Научная статья на тему 'Pedagogical viewpoints of Vojidali Mujmali'

Pedagogical viewpoints of Vojidali Mujmali Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
161
25
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МУДЖМАЛИ / ОБУЧЕНИЕ / TUITION / ЛИТЕРАТОР / УЧИТЕЛЬ / TEACHER / АТСБАК / "МАГЛА'-УЛ-УЛУМ" / ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ ВОЗЗРЕНИЯ / PEDAGOGICAL VIEWPOINTS / MUJMALI / MAN-OF-LETTERS / ATOBAK / MATLA ''-UL-ULUM

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Аюбова Манижа Зокирджоновна

В сгагье речь идег с педагогических воззрениях ученого и педагога Воджидали Муджмали. Отмечается, что Воджидали Муджмали один из персидско-таджикских мыслителей и ученых Индии XIX века, известный своим произведением «.Магла ’ул улум ва маджма’ул фунун». На основе изучения материалов доказывается, что в этом произведении Муджмали наряду с рассмотрением вопросов литературоведческого характера, высказал также и свои передовые педагогические взгляды. В статье предпринимается попытка научного анализа его педагогических взглядов и суждений. До сих пор в таджикской педагогической науке имя и педагогические взгляды этого ученого и педагога оставались вне поля зрения исследователей. Этим обуславливается цель автора сгагьи вкратце ознакомить читателей с педагогическими взглядами Воджидали Муджмзли, сформированных под влиянием исламской и индийской культур, а также философско-нрзвственных воззрений персидско-таджикских и европейских мыслителей.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Педагогические воззрения Воджидали Муджмали

The article dwells on the pedagogical viewpoints of scientist and teacher, Vojidali Mujmali. It is noted that Vojidali Mujmali is one of the Persian-Tajik thinkers and scholars of India referring to the XIX-th century, known for his literary production called "Matla'-ul-ulum va majma'-ul-fonun". Designing on the premise of the studied materials, the author proves that in the relevant literary production Mujmali alongside with consideration of issues beset with literary character expressed his advanced pedagogical viewpoints as well. In his article the author makes an endeavor to conduct a scientific analysis dealing with his pedagogical views and judgments. So far, in the Tajik pedagogical science the name and pedagogical viewpoints of the mentioned scientist and teacher have remained outside the field researchers ' explorations. The objective of the author of the article is to briefly familiarize readers with the pedagogical viewpoints of Vojidali Mujmali formed under the influence of Islamic and Indian cultures, philosophical and moral views of Persian-Tajik and European thinkers as well.

Текст научной работы на тему «Pedagogical viewpoints of Vojidali Mujmali»

УДК 371 М.З.АЮБОВА

ББК 74.00.2

АФКОРИ ПЕДАГОГИИ ВОЧИДАЛИИ МУЧМАЛЙ

Мардуми точик аз даврахои кадим дорои афкори бойи педагогй буда, тарбияи насли наврас хануз аз замонхои бостон яке аз масъалахои мухимтарин ба хисоб мерафт. Андешахои педагогии мутафаккирону олимони форсу точик хануз дар «Авасто», андарзномахои замони Сосониён, дар хикмати замони Сомониён ва даврахои баъдина рушду такомул ёфтаанд. Истифодаи андешахои мутафаккирону олимони замони гузашта дар тарбияи насли наврас, ба хусус барои муайян кардани рохи худшиносии миллй ахамияти калон доранд. Ч,.Файзалиев бардак кайд кардааст, ки афкори педагогии олимону шоирони форсу точик на танхо барои миллати худ, балки барои рушду такомули афкори педагогии бисёр халкхои олам таъсири мусбат гузоштааст (7, 22).

Осори безаволи Абуабдулло Рудакй, Абуалй ибни Сино, Унсурулмаолии Кайковус, Саъдии Шерозй, Абдуррахмони Ч,омй, Ахмади Дониш ва садхо нафари дигар барои таълиму тарбияи фарзандон дастури бехтарин дар тамоми олам ба шумор мераванд. Бесабаб аксарияти ин бузургонро бо эхтиром устод намегуянд, зеро осори онон мактаби бузурги ахлоку маърифат мебошад.

