва дигаронро тахлилу чамъбаст карда, ганимат шумурдани хаётро таъкид намудааст. Табиист, ки ин суханони шоири бузург дар дили Садриддин мухаббати гарму чушонеро ба зиндагй пайдо карда буд.
1 Садриддин Айнй. Куллиёт, чилди 5, Нашриёти Давлатии Точикистон, Душанбе, 1963 сах. 33-34.
2 Х,амон чо, сах.185.
Устод Айнй дар чилди чахоруми «Ёддоштхо» бори дигар ахамияти шеъри Саъдиро ба тарбияи мардум нишон медихад. Яке аз кахрамонони «Ёддоштхо» Мулло Амон, ки марди мубориз буд, гули садбарги хушбуйро аз байни китоб гирифта ба Айнй медихад:
«- Дар ту бошад, - гуфт ва баъд аз он худ ба худ чор мисраи зерини Саъдиро хонд:
Дарего, ки бе мо басе рузгор,
Бируяд гулу бишкуфад лолазор.
Басе тиру даймоху урдибихишт,
Биёяд, ки мо хок бошему хишт.
Баъд аз хондани ин байтхо аз чояш хест:
- Хуб, саломат бошй! Умри дароз бинй! «Мо худ нарасидем, ту шояд бирасй», - гуён аз миёни гулзор ба тарафи киштзори Файзобод нигох карда рафт»1. Дар ин сухбати кутох маълум гардид, ки Мулло Амон аз зиндагй як дарача дилсард шуда бошад хам, ба ояндаи неку эътимод дошт. Сатрхои шеъри Саъдй нисбат ба хаёт дилгарм буданро дар шахсияти Айнй низ тарбият мекарданд. Дарчанд ки худи Айнй нисбат ба хаёти фалокатиштимоли замони амирй нафрат дошта бошад хам, ашъори Саъдй ба у хаётдустиро меомухтанд.
Шоири лисонулгайб Дофизи Шерозй низ дар тарбияи гояхои инсонпарварй, одамдустй ва башардустй дар Айнй сахми шоиста гирифтааст. С.Айнй дар солхои тахсилаш дар мактаби духтарона бо Дабиба ном яке аз кахрамонони вокеии «Ёддоштхо» риштаи пайванди дустй дошт. Дабиба аз у калонсолтар буд ва шеърро хуб мефахмид. У хамрохи Садриддин як газали ошиконаро мехонад, ки чунин байтхоро фаро мегирифт:
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё чон расад ба чонон, ё чон зи тан барояд.
Дардам чу бевафоён натвон гирифт ёре,
Моему остонаш, то чон зи тан барояд.
Айнй дар «Ёддоштхо» менависад, ки у ошик будани Дабибаро хуб дарк кард ва кушиш ба кор бурд, ки бо хондани газали Дофиз ва ба чо овардани супоришхои Дабиба дарди дили уро бартараф намояд. Яъне Садриддин дар синну соли мактабхонй аллакай бо девони Хоча Дофиз ошно буд ва мефахмид, ки газалиёти у мохияти инсонпарварй доранд. Аз ин сабаб у газали Хочаи бузургворро хамрохи Дабиба кироат намуда, дарди дили уро сабуктар мекард.
Садриддин Айнй дар чилди чахоруми «Ёддоштхо» бори дигар муносибати Мулло Амонро ба шеъри Хоча Дофиз тасвир намуда, хам ба андешахои шоир, хам ба акидаи кахрамони асари худ мувофик буданро тасвир менамояд. Сухан дар бораи як байти Дофиз меравад, ки дар он накши «хурушидани даф»-ро барои дур андохтани гаму гуссаи одамй мисол меорад:
1 Садриддин Айнй. Куллиёт, ч. 7, Нашриёти Давлатии Точикистон, Душанбе, 1962 сах. 413.
Шунидам, ки rap Fам pасонад газанд,
Хypyшидани даф бyвад сyдманд.
