10.02.22. ЗАБОНХ,ОИ МАРДУМИ КИШВАРХ,ОИ ХОРИ^ИИ АВРУПО, ОСИЁ,
АФРИКР, БУМИЁНИ АМРИКО ВА АВСТРАЛИЯ 10.02.22. ЯЗЫКИ НАРОДОВ ЗАРУБЕЖНЫХ СТРАН ЕВРОПЫ, АЗИИ,
АФРИКИ, АБОРИГЕНОВ АМЕРИКИ И АВСТРАЛИИ 10.02.22. LANGUAGES OF FOREIGN COUNTRIES OF EUROPE, ASIA, AFRICA, NATIVES OF AMERICA AND AUSTRALIA
УДК 9(м) М.Т. ЧАББОРОВА
ББК 63.3(0)
НАЦШИ ^ОДИСАИ ТАБДИЛИ ОВОЗ^О ДАР ЗУ^УРИ ГУНАНОКИИ ВОЖА^О ДАР ОСОРИ ТАРЧУМАВИИ АСРИ Х
Вожа^ои калиди: гунаноки, гунанокии во^ид^ои забони, цанбаи овозии гунаноки, таърихи забони тоцики
Дар ахди Сомониён тарчума гардидани як силсила осори таърихй, диниву мазхабй, ки бо дастуру пуштибонии амирони донишпарвари сомонй сурат гирифт, аз омилхои бисёр мухими кдёмхои фархангию маънавии асри Х махсуб мешавад. Дар ин хусус академик Н. Салимов менависад, ки «равнаки тарчума барои вуруд ба боргохи тамаддуни чахонй ва бархурдорй аз тачрибаи таърихиву маънавии кавмхои дигар заминаи мусоид фарохам овард ва чахоншиносии асрхои 1Х-Х-ро, ки реша дар таърихи гаронмояи миллй дошт, бо пазируфтани ин андухтахо гановат бахшид ва, мухимтар аз хама, муколамаи бузурги фархангхои гуногунро дар мархалаи чадиди таърихй бунёд ниход» (11, 171).
Тарчумаву таълифи таърихномаи форсии точикй-«Таърихи Табарй»-и Абуалии Балъамй, ки аслашро асари ба арабй навишташудаи «Таъриху-р-русул-ва-л-мулук»-и Мухаммад ибни Чдрири Табарй ташкил медихад, аз чумлаи аввалин асари таърихнигории миллии точикй ба хисоб меравад.
Тарчумаи асари номбурда бо амри амири фарзонаи сомонй-Мансур ибни Нух сурат гирифтааст. Ин холат аз таъсири сиёсати давлатй дар ташаккули навъхои насри форсии точикй шаходат дода, аз накши макоми дарбор дар такомули нахзати тарчума гувохй медихад. Чунин амали хирадмандона амири донишпарвари сомонй ба хотири аз вартаи хдлокат берун нигох доштани забони модарияш буд. Бо пеш гирифтани ин икдом Мансури Сомонй хост, ки забони модарии у точикй лоакал дар ватани худаш баробари забони арабй карор дошта бошад. Чунин икдоми ба хотири пайрави забони арабй нагардидани забони у пеш гирифта шуда буд. Абуалии Балъамй дар баробари хини тарчума рохи ихтисорро пеш гирифтан, чавхдри вокеотро зикр карда, зимнан ба матни аслии асар нуктахои зиёдеро низ афзудааст. Ин аст, ки дар матни тарчума чумлахое, мисли «эдун гуянд», «Мухаммад ибни Чдрир ёд накардааст» (1, ч. 2, 1245,1322); (1, ч. 2, 1255), «ба китоби Абулфутух андар эдун аст, берун аз ин китоби Мухдммад ибни Ч,арир» (1, ч. 2, 1263) ва монанди инхо дучор меоем. Коре, ки ин вазири фарзона дар шинохти таърих анчом дод, дар чанд карни минбаъда идома ёфта, аксари таърихнависони даврони баъдй онро хуб истикбол намудаанд. Дар ин хусус дар мукаддимаи кириллии асар омадааст: «Балъамй аввалин донишманди таърихнигор буд, ки тамоми матолиб ва маълумоти таърихномаи Табариро ба тахдилу тадкдкд илмй кашида, дар асоси он ва маълумоти сарчашмахои дигар ба забони дарй асари тозае офарид...Ва бо он хама дигаргунихои андаку беш аслу тарчума ду нигориши як таърих аст ва асари Балъамй намунаи нотакрор ва омузандаи тарчумаи насри илмию адабй махсуб мешавад» (1, ч.1, 8-9).