Чароги маърифату илмомузй дар ягон аср хомуш нагашта буд ва он дар мамлакатхои Шарк доимй фурузон буд. Мамлакати Х,индустон, ки яке аз кишвархои афсонавй ба шумор меравад, аз замонхои бостонй мактабхои бузурги педагогиро дошт. Хднуз Абурайхони Берунй (973 - 1048) ба масъалаи таълиму тарбия дар Х,индустон таваччух зохир карда, дар бораи педагогикаи ин кишвар маълумот дода буд. Вай таълимоти фалсафй ва педагогии хиндуёнро доир ба гирифтани дониш ба се рох нишон додааст. Рохи якум донишу хикмати модарзодй аст, дуввум донишу хикмати бо мурури солхо бадастомада. Х,ар дуи инхо тавассути талкинкунй ба даст меоянд. Рохи сеюм бошад, омухтан аст, ки хар кас бо баробари худашро шинохтан ва ба балогат расиданаш фаро гирифта метавонад (3, 66).

Дар заминаи таълимоти динхои махаллй, ислом ва насронй дар ин мамлакат дар асрхои ХУШ-Х1Х андешахои нав ва дар айни замон пешкадами педагогй ва дидактикй арзи хастй намуданд. Сабаби рушду тараккй ёфтани афкори педагогй ва дидактикаву этика дар ин асрхо ба таъсири бевоситаи маорифи аврупой ва мактабхои типи нав вобаста мебошанд. Ахли илму маърифат дар ин асрхо кушиш мекарданд, ки мардуми Х,инд ва дар катори онхо мардуми форсизабони ин кишвар низ аз комёбихои улуми рушдёфтаи замон,мисли хандаса, риёзиёт, физика ва чугрофиёи аврупой бахра бардоранд. Яке аз нафароне, ки амалан хиссаи худро ба рушди маорифи Х,индустон гузоштааст, адиб, хдким ва табиби асри Х1Х-и шибхд кораи Х^инд Вочидалии Мучмалй мебошад.

Вочидалии Мучмалй шахси сохибмаърифати замони худ буда, барои хамзамононаш китобе таълиф кард, ки бо номи «Матлаъ-ул-улум ва мачмаъ-ул-фунун» маъруф аст. Вочидалии Мучмалй китобашро санаи 20 декабри соли 1845 (20 зулкаъдаи 1261 х.) ба навиштан огоз кард ва дар муддати як сол онро ба поён расонида, ба зевари табъ ороста гардонид.

Ба андешаи мо сабаби зуд таълиф кардани чунин як асраи чомеъ ва энсиклопедй, ки тамоми сохахои илму фанро фаро гирад, такозои замон буд. Вочидалии Мучмалй бо баробари ба Х,индустон ворид гардидани аврупоиён дарк карда буд, ки низоми тахсил бояд, ки чунин фанхонеро ба шогирдон омузонад, ки муфид ва дар айни замон зарурй бошанд. Дар баробари ин дар фурсати кам донишомузон тавонанд, ки дониши фаровонро аз худ намоянд. Дар ин хусус у дар огози китоб кайд кардааст: «чун дастури таълими мубтадиён, ки билфеъл ба дабистонхои форсй мустамарр аст, ру ба камоли забунй дорад, яъне мутааллимон солхои дароз ба хондани баъзе аз иншохо ва кутуби касаси ишкангез ва гайра, ки мубтадиёнро аз он эхтироз мебояд, умри азиз талафу ройгон мекунанд ва дар хакикат аз саводи улум бебахра мебошанд. Агар ба чихати рафъи ин харобихо таълими мубтадиён ва тасхилу осонии толибон ва шакоикон нусхае тартиб бояд...» (6, 5).

Аз ин иктибос дарк кардан мумкин аст, Вочидалии Мучмалй барои форсизабонон ва дабистонхои замони худ асареро таълиф намудааст, ки он тамоми илмхои пешрафтаи замонаро фаро гирифта тавонад. Танхо аз иктибоси болой метавонем ба назар гирем, ки дар он замон дар мактабхои форсизабони Х,индустон ба сифати китобхои дарсй киссахо ва

китобхои «ишкангез» таълим дода мешуданд, ки аз худ кардани онхо вакти тулониро гирифта мубтадиён, яъне хонандагонро аз бахрабардорй аз илмхои гуногун бозмедошт.

