Научная статья на тему 'ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ҶИҲАТИ РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР'

ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ҶИҲАТИ РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
лоиҳа / инноватсионӣ / сармоя / мактаб / шарикони рушд / маориф / донишгоҳ / коллеҷ / донишкада / сармоягузорӣ / ташкил / банк / идоракунӣ / технология / навоварӣ / захираҳои моддӣ / маблағгузорӣ / дастгирӣ / истиқлолият / иқтисодиёт / молия / мутахассис / таҳсилоти олӣ ва миёна.

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Мирбобоев Фарзон Раҳматуллоевич

Дар мақолаи мазкур сухан перомуни рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ дар пешрафти маорифи кишвар меравад. Муаллиф дар мақолаи худ бар пояи манбаъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ин пажуҳишро анҷом додааст. Дар мақолаи мазкур масъалаи лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳқиқ гардида, барои боз ҳам беҳтар гардонидани ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд дар соҳаи маорифи кишвар таҳлил ва муқоиса карда шудааст. Бодарназардошти гуфтаҳои боло, имрӯзҳо дар кишвари тозаистиқлоли мо зиёда якчандто лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ амал мекунанд, ки дар таҳқиқоти мазкур бештар доир ба лоиҳаҳои инноватсинӣ нигаронида шудааст, ки мо ин рисолатро дар заминаи сарчашмаҳои дарёфтгардида анҷом додаем. Метавон ишора намуд, ки лоиҳаҳои инноватсионӣ дар рушду нумуи маорифи кишвар нақши бориз дорад, зеро он дар тамоми самҳои рушди таҳсилоти мамлакат саҳмгузор мебошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ҶИҲАТИ РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР»

ТАТБЩИ ЛОИХДХ,ОИ ИННОВАТСИОНЙ ЧЩАТИ РУШДИ МАОРИФИ

КИШВАР

МИРБОБОЕВ ФАРЗОН РА^МАТУЛЛОЕВИЧ

мутахассис оид ба мониторинг ва бах,одих,ии Лоихди «Рушди тах,силоти олй»-и Взорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон

Аннотатсия. Дар мацолаи мазкур сухан перомуни рушди лоща^ои инноватсиони дар пешрафти маорифи кишвар меравад. Муаллиф дар мацолаи худ бар пояи манбащои илми-тащицоти ин пажу^ишро анцом додааст. Дар мацолаи мазкур масъалаи лоща^ои инноватсиони тащиц гардида, барои боз щм бе^тар гардонидани ^амкорщои судманд бо шарикони рушд дар со^аи маорифи кишвар та^лил ва муцоиса карда шудааст.

Бодарназардошти гуфта^ои боло, имруз^о дар кишвари тозаистицлоли мо зиёда якчандто лоиуауои инноватсиони ва лоиуауои илмй-тащицотй амал мекунанд, ки дар тащицоти мазкур бештар доир ба лоща^ои инноватсини нигаронида шудааст, ки мо ин рисолатро дар заминаи сарчашма^ои дарёфтгардида анцом додаем. Метавон ишора намуд, ки лоща^ои инноватсиони дар рушду нумуи маорифи кишвар нацши бориз дорад, зеро он дар тамоми сам^ои рушди та^силоти мамлакат са^мгузор мебошад.

Вожахри калидй: лоща, инноватсиони, сармоя, мактаб, шарикони рушд, маориф, донишгоу, коллец, донишкада, сармоягузори, ташкил, банк, идоракуни, технология, навовари, захира^ои модди, маблаггузори, дастгири, истицлолият, ицтисодиёт, молия, мутахассис, та^силоти оли ва миёна.

РЕАЛИЗАЦИЯ ИННОВАЦИОННЫХ ПРОЕКТОВ ДЛЯ РАЗВИТИЯ СФЕРЫ ОБРАЗОВАНИЯ СТРАНЫ

МИРБОБОЕВ ФАРЗОН РАХМАТТУЛОЕВИЧ

специалист по мониторингу и оценке Проекта "Разивтия высшего образования" Министерство образования и науки Республикии Таджикистан

Аннотация. Данная статья посвящена развитию инновационных проектов в сфере образования страны. Данное исследование автор провел в своей статье на основе научно-исследовательских источников. В данной статье исследуется, анализируется и сравнивается вопрос инновационных проектов с целью дальнейшего улучшения взаимовыгодного сотрудничества с партнерами по развитию в сфере образования страны.

