Научная статья на тему 'Tradition and innovation in the poems “Matla-ul-Anvor” by Amir Khusrav Dikhlavi and “Khayrat-ul-Abror ” by Alisher Navoi'

Tradition and innovation in the poems “Matla-ul-Anvor” by Amir Khusrav Dikhlavi and “Khayrat-ul-Abror ” by Alisher Navoi Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
362
159
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ВОЖАҳОИ КАШДЙ: АНЪАНАИ ХАМСАСАРОЙ ДАР АДАБИЁТИ ФОРСТОЦИК ВА ТУРК / ЭЦОДИЁТИ НИЗОМЙ / АМИР ХУСРАВИ ДЕҳЛАВӣ / НАВОЙ / ТАТАББӯЪ / "МАТЛАЪ-УЛ-АНВОР"-И ХУСРАВИ ДЕҳЛАВӣ ВА "ҲАЙРАТ-УЛ-АБРОР"-И НАВОЙ / ТРАДИЦИЯ СОСТАВЛЕНИЯ ХАМСА В ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКОЙ И ТЮРКСКОЙ ЛИТЕРАТУРАХ / ТВОРЧЕСТВО НИЗАМИ / АМИРА ХУСРАВА ДИХЛАВИ / НАВОИ / ТАТАББУ / "МАТЛА-УЛАНВОР" ХУСРАВА И "ХАЙРАТ-УЛ-АБРОР" НАВОИ / "MATLA-UL-ANVOR" BY KHUSRAVI AND "KHAYRATUL-ABROR" BY NAVOI / TRADITION OF KHAMSA COMPOSITION IN PERSIAN-TAJIK AND TURKIC LITERATURES / THE CREATION OF NAVOI / NIZAMI / AMIR KHUSRAV DIKHLAVI / TATABBU

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Абдуллоев Олимджон

Статья посвящена сопоставительному анализу первых поэм «Пятерицы» Амира Хусрава Дихлави «Матла-ул-анвор» («Восход светил») и Навои «Хайрат-ул-аброр» («Смятение праведных») с привлечением «Махзан-ул-асрор» («Сокровищница тайн») Низами как первообразца. На основе сопоставления структуры и идейнотематических особенностей поэм автор выявляет схожесть и отличия указанных произведений. Делается вывод, что поэма Навои по актуальности поставленных проблем не уступает произведениям предшественников.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The author of the article conducts a correlative analysis ofsuch literary productions as “Five Poems ” by Amir Khusrav Dekhlavi (“Matla-ul-Anvor”“Sunrise of Luminaries”) and Navoi’s “Khayrat-ul-Abror”-“Commotion of the Righteous ”; Nizami “Makhzan-ul-Asror “Treasure of Mysteries” being attracted as a primary pattern. Comparing the structures and ideologico-thematical peculiarities of the poems the author elicits similarity and distinctions of the works considered. The author comes to the conclusion that by the actualness of the problems set the poem doesn’t concede to those ones written by predecessors.

Текст научной работы на тему «Tradition and innovation in the poems “Matla-ul-Anvor” by Amir Khusrav Dikhlavi and “Khayrat-ul-Abror ” by Alisher Navoi»

О.Абдуллоев

СУННАТ ВА ВА НАВОВАРЙ ДАР МАСНАВИ^ОИ «МАТЛАЪ-УЛ- АНВОР»-И АМИР ХУСРАВИ ДЕХДАВЙ ВА «ХДЙРАТ-УЛ-АБРОР»- И АМИР АЛИШЕРИ НАВОЙ

Вожатой калидй: анъанаи хамсасарой дар адабиёти форс- тоцик ва турк, эцодиёти Низомй, Амир Хусрави Деулавй, Навой, татаббуъ, «Матлаъ-ул-анвор»-и Хусрави Деулавй ва «Хайрат-ул-аброр»-и Навой

