Научная статья на тему 'The problem dealing with nonviolence Ethics in Ibn Sina''s moral Teachings'

The problem dealing with nonviolence Ethics in Ibn Sina''s moral Teachings Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
131
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ХУШУНАТ / ИНТИХОБ / БОШУУР / ИНСОНГАРОӣ / НАКӯКОРӣ / НЕКӣ ВА БАДӣ / ИРОДАИ ОЗОД / МАЪНАВИЯТ / НАСИЛИЕ / ВЫБОР / РАЗУМНЫЙ / ЧЕЛОВЕЧНОСТЬ / ДОБРОДЕТЕЛЬ / ДОБРО И ЗЛО / ВОСПИТАНИЕ / СВОБОДА ВОЛИ / ДУХОВНОСТЬ / VIOLENCE / CHOICE / REASONABLE / HUMANITY / VIRTUE / GOOD AND EVIL / UPBRINGING / FREEDOM OF WILLING / SPIRITUALITY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Усанов Равшан Тӯраевич, Қурбонова Мусаббеъхон Усмонхоҷаевна

Дар мақола ақидаҳои Ибни Сино аз нигоҳи инъикоси масъалаи ахлоци бехушунат баррасӣ гардидаанд. Қайд мешавад, ки Ибни Сино ва дигар мутафаккирони асримиёнагии форсу тоцик рафтору кирдори инсонро, дар маҷмӯъ, тавассути некиву бадӣ баҳо дода,«дастур»-ҳои ахлоқии яктарафаи ислоҳи ҷомеаро пешниҳод намекунанд, балки фақат некиро ҳамчун воситаи ҳастии таърихии инсоният дар маҷмӯъ, ва хусусан, ҷомеаи мусулмонон, маънои мавҷудияти онро созгор бо қонунҳои фарогири дину имон таҳлилу тафсир мекунанд.Таъкид мешавад, ки Ибни Сино маънавиятро ҳамчун нерӯи эҷодии инсон, ҳамчун эҳтиёҷи фитрии ӯ ба худтакмилдиҳӣ, бартараф кардани ҳудудҳои зеҳниву ҷисмонӣ, ки табиат барои инсон таъйин кардааст, муайян мекунад, аммо бо ин ҳама муҳиммӣ, хусусияти мазкур асло ба инсон эҳсоси пуррагии ҳастӣ, маърифати мазмуни олии мавҷудиятро кафолат намедиҳад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Proceeding from Ibn Sina 's ethical ideas, the author accesses human actions through good and evil, and speaks about our thinkers do not present moralistic tendentious "prescriptions" for public correction, but only give their analysis and comment on good as a way of historical self-realization of humanity upon the whole, and the Muslim community, in particular, the meaning of its existence in the theological harmony of the universe. In his article the author asserts that Ibn Sina, determining spirituality as the creative power of human-being, as an immanently inherent need for self-improvement, overcoming the intellectual and physical limits posed to man by nature, thereby, he lays an emphasis the fact that, for all its significance, this quality by no means guarantees to man the fullness of everyday life, comprehension of the supreme sense of existence as well.

Текст научной работы на тему «The problem dealing with nonviolence Ethics in Ibn Sina''s moral Teachings»

07.00.10.ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА О7.ОО.1О.ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ 07.00.10. HISTORY OF SCIENCE AND TECNOLOGY