Дар асрхои миёна ва давраи нав дар Шарки мусулмонй омузиши илм дар дабистонхо ва мадрасахо сурат мегирифтанд.

Дар мамлакати Хиндустон дар асри XIX вазъи педагогикаи точикй-форсй чй гуна будааст, асари Вочидалии Мучмалй метавонад, ки комилан посух гуяд.

Бино бар ахбори худи у дар мукаддимаи асараш хануз дар оила падараш, ки хамчун муншй дар девони хукумати махаллй фаъолият мебурд, барои рушду такомули маънавии вай кушиш карда буд. Дар дувоздахсолагй у бо илмхои адабиёт, ашъори форсй-точикй комилан шинос буд (6, 6). Маъмулан, дар синни булуг аллакай илмхои машхури замони худро фаро гирифта будааст. Дар муддати як сол таълиф кардани асари чомеъ ва шарх навиштан ба асосхои хар илми мавчудаи замонаш аз он шаходат медихад, ки вай вокеан дустдори фарханг ва миллати худ буда, барои хамзамононаш тухфаи сазоворро такдим кардааст. «Матлаъ-ул-улум ва мачмаъ-ул-фунун»-и у зуд баъди таълифаш аз чониби матбааи Нувал Кишур ба чоп мерасад ва дар муддати кутох на танхо ба мардуми Хиндустон, балки барои босавод гардонидани точикону форсизабонони Афгонистон ва Осиёи Миёна низ сахми гузоштааст.

«Матлаъ-ул-улум ва мачмаъ-ул-фунун» - асари чомеи энсиклопедй аз фанхои одй сар карда то фанхои мураккабу мухталиф аст ва максад аз он ба таври мухтасар ва кутох шарх додани илмхои машхури замон барои шогирдон мебошад. Китобро муаллиф ба ду дафтар чудо мекунад ва дафтари якумро «Матлаъ-ул-улум», яъне ибтидои илмхо, тулуъгохи илмхо меномад ва дафтари дуюмро бошад, «Мачмаъ-ул-фунун» ном мегузорад. Дар дафтари аввал аз илмхои муътабари замон мухтасар накл мекунад ва худаш таъкид мекунад, ки барои ин дафтари китобро навиштан аз китобхои машхури ин илмхо истифода кардааст (6, 6). Ин як усули кадимаи таълифи асархои таълимй мебошад. Нисбат ба дафтари якум дафтари дуюм ахамияти бештари илмй, этнографй, педагогй, равоншиносй, ичтимой, фархангиву эстетикиро фаро гирифтааст. Дар таълифи ин дафтари асараш у асосан ба мушохидахои худй такя мекунад ва андешахои худро баён медорад.

Хам дафтари якум ва хам дафтари дуюми китоби у дар педагогикаи Шарк навгонихои зиёдеро вазъ намуданд.

Агар аз нуктаи назари илмй бахо доданй шавем, афкори педагогии Вочидалии Мучмалй дар таснифоти илмхо, дар табакабандии хунархо ва касбхо шоёни диккат мебошанд. Маъмулан, дар кишвархои Шарк таваччухи зиёд ба илмхои гуманитарй равона мегашт ва хамин хол дар таълифоти Вочидалии Мучмалй хам ба назар мерасад. Дафтари якум, ки аз 37 фасл иборат аст, 27 фасл шомили илмхои гуманитарй ва танхо 10 фасл ба илмхои табий марбутанд.

