Шокиров Райбулло Абдуллоевич,
номзади илмуои ^уцуцшиносй, сармуаллими кафедраи назария ва таърихи давлати ДД^БСТ
ТАДЛИЛИ НАЗАРИЯВИИ БАРХЕ АЗ ПРОБЛЕМАМИ МАВЗУЪ ВА ОБЪЕКТИ БАХСИ ИЛМДОИ ДУЦУКШИНОСИ
Инсон бо максади ба даст овардан ва мураттабсозии донишхои объек-тивии худ нисбати хастй ва вокеият, ки сохтори нихоят мураккаб доранд, ба илм1 ру меоварад. Илм донишхои мураттабсохта дар бораи ин ё он сохаи фаъолияти чомеаи инсонй ва ё умуман чомеа ба хисоб меравад.2
Мафхуми илмро тахлил намуда, профессор А.В. Малко кайд менамояд, ки дар «зери мафхуми мазкур фаъолият оиди бадастории донишхои нав ва хамчунин натичаи ин фаъолият - низоми донишхои дар хамин лахза бадастомада, фахмида мешавад ...илм кушиш менамояд маълумоти навро ба даст оварад ...акидахоро пешкаш намояд .аз ин лихоз илм чун куввае баромад менамояд, ки дигар намуди фаъолиятхоро тагйир медихад».3
«Дар як назария,4 яъне низоми акидахо, фикрронихо, вазъи «илм»-ро хамон вакт ба худ мегирад, агар вай то ба дарачаи донишхои объективии коркардшудаю чамъбастшуда ва сахех дар бораи равандхои муайян ва
1 Профессор A.F. Холиков маънии истилохи «илм»-ро ташрех дода зикр менамояд, ки вай аз феъли арабии «алима» баромад дошта маънии «донистан», «фахмидан» ва ё «мачмуи маълумот»-ро рочеъ ба фан ва сохае фаро мегирад. Ниг. ба Холиков A.F. Назаре ба гояхои хукукии миллй (Худшиносй ва адолат дар тарозуи илми хукук). -Душанбе: Маориф ва фарханг, 2007, с.15.
2 Венгеров А.Б. Теория государства и права. Учебник для юрид. вузов - 6 изд., стер. - М.: Омега - Л, 2009, с. 10.
3 Малько А.В. Теория государства и права: Учебник. - М.: Юрист, 2004, с.7.
4 Профессор Нерсесянс В.С. дар раванди тахлили номи илми хукукшиносии умуминазариявй, яъне «Назарияи умумии хукук ва давлат»рочеъ ба масъалаи мафхуми «назария» ибрози акида намудааст. Муаллиф кайд менамояд, ки «аз лихози гносеологй (дарккунй ё назарияи дарккунй ва ё маърифатшиносй), мафхумхои «теория», яъне «на-зария» ва «наука», яъне «илм» хаммаъноянд». Дар ин чо муаллиф, дар зери мафхуми «назария» танхо назарияи илмиро дар назар дорад. Нерсесянц В.С. Общая теория государства и права. Учебник для юрид. вузов и фак. - М.: Норма, 2001, с.1.
ходисоти аслй бароварда шавад, низоми тарзхо, усулхои истифода бурда шудани ин донишро дар амалияи чамъиятй пешкаш намояд».1
Дар тамоми даврахои инкишофи чомеа инсон кушиш менамуд ходисахои дар табиат ва чомеа бавучудояндаро бифахмад ва онро шарх дихад. Дар ин рох инкишофи аклии инсон, яъне ривочёбии шуури у мавкеи хоса дошт. Бо дарккунии ин ходисахо (падидахо, равандхо) донишхои инсонй ривоч меёфтанд ва он ба пайдошавй ва ривочёбии гурухи илмхои алохидаи ичтимой оварда расонид. Профессор Р.Ш. Сотиволдиев илмхои мавчударо ба ду гурух чудо менамояд: илмхои табиатшиносй (дакик - физика, химия, геология ва г.) ва илмхои чамъиятшиносй (гуманитарй - фалсафа, сиёсатшиносй ва г.).2 ^онунхои табий, ки дар табиат «новобаста аз ирода ва шуури одамон вучуд доранд»,3 мавзуи омузиши чунин илмхо, ба монанди математика, геометрия, физика, химия, астрономия ва г. махсуб меёбанд. Еайр аз он, дар чомеа теъдоди конунхои ичтимоие амал менамоянд, ки онхо танхо «дар дохили ин чомеа»4 вучуд доранд ва мавзуи бахси омузиши фанхои чамъиятй ба хисоб мераванд.
