Научная статья на тему 'The issues of periodization in reference to the history of state and law in Tajikistan'

The issues of periodization in reference to the history of state and law in Tajikistan Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
888
136
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРАВО / ИСТОРИКО-ПРАВОВАЯ НАУКА / МЕТОДОЛОГИЯ НАУКИ / ИСТОРИЯ ГОСУДАРСТВА И ПРАВА ТАДЖИКИСТАНА / ПЕРИОДИЗАЦИЯ / КРИТЕРИИ ПЕРИОДИЗАЦИИ / LAW / HISTORICO-JURIDICAL SCIENCE / METHODOLOGY OF SCIENCE / HISTORY OF STATE AND LAW IN TAJIKISTAN / PERIODIZATION / CRITERIA OF PERIODIZATION

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Буриев Имомкул Бозорович

История государства и права Таджикистана охватывает историю длиной более 5 тысяч лет, скрупулезное изучение которой невозможно в рамках учебного плана юридических факультетов. Поэтому встает проблема периодизации исторического развития институтов права и государственности. Периодизация дает возможность анализа и обобщения закономерностей однотипных явлений. Данный способ дает возможность выявления общих закономерностей развития государства и права каждого периода в отдельности. В статье сделана попытка анализа существующей в историко-правовой науке Таджикистана периодизации истории государства и права Таджикистана и ее критериев, а также предложена более приемлемая периодизация с учетом цивилизационного подхода.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The history of state and law in Tajikistan comprises the history mustering over 5 milllenia and its s^upulous studies are impossible in the frames of the curricula of law faculties. Hereto there arises a problem of periodization of the historic development in reference to the institutes of law and statehood. Periodization enables to analyze and generalize the regularities of unified phenomena. The mode in question grants a possibility of elicitation of general regularities of development concerned with statehood and law of each separate period. In his article the author makes an endeavour to analyze he periodization of the history of statehood and law and its criteria in Tajikistan existing in the historico-juridical science of the country, he proposes also a more acceptable periodization with a civilizational approach taken into account.

Текст научной работы на тему «The issues of periodization in reference to the history of state and law in Tajikistan»

Буриев Имомкул Бозорович,

мудири шуъбаи таърихи давлат ва %уцуци Институти фалсафа, сиёсатшиносй ва ^уцуци ба номи А.Ба^оваддинови АИ ЦТ, доктори илмуои ^уцуц

МАСОИЛИ ДАВРАБАНДИИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТ ВА

хукуки точикистон

Дар худуди Точикистони таърихй хануз дар хазорсолахои 7-3 пеш аз мелодй одамон зиндагй мекарданд ва аз ин сабаб хокимият, давлат ва падидахои хукукй низ дар ин минтака таърихи кухан доранд. Дар таърихи точикон даххо сулолахоро номбар намудан мумкин аст, ки паи хам дар ин минтакаи, тибки андешахои геополитикхо, муддати ду хазор сол «калби чахон» буда,* хукмронй намудаанд. Илми таърихи давлат ва хукуки Точикистон давраи басо тулонии таърихиро дарбар мегирад. Омузиши ягонагй ва тавофут дар давлатдорй ва сарчашмахои хукукии хар як сарвари давлат ва сулолахо мавзуи бахси илми таърихи давлат ва хукуки точикон аст, аммо дар доираи як фанни таълимй баррасй намудани он вазифаи мушкил аст. Аз ин сабаб, масъалаи даврабандии таърихи давлат ва хукуки Точикистон ба миён омадааст. Даврабандии фанни таълимй метавонад барои ошкор намудани хусусиятхои умумй ва махсус, инчунин тафрикаи байни конуниятхои пайдоиш ва рушди давлатдорй ва падидахои хукукии мархилахои гуногун хизмат намояд. Азбаски дар ташаккули худ давлат ва хукук метавонад дар тули дахсола ва баъзан садсолахо ба тагйироти сифатй дучор нагардад, биноан дар илм ин гуна давраи тулонии таърихй чун як мархала номбар мешавад.

