УДК 338.47
НАКШИ НАКЛИЁТ ДАР РУШДИ ИКТИСОДИИ Ч.УМХ.УРИИ ТОЧ,ИКИСТОН
АБДУРАХ.МОНОВ ДАВЛАТ МАХ.МАДЮНУСОВИЧ
Донишгохд давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ш. Бохтар
Аннотатсия. Дар мацола нацши нацлиёт ва инфрасохтори нацлиётй дар Рушди щтисодии Цущурии Точ,икистон нишон дода шудааст. Динамикаи ММД Цущурии Тоцикистон ва хиссаи нацлиёт дар истехсоли он оварда шудааст. Х,ацми боркашонй ва мусофирбарй тавассути намудхои гуногун дар дах соли охир тахлил карда шудааст. Таъсиринацлиёт ба дигар сохахоиицтисодиёт баёнгардидааст. Таъсири омилинацлиётй ба самаранокии фаъолияти корхонахо ва дар мацмуъ ицтисодиёти миллй баррасй карда шудааст. Мавцеъ ва ахамияти нацлиёт дар ицтисодиёти миллй дар фондхои асосии истехсолии кишвар, дар мацмуи махсулоти дохилй дар рушди сармоягузорй ба рушди сохахои ицтисодй баён гардидааст. Татбици нацши инфрасохтори нацлиётй дар халли мушкилоти ицтисодиву щ тимоии кишвар инъикос карда шудааст.
Калидвожацо: нацлиёт, ицтисодиёт, интицол, рушд, инфрасохтори нацлиётй, иц тисодиёти миллй.
РОЛЬ ТРАНСПОРТА В ЭКОНОМИЧЕСКОМ РАЗВИТИИ РЕСПУБЛИКИ
ТАДЖИКИСТАН
Аннотация. В статье показана роль транспорта и транспортной инфраструктуры в экономическом развитии Республики Таджикистан. Приведена динамика ВВП Республики Таджикистан и доля транспорта в его производстве. Проанализированы объемы грузовых и пассажирских перевозок различными видами транспорта за последние десять лет. Описано влияние транспорта на другие сферы экономики. Обосновано влияние транспортного фактора на эффективность работы предприятий и народного хозяйства в целом. Выражено место и значение транспорта в народном хозяйстве в основных производственных фондах страны, в валовом внутреннем продукте, в освоении инвестиций в развитие отраслей экономики. Отражена реализация роли транспортной инфраструктуры в решении экономических и социальных проблем страны.
Ключевые слова: транспорт, экономика, транспорт, развитие, транспортная инфраструктура, народное хозяйство.
THE ROLE OF TRANSPORT IN THE ECONOMIC DEVELOPMENT OF THE
REPUBLIC OF TAJIKISTAN
Annotation. The article shows the role of transport and transport infrastructure in the economic development of the Republic of Tajikistan. The dynamics of the GDP of the Republic of Tajikistan and the share of transport in its production are given. The volumes of freight andpassenger traffic by various modes of transport over the past ten years have been analyzed. The influence of transport on other spheres of the economy is described. The influence of the transport factor on the efficiency of enterprises and the national economy as a whole is substantiated. The place and importance of transport in the national economy in the main production assets of the country, in the gross domestic product, in the development of investments in the development of economic sectors is expressed. The implementation of the role of transport infrastructure in solving the economic and social problems of the country is reflected.
Keywords: transport, economy, transport, development, transport infrastructure, national economy.
Рушди низоми нацлиётй ва инфрасохтори он дар таъмини инкишофи ицтисодии кишвар заминаи боэътимод гузошта, баланд бардоштани сатхи чолибияти сармоягузории онро таъмин менамояд. Илова бар ин, низоми нацлиётй хамчун омили муттахидкунандаи раванди хамгирой дар ташаккули мухити берунии хамаи субъектхои хочагидор нацши калидй мебозад.
Инфрасохтори нацлиётй мачмуи хамаи намудхои нацлиёт ва сохторхои нацлиётй мебошад, ки фаъолияти онх,о барои фарохам овардани шароити мусоид барои фаъолияти тамоми сох,ах,ои ицтисодиёт пешбинй шудааст.
