Научная статья на тему 'Abuali ibni Sino s mystical views in the treatise “Khay ibni Yakzan”'

Abuali ibni Sino s mystical views in the treatise “Khay ibni Yakzan” Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
949
449
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
УЧЕНИЕ СУФИЗМА / ТРАКТАТ «ХАЙ ИБНИ ЯКЗАН» / АБУАЛЙ ИБНИ СИНО / СТАРЕЦ / ПРЕДСТАВЛЕНИЕ / СИМВОЛ / “KHAY IBNI YAKZAN ” TREATISE / THE TENET OF SUFIZM / ABUALI IBNI SINO / OLD MAN / IMAGINATION / SYMBOL

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Маллаев Р. К.

В данной статье содержится философский анализ философско-суфийских взглядов Абу Али ибн Сино. В трактате «Хай ибни Якзан» мыслитель рассказывает о встрече с таинственным старцем, древним как мир, но вечно юным и вечно странствующим не зная покоя и отдыха. Старец поучает Ибн Сину, рассказывая о своих странствиях, и излагает структуру физических и духовных миров в виде своеобразной географии, постепенно доводящей слушателя до самых сокровенных глубин самопознания, доходящего до познания таинственного, мистического и божественного в сущности человека.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the analysis of Abu Ali Ibn Sino'sphilosophico-mystical views. In the treatise “Khay-IbnYakzan” the thinker tells about the meeting with a mysterious old man, ancient as the world itself, but still eternally young and everlastingly wandering without repose or rest... The old man edifies Ibn Sino, retelling about his wanderings he expounds the structure of physical and spiritual worlds in the term of a peculiar geography which gradually brings the listener to the extremest depths of self-cognition; the latter revealing the mysterious, clandestine, divine essence laid by God.

Текст научной работы на тему «Abuali ibni Sino s mystical views in the treatise “Khay ibni Yakzan”»

ФAЛСAФA BA СИЁСAТШИНОСЙ ФИЛОСОФИЯ И ПОЛИТОЛОГИЯ

Маллаев Ра^имхуца Каримович,

номзади илмуои фалсафа, дотсенти кафедраи фащои цамъиятии ДД^БСТ

ЛЦИДЛ^ОИ ИРФОНИИ ЛБУЛЛЙ ИБНИ СИНО ДЛР РИСОЛЛИ «ЗДЙ ИБНИ як;зон»

Чдхониён Ибни Синоро чун файласyф, табиб, табиатшинос ва адиби бу-зурги точик мешиносанд ва кадр мекунанд. Ибни Сино яке аз бузургтарин на-мояндагони фалсафаи «машшоияи шаркй» ба хисоб меравад. У на танхо дар боби тиб, табиатшиносй, фалсафа, инчунин рочеъ ба чамъият, сиёсат, ахлок ва ирфон як катор асархои нодир таълиф намудааст, ки онхо то имруз хам кадру кимати худро гум накардаанд.

Фалсафаи машшоия аз дигар мактабхо, чараёнхо ва равияхои фалсафаи асримиёнагии форсу точик бо он фарк мекард, ки пеш аз хама чанбаи дунявй-илмй дошт. Барои муайян намудани муносибати файласуфон, пеш аз хама «машшоиён», ба дини ислом бояд дар назар дошт, ки мухити мадание, ки онхо дар он мезистанд, мусити динй буд. Х,ар як мутафаккир, албатта, оиди ин ё он масъалаи динй акидаи хешро изхор ва рисолае иншо кардааст. Агар сухан дар бораи Шайхурраис Ибни Сино равад, мухаккикон бар он акидаанд, ки у бештар аз дигарон ба ин масъалахо диккат додааст. Е.Э. Бертелс дар бораи таъсири Ибни Сино ба адабиёти форсу точик, пеш аз хама ба равияи тасаввуфии он сухан ронда, кайд мекунад, ки: «...таъсири Ибни Сино ба адабиёти форсу точик пеш аз хама ба кисми тасаввуфии он бештар мушохида карда мешавад. Акидахои тасаввуфии Ибни Синоро на дар асархои калонхачми фалсафй, балки дар рисолахои хачман хурди у чустан лозим аст. Рисолахои «Х,ай ибни Якзон» ва «ат-Тайр» аз кабили хамин рисолахо мебошанд» (2,246).

