УДК: 336.564.2
САМАРАНОКИИ ИМТИЁЗ^ОИ АНДОЗЙ ДАР РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ
субъектной со^ибкории ^ум^урии точикистон
Шодиев Ф.Т. Гулмуродзода Р.Г.
Аннотатсия. Дар мацола нацши имтиёз%ои андози дар рушди ицтимою щтисодии мамлакат барраси шудааст. Дар шароити имруза имтиёз%ои андози яке аз фишанги асоси барои %авасманднамоии со%ибкорон мебошад, ки барои таъмини воридоти андозии цисми даромади буцети давлати, зиёд намудани цощои кории холи, %авасманд намудани со%ибкорон барои машгулшавй ба фаъолияти со%ибкори, дарёфти манба%ои нави андозбанди, цалби сармоягузорщои дохиливу хорици ба ицтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.
Калидвожахр: имтиёз%ои андози, %авасмандкуни, буцети давлати, со%ибкорон, нишондщанда, сармоя, паррандапарвари, сайё%и.
Барои ицтибос: Шодиев Ф.Т. Самаранокии имтиёз%ои андози дар рушди фаъолияти субъект%ои со%ибкории Цум^урии Тоцикистон / Ф. Т. Шодиев, Р. Г. Гулмуродзода //Паёми молия ва ицтисод. - 2024. - No. 3(41). - С. 66-76.
ЭФФЕКТИВНОСТЬ НАЛОГОВЫХ ЛЬГОТОВ В РАЗВИТИИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СУБЪЕКТОВ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Шодиев Ф. Т.
Гулмуродзода Р.Г.
Аннотация. В статье рассматривается роль налоговых льгот в социально-экономическом развитии страны. В современных условиях налоговые льготы являются одним из основных инструментов поощрения предпринимателей, которые используются для обеспечения налоговых поступлений части доходов государственного бюджета, увеличения вакансий, стимулирования предпринимателей к занятию предпринимательской деятельностью, поиска новых источников налогообложения, привлечение внутренних и иностранных инвестиций в экономику страны.
Ключевые слова: налоговые льготы, поощрение, государственный бюджет, предприниматели, показатели, капитал, птицеводство, туризм.
EFFECTIVENESS OF TAX BENEFITS IN THE DEVELOPMENT OF ACTIVITIES OF BUSINESS ENTITIES OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
Shodiev F.T.
Gulmurodzoda R.G.
Annotation. The article examines the role of tax incentives in the socio-economic development of the country. In modern conditions, tax incentives are one of the main tools for encouraging entrepreneurs, which are used to ensure tax revenues for part of the state budget revenues, increase vacancies, encourage entrepreneurs to engage in entrepreneurial activities, search for new sources of taxation, and attract domestic and foreign investment in the country's economy.
Key words: tax benefits, incentives, state budget, entrepreneurs, indicators, capital, poultry farming, tourism.
Гузориши масъала. Дар таъмини рушди устувори иктисоди миллй тахкими механизми хавасмандгардонии сохахои мухталиф, таквият додани сахми бахши хусусй ва истифодаи тачрибаи муосири байналмилалй накши муассир дорад. Имтиёзхо ва сабукихои пешбинишудаи андозй ба бехтаргардонии фазои сохибкорию сармоягузорй ва кам кардани монеахои маъмурй нигаронида шуда бошад, аз чониби дигар харочоти андозй эътироф гардида, дар сурати гайримаксаднок истифода шудан, бинобар махдудияти сарчашмахои андозбандй ва дар ин радиф бавучудоии мушкилоти молиявй дар тавозуни бучети давлатй сарбории иловагиро эчод менамояд.
Тахлили тахкикотхои охир ва нашриёт. Тахлилхо нишон доданд, чорй намудани мониторинги имтиёзхои андозй тарики пешбурди фехристи дахлдор, муайян намудани тартиби пешниход ва методологияи арзёбии самаранокии имтиёзхо, рохандозии механизми чамъоварй ва коркарди маълумот оид ба имтиёзхои сохавй, таъмини шаффофият ва назорати минбаъдаи самаранокии имтиёзхои андозиву гумрукии
пешниходшуда ва (ё) пешниходшаванда барои рушди низоми андоз ва ганигардонии бучети давлатй мусоидат менамояд.