Нацлиёт яке аз мухимтарини чузъхои ицтисодиёт буда, тамоми зерсохторхои онро дар як ягонагй чамъ мекунад. Омили нацлиётй аз як тараф ба самаранокии фаъолияти корхонахо таъсир расонида, барои нигох доштани цобилияти онхо замина ба вучуд меорад, аз чониби дигар воситаи ягонаи таъмини муомилоти мол тавассути хамлу нацли онхо мебошад. Айни замон алоцаи нацлиётй тамоми минтацахои кишварро муттахид намуда, тамомияти арзй ва ягонагии фазои ицтисодии худро нигох, дошта, барои рушди бозорхои махаллй, минтацавй, миллй ва чахонй шароити мусоид фарохам меорад. Дар натича, мо метавонем ба хулосае омадем, ки нацлиёт мухимтарин чузъи ицтисодиёти миллии кишвар мебошад.
Низоми ягонаи нацлиётии Ч,умхурии Точикистон мачмуи намудхои гуногуни нацлиёти автомобилй, рохи охан ва хавоиро муттахид сохта, инчунин шабакахои нацлиётии кишварро фаро мегирад, ки хамлу нацли борхо ва мусофиронро таъмин менамояд.
Самаранокии фаъолияти низоми нацлиётй барои Чумхурии Точикистон, ки аз чихати чугрофй дар шароити кухсор чойгир шудааст ва барои баромадан ба бахр дастрасй надорад хеле мухим мебошад. Дар баробари ин ицтидори бузурги транзитй ва шароити мавчудаи инфрасохтори нацлиётии кишвар имкон медихад, ки хамгироии ицтисодй ва интицолхои байналмилалй байни кишвархои хамчавор таъмин карда шавад [3].
Бунёд ва таъмири роххои автомобилгард, сохтмони рохравхои нацлиётй, ташаккули инфрасохтори нацлиётй ва татбици технологияхои инноватсионй дар фаъолияти нацлиёт дар бист соли охир мухимтарин дастовардхои замони истицлолият буда, дар рушди босуботи кишвар ва барои расидан ба хадафхои стратегии Чумхурии Точикистон нацши халкунанда доранд [5].
Яке аз нишондихандахои макроицтисодй, ки дар мачмуъ рушди ицтисодии кишварро муайян мекунад ва мавцеи ицтисодии онро дар муцоиса ба дигар кишвархо нишон медихад, мачмуи махсулоти дохилй (ММД) мебошад. Аз нишондихандахои омори расмй бармеояд, ки хачми ММД Чумхурии Точикистон дар дахсолаи охир ба болоравй майл дорад ва ба хисоби миёна суръати рушди он 7,8%-ро ташкил менамояд (чадвали 1). Агар суръати рушди ММД кишварро бо хиссаи нацлиёт дар ташаккули он циёс намоем, он гох ба хулосае омадан мумкин аст, ки нацши нацлиёт дар ицтисодиёти кишвар то чй андоза бузург аст. Воцеан, рушди босуръати ицтисодиву ичтимой талаботро ба хизматрасонихои нацлиётй афзоиш дода, хачми интицоли бору мусофиронро зиёд менамояд.
Чддвали 1
Динамикаи ММД Ч,умхурии Точикистон ва хиссаи нацлиёт дар истехсоли он, солхои
2011-2020
2020
с.
Нишондихан 2011 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 нисба т ба 2011 с., %
дахо
ММД, млн. сомонй 30071, 1 36163, 1 40525, 5 45606, 6 50977, 8 54790, 3 64434, 3 71059, 2 79109, 8 82543 274,49
Суръати рушд, % 20,26 12,06 12,54 11,78 7,48 17,60 10,28 11,33 4,34
Хиссаи 4356,3 5535,2 6172,2 6523,8 4859,2 4875,2 4870 4277,6 4829,2 6604,6 151,61
нацлиёт дар ММД, млн. сомонй
Суръати рушд, % 27,06 11,51 5,70 -25,52 0,33 -0,11 -12,16 12,90 36,76
Хиссаи 14,49 15,31 15,23 14,30 9,53 8,90 7,56 6,02 6,10 8,00
нацлиёт дар ММД, %
Ноустувории хиссаи нацлиётро дар истехсоли ММД пеш аз хама дар татбиц ва анчоми лоихахои бузурги нацлиётй, ки мухлати амалишавии онхо чанд солро дар бар мегирад марбут намудан мумкин аст. Бахусус лоихахои бузурги сармоягузорй дар сохтмон ва таъмири шохроххои автомобилй, бунёди нацбхо ва пулхо дар давоми ду-се сол анчом ёфта, арзиши нихоии онхо дар мархилаи интихой ба ММД инъикос мегардад. Дар сатхи макроицтисодй хиссаи нацлиёт дар мачмуи махсулоти дохилии Ч,умхурии Точикистон соли 2020 беш аз 8%-ро ташкил менамояд.