Даврабандии мавзуъ ва мухтавои фанни таърихи давлат ва хукукро метавон вобаста ба ченакхои гуногуни илмй гузаронид. Яке аз ченакхо - ченаки сулолавй аст. Инчунин вобаста ба сохту усули давлатдорй ва рушди иктисодию ичтимой (форматсионй), рушди дин, илму фарханг, санаду сарчашмахои хукукй, яъне тамаддун (тамаддунй) даврабандй сурат мегирад.

Таърихан, ченаки даврабандии сулолавй таърихи тулонй дошта, тамоми муаррихони тошуравии точик онро заминаи даврабандии худ мукаррар кар-даанд. Табиист, ки таъсири он то имруз дар илм ва таърихнигорй ба чашм мера-сад ва мо аксари давлатдории таърихии худро бо номи сулолахо ёд мекунем:

* Ба андешаи яке аз саромадони илми геополитика - англис Хэлфорд Маккиндер (1861-1947) «Ду хазорсолаи гузашта Осиёи Марказй вилояти истивои таърихй (осевая область истории), Хартленд (калби чахон) ба шумор мерафт. Ба андешаи у Маркази чахон китьаи Авруосиё буда, калби он Осиёи Марказй аст. (ниг. ба Нартов Н.А., Нартов В.Н. Геополитика / Под ред. Проф. В.И. Староверова. 5-ое изд. М.: Юнити, 2010. С.56-57).

давлати Сомониён, Гуриён. Ин ченак, бешубхд, дар таърихшиносии тоинкилобй бештар истифода гардида, мархалаи хукмронии сулолаи муайянро чун мархалаи том номбар менамояд. Албатта, сулолаи муайян махсусиятхои идора-куниро дошт ва дар сахифахои таърихи халки точик он инъикоси худро ёфтааст. Вале на хамаи сулолахо дар таърихи халки точик таъсиргузор буданд ва ё давраи идораи онхо мархалаи таърихсоз будааст. Ченаки пешниходгардида, ба истиснои мувофикати хронологй ва пайдархамии маводи тахлилй, якчанд нокисихо дорад, ки барои ба таври комил фаро гирифтани таърихи давлат ва хукуки точикон монеа мегардад. Пеш аз хама, зиёда аз сад соли охири таърихи точикон сохтори чумхурй устувор гардида, хокимияти сулолавй аллакай соли 1920 аз байн рафт. Баъзе сулолахо давлатдории мустакили худро таъсис дода натавонистанд ва ё тамоми мухлати таърихии ба онхо насибгаштаро бо чангхо хотима бахшиданд. Сулолахои дигар тагйироти чиддие ба давлатдорй ва хукук ворид насохтанд, ки мухим ва мавриди мархаласоз барои таърихи точикон бошад. Имконияти ошкор шудани хар як сахифаи таърихии идораи сулолавй вучуд дорад ва танхо дар ин сурат метавонад ин даврабандй асоси илмию таърихй пайдо намояд. Бинобар ин, дар шароити муосир ва донишхои дар даст доштаамон ин ченак ба талаботи илмй чавобгуй набуда, он наметавонад заминаи ошкорсозии конуниятхои ташаккули таърихии точикон бошад.

Даврабандии дигар, ки дар тамоми илмхои давраи шуравй ба таври комил истифода ва дастгирй мешуд, равиши форматсионй аст. Тибки он панч форматсияи иктисодй-ичтимой (чомеаи ибтидой, гуломдорй, феодалй, капиталиста, коммунистй, ки мархилаи аввалаш сотсиализм аст) паихам ба вучуд мео-янд ва гайр аз чомеаи ибтидой ба форматсияхои дигари он давлат ва хукуки хос рост меояд. Тибки таълимоти марксизм-ленинизм форматсия хусусияти давлат ва хукукро муайян менамояд. Давлат ва хукук дар дохили як форматсия бо хам-дигар монанд ва хусусиятхои якхела доранд, масалан, синфу табакахои ягона, муносибатхои иктисодй ва куввахои истехсолкунандаашон айният доранд.

