Научная статья на тему 'ТАДБИРҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ХУСУСӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҶАЗЗОБИЯТИ ИНВЕСТИТСИОНИИ ҚУТБҲО ВА НУҚТАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА'

ТАДБИРҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ХУСУСӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҶАЗЗОБИЯТИ ИНВЕСТИТСИОНИИ ҚУТБҲО ВА НУҚТАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА Текст научной статьи по специальности «Экономика и бизнес»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон / ҷаззобияти инвеститсионӣ / қутбҳо ва нуқтаҳои рушд / иқлими сармоягузорӣ / методикаҳои арзёбӣ / соҳаҳои хоҷагии халқ / корхонаҳо

Аннотация научной статьи по экономике и бизнесу, автор научной работы — Насимова Машҳурахон Абдуллоҷоновна

Дар мақолаи мазкур маҷмӯи тадбирҳо оид ба беҳтар намудани ҷаззобияти инвеститсионии иқтисодиёти минтақавӣ аз нуқтаи назари маблағгузории афзалиятноки қутбҳою нуқтаҳои рушди минтақавӣ баррасӣ шудааст. Замони муосир масъалаи арзёбии ҷаззобияти инвеститсионӣ мавриди таваҷҷўҳи васеи илмӣ қарор дорад. Дар асоси ин дар мамлакат қонунҳо, барномаҳо ва методикаҳои сершумори арзёбӣ амал мекунанд. Аз рӯи объекти татбиқ ва меъёрҳои арзёбӣ методикаҳои пешбинишударо ба мамлакат умуман, минтақа, соҳа ва корхона таҳлил карда мешаванд. Вобаста ба ин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фазои инвеститсионӣ барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба мамлакат ва минтақаҳои он таҷрибаи якчанд давлатҳои пешқадам таҳлил карда шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «ТАДБИРҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ХУСУСӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҶАЗЗОБИЯТИ ИНВЕСТИТСИОНИИ ҚУТБҲО ВА НУҚТАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚА»

УДК 330

ТАДБИР^ОИ ДАВЛАТЙ ВА ХУСУСЙ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЧДЗЗОБИЯТИ ИНВЕСТИТСИОНИИ ЦУТБ^О ВА НУЦТА^ОИ РУШДИ

ЩТИСОДИЁТИ МИНТАЦА

НАСИМОВА МАШ^УРАХОН АБДУЛЛО^ОНОВНА

Дотсенти кафедраи назарияи иктисодии Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати

Точикистон, Хучанд

Аннотатсия: Дар мацолаи мазкур мацмуи тадбирм оид ба бе^тар намудани цаззобияти инвеститсионии ицтисодиёти минтацави аз нуцтаи назари маблаггузории афзалиятноки цутб^ою нуцтауои рушди минтацави барраси шудааст.

Замони муосир масъалаи арзёбии цаззобияти инвеститсиони мавриди таваццущ васеи илми царор дорад. Дар асоси ин дар мамлакат цонунщ барнома^о ва методиками сершумори арзёби амал мекунанд. Аз руи объекти татбиц ва меъёр^ои арзёби методиками пешбинишударо ба мамлакат умуман, минтаца, со^а ва корхона та^лил карда мешаванд. Вобаста ба ин бо мацсади баланд бардоштани сатщ фазои инвеститсиони барои цалби сармощои хорици ва дохили ба мамлакат ва минтаца^ои он тацрибаи якчанд давлат^ои пешцадам та^лил карда шудааст.

Калидвожахр: конун^ои Цум^урии Тоцикистон, цаззобияти инвеститсиони, цутбуо ва нуцта^ои рушд, ицлими сармоягузорй, методиками арзёби, сощцои хоцагии халц, корхона^о.

Дар Чумхурии Точикистон солхои охир масъалаи бехтар намудани иклими сармоягузорй ва баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионии мамлакат самти асосии сиёсати иктисодии хукумати кишвар, сохторхои иктисодиёти миллй ва минтакавй ба хисоб меравад. Дар асоси он бо максади ноил гаштан ба рушди иктисодй тадбирхои зиёде хам дар сатхи давлат ва хам корхонахои алохида андешида мешаванд, ки ба бехтар намудани фаъолияти иктисодй дар мамлакат ва минтакахои он нигаронида шудаанд. Зери мафхуми иклими сармоягузорй мачмуи чорахо, имкониятхо, заминахои ичтимоиву иктисодй, ташкиливу хукукй ва сиёсй, ки имконпазирии чалби сармояро ба мамлакат муайян мекунанд, фахмида мешавад.