Ибни Синоро соли 1023 бо фитнаву тухмати Точулмулк ба мукотиба бо хокими Исфахон Алоуддавла айбдор намуда, ба хабс гирифтанд ва ба калъаи Фарачон, ки дар наздикии Х,амадон чойгир буд, зиндонй карданд. Дар ин калъа, хангоми дар хабс буданаш, Шайхурраис се асари мухиме иншо

менамояд, ки ин асархо «Х,ай ибни Якзон», «ат-Тайр» ва «Саломон ва Абсол» мебошанд.

Албатта чахонбинии динй-схоластикй ба Ибни Сино хос нест ва ин навъ чахонбинй ба рухияи асархои у ба монанди «ал-^онун фи-т-тиб» ва «Китоб-уш-шифо» зидданд. Олими рус Ю.Н. Завадовский дар асараш «Абуали ибни Сино» кайд менамояд, ки: «Ин асархо аз кабили он романхои адабй-фалсафие буданд, ки барои адабиёти то асри XVIII форсу точик хосанд, вале онхо ба рухияи дигар асархои илмй-фалсафии Ибни Сино бегонаанд. Дар ин асархо, дар холати рухии Ибни Сино, як навъ рухафтодагй, шубха ва маъюсй, ки уро дар хабсхона фаро гирифта буд, мушохида мешаванд. Вале ин асархо, бо рухияи ирфониашон, ба адабиёти фалсафии халкхои Шарк аз Осиёи Миёна то Испания таъсири бузурге расониданд» (4, 161-162).

Рисолаи фалсафй, ирфонию бадеии Ибни Сино - «Х,ай ибни Якзон» дар катори ин асархои ирфонии мутафаккир чой ва мавкеи махсусеро ишгол менамояд. Истеъдоди фавкулодда ба Ибни Сино имконият додааст, ки мухимтарин масъалахои фалсафй, ирфонй, ахлокй, чамъиятию сиёсй ва психологиро тавассути образхои рамзию бадей тахкик намояд. Тавассути ин асар инсони имруза метавонад, ки бо баъзе аз акидахои фалсафии Ибни Сино, ки он на танхо тачассуми чахонбинии мутафаккир, инчунин ифодаи рушди акоиди маънавии замони уст, шинос шавад. Ин асар хеле зуд дар байни хосу ом машхур мешавад. Шахси номаълуме хануз дар замони зиндагии Ибни Сино бо илтимоси Алоуддавла ва Абучаъфар Х,исон киссаи мазкурро аз арабй ба форсии дарй гардондааст ва ба он шархе низ навиштааст. Худи муаллифи номаълум дар ибтидои ин рисола чунин овардааст, ки «Супорише аз малики одил Саййид Музаффар Мансур Иззуддин Алоуддавла ва амирулмуъминин Абучаъфар Х,исон... ба мани бандаи ходим омад ба тарчума кардан ба порсии дарй мар рисолатеро, ки хочаи раис Абуалй кардааст андар шархи киссаи «Х,ай ибни Якзон» ва падид кардани рамзхояш ва боз намудани гаразхояш» (1, 62).

«Х,ай ибни Якзон»-и Ибни Сино асари рамзй-фалсафие мебошад, ки дар он чун кахрамонони асосй хиссиёту нафс ва унсурхои рухии инсон - акл, хаёлот, тасаввурот оварда шудаанд. Дар ин асар бо рамз акидахои фалсафй-ирфонй ва ичтимоию ахлокии Ибни Сино баён карда шудаанд.

Мазмуни мухтасари он ин аст: Чдвоне бо ёронаш дар чои хушбоду хавои беруни шахре сайр мекарданд, ки «.пире аз дур падид омад, зебою фарахманд ва солхурдаю рузгори дароз бар у баромада. Ва вайро тозагии барно он буд, ки хеч устухони вай суст нашуда буд ва хеч андомаш табох набуд ва бар вай аз пирй хеч нишон набуд, чуз шукухи пирона» (1,62).