Даврабандии форматсионии таърихи давлат ва хукуки Точикистонро дар адабиёти илмии точикон аввалин маротиба Г.С. Азизкулова анчом додаст (1, 11-12). Даврабандии пешниходгардида таърихи давлат ва хукуки точиконро ба 11 мархалаи таърихй таксим намуда, давраи тошуравии давлатдории точиконро ба 3 давра: 1) давлат ва хукуки гуломдорй, 2) феодалй ва 3) хамрохшавй ба Русия ва ташкили генерал-губернатории Туркистон) ва 6 давраи дигарро ба сохтмони давлати шуравию рушди он, 1 давра ба таърихи Точикистони сохибистиклол бахшидааст. Як мархала аз охири асри XVIII то соли 1864 - аз ин даврабандй берун мондааст. Даврабандии пешниходшуда хусусияти рушди давлат ва хукукро дарбар мегирад. Вале дар он бештар ба таърихи навини давлат ва хукуки точикон ахамият дода шуда, таърихи зиёда аз 24 аср (аз асри VI пеш аз мелодй то асри XVIII) танхо ба ду давра таксим карда шудааст. Х,ангоми гузаронидани даврабандй ченаки аввала - равиши форматсионй дар таърихи навин истифода нагардида мархалахои хурдтари таксимот ба назар мерасад. Вале омузиши таърихи точикон тибки ин даврабандй наметавонад конуниятхои пайдоиш ва ташаккулу рушди давлат ва падидахои хукукиро ба таври комил ошкор созад. Дастоварди Г.С. Азизкулова мушаххасгардонии давраи нави

таъртаи давлат ва хукуки точикон мебошад. ^айд кардан зарyр аст, ки даврабандии тахлилшуда аввалин даврабандии таъртаи давлат ва хукуки Точикистон буда, таваччухи ахли илм ва маxcycан мухаккикони таъриxи хукукро ба ин масъалаи мубрами илмй чалб намуд, ки ин xизмати бузурги олим мебошад.

Таъриxшиноc, мархум академик H. Иеъматов даврабандии нави формат-сиониро асоснок намудааст, ки аз шаш давраи бузург иборат аст: 1. Ч,омеаи ибтидой (8 млн. сол - то хазорсолаи V пеш аз мелод); 2. Cоxтори чамоавй - таба-кавй (хазорсолахои IV - II пеш аз мелод); 3. Cоxтори давлатй - чамоавй (хазорсолаи 1 пеш аз мелод то асрхои аввали мелодй); 4. Cоxтори феодалй (асри IV -то нимаи асри XIX); 5. Давраи гузариш ва чустучуи cоxтори бехтарини ичтимой (нимаи дуввуми асри XIX то солхои 90 асри XX); б. Ташаккули чомеаи демок-ратй (соли 1991 то имруз) (4, 8-11).

Aкадeмик Иyъмон Иeъматов таъртаи точиконро ба мархалахои бузург-тарин таксим намудааст, ки аз он ду давраи бузурги даврабандии пешниход-шуда аз доираи омузиши мо берун аст ва баёнгари тафрикаи даврабандии мав-зуи таъриxи xалки точик ва таъриxи давлат ва хукук аст, ки бояд аз даврабандии илми таъртаи xалки точик фарк дошта бошад. Fайр аз ин, ченаки пешни-ходшуда маxcycиятхои рушди падидахои хукукй ва давлат, мархалахои мухими рушди давлатдории миллй- давлатдории ^мониёнро инъикос намекунад ва нисбат ба он бетафовут ба назар мерасад, харчанд H. ^ъматов яке аз онхоест, ки дар шиноxти давлатдории Cомониён xизматхои шоёне кардаанд, монография ва асархои пурарзише оид ба ин мархалаи таъртай пешниход намудаанд.