«Таърихи Табарй» агарчи асари тарчумавй аст, бо вучуди ба назар расидани хусусиятхои забони арабй он дар катори осоре карор дорад, ки барои омузиши таркиби лугавй ва сохти грамматикии забони замони Сомониён ёрии калон мерасонад. Дар бештари холат забони асар фахмову содда буда, хонандаи имрузаи точик метавонад мазмуни онро бе душворй аз
худ намояд. Махз хамин вижагии забони асарро таъкид намуда, академик Н. Салимов навиштааст, ки «забон ва сабки нигориши «Таърихи Табарй» бо соддагиву фасехии баён имтиёз дорад, ки он, кабл аз хама, бо забон ва сабки роичи замон, яъне сахли мумтанеъ марбут аст. Аз ин чост, ки дар тарчумаи таърихномаи Табарй калимоти арабй хеле кам корбаст шуда, доираи истифодаи воситахои тасвири бадей низ махдуд мебошад» (11, 362).
Мураттибони дигар низ аз хусуси забони асари номбурда мулохизаронй карда, онро «асари порсй дар гояти фасохату соддагй» (3, 130), китоби «сачъу мувозана ва мутародифот» надошта (3, 269), «тарзи тахрири ширинтар ва канд», « китоби... ба форсй наздиктару аз мушкилоти луготу истилохоти арабй ворастатар», «насре... басе соддаву фасеху монанди оби равон», «дар замони худ тавре содда..., ки пиразанони эронй хам кодир бар истифода аз кироати он будаанд» (2, 534), «муштамил бар ачоиби афъолу гароиби луготу истилохоту таркибот» (4,658), асари дорои «луготи зебои форсй» (7, 740), «луготи мураккаби зебо» (6, 743) ва монанди инхо ном бурдаанд. Олими эронй Махдии Мураттиб навиштааст, ки «дар насри Табарй роихаи насри пахлавй, ки аз хасоиси он эчоз аст, истишмом мешавад.. » (6, 748).
Мураттиби лексикаи таърихномаи мазкур Б. ^осимов навиштааст, ки «Таърихи Табарй»-и Балъамй ёдгории барчастаи насри таърихй, намунаи дурахшони маданияти баланди забони адабии асри Х-и точик мебошад. Асари мазкур на танхо ахамияти бузурги таърихй дорад, балки барои омухтани таърихи забони адабии мо, сохти грамматикй, таркиби лугавй ва ташаккулу инкишофи он сарчашмаи бебахост» (5, 88).
Баъзе мураттибони дигар низ навиштаанд, ки «Балъамй ба тавассути навиштани он («Таърихи Табарй»-Ч,.М.) имкониятхои беохири забони ниёгонамонро ба хонанда намоиш додааст» (15, 122). Ин хама гуфтахо гувох бар онанд, ки «Таърихи Табарй» дар нигахдошти унсурхои забони точикй мавкеи калон дорад.
Мураттибон аз хусуси соддагй, равонй ва фасехии тарчумаи «Тафсири Табарй» низ мулохизахои пурарзиш баён кардаанд. Академик Н. Салимов аз хусуси макоми тарчумаи тафсири номбурда андеша ронда, бузургтарин китоб ба форсии дарй будани онро махсус кайд карда, навиштааст, ки «насри ин китоб равону содда ва мувофик ба сабки нигориши асри Х аст» (11, 270)
Профессор Ф. Насриддинов асари мустакили давраи Сомонй будани тафсири мазкурро ишора намуда, онро «арзишмандтарин насри форсй ба забони «дарии рохи рост» хисобидааст (8, 58).
Мураттиби машхури Эрон М. Бахор навиштааст, ки «.ин китоб ба форсии дарии содда ва латиф» таълиф гардидааст (3, 129).
Ф. Тусй дар бораи сабки нигоришу услуби чумлапардозии он нуктаи назари худро изхор намуда овардааст, ки «чумлахо дар ин тафсир кутоху мустакил ва аз назари маънй ба хам пайваста аст. ва мутародифоти лафзиву саноеву лугати тазйинй дар он рох надорад» (12, 563).
М. Саббогиён доир ба ду навъи забони тафсири номбурда: забони оётхо ва киссахо андеша рондааст (10, 587).