УДК 1Ф ББК 87.3

Р.Т.УСАНОВ М.У.ЦУРБОНОВА

МАСЪАЛАИ АХЛОЦИ БЕХУШУНАТ ДАР ТАЪЛИМОТИ ИБНИ СИНО

Зухуроти гуногуни хушунат, хамчунин номувофикатии он ба каломи илохй, тамоми мутафаккирони инсонпарвари асримиёнагиро водор намудааст, ки бар зидди маншаъхои он бароянд. Кушиши муайян кардани вижагии рушди илми ахлок ва накшу чойгохи масъалаи хулки орй аз хушунату зуроварй дар таълимоти ахлокии мутафаккирони форсу точик ба хулосае мерасонад, ки меъёрхои ахлок ба рафтори инсон аз нигохи мухолифати некй ва бадй рохнамой мекунанд. Дар заминаи маводи сершумор ва таърихи афкори ахлокии асримиёнагии халки точик, ба гуфтаи Спиноза, нишон додан мумкин аст, ки мутаффакирони форсу точики асримиёнагй «ба некй табий, на балки аз руйи тарс..., на аз руйи тараххум, балки бо рахнамоии акл» сайъ мекарданд» (2, 179). Онхо инсонро ба дарки он нукта водор менамоянд, ки у на танх,о ба некй, балки ба бадй низ кобил аст. Чунончи, Ибни Сино таъкид менамояд: «Инсон табиатан неруе дорад, ки ба туфайли он кирдору рафторхои хам хуб ва хам бад мекунад». Тамоми феълу атвор - чй неку чй бад - махсули худи инсон буда, у метавонад рафтори бадро, хатто дар холати кобил набудан ба он ва доштани хулку атвори моил ба кирдори начиб амалй намояд. Вакте ки рухи у бо чунин хулке, ки худ ба худ метавонад ба хулки мукобил табдил ёбад, бармехурад, инсон феълу атвори хуб хосил мекунад ва ин хулкро ё дар сурати ба у хос набудани феълу атвор (мукобил - Р.У., МД.), ё дар сурате, ки рухаш ба он бархурда, аз як хулк ба дигараш мегузарад, хосил менамояд ва хамин чиз одат аст» (2, 171).

Ин хулосахои Сино барои дарки фиребанда будани некбинии сатхй дар бораи табиати инсон ва фахмидани хатари идеализми бардуруг мусоидат менамояд. Онхо рафтору кирдори инсонро, дар мачмуъ, тавассути некиву бадй бахо дода, «дастур»-хои ахлокии яктарафаи ислохи чомеаро пешниход намекунанд, балки факат некиро - хамчун воситаи хастии таърихии инсоният дар мачмуъ, ва хусусан, чомеаи мусулмонон, маънои мавчудияти онро созгор бо конунхои фарогири дину имон тахлилу тафсир мекунанд. Бар замми ин, онхо аслан на дар бораи мухофизати некй ва он сухан меронданд, балки онро барои инсон пешакй мукаррар ва пешазвакти додашуда мехисобиданд. Гузашта аз ин, мутафаккирони форсу точики асримиёнагй ба одамон на фикр карда баровардани тасаввуроти худро дар бораи некй, балки чустан, кашф намудан ва татбики онхоро хамчун тасаввуроте, ки вокеан мавчуданд, талкин намудаанд, зеро дар ин чода инсон ногузир то ба Худо, ки хайру некии олист, мерасад. Дар ин рох инсон, бешубха, хаётан матлуб ва амалан мувофики максад будани некиро хамчун мабдаи ягонаи имконпазире дарк менамояд, ки мавчудияти одамро асосу эътимод мебахшад, зеро некй бо кобилияти даст кашидан аз манфиати худ ба хотири каси дигаре вобаста буда, худпарастиро инкор менамояд. Хднгоми тахлилу баррасии зарурати интихоби марбут ба ахлок саволи мутлако бамаврид пайдо мешавад: оё некй хамчун рохи ягонаву сазовори хаёт барои инсон ва бани башар имконпазир аст? Агар кобили ичро, яъне дар хаёт татбикшаванда ва амалия чоришаванда бошад, воситахои амалй гардонидани он барои инсон ва башарият кадомхоянд? Оё некй метавонад комёб бошад?

Инсони некрафтори дорои сифатхои лоики тахсин, ки ба у худ аз худ дода нашуда, балки парвариш ёфтаанд, ба бадй майл намекунад, баръакс, кушиш менамояд, то одамон аз у бахра баранд. У ба хушунату зуроварй даст намезанад, балки барои дар худ хосил намудани сифатхои хамида пайваста мекушад. Ба андешаи Сино «инсонро зарур аст, ки. неруи тачрибаи худро ба туфайли некихо такомул дихад» (2, 164).

Он нукта, ки инсони боаклу дурандеш бояд накукору хушахлок бошад, асоси акидахои ахлокии на факат Сино, балки дигар мутафаккирони форсу точикро ташкил медихад. Дар рисолахои онхо накукориву хушахлокй чудо аз аклу хирад тавзех намеёбанд. Ба ин андешах,о мутафаккирони баъдина низ хамовоз шудаанд. ^амаи онхо муътакиданд, ки дарачаи маънавият, хушахлокй ва накукории одамро дарачаи аклу хирадаш таъйин мекунанд.