Максади макола - таъмини хавасмандгардонии молиявию иктисодии андозсупорандагон чихати рушд додан ва васеъ намудани доираи фаъолияти сохахои афзалиятнок, таъсиси чойхои нави корй,
баланд бардоштани фонди музди мехнат, хавасмандгардонй ва бехтар намудани сатхи ичтимоии кормандон, фарохам овардани шароити мусоиди иктисодй барои рушди истехсолот ва чалби сармоя, инчунин дастгирии давлатии сохибкорй дар халли мушкилихои хусусияти ичтимоидошта махсуб меёбад.
Мухтавои асосии мавод. Дар
таъмини рушди устувори иктисоди миллй тахкими механизми хавасмандгардонии сохахои мухталиф, таквият додани сахми бахши хусусй ва истифодаи тачрибаи муосири байналмилалй накши муассир дорад. Чунин икдомот бо ташаббуси Хукумати Чумхурии Точикистон дар конунгузории амалкунандаи кишвар тайи солхои охир тавассути пешбинй намудани имтиёзхои фискалй, гайрифискалй ва дигар сабукихо рохандозй гардида истодааст.
Максади асосии пешниходи имтиёзхо таъмини хавасмандгардонии молиявию иктисодии андозсупорандагон чихати рушд додан ва васеъ намудани доираи фаъолияти сохахои афзалиятнок, таъсиси чойхои нави корй, баланд бардоштани фонди музди мехнат, хавасмандгардонй ва бехтар намудани сатхи ичтимоии кормандон, фарохам овардани шароити мусоиди иктисодй барои рушди истехсолот ва чалби сармоя, инчунин дастгирии давлатии сохибкорй дар халли мушкилихои хусусияти ичтимоидошта махсуб меёбад.
Аз як тараф имтиёзхо ва сабукихои пешбинишуда ба бехтаргардонии фазои
сохибкорию сармоягузорй ва кам кардани монеахои маъмyрй нигаронида шyда бошад, аз чониби дигар харочоти андозй эътироф гардида, дар сyрати гайримаксаднок истифода шyдан, бинобар махдудияти сарчашмахои андозбандй ва дар ин радиф бавучудоии мушкилоти молиявй дар тавозyни бучети давлатй сарбории иловагиро эчод менамояд.
Бо ин максад, дар асоси дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ва дигар супоришхои дахлдори Хукумати Чумхурии Точикистон вобаста ба ин масъала мунтазам гузаронидани тахлили самаранокии имтиёзхо ва аз натича рохандозй намудани икдомоти минбаъда мухим арзёбй гардидааст.
Бо максади чорй намудани мониторинги имтиёзхои мукарраргардида тарики пешбурди фехристи дахлдор, муайян намудани тартиби пешниход ва методологияи арзёбии самаранокии имтиёзхо, рохандозии механизми чамъоварй ва коркарди маълумот оид ба имтиёзхои сохавй, таъмини шаффофият ва назорати минбаъдаи самаранокии имтиёзхои андозиву гумрукии
пешниходшуда ва (ё) пешниходшаванда дар асоси дастуру супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон, ки дар мулокот бо кормандони макомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорй ва бонкхо 10 майи
соли 2019 баён доштанд, карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи Тартиби пешниходи имтиёзхои андозй ва гумрукй» аз 31 декабри соли 2020, №670 ба тасвиб расидааст [4].
Имтиёзхои андозии пешниходшуда, бевосита ба фаъолияти субъектхои сохибкорй, бахусус сохибкории истехсолй алокаманд мебошад, ки барои рушди нишондихандахои иктисодй, ичтимой ва молиявй мамлакат сахми босазо дорад.
Мувофики Фехристи имтиёзхои андозию гумрукии пешниходшуда, 104 номгуйи имтиёзхои дар конунгузорй мукараршуда, пешбинй гардидааст, ки аз онхо 77 адад дар доираи Кодекси андози Чумхурии Точикистон, 13 адад дар доираи Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон, 6 адад тибки ^онуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли молиявии дахлдор" ва 8 адад тибки созишномахои сармоягузорй мукаррар шудааст.