Мураттибони дигар низ забони асари мазкурро «бехтарин сармояву гаронмоятарин ганчина ... барои хифзу густариши забони форсй» (14, 603), «фарханги форсии бисёр ганиву решадор дар кишвархои форсизабон» (14, 605) хисоб кардаанд.
Дар катори бисёр хусусияти нодир ва ачиби забонии таърихномаи Табарй ва тарчумаи «Тафсири Табарй» истифода гардидани вохидхои лугавй дар якчанд гуна низ диккатчалбкунанда буда, он метавонад як навъ инъикоскунандаи ба меъёри забони адабии давр мутобик шудани калимахо бошад. Мушохидахо нишон медиханд, ки як гурухи муайяни вохидхои лугавй дар огози ташаккули забони адабии порсии дарй дар гунахои гуногун ба кор рафта, баъдан яке аз онхо хамчун шакли меъёрй кабул гардида, дигаре дар доираи махдуди шеваю лахчахо бокй мондааст. Ин холатро метавон хангоми тахлили вожахои гунадори хар ду асари тарчумавй ва мукоисаи онхо бо осори даврахои минбаъда эхсос намуд.
Мураттибони забонхои эронй, аз чумла точикй муайян кардаанд, ки бисёргунагии вохидхои лугавй метавонад бо се усул ба вучуд ояд: 1) дар натичаи ба якдигар табдил ёфтани садонокхо; 2) бо таъсири ходисахои гуногуни овозй ба хамдигар мубаддал шудани
хамсадохо; 3) ходисахои овозии дар мавкеи васлшавии морфемахо руйдиханда (9, 96). Чунин усулхои ба вукуъ омадани вариантнокии вохидхои лугавиро маводи аз таърихнома ва тарчумаи тафсири зикрёфта гирдомада исбот менамояд.
Дар чараёни гуфтор овозхои гуногуни таркиби як морфема метавонанд ба якдигар табдил ёбанд. Хрдисаи мазкур метавонад танхо дар шаклхои мухталифи як морфема чой дошта бошад. Дар силсилаи калони вохидхои лугавй ходисаи табдил ба таври ягона ба вукуъ наомада, балки хар яке ба тарзхои хоса чилвагар мешавад. Дар кисме аз калимахо дар ибтидо табдили овозхои таркиби унсурхои лугавй ба шароитхои гуногуни фонетикй робита дошта бошад хам, вале бо гузашти айём вобастагии онхо ба чунин шароитхо аз байн рафта, хамчун ходисаи мустакил намоён мешавад ва аз руи анъана сурат мегирад. Дар хиссаи дигари вожахо табдил мувофики ходисахои фонетикии «зинда» чараён мегирад ва чунин тагйироти овозиро дар заминаи маводи забони хозира шарх додан мумкин аст. Аз ин чихат одатан ду навъи табдили овозиро чудо менамоянд: 1) табдили анъанавй ё таърихй; 2) табдили зинда.
Мураттиби фонетикаи точик Т. Хаскашев ин ходисаро бо истилохи «бадалшавй» ифода карда, тафовути байни хар ду навъи табдилро чунин эзох медихад: «Бадалшавии таърихиро дар заминаи масолехи забони хозира шарх додан мумкин нест. Сабаби ин навъи бадалшавиро танхо аз чихати таърихй метавон муайян намуд, зеро омилхои пайдоиши ин бадалшавй, ки дар давраи муайяни инкишофи забон ба амал омада буданд, дар мархилаи хозира аз байн рафтаанд. Вале сабаби бадалшавии овоиро дар асоси маводи забони хозира муайян кардан мумкин аст, чунки омилхои овоие, ки бадалшавиро ба вучуд овардаанд, хануз зиндаанд. Х,амин тарик, хамаи бадалшавихо аз нуктаи назари таърихй зинда (ё овой) мебошанд, вале аз диди хозира фарк мекунанд» (13, 108- 109). Х,амин мураттиб аз хусуси фаркхои дигари хар ду навъи табдил андешаронй карда, таъкид менамояд, ки бадалшавии таърихй вазифаи морфологй дошта, табдили овой аз он махрум аст. Дигар ин ки табдили таърихй ифодаи хаттй дошта, бадалшавии овой чунин хукукро надорад (13,109).
