УДК 9(с)53 Х. З.ТЕМИРОВ
ББК 63,3(5)Т
СА^МИ Ч-РАСУЛОВ ДАР БЕВДОШТИ ВАЗЪИ ^АЁТИ ФАР^АНГИИ ТОЧИКИСТОН (СОЛХ,ОИ 60-80-УМИ АСРИ XX)
Дар давраи сохибистиклол шудани Точикистон, дар таъини рохи фархангии он бо кушишхои чиддии Президенти Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон ба арзишхо ва сарватхои моддию маънавии гузаштаи дуру наздик ахамияти махсус дода мешавад. Асархои Президент: «Фарханг хастии миллат аст», «Аз Ориён то Сомониён», «Точикон дар оинаи таърих», «Чехрахои мондагор» ва гайра муносибати навини точиконро ба мероси фархангй ва сиёсию ичтимоии гузашта хуб таъин намудаанд.
Арчгузории давлати мо ба фарзандони машхури халки точик аз кабили Исмоили Сомонй, Рудакй, Фирдавсй, Мавлавй, Айнй, Бобочон Гафуров, Мирзо Турсунзода ва г. гувохи гуфтахои болост.
Албатта, сиёсати умумии маорифу фарханг аз чониби хукумати марказии иттиходи шуравй таъин мегардид ва Котиби аввали Х,изби Коммунистии чумхурй хамчун шахси аввал масъулияти амалй кардани ин сиёсатро дошт.
Дар давраи рохбарии Чдббор Расулов дар радифи дигар сохахои мухими хочагии халк, сохахои фархангу маориф низ ру ба инкишоф ниходанд. Дар хаёти маънавии чумхурй дигаргунихои куллй ба амал омаданд.
Тафаккури фархангии мардум такмил ёфта, заминаи таълимию моддии маорифи халк бехтар гардид, илм ва санъат бештар ривоч ёфтанд. Муассисахои фархангй, табъу нашр, театриву консертии чумхурй ба комёбихои назаррас сохиб шуданд. Эчодкорону намояндагони санъату хунари чумхурй фарханги миллии точикро дар арсаи байналмиллалй муаррифй карданд.
Дар тамоми фаъолияти хизб ва хукумати чумхурй сиёсати собиткадамонаи иктисодй ва халли масоили мубрами ичтимой ва фархангй, ки барои рушду нумуи некуахволии халк ва баланд гардидани сатхи маънавии он нигаронида шуда буд, мутобикан пеш бурда мешуд. Баъзе акидахое хастанд, ки гуё Чдббор Расулов танхо ба пахтакорй таваччух зохир мекард. Ин сахех аст, сарварони Х,изби Коммунистй ва Хукумати чумхурй вазифадор буданд, ки ба пахтакорй ахамияти чиддй ва хамешагй диданд. Вале муносибат ба фарханг аз чониби Чдббор Расулов харгиз аз доираи таваччух берун набуд (10).
Ба шароити замона мувофику созгор намудани самтхои асосии фаъолияти муассисахои фархангй, матбуотй ва театриву консертй аз силсилаи корхое буданд, ки хамеша Чдббор Расулов таваччухи зиёд зохир мекарданд. Мулохизахои чолиби у чихати бехдошти вазъи хаёти фархангй ва маорифи халки чумхурй, рушду нумуи адабиёту санъат, ташаккули тафаккури маънавии чомеа дар китобу маколахояш ба монанди: «Вазифахои мухими эчодкорон» (соли 1976), «Гул-гул шукуфони иктисодиёт ва маданияти Точикистон» (с.1970), «Иди адабиёт ва санъати точик» (с.1965), «Вазифахои мухими мактаби олй» (с.1979), «Высокий долг учительства» (с.1976), «О состоянии и мерах улучшения народного образования в республике» (с.1980) ва гайрахо баён шуданд. Дар тули рохбарии рохбари фархангдуст бисёр муассисахои фархангй бунёд шуда, ба фаъолият шуруъ карданд. Аз чумла, Театри давлатии чавонони ба номи Махмудчон Вохидов (с.1971), Театри давлатии мазхакавй-мусикии ^ургонтеппа (с.1979), китобхонаи давлатии бачагонаи Ч,умхурии Точикистон (с.1974), нашриёти «Маориф» (с.1975), ансамбли эстрадии «Гулшан» (с. 1964), ансамбли раксии «Лола» (с.1965) ва «Зебо» (1978) таъсис ёфтанд. Чдббор Расулов бо олимон ва ахли адабу санъат, машварату сухбатхо доир намуда, таклифу пешниходхои онхоро ба инобат мегирифт. Солхои 70-ум дар назди масъулони хочагихои чумхурй масъалаи дар дехот ташкилу инкишоф додани махфилхои худфаъолиятию бадеиро ба миён гузошт ва пайваста тайи панч сол фаъолияти ин махфилхоро зери назорат гирифт. Натичаи хамин гамхорй ва фаъолияти пайгиронаи у буд, ки дастахои хаваскорони колхозхои ба номи Ленини нохияхои ^умсангиру Восеъ, колхози «Якуми май»-и Панч, колхози ба номи К.Маркси нохияи Бохтар, колхози ба номи Фрунзеи шахри Хучанд ва хочагихои дигари шахру навохии чумхурй арзи вучуд намуда, дар худуди чумхурй ва берун аз он бо барномахои рангину чолиби консертии худ хунарнамой карданд (6).