^амин тарик;, аз нуктахои зикршуда ба хулосае расидан мумкин аст, ки хаёти инсон хамчун мавчудоти бошуур метавонад ба андозаи некй кардани у асосу маъно пайдо намояд. Ба нуктаи олии накуй тавассути фарк кардани некй аз бадй, амалхои хайр аз корхои нораво расидан мумкин аст. Бо ин

андеша мутафаккирони форсу точик мехостанд ба хар васила хастии инсонро бо некй ва рафтори нек асосу эътимод бахшанд. Аз ин бармеояд, ки некй рисолати олии инсон буда, хамон х,акдк,ат, хамон нури маънавиест, ки бошиддат ва гамхорона рохи зиндагии инсонро равшан менамояд ва он меъёри вочиботеро, ки у бояд дар фосилаи вакти барояш чудошуда амалй кунад, мукаррар менамояд. Бо максади ошкор намудани мохияти масъала, ба таълимоти мутафаккирони форсу точик такя намуда, барои муайян кардани чанбахои мафхуми «некй» ва фахмиши некукорй, пайгирии тачассумхои ичтимоиву амалй, рафторй ва тафаккурии некй кушиш ба харч медихем.

Некй мувофики дидгоххои мутафаккирони форсу точик аз омода кардани дастгохи махсуси танзимкунандаи рафтори одамон иборат набуда, балки рохнамои арзишии махсусе мебошад, ки фаъолмандии инсонро барои таваччух ба инсонхои дигар, гамхорй нисбат ба онхо самт мебахшад. Нуктаи ибтидоии ба некй водоркунанда фарди чудо аз дигарон ва худогох, максади водоркунй -робитаи зарурй, матлуб, вочибе, ки ба хамдигарфахмй ё акаллан, хампазирой асос ёфтааст.

Бо назардошти нуктахои зикршуда гуфтан мумкин аст, ки некй барои мутафаккирони форсу точик на танхо мафхуми умумии маънавию ахлокие мебошад, ки мазмуни мусбати падидахои ичтимой ва муносибати онхоро ба идеал инъикос менамояд, балки инсонгароиест, ки дар рафторхои чамъият ва инсон татбик ёфтааст: «Касе, ки барои шинохтани худкушиш мекунад, мехохад некуихои хеш ва роххои тассаллут бар онхоро дарк намояд, то бо ёрии онхо рухи хешро пок созад, ба андозаи баробаре саъй мекунад, ки нокисихои хулкашро низ бишиносад, то аз онхо эхтиёт шавад ва худро аз онхо пок созад, рафтори бехтаринро интихоб мекунад. Ба хамин васила у метавонад вазифаи аслии одамияти хешро ичро кунад ва ин аз камолоте бармеояд, ки барои расидан ба саодати ин дунё ва охират боис мегардад» (2, 164).

Чуноне ки аз иктибос аён мешавад, хар як фард бинобар сохиби шуур будан ва мансубияташ ба бани башар, дорои одамигарй аст, хамин тарик;, одамигарй - сифати аслии мавчудоти бошуур аст.