Аз мундаричаву мухтаво ва сабки таълифи асари якуми «Хамса»-и Амир Хусрави Дехлавй «Матлаъ-ул-анвор» бармеояд, ки шоир онро ба хайси татаббуъ ба маснавии нахустини «Хамса»-и Низомии Ганчавй «Махзан-ул-асрор» эчод кардааст. Мундаричаи маснавии «Х,айрат-ул-аброр», ки достони якуми «Хамса»-и Амир Алишер Навой мебошад, баёнгари он аст, ки ин маснавй низ дар пайравии нахустин достонхои пешгузаштагон офарида шудааст. Ин нуктаро худи Навой хам дар боби 12-уми маснавии худ, ки ба мадху таърифи Низомй ва Амир Хусрав бахшида шудааст, таъкид намудааст (4,28-51).

Рочеъ ба маснавии «Х,айрат-ул-аброр» ва идомаи анъанахои «Махзан-ул-асрор» дар он дар як маколаи кучаки профессор А. Абдукодиров (1,3-11) изхори назар шуда бошад хам. то хол нахуст-маснавихои «Хамса»-хои Низомй, Амир Хусрав ва Навой мавриди тахкики киёсй карор наёфтаанд. Дар ин навишта мо кушиш ба харч медихем умумияту тафрикахои маснавихои «Матлаъ-ул-анвор» ва «Х,айрат-ул-аброр»-ро алокадри хол баррасй намоем. Дар татаббуи «Матлаъ-ул-анвор» офарида шудани «Х,айрат-ул-аброр»-иНавоиро сохтори ин асархо. мундарича, мавзуъхои мавриди бахс. ки характери тарбиявй ва динй-ирфонй доранд, собит менамоянд. Х,арду асар дар шакли маснавй навишта шуда, дар онхо хусусия I хои барои пандно-махо хос пойбарчо мебошанд. Гузашта аз ин, шабохат ва наздикии

---ZZ--^ , -,

УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ___13 ~

дебоча, кисмхои асосй ва хотимаи маснавихо гувохй аз он медихад. ки Амир Хусрав ва Навой суннатхои маснависароиро муваффакона идома бахшидаанд.

Лекин дои таъкид аст, ки кдробати ин маснавихо факдт аз чихати шаклй ва наздикии бархе fohxo буда, мазмунан онхо аз хамдигар фарк мекунанд. Ба кдвли шаркшиноси маъруфи рус Е.Э.Бертелс «...мукоисаи «Хамса»-и у (яъне Навой-О.А. ) бо маснавихои Низомй ва Амир Хусрав нишон медихад, ки дар хамаи панч достони у комилан асолати фикриро нигох доштааст» (3,129).

Х,ини киёси осори мазкур аз чихати хачм ва теъдоди абёт низ фарк доштани онхо ба назар мерасад: «Матлаъ-ул-анвор» аз 3310 байт иборат аст, «Х,айрат-ул-аброр» бошад нисбатан бузургтар буда, аз 3988 байт таркиб ёфтааст, яъне маснавии Амир Алишер Навой аз асари Амир Хусрав 678 байт афзунтар аст. Хдмзамон, дар сурати 55 боб доштани «Матлаъ-ул-анвор» дар маснавии «Х,айрат-ул-аброр» теъдоди бобхо ба 63 расонида шудааст. Нисбат ба «Матлаъ-ул-анвор» 8 боб бештар будани «Х,айрат-ул-аброр» ба муаллифи он имкон додааст, ки доирахои масоили фарогирифтаро тавсиа бахшида, матолибро харчй муфассалтар тафсир дихад. Фарку тафовутхои ин ду асар хануз дар микдори бобхои мукаддимавй мушохида мешавад: агар дебочаи «Матлаъ-ул-анвор» аз 14 боб иборат бошад, дар «Х,айрат-ул-аброр» шумораи бобхо ба 21 расонида шудааст. Бо вучуди он ки кисмхои асосии маснавихои мавриди баррасии мо 40-бобй хастанд, яъне, аз 20 боби маколот ва 20 боби хикоёт фарохам омадаанд, лекин кисма гхои хотимавии онхо байни хам фарк доранд. Фарчоми «Матлаъ-ул-анвор» аз як боб иборат аст, хотимаи «Хдйрат-ул-аброр» бошад ду бобро дарбар гирифтааст.