Ч,авон иштиёкманди сухбати у гардида, бо ёронаш ба пир наздик мешавад ва пир ба онхо салом мекунад, хуш пазирой менамояд ва мехрубонй менамояд. Ч,авон хохиш мекунад, ки пир «...рохи пеш бинамояд ва пешаю ному насаби хеш бигуяд, балки шахр ва маъвои хеш» (1, 62).

Пир чавоб медихад, ки номи ман Зинда («Х,ай» аз арабй маънои зиндаро дорад), писари (ибни) Бедорам («Якзон» аз арабй бедор, хушёр, огох аст) ва шахри ман Байти Мукаддас аст. Ва руи ман суи падарам аст ва вай «Зинда» аст ва ман хамаи илмхоро аз у омухтаам ва калиди хамаи илмхоро у ба ман

додааст. Ва пешаи ман саёхат кардан аст ва гирди чахон гардидан, то хамаи холхои чахон бидонам.

Аз ин суханони пир бешубха буи ирфон меояд. Зимнан, Ю.Н. Завадовский ва олими Франсавй Анри Корбэн рисолаи «Саломон ва Абсол»-ро низ ба ин гурухи асархои ирфонии Ибни Сино дохил менамоянд (4, 162; 5). Мувофики таълимоти ирфонй чун шахс хаматарафа ба донистани хакикати Худо машгул мешавад, на танхо ба маърифати у ноил мегардад, балки айни у мегардад. Яъне худ ба дарачаи дарки Худо ва худошиносй мерасад. Хулосахои фалсафию ирфонии Боязиди Бастомй «Субхони мо аъзаму шаънй» (яъне покам ман, шаъни ман бисёр баланд аст) ва «Аналхак» (ман Худоям) - и Мансури Халлоч аз хамин кабил аст.

«Ман Зинда писари Бедорам ва руи ман ба суи падарам аст ва вай «Зинда» аст ва у калиди хамаи илмхоро ба ман додааст ва роху канорхои чахон маро вай намуда»-и Хай ибни Якзон, ба маънои ирфонй сохиб аст. Чунки танхо Худо дар ирфон донанда ва дорандаи калиди хамаи илмхост ва хамаи рохи чахонро, асрорхои нихонро танхо худи у медонад.

Файласуфи франсавй Анри Корбен ба назарияи ирфонии Ибни Сино ахамият дода кайд мекунад, ки: «Аз тарафи дигар сегонаи «хикояхои ирфонй» вучуд дорад, ки дар онхо Ибни Сино тачрибаи шахсии ирфонии худро ба мо пешниход менамояд. Ин ходисаи хеле хам нодири худшиносии фалсафй -ирфонй мебошад, ки забони рамзии худро дорад. Мавзуи хар се рисола саёхат ба Шарки ирфонй буда..., бо рисолаи «Хай ибни Якзон» (Зинда писари Бедор) огоз меёбад ва моро ба сайри олами ирфонй хамрохи малак - акли фаъол даъват менамояд. Рисолаи «ат-Тайр» ин саёхатро давом дода, рисолаи «Саломон ва Абсол», ки оиди ин ду кахрамон дар китоби «Ишорот ва танбехот» низ гуфта шудааст, ба он хотима мебахшад. Ин асархои рамзй буда, онхоро бо тамсилот омехта кардан мумкин нест. Ин на тачассуми хакикатхои назариявй, балки нишонхои фочиаи шахсй мебошанд, ки дар тули хаёти мутафаккир ба амал омадаанд. Рамз - ин ишорот ва хомушй аст, ки дар як вакт хам хомуш асту хам харф мезанад. Вай хамаро ба хама якбора намефахмонад. Он ба шуури хар як кас вобаста ба кобилияти дарккуниаш зохир мешавад ва рамзи бавачдоиии шахсй мебошад.

Образ ва роли малак - Акли фаъол калиди фахмиши рамзхои ин асар аст, зеро бо ёрии Акли фаъол файласуф ба само парвоз мекунад, аз доираи олами хиссй берун меравад, хатто аз доираи нишондодхои катъй хам мебарояд, чунки вохурй бо вучуди ягона, мутафаккирро аз пайравии кур-курона ба шахсони бо-нуфузи заминй дур мегардонад.