Инсон чй будани некиро бояд донад, расидан ба онро хадафи хеш карор дихад ва собиткадамона ба суйи он равон шавад, зеро аклу шуур бо накуй ягона хастанд, асоси умумй доранд. Маълум мешавад, ки дар анъанаи мо сохдби аклу шуур будани инсон хамчун кобил будани у ба накукориву одамигарй, даст кашиданаш аз фиребу найранг, ки ба хушунат оварда мерасонанд, фахмида мешавад. Аз хамин сабаб, некй чизи мавхум (абстракти) ва фарозехрй нест, он дар амалхои гуногуни одамдустонаву бегараз, ки ба мехру мухаббат ва рафтори бидуни хушунат асос ёфтаанд, сурат мегирад. Мухаббат бидуни хушунат то андозае тачассуми некй низ мебошад.Сино хушунату зуровариро натичаи беадолатй дониста,ишора мекунад, ки «густохй, хасисй, макру хилла, ахдшиканй, беэътиной, хавобаландй, такаббур, худписандй, зуроварй бар мукобили адолатанд» (2, 170-171). Х,амин тарик, онхоеро, ки ба хушунату зуроварй кобиланд, бошуур ва некукор номидан мумкин нест, зеро мо танх,о одамеро, ки некй меорад, некие, ки хамчун мехр, ёрй, хайру эхсон фахмида мешавад, некукор мешуморем. Одами хайрхох маккору бадкасд буда наметавонад ва хеч гох он чизеро, ки хуб мехисобад, мачбуран ба дигарон талкин намекунад ва ба онхо имкони интихобро медихад. Некй сифатест, ки дар зиндагй ва рафтори одамон ифода меёбад, он нишони яклухт будани шахсият мебошад. Бинобар ин, «дар ботин нек», аммо дар рафтор дурушту дагал, зуровару хукмраво будан гайриимкон аст. Меъёрхои ахлок,, ки ба мо маълум аст, дар таълимоти мутафаккирони форсу точики асрхои миёна инъикос ёфтаанд, ба монанди нисбат ба дигарон тавре рафтор бикун, ки аз онхо нисбат ба худ интизор хастй. Чунин гуфтор махз хамон самти таълимоти онхоро ифода мекунад, ки як навъ саддест дар рохи зуровариву бадй.

Дар таълимоти Сино яке аз масъалахои асосии тарбия махз муаммои интихоб аст, ки дар он чанбаи хос ва мураккабтарини хаёти инсон инъикос ёфтааст. Ин тасодуфй нест, зеро бо масъалаи интихоб заминахои субъективии татбики хадафи асосии тарбия алокаманданд. Аммо масъалаи мазкур асосан бо баррасии махорати мураббй дар кори сухбат оростан бо тарбиятгиранда дар ин мавзуъ, фахмонидани мазмуну мохияти озодии интихоб барои такомул ва инкишофи инсон махдуд мегардад. Абуалй ибни Сино масъалаи озодии шуури ахлокй ё иродаи озод ва харакати боиродаро аз мавкеи робитаи инсон бо кувваи илохд, хамчунин консепсияхои эхсосгароён (эмотсионалист), зехнгароён (интеллектуалист) ва иродагароён (волюнтарист)-ро баррасй намуда, се чанбаи иродаро муайян мекунад: худи ирода, иродаи харакат ва иродаи озод. Иродаи харакат хам ба инсон ва хам ба хайвон хос мебошад, аммо зухури он дар инсон нисбат ба хайвон дигар хел аст. Ч,он, ки хам дар инсон ва хам дар хайвон вучуд дорад, ду вазифаро - шинохтани чузъ ва харакатро аз руйи ирода ичро мекунад. Сино ба мафхуми ирода мачмуи тамоми он амалхои бошууронаро дохил менамояд, ки хангоми онхо инсон аз мохияти объект вокиф мегардад. Дар ин маврид инсон гуё тахдурсй ва асоси рафтору кирдорхои худро бунёд мегузорад. Аммо ин бе мавчудияти сифатхои муайяни мусбати дар сиришти ин ё он фард нухуфта - сихатии чисм ва акли равшан имконнопазир аст. Ин сифатхо, ба андешаи Сино, воситахои мухиме хастанд, ки ба шарофати онхо рафтору амалхои инсон на танхо мукаммал

мегарданд, балки метавонанд ба кобилияти пешбинй карда тавонистани натичахои амали ичрошаванда табдил ёбанд. Бо зикри ин андешахо Сино иродаро аз иродаи харакати озод чудо намекунад. У ин таснифотро танхо ба хотири мукаррар кардани накш ва мавкеи онхо хангоми ин ё он рафтор анчом медихад. Дар асл, ин кирдорхо хамеша дар ягонагй ва чудо аз хам, хамчун тарафхои ба хамдигар асосёбандаи айни як чараён, ки яке ба дигаре табдил меёбанд, зохир мегарданд (1, 23).