Шароити кухсори чумхурй, арзиши нисбатан ками интицол, хачми мувофици боркашонй, талаботи рузафзун ва хусусияти хоси нацлиёти автомобилй афзалияти ин намуди нацлиётро дар кишвар муайян месозад. Аз ин ру, барои харакати доимй ва сари вацт дастрас намудани борхо тавассути нацлиёти автомобилй ба рушди инфрасохтори мазкур ахамияти зарурй дода шуда, шароити мувофиц мухайё карда шудааст.
Хамаи намудхои нацлиёт, ки низоми ягонаи нацлиётии кишварро ташкил медиханд, дорои хусусияти ба худ хос буда, дар мачмуъ рушди сохаро таъмин мекунанд. Барои таъмини рушди ицтисодиёти кишвар хамаи намудхои нацлиёт бояд бо хам алоцаманд бошанд ва мураттаб фаъолият намоянд. Шабакаи умумии нацлиёти Ч,умхурии Точикистон беш 26,6 хазор километр роххои автомобилгард, ки беш аз 14 хазор километри он мумфарш мебошанд ва 666 километр роххои оханро дар бар мегирад [4].
Барои баррасии нацши низоми нацлиёт дар рушди ицтисодии Ч,умхурии Точикистон нишондихандахои асосии фаъолияти онро хамчун меъёр истифода намудан мумкин аст. Меъёрхои асосии баходихии самаранокии нацлиёт инхо мебошанд: хачми боркашонй, хачми мусофирбарй, гардиши бор, гардиши мусофирон, таносуби намудхои нацлиёт дар боркашонй ва мусофирбарй, арзиши боркашонй, чалби сармоягузорй ба сохаи нацлиёт ва гайра.
Дар шароити кунунй, динамикаи мусбии боркашонй ва мусофирбарй асосан бо таъсири равандхои ицтисодй ва холати мусоиди рушди нацлиёт муайян карда мешавад. Дар давоми 10 соли охир хачми умумии боркашонй беш аз 38% афзуда, соли 2020 85,4 млн. тоннаро ташкил дод, ки сахми нацлиёти автомобилй дар он ба 92,6% баробар аст [2]. Дар чадвали 2 динамикаи боркашонй тавассути намудхои гуногуни нацлиёт дар солхои 2011-2020 оварда шудааст.
Чддвали 2
Хачми боркашонй бо ^ намудхои гуногуни нацлиёт, хазор т.
Намудхои нацлиёт
2011
2012
2013
2014
2015
2016
2017
2018
2019
2020
Хамагй
61656,6
68399,4
72248,3
74411,2
74431,8
84066,6
84130,8
89607,2
85394,6
85381,9
аз чумла
автомобилй 52397,3 59991,8 65510,7 67600,9 68304,1 78610,5 79482,5 84257,6 79594,7 79075,9
рохи охан 9257,0 8405,0 6735,3 6807,7 6125,6 5454,2 4646,5 5348,1 5798,9 6305,3
хавой 2,6 2,5 2,3 2,6 2,1 1,9 1,8 1,5 1,1 0,7
Чй тавре, ки аз нишондихандахои чадвал мебинем, харчанд хачми боркашонй дар мачмуъ тавассути хамаи намудхои нацлиёт дар соли 2020 нисбат ба солхои ;аблй зиёд гардидааст, аммо хиссаи на;лиёти рохи охан ва хавой дар ин давра кохиш ёфтааст. Аз ин лихоз, зиёдшавии хачми инти;ол пеш аз хама аз хисоби на;лиёти автомобилй таъмин карда шудааст.