Ба масъалаи мазкур A. Холиков низ ру оварда, дар китоби дарсии xyд якбора се даврабандии таъртаи давлат ва хукуки Точикистонро пешниход намудааст: 1. Таъртаи давлат ва хукуки тоинкилобии Точикистон; 2. Таъртаи давлат ва хукуки баъдазинкилобии Точикистон. Дар ин даврабандй, Инкилоби Октябри Русия соли 1917, ки заминасози инкилоби сентябрии Бyxоро ва таъсиси давлатдории шуравй дар худуди Иттиходи Шуравии собик, аз чумла Точикистон гардид, дар назар аст. Давраи баъд аз шуравй ба он илова мегардад. ^кисии ин даврабандй аз чониби A. Холиков низ кайд шудааст (5, 8).

Даврабандии дуюми таъртаи давлат ва хукуки точикон аз чониби A. Холиков танхо мархалахоеро дарбар мегирад, ки дар китоби дарсй тахкик шудааст, яъне аз кадим то давлатдории шуравй ва иборат аст аз:

1. Равандхои сиёсй ва хукукии олами Эрону Турони кадим ва тахлили давлатхои наxycтини зироатпарварй ва чамоавй.

2. Хукуки авастой ва давлатхои тоисломй (асрхои VII-VIII пеш аз милодй ва асрхои VI-VII милодй).

3. Давлат ва хукуки точикон дар давраи тобеият ба Хилофат ва мустакил-гардии Хуросону Мовароуннахр ^.VIII-XII).

4. Давлат ва хукуки точикон дар давраи тобеият ба чодарнишинону Тему-риён. Таъсири тачрибаи идоракунии точикон ба ин салтанатхо ^.XHI-KVI!).

5. Таъртаи давлат ва хукуки точикон баъд аз хамрохшавй ба Русияи подшохй ^.XVIII-XIX).

Харчанд аз чониби муаллиф ин даврабандй номида шудааст, вале он бештар ба мухтавои китоб ва кадом масъалахоро мавриди бахс карор додани муаллиф шабохат дорад. Дар акси хол хамчун давраи таъриxй номбар намудани «ра-вандхои сиёсй» ва «тахлили давлатхои наxycтини зироатпарварй ва чамоавй» нофахмо аст. Чунин даврабандй ба максадхои фанни мазкур, ки вазифаи та-шаккул додани xyдшиноcии миллй, ифттаор аз замони гузаштаамонро пеш гузоштааст, мусоидат намекунад.

Даврабандии сеюме, ки A. Холиков дар китоби xyд пешниход менамояд, дар заминаи равиши тамаддунй тартиб дода шудааст ва нокисихои даврабандии форматсиониро бартараф менамояд. Тибки ин даврабандй таъртаи давлат ва хукуки точикон ба:

1. Давраи амали тамаддуни хукукии зардуштй ва одатй.

2. Давлат ва хукуки точик дар ахди амали хукуки ислом.

3. Aмали хукуки имперй дар сарзамини точикон.

4. Aмали хукуки шуравй.

5. Тачдиди низоми нави хукукии Точикистони сохибистиклол таксим гарди-дааст. Ин даврабандй харчанд нокисихои равиши форматсиониро бартараф месозад, вале xyд нофахмихои навро ба вучуд меорад.

Дар даврабандии мазкур муаллифи он на таъртаи давлат ва хукук, балки давраи аввалро чун «Давраи амали тамаддуни хукукии зардуштй ва одатй» пешниход менамояд, ки мавриди кабул нест, зеро ки тамаддуни зардуштй ва маxcycан хукуки одатй ва ё тамаддуни одатй на танхо то давраи давлат ва хукуки исломй, балки якчоя бо он низ амал намуда, то солхои аввали давлатдории шуравй мавриди истифода будааст. Mохиятан гирем, меъёрхои хукуки одатй чузъан то имруз амал мекунанд ва кисме аз он меъёрхо хатто дар конуни «Танзими чашну маросим» акс ёфта ба меъёри хукуки амалкунанда табдил ёфтаанд. Ч,узье аз меъёрхои хукуки шуравй низ дар Точикистони сохибистиклол беш аз як дахсола мавриди истифода ва амал буданд. Hовобаcта аз он ки даврабандии ин ё он илм, масалан, таъртаи давлатдорй ва хукуки точикон бо максади шиносой ва дарки комилтари мархалахои чудогонаи таъртай гузаронида мешавад, набояд масоили илмиеро, ки бо он вобаста хастанд ва ё бо гузаронидани ин даврабандй ба вучуд омаданашон мумкин аст, нодида гирифт.