Чаззобияти инвеститсионии минтака хамчун мачмуи омилхо, имкониятхои зиёде, ки дарачаи воридшавии сармоягузориро ба минтака муайян мекунад, фахмида мешавад. Ба сифати нуктахои рушд он корхонахое дохил карда мешаванд, ки истифодаи аз хама самарабахши омилхои истехсолотро аз хисоби тачдид ва тагйири сохтори истехсолот, чорй намудани технологияхои инноватсионй таъмин мекунанд.

Бо максади бехтар кардани иклими сармоягузорй ва ноил шудан ба рушди иктисодии мамлакат ва минтакахои он як катор чорабинихо гузаронида шуда истодаанд.

Дар мамлакат имруз барои химоя ва дастгирии сохибкорон ва сармоягузорон чорашо ва тадбирхое амал мекунанд, ки дар конунхои Чумхурии Точикистон "Дар бораи чамъиятхои сааомй", "Дар бораи муфлисшавй", "Дар бораи химоя ва дастгирии давлатии сохибкорй" асоснок карда шудаанд. Мисоли он Фонди дастгирии сохибкорй соли 2013 дар кишвар таъсис дода шуда, сахмияхои назоратии он ба давлат тааллук доранд. Маблаггузории фонди мазкур аз хисоби бучети давлатй ва дигар манбаъхо буда, максади асосии он расонидани кумаки молиявй ба сохибкорон ва додани карзхои имтиёзнок мебошад.

Гайр аз ин, бо максади фарохам овардани иклими мусоиди сармоягузорй дар сатхи миллй конунхои Чумхурии Точикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатй дар Чумхурии Точикистон", "Дар бораи минтакахои озоди иктисодй", "Дар бораи созишномахои инвеститсионй" кабул карда шудаанд.

Инчунин бояд зикр кард, ки соли 2015 мархилаи дуюми амали Барномаи дастгирии давлатии сохибкорй ба амал бароварда шуд, ки дар доираи он ислохот дар самти бехтар намудани иклими сармоягузорй ва бизнес пешбиш гардидааст. Инчунин аз чониби Хукумати

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Чумхурии Точикистон "Барномаи дастгирии давлатии сохибкорй барои солхои 2012-2020", ки бо ^арори Хукумати мамлакат аз 1-уми декабри соли 2014, №740 кабул гардидааст, амалй гардид, ки максади он бартараф намудани монеахо дар ташкили фаъолияти сохибкорй буд [1].

Бояд кайд кард, ки аз 1 январи соли 2013 ба Кодекси андози Чумаурии Толикистон тагйироту иловато ворид карда шуд, ки тибки он номгуйи андозхо аз 21 то 10 намуд махдуд карда шуданд [2].

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Лумаурии Толикистон, мухтарам Эмомал'1 Раамон, ки санаи 21.01.2021 ба Маллиси Ол ироа гардид, кайд карда шуд, ки ба Кодекси андоз дар тахрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 огоз мегардад, бо максади саноатикунонии босуръати кишвар сабукихои зиёд пешниход гардида, бар замми ин шумораи андоз аз 10 то 7 номгуй кам карда мешавад [3].

Ин тадбирхои мухим бо максади дастгирии сохибкорй, хавасмандгардонии субъектони бозор барои ноил гаштан ба рушди иктисодй, саноатикунонии босуръати кишвар ба хисоб меравад.

Бо максади татбики Консепсияи сиёсати давлатии чалб ва химояи сармоягузорй аз тарафи Парлумони мамлакат санаи 15 марти соли 2016 конун "Дар бораи сармоягузорй" бо тагйироту иловахо кабул карда шуд. Тибки ин конун мафхумхо ва мукаррароти нав, аз чумла шархи нави мафхуми "сармоягузорй", бо назардошти омузиш ва тахлили тачрибаи чахонй пешниход гаштааст [2].