Рушду нумуи санъати театрй ва кинои точик низ ба фаъолияти рохбарии Чдббор Расулович алокамандй дорад. Ба руи сахна омадани филмхои нотакрори кинорежиссёри машхури точик Борис Кимёгаров «Достони Рустам», «Рустам ва Сухроб» ва «Достони Сиёвуш» ин худ як навъи инкилоб дар хаёти фархангии Точикистон буду хаст. Ва ё ба хотир овардани сафари эчодии устодони санъати театрии точик ба шахрхои калонтарини чахон, ба мисли Париж, Рим, Ню-Йорк, Дехлй, Монреал, Багдод аз инкишофи хакикии санъати театрии точик дарак медихад. Ё ин ки, ба майдони санъат омадани хунарманди боистеъдод Махмудчон Вохидов ба офаридахои у дар риштаи санъати театрй ин худ далолати он аст, ки дар он солхо хукумати чумхурй ва рохбарони он барои эхё ва такомули адабу фарханги миллй корхои шоёнеро ба сомон расонида, дар як вакт барои тарбия ва фаъолияти хуби эчодии олимон, адибон ва хунармандони касбй тадбирхои судбахш андешиданд (7).
Солхои рохбарии Чдббор Расулов санъати театрй хеле инкишоф ёфт. Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнй, Театри академй-драмавии ба номи Абдулкосим Лохутй, Филармонияи давлатии Точикистон, ансамблхои раксй ва эстрадй, театрхои касбй ва халкии вилоятхо ва шахру нохияхои чумхурй бомуваффакият амал карда, намоишномахо ва барномахои чолиби консертиро ба маърази тамошобинон гузоштанд. Дар театрхои чумхурй асархои классикони чахонй, асархои нависандагони чумхурихои собик Иттиход, адибони мамлакатхои хоричй ва асархои драматургони точик ба сахна гузошта шуданд.
Дар тули фаъолияти сиёсатмадорияш Чдббор Расулов ба тачлили чашну маросимхои симохои машхури илму адаб ва фархангу санъати точик таваччухи зиёд зохир карда, барои дар сатхи баланд созмон додани онхо тадбирхои мушаххас меандешид. Бо карори ЮНЕСКО баргузор шудани чашнхои 100-солагии зодрузи Садриддин Айнй (с.1978) ва 1000 -солагии Абдуалй ибни Сино (с.1981) бахри собит сохтани волоияти тамаддуну фарханг, илму адаби миллат ва ба ин васила боло бурдани обру, нуфуз ва эътибори Точикистон дар арсаи байналмиллй мусоидат карданд (4).
Ч,аббор Расулов барои пойдор намудани дустии халкхои собик Иттиходи Шуравй, инкишофи робитахои мутакобилаи фархангии Точикистон бо дигар кишвархо хизмати бузурге кардааст.
Ташкил ва баргузор намудани даха, хафта ва рузхои санъату адабиёти точик дар чумхурихои собик Иттиходи Шуравй ва манзури мардуми ин кишвархо гардондани фархангу хунари бойи халки точик хамеша дар мадди назари Чдббор Расулов карор дошт.
Намоиши дастоварду комёбихои адабиёту санъат, боздидхои хунармандон, хамкорихои судбахши адибон ва гуруххои хунарй махз тавассути баргузории чунин чорабинихои мухташами фархангй амалй гардиданд.
Баргузории дахаю хафтахои адабиёту санъат ва рузхои фархднги Украина (с 1961), киргиз (с.1961,1976), озар (с.1962), казок (с1963), белорус (с1965), Федератсияи Русия (с.1967), узбек (с.1968), литвонй (с.1969), арман (с.1972) дар Точикистон ва дахаю хафта ва рузхои адабиёту санъати точик дар Украина (с.1962), ^иргизистон (с.1962), Федератсияи Русия (с.1966), Молдавия (с.1967), Литва (с.1970), Арманистон (с.1975), Узбекистон (с.1981) барои тахкими робитаи мутакобилаю адабию фархангии Точикистон бо чумхурихои собик Иттиходи Шуравй, эчоду тарчума ва нашри бехтарин осори илмию адабй заминаи вокей фарохам оварданд (5).
Бо ташаббуси шахсии Чдббор Расулов хар сол дар Кумитаи марказии Х,изби Коммунистии Точикистон бо арбобони санъат ва адибону шоирони намоёни Точикистон, аз чумла Мирзо Турсунзода, Бокй Рахдмзода, Мирсаид Миршакар, Чдлол Икромй, Сотим Улугзода, Фотех Ниёзй, Муъмин ^аноат, Фазлиддин Мухаммадиев, Зиёдулло Шахидй, Шарофиддин Сайфиддинов, Борис Кимёгаров, Хушвакт Хушва^тов ва дигарон мулокотхои тулонй баргузор мегардид. Х,ар кадоме аз онхоро бо марок гуш мекард, эрод ва пешниходхояшонро ба эътибор мегирифт ва рочеъ ба инкишофи маданияти миллат карорхои муфид кабул мекард. Хуб аст, ки хозир ин анъанаро Эмомалй Рахмон давом медиханд ва бо зиёиён робитаи мунтазам доранд (9).