Дафтари дуюм бошад, асосан он илмхо ва донишхои касбиеро фаро мегирад, ки бо хондани онхо мардум метавонанд, ки касберо пеш баранд. Яъне дафтари дуюми китоб бештар ахамияти амалй дорад. Дар ин дафтар доир ба 95 касбу хунар, ки бо истифодаи онхо барои зиндагй маблаг пайдо кардан мумкин аст, маълумоти мухтасар медихад. Дар дафтари дувум, ки «Матлаъ-ул-улум» ном гирифтааст, се фасли махсус чой дорад, ки махсусан доир ба педагогика мебошанд, ки онхо «Дар фанни муаллимон» (фасли 11), «Дар фанни адибон ва атоликон» (фасли 12) ва «Дар фанни кориён» (фасли 13) мебошанд. Дар ин фаслхо андешахои Вочидалии Мучмалй доир ба педагогика ва дидактика баръало мушохида мешавад. Агар фасли «Дар фанни муаллимон» доир ба касби омузгорй ва масъалахои таълиму илмомузй бахс кунад, фасли «Дар фанни атоликон ва адибон» доир ба тарбияи фарзандон, доир ба роххои ёд додани одобу ахлок аст.

^оидахои аз ёд кардани ^уръон, омухтани тарзи дурусти кироати китоби мукаддас дар фасли «Дар фанни кориён» баён гаштаанд ва методхои пешниходкардаи муаллифро на танхо барои тарбияи хофизони ^уръон, балки барои тарбия ва ба камол расонидани хофизон, актёрон ва намояндагони касбхои дигар, ки корашон ба хифзу матнхо марбут аст, истифода кардан мумкин мебошад.

Андешахои педагогии Вочидалии Мучмалй на танхо дар фаслхои зикршуда, балки дар фаслхои дигари китоб хам ба назар мерасанд. Дар педагогикаи кадимаи Хиндустон принсипи «ман ичро мекунам, ту онро дида ёд бигир» амал мекард (7, 197-227). Дар «Матлаъ-ул-улум» махз хамин тачрибаи кадимаи таълим истифода гардидааст. Агар тибки таълимоти кадимаи Хинд устод ё худ "гуру" накши ичрокунанда дошт, пас шогирд уро пайравй менамуд. Вочидалй хамин усулро истифода карда, дар асараш доир ба хар илм ва касбу хунар маълумоти даркориро менависад ва хонандагон бо ин рох шогирди маънавии у мегарданду худи вай ба ичрокунандаи накши "гуру" мешавад.

Дар мамлакатхои Шарки мусулмонй таълиму тарбияи насли наврас дар асоси талаботи шариати ислом амалй гардонида мешуд, ки ин чизро дар осори Вочидалии Мучмалй хдм дида метавонем. Андешахои педагогии Вочидалии Мучмалй тахти таъсири таълимоти ислом, осори педагогии мутафаккирони Шарк, таълимоти динхои кадимаи Х,инд, осори илмии аврупоиён ва тачрибаи шахсияш шакл гирифтаанд.

Ба андешаи Вочидалии Мучмалй сохибони се касб мавчуд аст, ки барои таълиму тарбияи насли чавон вазифадоранд. Якум - муаллимон, ки вазифаи онхо додани илм, яъне таълим мебошад; дуввум - адибон, яъне нафароне хастанд, ки ба фарзандон одобро меомузонанд ва саввум атоликон, ки ба тарбияи фарзандони шохон ва ашрофон машгул мегарданд. Муаллим дар зинаи аввал карор дорад ва дар баробари ин касе, ки илм меомузад, набояд, ки беодоб бошад. Чунончи у менависад: «илмро адаб лозим аст ва адабро илм лозим набувад, хол он ки илм ашраф ва аъзами фунун аст. Агар ахли илм беадаб бошад, ба хеч наярзад ва ахли адаб викоре надорад» (6, 496).

Вочидалии Мучмалй ба хар узви тани инсон одобхоро муайян кардааст. Бо ин рох вай таъкид мекунад, ки хдмаи аъзои инсон бояд, ки коидахои муайяни одобро риоя кунанд. Масалан, у менависад: «Одоби чашм он аст, ки ба чизхои диданй назар кунад ва ба чизхои нодиданй дидаи орзу во накунад, хусусан ба шармгохи хайвонот ва инсон» (6, 498). Дар хусуси одоби гуш бошад, таъкид медорад, ки чизи ношуниданиро гуш накунад.