Дар мачмуъ, иродаи озод дар тафсири Сино аз чониби объекти амалкунанда дарк кардани амали хеш аст, ки хислати нисбатан тагйирёбанда дошта, ба дигаргун шудани ашё ва падидахо, ки субъектро ба амалиёт водор менамояд, вобаста мебошад. Ин принсип чанбаи хам биологй ва хам ичтимоии мотиватсияи амали инсонро инъикос карда, бо категорияи равоншиносии ирода алокаи зич дорад. Гузашта аз ин, дар некй интихоби тасодуфй вучуд надорад. Агар инсон барои дарки мантики казову кадар кобил бошад ва робитаи амики сабабу натичаи амалхои худро бо иродаи илохй фахмад, он гох новобаста аз он, ки у ба таври субъективй инро мехохад ё не, некиро дар фаъолияти ахлокии худ тачассум карда, мувофик бо хости офаридгор рафтор менамояд. Сино таъкид мекунад: «Вакте ки инсонхои начиб хайр (некй) металабанд ва ба Оллохи бузург мурочиат мекунанд, фариштахо аз ин бохабаранд ва хамчунин медонанд, ки шахси ба Оллох бо дуо мурочиаткунанда бо сабаби майл доштани худ ба эхтимолияти мавчудияти чунин хайр ба он сазовор аст. Пас, ин тасаввурот мавчудияти ин чизхоро дар модда асоснок мекунанд ва ё аз онхо тасаввуроте бармеоянд, ки инсонро барои ноил шудан ба рафтори дуруст даъват мекунанд. Аммо (барои расидан ба матлаб) чунин хам мешавад, ки ба хилофи интизорй, дар ин нерухо хасташавй падид меояд ва даъватхо ба мабдахои ибтидой таъсир намерасонанд. Агар ин чо ягон дигаргунй ба амал ояд, он аз тасаввуроти ин даъватхо бармеояд, зеро дар ин хол магфирати самимй чой дошта, хадафи тасаввуроти ниёишкунанда аст, дар ин лахза он хастиест, ки танхо нафъ меорад, мисли он, ки чунин сифат ба андозае аз сихатй баромеояд, зеро сихатй мохиятан на барои он такмил меёбад, ки аз он дигарон истифода баранд ва мавчудияти он худи маънои сихат буданро надорад, гарчанде кайфияти ин ашё ба маънои дигаре тансихатй нест, зеро ин ашё, ки хамчун хайру некй дарк мешаванд, бо он конеъ хастанд, ки ин некихо аз онхо бармеояд ва дарки онхо сабаби онест, ки ба хайр таъсиргузор аст, агар майл ба он мавчуд бошад» (3, 111).

Дар мачмуъ, чуноне ки тахлили асархои Сино нишон медихад, некй аз муносибатхои бар эътимод асосёфта,созишу ёрй ба хамдигар иборат аст, бадй аз нобоварй, ноиттифокй, душманй, ахдшиканй, зуроварй байни одамон сарчашма мегирад. Бадй дар шакли худсобиткунй аз хисоби дигарон ё дар шакли беиродагй, кобил набудан барои мукобилат бар фишори вазъият ё адамиистодагарй бар васвасахо (зулм, тамаъ, кибр, гурур, фиреб, дуруг, буздилй, сустиродагй, бадахлокиву фосикр) сурат мегирад. Баходихии ният ё амал хамчун рафтори гайриахлокй ва бешармона танхо дар холате имкон дорад, ки дар фарханг ва тафаккур арзишхои маънавию ахлокй, ки бо рафтори гайриахлокй метавонанд поймол гарданд, дакик муайян ва нишон дода шудаанд. Дар навбати худ, бадй хамешанеруи мукобилати онхоеро,некиро химоя мекунанд,афзун менамояд.