Мусофирбарй низ яке аз самтхои фаъолияти нацлиётй буда, аз тахрики ахолй ва сафархои мусофирон бо ма;садхои гуногун иборат аст. Харчанд нишондихандаи мазкур хусусияти ичтимой дошта бошад хам, дар бисёр маврид ба и;тисодиёт ва вазъи и;тисодй ало;амандии ;авй дорад, зеро баланд гардидани сатхи и;тисодй ва бехтар шудани сатх,и зиндагии ахолй рафтуомад ва фаъолии онхоро афзун месозад.
Чддвали 3
_Хачми мусофирбарй бо намудх,ои гуногуни на;лиёт, млн. нафар
Намудхои на;лиёт
2011
2012
2013
2014
2015
2016
2017
2018
2019
2020
Хамагй
542,3
520,7
545,0
554,9
564,5
572,9
594,7
614,5
658,1
653,7
аз чумла
автомобилй
530,7
508,9
533,2
545,2
553,1
560,7
582,2
602,6
635,4
633,8
рохи охан
0,6
0,5
0,5
0,4
0,4
0,5
0,5
0,5
0,6
0,4
хавой
0,8
1,0
1,1
1,1
0,8
0,8
0,9
0,8
0,7
0,3
Тахлили динамикаи хачми мусофирбарй бо намудхои гуногуни на;лиёт нишон медихад, ки дар ин намуди фаъолият низ на;лиёти автомобилй нисбат ба дигар намудхои на;лиёт афзалият дошта, танхо дар соли 2020 хиссаи он ба 96,9% баробар аст. Хаминро ;айд намудан ба маврид аст, ки дар ин самт сахми на;лиёти бар;й низ назаррас буда, соли 2020 хачми мусофирбарй бо ин намуди на;лиёт 19,2 млн. нафар (2,9%)-ро ташкил дод.
Сохаи на;лиёт дар чалби сармоягузорихои муста;ими хоричй ва ватанй фаъол буда, то соли 2022 бо маблаги умумии беш аз 2,6 млрд. доллари ИМА лоихахо дар соха татби; карда шудаанд. Айни замон дар сохаи на;лиёт татби;и 13 лоихаи сармоягузории давлатй ба маблаги умумии зиёда аз 11 миллиард сомонй идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитй табдил ёфтани Точикистон мусоидат мекунад [1].
Дар таъмини шугли ахолии кишвар на;ши на;лиёт халкунанда буда, танхо дар соли 2020 беш аз 61,3 хазор нафар дар ин самт машгул буданд [2]. Бо зиёд гардидани шумораи на;лиёти автомобилии хусусй талабот бо хизматрасонихои на;лиётй афзун мегардад, ки дар нихояти кор рушди бозори хизматрасониро таъмин менамояд ва дар сатхи микрои;тисод таъсири худро мерасонад.
Аз ну;тахои Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси миллй дар соли 2022 бармеояд, ки танхо дар бист соли охир 730 хазор автомобилхои сабукрав ба кишвар ворид гардидааст, инчунин дар солхои исти;лолият аз чониби ахолй зиёда аз 320 хазор воситахои на;лиёт ва дигар техникаи таъиноти гуногун хусусй гардонида шудааст [1]. Бо ворид гардидани воситахои на;лиётй ба кишвар хар яки онхо ба дарчаи гуногун дар ин ё он самт харочот ва даромадро ба вучуд оварда, дар нихоят ба и;тисодиёт таъсири муассир мерасонанд.
Хамин тавр, бо чамъбасти гуфтахои боло ;айд намудан ба маврид аст, ки сохаи на;лиёти Чумхурии Точикистон дар рушди и;тисодии кишвар на;ши калидй дошта,
таъсири мустацими худро дар фаъолияти дигар сохахои хочагии халц мерасонад ва барои расидан ба хадафхои стратегй заминаи мусоид фарохам меоварад.