Принимая во внимание вышеизложенное, сегодня в нашей независимой стране существует более нескольких инновационных проектов и научно-исследовательских проектов, которые в данном исследовании больше ориентированы на инновационные проекты, которые мы выполнили этой миссией на основе найденных источников. . Можно отметить, что инновационные проекты играют значительную роль в развитии и качестве образования в стране, так как способствуют всем аспектам развития образования страны.

Ключевые слова: проект, инновационный, капитал, школа, партнеры по развитию, образование, университет, колледж, институт, инвестиции, организация, банк, менеджмент, технология, инновация, материальные ресурсы, финансирование, поддержка, независимость, экономика, финансы, специалист, высшее образование. и средний.

Давлатх,ои пешкадами дунё ба омузиши ин бахш диккати махсус дода, дар асоси поягузории он самараи дилхох,ро ба даст оварданд. Гузашта аз ин, бо максади вусъат бахшидан ба раванди гузариши иктисодиёти кишвар аз модели аграрию саноатй ба саноатию аграрй ва ахдммияти назаррас доштани бахши саноат дар хдлли масъалах,ои ичтимоию иктисодй соли 2018 аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мух,тарам Эмомалй Рах,мон

саноатикунонии босуръати мамлакат хамчун хадафи чоруми миллй ва стратегии давлат ва солхои 2022-2026 «Солхои рушди саноат» эълон карда шуд.

Чумхурии Точикистон ба рушди бахши инноватсионй таваччухи хоса медихад. Дар умум, рушди тахдидоти илмй ба халли вазифахои стратегй, фарохам овардани заминало ва шароит барои рушди босифати идтисодиёти кишвар нигаронида шудааст. Дар соли 2021 дар бахши илмии кишвар 82 муассисаи илмию тахдидотии академй ва сохавй фаъолият менамуд. Дар баробари ин, дар зиёда аз 40 муассисаи тахсилоти олй ва филиалхо тахкидотхои илмй гузаронида мешаванд. Шумораи мутахассисоне, ки бевосита бо фаъолияти илмию тахкидотй ва коркардхо машгуланд, дар кишвар аз 443 нафари дар соли 2015 то 450 нафари дар соли 2021 нисбат ба 1 миллион нафар ахолй афзоиш ёфта, афзоиши миёнаи солона 3,1 дарсадро ташкил дод. Рушди босуръати фаъолияти илмию тахкидотй асоси тагйироти назарраси заминаи техникй ва сохтории идтисоди миллй бо мадсади баланд бардоштани радобатпазирии он мебошад. Тибди тачрибаи чахони адибмонй дар худуди 12 мох дар коркардхои технологии махсулот даромадро аз фуруш ё истифодаи онхо дар тули тамоми давраи хаёти махсулот дар худуди кариб 50 дарсад кохиш медихад. Ин як ангезаи чиддй барои рушди босуръати тахкидотхои илмй дар сохахои афзалиятноку ояндадор ва навсозии босуръати истехсолот мебошад. Азбаски Стратегияи Чумхурии Точикистон дар сохахои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ислохоти мидёси дарозмуддатро муайян мекунад, хеле мухим аст, ки натичахои фосилавии ислохот дар барномаи миёнамухлат инъикос ёбанд. Чунин раванд бояд дар робита бо нишондихандахои максадноки афзалиятхои асосии рушд таъмин гардад. Аз ин хотир, дурнамои рушди бахшхои калидии илм, технология ва инноватсияхои кишвар бояд ба талаботи муосири глобалй ва миллй чавобгу бошанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар пешрафти маорифи кишвар мавдеи лоихахои инноватсионй басо калон мебошад, зеро он хам аз лихози идтисодй ва аз чихати молиявй ба рушду нумуи сифати тахсилоти чумхурй таъсиргузор мебошад. Х,амаи он лоихахои инноватсионй ба пешрафти маорифи кишвар ва рушди дурнамои он накши боризро мебозад, зеро тамоми он аз тарафи кишвархои сармоягузор ташкил ва дастгирй карда мешаванд.

Дар Чумхурии Точикистон лоихахои инноватсионй бо хадафхои зайл таъсис дода мешавад:

- рушди имкониятхои илмию техникй ва технологию инноватсионии Чумхурии Точикистон;

- татбиди барнома ва лоихахои инноватсионй;

- ташкил ва татбиди барномахои инноватсионии давлатй ва гайридавлатй;

- мусоидат ба инкишофи технологияхои муосири илмталаб;

- тахкими заминаи моддию техникй ва молиявии муассисахои таълимй, илмию тахдидотй, истехсолй ва дарёфти сармояи дохилию хоричй барои рушди илм ва технология;

- муттахид сохтани неруи зехнй барои пешбурди тахдидоти илмй ва чорй намудани технологияи аълосифати муосир дар истехсолот;

- рушди корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхои хурду миёна;

- ташкили чойхои нави корй;

- дар истехсолот чорй намудани дастовардхои илмй, технологй ва инноватсионй;

- хамкории муассисахои илмй ва бизнеси инноватсионй [6].