Мулло Амон байти мазкyppо хонда чунин мєгуяд:
- Хусусан имpyзxо, ки бо таъсиpи аxволи замон хеле Fамгин шудаам, мехоxам, ки бо садои пypчyшy хypyши дойpа чУшону хypyшон ба куча баpоям ва Рyстамвоp наъpакашон ба даpи аpки амиp pавам ва бо Fyppиши шеpона гуям:
- Уй гypгони одамхоp! Аз шумо умеди одамгаpй каpдан ва одам шудани шyмоpо чашм доштан Fалат аст! Шyмоpо тавбаи гypгона додан (яъне нест каpдан) лозим аст»1.
Cадpиддин Айнй байти мазкyppо даp сyxбати xyнаpмандон ва як rypyx меxмонон боpи дигаp меоpад ва менависад: «Ищо он
Xyнаpмандоне мебошанд, ки Хоча Дофиз даp шаъни хypyши доиpаи инxо байти зеpинpо гуфтаанд:
Шунидам, ки rap Fам pасонад газанд,
Хypyшидани даф бувад судманд»2.
Пайдост, ки Хоча Дофиз аxамияти садои шypангези дойpаpо натанxо баpои конеъ намудани завки эстетикии шунаванда ишоpа каpдааст, балки онpо як воситаи мyxими ба фаъолият воpид намудани одамон ба шyмоp оваpдааст. Ба ибоpаи дигаp бигуем, садои дойpа ба шунаванда натанxо чушу хypyш ато мекаpдааст, балки як неpyи фавкулоддаи тоза xам мебахшидааст. Шеъpи Дофиз ба Айнии чавон xам чунин кувваю кyдpат эчод мекаpд.
Осоpи Дофиз, Саъдй ва аз шоиpони миллии точик Абдypаxмони Ч,омй, ки даp забони аpабй вучуд доштаанд, яке аз омилxои омузиши забони аpабй xам будааст. Устод Айнй солxои аввали таxсили хyдpо даp мадpасаи Бyхоpо хотиpнишон намуда, даp «Ёддоштxо»- и худ менависад, ки як муллобачаи аpабидон даp асоси Fазалxои шоиpони номбypда ба Айнии чавон саpфy наxви забони аpабиpо ёд додааст. «Бо ин муллобача аввал саpфи аpабиpо ба воситаи китобxои точикй омухтам, - менависад у,- даp ин зимн у xаp pyз аз Дофиз ду-се Fазал хонда ба ман мефаxмонд. Ман даp як сол саpфи забони аpабиpо аз худ каpда, саводи шеъpфаxмии хyдpо xам баланд каpдам. Даp соли дигаp саpфy наxви аpабиpо ба воситаи китобxои аpабй, инчунин шеъpxои Саъдй ва Ч,омй баpин шоиpони машxyppо ба воситаи девонашон омухтам ва баъд аз он ба даpсxои акоид, мантику xикмат гузаштам».
Даp xаёти маънавй ва таpбияи завки бадеии Cадpиддин Айнй аз овони бачагиаш гиpифта даp давоми тамоми yмpи у меpоси адабии дигаp шоиpи классик Соиби Исфаxонй накши боpиз гузоштааст. Аз «Ёддоштxо»-и у pавшан мегаpдад, ки Соиб даp хонадони онxо обpyю эътибоpи калон доштааст, то чое ки падаpи Айнй ypо «Бобо Соиб»
1 С.Айнй. Куллиёт, . ч. 7 саx. 360.
2 Дамон чо, саx.609-610.
меномид. Саидмуродхоча бо максади тарбияи фарзанди худ, бахусус, парвариши мухаббати у ба мехнат аз ашъори Соиб мисолхо меовард. «Баъд аз он падарам аз токчаи хона ду-се варак когази парешонро кашида гирифта, онхоро такуруй карда байти зеринро ёфта хонд:
Ба души таваккул манех бори худро!
Валинеъмати хеш дон кори худро!