Гайр аз ин, солхои охир низоми конунгузории мамлакат ба сармоягузорон дарачаи баланди кафолат ва зиёда аз 240 имтиёз ва кумакпулихоро пешбинй намудааст, ки боиси рушди сохибкорй мегарданд ва ба ин васила, ба чалби сармояхои хоричй ва ватанй ба иктисодиёти минтака мусоидат менамоянд [2].

Гайр аз ин, бо максади ташкили шароити хукукй ва иктисодй барои рушди сохибкорй соли 2012 "Конун дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусй" ва бо максади татбики самараноки он Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусй таъсис дода шуд [4].

Мохи марти соли 2016 "^онун дар бораи хочагихои дехконй" дар тахрири нав кабул гардид, ки он ба хочагихои дехконй макоми шахси хукукй ва ба аъзоёни хочагихои дехконй -коллективй хукуки чамоавии истифодаи заминро медихад [5]. Боиси кайд аст, ки амали конуни мазкур барои инкишофи раванди фаъолияти хочагихои дехконй имкон оварда, метавонад ба афзоиши хиссаи бахши аграрй дар нишондихандахои ММД ва мачмуи махсулоти минтакавй дар кишвар мусоидат намояд.

Инчунин барои сармоягузороне, ки фаъолияти онхо бо коркарди пахта пурра алокаманд мебошад, имтиёзхои махсуси андозй ва гумрукй пешбинй шудааст. Масалан, корхонахое, ки бо сикли пурраи коркарди нахи пахта ба махсулоти нихой машгуланд ва махсулоти онхо бевосита ба конеъгардонии эхтиёчоти ахолй нигаронида шудааст, аз бочи гумрукй ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Инчунин тибки конунгузорй ворид сохтани техникаи таъиноти кишоварзй, тачхизоти истехсолию технологй ба мамлакат аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудааст.

Добили кайд аст, ки дар тачрибаи чахонии фаъолияти инвеститсионй шумораи зиёди усулхо ва принсипхое амал мекунанд, ки кабули онхо метавонанд барои баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионии минтакахо мусоидат намоянд.

Вобаста ба ин консепсияи баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионии иктисодиёти минтакавй бояд ба модели сармоягузорие асос ёбад, ки дар заминаи он бозтаксими сармоя бештар ба самтхои рушдкунанда равона карда шавад Ба фикри мо ба сифати онхо кутбхо ва нуктаи рушд баромад карда метавонанд.

Бояд кайд кард, ки айни замон дар Чумхурии Точикистон гузариш аз модели интихоби объекти сармоягузорй - корхонахо мушаххас - ба модели тахия ва татбики лоихахои инвеститсионй амалй карда мешавад. Ба акидаи мо, чун ядрои лоихахои инвеститсионй метавонанд кутбхо ва нуктахои рушди иктисодиёти минтакавй баромад кунанд, ки аз маблаггузории самараноки онхо фоидаи зиёд гирифтан мумкин аст.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

Тахлили заминаи конунгузорй ва амалияи мавчуда дар ин масъала нишон дод, ки чорахои пешниходшуда мумкин аст ба ду гурух таксим карда шаванд: умумй, ки дар мачмуъ дар иктисодиёти минтакавй, сохавй амал мекунанд; хусусй (чадв.1), яъне чорахое, ки дар сатхи корхонахо амал мекунанд.

Бояд кайд кард, ки дар микёси соха хар як чораи пешниходшуда маънои мушаххаси худро дорад. Масалан, чунин тадбирхо, ба монанди паст кардани бочи гумрукй ба тачхизоти воридшаванда ба мамлакат, рушди шарикии давлат ва бахши хусусй - пеш аз хама ба сохаи саноат тааллук доранд. Дигар тадбирхо дар сатхи сохахои алохидаи хочагии халк тахлил шудаанд. (чадв.1)

Ч,адвали 1 - Тадбирхо оид ба баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионии кутбхо ва нуктахои рушди иктисодиёти минтакавй

№ Сохахои татбик Таснифи чорахои пешниходшуда дар сатхи иктисодиёти миллй ва минтакавй