Мавцеъ ва ахамияти нацлиётро дар ицтисодиёти миллй хачми назарраси хиссаи он дар фондхои асосии истехсолии кишвар, хиссаи назарраси хизматрасонии нацлиётй дар мачмуи махсулоти дохилй (дар соли 2021 - 7,6%), сармоягузорй ба рушди сохахои ицтисодй (дар соли 2021 - 18,6%) ва шумораи коргарони дар онхо фаъолиятдошта тасдиц мекунад. Инчунин нацлиёт хамчун сохаи ицтисодй дар истеъмоли захирахои энергетикй ва ташаккули дигар нишондихандахои мухими макроицтисодй, ки ицтисодиёти кишварро тавсиф мекунанд, фаъол мебошад.
Ин далелхо аз он шаходат медиханд, ки нацлиёт ба цатори сохахои афзалиятноки ицтисодиёт дохил карда шавад. Хамин тавр, татбици нацши инфрасохтори нацлиётй дар халли мушкилоти ицтисодиву ичтимоии кишвар фарохам овардани шароитро барои таъмини чунин сатхи рушди он тацозо мекунад, ки хама гуна эхтиёчоти мавчудаи ицтисодиёт ва ахолиро ба хамлу нацл (бо сифати зарурй) кафолат медихад. Фаъолияти устувори хамаи чузъхои раванди нацлиётй аз омилхои гуногуни ицтисодиву ичтимой, техникиву технологй ва табий вобастагй дошта, хамгироии пурсамари онхо боиси пешрафти соха мегардад.
Хамин тариц, нацлиёт яке аз мухимтарин сохахои асосии ицтисоди миллй буда, бо тамоми чузъхои ицтисодиёт ва сохаи ичтимой робита дорад. Рушди ояндаи кишвар ва такмили равобити ицтисодии дохилию берунии он махз аз дарачаи инкишофи инфрасохтори нацлиётй вобаста аст.
РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА
1. Паёми Президенти Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй», 21 декабри соли 2021, ш. Душанбе.
2. Точикистон: 30 - соли истицлолияти давлатй. Мачмуаи оморй. Агентии омори назди Президенти Ч,умхурии Точикистон. - Душанбе, 2021.
3. Азимов П.Х. Развитие транспортно-логистической инфраструктуры в Республике Таджикистан // Вестник ЮУрГУ. Серия «Экономика и менеджмент». 2017. Т. 11, № 2. С. 159-165.
4. Ашуров Н.А. Тахлили холат ва рушди роххои автомобилгард ва нацлиёти автомобилй дар Вилояти Хатлони Ч,умхурии Точикистон / Н.А. Ашуров // Вестник Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава. Серия гуманитарных и экономических наук. 2021. № 1-3 (89). С. 213-220.
5. Бердышева Ю.А. Влияние железнодорожного транспорта на развитие экономики страны / Ю.А. Бердышева, Е.А.Жаркова // Научные проблемы транспорта Сибири и Дальнего Востока. 2019. № 3-4. С. 5-7.
6. Бобоев К.О. Развитие транспортной инфраструктуры в регионах Республики Таджикистан: анализ и оценка состояния. Часть I. // Региональные проблемы преобразования экономики, №10, 2015, С. 159-165.
7. Долгополов С.А. Макроэкономическое значение транспорта в пространственном развитии страны / С.А. Долгополов // Вопросы экономических наук. 2009. № 1 (34). С. 22-24.
8. Кобозева Е.М. Роль транспорта в социально-экономическом развитии страны / Е.М. Кобозева, А.А. Сизо // В сборнике: Современные инструментальные системы, информационные технологии и инновации. Сборник научных трудов XVI Международной научно-практической конференции. Отв. редактор М.С. Разумов. Курск, 2021. С. 125-129.
9. Рауфй А. Таъмини нацлиётии рушди индустриалии минтацахои дехоти Точикистон / А. Рауфй // Ицтисодиёти Точикистон. 2022. № 4-2. С. 76-84.
10. Тохиров Т.И. Развитие автотранспортной системы региона: опыт республики Таджикистан // Вестник ПАГС. - 2013. - С. 38-42.
11. Узбеков Б. Транспортная реформа Республики Таджикистан / Б. Узбеков // Вестник Таджикского национального университета. Серия социально-экономических и общественных наук. 2015. № 2/2 (161). С. 313-318.