Дебочаи «Матлаъ-ул-анвор» аз чузъхои зерин ташаккул ёфтааст: ситоиши халлокият ва ягонагии Аллох (1), дар авлавияти вучуди вочибалвучуд - муночоти 1 (2), аз бахшояндагй ва мехрубонии Худо пурсиши гунохон намудан - муночоти 2 (3), бузургдошти покй ва азамати Х,ак таъоло, талаби рахму шафкат бар ивази гунохон-муночоти 3 (4), ситоиши бузургии Пайгамбар (с) - наъти 1 (5), тасвири меърочи Пайгамбар (с) - наъти 2 (6), тавсифи адл ва гузаштхои Пайгамбар (с), пурсиши шафоат аз эшон - наъти 3(7); мадхи Низомиддин Авлиё-муршиди Амир Хусрав (8); бузургдошти Султон Алоуддин Хилчй (1296-1366) - мадхи 1(9) тавоной, адолат ва саховатпешагииАлоуддин Хилчй-мадхи 2 (10); дарсабабитаълифи

китоб ва касду нияти чавоб гуфтан ба «Хамса»-и Низомй (11); хидояти рахой аз гафлат ба чониби бедорй - хилвати аввал (12); тасвири гамгинй аз машаккатхо рухдода- хилвати 2 (13), дар хакки имкони расидан ба манзил тавассути рахдамоии пир - хилвати 3 (14). Мукаддимаи «Матлаъ-ул-анвор» 14 бобро ташкил дода, бо 3 хилват ба фарчом мерасад.

Дебочаи «Х,айрат-ул-аброр» 21 бобро дар бар мегирад: шархд хуруфи - «Бисмиллохир рахмонир рахим»-ифодагари тавхиди Х,ак

(1); ситоиши Холик, ва дар хакки кашф тавассути хиради худодод

(2); дар бобати чамоли Худро нишон додани Аллох ва дар бораи максади асосии офариниши дунё- муночоти 1 (3); дар боби тавоноии Аллох- муночоти 2 (4); дар бобати макоми инсон дар миёни махлукоти Аллох ва бехамтоии у- муночоти 3 (5); дар хакки карам ва саховати Аллох- муночоти 4 (6); дар бобати дуст и Аллох будани Мухаммад (с)-наъти 1 (7); дар хакки фазилатхои Мухаммад (с) то замони пайгамбарии эшон- наъти 2 (8); дар боби инсони комил будани Мухаммад (с)-наъти 3 (9); дар хакки корхои оличаноби Мухаммад (с) ва чахор ёри эшон- наъти 4(10); дар хусуси меърочи Пайгамбар (с)- наъти 5(11). Мукоиса нишон медихад, ки агар асари Амир Хусрав аз 1 хамд, 3 муночот ва 3 наът иборат бошад, Амир Алишер дар маснавиаш 1 тавхид, 1 хамд, 4 муночот ва 5 наът овардааст. Агар Амир Хусрав меърочи Пайгамбарро (с) дар наъти 2 (боби 6) ба риштаи тасвир кашида бошад, Амир Алишер баёни онро дар наъти 5 (боби 11) авло донистааст.