Дар олами насронй пахн шудани акидахои Ибни Рушд таъсири Ибни Си-норо суст карда бошад хам, дар Шарк обрую эътибори у хеле баланд буд. Ин эътибори Ибни Синоро дар Шарк на Ибни Рушд, на Газзолй коста карда ната-вонистанд. Ибни Сино шогирдони бевосита ва содик дошт. Пеш аз хама мо

Ч,узчониро, ки тафсири форсии «Хай ибни Якзон»-ро навиштааст ва Хусайн ибни Зайли Исфахониро, ки тафсири арабии ин асарро тартиб додааст, номбар карда метавонем.

Вале агар гуем, ки пайрав ва давомдихандаи кори Ибни Сино Амираки Сухравардй буд, хато намекунем. Сухан на дар сари он аст, ки у баъзе чузъхои мобаъдуттабиаи (метафизикаи) Ибни Синоро таквият додааст, балки дар он аст, ки «Х,икмат-ул-машрикайн»-ро, ки Ибни Сино онро ба охир расонда натавониста буд, Сухравардй, ба таври худаш, онро дар асоси ишрокияи форси кадим ба итмом расонд» (5, 107).

Пир дар ин рисола рамзи акли фаъолу чуянда аст. Ч,авон ба пир оиди илм-хои гуногуну душвор суол мекунад ва чавобхои сахех мегирад ва аз он чо ба илми «фиросат» меояд. У. Султонов илми фаросатро мантик номидааст, ки ин иштибох аст (6, 80). Дар «Фарханги забони точикй» оварда шудааст, ки илми фиросат ё киёфа мачмуи усулу аломатхое мебошад, ки дар бораи шинохтани хулку атвори инсон аз руи киёфа ва сурат хосил шудааст. Ин илм дар таснифи фалсафаи Арасту чой дошта, «Физиогномика» (^иёфашиносй) номида мешавад.

Пир дар ин илм хам комил буд ва ба чавон мегуяд, ки «илми фиросат далел мекунад ба хушхохии ту ва пазироии ту мар ин илмро. Ва ин илм низ далел мекунад, ки ту чунонй ки ба хар суе, ки туро кашанд, он су шавй. Ва чун туро ба рохи рост бидоранд, бад-он рох хонанд, ба салох гардй ва пок шавй. Агар фиребандае туро бифиребад, фирефта шавй. Ва ин ёрон, ки ба гирди ту андаранд ва аз ту чудо нашаванд, рафикони баданд ва бим аст, ки туро фитна кунанд ва ба банди эшон андар монй...» (1, 63).

Яъне пир бо ёрии илми фиросат муайян менамояд, ки чавон хушхулк, нек ва хеле содда аст, аз паи касе, ки уро даъват менамояд, меравад, хох рохи нек бошад, хох бад, бо осонй фирефта мешавад.

Пир мегуяд «.ин ёр, ки пеши руи ту аст, ... дуругзан аст ва харзагуй ва ботилхо ба хам оранда аст. ва туро хабархое орад, ки ту аз у андар нахоста бошй ва аз у нопурсида. Ва хабари рост бо дуруг биомезад ва хакро бо ботил палид кунад, бо он, ки вай чосус аст ва хабардихандаи туст. Ва ба сабаби вай бидонй хабари он чизхое, ки аз ту гоиб аст ва бо рохи вай расад ба ту холи чизхое, ки дар назди ту нест ва ту андармондай ба накд кардани хакки он аз ботилаш ва барчидани росташ аз миёни дуругаш. Ва падид кардани савобаш аз он чй хато аст.» (1, 63).

Дар ин чо гуфтан чоиз аст, ки Ибни Сино донишро ба росту дуруг таксим кардааст. Донишхое, ки аз хис, каси дигар ё тачрибаи шахсй хосил мешванд, дониши рост буда, ба хакикат будани он шубха нест. Донишхое, ки вахмист (яъне дар асоси хаёлу гумон) дар асоси далелу бурхони руякй хосил шудаанд, ботил ва ё ба ботил наздиканд. Бинобар ин мисоли рамзие, ки Ибни Сино аз забони пир баён мекунад, махз дониши вахмист. Ибни Сино таъкид мекунад, ки инсони комил набояд бо дониши вахмй фирефта шавад, бояд хакки онро аз ботил, рости онро аз дуруг чудо карда тавонад.