Дар навбати худ, илмхои чамъиятшиносй «аз руи мавзуи омузиши худ» ба сохахои гуногуни донишхои илмй чудо карда мешаванд: таърих, сиёсатшиносй, фалсафа, хукукшиносй, этика, эстетика, мантик, психология, педагогика ва г.5.
Илмхои хукукшиносй низ ба гурухи илмхои чамъиятшиносй тааллук доранд ва онхо низ бевосита сохаи фаъолияти инсон ба хисоб мераванд, Ин сохаи илм, ки мачмуи донишхои сиёсиву хукукиро дар бар мегирад, дар худуди онхо ва тавассути онхо амалй мегардад. Аз ин нуктаи назар, пеш аз гузаштан ба тахлили муаммо ва объекти омузиши илмхои хукукшиносй, мо мехостем оиди сохтори илмхои хукукшиносй истода гузарем. Дар адабиёти хукукии хоричй ва ватанй мухаккикон-хукук-шиносон илмхои хукукшиносиро ба гуруххои мухталиф таксим мена-моянд ва дар ин фикрхои эшон гуногун мебошад, Чунончй, С. Хдсанов ва М. Хдсанов шаш гурухи илмхои хукукшиносиро чудо кардаанд: 1) илмхои умуминазариявй ва таърихй (назарияи давлат ва хукук, таърихи давлат ва хукук, таърихи афкори сиёсй ва хукукй);
1 Теория государства и права. Учебник для юрид. вузов и фак. Под ред. проф. С.С. Алексеева. - М.: Норма, 2004, с.3.
2 Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии хукук ва давлат. Китоби дарсй барои до-нишчуёни факултаи хукукшиносй. - Душанбе: «Империал - Групп», 2008, с.10 - 11.
3 Венгеров А.Б. Хамон асар, с.12.
4 Венгеров А.Б. Хамон асар, с.11.
5 Хамон чо.
2) илмхои сохавй (хукуки конститутсионй, маъмурй, гражданй, молиявй, оилавй, замин, мехнатй, сохибкорй, экологй, андоз, чиноятй, хукуки мурофиаи гражданй, хукуки мурофиаи чиноятй ва г.)
3) илмхои байнисохавй (криминология, назорати прокурорй, ташкили адолати судй, хукуки кишоварзй, хукуки наклиёт ва г.)
4) илмхое, ки давлат ва хукуки мамлакатхои хоричиро меомузанд (хукуки Рим, хукуки конститутсионии мамлакатхои хоричй ва г.)
5) илмхои хукукшиносии амалй (криминалистика, омор (статистикаи хукукй), тибби судй, психиатрияи судй, психологияи хукукй, ташхиси судй - бухгалтерй ва г.
6) хукуки байналхалкй (хукуки байналхалкии оммавй: хукуки байнал-халкии инсон, хукуки байналхалкии бахрй, хукуки байналхалкии кайхон, хукуки байналхалкии хифзи мухити атроф, хукуки бехатарии байнал-халкй ва г.1 Муаммохои мазкурро тахлил намуда А.Б. Венгеров сохтори илмхои хукукшиносиро ба панч намуд гурухбанди намудааст:
1) илмхои умуминазариявй ва таърихй - назария ва таърихи давлат ва хукук, таърихи афкори сиёсй ва хукукй, сиёсатшиносй;
2) илмхои сохавии хукукй - илми хукуки конститутсионй, хукуки давлатй, хукуки гражданй, хукуки чиной, хукуки мехнат, хукуки мурофиаи гражданй, хукуки мурофиаи чиноятй, хукуки савдо, хукуки андоз ва г.;
3) илмхое, ки сохтор, тартиби фаъолияти макомоти давлатиро меомузанд - илмхои ташкили суд ва прокуратура, назорати прокурорй ва г.;
4) илмхое, ки хукуки байналхалкиро меомузанд - илмхои хукуки байналхалкии оммавй, хукуки байналхалкии хусусй, хукуки байналхалкии инсон, хукуки кайхон, хукукхое, ки тартибхои навини коммуникатсионии чахониро танзим менамоянд, ки ба технологияхои иттилоотии муосир, воситахои ахбори умум асос ёфтаанд ва г.;
5) илмхои хукукии амалй - илми омори судй, суди тиббй, психатрияи судй, криминология ва г.2
Профессор Р.Ш.Сотиволдиев низ муаммохои мазкурро тахлили чукури илмй намуда, акидахои мутахассисони варзидаро мавриди тахлили хамачониба карор дода, панч намуди таснифи (гурухбандии) низоми илмхои хукукшиносиро вобаста ба мавзуъ ва объекти омузиши онхо зикр намудааст. Ба акидаи муаллиф, «ин таснифкунии илмхои хукукшиносй вобаста ба самтхои фаъолияти хукукй ва сохахои пеш-барандаи хукук» ...«бо назардошти мавзуи бахси илмхои хукукшиносй» ...«таснифи расмй» ба хисоб рафта, гайр аз он, дар илми хукукшиносии муосир таснифхои дигар низ чой доранд. Профессор Р.Ш. Сотиволдиев зикр менамояд, ки илми хукукшиносии муосир вобаста ба талаботи хаёт
1 Хасанов С., Хасанов М. Хамон асар, с.12.