Агар аз ин нуктаи назар маводи аз «Таърихи Табарй» ва тарчумаи «Тафсири Табарй» гирдомада тахлил карда шавад, маълум мегардад, ки накши ин ходисаи овозй дар пайдо шудани вариантхои унсурхои лугавй назаррас аст. Вожахои дугуна ё бисёргунаи асари номбурда аз чихати мансубияти забонияшон ва тааллук доштанашон ба хиссахои нутк ягона набудаанд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Балъамй, А. Таърихи Табарй/ А. Балъамй. -Техрон 1380 / 2001. - 794 с.-1ч.; Бахор, М. Тарчумаи «Таърихи Табарй» / М. Бахор.// Ёдномаи Табарй.- Техрон, 1369. - С. 534.-2ч.
2. Бахор, М. Сабкшиносй ё таърихи татаввури насри форсй. Баргардони Исрофилниё Ш. Р., Саркоров Н/ М.Бахор. - Душанбе: Бухоро, 2012. - С. 24-26.
3. Дурахшон, М. Сабки насри «Таърихи Балъамй» / М.Дурахшон.// Ёдномаи Табарй. Ба муносибати бузургдошти 1100-умин даргузашти шайх-ул-муаррихин Абучаъфар Мухаммад ибни Ч,арири Табарй.- Техрон, 1369. - С. 658.
4. ^осимов, Б. Нигохе ба таърихи лексикаи забони порсии дарй (дар асоси маводи «Таърихи Табарй»-и Балъамй). - Душанбе, 1995. - 200 с.
5. Мураттиб, М. Тарчумаи «Тафсири Табарй»/ М.Мураттиб // Ёдномаи Табарй. -Техрон, 1369. - С. 743-748.
6. Мухтори Хусусиятхои лугавию услубии ашъори Рудакй/ Мухтори - Душанбе, 2006. -С. 74.
8. Насриддинов, Ф. Арзишхои адабй дар тарчума ва тафосири кухани форсй-точикй/ Ф. Насриддинов. - Хучанд: Ношир, 2012. - 563 с.
9. Расторгуева, В.С. Опыт историко-типологического исследования иранских языков/ В.С. Расторгуева, Д.И. Эдельман. - М.: Наука, 1975. - С. 96. -1т.
10. Саббогиён, М. Забони тарчума дар тарчумаи «Тафсири Табарй»/ М. Саббогиён // Ёдномаи Табарй. - Техрон, 1369. - С. 587.
11. Салимов, Н. Мархалахои услубй ва тахаввули анвои наср дар адабиёти форсу точик (асрхои 1Х-Х111)/ Н. Салимов. -Хучанд: Нури маърифат, 2002. - С.362.
12. Тусй, Ф. Т. Бархе нукоти дастуриву вожагонй дар тарчумаи «Тафсири Табарй» / Ф.Т. Тусй// Ёдномаи Табарй. - Техрон, 1369. - С. 563.
13. Хаскашев, Т. Н. Фонетикаи забони адабии точик/ Т.Н. хаскашев. - Душанбе: Маориф, 1989. - 224 с.
14. Чувайнй, А. Тарчумаи «Тафсири Табарй» ва таъсири он дар хифзу густариши забони форсй / А. Чувайнй// Ёдномаи Табарй. - Техрон, 1369. - 379 с.
15. Чураева, С. Чил муродифи як вожаи эрониасл дар «Таърихи Табарй»-и Балъамй /С. Чураева// Гулистони маърифат. - Хучанд, 2012. - .С. 12-15.
REFERENCES:
1. Balami,A. The history of Tabari/ A. Balami- Tehran1380 / 2001. - 794 p.-1vol.; Bahor, М. Translation of M. Bahor// in memory of Tabari.- Tehran, 1369. - P. 534.-2v.
2. Bahor, M. Sabkshinosi yo tarihi tatavvuri nasri forsi. Bargandoni Isrofilniyo Sh. R., Sarkorov N. M. Bahor- Dushanbe: Buhoro , 2012. -Р. 24 -26.
3. Durahshon M. Sabki nasri " Tarihi Balami"/ M. Durahshon// Ednomai Tabari In memory of 1100 year of death of Abujafar Muhammad ibni Jariri .- Tehran , 1369. - P. 658.
4. Qosimov B. Nigohe az tarihi leksikai zaboni porsii dari( dar asosi mavodi " Tarihi Tabari"-Balami) - Dushanbe, 1995. - 200 р.