Ба пир ба рафики дигари чавон руй оварда мегуяд, ки «ва аммо он ёр, ки бар дасти рости туст, нодон аст ва нопокдор аст, хар бор ки биошубад, насихат напазирад ва панд доданаш суд надорад ва мудоро кардан бо у ошуфтагияшро кам накунад, гуй, ки оташ аст, ки андар хезуми хушк афтода бувад, ё оби бисёр

аст, ки аз болои баландй фуруд ояд ва ё уштури маст аст ва ё шери баччакушта аст» (1, 63).

Ва пир ба рафики дигари чавон ишорат карда мегуяд, ки «ва ин ёр, ки бар дасти чапи ту аст, чиркин аст ва бисёрхур аст ва фарохшикам аст ва чимоъдуст аст. Х,еч чиз шиками вай пур накунад, чуз аз хок ва хеч чиз гуруснагии вай нанишонад, магар гилу кулух. Лесанда аст ва чашанда ва хуранда ва харис... ва туро, эй мискин, бад-ин ёрони бад бастаанд ва бо эшон дустонидаанд чунон аз эшон чудо натавонй шудан...» (1, 63).

Чи тавре ки Е.Э. Бертельс кайд менамояд «Абу Алй ибни Сино яке аз ав-валин файласуфон буд, ки дар фалсафаи форсу точик масъалаи таносуби чисму рухро гузоштааст ва ин масъала андешаи як катор мутафаккиронро то худи ас-ри XIX ба худ машгул доштааст. Кушиши шикасти консепсияи дуалистй ва майл ба ягонагй ба он оварда расонд, ки Ибни Сино макоми мобайнии чисму рух - нафсро ба миён гузошт, ки он агар аз чихати чавхар ба рух шабохат дошта бошад, аз чихати хусусият ба чисм наздик буда, мухаррики он мебошад» (2,248).

Мутафаккир дар аснои тахлили нафс ва навъхои он, мохият ва асоси хаёт будани нафсро возех нишон додааст, чисмхоро ба чондору бечон таксим карда-аст. Вай олами зинда ва гайризиндаро ба хам мукоиса намуда, тафовути сифа-тии онхоро дарк кардааст. Ба акидаи у, зухуроти олами зинда ба мисли набо-тот, хайвонот ва инсон хосияту кобилиятхоеро доранд, ки дар ашё ва хаводиси олами гайризинда мушохида намешаванд. Чунончи, наботот гизо гирифта ка-лон мешавад ва афзоиш мекунад, хайвонот ва инсон, ба гайр аз гизо гирифтану афзудан, таъсири ходисахои олами берунаро дарк мекунанд. Онхо инчунин сохиби харакати иродй низ мебошанд. Инсон инчунин сохиби акл аст. Аммо акл ба наботот ва хайвонот хос нест, аз ин сабаб Ибни Сино нафсро ба се гурух чудо мекунад: нафси наботй, нафси хайвонй, нафси инсонй ё нотика.

Ба акидаи Ибни Сино ходисахои олами зинда аз руи дарачахои ташаккули нафс низ аз якдигар тафовут доранд. Масалан, наботот сохиби як нафс - нафси наботианд, хайвонот дорои ду нафс - нафси наботй ва хайвонй, инсон бошад дорои се нафс (хам наботй, хам хайвонй ва хам нотика) аст. Масъалаи нафсу танро, ки худ зотан масъалаи пайдоишу инкишофи шаклхои хаёт мебошад, Ибни Сино аз як мавкеи муайяни гоявй шарх надодааст. У хосиятхои асоси хаёт - гизогирй, болишу парвариш (нафси наботй), зоиш, харакати иродй, андарёфти хиссй (нафси хайвонй), андарёфти аклиро (нафси нотика) хуб пай бурда, фармудааст, ки шаклхои гуногуни хаёт на якбора, балки тадричан сурат гирифтааст. Вале ба акидаи Сино, нафси наботию хайвонй ба тан зич алока дошта, нафси нотика чавхари мустакилу абадии ба тан берабт мебошад. Ба ин суханони зерини у гувохй медиханд: «Феъли аклй на олотест чисмонй». Ё «Феъли куввати аклй ба олоти чисмонй набувад» (6, 80).