Барои кадрнамой ва хавасманд гардонидани ахли илму адаб, арбобони санъату хунар, бо ибтикори Чдббор Расулов як катор мукофотхои давлатии Точикистон таъсис ёфтанд. Аз чумла, соли 1963 мукофоти давлатии Точикистон ба номи Абуабдуллои Рудакй созмон дода шуд, ки хамчун мукофоти олии чумхурй барои комёбихои намоён дар сохаи адабиёт, санъат ва меъморй то имруз амал мекунад. Санъаткорону хунармандони точик, аз кабили Г.Завкибеков, (с.1965), Ахмад Бобокулов, Мирзорахмон Олимов, Малика Собирова, Музаффар Бурхонов (с.1967), Аслй Бурхонов (с.1970) аз аввалинхо шуда сазовори ин
мукофот гардиданд. Ч,аббор Расулов хифзу истифодаи мероси таърихй ва фархангии миллатро мукаддас хисобида, дар ин самт корхои назаррасро ба сомон расонида буд.
Таъсиси як катор осорхонаи адибони шинохтаи чумхурй, аз кабили Осорхонаи Садриддин Айнй (с.1963), Осорхонаи Абдулкосим Лохутй (с.1981), Осорхонаи Сайдалй Вализода (с.1981), ташкили Осорхонаи таъриху кишваршиносии Кулоб (с.1968), ташкили фаъолияти Осорхонаи миллии Точикистон ба номи Камолиддини Бехзод, Осорхонаи чумхуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Рудакии шахри Панчакент ва дар заминаи онхо ба рох мондани таргибу ташвики ёдгорихои таърихй ва арзишхои миллию умумибашарй, аз силсилаи корхое буданд, ки Ч,аббор Расулов таваччухи хоса зохир мекард.
Ч,аббор Расулов хамчун рохбари кордон, шахси дурандеш ва со_хибмаърифат кушиш мекард, ки ягон пахлуи хаёти мардум аз мадди назар дур намонад. У хуб мефахмид, ки фарханг дар хаёти чомеа накши бузург дорад. Худ, ки шахси хирадманд буд, ба кадри илму дониш ва сарчашмаи хирад, яъне китоб мерасид. Дар баромаду сухбатхои хосааш бо ашхоси воломаком, рохбарон, сарварон доимо таъкид менамуд, ки бояд дар хар як махаллу шахр китобхонахо бунёд ёбанд, ба мардум сари вакт китобу рузнома, мачалла ва дигар нашрияхо дастрас гардонда шавад. Бесабаб набуд, ки таи солхои 60-70 теъдоди зиёди китобхонахои оммавии давлатй ба фаъолият шуруъ карданд (8).
Аз чумла дар шахри Норак (1961), Исфара (1966), Панчакент (1975), Уротеппа (1973), Хоруг (1965), нохияхои Рушон (1966), Конибодом (1965), Зафаробод (1968), Вахш (1966), Х,исор (1968), Файзобод (1972), Дангара (1970), Фархор (1962) ва дигар минтакахои чумхурй 54 китобхонаи оммавй ва бачагона ба фаъолият шуруъ карданд.
Хдмчунин, дар корхона, ташкилоту муассисахо шумораи зиёди китобхонаи сохавй бунёд ёфтанд. Масалан, коргарону ходимони сарредаксияи Энсиклопедияи Точик (1969), Институти иктисодиёти АФ Точикистон (1969), Институти чумхуриявии такмили ихтисоси муаллимон (1969), Техникуми сохтмонии н.Зафаробод (1963), комбинати симобу кургошими Адрасмон (1965), Заводи нурихои азотии Вахш (1966), Иттиходияи «Точикмебел» (1969) ва бисёр дигар ташкилотхо сохиби китобхонахо гаштанд (3).
Солхои 60-70 сохаи табъу нашри чумхурй ба комёбихои беназир муваффак шуд. Фаъолияти нашриёту матбаахо бехтар гардид. Ноширони точик ба нашри бехтарин осори классикони точик шуруъ карданд. Теъдоди нашри адабиёти бадей ва бачагонаи точик, осори нависандагони чумхурихои собик Иттиход ва кишвархои хоричй тадричан афзуданд. Масалан, танхо соли 1964 дар чумхурй 636 номгуи китоб бо адади 4 млн. 854 хазор нусха интишор ёфт. Махз дар солхои 60-ум «Шохнома»-и безаволи Абулкосим Фирдавсй, куллиёти Абулкосим Лохутй, куллиёти Абдусалом Дехотй ва адибони дигари точик чоп шуданд.
Ёдовар шудани дустиву рафокати тарафайни Ч,аббор Расулов ва адибони маъруфи халки точик Мирзо Турсунзода ва Бокй Рахимзода як нав нишони эх,тирому гамхории рузафзуни рохбари софдилу хирадманди точикон нисбат ба ахли калам мебошад. Он солхо адибони точик дар баробари эчоди асархои пурарзиш дар идоракунии давлат ва рохбарони чумхурй кумаки калон мерасониданд.
Ч,аббор Расулович дар мавриди сафархои хизматй хамрохи худ адибону олимони шинохтаро ба назди дехконону коргарон даъват карда, бо ин васила як навъ чахони илму адаби чумхуриро ба хаёти вокеии мардум аз наздик ошно месохтанд.