Навой дар дебочаи асараш ба ситоиши устодони хамсанависи хештан ба таври вежа руй овардааст. Вокеан, агар дар боби 12 Низомии Ганчавй ва Амир Хусрави Дехлавй мадх шуда бошанд, боби 13 пурра ба ситоиши Абдурахмони Ч^омй ихтисос дода шудааст. Дар бобхои минбаъда ситоиши сухан ба чо оварда, макоми волои маънй дар назм ва мувофикати он ба шакл (14) баён гардида, ахамияти ба забони модарй офаридани асар (15) таъкид меёбад. Агар Амир Хусрав дар дебочаи худ 3 хилват оварда бошад. Навой дар ин кисмат ба чой додани 3 хайрат хдммат мегуморад: дар хайрати нахустин таваччухи дил (рух) ба табиат ва инсон (18), дар хайрати сонй муъчизоти кайхонии дил (рух) ва назари он ба фариштагон (19) ва дар хайрати севум сайри дил (рух) дар вучуди инсон тасвир мешаванд. Амир Алишер дебочаашро бо мадхи шайхи бузургвори сулуки Накшбандия- Хоча Бахоуддини Накшбанд дар боби 21

УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ__15 ~

хотима медихад.

Дар дебочаи хар ду асар каробат ва монандихо дар хамд, муночот, наът ва меъроч ба чашм во мехуранд. Ва ин табиист, зеро масоили матрахшаванда хусусиятхои муштаракдоранд. Дарбобхои бокимондаи дебочаи маснавихои мазкур тафовуту тафрикахои ошкоро ба мушохида мерасанд.

Амир Хусрав дар тавсифи поягузори суннати хамсанависй-Низомй боби алохидае ихтисос надодааст. У дар боби баёни сабаби таълифи китоб ба «Хамса»-и Низомй чавоб навиштанашро изхор дошта, пешгузаштаи хештанро хамчун бузургтарин шоири замон тавсиф менамояд. Навой бошад, тавсифи Низомй ва Амир Хусравро дар боби алохида сомон медихад. Сипае, дар боби 13 ба таърифи 4,0мй камар баста, эшонро бо ибороти «кутби тарикдт», «олами кубро» меситояд ва дар чавоби маснавихои Низомй ва Амир Хусрав «Тухфат-ул-ахрор» навиштанашро зикрмекунад. Сипае, Навой ба форей таълиф ёфтани он се маснавй ва ба хотири бахраманд шудани туркон ба забони туркй навишта шудани маснавии худро таъкид дошта, аз он бузургон мадад мечуяд ва мегуяд: Йулдаса, б у йулда Навоий йулум, Кулдаса, Жомий била Хусрав кулум

(«Дар ин рох маро Низомй хидоят намояд,- Хусраву Ч,омй дастгирй кунанд) (4,56).

Навой дар мадхияи ба Ч,омй бахшидааш уро ба хайси пиру устод тавсиф мекунад, Амир Хусрав бошад муршиди худ - Низомиддин Авлиёро бо иборахои «кутби замона», «дарёи аброр» меситояд. Ч,ихати фарккунандаи тавсифи пиру муршиди достони Навой дар он аст, ки у, Ч,омиро ба хайси шоир низ бузургдорй менамояд. Дар мадхияхои ба Алоуддин Хилчй бахшидаи Амир Хусрав ва ба Султон Хусайн бахшидаи Амир Алишер бо вучуди баъзе тафрикахо каробати мамдухон, аз чумла одилу саховатпеша ва хомиёни халк васф ёфтани онон бештар аст ва дар ин чода ба Амир Хусрав пайравй варзидани Навой бармало эхсос мегардад.

Амир Хусрав дар бобхои 12-14-уми дебочааш дар се хилват масъалахои равобити рухониашро бо пири хеш ва алокамандона ба ин, тасаввурот ва афкори тасаввуфии худро ифода кардааст. У дар ин бобат суннати шоири бузург Низомиро идома бахшидааст. Агар дар асари Низомй ду хилват омада бошад, Амир Хусрав баёни андешаашро дар се хилват вусъат додааст. Низомй тавсифи шаб ва

шинохти дил (рух)-ро дар боби алохида овардааст, Амир Хусрав бошад дар баёни ин масъала хилватхоро ихтисос додааст.

Дар дебочаи Амир Алишер шаб махсус тасвир нашудааст, балки дар боби 17 холоти дил (рух) дар шабонгох оварда мешавад. Сипае, дар бобхои 18-20 сайри дилро (рух) дар се хайрат тасвир менамояд. Дар хайратхои Навой фикру назархои комилан тозаеро дучор омадан мумкин аст, ки дар хилватхои Низомй ва Амир Хусрав ба мушохида намерасанд.