Ахамияти зиёдро дар ин фасли асар муаллиф ба тозагй ва риояи речаи руз муайян кардааст. Вай таъкид мекунад, ки адиб бояд ба шогирдонаш сахархезй ва тозагиро омузонад. Барои тозагиро риоя кардан вай дар асоси таълимоти фикхи ислом андеша баён карда, кайд мекунад, ки толибилм бояд вузуъ гирад ва одоби шустушуй, мисвоккунй ва хилоли дандонхоро риоя намояд.

Дар масъалаи таълим низ андешахои Вочидалии Мучмалй пешкадам ва зарурй хастанд, ки то кунун ахамияти худашонро гум накардаанд. Барои дарсгузарй у чанд рохро пешниход кардааст. Масалан, барои болида гардонидану шавкманд кардани хонандагон аз муаллим талаб мекунад, ки уро таъриф кунад. «Агар омухта ёд бошад, тахсину офарин гуяд, то хотири мутааллим хурсанду осуда шавад ва агар фаромуш карда бошад, маломату нафрин кунад, то уро шарм ояд ва дигар ёд дихонад, то вакте ки хуб хифз накунад» (6, 395).

Масъалаи мухиме, ки Мучмалй бардоштааст, ба назар гирифтани кадри фахмиш ва идроки мутааллимон мебошад. Вай ба муаллимон таъкид мекунад, ки ба хонандагон мувофики фахмишашон дарс бигуяд.

Дар масъалаи муносибати муаллим бо шогирдонаш хам Вочдалии Мучмалй таъкидхои фаровонеро зикр кардааст, ки яке аз онхо чунин мебошад: «Х,ар вакт тундхуй ва туршруй одат надорад, то мучиби вахшати мутааллимон нагардад ва на ин кадар халиму салим бошанд, ки мутааллимон аз вай бе хавфу хатар шаванд» (6, 395). Ин андешаро дар педагогикаи муосир низ метавонем, ки мавриди истифодабарй карор дихем.

Атобакон бошанд, хамрохи шогирдон доимй карор мегиранд ва ба у касбу ханархои заруриро меомузонад.

Дар дафтари дувуми асари «Матлаъ-ул-улум ва мачмаъ-ул-фунун» таваччухи асосиро Вочидалии Мучмалй ба самти педагогикаи касбй равона кардааст. Дар ин кисмати асараш у дар бораи 95 хунар ё худ фан маълумот медихад ва асосхои он касбу хунархоро ба хонандагонаш шарх медихад. Агар ба таври умумй гирем, навиштахои Вочидалй дар бораи хунархо пурра педагогикаи касбй нест, аммо дар онхо унсурхои фаровоне хастанд, ки ба низоми педагогикаи касбй ворид кардан мумкин аст. Вочидалии Мучмалй дар асараш кушиш ба харч додааст, ки хонандагонаш ба сотсиуми касбй ворид гарданд. Барои ба ин максад ноил гардидан у маълумотро доир ба хар касб медихад ва афзалияту камбудихои онро мегуяд. Дар баъзе холат вай хатари он касбро хам номбар мекунад, гохо аз ин касб чй кадар маблаг ба даст оварданашро хам таъкид мекунад. Агар осори Вочидалиро бо тахкикоти педагогй киёс намоем, тарзи корбарии у мутобик ба талаботи сотсиализатсияи касбй-педагогй мувофик мебошад (1, 98).

Аз нуктаи назари ин таснифоти илмй руйкарди Вочидалии Мучмалиро ба касбхо ва омузиши онхо ба чунин кисматхо чудо кардан мумкин мебошад:

1. Маълумоти тарбиявй;

2. Маълумотдихй доир ба асосхои касб.