Имтиёзхои пешниходшуда ба ду гурух таксим шуда, аз инхо 57 ададро имтиёзхои андозй ва 47 ададро имтиёзхои гумрукй ташкил дода, имтиёзхои мавриди тахлил карордодашуда, дар мачмуъ 45 фоизи шумораи умумии имтиёзу сабукихои дар конунгузории амалкунанда
мукарраршударо дар бар мегирад. Зеро, чунин имтиёзхо хамчун харочоти андозй эътироф гардида, хиссаи онхо аз руи харочот нисбатан назаррас мебошад[1,2].
т имтиёзхои андози
■ Саноат
■ Кишоварзй
■ Сармоягузорй Тандурустй
■ Энергетика
■ К,арзй - молиявй
■ Нак,ллст
■ Сайёл;й
■ Дигар
имтиёз, энергетика 10 имтиёз, карзй -молиявй 5 имтиёз, наклиёт 7 имтиёз, сайёх,й 3 имтиёз ва дигар сох,ах,ои мухталифи иктисодиёт 10 имтиёз рост меояд.
Диаграммаи имтиёзхои андозию гумрукИ, вазни киёсии онхо нисбат ба ММД ва даромадхои чории бучети давлатИ (бо млн сомонИ)
Диаграмма и имтиёзхои андозию
гумрукй, ваши киёсии он\о нисбат
ба ММД ва даромадхои чории бучети давлатй (бо млн сомонй)
2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
Имтиёзвд дар мачмуъ 3306,5 3603,1 4260,3 5456,1 4911,1 5937,0 7301,3 7678,2 11702,3 12781,7
имтиёзхои андозй 1645,0 1992,8 2470,1 2990,8 2822,5 3293,3 4435,7 4666,9 5860,3 7104,9
имтиёзхои гумрукй 1661,5 1610,3 1790,2 2465,3 2088,6 2643,7 2865,6 3011,3 5842,0 5676,8
Нисбат ба ММД 8,2% 7,9% 8,8% 10,0% 8,0% 8,6% 9,4% 9,3% 11,4% 10,9%
Нисбат ба даромадхои чорй 35,2% 31,4% 34,0% 43,2% 33,4% 35,2% 41,0% 41,8% 52,6% 50,6%
Таксимоти сохави
Аз тавсифи умумии имтиёзх,о бармеояд, ки дар таксимоти сохдвй ба бахши саноат 39 имтиёз, кишоварзй 14 имтиёз, сармоягузорй 13 имтиёз, тандурустй 3
Аз диаграммаи мазкур бармеояд, ки дар давраи солх,ои 2013-2022 маблаги имтиёзхои ба субъектх,ои сох,ибкорй татбикшуда, дар мачмуъ ба 67,0 млрд сомонй баробар гардида, аз ин 37,3 млрд сомониро имтиёзхои андозй ва 29,7 млрд сомониро имтиёзхои гумрукй (тарифй) ташкил медихднд. Агар, дар соли 2013
маблаги имтиёзхои андозию гумрукии ба субъектх,ои сох,ибкорй татбикшуда 3,3 млрд сомонй, вазни киёсии он 8,2 фоизи ММД ва 35,2 фоиз даромадх,ои чории бучети давлатиро ташкил дода бошад, пас ин нишондихднда дар соли 2022 ба 12,8 млрд сомонй баробар ба 10,9 фоизи ММД ва 50,6 фоизи даромадх,ои чории бучети давлатй
баробар гардидааст. Яъне, дар соли 2022 нисбат ба соли 2013-ум 3,9 маротиба зиёд гардида, дар давраи мукоисашаванда вазни киёсии он нисбат ба ММД 2,7 фоиз ва нисбат ба даромадхои чории бучети давлатй 15,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бо максади рушди сохаи парандапарварй, ба рох мондани истехсоли махсулоти ватании воридотивазкунанда ва ба ин васила таъмини амнияти озукавории кишвар бо ^онуни Чумхурии Точикистон аз 21 феврали соли 2018, №1511 «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси андози Чумхурии Точикистон» мукаррароти низоми мазкур такмил дода шуда, аз он шартхои пешбинишуда оид ба чалби сармояи хоричй ва (ё) карзи бонкхои хоричй дар хачми на камтар аз 16 миллион доллари ИМА хорич ва мухлати татбики имтиёзхо аз 12 ба 6 сол кам гардида, корхонахои мазкур аз супоридани андозхои зерин озод карда шудаанд:
- андоз аз даромади шахсони хукукй;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард;
- андозхо аз объектхои гайриманкул (андоз аз молу мулки гайриманкул ва андози замин)[3].