Одатан, бадй ба сифати хадафи фаъолият руирост изхор намешавад, он хамчун чораи мачбурй бо сабаби хатар ва рох надодани бадии бузургтаре асоснок мегардад ё умуман бо мотивхои ахлокиву мусбат руйпуш гардида, хамин тарик, ба чойи некй нишон дода мешавад. Чунончи, Сино менависад: «Мавчудияти бадй дар ашё ба нудрат аст ва гох-гох аз мабдахои ибтидоии ашё бармеояд. Дар ин холат мавчудияти он чизе, ки дар он бадй нест, ба вачхе, аз мабдахои ибтидой бармеояд, ки гохе хайрро бо акл дарк мекунад ва аз паси он меравад. Аз ин чо, масъалаи мавчудияти он чизе, ки моддй нест ва бо хайр алокаманд мебошад, низ хамин тавр аст. Аммо он чунин метавонад бошад, ки аз паси он мераванд ё ба он ягон бадй хамрох аст, гарчанде хадафи аксари холатхои аслии он хайр аст, чуноне ки, масалан, оташ, ки мохиятан фоидаовар аст, гарчанде баъзан ашёхои пуркиматро низ месузонад. Пас, хастии он нисбат ба нестиаш бештар манфиатбахш дарк мегардад, харчанд хосияти он чунин хайрест, ки аз мавчудияти он падид омадани фалокат эхтимол дорад. Х,амаи он чизе, ки хастии он сазовори инъикос дар акл мебошад, комилан бо (зарурати) пайдо шудан аз мабдахои ибтидой асоснок мегардад, гузашта аз ин, чараён дорад» (3, 111-112).

Сино дар ин чо андешаи хеле чолибро баён мекунад, вакте мегуяд, ки бар хилофи некй, ирода (касд)-и бад бидуни рохнамоии ягон чизи олй, худро дар заминаи хадафмандии субъективиаш интихоб мекунад. Ба ин маънй, инсон, ки хешро вобастаба чавхараш мешиносад, асоси иродаи бадкасдонаи худаш аст. Шояд, ба хамин сабаб,бадй на танхо бо забти тачозувкоронаву куллии чавхархои бегона, балки ба андозаи бештаре махз бо мутлакияти худписандй, эътикоди амик ба асоснок будани даъвохояш ба олам хайратангез аст. Сино ва мутафаккирони дигари форсу точик ба тахлили некй дар ниходи худи инсон таваччух карда, онро хамчун одамияти бар табиат голиб омада баррасй мекунанд, ки дар ин маврид сифатхои табий (моддй будан, чисм доштан, хиссиёт) хамчун хусусияти камахамияту тагйирпазир, яъне махз модда, шакл, чисме барои хамон некй (хайр)мебошанд. Ба ин маънй, дар афкори ахлокии Сино матлабхои огохкунанда мавчуданд, ки мувофики онхо бадй - набудани донишу

маърифат ва рушноист, як навъ бемории рух аст, ки ба душворй табобат мешавад, аммо онро даво бахшидан мумкин аст. ратман саволе ба миён меояд: барои чй нуксонхои ахлокро ислох бояд кард, холон ки пайдоиши онхоро тарики ба инсон омузонидани одитарин малакахои маънавию амалии мубориза бо бадй дар сиришти худаш бомуваффакият пешгирй кардан мумкин аст? Сино рочеъ ба ин менависад, ки хулки хубу шоёни тахсини инсон, «айнан ба монанди хулки бад, бо таъсири одат шакл мегирад. Дар ин чо бояд гуфт, ки агар мо сохиби одатхои хуб бошем, бо сабаби пойбанди онхо будан, рафтори некуро хосил мекунем, аммо агар одатхои бад дошта бошем, бо таъсири онхо, хулки бад дар натичаи муошират бо сохибони хулку атвори хуб ва бад ошкор мешавад» (4, 171-172).