Маълум аст, ки дар даврони зиндагии Вочидалии Мучмалй омузишгоххо, мактабхои касбй, мактабхои олии касбй, ки имрузхо хастанд, мавчуд набуданд. Мухассилини дабиристонхои замони Мучмалй, ки барои онхо асарашро таълиф кардааст, 15-20 сола хастанд. Дар ин синну сол барои онхо зарур будааст, ки дар интихоби касбу хунар, ки барои

ояндаашон лозим аст, маълумот пешниход намояд. Бино бар гуфтаи мухаккик П.Г.Гостева махз дар хамин синну сол дар наврасон давраи гузариш аз конформизм ба худнишондихй ва шахсиятсозй мегузарад. Дар ин маврид онхо дар симои падару модар ва муаллимонашон маслихатчй ва рахнаморо дидан мехоханд (4, 22). Вочидалй хам айнан бо хамин рох кадам мезанад ва ба хонандагонаш рохнамой мекунад. Масалан, дар бораи оташбозй, ки марбут ба мушакпарронй ва тарфгарй аст, дар ибтидо у чунин таъкид мекунад: «Бидон, ки оташбозй бисёр хатарнок аст, чу агар дар холати гафлат ва бехабарй ахгаре дар борут афтад, эхтимоли зиёни чону мол ва сухтани хона аст ва донишмандонро бояд, ки ба иртикоб ва истеъчол корхое, ки дар он бими мазаррат зиёдатар бошад, камтар илтифот намоянд, балки аз он пурхазар бошанд ва харгиз шеваи худ насозанд ва агар ин аз зарурат хочат бад-он афтад, ба саранчоми он камоли хазму эхтиёт ба чо оранд, то аз бими хатар махфуз бошанд» (6, 447).

Танхо баъди огохй додани хатархои касби оташбозон Мучмалй тарзи тайёр кардани зарфхо ва усулхои рехтани доруву борутро ба мубтадиён мефахмонад. Агар касб хатаре надошта бошад, бевосита дар бораи он маълумот медихад. Дар ин маврид мавкеи Вочидалй хамчун мушовир ва маслихатчй аст.

Хусусияти дигар таълифоти Вочидалии Мучмалй аз нуктаи назари педагогика ба масъалахои педагогикаи ичтимой марбут аст. Вай баъди тавсифи хар касбу хунар, коидахои асосии онхо маълумот додан, дар як мох аз он касб чй микдор даромад гирифтанашро хам таъкид мекунад. Масалан, аз галлафурушй, зарффурушй дар як мох чанд рупия нафъ гирифтан мумкин аст, ишора мекунад (6, 447 - 448).

Хама ин кушишхои Вочидалии Мучмалиро, ки дар тарбияи касбй ва хам ичтимоии мубтадиёнаш раво дидааст, идомаи мантикии таълимоти педагогикаи Хиндустон номидан мумкин аст. Чунончи, дар он формулаи махсус амал мекунад, ки ин аст: чомеа - кудакй -чомеа. Тибки ин таълимот тамаддуни Хинд асрхои зиёд арзи хастй намудааст (3, 131).

Вочидалии Мучмалй барои ба хонандагон фахмонидани ахамият, мохият ва даромаднокии ин ё он касб ба хунари мардумй руй меоварад ва то андозае асараш барои дарки педагогикаи касбй ва этнопедагогикаи замони муаллиф ахамияти фаровон дорад. Харчанд ки дар манотики гуногуни Хиндустон анъанахо ва роххои муайяни тарбияи наврасон чой дошт (5, 175-177) Вочидалии Мучмалй рохи осон ва фахмотари омузонидани хунархоро пешниход намуда буд, ки афкори пешкадам дар он замон ба хисоб мерафт.

Ба хамин минвол, «Матлаъ-ул-улум ва мачмаъ-ул-фунун»-и Вочидалии Мучмалй дар баробари ахамияти адабиву сарчашмавй доштанаш, дорои афкори зиёди педагогй аст, ки ин тарафи масъала то хануз дар илми педагогика мавриди назар карор нагирифтааст.Тахлилу баррасй ва амалй намудани андешахои педагогии ин адиб, ки аз улуми адабу ахлоку тарбияти Хинди кадим ва Аврупо об мехурад, дар илми педагогикаи муосир хеле муфид аст.Хоса, дар замони чахонишавии сареъ ба эътибор гирифтани афкори пешкадами педагогии Вочидалии Мучмалй ба андешаи мо, ногузир аст. Зеро дар онхо масоили назариявии тарбияву таълим чунон баён гардидаанд, ки барои имрузиён низ судманд аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдыкаримов, Б., А. Абдыров, Г. Баубекова Профессиональная педагогика./ Б Абдыкаримов. - Астана: КазАТУ им. С.Сейфулина, 2009. - 309 с.