Амир Хусрав дар хилватхои худ дар бобати гаму андухи инсон, дарду машаккатхои рузгор, очизии ахли башар дар назди сарнавишт изхори андеша намуда, пас дар маколаи аввали кисмати асосии маснавй баландии дарачаи одамиятро намоиш медихад: Чанбари нух, чарх басе бехт хок, То ту бурун омадй, эй дурри пок. Он халафй ту, ки зи рузи нахуст, Куза ба мех,монии шаш рузи ту ст. Худ зи падар гарчи кунун омадй, Бо падар аз хулд бурун омадй. Дафтари маънй ту зи бар хондай, Тух;фаи асмоъ зи падар хондай. Арссш олам ба масофат турост, Давлати одам ба хилофат турост. (2,379).

Шоири бузург таъкид менамояд, ки инсон пас аз пайдоиш дар чодаи расидан ба маргабахои баланд мунтазам чахд карда, ба андозаи дархурии хештан касбу пеша ихтиёр намуданаш ва ба хотири ин хама сохиби химмати олй буданаш зарур аст.

Амир Алишер пас аз тасвири хайратхояш гояхои нисбати бузургии инсон баёндоштаи Амир Хусравро ривочу равнак бахшида, барои тасдики андешахои тутии Х,инд дар боби охири дебочаи асари худ комили мутлаки дарачаи инсонй, «муршиди токи офок». бунёдгузори сулуки накшбандия, суфии олимашраб Хоча Бахоуддини Накшбанд ва «халафи мутлаки он хазрат-халифаи бархак» Хоча Убайдуллох Ахрори Валиро ситоиш карда, дар симои онон то ба кадом поя баланд будани мартабаи одамиро нишон медихад. Пас аз ин Амир Алишер дар маколати якуми кисмати асосии маснавй дар хусуси имон изхори назар карда, акоиди Амир Хусравро таквият мебахшад. Аз чумла таъкид мекунад, ки волоияти мартабаи инсон бо комил будани имони у

С- - л— УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ 17 ~

пайванди ногусастанй дорад. Шоири тавоно дар ин замина имонро муфассал шарх, дода, барои инсон бенихоят зарур будани онро собит месозад. Маколоти аввали чи Амир Хусрав ва чи Алишер Навой дар робита бо масоили матрахшавандаи худ бо хикоятхои тамсилии чолиб асоснок карда шудаанд.

Амир Хусрав дар маколатхои минбаъдааш масоили мухдми бо инсон ва инсоният алокамандро тасвир менамояд. Чунончи, дар маколати дувум дар хакки фазилати илм ва зарари чахолат. дар маколати севум дар хусуси чойгохи сухан ва нутк, дар маколати чахорум дар бораи тавхвди Аллох ва аркони ислом, дар маколати панчум перомуни пархезгорй, манофеи хулки нек ва зарари ахлоки бад, дар маколати шашум дар хакки суфиён ва чодахои суфия, дар маколати хафтум дар бобати каноат ва доштани нафс, дар маколати хаштум оид ба ишк ва дарачахои он, дар маколати нухум дар хакки дустй ва эхтиёт фармудани он, дар маколати дахум дар бобати хурмату эътибори падару модар ва пайвандони дигар, дар маколати ёздахум дар хакки саховат ва чавонмардй, дар маколати дувоздахум перомуни газавот, гозигарй ва шартхои он, дар маколати сездахум дар хакки шохону хокимони одил ва золим, дар маколати чордахум оид ба диёнати сохибони касбхои мухталиф ва хулку атвори онон, дар маколати понздахум дар бобати пешгирии мардумозорй ва рахму шафкат овардан ба мазлумон, дар маколати шонздахум дар хусуси киёфаи маънавй ва ахлокии инсон, ситоиши некон ва мазаммати бадкирдорон, дар маколати хабдахум дар хакки наврасй, чавонй ва пиронсолй, ганимат донистани айёми чавонй, дар маколати хаждахум дар бобати мазаммати пурхорй, пурхобй ва пургапй ва даъват ба чониби камолоти инсонй, дар маколати нуздахум оид ба замон ва ноомадхои он ва дар маколати бистум панду насихатхои шоир ба духтари хафтсолааш Мастура баён шудаанд.