Х,амин тавр, метавон гуфт, ки Сино маънавиятро хамчун неруи эчодии инсон, хамчун эхтиёчи фитрии у ба худтакмилдихй, бартараф кардани худудхои зехниву чисмонй, ки табиат барои инсон таъйин кардааст, муайян мекунад. Дар баробари ин, у таъкид кардааст, ки бо ин хама мухиммй, хусусияти мазкур асло баинсон эхсоси пуррагии хастй, маърифати мазмуни олии мавчудиятро кафолат намедихад. Дар беинтихоии имконпазири ташаккули худ, рух танхо монда, дар сурати ба холи худ гузошта шуданаш, хамчун мабдаи вайронкунандае, ки ба тамоми мавчудот нафрат дорад, зохир мегардад. Вазъият дигар аст, вакте ки фаъолии рух худкифоя нест, аммо аз азал ба як навъ шакли лозимии мавчудияти хеш, тимсоли армонии (идеалии) камолот майл дорад: «Х,амин тарик, саодат барои рух аз такомули сиришташ дар мухити ба худаш хос, яъне харакати доимй дар олами вокей иборат аст. Аз дидгохи хамбастагие, ки байни он ва чисм вучуд дорад, саодати рухро расидан ба холати (кайфияти) олй ташкил медихад.Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки барои расидан ба камолот бикушем, то ки таносуби амалхои худро бо амалхои мавчудоти зиндаи аз мо тафовут дошта муайян намоем ва ин фахмиш моро водор мекунад, ки аз ин амалхо даст бикашем. Ба хамин васила, мо то лахзаи рафтан аз ин дунёхудро ба нуктаи олитарини камолот омода мекунем. Мо бояд пайваста бикушем, ки рухамонро иштиёки чисмонй гасб накунанд ва бо ин максад неруи бароям ато шударо барои расидан ба холати васатии муътадил истифода барем».

Махз гояи камолоти мутлак, ба андешаи Сино, кобил аст, ки шайтанати рухро чилавгирй намояд, хамчунин, кувваи онро ба иктидори зарурати бечуну чарои некй мутеъ гардонида, махв намояд.Х,амин тарик, Сино ва дигар мутафаккирони форсу точик, бо назардошти яклухтии хаёти ахлокии инсон ва ё вахдати асосхои ахлокии чавхари маънавии у, фавкуттабий будани рухи у ва мансубияти онро ба Худо ё Мабдаи олии хастй исбот карда, бар он акидаанд, ки арзишхои ахлокии инсон иборатанд аз ёдрас намудани хадаф, нияти Худо нисбат ба инсон, ки амалй гардониданаш то хадди имкон якчоя кардани сифатхои ахлокй, дар гояи некии бечуну чаро марказонидани онхоро такозо дорад.

ПАЙНАВИШТ:

1.Идибеков, Н. Этика Насириддина Туси в свете его теории свободы и воли/Н.Идибеков. -Душанбе: Дониш, 1987. - 90 с.

2.Мишкин, А.Ф. Из истории этических учений/А.Ф.Мишкин. -М, 1959.-422с.

3.Сина, А.И.. Китаб ал-хидоя (Руководство по философии)/ А.И. Сина// Избранное. -Душанбе-Ашгабат, 2003.-2т.-342с-2т

4.Сина, А.И. Трактат об этике// А.И.Сина//Избранное.-Душанбе-Ашгабат,2003.-С.160-173.- 2т.

5.Усанов, Р.Т. Духовная активность- путь к ненасильственному сопротивлению в творчестве Ар-Рази/Р.Т.Усанов, Н.Н.Джураева// Ученые записки Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук. - 2016.-N°4. - С.41-44.

REFERENCES:

1. Idibekov, N. Nasiriddin Tusi's Ethics in the Light of his Theory of Freedom and Willing / N.Idibekov. -Dushanbe: Knowledge, 1987. - 90 p.

2. Mishkin, A.F. From the History of Ethical Teachings / A.F. Mishkin. -M,, 1959.-422p.

3. Sina, A.I .. Kitab al-hHidoya (Guide to Philosophy) / A.I. Sina // Selected Works. -Dushanbe-Ashgabat, 2003.- V.2.-342p.-2v

4. Sina, A.I. Treatise on Ethics //A.I. Sina //Selected Works.-Dushanbe-Ashgabat, 2003.-P.160-173.-V.2.

5. Usanov, R.T. Spiritual Activity is the Path to Non-Violent Resistance in the Art of Ar-Razi / R.T.Usanov, N.N. Djuraeva //Scientific Notes of Khujand State University named after academician B.Gafurov. Series of Humanitarian and Social Sciences. - 2016. - N°4. - P.41-44.

Масъалаи ахлокц бидуни хушунат дар таълимоти Ибни Сино Вожа^ои калидй: хушунат, интихоб, бошуур, инсонгарой, накукорй, некй ва бадй, иродаи озод, маънавият

Дар мацола ацидщои Ибни Сино аз нигоуи инъикоси масъалаи ахлоци бехушунат барраси гардидаанд.