Мувофики маълумоти дастрасгардида пас аз такмил ёфтани шартхои татбики низоми имтиёзнок шумораи субъектхои сохибкорй дар бахши парандапарварй фаъолияткунанда дар давраи солхои 20172022 зиёд гардида, аз 65 адади соли 2017 ба 218 адад дар соли 2022 баробар гардидааст, ки 3,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин давра саршумори паранда 4,3 маротиба афзоиш ёфта, аз 1,8 млн сар дар соли 2017 ба 7,8 млн сар дар соли 2022 баробар гардидааст.
Мутобики махзани маълумоти Кумитаи андоз дар соли 2017 шумораи коргарони кироя дар мачмуъ дар хамаи субъектхои парандапарварй ва корхонахои истехсолкунандаи хуроки омехтаи паранда
ва чорво 2872 нафар ва фонди музди мехнат 26,2 млн сомониро ташкил додааст, ки ин ракамхо дар соли 2022 ба 2911 нафар ва 36,6 млн сомонй фонди музди мехнат баробар гардида, дар давоми 6 сол афзоиши он мутаносибан 39 коргар ва 10,4 млн сомонй фонди музди мехнатро ташкил медихад.
Бо максади рушди сохаи сайёхй, муаррифии шоистаи имкониятхои сайёхии кишвар дар арсаи байналмилалй ва ба талаботи муосир мутобик намудани инфрасохтори соха бо ^онуни Чумхурии Точикистон аз 30 майи соли 2017, №1423 ба Кодекси андоз тагйиру иловахои дахлдор ворид карда шуда, тибки он даромадхо аз фаъолияти сайёхй ба мухлати 5 сол аз санаи бакайдгирии давлатй аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти тачхизоту техника ва маводхои сохтмонии иншооти сайёхй (аз чумла мехмонхона, осоишгох ва истирохатгоххои табобатй, маркази сайёхй ва дигар иншооти сайёхй), ки руйхати иншооти сайёхй, номгуй, микдори тачхизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод гардид.
Инчунин, тибки тагйироти мазкур ва иловахои бо ^онуни Чумхурии Точикистон аз 30 майи соли 2017, №1422 ба Кодекси гумрук воридшуда, воридоти тачхизоту техника ва маводхои сохтмонии иншооти сайёхй (аз чумла мехмонхона, осоишгох ва истирохатгоххои табобатй, маркази сайёхй ва дигар иншооти сайёхй), ки руйхати иншооти сайёхй, номгуй, микдори тачхизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд, аз пардохти бочи гумрукй озод гардидааст. Чихати татбики имтиёзхои гумрукй бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон №189 аз 12 апрели соли 2018, номгуи иншооти сайёхие, ки барои бунёди онхо воридоти тачхизоту техника ва маводи
сохтмонй аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумрукй озод карда мешавад, муайян карда шудааст.
Myвофики маълумоти Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистондар соли 2017 шумораи шахрвандони хоричие, ки ба сархади Чумхурии Точикистон ворид гардидаанд, дар мачмyъ 490,0 хазор нафарро ташкил намуда, аз он 431 хазор нафар тибки талаботи Созмони Умумичахонии Туризм хамчун сайёх ба кайд гирифта шудааст. Шумораи шахрвандони хоричие, ки ба каламрави Чумхурии Точикистон ворид гардидаанд, дар соли 2018 ба 1154,5 хазор нафар, дар соли 2019 ба 1319,2 хазор нафар, дар соли 2020 ба 410,1 хазор нафар дар соли 2021 ба 517,6 хазор нафар ва дар соли 2022 ба 1151,9 хазор нафар баробар гардида, аз ин шумора дар соли 2018 - 1034,7 хазор нафар, дар соли 2019 - 1257,3 хазор нафар, дар соли 2020 - 350,6 хазор нафар дар соли 2021 -296,3 хазор нафар ва дар соли 2022 бошад 999,3 хазор нафарро шахсоне ташкил медихад, ки хамчун сайёхи хоричй ба кайд гирифта шудааст.