Амир Алишер дар маколати аввал таърифи имонро оварда, шартхои онро манзур месозад ва дар маколати дувум панч рукни дини Исломро тавзех медихад. Баъд дар маколати севум зарурати шохи одилро дар чамъият таъкид дошта, фазилатхои уро тавсиф менамояд. Дар маколати чорум зарари шайхони риёкор ва тайёрхур ба чомеа ошкор карда мешавад. Хдмин тарик, дар маколати панчум карам ва саховатмандй, дар маколати шашум одобу ахлоки наку. дар маколати хафтум сабру каноат ва мехдати халол, дар маколати хаштум вафо ва садокат, дар маколати нухум ишку мухаббат. дар

маколати дахум неккирдорй ва ростгуй, дар макола1 и ёздахум илм ва дарачаи ахли илму хунар, дар маколати дувоздахум кудрати калам, котибй ва ахамияти хусни хат, дар маколати сездахум чун чанор нафърасонон ва оличанобони инсонпарвар, дар маколати чордахум макоми ашхос дар чомеа, нобаробар ва гузаро будани дунё, дар маколаш понздахум майхорагй ва окибатхои он, дар маколати шонздахум худшиносию фидокорй, часорат ва шахидй, дар маколати хабдахум кадр намудани чавонй, ба хайси фарчоми умр пазируфтани пирй, дар макола i хаждахум ба корхои пурманфиат ба масраф додани вакт, шоду хуррам даргузар сохтани умр, дар маколати нуздахум боиси ободй будани адолат ва тавсифи шахри Х,ирот ва дар маколати бистум панду андарзхои Амир Алишер ба шохзода Бадеъуззамон Мирзо баён шудаанд.

Агар Амир Хусрав ба шархи аркони ислом пардохта, ичрои онхоро аз чониби хар нафари мусалмон вочиб мешуморад, Амир Алишер бошад баробари таъкиди зарурати ичрои рукнхои ислом аз тарафи хар мусулмон диккати хонандагони хешро ба ичрои рукнхои дин аз чониби ахли тасаввуф чалб менамояд. Тибки талкини Навой, агармусулмонони одй хини бачо овардани панч рукниислом бештар ба тарафхои зохирии онхо эътибор диханд, суфиён таваччухашонро ба чихатхои ботинии аркони дин равона месозанд ва ба мушохидаи чизхое мушарраф мешаванд, ки ба муъминони мукаррарй дастрас намешавад. Чунончи, Навой барои ба чо овардани рукни намоз тахорат кардани хамаи мусулмононро таъкид карда бошад, «Узга гахора г доги бордур нафис» («Дар худ асари тахорати нафис доранд») (4,112)- гуён диккати хонандаро ба тахорати ботинии ахли тасаввуф мекашад. Ин тахорати ботинй аз пок сохтани дил, бадаршавй аз хештан, дар масчид номи Худоро бар забон ронда, ба он бо пои рост ворид гардидан иборат мебошад. Дар чодаи ичрои рукни закот хамаи мусулмонон «аз чихил дирам як дирам» медода бошанд, ахли тасаввуф «харчи доранд, медиханду шукрона мегуянЬ», яъне он чй дар бисот дошта бошанд, хамаро фидои дигарон сохта, аз ин шукргузорй хам мекунанд, таъкид менамояд Навой (4,114). Дар хусуси рукни руза бошад, бар замми аз сахар то шом дур доштани хештан аз хурдану ошомидан ба рузадории дида, гуш, пой, даст, забон, дил ва дахон даст ёфтани одамиро вочиб шуморида, аз бадихои зиёд орй мондани инсонро аз шарофати ин амалхо медонад. Хулласи калом. Навой дар маколати худ ба риояи талаботи ботинии аркони ислом даъват

УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ 19 -

менамояд. А ндешахои мазкур аз чумлаи навоварихои Амир Алишер махсуб мегарданд.

