РО^ОИ САМАРАНОКИИ ТАШАККУЛИ НУТЦИ ОБРАЗНОКИ КУДАКОНИ
СИННИ ТОМАКТАБЙ
РАЗЗОЦОВА ТОЗАГУЛ
Доктаранти курси якум ихтисоси педагогика ва психологияи МДТ "Донишгохи давлатии Хучанд ба номи академик Бобочон Гафуров"
Калидвожа: дарки адабиёти бадей, нутц, ташаккули нутци образнок, бозй, захираи лугави, таълим, тарбия, кудакони синни томактаби, самт^ои самаранокии нутци образнок, мурабби муасси-са^ои томактаби
ЭФФЕКТИВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ ОРГАНИЗАЦИИ РЕЧИ ОБРАЗЫ ДОШКОЛЬНИКОВ
Аннотация В статье рассматриваются направления эффективного формирования образной речи дошкольников, описывается роль педагога, стандарты обучения, способы приобщения дошкольников к образной речи. Для того чтобы уметь наглядно представлять речь дошкольников, очень значима позиция воспитателя, а вклад учреждений дошкольного образования заключается, прежде всего, в формировании у них образной речи. В дошкольных образовательных учреждениях преподают художественную литературу и ролевые игры, в которых главную роль играет воспитатель, который в свою очередь может называться (режиссером) или постановщиком различных ролей персонажей художественной литературы и рассказов. В данной статье требуется, чтобы дошкольники учились правильному способу образной речи с помощью своих учителей, родителей, друзей и сверстников. Исследователь подчеркивает, что дети дошкольного возраста обладают очень сильной волей и острым умом, поскольку быстро принимают увиденное и услышанное. Следует отметить, что каждый родитель не делает ставку на дошкольные образовательные учреждения, а вместо этого предлагает своим детям изучать науки на краткосрочных курсах, чтобы их дети осваивали современные науки и знания в юном возрасте.
Ключевые слова: понимание художественной литературы, речь, формирование образной речи, игра, лексика, обучение, воспитание, дошкольники, направления результативности образной речи, воспитатель в дошкольных учреждениях.
EFFECTIVE DIRECTIONS OF SPEECH ORGANIZATION IMAGES OF PRESCHOOL CHILDREN
Annotation The article discusses the directions for the effective formation of figurative speech of preschoolers, describes the role of the teacher, teaching standards, ways to familiarize preschoolers with figurative speech. In order to be able to visualize the speech of preschoolers, the position of the educator is very significant, and the contribution of preschool education institutions lies, first of all, in the formation of figurative speech in them. Preschool educational institutions teach fiction and role-playing games, in which the main role is played by the educator, who in turn can be called (director) or director of various roles of characters in fiction and stories. This article requires preschoolers to learn the correct way of figurative speech with the help of their teachers, parents, friends and peers. The researcher emphasizes that preschool children have a very strong will and a sharp mind, as they quickly accept what they see and hear. It should be noted that each parent does not rely on preschool educational institutions, but instead invites their children to study sciences in short courses so that their children master modern sciences and knowledge at a young age.
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
Key words: understanding of fiction, speech, formation of figurative speech, game, vocabulary, teaching, education, preschoolers, areas of figurative speech effectiveness, educator in preschool institutions.