Бо назардошти ин гуфтахо, имрузхо дар назди ниходхои марбутаи давлатй дар сохаи андозу даромад чунин вазифае истодааст, ки чй гуна шароити мусоиде фарохам созанд, ки хам ба рушди тичорат ва сармоягузорй монеа эчод нашавад ва хам даромадхои кофй барои пешниходи хизматрасонихои давлатй чамъоварй шаванд. Барои амалй кардани ин вазифа, омили мухим низоми хукукии сохаи андозбандй, инчунин, сатхи ба хадафхои дигаре, ба гайр аз чамъоварии даромадхо нигаронида шудани низоми андозбандй басо мухим мебошад. Речаи муносиби андозбандй ба чамъоварии иттилоот нигаронида шудааст, то ки шаффофияти раванди он, муайянй ва эътимоднокиаш таъмин карда шавад. Аз ин ру, мо чунин хулоса карда метавонем, ки маъмурикунонии андоз барои ташаккули
самараноки рушди иктисодй захирахои молиявиро созмон медихад.
Рушди сохибкорй метавонад, ки номуътадил бошад ва яксон чараён нагирад, вале, бо вучуди ин, рушди онхо хамчун тавсеаи низоми захирахо тафсир шуда, боиси таъсиси чойхои нави корй ва шугл, истехсоли махсулоти дорои сифати баланд ва тахаввулоти хаёти иктисодй мегардад. Тахлилхо нишон доданд, ки корхонахои миёна нисбат ба хурд дар пардохти ухдадорихои андозй устувории бештареро нишон медиханд, чунки пардохти маблаги муайян дар шакли андоз ба суботи молиявии онхо нисбат ба корхонахои хурд, таъсири камтаре дорад. Аз ин чо чунин хулоса мешавад, ки андозаи субъекти сохибкорй барои арзёбии таъсири маъмурикунонии андоз мухим мебошад.
Аз гуфтахои боло бар меояд, ки хиссаи чамъоварии маблагхои андозй мустакиман аз самаранокии низоми андозбандй ва маъмурикунонии он вобастагии калон дорад. Ва он, пеш аз хама, аз руйи нишондихандахои асосии иктисодй, ки бо чамъи самарахои иктисодй ва сарфаи ками харочотхо оид ба маъмурикунонии он ба даст оварда шудааст, бахогузорй ва натичагирй карда мешавад. Ин вазъ бо он далел асоснок карда мешавад, ки то кунун номуайянй ва нофахмихо дар фаъолияти макомоти андоз хамчун макомоти салохиятдори амалигардонии
маъмурикунонии андоз ба назар мерасад.
Бояд кайд намоем, ки ба акидаи олими ватанй Чумабоев ХД. "Дар умум самаранокии имтиёзхои андозиву гумрукй кобилияти таьсиррасонии он ба субьектхои хочагидор бо максади ноил шудан махз ба он хадафхое, ки ин имтиёзхо ба онхо равона карда шудааст, ба хисоб меравад. То имруз арзёбии самаранокии имтиёзхо аз руи се меьёри асосй: бучетй, иктисодй ва ичтимой амалй карда мешавад. Аз ин нуктаи назар, имконият пеш меояд, ки дар асоси тахлили нишондихандахои молиявй ва иктисодии
ширкатх,ои сайёх,ии ватанй ахдмият ва вобастагии таьсири мусбат ё манфии имтиёзх,ои дар ин сох,а мукарраршударо арзёбй намоем" [5].
Айни замон ченакх,ои амалкунандаи бах,ои самаранокии фаъолияти макомоти андоз дар бахши маъмурикунонии андоз дар шакли дастчамъона, ки онх,о зиёда аз 15 номгуйро ташкил медихднд, истифода бурда мешаванд, ки онх,оро ба таври зайл гурух,бандй менамоянд:
- сатх,и чамъоварии маблагх,ои андозй ва дигар пардохтх,ои хдтмй ба бучети давалатй;
- паст намудани сатх,и карзх,ои андозй ва пардохтх,ои хдтмй дар низоми бучети сатх,ои гуногун;
- то сатх,и органх,ои судй х,ал намудани бах,сх,ои андозй, ба фоидаи макомоти андоз;
- дастрасии андозсупорандагон (субъектх,ои сох,ибкорй) ба интернет оид ба маълумоти х,исобу китоби онх,о бо бучети давлатй;
- бах,ои мусбии субъектх,ои сох,ибкорй оид ба сатху сифати хизматрасонии андозй ва гайра.