Иктисодиёти минтакавй 1.1 Маблаггузории корхонахое, ки кутбхои рушдро таъсис медиханд

1.2 Гузаронидани рейтинги чаззобияти инвеститсионии минтакахо

2 Сохаи саноат 2.1 Таквияти амали механизми паст кардани бочи гумрукй барои тачхизоти воридшаванда

2.2 Рушди сиёсати шарикии давлат ва бахши хусусй

2.3 Х,авасмандонии мансабдорон оид ба чалби сармоягузорй бо максади баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионй

3 Сохаи кишоварзй 3.1 Пешниходи давлатии субсидияхои инвеститсионй бо барномаи давлатии "Агробизнес -2020"

3.2 Такмил додани сиёсати давлатй оид ба хариди давлатии махсулоти корхонахои аграрй бо нарххои мукарраршуда

4 Сохаи хизматрасонй 4.1 Тахияи чорабинихо оид ба пешниходи субсидияхои давлатй бо максади озод кардан аз пардохти фоизи карзи бонк то 3 сол

4.2 Додани имтиёзхои давлатии дарозмуддат дар шакли озод намудан аз пардохти ичора

4.3 Х,авасмандгардонии сиёсати давлатй оид ба пардохти субсидияхо ба субъектхои алохида аз бучети чумхуриявй барои пардохти кисми чуброни харочоти фоизи карзхо

Муаллиф тахия кардааст

Мисоли мусбй тачрибаи Русия мебошад, ки дар он бо максади бехтар намудани фазой сармоягузорй рейтинги солонаи чаззобияти сармоягузории минтакахо тибки меъёрхои муайян пешбарй карда мешавад, ки инхоянд [6, с.22]:

• кам кардани дарачаи хавфи сармоягузорй;

• сатх ва самараи баланди идоракунии минтака;

• бехтарин вазъи молиявй дар минтака;

• шароити мусоид барои сармоягузорй;

Бахшхои номинатсияи аввал мумкин аст барои муайян намудани рейтинги шахру нохияхои вилояти Сугд ва барои дигар минтакахои Чумхурии Точикистон истифода бурда шаванд. Номинатсияи чорум - хамчун шароити мусоид барои сармоягузорй - хусусиятхои давлатй ва мунитсипалии идоракунии минтакахои мамлакатро дар бар мегирад. Яке аз роххои дигари баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кутбхо ва нуктахои рушд чорахои аз

тарафи давлат паст кардани бочи гумрукй барои воридоти тачхизот мебошад, ки боиси паст кардани харочоти истехсолй ва афзоиши фоида дар корхона мегардад, баромад кунад.

Боиси кайд аст, ки даромаднокии корхона хамчун таносуби фоида ва харочоти умумй мебошад. Кам кардани хиссаи харочот ба афзоиши хачми даромад ва баланд бардоштани хосилнокии мехнат дар истехсолот оварда мерасонад. Ин механизмро ба кутбхо ва нуктахои рушди иктисодиёти минтака, бо максади баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионй ва чалби сармояхои хоричй ва ватанй истифода бурдан мумкин аст. Ба сифати чораи дигари чалби сармояи хоричй метавонад сиёсати хавасмандгардонии шарикии давлат ва бахши хусусй хизмат намояд.

Масалан, Н. Н. Кузьмина вазъи иктисодиёти Чумхурии Чувашияро тахлил карда пешниход мекунад, ки ба сифати механизми баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионй истифода бурдани механизми шарикии давлат ва бахши хусусй ба максад мувоффик аст, ки ба бехтар намудани мухити сармоягузорй дар минтакахо оварда мерасонад [7, с. 20].

Мувофики консепсияи муаллиф, дар шароити имруза, вакте ки бизнес ва давлат хамчун иштирокдорони баробархукуки бозор ба хисоб мераванд, муносибатхои байни онхо метавонад боиси рушди истехсолот, баланд бардоштани сатхи даромаднокй, вазъи ракобат ва зиёд намудани хиссаи корхонахо дар бозор гардад.