Дар илми адабиётшиносй истилохи мухокотбо муродифхои дигари худ чун тимсол, симо, сувар,образ ба кор меравад. Бунёди асари бадей бар мухокот аст. Х,ар як таълифоте, ки дар он мухокот набошад, кадре надорад. Аз ин ру, барои кимати бадей пайдо кардани сухани худ ахли адаб дар асоси мушохидаи падидахои чахони моддй, омузиши хислати одамон, харакати чонвару ашё бо кувваи тахайюл ва тафакури хеш чехраи хотирнишин месозад. Аз ин чихат офаридани мухокот (образ ва образнокй) душворихои азим дорад, ки ба халки намунаи бехтарини он на хар як каламкаш даст меёбад [5, с. 24]. Ташаккул додани нутки кудакон дар муассисахои тахсилоти томактабй яке аз вазифахои асосии мураббия хангоми гузаронидани машгулиятхо бо онхо мебошад. Кудак хангоми муошират бо атрофиён, хамсиннусолаш ва калонсолон зимни ташкили бозй кардан бо онхо инкишофии фикрии у рушд менамояд, зеро махз тарзи гуфтору рафтор, муоимила ва эхтироми хамдигарро метавонад аз эшон ба зуддй омузад, чунки майнаи сари кудак тоза буда, хар чизе, ки бо чашм мебинад ва ё бо гушаш мешунавад, онро тез кабул менамояд. Мавкеи аввалиндарачаро дар ин раванд дарсхои тарбиявй фикрие, ки дар муассисахои тахсилоти томактабй аз тарафи мураббия ба рох монда мешавад, ташкил медихад. Асосан тарбияи фикрии кудаконро мухити атроф, баромади калонсолон ва ё волидон дар хона, хамсолон дар богча, амалхои муайян дар рузгор ва он чиро, ки мебинанду мешунаванд, муайян менамояд. Оид ба барномаи инкишофи нутк аз чихати илмй Шарифиён М.Х., ^одирова М.А, дар асари худ "Инкишофи нутки кудак" зикр менамояд, ки "Мазмунан ба инкишофи хаматарафаи шахсият равона карда шудааст. Мохияти асосии он мавкеи маълумоти психологй ва илмхои ба хам наздикро оид ба азхудкунии нутки дахонии кудак, хусусиятхои фаъолияти маърифатй, ки хачм ва пайдархамии талаботро ба кудакони синну соли гуногун муайян мекунад.
Барнома бо назардошти мазмуни асосй оид ба накши рохнамои фаъолият дар инкишофи кудак; "принсипхои асосии дидактикй - мунтазамй ва робитаи мутакобилаи маводи таълимй, муайянй ва дастрасии он сохта шудааст;". [7, с. 21]
Фаъолияти мураббй дар ташаккули нутки кудакони синни томактабй хеле назаррас буда, аз волидон талаб менамояд, ки нисбат ба онхо эхтироми хосса зохир намоянд, зеро хангоми робитаи мустахками падару модар бо мураббй дар кудакистон имконият медихад, ки бахри рушди тафаккури фарзандони эшон сахми назарраси худро гузорад. Барои ояндаи дурахшони кудакон рушд намудан дар хонадон агар волидон накши асосиро бозанд, пас нафари дигаре, ки дар баробари онхо мавкеи намоёнро ишгол менамояд, ин устод, яъне мураббия дар кудакистон мебошад, ки аз соати 8:00 дакикаи субх то 17:00 - и бегохирузй фарзандони мардумро дар ихтиёри таълиму тарбияи худ фаро мегирад. Рушд додани нутки кудакон дар синни томактабй яке аз вазифахои асосии мураббия хангоми гузаштани дарсхо бо онхо мебошад. Машгулият шакли асосии таълим дар муассисахои тахсилоти томактабй мебошад, зеро мураббияро зарур аст, ки хангоми гузаштани дарс ба синну соли кудакон ва тарзи кабули онхо ва инчунин, фикрониашонро ба инобат гирифта, таълим дихад, зеро хама наметавонанд баробар аз мураббия сабак омузанд.
Мураббия бояд, дониши андухтаи кудаконро ба инобат гирифта, оид ба омухтани мухити атроф ва тарзи фикронии онхоро рушд намояд, зеро хангоми тамошо намудан аз манзара ва харгуна расми чонвароне, ки дар боги назди кудакистон чойгир шудааст, тарзи фикронии онхоро сайкал дихад. Яъне кудакони синни томактабй тавассути мушохида маводеро,ки бадаст меоранд дар кори лугатомузй ва тартибдодани афсонаю,шеърхои тахаюлй кумак мерасонад. Кудакон бояд бо забони модарии худ озод гап зада тавонанд ва нутки онхоро дар ин раванд рушд додан лозим аст, зеро аз тарафи онхо азхудкунии донишхои нисбатан мураккаб ва инчунин хосил кардани махорату малака барои ташаккули кобилиятхои гуногуни
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
кудакони синни томактабй дар кудакистонхо муътадил ба вучуд оварда мешавад. Дар мухити имруза шароит барои таълим гирифтани кудакони синни томактабй хамаи шароит фарохам оварда шудааст, вазифаи асосии тарбия аз инкишофи шахсияти хаматарафаи кудакон, мустакилона фикр кардани онхо, рушди фаъолияти фикрй, зохир намудани муносибати эчодй дар тамоми шаклхои фаъолият ва ташаккул додани лаёкати кудакони синни томактабй иборат мебошад.