Тибки маълумотх,ои оморй бах,ои сатх,и маъмурикунонии андоз дар рушди сох,ибкории хурду миёна, бояд дар мадди аввал нишондих,андах,ое интихоб карда шаванд, ки таъсири онх,о ба воридшавии саривакти воридшавии маблагх,ои андозй ва
иктидори андозии кишвар дар давраи х,исоботи бах,огузорй ва натичагирй карда мешавад. Максад аз чунин бах,ои маъмурикунонии андоз ин таъмини саривактии кисмати даромадх,ои бучети давлатй ва таъсири он ба натичаи них,оии фаъолияти макомоти андоз мебошад. Дар натичаи тах,лил, омилх,ои асосии ба сатх,и маъмурикунонии андоз таъсиркунанда интихоб карда шудаанд (чадвали 1.).
Ин ченакх,ои бах,одих,й дар навбати худ бо аломати натичавй алокамандии зич дошта, самаранокии сатх,и баланди андозбандиро бах,огузорй намуда, барои таъмини саривактии маблагх,ои андозй ба бучети давлатй ва таъмини иктидори андозй ва ташкили чойх,ои нави корй мусоидат намуда, нишондих,андах,ои мазкур х,исобии бах,одих,ии самаранокии сатх,и
маъмурикунонии андозро чунин тавсиф медихднд. Тибки натичаи тахллил ва дурнамоии мазкур хднгоми зиёдшавии шумораи субъектхои сохибкорй, дар холати бетагйир мондани омилхои дигар (хиссаи маблагхои аз хисоби назорату санчишхои андозй воридгардида, маблаги
бакияпулих,ои андозй аз хисоби назорату санчишхои андозй ва маблагхои пешниходнамудаи имтиёзхои андозй), мутаносибан воридоти умумии маблагхои андозй ба бучети давлатй аз 2,0 то 3,0% зиёд мешавад.
Ч,адвали 1. - Самаранокии сатхи маъмурикунонии андоз ва воридоти маблаFхои
андозии субъектхои сохибкорй ба бучети давлати, тайи солхои 2015-2022
солдо Нишопдихандахо
Иктидори андозй, млн. сомонй Воридоти маблагхои андозй, млн. сомонй Воридоти маблагхои андозй аз хисоби сохибкории хурду миёпа, млн. сомонй Таъмини чойхои корй аз хисоби рушди сохибкории хурду миёна, хазор пафар
2015 12531,5 4973,7 256,1 268,9
2017 13549,4 6192,4 387,6 312,7
2019 13865,1 6531,2 360,8 245,1
2020 14015,7 7202,5 397,3 283,6
2021 15485,6 9919,1 415,8 290,9
2022 18025,6 10134,3 618,2 324,6
Сарчашма: Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон
Натичаи тахлили чадвали 1. нишон медихад, ки иктидори андозии кишвар дар раванди дуруст ба рох мондани маъмурикунонии андоз, аз чумла назорату санчишхои андозй дар рушди сохибкорй (низоми махсуси андозбандй ва содаи маъмурикунонии он), имконият медихад, ки афзоиши даромадхои бучети давлатии ба хисоби миёна хамасола аз 10 то 12% ва таъмини чойхои нави корй бошад 1,2 маротиба зиёд гардад. Аз натичаи тахлили чадвали мазкур бармеояд, ки омилхои зерин ба самаранокии сатхи маъмурикунонии андоз бевосита таъсири мусбй мерасонад:
- шумораи субъектхои сохибкорй (андозсупорандагон);
- маблагхои андозии аз хисоби назоратхои камералй воридгардидаи субъектхои сохибкории мазкур;
- маблагхои аз хисоби назорату санчишхои андозй воридгардидаи субъектхои сохибкории мазкур ба бучети давлатй;
- маблагхои иловаошкоршудаи маблагхои андозй ба хар як назорату санчиши андозии сохибкорони хурду миёна;
- бакияпулихои андозй аз хисоби назорату санчишхои андозй ва маблагхои имтиёзхои андозй ба сохибкорон ва гайра.