Дар адабиёти илмии давраи шуравй оид ба гузариш ва ё амали ин ё он форматсия дар худуди Точикистони таъртай ва умуман дар Шарк бахсхои доманадор бурда шуда, аксари олимони шуравй ва пасошуравй маxcycан мавчудияти форматсияи гуломдориро дар Точикистони таъртай инкор менамоянд, чунки дар худуди он шароити нигох доштани гуломон - чун кувваи истехсолкунанда мавчуд набуд. Aлбатта, инкори гуломдорй хамчун форматсияи ичтимой-иктисодй маънои инкори мавчудияти гуломонро дар чомеаи Точикистони таъртай надорад. Aз сарчашмахои зиёди таъртай ва хукукй бармеояд, ки гуломон аз даврахои кадими таъртай то инкилоби сентябрии Бyxоро дар худуди Точикистони таъртай вучуд доштанд. Ин табакаи хукукхояшон махдуд буд, ки хеч гох дар таъртаи давлатдории точикон хамчун синфи асосии истехсолкунанда баромад накардаанд.

Hовобаcта аз нокисихое, ки дар даврабандихои пешниходнамудаи олимон r.C. Aзизкyлова, A. Холиков ва аз чумла даврабандии муаллиф (2) чой доранд, xизмати онхоро низ набояд нодида гирифт.

Бояд эътироф намуд, ки бо бархамxyрии rox™ шуравй ва мафкураи ягонаи он, эътирофи плюрализм дар чомеа муайян намудани ченак ва равишхои даврабандии таъртаи давлатдорй ва хукуки точикон масъалаи xeлe мураккаб гардидааст. Mаcоили вобаста ба даврабандй ва тахлили сахифахои таъртаи давлат ва хукуки точикон, аз чумла, ба таври комил ва хаматарафа тахкик нашудани мархалахои гуногуни рушди давлатдорй, то хол пурра ошкор нагардидани конуниятхои рушди даврахои муайян, пурра омyxта нашудани сабаб, натича ва маxcycиятхои як катор ислохотхои давлатй, маъмурй, низомй, пулию молиявй бо сабабхои айниву зехнй мавзуъро печида мегардонанд. Дар давраи шуравии давлатдорй мавчудияти ин ё он форматсия масъалаи мубрам буда, имруз зардуштй будан ё набудани чамъияти давлатхои аввалин мавриди бахс аст. Инчунин дар доxили тамаддуни ягона, масалан зардуштй, тагйиротхои чиддие ба амал омадааст. Ё xyд, давлатдории Пешдодиён, Хаxоманишинхо, Cоcониён ва ё давлатдорихои исломй - ^мониён, Cалчyкиён, Темуриён ва

гайра маxcycиятхои xоcро сохиб буданд ва хар яки он нисбат ба дигараш фаркиятхое доштанд. Гузашта аз ин, хар як аз онхо конуниятхои пайдоиш, рушди маxcycи xyд ва дар сахнаи таъриx чои маxcycи xyдро доранд. Пас, ченаки ягонаи даврабандиро барои омузиши объективии илмии таъртаи давлат ва хукуки Точикистон пешниход намудан масъалаи душвори илмй аст.