5. Muhaqqiq, M. The translation of " Tasfiri Tabari" / M. Muhaqqiq// in memoery of Tabari-Tehran, 1369. - P. 743-748.
6. Muhtori Q. lexical peculiarities of Rudaki's creation/ Muhtori Q. - Dushanbe, 2006. - p. 74.
8. Nasriddinov, F. Arzishhoi adabi dar tarjuma va tavsori kuhnai forsi-tojik/ F. Nasriddinov . - Khujand : Noshir , 2012. - 563 p.
9. Rastorgueva, V. S. The experiment of historical and typological research of Iran languages/ V.S. Ratarguev, D.I. Edelman. - М.: nauka, 1975. - p. 96. -1Vol.
10. Sabbogiyon M. The language of translation of the translation of " Tasfiri Tabari"/ M. Sabbogiyon in memory of Tabari - Tehran, 1369. - p. 587.
11. Salimov, N. Marhalahoi uslubi va tahavvuli anvoi asr dar avadiyoti forsu toji ( 1Х-Х111)/ N. Salimov . -Khujand : Nuri marifat , 2002. -362.
12. Tusi, F.Barhe nukoti daturivu vozhagoni dar tarjumai p. " Tafrisi Tabari". F.T. Tusi Тусй, Ф. Т. Бархе нукоти дастуриву вожагонй дар тарчумаи «Тафсири Табарй» / in memory of Tabari- Tehran , 1369. - 563 p.
13. Haskashev, T. N. Phonetics of modern Tajik language/ T.N. Haskashev. Dushanbe- Maorif , 1989. - 224 р.
14. Juvaini, А. The translation of «Тasfiri Tabari» and its impact of protection of fari language. / A. Juvaini// in memory of Tabari- Tehran, 1369. = 379 р.
15. Juraeva S. Forty synonyms of one Iran lexical unit in «History of Tabari »-of Balami/S. Juraeva // gulistoni Marifat . - Khujand , 2012. - Р. 12-15.
Роль звуков в возникновении вариантности слов в переводной литературе Х века
Ключевые слова: вариантность, вариантное строение единиц языка, фонетико -фонологический уровень вариантности, история таджикского языка.
В статье анализируются пути образования вариантности слов в переводной литературе на персидско-таджикском языке Х века.
Автор на основе богатого фактологического материала из «Истории Табари» Абуали Балъами - одного из важнейщих источников по изучению словарного состава и грамматического строя таджикского языка эпохи Саманидов доказывает, что вариантность слов и словосочетаний в таджикском языке возникает в результате следующих причин: а) на
основе использование старых и новых форм; б) под влиянием диалектов таджикского языка; в) под влиянием других языков, в частности арабского; г) под действием некторых фонетических явлений. Автор в потверждении своих соображений приводит примеры слов из Истории Табари» Абуали Балъами, образованных в результате вычесленных способов вариантности.
The role of sound in the origin of alternativeness of the words in translated literature of the tenth century
Keywords: alternativeness, alternative t structure of language units, phonetic - phonological level of alternativeness, the history of the Tajik language.
The article deals with the way of the formation of alternativeness of the words in translated literature in Persian and Tajik languages of tenth century.
The author based on factual materials from the "History of Tabari" which is one of the most important recourses for the study of the lexical composition and grammatical structure of the Tajik language form Smanid era concludes the following: the alternativeness of the word and word combinations occurs as the result of the following conditions:1) on the basis of the usage of old and new forms.2)the influence of the dialects of the Tajik Language.3) the influence of the dialect of other languages, particularly Arabic. 4) influence of some phonetic phenomena. The author proves his point of view by the examples of the words from the " History of Tabari" of Abuali Balami which are formed as a result of determination of the ways of alternativeness.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Чабборова Муяссара То^ирцоновна, номзади илмуои филологи, мудири кафедраи фащои цамъиятиии факултети №4 Академияи ВКД ЦТ, капитани милиса(Цум^урии Тоцикистон, ш. Хуцанд), E-mail: [email protected]
Сведения об авторе:
Джаббарова Муяссара Тохирджоновна, кандидат филологических наук, заведующая кафедрой общеобразовательных дисциплин факультета № 4 Академии МВД РТ(Республика Таджикистан, г.Худжанд), капитан милиции, E-mail: muyassara72@mail. ru
Information about the author:
Jabbarova Muyassara Tohirjonovna, candidate of science in philology, the head of Social Sciences Department at the Faculty № 4, the Academy of Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan(Republic of Tajikistan, Khujand), Militia Captain, E-mail: [email protected]