Натичаи тахлилхо нишон медихад, ки тайи солхои 2012 - 2022 ба санчишхои андозй субъектхои сохибкорй 4 маротиба моратория эълон гардида,
нишондихандахои мазкур тамоюли афзоишро дошта, аз он гувохи медиханд, ки маъмурикунонии андоз дар кисмати андозхои дар рафти назорату санчишхои андозй иловаошкоршудаи субъектхои сохибкории мазкур холо низ дар сатхи зарурй ба рох монда нашуда, ба мукаммалгардонй ниёз доранд. Аз руйи номгуйи андозхо, ки тибки натичахои санчишхои конунвайронкунихои бахши андозй нисбатан зиёд ошкор шудааст, махсусан ААИ, андоз аз фоида (даромад), андоз аз даромади гайрирезидентхо мавкеи хос доранд. Сабаби асосии нисбатан кам ошкоршудани конунвайронкунихои бахши андозй дар рафти назорату санчишхои субъектхои сохибкорй ин пеш аз хама низоми содаи андозбандй ва маъмурикунонии он ба хисоб меравад, ки боиси рушд намудани ин шаклхои
сохибкорй дар кишвар гардида, конунвайронкунихои бахши андозй камтар ва воридшавии харчй бештари маблагхои андозй ба бучети давлатй мегардад.
Барои таъмини самаранокии сатхи маъмурикунонии андоз дар рушди сохибкорй инчунин низоми самараноки идоракунии хавфхои андозй, холатхои конунвайронкунихои бахши андозй, сари вакт ошкор ва додани имкониятхо ба субъектхои сохибкории мазкур
(андозсупорандагон), чихати бе татбики чарима ва фоизхо, гузаронидани назорату санчишхои андозй ва корхои фахмондадихй дуруст ба рох монда шавад. Дар ин раанд, мухим он аст, ки ки назорату санчишхои андозй дуруст ва асоснок муайян намудани хавфхои андозиро дар асоси ченакхои бахои хавфхои андозй, дуруст интихоб намудани объектхои санчишй, расман огох намудани субъектхои сохибкорй барои сари вакт бартараф намудани конунвайронкунихои бахши андозй, мустакилона бартараф намудани камбудихои чойдоошта, санчишхои сайёр дар фаъолияти субъектхои сохибкории мазкур таъин ва амалй карда шаванд.
Афзоиш бакияпулихои андозй аз хисоби назорату санчишхои андозй мушкилии дигаре мебошад, ки боиси сари вакт ворид нагардидани маблагхо андозй ба бучети давлатй мегардад. Маблаги бакияпулихои андозй нисбат ба соли 2012 якчанд маротиба афзуда, бинобар сабаби алокаманд будани нишондихандахои мазкур, аз чумла пардохти маблагхои андозй, интизоми субъектхои сохибкорй, боиси конунвайронкунихои бахши андозй ва фаъолияти на он кадар дурусти кормандони макомоти андоз мегардад.
Маъмурикунонии андоз дар самти мачбур ситонидани карзхои андозй, бо истифода аз фишангхои таъсиррасонии макомоти андоз низ дар хамкорй бо макомотхои хифзи хукук ва низоми бонкй дуруст ба рох монда шавад. Чунки тибки
бахои самаранокии сатхи маъмурикунонии андоз дар рушди субъектхои сохибкорй дар мавриди зиёд гардидани бакияпулихои андозй, самаранокии низоми андозй ва сатхи маъмурикунонии он хеле паст гардида, ба дигар нишондихандахои фаъолияти макомоти андозй кишвар низ таъсири худро мерасонад.
Имтиёзхои андозй дар самти маъмурикунонии андоз нишондихандае мебошад, ки дар низоми андозй ба гурухи (бахши) муайяни субъектхои сохибкорй бартариятхои бештар дода, дар интихо ба ворид нашудани маблагхои андозй ва дигар пардохтхои хатмй ба бучети давлатй оварда мерасонад. Х,ангоми зиёд шудани маблагхои имтиёзхои андозй, хангоми бетагйир мондани дигари омилхо (шумораи субъектхои сохибкорй, бакияпулихои андозй аз хисоби назорату санишхои андозй, воридоти маблагхои аз хисоби санчишхои андоз ва гайра), воридоти умумии маблагхои андозй ба бучет кам мегардад.