Аз руи иттилооти пайдо намудаи мо, имрузхо дар доираи хамкории судманду созандаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо шарикони рушд дар сохаи маорифи кишвар татбиди 6 лоиха, ба хусус, Лоихаи «Инкишофи барвадтии кудакон барои густариши сармояи инсонй дар Точикистон», Лоихаи «Сохтмон ва мучаххазгардонии мактабхо, мархилаи 4», Лоихаи «Дастгирии татбиди Стратегияи миллии рушди маориф», Лоихаи «Бехтарсозии малакахои касбй ва имконияти бокортаъминшавй», Лоихаи «Тахсилоти касбию техникй ва омузиш дар минтадахои кухии Точикистон» ва Лоихаи «Дастгирии гизои мактабй» бо чалби 210 миллион доллари амрикой мавриди татбид дарор доранд [7].

Инчунин, соли 2023 татбики «Лоихаи мухити таълим, асоси таълимоти босифат» барои солхои 2023-2028 бо чалби 50 миллион доллари амрикой огоз меёбад.

Дар асоси ^онуни Чумхурии Точикистон аз 16 апрели соли 2012, № 822 "Дар бораи фаъолияти инноватсионй" [1] фаъолияти инноватсионй - фаъолияте, ки ба тахия ва чорй намудани инноватсия (натичаи нав ё такмилдодашудаи тахкикоти илмй, корхои тачрибавию конструкторй ё дигар дастовардхои илмию техникй) алокаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи махсулот, хизматрасонй, усули истехсолот ё дигар натичаи самараноки чамъиятй равона карда шудааст. Махсулоти инноватсионй бошад натичаи фаъолияти инноватсионй, ки дар шакли нави махсулот, кор ва хизматрасонихо, усули истехсолот ё натичаи дигари барои чамъият самаранокиаш баланд ё натичаи интиколи махсулоту хизматрасонихои мавчуда, усулхои истехсолот ва натичахои дигари фоиданоки чамъиятй ифода меёбад. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионй аз чониби макомоти давлатй дар шаклхои зерин амалй мегардад: маблаггузории корхои илмию тахкикотй, тачрибавию конструкторй ва технологй барои ба вучуд овардани махсулоти нав ё такмилдодашуда, технологияи нав ё такмилдодашуда, ки барои истифодабарии амалй таъин шудаанд; ба субъектхои фаъолияти инноватсионй барои ихтиёрдорй ё истифодабарй пешниход намудани молу мулки давлатй, натичахои фаъолияти зехнй ва воситахои фардикунонидашудаи ба онхо баробар; мукаррар намудани имтиёзхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон; мусоидат ба рушди корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхое, ки ба фаъолияти инноватсионй машгуланд; дастгирии истехсолию технологии субъектхои фаъолияти инноватсионй; расонидани хизматхои махсусгардонидашуда ва машваратй; маблаггузории корхо оид ба тайёр намудан ва баланд бардоштани дарачаи тахассусии мутахассисон дар сохаи фаъолияти инноватсионй; фарохам овардани шароити зарурии ташкилй, хукукй ва иктисодй, ки сармоягузориро барои татбики сиёсати давлатии инноватсионй таъмин менамояд; ташаккули инфрасохтори инноватсионии илм, истехсолот ва хизматрасонй; иштирок дар ташкили истехсолоти ракобатпазир; таъмини бозори кафолатноки фуруши махсулоти инноватсионй дар асоси фармоиши давлатй; пешбарии инноватсияхои ватанй ба бозори хоричй [6].

Бояд тазаккур дод, ки лоихахои инноватсионй дар рушду нумуи маорифи кишвар накши бориз дорад, зеро он дар тамоми самхои рушди тахсилоти мамлакат сахмгузор мебошад. Ба ибораи дигар ифода намоем, дар бехтар гардонидани сифати тахсилоти муассисахои тахсилоти миёна ва олии кишвар мавкеи густурдаеро моли аст. Барои хамин, хам моро мебояд, ки дар бехтар гардонидани сифати таълиму тарбияи насли чавони чамеаи сохибистиклоламон камари химмат бандем, то ки барои наслхои минбаъда ягон меросе аз худ бокй гузорем.