2 Хасанов С., Хасанов М. Хамон асар, с.6-7.
доимо дар инкишофёбй аст ва натичаи он пайдошавии илмхои нави хукукшиносй аст.1
Мавзуи бахс барои хамаи илмхои дар чомеа вучуддошта хос мебошад, зеро ба воситаи матлаб хар як илм ходисахои ичтимоиро тахлил менамояд ва ба он чавобашро чустучу менамояд. Хамаи илмхои мавчуда дар доираи муаммохои дохилии худ омузиши онхоро ба рох мемонанд ва аз тарафи дигар ин «ба вазифаи ин сохаи илм дохил мешавад».2 Дар чараёни инкишофи чомеа муаммохои хаётан нав ба миён меоянд, ки вобаста аз муносибати муайяни чамъиятй ба яке аз сохахои илм вобаста аст ва халли минбаъдаи худро чун мавзуи бахси хамон сохаи илм дар худ мегирад. Дар як илм мавзуи бахси худро дорад, аз руи он «тарафи хаки-кии объективонаи омузиши он»3 мукаррар карда мешавад. Аз ин лихоз, мавзуи бахси хар як илм дар мачмуъ дар тагйирёбй аст. Аз тарафи дигар, хар як илми хукукшиносй асоси назариявии худ, низоми мафхумхо ва категорияхои худро дорад. Мо метавонем хар як аз илмхои хукукши-носиро тибки мафхуми мазкур мавриди тахлил карор дихем. Зикр намудан чоиз аст, ки назарияи давлат ва хукук падидахо (ходисахо) ва равандхои асосии давлатй - хукукиро чун давлат, хукук, хокимияти давлатй, макомоти давлатй, хукукэчодкунй, хукуктатбиккунй, хукуквай-ронкунй, чавобгарии хукукй, кобилияти хукукдорй, кобилияти амал-кунии хукукй ва г. меомузад ва мукаррар менамояд. Аз ин чо, илми хукукшиносй, яъне назарияи давлат ва хукук барои илмхои дигари хукукшиносй чун заминаи умуминазариявй баромад менамояд. Чун анъана мавзуи бахси назарияи давлат ва хукукро конуниятхои умумии пайдоиш, инкишоф ва амали хукук, давлат ва дигар ходисахои ичтимоии бо онхо алокаманд ташкил медиханд.
Профессор В.С.Нерсесянс «хукук»-ро чун «объект»-и илмхои гуногуни хукукшиносй тадкик намуда, зикр намудааст, ки «хукук объектро аз нуктаи назари ба худ хоси махсус, матлаби худ ва усули худ меомузад», гайр аз он ба акидаи муаллиф «дар зери мафхуми объекти илм (фанни таълимй) мафхуме дар назар дошта шудааст, ки он бояд минбаъд омухта ва фахмида шавад», .дар зери мафхуми «мавзуъ» бошад, ...«холати аллакай ба тарики назариявй (илмй) даркшудаи объект, шакли даркй -маънавии он (шакл, сохтор), нуктаи назари фахмидани он ва мафхуми он фахмида мешавад».4
1 Сотиволдиев Р.Ш. Хамон асар, с.22-24.
2 Венгеров А.Б. Хамон асар, с.11.
3 Теория государства и права. с.4.
4 Нерсесянц В.С. Философия права: Учебник. 2 изд., перераб. и доп. - М.: Норма, 2009, с.1.