Нашри х,ашт чилдаи Энсиклопедияи советии точик шуруъ шуд, ки як икдоми хеле часурона аз тарафи рохбари давлат буд, ки он хозир китоби руимизии хар хонадони точик гардидааст.
Ч,аббор Расулов ба масъалаи хеле мухим, ба доираи васеи хонандагон, мардуми захмати оддй, хусусан чавонон дастрас шудани асархои классикони адабиёт ва адибони муосир низ алохида машгул мешуд. Бо супориши у КМ дар ин бора чандин карор, аз чумла карори махсусро доир ба инкишофи табъу нашр, мустахкам кардани базаи полиграфй, зиёд намудани нашри китобхои бадей, китобхои дарсй, илмию- оммавй ва чопи мачаллаву рузномахо кабул карда буд. Дар хамон солхо бо ризоияти вай тамгаи «душманони халк» аз номи Накибхон Туграл, Абдурауфи Фитрат, Ахмадчон Х,амдй бардошта шуду асархояшон дастраси мардум гардид.
Нашри осори нависандагони собик халкхои шуравй хамон сол афзоиш ёфт. Агар тайи солхои 1930-1956-ум хамагй 113 номгуи китобхо чоп шуда бошад, танхо дар фосилаи солхои 1962-1966-ум 70 номгуй ба табъ расид. Соли 1975 нашриёти «Маориф» таъсис ёфт ва тайи панч соли фаъолияташ (1975-1980) 706 номгуи китобро бо адади 21 млн. 276 хазор нусха аз чоп баровард. Соли 1978 дар шахри Душанбе комбинати нави полиграфй ба кор шуруъ кард, ки он дорои 78 мошинаи хуруфчинй буд (6, 33).
Соли 1980 дар комбинат 1 млн. 596 хазор нусха китобу чузвхо, 3 млн. 977 хазор нусха мачмуахо, 243 млн. 500 хазор нусха рузномахо чоп карда шуданд.
Вазъи мактабу маориф, рушди ин соха аз масъалахои мухиме буд, ки замони сарварии Чдббор Расулов дар мачлису машваратхо мавриди мухокима ва баррасй карор мегирифт.
Чунончй, дар яке аз мачлисхои машваратии чумхуриявй, ки мохи августи соли 1980 баргузор шуда буд, Ч,аббор Расулов дар бораи вазъият ва тадбирхои бехтар намудани кори маорифи халки чумхурй маъруза намуд. У дар ин суханрониаш махсус таъкид кард, ки маорифи халк кори умумихалкй аст ва барои мунтазам инкишоф ёфтани он барномаи мушаххаси корй тахия гардад ва дар асоси он тамоми кори ходимони маорифи халк ба рох монда шавад.
Дар раштаи илм, ба хусус дар марказхои мухталифи тахкикй бештар аз 1,5 хазор корманди илмй бо омузишу тахкики сохахои илм машгул буданд. Боиси ифтихори точикон буд, ки олимони шинохта П.Бобочонов, Х,.Х,.Мансуров, Р.Баротов, М.Осимй, К.Точиев, М.Гуломов, С.Неъматуллоев, А.Усмонов, Б.П.Ах,мадов, А.Пулотов, А.Ч,ураев, З.Ч,ураев, Р.Бойматов, Б.Сангинов, А.Назаркулов, В.Касичков, Г.А.Валиев, С.Юсупова, Н.Неъматов ва дигархо дар арсаи илми байналмиллалй маълуму маъруф гардида, бо кашфиётхои нодири худ ба илми точик шухрати чахонй бахшиданд (10).
Дар он солхо Точикистон дорои сохтори васеи давлатии маориф буд ва заминаи пуриктидори таълимию моддй дошт. Дар давоми солхои 1975-1980 дар чумхурй барои 123 хазор талаба мактабхои маълумоти умумй ва барои 18,5 хазор кудакон муассисахои томактабии бачагона сохта шуданд. Яке аз комёбихои намоёни сохаи маориф дар он солхо ин таълими хатмии умумии миёнаи чавонон буд. Тарбияи гоявию сиёсй, маънавй, харбию ватандустй, интернатсионалй, чисмонй асоси кори сохаи маорифро ташкил медод. Чдббор Расулов ба дарачаи дониши донишчуён, ки дар онхо ояндаи Точикистонро медид, диккати махсус медод ва кушиш мекард, ки онхо аз руи накши худ омузанду ба кори пахтачинй барин кори мухим хам иштирок намоянд ва аз фаъолияти донишомузй низ кафо намонанд.
- «Мо аз ин одати зарарнок кай халос мешуда бошем - бо кахру газаб худ ба худ мегуфт у - Пахтачинй хануз сар нашудаасту рохбарони аксар нохияхо ёрдамчй мепурсанд, хазорхо нафар дехконони ба корхои дуюмдарача машгул бударо намебинанду ба ёрии шахрихо умед мебанданд. Фардо ман ба ^умсангир меравам, Турсунзодаю Бокиро хамрох мебарам. Шумо хам пагох соати нухи пагохй ба ин чо оед, якчоя меравем. Дар идора нишастан фоида надорад. Ба «ТочикТа» хабар дихед, ки мухбиронашро пешакй фиристонаду камбудихоро хакконй нависанд. Пагохй ба кабулгохи Расулов хозир шудам ва хамрохамон Бокй Рахимзода ва Мирзо Турсунзода низ ба мошин нишастанд. Аз тарафи Мирзо Турсунзода таклиф шуд, ки студентон ба пахтачинй сафарбар карда нашаванд:
Ч,аббор Расулов чавоб дод:
- Ман хам тарафдори хамин фикр хастам» (3, 23).