2. Альбедиль, М.Ф. К вопросу о социолизации детей у Южноиндийских дравидов. / М.Ф. Альбедиль// Этнография детство. Традиционные формы воспитание детей и подростков у народов Южной и Юго-Восточной Азии. - Москва: ГЛРВ Наука, 1988. С. 129 - 159.

3. Аль-Бируни. Индия / Хрестоматия по истории социальной педагогики и воспитания. Т. 1. Зарубежная история / Сост. А.А. Фролов, Ю.Х. Трушина. - М.: Народное образование, НИИ школьных технологий, 2007. С. 62 - 67.

4. Гостева, П.А. Социально-психологические критерии выбора профессии старшеклассников. Дис...канд. психол. Наук/ П.А. Гостева. - Москва, 2003. 178 с.

5. Гохман, В.И., Оранская Т.И. Формы воспитания детей и подростков у пенджабцев Индии. В.И Гохман.-С.172 - 192.

6. Мучмалй, Вочидалй. Матлаъ-ул-улум ва мачмаъ-ул-фунун / В. Мучмалй. - Калкатта: Нувал Кишур, 1846. - 550 с.

7. От глиняной таблички к универститету. / Под редакцией профессора Т.Н. Матулис. -Москва: Издательство РУДН, 1998. - 532 с.

8. Файзалиев, Дж. Х. Философия образования таджикско-персидских мыслителей средневековья и их ценность в развитии современной национальной педагогики. / Дж.Файзалиев //Автореф. дисс. докт. педаг. наук. - Душанбе, 2014. - 40 с.

9. Файзиева, Ш.М.Назаре ба рузгор ва осори Вочидалии Мучмали/Ш.М.Файзиева// Номаи донишгох,.Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносИ.-2017.-№ 4.- С.138-143

REFERENCES:

1. Abdykarimov, B., Abdyrov A., Baubekova G. Professional Pedagogy. - Astana: Kaz ATU named after .

Saken Seifulin, 2009. - 309 p.

2. Albedil, M.F. To the Issue of Sociolization of Children by South Indian Dravidians. / Ethnography of Childhood. Traditional Forms of Children's and Teenagers" Upbringing and by the Peoples of Southern and South-Eastern Asia. - Moscow: GLRV Science, 1988. - P. 129 - 159.

3. Al-Biruni. India / Chrestomathy on the History of Social Pedagogy and Upbringing. - V. 1. Foreign History / Compiled by A.A. Frolov, Yu.Kh. Trushina. - M.: Public Education, Scientific-Research Institute of School Technologies, 2007. - P. 62 - 67.

4.Gosteva, P.A. Socio-Psychological Criteria of Choosing Profession for Senior Pupils. Candidate dissertation in psychology. - Moscow, 2003. - 178 p.

5. Gohman, VI, Oranskaya TI Forms of Children's and Teenagers" Upbringing by Punjabis of India. -P.172 - 192.

6. Mujmali, Vojidali. Matla-ul-ulum wa maama-ul-fonun. - Kalkatta: Nuval Kishur, 1846. - 550 p.

7. From a Clay Tablet to the University. / under the editorship of Professor T.N. Matulis. - Moscow: Publishing House of the Russian University of People's Friendship, 1998. - 532 p.

8. Faizaliev, J.Kh. Philosophy of Education of Tajik-Persian Thinkers of Middle Ages and their Value in the

Development of Modern National Pedagogy. Synopsis of candidate dissertation in pedagogy. -Dushanbe, 2014. - 40 p.

9. Fayzieva, Sh.M. Some Views on Vojadalii Mujmali"s Lifestyle and Creations/ Sh.M.Fayzieva // Scientific Notes. Series of Humanities and Social Sciences. - 2017. -№° 4. - P. 138 - 143.

Афкори педагогии Воцидалии Муцмалй

Вожа^ои калиди: Муцмалй, таълим, адиб, муаллим, атобак, «Матлаъ-ул-улум», афкори педагоги.