Педагогони ватани Шарифиён М.Х., ^одирова М.А, дар асари худ "Инкишофи нутки кудак"чунин навиштаанд: "дар муассисахои томактабй машгулиятхо аз якуми сентябр то якуми июн гузаронида мешавад. Ташаккулёбии нутки кудакон махсусан дар машгулиятхои инкишофи нутк, шинососи бо мухити зист, табиат, адабиёти бадей, мусикй, расмкашй,гулмонй,суробсозй бештар дида мешавад. Барои анику равшан ифода кардани фикр хатман зарурияти фахмидани маънии онхо, дуруст интихоб кардани калимахо ба амал меояд".[7, с. 227]
Кудакон дар раванди ташаккули худ бояд забони суханронии калонсолони атрофро аз худ кунад, аввал суханронии шифохй ва баъд сухани хаттиро ёд гирад. Яке аз масъалахои мухими руз ин самтхои асосии ташаккули нутки образноки кудакони синни томактабй мебошад. Бояд гуфт, ки ташаккули нутки образноки кудакони синни томактабй масъалаи хело душвор буда, инкишоф додани роххои он мудати дарозро дар бар мегирад ва натичаи онро хамеша баъд аз омузонидан мефахмем. Ба масъалаи ташаккули нутки кудакони синни томактабй олимони сохаи педагогика ва психология аз чумла: Д.Ушинский, Я. А. Коменский, Ф. Фребель, М.Монтессори, Л.Н. Толстой, Н.К. Курупская, ва дигарон дар асархои худ маълумонхои фарох оварда шудааст. К.Д. Ушинский гуфтааст, кй: ".шархи мураббия бояд хдмеша кутох ва равшан бошад, вале бе хеч вачх дуруг нагуяд"[6, с. 38]. Ин олими барчаста мураббияро мисол оварда дар зери парда хамаи калонсолон ва шахсони гирдуатрофи кудаконро дар назар дорад, зеро кудакон ба гуфтори бисёр ва гапхои бардуруг холо сарфахм намеравад. Аз ин лихоз ташаккули нутки образноки кудакони синни томактабиро аз рузи таваллуд сар карда то мустакил гардидани кудакон онро харф ба харф калима ба калима меомузонем.
Дар хама баромадхои хеш Сарвари мамлакат, Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон бо дарки олии маком ва ахамияти илму фарханг дар ташаккули симои маънавии миллат ва рушди модди кишвари азизимон чунин кайд мекунанд: "Миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарханг гамхори зохир мекунад, ба давлатдорй сазовор аст"[4, с. 3]. Мо чавонон бояд ба хамаи ин гамхорихои Сарвари давлат бетараф набуда ба насли наврас самтхои самараноки нутки адабиро хуб омузонем то дар оянда онхо шахсони боистеъдод бавоя расанд. Муассисаи таълимии томактабй девори аввалин ва масъулият-ноктарини системаи умумии муарифи халк мебошад. Аз худ кардани забони модарй яке аз мухимтарин масъалаи халталаби кудак дар давраи томактабй мебошад, зеро нахамаи кудакони муассисаи томактабй забони модариро хуб медонанд аз ин сабаб мураббия бояд педагоги хуб бошад, то кудаконро таълим ва тарбия додатавонад.
Асосгузорони илми педагогикаи томактабй Н.М.Шелованов, Н.М.Аксарина, Н.И.Касаткина, Л.С.Виготский, Д.Б.Элконин, Н.Н.Подяков ва дигарон мебошанд,ки сахми арзандае гузоштаанд дар ин пайрохаи илм. Махз кудаки синни томактабй барои аз худкунии нутки образнок махсусан хассос аст.