Ч,аббор Расулов ба раванди таълиму тарбия диккати беандоза зохир намуда, таклиф менамуд, ки мактаб нагз тачхизонида шавад ва барои инкишофи хаматарафаи насли наврас кушодани мактабхои бисёри мусикиро пешниход кард.
Соли 1981 дар чумхурй 58 мактаби мусикй, чор мактаби мусикии рассомй, мактаби хеографй, мактаб-интернати мусикй бунёд намуда, ба истифода дода шуданд. Дар онхо 12468 нафар хонанда аз руи хафт намуди санъати мусикй хунар меомухтанд.
Ба кори таълиму тарбияи санъатдустони хурдсол ва наврас 1124 нафар устод машгул буданд. Дар дах мактаби олии Точикистон бошад соли тахсили 1980-1981 кариб 56 хазор донишчу тахсил мекард.
Дар чумхурй ба хар 10 хазор ахолй такрибан 143 донишчу рост меомад. Донишгоху донишкадахои олй аз руи 77 ихтисос, донишкадахои миёнаи махсус аз руи 118 ихтисос мутахассис тайёр мекарданд. Дар факултетхо, ки дорои 372 кафедраи тахассусй буд, корхои тадкикотии илмй, эчодй пеш бурда мешуд. Дар мактабхои олй зиёда аз 100 доктор ва 13 хазор номзадхои илм фаъолият доштанд.
Таъсисёбии Донишкадаи тарбияи чисмонии пойтахт (с.1971), Институти давлатии санъати Точикистон (холо ба номи Мирзо Турсунзода), Институти давлатии забон ва адабиёти русй (Донишгохи давлатии забонхои Точикистон) (1980) ин гувохи таваччухи зиёди рохбарият ба мактабу маориф ва таълиму тарбияи чавонон буд.
Ч,аббор Расулов ба хавасмандиву дастгирии аълочиёни маорифи халк, омузгорони пуртачрибаи мактабу таълимгоххо ахамияти чиддй медод ва ба сарварони шахру нохияхо, шуъбахои маориф супориш медод, ки ин кабил ашхосро аз мадди назар дур нанамоянд (2).
Мисоли чолиберо метавон зикр кард. 24 июни соли 1976 дар шахри Душанбе Анчумани VI муаллимони Точикистон баргузор шуд. Дар ин чаласаи бошукухи муаллимон Чаббор Расулов дар «Вазифаи фахрии муаллимон» оиди вазифаи муаллимон дар тарбияи фарзанди мехнакашони чумхурй дар пешрафти тамоми сохахои хочагии халк, рушди сохаи маориф, муаммохо ва халли онхо изхори акида кард.
Аз чумла, рочеъ ба мавкеи муаллим дар чомеа чунин таъкид намуд: «Муаллим барои он ки вазифаи фахриро бо муваффакият ичро кунад, бояд донишхои худ, махорати педагогиашро хамеша такмил дихад, одами хамачониба саводнок ва аз чихати сиёсй тараккй карда бошад. Худи калимаи «Омузгор» водор менамояд, ки хар он касе, ки барои ин кор камар бастааст, бояд худаш бисёр чизхоро донад» (4). Ин гуфтахо имруз хам дорои ахамияти хоса аст. Дар ин рузхое, ки мактабхои мо ба мутахассисони болаёкат ниёз доранд, тачрибаи рохбарони гузашта, мисоли Чаббор Расулов дар бораи эхёи макоми ичтимоии муаллим, рушду инкишофи мактабу маориф низ бояд ба назари эътибор гирифта шавад.
Умуман, масъалаи маорифи халк ва муаллимон хамеша дар маркази диккати Чдббор Расулов будааст. Ба хамин сабаб дар солхои рохбарии у барои рушди мактабу маориф якчанд карор кабул шуда, асосхои конунгузорй дар бораи маорифи халк тахким пайдо карданд, шабакаи донишкадахои муаллимтайёркунй васеъ гардид, маоши муаллимон ва коркунони муассисахои томактабй зиёд карда шуда, барои муаллимони дехот имтиёзу афзалиятхои иловагй мукаррар карда шуданд.
Чаббор Расулов дар Анчумани Хизби Коммунисти Точикистон баромад намуда, оид ба инкишофи илму фарханг дар назди халк вазифахои хеле калонро гузошта, пешравихои илму фархангро кайд карда гузашт: «Рафикон! Чунин сохахо, монанди илм, маориф, маданият аз бисёр чихат вазъияти кори гоявиро муайян мекунад. Дар ин сохахо даххо хазор нафар мутахассисони сохибмаълумот ва дорои донишхои пурраи гоявию назариявй мехнат мекунанд. Мо бо камоли каноатмандй кайд карда метавонем, ки афкори илмии чумхурй дар зарфи ин солхо дар бисёр сохахо часурона хеле пеш рафт. Комёбихои сейсмология, астрофизика, химия, биофизика сазовори эътирофи умум гардиданд.