Инсон барои он ки ба дарачаи инсони хакикй, инсони комил расида тавонад, бояд ки нафси худро идора кунад, ба нафс, хусусан ба нафси хайвонй гардан нафарорад, то ки ба ранчу балохо гирифтор нашавад. Ибни Сино дар рисолааш чунин меорад: «Ва макун, ки махори хеш ба дасти эшон (у дар ин чо нафси наботию хайвониро дар назар дорад) дихй ва мар эшонро гардан нихй. Балки бо тадбири некуй кардан андар кори эшон машгул шав, то эшонро

мусаххари хеш кунй ва эшонро ба рохи рост бидорй... зеро ки хар бор, ки ту зур бошй, эшонро мусаххари хеш кунй. ва тадбири некуи ту андар кори ин ёрон он аст, ки ба ин бадхуи гарданкаш, мар ин аблахи бисёрхурро бишканй ва ба сараш боз занй нек. Ва мар ошуфтагии ин хашмолуд ва душворхорро андар ёбй ва ба фирефтани ин раънои чоплусу дамзан ва мар уро биоромй нек. Ва аммо ин дуругзани ёфагуй нигар, ки бад-у нигарой ва сухани вай устувор надорй, магар ки дурустии кавй биёрад туро аз наздики Эзиди чалла ва ялло» (1, 63).

^ахрамони асосии асар худи Ибни Сино буда, хамсухбати у пирамарди чавонсимои босалобат - хирад аст. Чунон ки дар боло кайд кардем, Ибни Сино ин рисоларо с.1023, хангоми дар хабсхонаи Фардчон буданаш навиштааст. У дар он чо танхо буд, аз ин ру хамсухбати у танхо акл аст. Хирад дар шодию сурур ва гаму андухи инсон ширкат карда, яке аз воситахои хуби аз бадбахтихо рахо ёфтани вай аст. Хирад инсонро аз рафтору кирдори бад нигох дошта, ба хулку атвори нек хидоят менамояд. Баъзе аз тадкикотчиёни асархои Ибни Сино менависанд, ки гуё чавон ба хамрохи пир ба саёхати олам баромада бошад. Дар асл Ибни Сино менависад, ки чавон аз пир инро танхо хохиш кардааст, вале пир рад карда гуфтааст, ки он коре, ки ман метавонам, ту натавонй, зеро рафикони бадат ба ин монеъгй мекунанд, он гох чавон менависад, ки: «.аз у бипурсидам аз холи хар иклиме, ки вай он чо расидааст ва онро бо илм андар омухтааст ва хабари у шунидааст» (1, 64).

Пир аз замину иклимхое, ки дидаасту шунидааст, аз ачоиботи он ба чавон накл мекунад ва накли у аз магриб ба суи машрик меравад. Магриб дар адабиёти ирфонй рамзи олами сифлй, зулмонй буда, машрик рамзи олами улвй, нуронй аст. Нахустин ачоиботе, ки пир накл мекунад «.чашмаи оби равон, ки ба хамсоягии чашмаи зиндагонй (чашмаи оби хаёт) истодааст, хар гох ки саёхаткунандаро рох намоянд бад-он чашма ва тахорат кунад ба он об ва аз оби хуши вай бихурад, андар андомхои вай куввати наве падид ояд, ки бад-он кувват биёбонхои дароз бибурад. Ва бар зери оби мухит фуру нашавад ва ранчаш нарасад аз бар шудан ба кухи ^оф ва забония (моликони дузах)-и он мар уро андар магоки дузах фуру натавонанд афканд» (1,65).