Дар мацола доир ба андешахои адиб, олим ва педагог Воцидалии Муцмалй дар хусуси педагогика сухан ба миён омадааст. Зикр меравад, ки Воцидалии Муцмалй яке аз мутафаккирон ва олимони форсу тоцики асри XIX-и Х,инд буда, бо «Матлаъ-ул-улум ва мацмаъ-ул-фунун» ном асараш маъруфият дорад. Собит мешавад, ки дар ин асар Муцмалй дар баробари масъалацои улуми адабй, афкори пешрафтаи педагогиашро низ баён кардааст. Дар мацола кушиш ба харц дода шудааст, ки афкори педагогй ва андешахои у мавриди таулили илмй царор гирад. То кунун дар илми педагогикаи тоцик номи ин олим ва педагог ношинохта монда буд. Хадафи асосии муаллифи мацола ба таври мухтасар шинос кардани хонандагон бо андешауои афкори педагогии Воцидалиии Муцмалй аст. Ишора мешавад, ки андешахои педагогии Муцмалй аз фаруанги ислом, уиндуия, андешауои фалсафию ахлоции мутафаккирони форсу тоцик ва Аврупо об хурдааст.

Педагогические воззрения Воджидали Муджмали

Ключевые слова: Муджмали, обучение, литератор, учитель, атобак, «Матла'-ул-

улум», педагогические воззрения В статье речь идет о педагогических воззрениях ученого и педагога Воджидали Муджмали. Отмечается, что Воджидали Муджмали - один из персидско-таджикских мыслителей и ученых Индии XIX века, известный своим произведением «Матла'- ул - улум ва маджма'- ул - фунун». На основе изучения материалов доказывается, что в этом произведении Муджмали наряду с рассмотрением вопросов литературоведческого характера, высказал также и свои передовые педагогические взгляды. В статье предпринимается попытка научного анализа его педагогических взглядов и суждений. До сих пор в таджикской педагогической науке имя и педагогические взгляды этого ученого и педагога оставались вне поля зрения исследователей. Этим обуславливается цель автора статьи - вкратце ознакомить читателей с педагогическими взглядами Воджидали Муджмали, сформированных под влиянием исламской и индийской культур, а также философско-нравственных воззрений персидско-таджикских и европейских мыслителей.

Pedagogical Viewpoints of Vojidali Mujmali

Keywords: Mujmali, tuition, man-of-letters, teacher, atobak, Matla'-ul-ulum, pedagogical viewpoints

The article dwells on the pedagogical viewpoints of scientist and teacher, Vojidali Mujmali. It is noted that Vojidali Mujmali is one of the Persian-Tajik thinkers and scholars of India referring to the XlX-th century, known for his literary production called "Matla'-ul-ulum va majma'-ul-fonun". Designing on the premise of the studied materials, the author proves that in the relevant literary production Mujmali alongside with consideration of issues beset with literary character expressed his advanced pedagogical viewpoints as well. In his article the author makes an endeavor to conduct a scientific analysis dealing with his pedagogical views and judgments. So far, in the Tajik pedagogical science the name and pedagogical viewpoints of the mentioned scientist and teacher have remained outside the field researchersл explorations. The objective of the author of the article is to briefly familiarize readers with the pedagogical viewpoints of Vojidali Mujmali formed under the influence of Islamic and Indian cultures, philosophical and moral views of Persian-Tajik and European thinkers as well. Маълумот дар бораи муаллиф:

Аюбова Манижа Зокирцоновна, унвонцуи кафедраи педагогикаи ицтимой ва касбии факултети педагогии Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров(Цумцурии Тоцикистон, ш.Хуцанд), E-mail:manija@mail.tj Сведения об авторе:

Аюбова Манижа Зокирджоновна, соискатель кафедры социальной и профессиональной педагогики Худжандского государственного университета имени академика Б.Гафурова (Республика Таджикистан, г.Худжанд), E-mail:manija@mail.tj Information about the author:

Auybova Manija Zokirjonovna, Applicant of the department of social and professional pedagogy under Khujand State University named after academician B.Gafurov (Tajikistan Republic, Khujand), E-mail:manija@mail. tj

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.