-Мебинй, ки одамони калон чй гуна ба якдигар хамфикранд (шоири точик Исоро дар назар дорад-М.С.), Бобо Соиб (падарам Соиби Исфахониро бисёр дуст медошт, шеърхои уро, чунонки бачагон наботро макида маззакунон мехурда бошанд, лаззат гирифта мехонд ва аз руи эхтиром уро «Бобо Соиб» мегуфт), ки 250 сол пеш аз замони мо гузаштааст ва Исо, ки одами замони мост, ба як мазмун гап мезананд ва мардумро аз таваккул ва бекорй ба тарафи кор мекашанд».1
Ин байти Соиб ба Садриддини наврас таъсири калон гузошта дар дили у нисбат ба мехнаткашон эхтиром мефизояд ва аз бекорй даст кашида мехнат карданро меомузад. Бесабаб нест, ки Садриддин Айнй баъд аз порчае, ки иктибос овардем, дар кавсайн таассуроти худро аз сухбати падараш чунин иброз медорад: «Ин сухбат барои хаёт ва фикри ман таъсири бузург кард, чунонки саллахои калони олимтарошонро бад медидагй шудам, инчунин аз бекорй хам нафрат мекардагй гардидам».2
Дар девони Соиб ба чуз ашъори ичтимой, фалсафй ва панду ахлокй газалхои ишкй хеле бисёранд. Устод Айнй, ки аз осори у хуб огохй дошт, баъзе порчахои лирикиро барои ифода кардани хиссиёти ошиконаи кахрамонони «Ёддоштхо» руи кор меоварад. Чунончи, Мулло Бурхон ном шахс, ки ба духтари яке аз хочахои Убонй - Ситора ошик шуда буд, дар изхори мухаббати худ аз газали Соиби Исфахонй истифода мебарад: Он махлико баромад аз хона май кашида,
Моил ба уфтодан чун меваи расида.
Нози бахоначуро дар як тараф нихода,
Шарми ситезахуро дар хоку хун кашида.
Молида остинро то бусагохи соид,
То ноф пираханро чун субхидам дарида.3
Агар Айнй иродатманди Соиб намебуд, аз забони кахрамони худ порчаи мазкурро намеовард. Гап дар ин аст, ки Айнй чунонки поёнтар хохем дид, ба хамин газали Соиб мухаммас хам навишта буд.
Устод С.Айнй дар чилди сеюми «Ёддоштхо» бори дигар аз Соиби Исфахонй ёд мекунад ва ахамияти девони уро ба рушду камоли маънавии худ таъкид менамояд. Сухан дар бораи он меравад, ки Зухурмахдум ном
1 Садриддин Айнй Куллиёт, ч. 7, Нашриёти Давлатии Точикистон, Душанбе, 1962 сах. 252
2 Ёддоштхо, ч. 6, сах. 110
3 Садриддин Айнй. Куллиёт, ч. 6, Нашриёти Давлатии Точикистон, Душанбе, 1962, сах. 374
маpди донишманд, ки Айнй даp кучонидани амволи баpодаpи маpxyмаш кумак каpда буд, мегуяд:
«- Аз чомаxо ё аз китобxои додаpам ягонтаашpо баpои ёдгоpй хоста гиp! - гуфт.
Ман як «Девони Cоиб»-pо, ки xаp вакт вайpо мутолиа мекаpдам, хостам.
-Чаpо ягон чизи кимматбаxотаppо нагиpифтй? Агаp ин китобpо ба бозоp фypyшй, панч танга намегиpанд, - гуфт у тааччубкунон.
- Ман ин китобpо баpои фypyхтан нагиpифтаам, - гуфтам ман, -худи ин баpои ман аз xаp чиз пypбаxотаp аст.
- Хуб, майлат. Даp дасти мо бекоp истода буд. Шояд ту хонй, китоб «ба тасбеx медаpояд», хуб мешавад,- гуфт у. (Ин «Девони Соиб» xанyз даp дасти ман аст)»1.
Аз «Ёддоштxо»-и устод Айнй ва дигаp навиштаxои у pавшан мешавад, ки девони Соиб монанди осоpи безаволи Саъдй, Дофиз ва дигаp шоиpони фоpс аз айёми бачагй даp таpбияи у шиpкат ваpзида, то поёни yмpаш xамсyxбати доимии у будаанд. Осоpи шоиpони бyзypг ба Айнй натащо донишу маъpифат мебахшиданд, балки завки сyхансаpоиpо низ таpбият мекаpданд. Устод Айнй аз меpоси адабии шоиpони номбypда меомухт, ки чй тавp даp pоxи ифода каpдани маънщои бикp ва FOяxои олии башаpдyстона забон ва воситаxои тасвиpи бадеиpо коpбаст каpдан лозим аст. Осоpи шоиpон баpои Cадpиддин Айнй мактаби бyзypги эчодй ба шyмоp меомад ва устод аз он мактаб натащо зиндагй, балки сабавдои адабй низ меомухт.