Ин чашмае, ки шафати чашмаи оби хаёт чой гирифтааст ва чашмаи хушк-нашаванда аст, илм аст, хар касе, ки аз оби он нушад, пуркудрату тавоно меша-вад, дарду гам ва азобу укубати худро яксара бархам мезанад. Инсон ба туфай-ли он ходисахои мушкилу мураккаб, аз он чумла биёбонхои махуф ва куххои дастнорасро фатх мекунад, дар бахри мухит гарк намешавад ва аз азоби дузах рахой меёбад. Аз ин ру чавхар, гояи асосии ин рисолаи Ибни Синоро бузур-гдошти акл, тантанаи илм ташкил медихад.

Адабиётшиноси эронй Ахмади Тамимдарй бар он акида аст, ки «Ибни Сино акидахои антропологй ва космологии худро дар асоси маърифати фариштахо ба вучуд меорад ва дар онхо асоси космология ва антропологияи худро мебинад. Бинобар ин рисолахои рамзии у шохиди тачрибаи шахсии ваянд. Аз ин ру Ибни Сино аз он файласуфони нодире буд, ки ба дарачаи худшиносй расидааст. Ба ин фикр асари у «Х,ай ибни Якзон», ки дар он фаришта уро ба сайри олам даъват менамояд, мисол шуда метавонад. Дар ин

рисолааш Ибни Сино ходисахои олами ботинии инсонро дар шакли образхои равшани кахрамонхои мачозй тасвир кардааст» (7, 16).

Яке аз чойхои марказии андешахои ичтимоии Ибни Синоро акидахои сиё-сии у ташкил медиханд, ки дар «Саломон ва Абсол», «ат-Тайр» ва «Х,ай ибни Якзон» барин асархои у баён карда шудаанд. Вале аз байни онхо рисолахои «ат-Тайр» ва «Х,ай ибни Якзон» ба ахамияти хосса моликанд. Агар дар «Саломону Абсол» масъалахои ахлокй акс ёфта бошанд, пас дар «ат-Тайр» ва «Х,ай ибни Якзон» масъалахои ичтимоию сиёсй, монанди подшохи одил, бародарию баробарй ва тантанаи акл ифода ёфтаанд. Масалан, дар рисолаи «ат-Тайр» подшохи одил ва дар «Х,ай ибни Якзон» тантанаи аклу хирад нишон дода шуда-аст.

Ба акидаи Ибни Сино агар подшох донишманд бошад, сиёсаташ низ одилона хохад шуд. Дар ин маврид у ба воситаи сиёсати хеш ба инкишофи саноату зироат ва савдою маданият таъсири мусбат мерасонад.

Мутафаккир чуз аз акл як силсила сифатхои дигарро низ ба подшохи одил нисбат додааст, ки мухимтаринаш «ислохи нафс» аст. Ба андешаи у, нафс ва ислохи нафс ду окибат дорад: агар якум инсонро «ба корхои зишту пасту нора-во» рахсипор намояд, пас дуввумй уро аз он окибатхои ногувор хифз менамояд. Аз ин ру, касоне, ки ба «сиёсату тадбири умури мардум» машгул хастанд, бояд пеш аз хама нафси худро идора ва ислох кунанд, зеро агар нафс идора нашавад, ходисахои хузнангезе, аз кабили чангу чидол ва нооромй дар мамлакат ба амал меояд. Ибни Сино ихтилофхои дохилиро ба хирси сарват вобаста намуда, зикр кардааст, ки агар хар фард нафси худро ислох кунад, давлату халкро низ идора карда метавонад. Ба ин маънй нафси инсон як навъ машкгохест, ки у куввати худро дар он месанчад. Ибни Сино навиштааст: «Агар касе аз ухдаи сиёсати неку ва ислохи нафси худ барояд, он гох боке бар вай нест, ки ба болотар аз он икдом карда, ба сиёсати билод бипардозад» (1, 64).

Х,амин тарик, кахрамони рисолаи «Х,ай ибни Якзон» бо пири хирадманди хамешачавон (тимсоли акли фаъол) аз Fарби зулмонй ба Шарки нуронй саёхат намуда, аз зулмот ба олами нуронй расиданашро пай набурда мемонад. Дар тасаввуроти мутафаккир акли фаъол на танхо ба куввахои ба у тобеъ такя менамояд, вай ба онхо симои инсонй дода, онхоро тагйир ва тобеъ карданй мешавад. Вале онхо кушиш менамоянд, ки инсонро ба худ майл ва то дарачаи хайвонй паст зананд. Мутафаккир ба тасвири «рафикони бад» диккати махсус дода, мачозан ба вахму тасаввурот, хирсу газаб образи шахсй додааст.