^айд кардани он хуш аст, ки тадкикоти фундаменталй ба талаботи амалия торафт бештар муваффакият мекардагй шуд. Олимон ба ташкил намудани коплекси территориявию истехсолии Чануби Точикистон, интенсификатсияи истехсолоти хочагии кишлок, ба таври комплексй омухтан ва истифода бурдани захирахои табий хиссаи калон гузоштанд.
Ба Институтхои тадкикотии илмии Академияи фанхо ва дигар муассисахои илмй дар барпо намудани базаи моддй, ташкил кардани лабараторияхои байнисохавй ва иттиходияхои илмию истехсолй, координатсияи корхои тадкикоти илмй кумак расонем, куввахои олимонро ба ичрои барномахои комплексии илмию техникй чалб кунем.
Ба ташкилотхои ибтидоии хизбии муассисахои илмй, ба зиёд кардани таъсири онхо ба дарачаи тадкикот, таълим додану тайёр кардани мутахассисон, ба обутоби гоявии онхо ва дар хар коллектив ба амал овардани вазъияти муътадили эчодй бештар диккат додан лозим аст. Одам рохи таълиму тарбияро дар мактаб, омузишгохи касбию техникй, техникум ва ё дар донишкадаи олй тай карда, ба арсаи хаёти мехнатй кадам менихад. Асоси маърифат, донишу ихтисос, ахлоку одобро донишкада медихад. Симои насли чавон ба андозаи калон вобаста ба он аст, ки армияи бисёрхазорнафараи коркунони маорифи халк вазифаи масъулиятноки худро чй тавр ичро менамояд. Чумхурй холо сохтори калони маорифи халк дорад, ки он умуман бо базаи хуби таълимию моддй таъмин аст. Дар мактабхо бештар аз 1 миллион нафар одамон. аз чумла 85 фоизи онхо дар мактабхои миёна мехонанд, кариб 62 хазор нафар муаллимон мехнат мекунанд (10).
Дар гузоришу суханрони^ои Чаббор Расулов хамеша масъала^ои доги сох,аи маорифдар мадди аввал меистод. У бо дмлсузиву гамхорй он масъалах,оромотрах, сохта, дар назди рохбарони масъул вазифа^ои чиддй мегузошт:
"Дар хама чо гузаштан ба таълими хатмии умумии миёна комёбии асосии мо дар солхои охир мебошад. Аммо тахсилро тарк карда, аз мактаб баромада рафтани бачахо масъалаи чиддй аст. Бисёр чавонон баъд аз он ки синну соли мактабхонии онхо мегузарад, барои гирифтани маълумоти миёна таьсилро давом медиханд. Ин камбудии кори мост. Накшаи кабули талабагон ба мактаб-интернатхо ичро намешаванд. Шумораи бачагон дар гуруххои машгулияташон бардавом кам аст. Барномахои таълим холо мураккаб шуданд ва дар бораи мухайё кардани шароит барои тахсили муътадили бачахо хам дар мактаб ва хам дар хона бештар гамхорй кардан лозим аст.
Муаммои бо мутахассисони ботачриба таъмин кардани хамаи мактабхо ва пеш аз хама мактабхои миёна хал нашудааст. Кам кардан ва хеле бисёр чой иваз намудани
муаллимон дар як катор нохияхо, хусусан дар кишлокхои дурдаст моро ба ташвиш меандозад. Мо аз сифати тайёрии баъзе муаллимони чавон каноатманд нестем.
^исми зиёди чавонон холо баъд аз хатми омузишгоххои касбию техникй ба истехсолот меоянд. Аксарияти омузишгоххои касбию техникии хозира на факат ихтисоси коргарй, балки маълумоти умумии миёна хам медиханд. Дар зарфи панч сол шумораи чунин омузишгоххо дар чумхурй ду баробар афзуд. Дар ин омузишгоххо кариб 36 хазор нафар чавонписарону духтарон мехонанд. Аз маблагхое, ки барои сохтмони омузишгоххои касбию техникй чудо карда мешаванд, дар панчсолаи нав пурра истифода кардан, омузишгоххое, маълумоти миёна медода бошанд, комилан зиёд карда шуда, аз чумлаи духтарон бештар ба тахсил чалб карда шуда,коргар тайёр кардан зарур аст" (9).
Дар баробари муаммох,ои мактабу маориф таваччуди Ч,. Расулов ба мактабх,ои миёнаи махсус ва олй хеле калон буд ва дар симои ин муассисах,о тара;;иёти минбаъдаи сохдх,ои хочагии хал;ро медид: Накшаи дурнамои тараккиёти иктисодиёт ва маданияти чумхурй минбаъд хам такмил додани маълумоти олй ва миёнаи махсусро талаб мекунад. Х,оло дах мактаби олй ва ду филиал хар сол аз хисоби миёна кариб 8 хазор мутахассиси чавон, мактабхои миёнаи махсус бошанд, кариб 11 хазор мутахассис тайёр мекунанд. Ин бешубха, гурухи калони коркунони ихтисоснок аст. Дар баробари ин таълими касбй ва гоявию сиёсии мутахассисонро минбаъд хам бехтар кардан зарур аст».