Яке аз шак^ои омузиши тачpибаи эчодии шоиpони бyзypг татаббуъ ва тазмини Fазалиёти ощо буд. Устод Айнй бо ин pоx аз Камоли Исфаxонй, Соиби Исфаxонй, Шайх Саъдй, Хоча Дофиз, Кронй, ЯFмо ва дигаpон пайpавй намудааст. Даp чилди xаштyми «Куллиёт»-и Айнй, ки ашъоpи ypо фаpо мегиpад, панч татаббуъи Айнй ба Fазалxои шоиpони номбypда ва шаш мухаммаси у баp Fазалxои ин устодони сухан мавчуданд.
С.Айнй ба мавзуву мазмун, вазну кофия, оxангy pадифи Fазалxои шоиpони забаpдаст пайpавй каpда, худ Fазалxои чолибе офаpидааст, ки мyндаpичаи ишкй, ичтимой ва гоxо фалсафию иpфонй даp баp каpдаанд. Дамчун намуна як татаббуъ ва тазмини Fазали Cаъдиpо меоваpем, ки даp он сифатxои ёp - маъшук ифода ёфтааст. Ин Fазали таклидист ба Саъдй, ки xаpчанд маъшук шиpинадой ва дилpабой кунад xам, шикваи каxpамони Fаноиpо аз бевафой, бегонапаpваpй, сангиндилй ва беэътиноии маъшук даp баp мегиpад. Вай бо байти иктибосй аз Fазали Саъдй анчом мепазиpад. Fазали Айнй чунин аст:
Ёpи ман шиpинадой мекунад,
Даp замон сад дилpабой мекунад.
1 Cадpиддин Айнй. Куллиёт, ч. 7, Hашpиёти Давлатии ^ч^кистен, Душанбе, 1962, саx. 171
Мекунад бо дустон бегонагй,
Душманонро ошной мекунад.
Дар вафояш умр шуд он шух низ,
Дамчу умрам бевафой мекунад.
Гарчй шоми хачри абролудро,
Мохи руяш камнамой мекунад.
Кулбаи эхзони торики маро,
Ёди руяш рушной мекунад.
Ёри ман аз ман чудо шуд, дустон,
Ч,они ман аз ман чудой мекунад.
Комати он хурзод аз чилвае,
Чун киёмат фитназой мекунад.
Дардам аз белутфии ёр асту бас,
Хохад аз лутфе давое мекунад.
Айнии мискин ба хасби холи худ,
Байте аз Саъдй гадой мекунад:
«Ёри ман авбошу каллош асту ринд,
Бар ман аммо порсой мекунад»1.
Дар эчодиёти Айнй баъзе шеърхое хастанд, ки ба тарики тазмину татаббуъ ё мухаммас бар газали шоире гуфта нашуда бошанд хам, дар асоси мазмун вазну кофия ва радифи онхо муайн кардан мумкин аст, ки он шеърхо дар пайравии газалиёти классикон эчод шудаанд. Чунончи Саъдй газале дорад, ки матлааш ин аст:
Нафасе вакти бахорам хаваси сахро буд,
Бо рафике ду, ки доим натавон танхо буд.
Устод Айнй аз ин газали Саъдй пайравй карда шеъри худ «Шаби душина»-ро (1901) аз дасти таълиф баровард. Дарчанд ки газали Саъдй мохияти лирикй ва газали Айнй мазмуни мутоибавй доранд, харду асари реалистй мебошанд ва бо як вазну кофияву радиф таълиф шудаанд. Матлаъи газали Айнй чунин аст:
Шаби душина, ки дар гушаи сахнам чо буд,
Сар пур аз гулгулаву сина пур аз гавго буд.