Дар охири рисолаи худ Ибни Сино боз ба масъалаи ирфон баргашта, дар сурати подшохи бузург «вучуди мутлак», яъне Худовандро нишон медихад ва чавонро суи у даъват менамояд: «У подшохест ба хар гох, ки тасаввур кунй чамоли бе хеч айбу камоли бе хеч нуксон... Х,ар кй ба хидмати у нозад, некбахт уст. Х,ар кй аз у бипардозад, дар ду чахон зиёнкор уст» (1, 65).

Хулоса, Ибни Сино дар рисолаи худ - «Х,ай ибни Якзон» роххои расидан ба маърифати хакро нишон медихад. Дар зери таъсири ин рисолаи Ибни Сино дар адабиёти форсу точик як катор асархо пайдо шуданд, ки ин мавзуи пешниходкардаи Шайхурраисро таквият доданд. «Сайр-ул-ибод ила-л-маод»-и Абдулмачиди Саной, «Мисбох-ул-арвох»-и Ахадуддини Kирмонй, ки дар онхо

нафси окила муаллифонро ба сайри олами рухонй мебарад, бешубха, дар зери таъсири рисолаи «Х,ай ибни Якзон»-и Ибни Сино ба вучуд омадаанд.

Калидвожа^о: тасаввуф, рисолаи «Хай ибни Яцзон», Абуалй ибни Сино, Шайх, тасаввурот, рамз

Пайнавишт:

1. Абуалй ибни Сино. Хай ибни Яцзон.//Мацаллаи «Садои Шарц». -1979. -№7.-С.

2. Бертельс Е.Э. История персидской-таджикской литературы. -М., 1960. Т. 1

3. Болтаев М.Н. Ацида^ои фалсафии Абуали ибни Сино. -Душанбе, 1969.

4. Завадовский Ю.Н. Абу Али ибн Сина.-Душанбе: Ирфон, 1980.

5. Карбен Анри. История исламской философии. http://farhang.al-shia. ru/karbin/karbin.html

6. Сагадеев А.В. Ибн - Сина (Авиценна). -М.: Мысль, 1980.

7. Султонов У. Ацида^ои фалсафй, ицимой ва ахлоции Абуалй ибни Сино. -Душанбе, 1975.

8. Тамимдари, Ахмад. История персидской литературы. -СПб, 2007.

Р.К. Маллаев

Суфизские взгляды Абуали ибн Сино в трактате «Хай ибни Якзан» Ключевые слова: учение суфизма, трактат «Хай ибни Якзан», Абуалй ибни Сино, старец, представление, символ,

В данной статье содержится философский анализ философско-суфийских взглядов Абу Али ибн Сино. В трактате «Хай ибни Якзан» мыслитель рассказывает о встрече с таинственным старцем, древним как мир, но вечно юным и вечно странствующим не зная покоя и отдыха. Старец поучает Ибн Сину, рассказывая о своих странствиях, и излагает структуру физических и духовных миров в виде своеобразной географии, постепенно доводящей слушателя до самых сокровенных глубин самопознания, доходящего до познания таинственного, мистического и божественного в сущности человека.

R. K. Mallayev

Abuali ibni Sinos Mystical Views in the Treatise “Khay ibni Yakzan”

Key words: the tenet of Sufizm, “Khay ibni Yakzan ” treatise, АЪшИ Лпі Sino, old man, imagination, symЪol

The article dwells on the analysis of AЪu Ali 1Ъп Sino'sphilosophico-mysticalviews. In the treatise “Khay-IbnYakzan” the thinker tells ahout the meeting with a mysterious old man, ancient as the world itself, ЪШ still eternally young and everlastingly wandering without repose or rest... The old man edifies 1Ъп Sino, retelling aЪout his wanderings he expounds the structure of physical and spiritual worlds in the term of a peculiar geography which gradually Ъrings the listener to the extremest depths of self-cognition; the latter revealing the mysterious, clandestine, divine essence laid Ъу God.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.