Тахкикоти илмии таъртаи давлат ва хукуки Точикистон имруз имконият медихад, ки равиши тамаддуниро хамчун ченаки асосии даврабандии таъртаи давлатдорй ва хукук истифода барем, чунки:

1. Пайдоиши давлатдории ориёй, минбаъд исломй тахти таъсири дин ба вучуд омада, дини зардуштй барои давлатхои ориёй ва дини ислом барои давлатхои мусалмонй накши мафкураи расмиро ичро менамуд. Дар кишвархои ориёй-зардуштй шахрванд (ир) ва гайризардуштй бетабаа (анир) шумурда мешуд. Mаркcизм низ догмае буд, ки таъсири бузург дар тамоми давраи пайдоиш ва рушди давлатдории шуравй дошт;

2. ^вобаста аз хучуми кабилахои кучй ва дар мархалахои гуногуни таърта устувор шудани хукмронии онхо дар сарзамини точикон, онхо низ ба зудй тахти таъсири мафкура ва мазхаби расмии чомеаи точикон тамаддуни хукмронро кабул мекарданд;

3. Cарвари давлат дар аксари мавориди таъртай xyдро на танхо пайрави тамаддуну дини расмй нишон медод, балки мучохид (ба маънои донишманд ва пахнкунандаи дин) ва сарвари динии кишвар низ махсуб меёфт, харчанд ин маком пеши рохи амалхои беадолатонаи уро намегирифт;

4. Давлати точикон аз чониби хамсоягон низ хамчун намояндаи мазхаби муайян эътироф мешуд;

5. Давлат дар шаxcияти макомоти муайяни xyд (масалан, давлати зардуштй: амалдорони баландмартабаи оташомор - раиси оташкада, раиси бунёди рух, давлати исломй -козй, вазири вакф, мазолиму мухтасиб) вазифахои мазхабй, тамаддуниро амалй менамуд.

Ин ва дигар маxcycиёти таъртаи рушди давлатдории точикон заминаи даврабандии тамаддунии таъртаи давлатдорй ва хукуки Точикистон мебошанд.

Вобаста ба равиши тамаддун метавон чунин мархалахои рушди давлат ва хукуки Точикистонро номбар кард:

1. Пайдоиши давлатдорй ва хукук дар худуди Точикистони таъртай (хазорсолаи 2 ва 1 пеш аз милодй);

2. Давлат ва хукуки давраи ориёй - зардуштии точикон (хазорсолаи 1 пеш аз милодй то ибтидои асри VII);

3. Давлат ва хукуки давраи исломии точикон (асри VII - то солхои 18б8 Іибтидои асри XX);

4. Таъртаи давлат ва хукук дар мархалаи тамаддуни омexтаи империявй ва исломй (солхои 18б8 - 1917I1920 -1929 - дар худуди шимолии Точикистон);

5. Давлатдорй ва хукуки Чумхурии Шуравии ^тс^листи Точикистон;

6. Давлат ва хукуки миллии Точикистон (1991- то имруз).

Даврабандии тамаддунй ва даврахои пешниходгардида ба таври максималй

тамоми мархалаи бузурги амали тамаддунхоро фаро гирифтаанд ва мухаккик метавонад ва бояд онро ба мархалахои кучактари доxилитамаддyнй таксим на-мояд. Mаcалан, давлатдории ориёй - Пешдодиёну Каёниён, Хаxоманишинхо, ^сониён мархалахо - куллахои баланди рушди ин тамаддуни чахонгирро инъикос намуда, ин сулолахо дастовардхои бузурги чахонй ва чолибе дар таъртаи тамаддуни давлатдорй ва рушди меъёр ва падидахои хукукй доштанд. Хамин гуна мархала дар давраи тамаддуни исломии Точикистони таъртай, Халифати Aраб, давлатдорихои Тохириён, Cаффориён ва алалxycyc ^мониёну Fyриён буда, таксимоти доxилитамаддyнй низ метавонад вобаста ба ченакхои гуногун гузаронида шавад. Fайр аз ин, вобаста ба самтхои рушд, ислохот, пешравии сохахои мустакили хукук низ давра - мархалахои мухимро таксим намудан мумкин аст.