Амир Алишер ба хамин монанд дар дигар маколатхои достонаш, ки бо маснавии Амир Хусрав мавзуи муштарак дорад, чузъхои наву тозаи масоили матрахро мавриди баррасй карор дода, ба анъана муносибати эчодкорона зохир менамояд. Шоир такрибан дар нонздах маколат мавзуъхои нав ворид сохта, дар онхо масоили барои чомеаи замони хеш, ва умуман, инсоният багоят зарурро мавриди тахлили бадеии амик карор медихад. Масалан, дар маколати панчум дар бораи майхорагй ва окибатхои он андеша ронда, ба зарарнокии ин аъмоли бад на факат дар айёми худаш, балки дар хама замонхо ишора менамояд.

Нуктаи мухим он аст, ки Навой дар маколати понздахум баробари фош намудани майхорагй, хамчунин фочиахои дар асри ХУ дар Хуросон сарзадаи темуриёнро ошкоро баён намуда, мавриди танкид карор медихад.

Дар маснавии Амир Хусрав масоили хар маколат бо хикоёти тамсилй асоснок шудаанд. Ин анъана дар маснавии Навой идома ёфта, дар 20 маколати он хамин микдор хдкоят оварда шудааст. Добили эътибор аст, ки Навой ба такрори ягон хикояти Амир Хусрав икдом накардааст. Х,атто, дар он маколоте, ки мавзуашон бо маколоти Амир Хусрав монанд ё наздик хастанд. Ба хайси хикоёт наклу ривоятхои ахамияти тарбиявидоштаи халкй дар бораи ашхоси хаётй ва афсонавй, шохон, рузгори ибратбахши суфиён, масалу афсонахо баргузида шудаанд. Онхо хачман калон набошанд хам, тавассути корбурди мохиронаи тасвироти бадей басе муассир ва хонданй гардидаанд. Ин гуна таъсирнокй дар маколот ва хикоёти маснавихои Амир Хусрав хает ва эхеос мешавад, ки Навой дар ин бобат хам анъанаи устоди хешро, хамчун шогирди арзанда, муваффакона давом додааст.

Дар заминаи мукоисаи мухтаво ва мундаричаи ин ду маснавй ба хулосахои зерин метавон расид:

1.Маснавии «Х,айрат-ул-аброр»-и Амир Алишер ба мисли маснавихои «Махзан-ул-асрор»-и Низомй ва «Матлаъ-ул-анвор»-и Амир Хусрав асари фалсафию таълимй буда, аз онхо бо инъикоси фарохтари масоили тасаввуфй фарк мекунад. Дар маснавии Низомй талкини тасаввуф ба назар намерасад. Дар маснавии Амир Хусрав бошад, он басе заиф баррасй шудааст. Дар асари у ба чуз тимсоли

пири шоир, муршиди тарикдти чиштия Низомиддин Авлиё чехраи суфиёни дигар зухур наменамояд. Дар «Х,айрат-ул-аброр» бошад, хикоятхои маърифатии тасаввуфй оварда, тавассути онх,о образхои суфиёни номй Хода Бахоуддини Накшбанд (боби 21), Боязиди Бистомй(боби23), Иброхими Адхам, РобияиАдвия (боби 25), Хоча Абдуллохи Ансорй (боби 29), Шайх Фахруддин Ирок,й (боби 39), Абдуллохи Муборак (боби 53), Хоча Мухаммади Порсо, Хоча Абунасри Порсо (боби 61) офарида шудаанд. ;