Бешубха, илми назарияи давлат ва х,ук;ук; чун фанни илмй - таълимии хукукшиносй аз руи вазифахои худ, мавзуи бахс ва объекти омузиши худ, чун назарияи умумии тамоми илмхои хукукшиносй ба хисоб меравад. Аз тарафи дигар, худи мафхумхои «давлат» ва «хукук» мавзуи бахси тамоми илмхои хукукшиносй махсуб меёбад, яъне хам илми назарияи давлат ва хукук ва хам илмхои сохавию байнисохавии хукукшиносй бо мафхумхои мазкур алокаманданд. Бо назардошти акидахои олимони хоричиву ватанй муаммохои мазкурро тахлил намуда, профессор Р.Ш. Сотиволдиев дар он акида аст, ки «хам назарияи давлат ва хукук ва хам фанхои илмии сохавии хукукшиносй (хамчунин фанхои илмии байнисохавй ва махсуси амалии хукукшиносй) - хама бо омузиши давлат ва хукук сару кор доранд. Аммо хар яке аз онхо шугли тахкики пахлухову таърифхои чудогонаи давлат ва хукуканд .аз ин хотир, ки назарияи давлат ва хукук мавзуи бахси кулли илми хукукшиносиро ташкил медихад, муаллиф низ дар он акида аст, ки мавзуи бахси назарияи давлат ва хукукро мавзуи бахси илми хукукшиносй ташкил медихад. Муаллиф дар он акида аст, ки агар илмхои сохавии хукукшиносй (инчунин илмхои байнисохавй ва махсуси илмии хукукшиносй) - «назарияхои сохави»-и давлат ва хукук бошанд, пас назарияи давлат ва хукук - «назарияи умуми»-и тамоми илмхои хукукшиносист. Вале дар адабиёти илмии хукукшиносй дар атрофи истифодаи истилохи «умумй» фикру акидахо гуногунанд.1
Академик В.С. Нерсесянс акидаи хешро иброз намуда, таъкид менамояд, ки новобаста аз номгуяш ин фанни таълимии хукукшиносй аз руи вазифахояш, мавзуи бахс ва объекти омузишаш, умуман барои илми хукукшиносй ахамияти умумиилмй дорад ва танхо чун назарияи хукук ва давлат баромад менамояд. В.С. Нерсесянс менависад, ки мавзуи бахс ва усули (методи) назарияи умумии хукук ва давлат назарияи умумй ва равиши (методологияи) хамаи илми хукукшиносй, чун илми ягона, мустакил ва низомнок ба хисоб меравад. Хдмин тавр, назарияи умумии хукук ва давлат асосхои умумиилмии тамоми илми хукукшиносй, низом ва сохтори он, онтологияи2 он, гносеологияи (ва ё назарияи дарккунй) он
1 Сотиволдиев Р.Ш. Проблемахои назарияи давлат ва хукук. Китоби дарсй. Ч1. - Душанбе: Империал-Групп, 2010, с.25; Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии хукукй ва давлат. Китоби дарсй барои донишчуёни факултаи хукукшиносй. - Душанбе: Империал -Группп, 2008, с.12-13.
2 Онтология - таълимоти фалсафавй дар бораи хастй, ки дар ягонагй бо назарияи маърифат ва мантик маънидод карда мешавад. Толковый словарь русско - интернациональных заимствований. Автор - составитель Вохид Шарипов. - Душанбе: ГНРТСЭ, 1984, с.217.; Ниг.: Мирбобев М., Солехчонов Р., Абдулатифов Ю. Фалсафа /Мачмуи ма-води таълим/. - Хучанд: Хуросон, 2010, с.10.