Дар сохаи тарбияи донишчуён ва талабагон, ташкили истирохати онхо бисёр чорахо дидан лозим аст. Як кисми тамомкунандахои мактабхои олй ва техникумхо ба кори истехсолот омада, мебинанд, ки донишхои гирифтаашон дар амал, дар кор кардан бо одамон малакаи кофй надоранд. Аз имконияти донишкадахои олй ва техникумхо дар инкишофи тадкикоти илмй ва корхои тачрибавию конструкторй хануз пурра истифода бурда намешавад. Чунин масъалахо. монанди бехтар ба хам мутобик намудани фаъолияти мактабхои олй, банакшагирии тайёр кардани мутахассисон низ масъалахои мухиманд.
Х,ар як коркуни мактаби олй ва донишкадахои дигар бояд барои чавонон дар хар бобат намунаи ибрат бошанд, дар ичрои кори супоридашуда бо тамоми дилу чон чидду чахд кунанд, барои насли наврас мураббии хакикй шаванд.
^айд кардан ба маврид аст, ки нависандагон, рассомон, бастакорон, кинематографистон, устодони сахнаи мо баробари хаёт кадам мемонанд. Мулокоти эчодй бо мехнаткашон дар сохтмонхо ва корхонахо, дар колхозу совхозхо, намоишхо ба онхо барои дурустар, равшантар ва ба таври эътимодбахш баён намудани мавзуъхои имруза ва офаридани асархои таассуротбахш дар бораи мехнати кахрамононаи пешкадамону пешсафони панчсола кумак мерасонанд (2).
Аз и;тибосх,ои болой маълум мешавад, ки таваччухд гамхории Ч. Расулов доир ба маорифу сохдх,ои марбути он ба кадом андоза аст.
Ч. Расулов дар суханроних,ои хеш таъкид менамуд, ки барои пешрафти санъату маорифи хал;й бисёр масъалахо ба Вазорати маданият ва Вазорати маорифи чумхурй вобастаанд. У таъкид менамуд, ки онхо бояд бо масъалахои хоста гирифтани мутахассисони маданияту маърифат, репертуари театрхо, ташкилотхои консертй, коллективхои хаваскорони санъат бехтар машгул шуда, ба ахолй намоиш додани кинофилмхоро бехтар кунанд.
Хулоса, аз гуфтахои боло бармеояд, ки Ч,аббор Расулов ба инкишофи маданияту фарханг диккати махсус зохир намуда, камбудию норасогихоро руи рост иброз мекард. Он замон гарчанде, ки замони бозсозию демократия фаро нарасида буд, аммо Ч. Расулов бо рух,ияи демокративу ошкорбаёнии хеш дар мачлису анчуманхо хар як хатоиро тафтиш намуда, акидаи сахехи танкидиро ба пеш мегузошт. Чдббор Расулов пеш аз хама ба хама чабхахои хаёт, ба хусус фархангу маданият, маориф таваччухи беандоза зохир намуда. зимни пешравихо камбудиву костагих,оро дар ин сохдх,о таъкид менамуд ва аз масъулони ва;ти ин сохдх,о ислохи сарива;тии онх,оро та;озо менамуд. Хдмин талаботи сахт ва ошкоргуиву инти;оди сарива;тии Чаббор Расулов буд, ки дар сохаи илму маърифат халки точик дар ин панчсола ба натичахои назаррасу дилхох муяссар гардид.
ПАЙНАВИШТ:
1.Абдулов, К.Матинирода (Ба ифтихори 90 солагии Чдббор Расулов)/ К Абдулов//Нилуфар.-2003.- 22 май
2. Бобочон, Икром.Абармарди арсаи сиёсат/ И. Бобочон //Хдкикати Ленинобод.-2003.-14 июн.
З.Зиндаёд (Хотирахо дар бораи арбоби барчастаи сиёсиву давлатй
Чаббор Расулов).Душанбе.-2003.-270 с
4.Зохиров, М. Бузургонро бузургон зинда медоранд...(Ба ифтихори 100 солагии арбоби давлатй Чаббор Расулов)/ М.Зохиров //Чумхурият.-2013. 18 июл
5.Набиев, В.М, Привознова В.Д.Арбоби барчастаи давлатй.Душанбе/ В.М Набиев, А.М. Fафуров. -:Ирфон.-2003.-175 с
6.Набиев, В, Хусейнов Б. Посдори фарханги миллй./ В Набиев, БДусейнов.-Хучанд:Меъроч.-2013.- 40 с
7. Набиев, В. Гамхори санъати миллй/ В Набиев//Сухани халк.-2013. 4 июл
8.Иброхимов, М. Таърихе ба номаш мешавад иншо.../ М Иброхимов //Х,акикати Ленинобод.-2003.-5 июл
9.Олимов, К. Сахми Чаббор Расулов дар пешрафти фарханг ва маориф/ К Олимов //Чумхурият.-2003. -12 июл
Ю.Одинаев. А. Рохбару созгору бунёдкор/ А Одинаев //Чумхурият.-2003.14 май
REFERENCES:
1. Abdulov, K. Steadfast Person (on the honour of the 90-th anniversary of Jabbor Rasulov)/K. Abdulov // Nilufar. - 2003. May 22.
2. Bobоjohn, Ikrom. A Superman in Political Arena / I. Bobоjon // The Truth of Leninabad. -2003. June- 14.
3. The Late (Memories about prominent statesman being Jabbor Rasulov). - Dushanbe, 2003. -270 p.
4. Zohirov, M. Great Men Keep Alive the Great Men ( on the occasion of the 100-th anniversary of statesmen being Jabbor Rasulov)/ M. Zohirov // Jumhuriyat. - 2013. -July 18.