Устод М.Шакурй газалхои Саъдй ва Айниро киёс карда чунин натича гирифтаанд:
«Устод Айнй пас аз 40 соли таълифи шеъри «Шаби душина» катъан хукм карда буд, ки «Саъдй реалист аст». Ин чо аз тафсилоти ин масъала худдорй карда, хаминро гуфтан мехохем, ки, ба назари мо, ин хукми у чон дорад. Реализми ба худ хоси Саъдй дар газали боло хам ифода ёфтааст. Сужети муайяне доштани он газал, асоси вокеии ин сужет, падидахои конкрети замон ва хиссиёти хакикии кахрамони лирикй
1 Садриддин Айнй. Куллиёт, ч. 8, Нашриёти «Ирфон», Душанбе, 1981 сах. 83
- 143 -
нишонахои асосии назари реалистии шоир аст»1.Устод Ш.Дусейнзода низ бар инанд2.
Оре, Саъдй реалист аст. Реализми осори у Айниро, ки аз у меомухт, низ ба рохи реализм хидоят намудааст.
Чунонки ишора карда будем, С.Айнй бар газалхои Дофиз, Коонй, Соиб ва Ягмо мухаммасхо эчод намудааст. Дар он мухаммасот низ умумияти мавзуъ, ягонагии кофияву радиф ва вазн дида мешаванд. Махорати Айнй дар хамин зухур мекунад, ки у мундарича, мазмун ва мухтавои газалиёти шоирони адабиёти классикиро давом дода сатрхое меофарад, ки хам аз лихози мазмун ва хам аз лихози шакл аз сурудахои классикхои назми форсй камй надоранд. Бинобар он, метавон натича бардошт, ки омузиши у аз устодони назми форсй натичахои мусбат додааст. Дамчун намуна мухаммаси зерини Айниро бар газали Дофиз меоварем:
Сарам чуз хаёлат хавое надорад,
Рамам бе висолат давое надорад,
Танам бе наволат навое надорад,
«Дилам бе чамолат сафое надорад,
Чу бегонае, к - ошное надорад».
Гули руи зебо, бару души насрин,
Кади сарви раъно, тани софи симин,
Лаби лаъли гуё, сари зулфи мушкин -«Дама чиз дорад дилорому лекин -Дарего, ки бо мо вафое надорад!»
Ба он руи зебо, ба он холи мушкин,
Ба ин кадди раъно, ба ин зулфи пурчин,
Супурдам дили хешро пок, лекин «Матои дили поки ушшоки мискин Ба бозори хуснаш бахое надорад».
Дили Айнй ошуфта гашта чу муят,
Шабу руз гардид дар чустучуят,
Сафо ёфт охир зи руи накуят,
«Чу мох аст равшан, ки бе мехри руят Дилу чони Дофиз сафое надорад»3.
Разали Дофиз аслан аз 7 байт иборат аст. Лекин Айнй хамагй 4 байташро интихоб карда ба онхо мухаммас бастааст. Мухаммас хеле равон, таъсирбахш ва пурмазмун аст. Ба хар байти Дофиз, ки Айнй се сатр илова мекунад, тавсифхоеро дар бар мегиранд, ки нав набошанд хам, хеле зебоанд.
Устод Айнй дар катори дигар классикхои назми форсй эчодиёти Соиби Исфахониро низ мактаби бузурги омузиши тачрибаи адабй ва
1 Мухаммадчон Шукуров. Насри реалистй ва тахаввули шуури эстетикй. Душанбе, Нашриёти «Ирфон», 1987, сах.22.
2 Ш.Хусейнзода. Дабдах макола. Душанбе, «Думо», 2007, сах.140.
3 Садриддин Айнй. Куллиёт, ч. 8, Нашриёти «Ирфон», Душанбе, 1981 сах. 190.
сабакхои эчодй мешуморад. Иродатмандии у ба Соиб то чоест, ки ба як газали у ду мухаммас баста буд. Банди хотимавии мухаммаси якуми Айнй бар газали Соиб чунин аст:
Доманкашон баромад он шухи фитнакомат,
Аз фитнаи киёмат хар чилвааш аломат,
Айнй зи даст дода аз диданаш саломат,
«Дигар надида худро то домани киёмат,
Соиб касе, ки уро масту хароб дида» 1.
Аз мухаммаси дуюми Айнй бар газали Соиб чунин банд далолат мекунад:
Кад - нахлаи назокат, тан - пайкари латофат,
Лаб - чашмаи халоват, ру - матлаи саодат,
Айнй чу дида он мах боре ба ин киёфат,
«Дигар надида худро то домани киёмат,
Соиб касе, ки уро масту хароб дида»2.