ва аксеологияи он ба хисоб меравад. Акидаи худро идома дода истода, В.С.Нерсесянс зикр менамояд, ки вазифаи назарияи умумии хукук ва давлат дар муайянкунй ва асосноккунии мавзуи бахси тамоми илми хукукшиносй чун илми алохидаи мустакил тачассум меёбад.1
Профессор А.В.Малко зикр менамояд, ки ба мавзуи бахси назарияи давлат хукук, пеш аз хама конуниятхои бештари умумии ташаккулёбй, ривочёбй ва амалкунии давлат ва хукук дохил мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки хар як илм пеш аз хама бо конуниятхо сарукор дорад, ки онхо дар шакли конунхо пайдо мешаванд. Ба акидаи муаллиф конун (албатта конуни хукукй не, балки конунхои ичтимой, табий ва f.) алокаи хислати умумидоштаи объективона, зарурй, мохиятй, устувор, такроршавандаи байни падидахои муайян мебошад. Ба мавзуи бахси илми назарияи давлат ва хукук конуниятхои асосии давлатй - хукукй, ки дар худи номи илм тачассум ёфтааст, баромад менамояд. Профессор А.В. Малко конуниятхои умумии зерини ташаккулёбй, ривочёбй ва амалкунии давлат ва хукукро номбар менамояд:
- пайдошавии давлат ва хукук;
- ивазшавии навъхои таърихии онхо;
- ривочёбии мохияти онхо;
- эволютсияи шаклхои давлат ва хукук;
- сохтани низоми макомоти давлатй ва низоми хукук;
- амалигардонии функсияхои давлат ва хукук;
- худуди таъсиррасонии танзими давлат ва хукук ба муносибатхои чамъиятй;
- васеъшавй ва бойшавии хукуки шахсият ва пурзуршавии кафолати онхо;
- намоёншавии принсипхои демократия, конуният ва тартиботи хукукй;
- ривочёбии шуури хукукй ва маданияти хукукй;
- риоякунй, ичрокунй, истифодабарй, татбики меъёрхои хукукй.2
Муаллиф инчунин рочеъ ба масъалаи «низоми мафхумхои асосии хукукшиносй» ибрози акида намудааст. Махсусияти илми назарияи давлат ва хукукро кайд карда, у зикр менамояд, ки он чун илми умуми-назариявии хукукй баромад намуда, низоми «мафхумхо»-ро натанхо ба-рои «худаш», балки барои «тамоми илмхои хукукшиносй» коркард мена-мояд. Ба акидаи муаллиф, ба чунин «низоми мафхумхои асосии хукукши-носй» хукук, сарчашмахои хукук, санадхои хукукй, меъёрхои хукукй, ин-ститутхои хукукй, зерсохахо ва сохахои хукук, субъект ва объекти хукук, низоми хукук ва низоми конунгузорй, муносибатхои хукукй, кобилияти
1 Нерсесянц В.С. Общая теория государства и права. Учебник для юрид. вузов и фак. -М.: Норма, 2001, с.1 - 2 .
2 Малько А.В. Хамон асар, с.8.
хукукдорй ва кобилияти амали хукукй, факти хукукй, хукукэчодкунй ва конунэчодкунй, татбик ва тафсири хукук, зиддиятхо (коллизия) ва камбу-дй (пробел) дар хукукшиносй, амалияи хукукй ва хукуквайронкунй, кону-ният ва тартиботи хукукй, воситахои хукукй, хукукхои субъективй ва ух-дадорихои хукукй, ичозат ва манъкунихо, чавобгарии хукукй ва чазо, имтиёзхо ва хавасмандгардонй, хавасмандкунии хукукй ва махдудиятхо, механизми танзимкунии хукукй ва низомхои хукукй ва гайраро дохил намудан мумкин аст. Хамчунин муаллиф дар бораи калимахои «истилох» ва «категория» низ ибрози акида намудааст.1
Профессор А.Б. Венгеров низ мавзуи бахси илми назарияи давлат ва хукук, хамчунин «мафхумхо», «истилоххо» ва «категорияхо»-и дар он истифодашавандаро мавриди тахлил карор дода, таъкид намудааст, ки натанхо худи падидахо ва равандхои давлатй - хукукй, инчунин «низоми сиёсии чомеа», «шуури хукукй ва сиёсии чамъиятй», «холати ахлокии чомеа» ва г. низ дохил мешаванд. Ба фикри муаллиф, худи назарияи давлат ва хукук, чун илми умуминазариявии хукукшиносй, низоми донишхои объективона оиди ин падидахо ва равандхо ба хисоб меравад. У низ зикр менамояд, ки илми назарияи давлат ва хукук барои илмхои дигари хукукшиносй чун базаи назариявй баромад менамояд. Ба акидаи профессор А.Б.Венгеров донистани мавзуи бахси илми назарияи давлат ва хукук имконият медихад, ки чой ва вазифахои илми мазкур дар низоми илмхо муайян карда шавад. Ба фикри муаллиф, донистани пахлухои бештари ходисахо ва равандхои давлатй-хукукиро назарияи давлат ва хукук аз донишхои назариявй (илмй) ва тачрибавии (амалии, эмприкии) илмхои дигари хукукшиносй мегирад, яъне дар хамин замина раванди хамдигарро ганй гардонидан ва бо хамдигар омехта шудани назарияи давлат ва хукук ва дигар илмхои хукукшиносии (илмхои сохавии хукукшиносй, илмхои байнисохавии хукукшиносй ва илмхои махсуси амалии хукукшиносй) ба амал меояд.2
Тахлили мазкур нисбати мавзуъ ва объекти омузиши илми хукуки маъмурй бурда мешавад. Гурухи муаллифон нисбати худи илми хукуки маъмурй ибрози акида намуда, онро ба тарики анъанавй дар доктринаи хукукй дар ду равия, яъне аз як тараф чун сохаи илми хукукшиносй - дар мачмуи меъёрхои хукукии танзимкунандаи муносибатхои чамъиятии якхела мебинанд, аз тарафи дигар, чун илм дар низоми илмхои хукук-шиносй, ки бо омузиши мачмуи меъёрхои ишорашудаи сохаи хукуки маъмурй машгул мебошад. Ба акидаи онхо, «объекти омузиши илми хукуки маъмурй» аз номгуи худи ин сохаи хукук бармеояд. Гурухи муаллифон ба фикри Ю.М. Козлов, Б.Н. Габричидзе, А.Г. Чернявски ва
1 Малько А.В. Хамон асар. с.8-9.