Дар робита ба ин, хадафхои асосии чорй намудани имтиёзхои андоз аз инхо иборат мебошанд:
- ташкили низоми хавасмандгардонй барои васеънамой ё афзоиши манбаи андозбандй, ки ба афзоиши хачми пардохтхои андоз дар сатххои гуногуни низоми бучети давлатй мусоидат мекунад;
- ноил шудан ба пуррагй ва таъмини саривактии воридоти маблагхои
андоз ба бучети давлатй;
- баланд бардоштани сатхи хавасмандии субъектхои хочагидорй -
андозсупорандагон дар самти истифодабарии самараноки захирахои молиявй, ки ба васеъ ва навсозии заминаи техникй ва технологии истехсолот, афзоиши хачм ва сифати махсулот, ракобатпазирии он, инчунин ба болоравии шугли ахолй мусоидат мекунад;
- дастгирии давлатии бахшхои афзалиятноки иктисодиёт, фаъолияти сармоягузорй ва инноватсионии онхо;
- дастгирии давлатии корхонахое, ки дар сектори чамъиятии иктисодиёт неъматхои аз чихати ичтимой ахамияти мухим доштаро истехсол менамоянд, инчунин фарохам овардани шароити мусоиди иктисодй барои он ташкилотхое, ки аз мехнати табакахои аз чихати ичтимоии осебпазири ахолй истифода мебаранд;
- дастгирии молиявии субъектхои хочагидор дар халли масъалахои мухими ичтимой;
- фарохам овардани хавасмандй барои баланд бардоштани рафтори ба экологй нигаронидашудаи субъектхои хочагидорй - андозсупорандагон.
Хулоса, накши имтиёзхои андозй дар рушди ичтимою иктисодии мамлакат назаррас буда, барои таъмини воридоти андозии кисми даромади бучети давлатй, зиёд намудани чойхои кории холй, хавасманд намудани сохибкорон барои машгулшавй ба фаъолияти сохибкорй, дарёфти манбахои нави андозбандй, чалби сармоягузорихои дохиливу хоричй ба иктисодиёти кишвар мусоидат менамояд.
АДАБИЁТ
1. Кодекси андози Чумхурии Точикистон // Матбааи Ч,СП «Нашриёти муосир». Душанбе 2022, 407 сах.
2. Кодекси гумруки Чумхурии Точкистон // Душанбе 2018, 320 сах.
3. ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси андози Чумхурии Точикистон» аз 21 феврали соли 2018, №1511.
4. ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи Тартиби пешниходи имтиёзхои андозй ва гумрукй» аз 31 декабри соли 2020, №670.
5. Чумъабоев ХД. Масъалахои самаранокии ик;тисодию молиявии имтиёзхои андоз дар сохаи саёхии кишвар [Матн] / ХД. Чумъабоев // мачаллаи илмй // Ахбори ДДХБСТ (силсилаи илмхои чомеашиносй). Хучанд, 2023 - №2 (95). - С.123-130. ISSN 2411-1945.
Маълумот дар бораи муаллифон:
Шодиев Фирдавс Тошмаматович - номзади илмхои ик;тисодй, муаллими калони кафедраи андоз ва сугуртаи Донишгохи давлатии молия ва ик;тисоди Точикистон, +992 935330855, E-mail: [email protected]
Гулмуродзода Робиямох Гулмурод - н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва сугуртаи Донишгохи давлатии молия ва ик;тисоди Точикистон. СуроFа: 734067, Чумхурии Точикистан, ш. Душанбе, сурога Нахимова, 64/14. E-mail: [email protected], тел: 907511201.
Сведения об авторах:
Шодиев Фирдавс Тошмаматович - кандидат экономических наук, старший преподаватель кафедры налога и страхования Таджикский государственный финансово-экономический университет, +992 935330855, E-mail: [email protected] Гулмуродзода Робиямох Гулмурод - н.и.и., доцент кафедры налог и страхования Таджикского государственного финансово-экономического университета. Адрес: 734067, Республика Таджикистан, ш. Душанбе, адрес Нахимова, 64/14. Электронная почта: [email protected], телефон: 907511201.
Information about the authors:
Shodiev Firdavs Toshmamatovich - Candidate of Economic Sciences, senior lecturer of the Department of Tax and Insurance Tajik State University of Finance and Economics, +992 935330855, E-mail: [email protected]
Gulmurodzoda Robiyamokh Gulmurod - candidate of economic Sciences, Associate Professor of the Department of Tax and Insurance, Tajik State University of Finance and Economics. Address: 734067, Republic of Tajikistan, sh. Dushanbe, address Nakhimov, 64/14. Email: [email protected], phone: 907511201.