Ба фикри мо, имрузхо шарикии давлат ва бахши хусусй дар Чумхурии Точикистон бо рохи хавасмандгардонии муносибатхои байни давлат ва бизнес ва истифодаи он дар корхонахое, ки ба сифати кутбхои рушд баромад мекунанд, метавонад ба бехбудии чаззобияти инвеститсионии минтака таъсири мусбат расонад.

А.А.Бурков дар шакли механизми баланд бардоштани чаззобияти инвеститсиош шавасмандии шахсони мансабдорро барои чалби сармоя ба иктисодиёти минтака пешнишод менамояд [6, с.22]. Муаллиф кайд менамояд, ки дар бисёре аз кишвархои тараккикарда болоравии мансаби макомоти минтакавй аз шачми сармояхое, ки онхо ба минтака чалб мекунанд, вобаста аст. Ин хам бошад хамчун яке аз роххои хавастандгардонй маънидод кардан мумкин аст.

Яке аз чорахое, ки ба сохаи кишоварзй тааллук дорад, тачрибаи давлати ^азокистон мебошад. Дар мамлакат тибки барномаи давлатии "Агробизнес - 2020" ба сармоягузорон субсидияхои инвеститсионй пешниход карда мешаванд. Вобаста ба лоихаи пешниходшуда давлат ба сармоягузорон барои ташкил ва татбики иктидорхои истехсолй дар комплекси агросаноатй имконияти пардохти кисми харочотро дар андозаи аз 20 то 80 % медишад.

Ба сифати механизми дигар метавонад сиёсати озод кардан аз бочхои гумрукй барои воридсохтани техникаи таъиноти кишоварзй ва тачхизоти истехсолию технологй баромад кунад. Пешниходи субсидияхои давлатй ба корхонахои вилояти Сугд метавонад ба афзоиши истехсоли махсулоти кишоварзй ва паст намудани нархи махсулоти ин корхонахо мусоидат намояд. Амалй гардонидани ин тадбирхо ба паст намудани харочоти корхонахо мусоидат карда, ба баланд бардоштани даромаднокии фуруш таъсир мерасонад.

Тачрибаи давлати Русия, ки дар ин чо хариди давлатии махсулоти кишоварзй бо нарххои мукарраршуда ба рох монда шудааст, чолиби диккат аст. Ба ибораи дигар давлат аз як тараф ба комплекси агросаноатй даромадро кафолат медихад, аз тарафи дигар нарххои мувозинатиро барои махсулоти эхтиёчоти аввали омма кафолат медихад. Ин тадбирхо ба афзоиши даромаднокии корхонахо мусоидат мекунанд.

Яке аз усулхои зиёд кардани фоида ва кам намудани харочот дар истехсолот озод намудани корхонахои навтаъсис аз пардохти фоиз барои карзи бонк ба мухлати то се сол мебошад. Пешниходи мазкурро барои истехсолкунандагони кутбхо ва нуктахои рушд метавон истифода бурд, зеро он сабаби фаъолгардонии ракобат дар минтака мусоидат хошад кард. Аз нуктаи назари истехсолкунанда, карзхои бонкии бефоиз боиси кам гардидани харочот дар истехсолот ва баланд бардоштани даромаднокии фуруш шуда метавонад. Инчунин фаъолсозии ракобати бозорй ва имконияти зиёд намудани даромаднокии корхонаро низ ноил гардидан мумкин аст.

Гайр аз ин мисоли дигар тачрибаи Федератсияи Русия мебошад, ки тибки барномаи давлатй ба корхонахои навтаъсис имтиёзхои ичоравии дарозмухлат дар намуди озод кардан аз маблаги ичора ба мухлати то 3 сол, аз соли 4-ум пардохти он дар хачми 15 % аз маблаги солона ва аз соли 5-ум 20 % -и маблаги солонаи музди ичора пешбинй шудааст. Ба фикри мо Ии усул яке аз роххои хавасмандгардонии истехсолот дар минтака ба хисоб меравад. Истифодаи механизми мазкур боиси чалби натанхо сармояи ва баланд бардоштани хачми фоидаи корхона мегардад.