2 Венгеров А.Б. Хамон асар. с.14-15.
Д.А. Бахрах такя намуда мафхуми зерини предмети омузиши илми хукуки маъмуриро пешниход менамоянд, яъне «предмети омузиши хукуки маъмуриро муносибатхои чамъиятие ташкил медиханд, ки хислати ташкилй-идоракунй доранд».1
Мехостем тахлили мазкурро нисбати предмети омузиши илми дигари хукукшиносии амалй - илми криминалистика идома дихем. Дануз дар замони шуравй, яке аз мутахассисони варзидаи сохаи мазкур академик Р.С. Белкин акидаи тадкикотчиёни сохаи мазкур аз кабили А.И. Ракитов, Б.М. Кедров, И.Н. Якимов, В. Громов, Б.М. Шавер, Е.У. Зитсером, С.М. Потапов, А.И. Винберг, С.П. Митричев, Т. Павлов, И.М. Лузгин, Г.Г. Зуйков, М.Я. Сегай, В.Ф. Орлова, В.Г. Тихини, А.Н. Василев, В.П. Кол-маков. Ф.Ю. Бердичевский, И.Ф. Крилов, Н.А. Селиванов, А.А. Эйсман, Ю.И. Краснобаев, В.И. Гончаренко, И.А. Возгрин, Н.А. Якубович, Н.П. Яблоков ва И.Ф. Пантелеевро мавриди тахлил карор дода, акидаи хешро нисбати криминалистика иброз намуда буд. Аз руи тахлилхои минбаъдаи муаллиф дар зери ин (мафхум) илмеро дар бораи конуниятхои механизм чиноят, пайдошавии маълумот дар бораи чиноят ва иштирокчиёни он, чамъкунй, тадкик, баходихй ва истифодабарии далелхо ва воситахои махсус ва усулхои тадкикотии судии ба дарккунии ин конуниятхо асоснокшуда ва пешгирикунии чиноятхо фахмидан мумкин аст.2
Академик В.С. Нерсесянс дуализми (духелагй, дурангй, дубахрагй)3 объекти омузиши илми хукукшиносй ва ягонагии онро бо мавзуи бахси илми хукукшиносй тахлил намуда, зикр менамояд, ки вобаста ба сохаи илм объекти омузиши он вучуд дорад. Яъне, хар як илм тарзи муайяни истехсол ва ташкили донишхо нисбати он объектхоянд, ки он илм бо омузиши он машгул аст. Ба акидаи муаллиф, илми хукукшиносй, ба андозае истехсолкунанда ва ташкилкунандаи донишхои хукукшиносй мебошад. Хулосаи муаллиф ба он равона шудааст, ки у дар зери мафхуми «объекти илми хукукшиносй» ду объект - «хукук» ва «давлат»-ро чудо менамояд. Муаллиф инчунин зикр менамояд, ки «объекти омузиши илмй» аз «мавзуи бахси илмй» фарк мекунад, яъне хамон як «объект» мумкин аст аз чониби илмхои гуногун чун мавзуи бахс омухта шавад.
1 Дмитриев Ю.А., Евтеев А.А., Петров С.М. Административное право: Учебник. - М.: Эксмо, 2005, с.13-14.
2 Белкин Р.С. Криминалистика: проблемы, тенденции, перспективы. Общие и частные теории. - М.: Юрид. лит., 1987, с.43-59; Дамчунин ниг. ба: Аверьянова Т.Н., Белкин Р.С., Корухов Ю.Г., Россинская Е.Р. Криминалистика: Учебник для вузов. Под ред. проф. Р.С. Белкина. - М.: НОРМА - ИНФРА, 1999, с. 32-42.
3 Русско - таджикский словарь . Под ред. члена - корр. АН СССР М.С. Асимова. - М: Русский язык, 1985, с.243.