Даврабандии таъртаии предмети фанни таълимиро инчунин тибки талаботи масоили актуалии замон (масалан, бо такя ба андешаи давлатдории миллй, давлати хукукбунёд, чомеаи шахрвандй), татисоси донишчуён (хукукшиноси сохаи молия ва андоз, мyтаxаccиcи сохаи муносибатхои байналмилалй, хукукшиноси сохаи тичорат), бо дарназардошти чанбаи муайяни таъриxи рушди давлатдорй (иктисодиёт, сохаи маъмурй, андоз, ислохоти давлатй, рушди харбй, масоили об) ва хукук (хукуки оилавй, хукуки зан, кудак, падидаи шартнома ва ухдадорй, чиноят ва чазо, падидахои мурофиавй) гузаронидан мумкин аст. Вале дар хама холат талаботи илмй дар xycyra ба таври комил шинос гардидану азxyд намудани xycycиятхои даврахои таъртаии пайдоишу рушди падидахои хукукй ва давлатдорй, конуниятхои ба онхо алокаманд, хосил намудани маърифати хукукй, тарбияи мyтаxаccиcи соха бо xyдшиноcй ва ифтиxори баланди миллй бояд мадди назар бошад.

Пайнавишт

1. Азизкулова Г. С. Цикл лекций по истории государства и права Республики Таджикистан. -Душанбе, 1995.

2. Буриев И.Б. Таърихи давлат ва х^укуци Тоцикистон. Кцсми 1. -Душанбе, ДДОТ, 2000; нашри дуввум: цисми 1. -Душанбе: Ирфон, 2007.

3. Нартов Н.А., Нартов В.Н. Геополитика /Под ред. Проф. В.И. Староверова. 5-е изд. -М.: Юнити, 2010.

4. Негматов Н.Н. О новой концепции формационной истории Центральной Азии // Центрально-азиатские гуманитарные исследования. -Худжанд, 1993. -№3. -С. 8-11.

5. Холщов А. Таърихи давлат ва х;уцуци Тоцикистон. Щсми 1. -Душанбе: Ирфон, 2002.

Буриев Имомкул Бозорович,

заведующий отделом истории государства и права Института философии, политологии и права им. А. Баховаддинова АНРТ, доктор юридических наук

Проблемы периодизации истории государства и права Таджикистана

Ключевые слова: право, историко-правовая наука, методология науки, история государства и права Таджикистана, периодизация, критерии периодизации

История государства и права Таджикистана охватывает историю длиной более 5 тысяч лет, скрупулезное изучение которой невозможно в рамках учебного плана юридических факультетов. Поэтому встает проблема периодизации исторического развития институтов права и государственности. Периодизация дает возможность анализа и обобщения закономерностей однотипных явлений. Данный способ дает возможность выявления общих закономерностей развития государства и права каждого периода в отдельности.

В статье сделана попытка анализа существующей в историко-правовой науке Таджикистана периодизации истории государства и права Таджикистана и ее критериев, а также предложена более приемлемая периодизация с учетом цивилизационного подхода.

I.B. Buriyev

The Issues of Periodization in Reference to the History of State and Law in Tajikistan

Key words: law, historico-juridical science, methodology of science, history of state and law in Tajikistan, periodization, criteria of periodization

The history of state and law in Tajikistan comprises the history mustering over 5 mil^ma and its s^^ulous studies are impossible in the frames of the curricula of law faculties. Hereto there arises a problem of periodization of the historic development in reference to the institutes of law and statehood. Periodization enables to analyze and generalize the regularities of unified phenomena. The mode in question grants a possibility of elicitation of general regularities of development concerned with statehood and law of each separate period.

In his article the author makes an endeavour to analyze he periodization of the history of statehood and law and its criteria in Tajikistan existing in the historico-juridical science of the country, he proposes also a more acceptable periodization with a civilizational approach taken into account.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.