Садриддин Айнй борхо икрор карда буд, ки у аз хурдсолй ба шеър шавку рагбати зиёд дошт, мутолиаи осори классикони назми форсй бошад, таркиби лугавии забони уро ганй ва тарзи баёнашро зебову равон намудаанд. Зиёда аз ин, Айнй аз овони чавониаш асархое офаридааст, ки бо вазни асархои барчастаи классикии форсй гуфта шудаанд. Чунончй, нависанда хамрохи дустонаш ба тамошои сахро баромада таассуроти худро дар «Достони сайри Ширбадан» бо вазни «Шохнома»-и Фирдавсй ба риштаи назм мекашад. Дар ин бора худаш мегуяд: «Нависандаи ин сатрхо дар аввал бор диданам он сайру сайргоххоро таассуроти худро дар шакли достон ба назм дароварда будам ва мехохам он достонро интихоб ва ислох намуда, ба хонандагон пешкаш намоям. Азбаски дар он вактхо ман «Шохнома»-и Фирдавсиро бисёр мехондам, шакл ва услуби вай ба ин достон бетаъсир намондааст»3.
Агар достони Айнй бо вазни мутакориб навишта шуда бошад, гохо дар тарзи баёни вокеахо низ услуби Фирдавсй, бахусус тасвири набарди Рустам ва Сухроб ба назар мерасад:
Паи гуштин маърака соз шуд,
Суи гуштин дидахо боз шуд.
Дама пахлавонони зуру далер,
Кадам монда нотарс монанди шер.
Раванда чу Рустам паи корзор,
Чу Сухроб дар чанги хасм устувор.
Дама чусту чаккону сохибхунар,
Дунархо нишон дода бар якдигар4.
1 Садриддин Айнй. Куллиёт, ч. 8, Нашриёти «Ирфон», Душанбе, 1981. сах. 200.
2 Дамон чо, сах. 201.
3 Садриддин Айнй. Куллиёт, ч.8, Нашриёти «Ирфон», Душанбе, 1981, сах. 246.
4 Садриддин Айнй. Куллиёт, ч.11, китоби якум, Нашриёти Давлатии Точикистон, Душанбе, 1963, сах.126.
Мудаббати Айнй ба назми классикии форсй чунон гарму сузон буд, ки дертар достони худ «Чднги одаму об»-ро низ бо вазни «Шох,нома»-и Фирдавсй офарид. Зиёда аз ин, дар бораи шоирони эронй маколадо ва тадкикотдо эчод кард. Намунаи барчастаи он китобдои у «Дар бораи Фирдавсй ва «Шох,нома»-и у» (1934) ва «Шайх Муслидиддин Саъдии Шерозй»(1942) ба шумор меоянд. У монографияи худро дар бораи Саъдй ва эчодиёти у бо чунин ифодаи эътикод анчом медихдд, ки Саъдиро яке аз устоддои гузаштаи худ мешуморад ва пайваста аз у меомузад.
Вожа^ои калиди: намунадои ашъори шоирони классик, кисса, «Еддоштдо», лисонулгайб Х,офизи Шерозй, мухаммас, завки сухансарой, мактаби бузурги эчодй.
М.САЙФУЛЛАЕВА
ТРАДИЦИЯ ТАДЖИКСКО-ПЕРСИДСКОЙ КЛАССИЧЕСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ В
ПРОИЗВЕДЕНИЯХ С. АЙНИ
Автор пишет о том, что Садриддин Айни как деятель литературы был хорошо знаком с произведениями Фирдавси, Саади, Соиба, Хофиза и других классиков и в своих произведениях цитировал образцы таджикско - персидской литературы. Сам Айни учился у них и в своём творчестве подражал их произведениям разных литературных жанров. Им написаны монографии о некоторых видных поэтах и мыслителях Востока.
SAIFYLLAEVA M.
INFLUENCE OF THE TAJIK-PERSIAN CLASSICAL LITERA TURE IN S. A YNI'S
WORKS
The author stresses that Ayni quoted the samples of Tajik-Persian literature, imitated various literary genres in his works that showed his deep acquaintance with the works of well known classical poets Firdausi, Saadi, Soib, Hofiz.