Вале, зикр менамояд муаллиф, . ..«хар як илм «объекти мазкурро» аз мавкеи максаду мароми ба худаш хос меомузад».1
Дар фархангхо мафхуми «объект» ба маънии фалсафавиаш чун «он чй, ки берун аз мо ва новобаста ба шуури мо вучуд дорад» шарх дода шу-дааст. Аз тарафи дигар, фархангнигорон дар зери мафхуми «объект» -«чиз», «мавзуъ» ва «максад»-ро пешниход намудаанд. Ин шархдихй ба акидаи хукукшиносон низ мувофик аст.2 Чунончй мо дар боло зикр на-мудем, академик В.С. Нерсесянс дар зери мафхуми «объект» он чиро, ки ба омузиши илм бо ёрии воситахо ва усулхои илмии марбута хос аст, мансуб медонад.3 Ба акидаи профессор А.В. Малко, «матлаб»-и омузиши илмро аз «объект»-и тадкикотиаш чудо кардан лозим аст. Хулосаи муал-лиф дар он аст, ки «матлаб»-и омузиши илм ин чизест, ки он илм ба тарики назариявй (илмй) дар «объект»-и муайян меомузад. Дар мисоли илми назарияи давлат ва хукук бошад, ба фикри муаллиф низ, ба сифати «объект»-и омузиш «давлат» ва «хукук» баромад менамоянд.4
Дар адабиёти хукукии ватанй низ дар атрофи муаммохои мазкур мутахассисон ибрози акида намудаанд. Профессор Р.Ш. Сотиволдиев фикру акидаи олимони варзидаро дар сохаи назарияи умумии давлат ва хукук мавриди тахлили илмй карор дода, дар атрофи муаммохои «объект»-и омузиши илм ва илми хукукшиносй (албатта, муаллиф илмхои сохавии хукукшиносй, инчунин, илмхои байнисохавй ва махсуси илмиро дар мадди назар доштааст) ибрози акида намудааст. У низ савол мегузорад, ки фаркияти байни «мавзуи бахс»-и илми хукукшиносй аз «объекти омузиш»-и он дар чй аст? Ба ин савол муаллиф дар тахлил намудани акидахои В.С. Нерсесянс, В.К. Бабаев, В.М. Сирих, Е.А. Шапиро, В.Н. Протасов, М.Н. Марченко, А.Б. Венгеров чавоб меёбад. Профессор Р.Ш. Сотиволдиев нисбати муаммохои мазкури илмй фикру акидаи мутахассисони гуногунро тахлил намуда, гуногунфикрии тадкикотчиёнро оиди муаммохои мазкур баён менамояд. Аз нигохи муаллиф, дар хакикат «илми хукукшиносй мавзуъ ва объекти омузиши хешро дорост» .«объекти илмро падидаву равандхои дар вокеъ вучуд-дошта ташкил медиханд» .«илм он чизеро меомузад, ки вокеан чой дорад» ...яъне «объект»-и онро «вокеият» ташкил медихад... «аз ин нуктаи назар, объекти илми хукукшиносиро вокеияти давлативу хукукй - давлат
1 Нерсесянц В.С. Хамон асар, с.3-4.
2 Русско - таджикский словарь. Под ред. члена - корр. АН СССР М.С. Асимова. - М: «Русский язык», 1985, с.610.
3 Нерсесянц В.С. Хамон асар, с. 4.; Ниг.: Нерсесянц В.С. Философия права., с.1.
4 Малько А.В. Хамон асар, с.7-8.
ва хукуки вокеан ва айнан вучуддошта ва хамчунин кулли падидахои ба онхо алокаманд ташкил медихад».1 Вижагии мавзуъ ва объекти омузиши илмхои хукукшиносй, илми назарияи давлат ва хукук дар он аст, ки вай ин ду падидаро дар якчоягй ва печ дар печй бо хамдигар тадкик менамояд. Дамин тавр, муаммохои мазкури илмиро чамъбаст намуда, мо мехостем баъзе аз таклифхои хешро пешкаш намоем:
1. Ба акидаи мо, сохтори илмхои хукукшиносй, яъне низоми илмхои хукукшиносй ба панч намуд чудо карда шавад, зеро дар ин намуди таснифкунй хамаи илмхои сохавй, байнисохавй ва махсуси амалии хукукшиносй дар бар гирифта шудаанд.
2. Дар рафти тахия ва нашр намудани монографияхо ва китобхои дарсии таълимй, ки муаммохои мавзуи бахс ва объекти омузиши илми хукукши-носиро дар бар мегиранд, муаллифонро зарур аст, ба мафхум ва мохияти мавзуи бахс ва объекти омузиши илмхои хукукшиносй ахамияти хоса диханд.