Кайд мешавад, ки Ибни Сино ва дигар мутафаккирони асримиёнагии форсу тоцик рафтору кирдори инсонро, дар мацмуъ, тавассути шкиву бади ба%о дода, «дастур»-%ои ахлоции яктарафаи исло%и цомеаро пешнщод намекунанд, балки фщат некиро - %амчун воситаи %астии таърихии инсоният дар мацмуъ, ва хусусан, цомеаи мусулмонон, маънои мавцудияти онро созгор бо цонущои фарогири дину имон та%лилу тафсир мекунанд.Таъкид мешавад, ки Ибни Сино маънавиятро %амчун неруи эцодии инсон, %амчун э%тиёци фитрии у ба худтакмилдщй, бартараф кардани %удуд%ои зе%ниву цисмони, ки табиат барои инсон таъйин кардааст, муайян мекунад, аммо бо ин %ама му%имми, хусусияти мазкур асло ба инсон э%соси пуррагии %асти, маърифати мазмуни олии мавцудиятро кафолат намеди%ад.

Проблема этики ненасилия в нравственных учениях Ибн Сины

Ключевые слова: насилие, выбор, разумный,человечность, добродетель, добро и зло, воспитание, свобода воли, духовность.

В статье на основе этических идей Ибн Сины оцениваются человеческие поступки через добро и зло и говорится что, наши мыслители тем самым не преподносят моралистических тенденциозных «рецептов» общественного правления, но лишь дают свой анализ и комментарий добра - как способа исторического самоосуществления человечества в целом, и мусульманской общины в частности, смысла его существования в теологической гармонии универсума. Также в статье говорится, что, Ибн Сина, определяя духовность как творческую силу человека, как имманентно присущую ему потребность в самосовершенствовании, преодолении интеллектуальных и физических пределов, поставленных человеку природой, тем самым подчеркивали, что при всей своей значительности, это качество отнюдь не гарантирует человеку полноту бытия, постижение высшего смысла существования.

The Problem Dealing with Nonviolence Ethics in Ibn Sina^s Moral Teachings

Key words: violence, choice, reasonable, humanity, virtue, good and evil, upbringing, freedom of willing, spirituality.

Proceeding from Ibn Sina's ethical ideas, the author accesses human actions through good and evil, and speaks about our thinkers do not present moralistic tendentious "prescriptions "for public correction, but only give their analysis and comment on good as a way of historical self-realization of humanity upon the whole, and the Muslim community, in particular, the meaning of its existence in the theological harmony of the universe. In his article the author asserts that Ibn Sina, determining spirituality as the creative power of human-being, as an immanently inherent needfor self-improvement, overcoming the intellectual and physical limits posed to man by nature, thereby, he lays an emphasis the fact that, for all its significance, this quality by no means guarantees to man the fullness of everyday life, comprehension of the supreme sense of existence as well.

Маълумот дар бораи муаллифон:

Усанов Равшан Тураевич, дотсенти кафедраи сиёсатшиноси ва фаруангшиносии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик БРафуров (Чумуурии Тоцикистон, шаури Хуцанд). E-mail: ravshan-usanov@mail. ru

Курбонова Мусаббеъхон Усмонхоцаевна, муаллимаи кафедраи сиёсатшиноси ва фаруангшиносии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Fафуров (Чумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд). E-mail:uchzarhgue mail.ru

Сведения об авторах:

Усанов Равшан Тураевич, доцент кафедры политологии и культурологии Худжандского государственного университета имени академика Б.Г.Гафурова (Республика Таджикистан, город Худжанд). E-mail: ravshan-usanov@mail.ru

Курбонова Мусабеъхон Усмонходжаевна, преподаватель кафедры политологии и культурологии Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд.) E-mail:uchzarhgue mail.ru

Information about the authors:

Usanov Ravshan Turaevich, Associate Professor of the department ofPolicy studies and Philosophy of Culture under Khujand State University named after after B.G. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail: ravshan-usanov@mail. ru

Qurbonova Musabehkhon Usmonkhodzhaevna, lecturer the department of Policy studies and Philosophy of Culture under Khujand State University named after after B. G. Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail:uchzarhgue mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.