5. Nabiyev, V.M., Privoznova V.D. Prominent Statesment. / V.M. Nabiyev, A.M. Gafurov. -Dushanbe: Cognition, - 2003. - 175 p.
6. Nabiyev, V.M., Protector of National Culture / V. Nabiyev, Huseynov B. A - Khujand: Me'roj,
- 2013. - 40 p.
7. Nabiyev, V.M. Sympathetic of National Art / V. Nabiyev // Sukhani Khalq (People's Speech). -2013. -July 4.
8. Ibrohimov, M. A Story Will Be Written to his Name / M. Ibrohimov // The Truth of Leninabad.
- 2003. -July 5.
9. Olimov, K. Jabbor Rasulov's Contribution into the Development of Culture and Enlightenment / K. Olimov // Jumhuriyat. - 2003.- July 12.
10.0dinayev A. A Ruler and Founder / A. Odinayev // Jumhuriyat. - 2003. -May 14.
Са^ми Ц.Расулов дар бе^дошти вазъи %аёти фар^ангии Тоцикистон (сощои 60-80-уми асри ХХ)
Вожа^ои калиди: фарханг,хизби коммунисты, театр, ансамбли эстрадй, филармонияи давлатй,дахаи адабиёт ва санъат, осорхона, энсиклопедияи советы, бозсозй, демократия, умумибашарй Дар мацола дигаргунихои куллии сохаи фарханги цумхурй дар давраи сарварии Котиби якуми Хизби Коммунистии Тоцикистон будани Чаббор Расулов (1961-1982) баррасй гардидааст.Муаллифи мацола дар бораи таъсиси муассисахои фархангй, вазифа ва роли ощо дар хаёти фархангй маълумот додааст.^амчунин ба шахсияти таърихй-Чаббор Расулов чун абармарди сахнаи сиёсат ва фархангпарвар хидматхои беназири у дар асоси тахлилхои илмй воцеъбинона бахо дода шудааст. Муаллиф дар он нуцтаи назар аст, ки махз бо кушиш ва захматхои ин шахсияти таърихй якчанд муассисахои фархангй, ки имруз низ ахамият ва роли худро гум накардаанд, сохта, ба истифода дода шуданд. %амчунин сахми ин шахсияти таърихй дар тарбияи цавонони эцодкор низ басо назаррас буда, цавонони сохибистеъдод сазовори цоизахои баланд гардида буданд.
Вклад Дж. Расулова в улучшении состояния культурной жизни Таджикистана (60-80-е годы XX в.)
Ключевые слова: культура, коммунистическая партия, театр, эстрадный ансамбль, государственная филармония, декада литературы и искусства, музей, советская энциклопедия, перестройка, демократия, общечеловеческий
В статье рассматриваются коренные изменения, происходившие в сфере культуры республики в период деятельности Джаббара Расулова в должности Первого секретаря Коммунистической партии (1961-1982 гг.). Автор статьи приводит сведения о создании в
этот период культурных учреждений, раскрывает их функцию и роль в культурной жизни республики. На основе научного анализа дается реальная оценка исторической личности Джаббара Расулова как выдающего политического деятеля, и упоминаются его заслуги в развитии культуры. Автор статьи приходит к выводу, что именно благодаря усилиям и труду Дж. Расулова были построены и сданы в эксплуатацию несколько культурных учреждений, которые и по сей день не утратили свою роль и значимость. Также значительным является вклад этой исторической личности в воспитании талантливых молодых людей, которые были удостоены высоких наград.
J. Rasulov^s Contribution into the Improvement of the Condition of Cultural Life in Tajikistan(the 60-ies-80-ies of the XX-th century)
Keywords: culture, communist party, theater, modern ensemble, state philharmonic society, decade of literature and art, museum, Soviet encyclopedia, preconstruction, democracy, universal The article dwells on the ultimate changes that took place in the sphere of culture of the republic during the period of Jabbar Rasulov's activity as the first secretary of the Communist Party (1961-1982). The author of the article adduces information concerned with the establishment of cultural institutions during the relevant period, he reveals their function and role in the cultural life of Tajikistan Republic. Proceeding from scientific analysis, the author of the article gives a real assessment of Jabbar Rasulov's historical personality as an outstanding politician and mentions his achievements in reference to the development of culture. To sum it up, the author concludes that due to J. Rasulov^s efforts and might several cultural institutions were built and commissioned, which havent lost their role and significance up to date. The contribution of this historical personality is considered to be significant in the upbringing of talented young people who have been endowed high awards as well.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Темиров Хушруз Зарифович, докторант (Phd)-и соли сеюми факултети таърих ва ^уцуци Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Бобоцон Fафуров(Цумylурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail: isfandiyori.nurzod@mail.ru Сведения об авторе:
Темиров Хушруз Зарифович, докторант (Phd) третьего курса факультета истории и права Худжандского государственного университета имени академика Бободжона Гафурова(Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail: isfandiyori.nurzod@mail.ru Information about the author:
Temirov Khusruz Zarifovich, third-year doctoral(Phd) candidate of the history faculty and law of Khujand State University named after academician Bobojon Gafurov (Republic of Tajikistan, Khujand), E-mail: isfandiyori.nurzod@mail.ru