Аз ин ру, раванди инкишофи нутки образнок дар таълими муассисахои томактабй хамчун асоси умумии тарбия ва таълими кудакон баррасй мешавад, барои дуруст ташаккул додани самтхои самаранокии нутки образноки кудакони синни томактабй тарбия накши асосй мебозад. Дар як маколаи худ муаллима М. Мухторова чунин гуфтааст: "Тарбия кори аз хама мушкил, мураккаб, ташвишовар ва хамзамон мухим ба шумор меравад"[4, с. 177]. Барои омузонидани асархои бадей ва хуб ташаккул додани нутки образноки кудак тарбия албата
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
роли асосиро мебозад. Дар кудакони синни томактабй азхудкунии нутки образнок яке аз самтх,ои мураккаб ва пурасрортарини психология ва педагогикаи бачагон мебошад. Педагоги барчастаи даврони Шуравй А.С.Макаренко таъкид карда буд: "Тарбияи асосии кудакон то панчсолагй ба итмом мерасад, ки он 90% раванди тарбиявиро ташкил менамояд ва баъд тарбия намудан, такмил додани инсон давом мекунад"[3, с. 4]. Аз ин ру таълим, тарбия ва инкишофи нут^и кудакони синни томактабй махз аз давраи тифлй огоз гардида он минбаъд идома дода мешавад. Ташкили дуруст ва самарабахши ташакули нутки образнокии кудаконро дар давраи томактабй дар оила ба души волидон ва дар муассисаи томактабй мураббиён сахми назарас мегузоранд.
К.Д.Ушинский гуфтааст, ки нутки забони модарй асоси тамоми инкишофи равонй ва ганчинаи тамоми дониш аст. Сари вакт ва дуруст аз худ намудани нутки образнок аз тарафи кудак шарти мухимтарини инкишофи комили равонй ва яке аз самтхои кори педагогии муассисаи томактабй мебошад. Масъалаи инкишофи нутки образнокии кудакон дар тадкикотхои олимони ватанй - академик М. Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, Л.М Иматова., Б.Мачидова, хамчунин дар тадкикотхои олимон-педагогони рус Л.С.Выготский, С.Л.Рубинштейн, Б.М.Теплов, О.И.Никифорова, Е.А.Флерина, ва дигарон баррасй шудаанд. Барои комёб шудан дар ташаккули нутки образнок бояд мураббия махорати кордонй, мехнатдустй, малакаи тахассусй ва дониши илмиву назариявй дошта бошад. Кудакони синни томактабй ба гуфтор ва рафтори мураббия диккати махсус дода, ба он таклит мекунанд ва то охири хаёт амалхои кудакии худро дар хотири худ нигох медоранд. Нутки образноки кудакони синни томактабй ба навнихоли хурде монанд аст, ки онро чй тавре нигохубин кунй, хамон тавр ба камол мерасад ва самараи хуб ё бад медихад бахамаи ин пешравихо ё камбудихо худи падару модар роли асосиро мебозанд. Аз хамин сабаб волидайн бояд босавод ва дар зиндаги ба кудакони хеш намунаи ибрат бошанд.
Кудакони синни томактабиро бояд бештар ба аз ёд кардани шеърхои кудакона чалб намуд. Чй хеле, ки гуфтаанд: "Х,ангоми омухтани шеър кудак нутки худро такмил медихад, доираи онро васеъ гардонида, захираи лугавии худро бой мегардонад ва сатхи маданияти умумии худро ташаккул медихад" [4, с. 160]. Агар дар кудакон шеърхои кудаконаи содаю равон ва пурмазмунро пешкаш намоем онвакт кудак нутки образноки худро ташаккул дода метавонад. Масалан аз М.Юсуфов шеъри "хохарам"-ро гирем: Хохари чон хохарам, Зебй, чун модарам. Нозанину ширинй, Хохарам болу парам. Маро ту мехрубонй, Гулруи бехазонй. Барои ту мехохам, Нишони зиндагонй.......
Бобаробари кироат кардани ин шеър кудакони синни томактаби ба хаёлот ва тасаввурот дода мешаванд,зеро дар хар як калимааш хохарро ба симои модар ва хислатхои хамидаи он монанд мекунанд.