3. Дукукшиносон-мухаккикони ватаниро зарур аст, ки минбаъд дар атро-фи истилохи вобаста ба муаммохои мазкур фикру акидаи хешро баён намоянд.
Калидвожа^о: фаъолияти маънавй, илмхои табий, илмхои цомеашиносй, назария, мавзуъ, давлат, хукук
ПАЙНАВИШТ:
1. Аверьянова Т.Н., Белкин Р.С., Корухов Ю.Г., Россинская Е.Р. Криминалистика: Учебник для вузов / Под ред. зас. деят. науки РФ, проф. Р.С. Белкина. - М.: НОРМА - ИНФРА, 1999.
2. Белкин Р. С. Криминалистика: проблемы, тенденции, перспективы. Общая и частные теории. -М.: Юрид. лит., 1987.
3. Венгеров А.Б. Теория государства и права. Учебник для юрид. вузов. - 6 - изд., стер. - М.: Омега - Л, 2009.
4. Дмитриев Ю.А., Евтеев А.А., Петров С.М. Административное право: Учебник. - М.: Экс-мо, 2005.
5. Малько А.В. Теория государства и права: Учебник. - М.: Юрист, 2004.
6. Мирбобев М., Солеужонов Р., Абдулатифов Ю. Фалсафа /Мацмуи маводи таълим/. -Хуцанд: Хуросон, 2010.
7. Нерсесянц В.С. Общая теория государства и права. Учебник для юрид. вузов и фак. - М.: Норма, 2001.
8. Нерсесянц В.С. Философия права: Учебник. - 2 - изд., перераб. и доп. -М.: Норма, 2009.
9. Русско - таджикский словарь. Под ред. члена - корр. АН СССР М. С.Асимова. - М: Русский язык, 1985.
10. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии хукук ва давлат. Китоби дарсй барои донишцуёни факултаи хукукшиносй. - Душанбе: Империал - Групп, 2008.
1 Сотиволдиев Р.Ш. Дамон асар, с.40.
11. Сотиволдиев Р.Ш. Проблемами назарияи давлат ва ^укуц. Китоби дарсй. Цилди 1. -Душанбе: Империал - Групп, 2010.
12. Теория государства и права. Учебник для юрид. вузов и фак. - Под ред. проф. С.С. Алексеева. - М.: Норма, 2004.
13. Толковый словарь русско-интернациональных заимствований. - Автор - составитель Вохид Шарипов. - Душанбе: Главная научная редакция Таджикской Советской Энциклопедии, 1984.
14. То^иров Ф.Т. Таърихи давлат ва ууцуци мамлакатуои хорицй. - Душанбе: Эцод, 2007.
15. Холицов А.Щ. Назаре ба гояуои ууцуции миллй (Худшиносй ва адолат дар тарозуи илми %уцук). -Душанбе: Маориф ва фар^анг, 2007.
16. Хасанов С., Хасанов М. Назарияи давлат ва ^укуц. Китоби дарсй. - Хуцанд, 2009.
Шокиров Гайбулло Абдуллоевич,
кандидат юридических наук, старший преподаватель кафедры теории и истории государства и права ТГУПБП
Некоторые проблемы предмета и объекта изучения правовых наук:
теоретический анализ
Ключевые слова: интеллектуальная деятельность, естественные науки, общественные науки, теория, предмет, государство, право, юриспруденция
В статье исследована проблема предмета и объект изучения юридических наук, теории государства и права. Данная проблема является актуальной, так как при определении понятий предмет и объект изучения юридических наук прежде всего исследуются наиболее общие закономерности возникновения, развития и фукцио-нирования государства и права, а также иные социальные явления и процессы. В статье также исследованы проблемы предмета и объекта изучения отраслевых юридических наук (межотраслевых и специальных юридических наук).
G.A. Shokirov
Some Problems Concerned with the Subject and Object of Juridical Sciences Studies: Theoretical Analysis
Key words: intellectual activity, natural sciences, social sciences, theory, subject, state, law, jurisprudence
The article dwells on the problem of the subject and object of juridical sciences, the theory of state and law. The problem in question is actual, as in order to determine the notions of subject and object in reference to juridical science one should, first of all, research the common regularities in regard to state and law: their rise, development and functioning; concurrent social phenomena and processes being taken into account as well. The problems of studying juridical sciences are considered too (both special ones and those dealing with narrow branches).