2. Дар «Матлаъ-ул-анвор» масоили барои ахди башар мухдм буда ба таври умумй тахдил шудаанд. Дар «Х,айрат-ул-аброр» бошад. Навой дар кдтори масоили мухдми башарй мавзуъхои дар замони худаш матрахро низ баррасй кардааст. Чунончи, дар асари Навой масъалаи ба истилох доги руз - майхорагй мавриди тахдил кдрор шрифта, окибатхои мудхиши он барои хамагон таъкид мешавад;

3.Хотимаи «Матлаъ-ул-анвор» ва «Х,айрат-ул-аброр» низ аз хамдигар фарк, мекунанд. Анчоми асари Амир Хусрав аз як боб таркиб ёфта, дар он панду насоехи шоири бузург, захматхои кашидаи у хдни офариниши асар ва замони ба охир расонидани маснавй- соли 698-уми хичрй (1299-уми милодй) ва дар давоми ду хафта иншо гардидани «Матлаъ-ул-анвор» зикр мешавад. Хотимаи маснавии Амир Алишер аз ду боб иборат буда, дар боби якум дар орзуи иншои чунин асар муддатхо зистани шоир ва захматхои кашидааш баён шудаанд. Дар боби дувум хикоятеро дар бораи подшохи одил ба риштаи тасвир кашида, дар иртибот бо ин мавзуъ сипосномаи хешро ба шохд замон Султон Хусайн пешкаш мекунад.

ПАЙНАВИШТ

1. Абдукодиров А. Амир Алишер Навой ва шоирони классики точик,- Хучанд: Хуросон, 2007

2. Амир Хусрави Дехлавй. Осори мунтахаб. Дар 4 мучаллад., ч-1.-Душанбе: Ирфон, 1972

3. Бертельс Е. Э. Наваи и Джами. - М.: Наука, 1965

4. Навой А. Куллиёт. Дар 20 мучаллад, ч.7.-Тошканд: Фан, 1991

С--- --Л

УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ ~ 21 ~

Традиция и новаторство в поэмах «Матла-ул-анвор» Амира Хусрава Дихлави и «Хайрат-ул- аброр» Алишера Навои

О.Абдуллоев

Ключевые слова: традиция составления хамса в персидско-таджикской и тюркской литературах, творчество Низами, Амира Хусрава Дихлави, Навои, татаббу, «Матла-ул- анвор» Хусрава и «Хайрат-ул-аброр» Навои

Статья посвящена сопоставительному анализу первых поэм «Пятерицы» Амира Хусрава Дихлави «Матла-ул-анвор» («Восход светил») и Навои «Хайрат-ул-аброр» («Смятение праведных») с привлечением «Махзан-ул-асрор» («Сокровищница тайн») Низами как первообразца. На основе сопоставления структуры и идейно-тематических особенностей поэм автор выявляет схожесть и отличия указанных произведений. Делается вывод, что поэма Навои по актуальности поставленных проблем не уступает произведениям предшественников.

О. Abdulloyev

Tradition and Innovation in the Poems "Matla-ul-Anvor" by Amir Khusrav Dikhlavi and "Khayrat-ul-Abror" by Alisher Navoi

Key words: tradition ofkhamsa composition in Persian-Tajik and Turkic literatures; the creation ofNmoi, Nizami, Amir Khusrav Dikhlm'i; tatabbu; "Matla-ul-Anvor" byKhusravi and "Khayrat- ul-Abror"

by Navoi

The author of the article conducts a correlative analysis ofsuch literary productions as "Five Poems " by Amir Kimsrav Dekhlctvi ("Matla-ul-Anvor"- "Sunrise of Luminaries") and Nax'oi s "Khayrat-ul-Abror"-"Commotion of the Righteous "; Nizami "Makhzan-ul-Asror"- "Treasure of Mysteries " being attracted as a primary pattern. Comparing the structures and ideologico-thematical peculiarities of the poems the author elicits similarity and distinctions ofthe works considered. The author comes to the conclusion that by the actualness ofthe problems set the poem doesn't concede to those ones written by predecessors.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.