"Афзалияти муассисахои томактабй дар он аст, ки дар асоси хуччати давлатй барномаи таълиму тарбиявй раванди кори педагогиро ташкил менамоянд. Дар он максад, вазифа ва мазмуни кори таълиму тарбиявй дар асоси бахисобгирии хусусиятхои инкишофи чисмонй, аклию зехнй, асабу психологй ва имкониятхои кудакони синни томактабй муайян карда шудаанд"[2.к.1, с. 79]. Ичро гардидани максаду вазифахои таълиму тарбиявй ба инкишофи хаматарафаи шахсияти кудакон ва таъмин намудани омодагии онхо ба мактаб равона гардидааст. Сарварони имрузаи муассисахои томактабй барои ташаккули нутки образноки кудакони синни томактабй тамоми махорати хешро ба рох монда истодаанд, то нутки образнокии кудакони синни томактабиро хуб ташаккул диханд.
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
Инкишофи нут^и образнокии кудакон раванди хеле мураккаб буда, аз мураббия талаб менамояд, ки дар муассисахои томактабй аз дониш, махорат, малака ва чахонбинии худ самаранок истифода бояд бурд. Бинобар ин зарур аст, ки кудакон, шояд барвакттар забони модарии худро хуб аз худ кунанд, зеро аз бар намудани илму дониш ва донистани забони модарии худ, барои дуруст ва зебо сухан гуфтан кумак менамояд.
Аз ин ру, мо ба кудак хар кадар зудтар (мувофики хусусиятхои синну сол) дуруст гап заданро ёд дихем, вай дар коллектив хамон кадар худро озод хис мекунад. Инкишофи нут; кори максаднок ва пайвастаи педагогй мебошад, ки истифодаи усулхои махсуси педагогй ва машкхои нутки худи кудакро дар бар мегирад. Барои самтхои асосии ташаккули нутки образнокии кудакон ин ба чахонбинии кудакон, шинос кардани онхо бо олами атроф, инкишоф ва ганй гардонидани хотира, муаммохоро бо кобилияти эчодкорй хал намудан самараи хуб медихад. Дар шароити имруза талабот бар ташаккули нутки образноки кудак зиёд мебошад, дар муассисахои томактабй бо кудакони синни томактабй афсонахои кахрамондор, хикояхои пурмазмун ва шеърхои образдор хуб омузонида мешаванд.
Ба фикри ман мураббия ин хуршеди дурахшон аст, ки кудаконро бо нурхои серчилои худ ба суи худ чалб менамояд ва кудакон бе дудилагй он нурхои зебо ва дилфиребро назар афканда ба он як чахон олами маънавй мегиранд. Кудакони синни томактабй самтхои самараноки ташакули нутки образнокии худро он вакт истифода бурда метавонанд, ки он машгулиятхоеро, ки мураббия гузаштааст хуб дар хотираш накш баста бошад ва онро дар муассиса ё хона такрор кунад, ин як рохи хуби омухтани нутки образнок мебошад.
Дар карни ХХ1 илм ва техника хуб таракй кардааст, мо чавонон метавонем он афсонахоеро, ки дар муассисахои таълими омузонида мешуданд ба ёд орем. Х,ар чй, ки аз бар намудем ва имруз, ки дар ин равия таткикоти илмй мебарем, онро ба таври табии ба кудакони синни томактабй намоиш дихем.
Ба хамин мазмун кудакони синни томактабй метавонанд худро дар чойи харгушхо монда накшофари кунанд, зеро як чихати шавковар ва самарабахши афсона ин ба образ даромадани кудакон мебошад. Як самти асосии ташаккули нутки образнокии кудакони синни томактабй ин сабт намудани намоиши сахнаи онхо мебошад. мураббия бояд накшофарии кудаконро сабт намояд дар охир сахнаи сабт намудаашро ба ахли гурух намоиш дихад то кудакони дигар шавку рагбати зиёд пайдо кунанд ба сахнахои образноки афсонахои дигар майли накшофари карданро пайдонамоянд. Барои шавку рагбати кудаконро бедор намудан ба самтхои самаранокии ташаккули нутки образноки кудакони синни томактабй, бозй низ мавкеи намоёнро ишгол менамояд, зеро хангоми бо кудакон кор кардан дар дили онхо нисбати хар гуна бозичахо ва сахнахои гуногун мехру мухаббатро чой дода мешавад.