Намунаи дигар тачрибаи давлати Кабардино-Балкария шуда метавонад, ки барои сармоягузорони ватанй ва хоричй санадхои меъёрии хукукии якхела, шартхои татбик, дастгирии давлатй дар шакли пешниходи карзи бучетй ва трансфертхо мебошад. Ч,олиби диккат он аст, ки давлат барои субъектхои алохида фаъолиятбаранда аз бучети чумхуриявй субсидия барои чуброни кисми пардохти фоизи карзхо чудо мекунад. Ин тадбирхо низ боиси афзоиши ракобат дар бозор ва хавасмандгардонии истехсолкунандагон дар мамлакат шуда метавонад.

Тачрибаи давлати Чин омили фаъол намудани вазъи ракобат дар бозор ва баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионии соха ва минтака буда метавонад. Дар раванди гузаронидани сиёсати самаранок дар давлати Чин минтакахои махсуси иктисодй бо релаи махсуси андозбандй таъсис дода шудаанд. Вобаста ба ин барои бехтар намудани сифати мол ва афзун намудани хачми содирот дар давлати Чин "шабакаи содирот" таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 80 % махсулоти он ба содирот равона мешавад.

Дар ин маврид раванди ноил шудан ба рушди иктисодй аз афзоиши содироти махсулот вобаста аст. Кафолати фуруши махсулот яке аз нишондихандахои асосй барои истехсолкунандагони ватанй ва хоричй ба хисоб меравад. Бояд таъкид кард, ки махз сиёсати давлатй, чорахои андешидашуда барои бехтар намудани фазои сармоягузорй ва баланд бардоштани чаззобияти инвеститсионй дар давлати Чин дар рушди иктисодии мамлакати мазкур накши муаим бозидааст. Тачрибаи мазкур ба бехтар намудани вазъи бозор, инчунин ба зиёд кардани хачми истехсол ва фуруши махсулоти минтакавй, имкони баромадан ба бозори чахонй мусоидат менамояд.

Дар хулоса бояд зикр намуд, ки барои хавасмандгардонии сармояи хоричй ва нигох доштани сармояи ватанй бояд иклими инвеститсионии мусоид фарохам оварда шавад. Дар айни замон дар Чумхурии Точикистон гузариш аз модели интихоби объекти сармоягузорй ба модели тахия ва татбики лоихахои инвеститсионй амалй карда шудааст. Ба хайси ядрои лоихахои инвеститсионй метавонанд кутбхо ва нуктахои рушди иктисодиёти минтакавй баромад кунанд, ки аз маблаггузорй ба онхо даромади зиёд ба даст овардан мумкин аст.

АДАБИЁТХО

1. Постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 декабря 2014 года, "О плане мероприятий Правительства Республики Таджикистан по реализации второго периода Программы государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы", г. Душанбе, от 1 декабря 2014 года, №740 [электронный ресурс] -Режим доступа: http://www adlia..tj//show_doc. (дата обращения: 26.11.2021).

2. Послание Президента Республики Таджикистан, Лидера нации Эмомали Рахмона в Маджиси Оли Республики Таджикистан от 21.12.2021 [электронный ресурс]. URL: http://president.tj/ru (дата обращения: 03.01.2022).

3. Закон Республики Таджикистан «Об инвестициях» (с изменениями и дополнениями по состоянию на 03.08.2018) г. Душанбе, от 15 марта 2016 года, №1299 [электронный ресурс] - Режим доступа: http://ncz.tj//content (дата обращения: 14.12.2021).

4. Закон Республики Таджикистан "О государственно - частном партнерстве" г. Душанбе, от 28.12.2012 года, № 907 [электронный ресурс] - Режим доступа: http://ncz.tj//content (дата обращения: 10.09.2021).

5. Закон Республики Таджикистан "О дехканском хозяйстве", принятый постановлением МН МОРТ, г. Душанбе, от 15.03.2016, №1289 [электронный ресурс] - Режим доступа: http://www.andoz.tj//show doc (дата обращения: 08.07.2020).

6. Бурков А. А. Государственное регулирование инвестиционного климата в условиях глобализации: автореф. дисс...канд. экон. наук: Москва, 2012.- 28с.

7. Кузьмина Н.Н. Инвестиционная привлекательность как фактор социально -экономического развития региона: автореф. дисс... канд. экон. наук: - Чебоксары, 2012.-26с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.