Х,амкории судманду самарабахш бо шарикони рушд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон дар самти сохтмону навсозй ва мучаххазнамоии иншооти сохаи маориф сол аз сол густариш меёбад. Ин раванд чихати ба сатхи сифатан нав баровардани таълиму тарбияи насли наврасу чавон такони чиддй мебахшад.

Бо гамхорй ва дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар зинаи тахсилоти ибтидой ва миёнаи касбй низ барнома ва лоихахои нав амалй мегарданд, ки барои чорй намудани навигарихо дар ин самт ва рушди малакахои касбии наврасону чавонон мусоидати бештар менамоянд. Васеъ намудани шугли самаранок мутобики Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 аз хадафхои асосии Лоихаи «Бехтарсозии малакахои касбй ва имконияти бокортаъминшавй» мебошад, ки амалигардонии он дар чумхурй аз соли 2021 идома дорад.

Дар давоми солхои сохибистиклолии Ватанамон Точикистони офтобй тахсилоти томактабй дар мамлакат яке аз самтхои афзалиятноки сохаи маориф эътироф гардида, бо максади фарохамсозии шароити бехтари таълиму тарбияи насли навраси чомеаи тозаистиклол дар кудакистонхо баробари афзоиш додани маблаггузории давлатй ба ин самт, инчунин дар доираи хамкории самарабахш бо шарикони рушд тадбирхои мухим рохандоз карда шуданд.

Хулоса, хаминро бояд гуфт, ки дар умум, давоми панч соли ахир аз хисоби хамаи сарчашмахои маблаггузорй дар кишвар 842 бинои муассисаи таълимй барои 382 хазор хонанда, бавижа, соли 2022 190 бинои таълимй барои 87 хазор нафар хонанда мавриди истифода карор гирифтааст.

Дар доираи татбики хадафхои Хукумати мамлакат ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон чихати бунёди бинохои нави муассисахои таълимй, тахкими хамкорй ва ба фаъолият огоз намудани филиалхои муассисахои таълимии бонуфузи давлатхои пешрафтаи дунё дар пойтахти мамлакат - шахри Душанбе низ тадбирхои мухиму саривактй андешида мешаванд.

Хамин тарви, ба акидаи мо агар чунин нишондихандахо чун унсури асосии фаъолияти лоихахои инноватсионй бошанд, он мунтазам фаъолият намуда, рушд мекунад: баланд бардоштани суръати рушди инноватсионии сохаи маорифи кишвар; баланд бардоштани самаранокии захирахои сармоягузорй; афзоиши муомилоти моли истехсолй; чалб намудани олимони ихтирокор ба фаъолияти корхои тахкикоти дар чодаи илми мамлакат; бехтар гардонидани хамкорихои судман бо шарикони рушд дар сохаи маорифи кишвар мебошад.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. ^онуни ЧТ «Дар бораи фаъолияти инноватсионй» 16.04.2017, (АМОЧТ с.2012., №4, мод. 272).

2. Абдуллоев А.Б. Татбики лоихахои инноватсионй дар сохаи тарбияи чисмонй ва варзиш дар шароити иктисоди бозорй // А.Б.Абдуллоев. Паёми Донишгохи миллии Точикистон. Бахши илмхои ичтимой-иктисодй ва чамъиятй. 2020. № 4. С. 60-63.

3. Мухаммади А., Бакоев Ш.С., Роххои афзалиятноки татбики лоихахои сармоягузории минтакавй // А. Мухаммади, Ш.С. Бакоев. Вестник Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава. Серия гуманитарных и экономических наук. 2020. № 1-3 (77). С. 170-173.

4. Бакоев Ш.С., Саидмуродов Ш.Н., Тахия ва татбики лоихахои сармоягузории минтакавй (чанбахои назариявй) // Ш.С. Бакоев, Ш.Н. Саидмуродов. Кишоварз. 2019. № 2. С. 211-214.

5. Баротзода Ш.М., Сайфиддинзода С.С., Роххои афзалиятноки татбики лоихахои сармоягузорй дар вилояти Хатлон. // Ш.М. Баротзода, С.С. Сайфиддинзода. Мактаби сиёсии Пешвои миллат. 2020. № 1. С. 153-157.

6. https://tgpu.tj/тёех.рИр?орйоп=сот content&view=article&id=4288%3A2024-02-06-06-58-13&сайё=344%3Л8оН2024&1апа=^

7. https://khovar.tj/2023/10/davomi-so1-oi-2007-2023-dar-so-ai-maorifi-to-ikiston-22-1oi-ai-sarmoyaguzorii-dav1at-ama1-namuda- 16-1оьа-ригга-ап-от-уоА:/

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.