М. Лутфуллоев, дар китобй "Боз ва инкишофи нутк" чунин кайдкардааст: "Бозй яке аз омилхои асосии муайянкунандаи муносибат дар чараёни дарс ва фориг аз он мебошад" [1, с. 5.] Ин амалхо метавонад ба нутки образноки кудакони синни томактабй накши асосй гузорад, зеро бозй дар хаёти кудак аз хама чизи боарзиш аст, барои бо мувафакият ташкил намудани он мураббия бояд тарзи усули таълимиро дуруст истифода бурда тавонад. Педагоги рус А. Р. Арутюнов мегуяд: "Накши мурабия дар ташкил ва гузаронидани бозй, накши режиссёри театрро мемонад"[1а сах5]. Бози кудаконро рухбаланд намуда ба хониши асархои бадей майлнамуданро бедор мекунад. Ба акидаи педагог Е. Аракин "бозй бояд яке аз воситахои бузург ва нихоят хуби ивазнашавандаи инкишофи тафаккури кудак хисобида шавад"[1, с. 5].
Х,амин тавр роххои ташаккули нутки образноки кудакони синни томактабй бисёрбуда мо мутахассисони ин сохаро мебояд онрохо дурус аник ба сахми мураббй расонем Х,ангоми кор кардан бо кудакони синни томактабй воситахои зерини инкишофи нутки кудакон истифода мешаванд: муоширати байни калонсолон ва кудакон, мухити фархангии забон, таълими забони модарй намудхои гуногуни санъат (санъати тасвирй, мусикй, театр), адабиёти бадей ва амсоли инхоро метавон ном гирифт, ки яке аз воситахои фаъоли инкишофи нутки образноки кудакони муассисахои томактабй мебошад.
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"
ПАЙНАВИШТ:
1. М. Лутфуллоев, Ш. Котибова, Т. Каримов "Бозй ва инкишофи нут;" Душанбе- 2009 .94 сах
2. Мачидова Бибихафиза. Педагогикаи томактаби. кисми I. Душанбе, 2011. 229сах
3. Мачидова Бибихафиза ва Иззатова Мухаббат. Педагогикаи томактабй, кисми II. Душанбе "Ирфон"- 2012. 312 сах
4. Маводи конфронси илмй - амалии умумидонишгохии "Масъалаи рушди илми психология дар даврони сохибистиклолии Точикистон" Хучанд: Ношир-2018. 452сах
5. Мирсаидов Б. Мукадимаи адабиётшиносй(комплекси таълимй- методй) Нашри хафтум. Хучанд -2021.128с.
6. Эгамбердиева М.Х. Абдуллоева Р. "Лахни навнихол"Хучанд-2017. 100сах
7. Шарифиён М.Х., ^одирова М.А. Инкишофи нутки кудак.Хучанд-2021-292сах
8. Волохов Е.А. Дидактика. -Ростов- на Дону, 2004.- 265с.
9. Ефименкова Л.Н. Коррекция устной и письменной речи учащихся начальных классов. -М.: Просвещение, 1991,-231с.
10. Занков Л.В. Наглядность и активизация учащихся в обучении.-М.:Просвещение,1960, 304с.
PAINAVISHT:
1. M. Lutfulloev, Sh. Kotibova, T. Karimov "Bozi va inkishofi nutk" Dushanbe-2009 .94 sakh
2. Majidova Bibihafiza. Pedagogy and Tomaktabi. qismi I. Dushanbe, 2011. 229sah
3. Majidova Bibihafiza va Izzatova Muhabbat. Pedagogy and tomaktabi, qismi II. Dushanbe "Irfon" -2012. 312 sah
4. Mavodi confronsi ilmi - amalia umumidonishgokhii "Masalai rushdi ilmi psychology dar davroni sohibistiqlolia Tojikiston" Khujand: Noshir-2018. 452sah
5. Mirsaidov B. Mukadimai adabiyotshinosi (complexi ta'limi- methodi) Nashri haftum. Khuчand -2021.128s.
6. Egamberdieva M.Kh. Abdulloeva R. "Lakhni navnihol" Khujand-2017. 100sah
7. Sharifiyon M.Kh., Kodirova M.A. Inkishofi nutqi kadak.Khuчand-2021-292sakh
8. Volokhov E.A. Didactics. -Rostov-on-Don, 2004.- 265p.
9. Efimenkova L.N. Correction of oral and written speech of primary school students. -M.: Enlightenment, 1991, -231s.
10. Zankov L.V. Visibility and activation of students in learning. - M .: Education, 1960, -304 p.
ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"